Мо раайту илло ҷамило
| Сӯгвории муҳаррам | |
|---|---|
Тасвири асри Ошӯро — яке аз осори наққошии Маҳмуди Фаршчиён | |
| Рӯйдодҳо | |
| Номаҳои кӯфиён ба Имом Ҳусайн (а) • Номаи Имом Ҳусайн (а) ба ашрофи Басра • Рӯзи Ошӯро • Воқеаи Карбало • Ошӯро аз нигоҳи омор • Рӯзшумори воқеаи Ошӯро • Асирони Карбало | |
| Шахсиятҳо | |
| Имом Ҳусайн (а) • Алиакбар • Алиасғар • Аббос ибни Алӣ • Ҳазрати Зайнаб (с) • Сукайна бинти Ҳусайн • Фотима бинти Ҳусайн • Муслим ибни Ақил • Шаҳидони Карбало • Асирони Карбало | |
| Маконҳо | |
| Ҳарами Имом Ҳусайн (а) • Талли Зайнабия • Ҳарами ҳазрати Аббос (а) • Гӯдоли қатлгоҳ • Байналҳарамайн • Наҳри Алқама | |
| Мавридҳо | |
| Тасуо • Ошӯро • Даҳаи муҳаррам • Арбаин • Даҳаи сафар | |
| Маросимҳо | |
| Марсияхонӣ • Навҳахонӣ • Таъзияхонӣ • Равзахонӣ • Занҷирзанӣ • Синазанӣ • Сақохона • Дастаи азодорӣ • Шоми ғарибон • Таштгузорӣ • Нахлгардонӣ • Қамазанӣ • Роҳпаймоии арбаин • Тобутгардонӣ • Маросими тобут | |
Мо раайту илло ҷамило (арабӣ: ما رأيتُ إلّا جميلاً - тарҷумаи тоҷикӣ: Ҷуз зебоӣ чизе надидам) ҷумлаи машҳури ҳазрати Зайнаб (с) пас аз воқеаи Ошӯро аст, ки дар посух ба Убайдуллоҳ ибни Зиёд гуфта шуд. Убайдуллоҳ бо дидани асирони Карбало, пас аз нисбат додани воқеаи Карбало ба хости Худованд, аз Зайнаб (с) дар бораи далели кори Худо пурсид ва ӯ дар посух гуфт: «Ҷуз зебоӣ чизе надидам». Ӯ дар тавзеҳи каломи худ, шаҳодатро сарнавишти Имом Ҳусайн (а) ва ёронаш аз ҷониби Худованд донист ва аз муҳокимаи наздики Ибни Зиёд аз ҷониби Худо сухан ба миён овард.
Ин ҷумла нишонгари қудрати имон, ихлос ва таслими ҳазрати Зайнаб (с) дар баробари озмоиш ва имтиҳони Илоҳӣ дониста шудааст. Тафсирҳои гуногун аз сӯи муҳаққиқон дар бораи зебоии мавриди назари ӯ баён шудааст, ки зебоии ҳадаф ва рафтори Имом Ҳусайн (а) ва ёронаш ва ҳамчунин зебоии тадбири Худованд аз ҷумлаи онҳоянд. Расво кардани Ибни Зиёд ва исботи ҳаққонияти Имом Ҳусайн (а), аз ҷумлаи аҳдофи ҳазрати Зайнаб (с) дар ба кор бурдани ин ҷумла баён шудааст.
Хостгоҳи таърихӣ
Ҷумлаи «Мо раайту илло ҷамило» (Ҷуз зебоӣ чизе надидам) аз ҷумлаҳои машҳури ҳазрати Зайнаб (с)[1] пас аз воқеаи Ошӯро дониста мешавад.[2] Бар асоси гузоришҳои таърихӣ, Убайдуллоҳ ибни Зиёд пас аз рӯбарӯ шудан бо асирони Карбало дар қасри Кӯфа, шаҳодати Имом Ҳусайн (а) ва ёронашро нишонаи расвоии онон аз ҷониби Худованд донист ва ба Ҳазрати Зайнаб гуфт: «Дидӣ Худо бо бародар ва хонадони ту чӣ кард?» Зайнаб дар посухаш ин ҷумлаи машҳурро ба кор бурд[3] ва дар идома гуфт: «Инҳо шахсоне буданд, ки Худованд шаҳодатро сарнавишти онон қарор дода буд ва онон низ ба хобгоҳҳои абадии худ рафтанд. Ба зудӣ Худо миёни ту ва онон ҷамъ мекунад то туро ба муҳокима кашад![4] Он замон хоҳӣ фаҳмид, ки пирӯзӣ аз они кист. Модарат ба мотамат нишинад, эй писари Марҷона!»[5] Убайдуллоҳ пас аз посухи Зайнаб хашмгин шуд ва қасд кард ӯро бикушад, аммо бо миёнҷигарии яке аз ёронаш аз ин кор даст кашид.[6]
Муҳаммадҳодӣ Юсуфии Ғаравӣ (тав.1327ҳ.ш.), таърихшинос, бар он аст ки ин ҷумла бори аввал дар қарни ҳафтуми ҳиҷрии қамарӣ тавассути Сайид ибни Товус (ваф.664ҳ.қ.) дар китоби Луҳуф зикр шудааст.[7] Бо ин ҳол, ҷумлаи «Мо раайту илло ҳамлан» дар китоби ал-Футуҳ асари Ибни Асоми Кӯфӣ (ваф.314ҳ.қ.) омадааст.[8] Ба гуфтаи Алӣ Ширӣ, мусаҳҳиҳи китоби ал-Футуҳ, ибораи «ҳамлан = حملاً» бо сиёқи ҷумла мувофиқ нест ва ӯ онро ба «ҷамилан = جمیلاً» тағйир додааст.[9]
Биёнгари шахсияти ҳазрати Зайнаб (с)
Баёни ибораи «Мо раайту илло ҷамило» дар он замон, нишонае аз азамати рӯҳ, ихлос ва таслими ҳазрати Зайнаб (с) дар баробари имтиҳони Илоҳӣ дониста шудааст.[10] Ҳамчунин гуфтаанд, ки баёни ин ҷумла аз ҷониби ҳазрати Зайнаб (с) нишонгари ҷиҳати ирфонии шахсияти ӯст.[11] Ин ҷумла ҳамчунин як нигоҳи тавҳидӣ аст, ки эътиқод ба амр ва қазои Илоҳиро нишон медиҳад.[12]
Гуфта шудааст ҳазрати Зайнаб (с) дар рӯзи Ошӯро ба далели ҷойгоҳи баланд дар эътиқод ба тавҳид, ду ҷамолро мушоҳида кард: яке ҷамоли рубубияти Худои мутаол ва дигаре ҷамоли убудияти Имом Ҳусайн (а), ки ин нишондиҳандаи авҷи мақоми муҳаббат ва ризои Илоҳӣ аст.[13]
Манзур аз зебоӣ
Ҷумлаи «Мо раайту илло ҷамило» ба маънои «Ҷуз зебоӣ чизе надидам» тарҷума шудааст. Аммо бархе низ онро ба маънои «Ҷуз соҳиби ҷамол чизе надидам» маъно кардаанд.[14] Ҳамчунин гуфта шудааст, ки дар нигоҳи зоҳирӣ ба ҳодисаи Ошӯро, ҳеҷ саҳнаи зебое вуҷуд надошт ва манзури ҳазрати Зайнаб (с), ҳақиқати дигаре буд, ки дар паси зоҳир вуҷуд дошт;[15] аз ҷумла зебоии аҳдофи воқеаи Ошӯро, ки иборат буданд аз ҳидояти инсонҳо ва наҷот додани онон аз зулмат ва торикии ҷаҳолат, зинда кардани Ислом ва эҳёи суннати набавӣ, фош кардани ҳақиқати Умавиён ва тӯғёнгарони замон, поксозии бидъатҳо ва каҷравиҳо, зинда кардани ҳақ ва нобуд сохтани ботил ва амр ба маъруф ва наҳй аз мункар.[16]
Зебоии рафтори Имом Ҳусайн (а) ва ёронаш ва зебоии шаҳодат ва ҷонфидоӣ дар роҳи Худо[17] ва низ зебоии Худованд ва аъмоли Ӯ низ дар баёни маънои зебоӣ аз дидгоҳи ҳазрати Зайнаб мавриди ишора қарор гирифтааст.[18]
Коркардшиносӣ
Ҷумлаи «Мо раайту илло ҷамило» ва ҳадафи ҳазрати Зайнаб (с) дар корбурди ин ҷумла, аз сӯи муҳаққиқон мавриди тафсир ва таъвил қарор гирифтааст ва осори гуногунеро барои он зикр кардаанд.[19] Бархе аз онҳо иборатанд аз:
Расво кардани Ибни Зиёд
Сайид Абдулкарими Ҳошиминажод, нависандаи китоби Дарсе ки Ҳусайн (а) ба инсонҳо дод, бар он аст ки Убайдуллоҳ ибни Зиёд саъй дошт бо нисбат додани рафтори худ ба хостаи Худо ва нодида гирифтани хатои инсонҳо, бар ҷиноятҳои рӯзи Ошӯро сарпӯш бигузорад,[20] аммо Ҳазрати Зайнаб (с) бо ин сухан ҳақиқатро ошкор кард ва дидгоҳи Ибни Зиёдро дар бораи Илоҳӣ будани шикасти Имом рад намуд;[21] бинобар ин, суханони ҳазрати Зайнаб (с) сабаби ошкор шудани ҳақиқати қиём барои ҳозирон ва расвоии Ибни Зиёд дар маҷлис шуд.[22]
Исботи ҳаққонияти Имом Ҳусайн (а)
Гуфта шудааст, ки камтарин изҳори заъфу норизоятӣ аз сӯи ҳазрати Зайнаб (с) метавонист душманро пирӯз нишон диҳад, аммо ҷумлаи Зайнаб (с) боис шуд, ки ҷойгоҳи душманон мутазалзил гардад ва ҳаққонияти Имом Ҳусайн (а) назди мардум собит шавад,[23] ва илова бар ҷилавгирӣ аз таҳрифи воқеаи Карбало аз сӯи ҳукумати Банӣ Умайя, афкори мардумро барои интиқом гирифтан омода сохт.[24]
Эзоҳ
- ↑ «معنای «ما رأیت الا جمیلاً», Хабаргузории Ҳавза
- ↑ Алавии Алиободӣ, «ما رأیت الا جمیلا»; «سرّ تولد «ما رأیتُ الّا جمیلاً» از دل مصائب کربلا», Хабаргузории Шабистон; «نگاه الهی حضرت زینب(س) به واقعه کربلا», Хабаргузории Ҳавза
- ↑ Ибни Асом, ал-Футуҳ, 1411ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.122; Муқаррам, Мақтал-ул-Ҳусайн (а), Бейрут, саҳ.341; Ибни Товус, ал-Луҳуф, 1348ҳ.ш., саҳ.160
- ↑ Табарӣ, Таърих-ул-умам ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.457; Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.193; Ибни Асир, ал-Комил, 1385ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.82
- ↑ Ибни Асом, ал-Футуҳ, 1411ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.122
- ↑ Табарӣ, Таърих-ул-умам ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.457; Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.193
- ↑ «عدم تایید منابع تاریخی در نسبت دادن"ما رایت الا جمیلا" به حضرت زینب(س)», Хабаргузории Шабистон
- ↑ Ибни Асом, ал-Футуҳ, 1411ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.122
- ↑ Ибни Асом, ал-Футуҳ, 1411ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.122, понавис
- ↑ Алавии Алиободӣ, «ما رأیت الا جمیلا»
- ↑ Ҷамъе аз нависандагон, Маъа-р-ракб-ил-ҳусайнӣ, 1386ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.131
- ↑ Ҷамъе аз нависандагон, Маъа-р-ракб-ил-ҳусайнӣ, 1386ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.131; «سرّ تولد «ما رأیتُ الّا جمیلاً» از دل مصائب کربلا, Хабаргузории Шабистон
- ↑ «حضرت زینب(س) چگونه به مقام «ما رایت الا جمیلا» رسید», Кебнаниюс
- ↑ «ما رأیت الا جمیلا را درست معنا کنیم», сомонаи Қосидун
- ↑ «چرا حضرت زینب(س) فرمودند ما رایت الا جمیلا؟», Тибён; «منظور از «ما رأیت الا جمیلا»», пойгоҳи иттилоърасонии Ёварони Маҳдӣ (аҷ)
- ↑ «معنا و تفسیر دقیق جمله حضرت زینب(س) ما رایت الا جمیلا چیست؟», сомонаи Шаҳри ҷавоб
- ↑ «مَا رَأَیتُ إِلَّا جَمِیلًا؛ جواب دندان شکن «حضرت زینب(ع) به ابنزیاد», Хабаргузории Мизон
- ↑ Алавии Алиободӣ, «ما رأیت الا جمیلا»; «شرح عبارت "ما رأیت الا جمیلا" (بخش اول) - سید محمد مهدی میرباقری», Муассисаи таҳқиқ ва нашри маорифи Аҳли Байт (а)
- ↑ مشاهری فرد، «تأملی زیباییشناختی بر ما رأیت الا جمیلا»
- ↑ Ҳошиминажод, Дарсе ки Ҳусайн (а) ба инсонҳо омӯхт, 1382ҳ.ш., саҳ.208; «معنا و تفسیر دقیق جمله حضرت زینب(س) ما رایت الا جمیلا چیست؟», сомонаи Шаҳри ҷавоб
- ↑ Ҳошиминажод, Дарсе ки Ҳусайн (а) ба инсонҳо омӯхт, 1382ҳ.ш., саҳ.208
- ↑ Ҳошиминажод, Дарсе ки Ҳусайн (а) ба инсонҳо омӯхт, 1382ҳ.ш., саҳ.208
- ↑ Алавии Алиободӣ, «Мо раайту илло ҷамило»
- ↑ Ҳошиминажод, Дарсе ки Ҳусайн (а) ба инсонҳо омӯхт, 1382ҳ.ш., саҳ.209
Сарчашма
- Алавии Алиободӣ, Фотима Содот, «Мо раайту илло ҷамило», дар Пажӯҳишномаи маорифи Ҳусайнӣ, даври 4, №14, 1398ҳ.ш.
- Мошоҳирии Фард, Атия, مشاهری فرد، «تأملی زیباییشناختی بر ما رأیت الا جمیلا»», Муассисаи фарҳангӣ-ҳунарии Салис, боздид: 20 урдибиҳишти 1402ҳ.ш.
- Муқаррам, Абдурраззоқ, Мақтал-ул-Ҳусайн (а), Бейрут, Муассисат-ул-хирсон ли-л-матбуот, бетаърих.
- Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умам ва-л-мулук, таҳқиқ: Муҳаммад Абулфазли Иброҳим, Бейрут, Дор-ут-турос, чопи дуюм, 1387ҳ.ш.
- Ҳошиминажод, Сайид Абдулкарим, Дарсе ки Ҳусайн (а) ба инсонҳо омӯхт, Машҳад, Остони қудси разавӣ, 1382ҳ.ш.
- Ибни Асир, Алӣ ибни Абилкарим, ал-Комил фи-т-таърих, Бейрут, Дору содир, 1385ҳ.ш.
- Ибни Асом, Аҳмад ибни Асом, Китоб-ул-футуҳ, таҳқиқ: Алӣ Ширӣ, Бейрут, Дор-ул-азво, 1411ҳ.қ.
- Ибни Касир, Исмоил ибни Умар, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1407ҳ.қ.
- Ибни Товус, Алӣ ибни Мусо, ал-Луҳуф ала қатла-т-туфуф, тарҷумаи Сайид Аҳмад Фаҳрии Занҷонӣ, Теҳрон, Нашри Ҷаҳон, 1348ҳ.ш.
- Ҷамъе аз нависандагон, Маъа-р-ракб-ил-Ҳусайн (а), Қум, Нашри Нахустин, 1386ҳ.ш.
- «منظور از «ما رأیت الا جمیلا»», Пойгоҳи иттилоърасонии Ёварони Маҳдӣ (аҷ), боздид: 20 урдибиҳишти 1402ҳ.ш.
- «عدم تایید منابع تاریخی در نسبت دادن"ما رایت الا جمیلا" به حضرت زینب(س)», Хабаргузории Шабистон, нашр: 2 баҳмани 1396ҳ.ш., боздид: 20 урдибиҳишти 1402ҳ.ш.
- «سرّ تولد «ما رأیتُ الّا جمیلاً» از دل مصائب کربلا, Хабаргузории Шабистон, нашр: 29 шаҳривари 1397ҳ.ш., боздид: 20 урдибиҳишти 1402ҳ.ш.
- «معنا و تفسیر دقیق جمله حضرت زینب(س) ما رایت الا جمیلا چیست؟», сомонаи Шаҳри ҷавоб, нашр: 23 обони 1396ҳ.ш., боздид: 20 урдибиҳишти 1402ҳ.ш.
- «شرح عبارت "ما رأیت الا جمیلا" (بخش اول) - سید محمد مهدی میرباقری»», Муассисаи таҳқиқ ва нашри маорифи Аҳли Байт (а), нашр: 14 шаҳривари 1396ҳ.ш., боздид: 20 урдибиҳишти 1402ҳ.ш.
- «چرا حضرت زینب(س) فرمودند ما رایت الا جمیلا؟», сомонаи Тибён, нашр: 6 шаҳривари 1396ҳ.ш., боздид: 20 урдибиҳишти 1402ҳ.ш.
- «معنای «ما رأیت الا جمیلاً», Хабаргузории Ҳавза, нашр: 30 шаҳривари 1399ҳ.ш., боздид: 20 урдибиҳишти 1402ҳ.ш.
- «ما رأیت الا جمیلا را درست معنا کنیم», сомонаи Қосидун, боздид: 20 урдибиҳишти 1402ҳ.ш.
- «نگاه الهی حضرت زینب(س) به واقعه کربلا», Хабаргузории Ҳавза, нашр: 28 обони 1391ҳ.ш., боздид: 20 урдибиҳишти 1402ҳ.ш.
- «حضرت زینب(س) چگونه به مقام «ما رایت الا جمیلا» رسید», Кебнаниюс, санаи нашр: 9 исфанди 1399ҳ.ш., санаи боздид: 20 урдибиҳишти 1402ҳ.ш.
- «مَا رَأَیتُ إِلَّا جَمِیلًا؛ جواب دندان شکن «حضرت زینب(ع) به ابنزیاد», Хабаргузории Мизон, нашр: 5 шаҳривари 1399ҳ.ш., боздид: 20 урдибиҳишти 1402ҳ.ш.