Фатҳӣ Шақоқӣ
| Номи комил | Фатҳӣ Иброҳим Абдулазиз Шақоқӣ |
|---|---|
| Санаи таваллуд | 4 январи 1951 |
| Зодгоҳ | Фаластин |
| Санаи шаҳодат | 26 октябри 1995 |
| Маҳалли шаҳодат | Валлетта |
| Маҳалли дафн | Мазори шаҳидони урдугоҳи ал-Ярмук дар Димишқ |
| Сиёсӣ | Дабиркулли Ҷунбиши Ҷиҳоди исломии Фаластин |
| Фаолиятҳо | Табиб |
| Шинохташуда барои | Муассис ва раҳбари Ҷунбиши Ҷиҳоди исломии Фаластин |
Фатҳӣ Иброҳим Абдулазиз Шақоқӣ (1951–1995 - арабӣ: فَتحي إبراهيم عبد العزيز الشَقاقي) бунёнгузори Ҷунбиши Ҷиҳоди исломии Фаластин ва аз чеҳраҳои муқовимати Фаластин алайҳи режими саҳюнистӣ буд. Ӯ пас аз таҳаввули фикрӣ, дар натиҷаи шикасти арабҳо дар ҷанги 1967 ва бо илҳомгирӣ аз андешаҳои Сайид Қутб ва Инқилоби исломии Эрон, назарияи муборизаи исломиро бунён ниҳод.
Шақоқӣ бо таълифи китоби «Хумайнӣ, роҳи ҳалли исломӣ ва ҷойгузин», ба муаррифии Инқилоби исломии Эрон ҳамчун намунаи бедорӣ барои ҷаҳони араб пардохт. Ӯ, бо таъкид бар се принсипи «Ислом, Фаластин ва ҷиҳод», аз мушорикати сиёсӣ парҳез дошт ва муборизаи мусаллаҳонаро масири асосии раҳоӣ медонист.
Шақоқӣ дар 1995 ба фармони сарвазири вақти Исроил ва тавассути Моссад террор шуд ва ба шаҳодат расид ва дар мазори шаҳидони урдугоҳи ал-Ярмуки Димишқ дафн шуд. Террори ӯ вокунишҳоеро аз сӯи ниҳодҳо ва кишварҳои исломӣ дошт, аз ҷумла Оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари Эрон, паёми тасаллие барои ӯ содир кард.
Аҳамият ва ҷойгоҳ
Фатҳӣ Шақоқӣ аз чеҳраҳои муқовимати Фаластин, муассис ва дабиркулли Ҷунбиши Ҷиҳоди исломии Фаластин (1979-1995) буд.[1] Ӯ пас аз таҳсилоти олӣ дар риёзиёт ва пизишкӣ, ба муборизаи фарҳангӣ ва низомӣ алайҳи Исроил пардохт. Шақоқӣ бо таълифи китоби «Хумайнӣ, роҳи ҳалли исломӣ ва ҷойгузин», Инқилоби исломии Эронро намунае барои бедории исломӣ муаррифӣ кард ва ба таъсиси Ҷунбиши ҷиҳоди исломӣ мубодират варзид. Ӯ бовар дошт, ки се принсипи Ислом, Фаластин ва ҷиҳод, асоси муборизаи воқеиро ташкил медиҳад ва ҳар гуна созиш бо саҳюнистҳоро рад мекард.[2]
Ӯ Рӯзи ҷаҳонии Қудсро рӯзи эҳёи Ислом ва эҳёи ҷиҳоди зиддисаҳюнистӣ медонист ва онро гиромӣ медошт.[3]
Зиндагинома
Фатҳӣ Шақоқӣ дар 4 январи соли 1951 дар урдугоҳи паноҳандагони Рафаҳ дар навори Ғазза таваллуд шуд.[4] Падараш коргар ва имоми ҷамоати деҳаи Зарнуқа буд.[5] Ӯ таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаро дар мактабҳои UNRWA дар урдугоҳи Рафаҳ гузаронд. Сипас дар Донишгоҳи Бирзайт дар риштаи риёзиёт сабти ном кард. Пас аз он дар соли 1974 мелодӣ, барои идомаи таҳсил дар риштаи пизишкӣ вориди Донишгоҳи Зақозиқи Миср шуд.[6]
Пас аз бозгашт аз Миср, аввал дар бемористони Виктория дар Байтулмуқаддас ва сипас ҳамчун пизишки кӯдакон дар навори Ғазза фаъолият кард.[7]
Террор ва шаҳодат
Шақоқӣ дар 26 октябри соли 1995, дар Валлетта, пойтахти Малта, тавассути омилони Моссад, террор шуд.[8] Исҳоқ Робин, сарвазири вақти Исроил, шахсан дастури ин террорро содир карда буд.[9]
Созмонҳо, шахсиятҳо ва кишварҳои исломӣ ба шаҳодати ӯ вокуниш нишон доданд.[10] Дар Эрон, Оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари вақти Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар паёми тасаллӣ, Фатҳӣ Шақоқиро муҷоҳиди муъмин, шуҷоъ, мутафаккир ва мухлис хонд ва таъкид кард, ки ӯ яке аз чеҳраҳои дурахшоне буд, ки фаҷри муборизоти исломии мардуми Фаластинро падид овард.[11] Бо таваҷҷӯҳ ба таъсирпазирии Фатҳӣ Шақоқӣ аз шиа,[12] гуфта шудааст, ки ӯ пеш аз шаҳодат, ба мазҳаби ташайюъ гаравида буд.[13]

Макони дафни ӯ дар мазори шаҳидони урдугоҳи ал-Ярмуки Димишқ аст.[14]
Афкори сиёсӣ ва фаъолиятҳои муборизотӣ
Шақоқӣ пас аз шикасти арабҳо дар ҷанги 1967, таҳаввули фикриро таҷриба кард ва аз афкори Сайид Қутб ва ҷараёни Инқилоби исломии Эрон мутаассир шуд.[15] Ӯ бовар дошт, ки «Ислом, Фаластин ва ҷиҳод» се рукни асосии мубориза ҳастанд ва ҳар гуна созиш бо режими саҳюнистиро рад мекард.[16] То охирин рӯзҳои умраш, ба сафар дар миёни пойтахтҳои арабӣ ва исломӣ идома дод, то зимни дифоъ аз ормони Фаластин ҳимоят аз дидгоҳҳои худ дар бораи муқовимати мусаллаҳонаро ҷалб намояд.[17]
Шақоқӣ дар китоби «ал-Хумайнӣ ал-ҳалл-ил-исломӣ ва-л-бадил» (1979), нахустин китоби арабӣ дар бораи инқилоби Эрон, Имом Хумайниро ҷойгузине дар баробари идеологияҳои Шарқ ва Ғарб муаррифӣ кард.[18] Интишори ин китоб боиси боздошт ва зиндонӣ шудани ӯ дар Миср шуд.[19] Ӯ бар ваҳдати мусалмонон ва ҳатто масеҳиёни фаластиниро дар мубориза таъкид дошт ва ҷиҳоди исломиро созмоне инқилобӣ ва низомӣ медонист, ки набояд вориди арсаи сиёсӣ ва интихобот шавад.[20]
Таъсиси ҷиҳоди исломии Фаластин
Фатҳӣ Шақоқӣ дар охири даҳаи 1970, ҳамроҳ бо гурӯҳе аз донишҷӯёни фаластинӣ дар Миср, ҷунбиши ҷиҳоди исломиро бунён ниҳод. Аз ҷумлаи аъзои муассис, Рамазон Шалаҳ, Абдуллоҳ аш-Шомӣ ва Абдулазиз Ауда буданд.[21] Гуфта шудааст, ки ин ҷунбиш бо таъкид бар муборизаи мусаллаҳона ва мушорикат накардан дар равандҳои сиёсӣ, вобастагии бештар ба Эрон нисбат ба Ҳамос дошт.[22]
Инҷониб бо қатъият эълом мекунам, ки ин марги сурх ва ифтихоромез, мояи иштидоди наҳзати азими исломӣ дар Фаластин хоҳад шуд ва мазлумияти ӯ мазлумони фаластиниро дар муҷоҳидати фи сабилиллоҳ росехтар хоҳад сохт.
(Фарозе аз паёми тасаллии Раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон ба муносибати шаҳодати Фатҳӣ Шақоқӣ[23])
Зиндон ва табъид
Фатҳӣ Шақоқӣ дар соли 1983 тавассути режими саҳюнистӣ боздошт ва ба муддати 11 моҳ зиндонӣ шуд. Дар соли 1986 низ бо туҳмати интиқоли силоҳ ба навори Ғазза ба чор сол ҳабс маҳкум шуд. Дар соли 1988 низ ба Лубнон табъид гардид.[24] Шақоқӣ дар табъид ба фаъолиятҳои сиёсӣ ва низомӣ идома дод ва робитаҳои наздике бо Ҷумҳурии исломии Эрон ва Ҳизбуллоҳи Лубнон барқаррор кард.[25]
Ҷусторҳои ҷобаста
Эзоҳ
- ↑ Рӯйварон, «Инқилоби исломии Эрон аз нигоҳи шаҳид Фатҳӣ Шақоқӣ», саҳ.45.
- ↑ شقاقی، فتحی ابراهیم (1951-1995), Сайти Донишномаи Фаластин.
- ↑ Рӯзшумори таърих, 1390ҳ.ш., саҳ.2980.
- ↑ «فتحي الشقاقي», Сайти ал-Ҷазира.
- ↑ «مؤسس "الجهاد" فتحي الشقاقي», Сайти ал-Маёдин.
- ↑ Ҳазратӣ, Хуршед дар соя, 1397ҳ.ш., саҳ.287.
- ↑ «فتحي الشقاقي», Сайти ал-Ҷазира.
- ↑ Рӯзшумори таърих, 1390ҳ.ш., саҳ.2981.
- ↑ «ترور رهبران مقاومت», Хабаргузории Тасним.
- ↑ «شقاقی - فتحی ابراهیم», Сайти Донишномаи Фаластин.
- ↑ Хоманаӣ, «پیام تسلیت در پی شهادت دکتر فتحی شقاقی رهبر جهاد اسلامی فلسطین», Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ.
- ↑ Шаҳода, ал-Мавсуат-уш-шомила, 2010м, ҷ.3, саҳ.202.
- ↑ «مزار شهید «فتحی شقاقی» قبل از تخریب», Хабаргузории АБНА.
- ↑ «مزار شهید «فتحی شقاقی» قبل از تخریب», Хабаргузории АБНА.
- ↑ «شقاقی - فتحی ابراهیم», Сайти Донишномаи Фаластин; «زندگینامه دکتر فتحی شقاقی», Хабаргузории Меҳр.
- ↑ «شقاقی - فتحی ابراهیم», Сайти Донишномаи Фаластин.
- ↑ «فتحي الشقاقي», Сайти ал-Ҷазира.
- ↑ Хоманаӣ, Таваҳҳуми султа, 1392ҳ.ш., саҳ.482.
- ↑ «فتحي الشقاقي», Сайти ал-Ҷазира.
- ↑ «دیدگاه رهبران فلسطینی درباره دوگانه سازش و مقاومت», Сайти Хабар-онлайн.
- ↑ «مؤسس "الجهاد" فتحي الشقاقي», Сайти ал-Маёдин.
- ↑ «دیدگاه رهبران فلسطینی درباره دوگانه سازش و مقاومت», Сайти Хабар-онлайн.
- ↑ Хоманаӣ, پیام تسلیت در پی شهادت دکتر فتحی شقاقی رهبر جهاد اسلامی فلسطین, Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ «فتحي الشقاقي», Сайти ал-Ҷазира.
- ↑ «دکتر فتحی شقاقی؛ بنیانگذار جنبش جهاد اسلامی فلسطین», Сайти Андешакадаи Ариҳо.
Сарчашма
- Рӯзшумори таърих, воҳиди таҳқиқоти маркази таҳқиқоти роёнаии Қоимияи Исфаҳон, Исфаҳон, 1390ҳ.ш.
- Рӯйварон, Ҳусайн, «Инқилоби исломии Эрон аз нигоҳи шаҳид Фатҳӣ Шақоқӣ», Пасдори ислом, мурдоди 1389ҳ.ш. - №344.
- Хоманаӣ, Сайид Алӣ, Таваҳҳуми султа, Инқилоби исломӣ, Теҳрон, 1392ҳ.ш.
- Хоманаӣ, Сайид Алӣ, پیام تسلیت در پی شهادت دکتر فتحی شقاقی رهبر جهاد اسلامی فلسطین, Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи дарҷи матлаб: 30 октябри 1995, санаи боздид: 11 майи 2026.
- Ҳазратӣ, Илоҳа, Хуршед дар соя; зиндагинома ва ёддоштҳое аз шаҳид Имод Муғния, 1397ҳ.ш.
- Шаҳода, Усома, ал-Мавсуат-уш-шомила ли-л-фирақ-ил-муъосира фи-л-олам, Қоҳира, Мактаба Мадбулӣ, 2010.
- «دکتر فتحی شقاقی؛ بنیانگذار جنبش جهاد اسلامی فلسطین» («Доктор Фатҳӣ Шақоқӣ; бунёнгузори Ҷунбиши Ҷиҳоди исломии Фаластин»), Сайти Андешакадаи Ариҳо, санаи боздид: 21 июли 2025.
- «مزار شهید «فتحی شقاقی» قبل از تخریب» («Мазари шаҳид «Фатҳӣ Шақоқӣ» пеш аз тахриб»), Хабаргузории АБНА, санаи дарҷи матлаб: 17 майи 2013, санаи бодид: 11 майи 2026.
- «شقاقی - فتحی ابراهیم» («Шақоқӣ - Фатҳи Иброҳим»), Сайти Донишномаи Фаластин, санаи боздид: 21 июли 2025.
- «فتحي الشقاقي» («Фатҳӣ Шақоқӣ»), Сайти ал-Ҷазира, санаи дарҷи матлаб: 6 декабри 2014, санаи бодид: 11 майи 2026.
- «مؤسس "الجهاد" فتحي الشقاقي» («Муассиси "ал-Ҷиҳод" Фатҳӣ Шақоқӣ»), Сайти ал-Маёдин, санаи дарҷи матлаб: 25 октябри 2022, санаи бодид: 11 майи 2026.
- «دیدگاه رهبران فلسطینی درباره دوگانه سازش و مقاومت» («Дидгоҳҳои раҳбарони фаластинӣ дар бораи дугонаи созиш ва муқовимат»), Сайти Хабар-онлайн, санаи дарҷи матлаб: 19 октябри 2024, санаи бодид: 11 майи 2026.
- «زندگینامه دکتر فتحی شقاقی» («Зиндагиномаи доктор Фатҳӣ Шақоқӣ»), Хабаргузории Меҳр, санаи дарҷи матлаб: 29 октябри 2005, санаи бодид: 11 майи 2026.
- «ترور رهبران مقاومت» («Террори раҳбарони муқовимат»), Хабаргузории Тасним, санаи дарҷи матлаб: 6 декабри 2023, санаи бодид: 11 майи 2026.