Сиёҳпӯшӣ

Аз wikishia
Азодории моҳи муҳаррам бо либоси сиёҳ дар Хузистон

Сиёҳпӯшӣ (форсӣ: سیاهپوشی) пӯшидани либоси сиёҳ ва сиёҳпӯш кардани маконҳост, ки ба нишонаи мотаму азодорӣ анҷом мегирад. Байни шиаён ин фарҳанг аз садри Ислом як амри роиҷ будааст. Дар ривоятҳои маъсумин далелҳои гуногуне мавҷуданд, ки ин анъанаро тасдиқ мекунанд.

Фақеҳони шиа аз ин ҷиҳат, ки сиёҳпӯшӣ барои азодории бузургони дин мисдоқи таъзими шаъоъир аст, онро мустаҳаб донистаанд. Онҳо макруҳ будани сиёҳпӯширо, ки дар баъзе ривоятҳо мавҷуданд, марбут ба ғайри азодорӣ медонанд. Фуқаҳое чун Сайид Ҷаъфар Таботабоии Ҳоирӣ, Сайид Ҳасани Садр ва Мирзоҷаводи Табрезӣ дар исботи истиҳбоби сиёҳ пӯшидан дар сӯгвории бузургони дин осори мустақилле нигоштаанд.

Либоси сиёҳ ба унвони намоди Банӣ Аббос низ маҳсуб мешавад. Гурӯҳе аз таърихдонон, гароиши Банӣ Аббос ба парчам ва либоси сиёҳро ба хотири нишонаи қиём барои интиқоми мусибатҳои воридшуда ба Аҳли Байт (а) дар даврони Банӣ Умайя медонанд, ки бо ҳадафи ҳамроҳ кардани муҳиббон ва шиаёни имомон (а) бо худ анҷом гирифт. Баъзеҳо иллати судури ривоёт дар наҳйи сиёҳпӯшӣ аз ҷониби аиммаро ҷилавгирӣ аз сӯистифодаи Банӣ Аббос донистаанд.

Дар оғози айёми азодорӣ, маросиме бо номи "сиёҳпӯшон" баргузор мегардад, ки азодорон тибқи ташрифоти хоссе либоси азо бар тан мекунанд ва дару девори маконҳое чун масҷидҳо, имомзодаҳо, такяҳо ва ҳусайнияҳоро сиёҳпӯш мекунанд. Дар бархе шаҳрҳои Озарбойҷон низ оине бо номи "яқабандон" дар 12-уми муҳаррам баргузор мешавад ва тайи он, пирғуломон ва бузургони ҷаласа, дар як ҳаракати намодин, тукмаҳои гиребони азодоронро, ки ба нишонаи одами азодор кушода шуда буд, мебанданд.

Ранги сиёҳ, намоди азою мотаму сайид будан

Пӯшидани либоси сиёҳро амре донистаанд, ки дар урфи мардум нишонаи азою мотаму нороҳатист. Ба ҳамин ҷиҳат шиаён ва муҳиббони Аҳли Байт (а) дар айёми мотами бузургони дин, ба вижа азодории Имом Ҳусайн (а) либоси сиёҳ бар тан мекунанд ва дару деворро сиёҳпӯш мекунанд.[1] Алӣ Абулҳасанӣ (ваф.1390ҳ.ш.) - таърихнигори шиа, аз тавсияи Имом Содиқ (а) ба пӯшидани либоси сиёҳ тавассути зан дар азои шавҳар[2] ва ишора ба иди Ғадир ба унвони рӯзи кандани либоси сиёҳ,[3] чунин истифода мекунад, ки имомон низ бар ин вижагии табиъии ранги сиёҳ, ки дилгирию нороҳатист муҳри таъйид задаанд.[4]

Вижагии дигари ранги сиёҳро ҳайбат, сиёдат ва бартарӣ донистаанд. Ба ақидаи Абулҳасанӣ бар асоси ҳамин вижагӣ аст, ки Паёмбар (с) ва Аҳли Байт (а) дар мавориди хос, монанди Ғадир, саллаи сиёҳ доштаанд ва салаи сайидҳо низ ба пайравӣ аз онҳо сиёҳ аст.[5]

Оинҳои либоси сиёҳи азо

Маросими суннатии сиёҳпӯшони Ҳусайнӣ дар имомзода Маъсуми (а) Теҳрон

Ба гузориши Муҳсин Ҳисом Мазоҳирӣ дар китоби Фарҳанги сӯги шиъӣ, азодорон тайи маросиме дар айёми азодорӣ бо одобу ташрифоти хоссе либоси сиёҳ ба тан карда дару девори маконҳоро бо порчаҳое ки маъмулан шеърҳои марсия, ибороти мазҳабӣ, номи имомон ва шаҳидони Карбало бар он нақш баста бошад, сиёҳпӯш мекунанд. Ба ин маросим «сиёҳпӯшон» гуфта мешавад.[6]

Маросими дигаре дар бархе шаҳрҳои вилояти Озарбойҷони Эрон ҳамчун Табрезу Халхол бо унвони яқабандон (гиребонбандон) (ба туркӣ: яхабоғломо) дар рӯзи сеюми шаҳодати Имом Ҳусайн (а) (12 муҳаррам) баргузор мегардад. Дар ин маросим, пирғуломон ба нишонаи поёни азодории даҳаи аввали муҳаррам, тукмаи гиребони пероҳани сиёҳи азодоронро, ки барои нишон додани ҳолати азодор кушода шуда буд, мебанданд.[7]

Истиҳбоби сиёҳпӯшӣ дар сӯги бузургони дин

Пӯшидани либоси сиёҳ барои азодории бузургони дин аз мустаҳаботи шаръии мазҳаби ташайюъ аст ва фақеҳони сершуморе ба ҷиҳати таъзими шаъоъири Илоҳӣ[8] ба он фатво додаанд.[9] Истифтое аз бархе мароҷеъи тақлиди шиа, ҳамчун: Сайид Алии Хоманаӣ, Сайид Алӣ Систонӣ, Носир Макорими Шерозӣ, Лутфуллоҳ Софии Гулпойгонӣ ва Ҳусайн Ваҳиди Хуросонӣ сурат гирифтааст, ки тибқи он, пӯшдани либоси сиёҳ дар азодории Аҳли Байт (а) мустаҳаб шумурда шудааст. Дар амал низ бисёре аз уламо дар айёми азо либоси сиёҳ ба тан мекарданд.[10] Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ дар васиятномаи худ тавсия кардааст, либоси сиёҳеро ки дар айёми муҳаррам ва сафар ба тан мекард, ҳамроҳи ӯ дафн гардад.[11]

Бо ин ҳама ривоёте дар мавриди макруҳ будани либоси сиёҳ нақл шудааст[12] ва фақеҳон бар асоси онҳо пӯшидани либоси сиёҳро дар намоз ё ба таври куллӣ макруҳ донистаанд,[13] вале гуфта шудааст, бо вуҷуди дурустии ривоёти кароҳат, ба хотири мавориди дигаре аз рафтор ё гуфтори Аҳли Байт (а) ки нишонгари таъйиди сиёҳпӯшӣ дар сӯгворӣ аст ва ба далели таъзими шаъоъир, сиёҳпӯшӣ, аз ҳукми макруҳ будан хориҷ мегардад.[14]

Китобҳои фақеҳон дар бораи сиёҳпӯшӣ

Муҷтаҳидони шиа китобҳое дар бораи табйини истиҳбоби сиёҳпӯшӣ дар азои бузургони дин нигоштаанд:

Шиносномаи китоби Иршод-ул-ибод ила истиҳбоби лубс-ис-савод, навиштаи Сайид Ҷаъфар Таботабоии Ҳоирӣ

Таърихчаи сиёҳпӯшӣ

Ранги сиёҳро дар бисёре аз милалу фарҳангҳо ранги азою сӯгу мотам медонанд.[19] Дар Эрони бостон низ ин ранг нишонаи мотам буда ва дар оини Сиёвушон, сиёҳпӯшӣ ҷойгоҳи муҳимме доштааст.[20] Ҳамдуллоҳи Муставфӣ (ваф.750ҳ.қ.) - муаррихи давраи Илхонӣ дар китоби Таърихи гузида, пас аз зикри ҷараёни кушта шудани Сиёвуш, либоси тира пӯшидан ва баланд кардани мӯйро аз расмҳои барҷоймонда аз мотами Сиёвуш медонад.[21]

Шавоҳиди мухталифе ироа шудааст, ки байни арабҳо низ ранги сиёҳ ба унвони ранги азо марсум будааст.[22] Гуфта шудааст, дар Ироқ ва бисёре аз манотиқи дигар, либоси сиёҳ аз асрҳои аввалияи ҳиҷрӣ, аломати мотам будааст.[23]

Сираи Паёмбар(с) ва аимма(а)

Ба бовари Алии Абулҳасанӣ дар китоби Сиёҳпӯшӣ дар сӯги аиммаи нур, маҷмӯаи гузоришҳо дар ин замина сарфи назар аз эътибори онҳо, нишон медиҳад, ки Паёмбар (с) ва аимма (а) дар сӯги азизони хеш либоси азои сиёҳранг ба тан мекарданд ва чунин суннате дар миёни онҳо ва пайравонашон роиҷ будааст.[24]

Барои намуна, Зайнаб духтари Умми Салама дар азои Ҳамза ибни Абдулмутталиб се рӯз либоси азои сиёҳ ба тан кард ва Паёмбар (с) ӯро дилдорӣ дод;[25] чунонки ба Асмо бинти Умайс низ супориш кард, ки барои шаҳодати ҳамсараш - Ҷаъфар ибни Абитолиб, то се рӯз либоси азо (сиёҳ) ба тан кунад.[26] Ва низ бар асоси шарҳи Наҳҷулбалоғаи Ибни Абилҳадид, Имоми Муҷтабо (а) баъд аз шаҳодати Имом Алӣ (а), бо либоси сиёҳ байни мардум ҳозир шуд.[27] Шайх Садуқ дар Уюну ахбор-ир-Ризо (а), дар нақле, шиаёни ташйиъкунандаи Имом Козим (а)-ро бо либоси сиёҳ тавсиф кардааст.[28]

Бо тавваҷуҳ ба нақли Аллома Маҷлисӣ дар Биҳор-ул-анвор, пас аз ин ки Язид асирони Карбалоро озод кард, ҳамаи занони Банӣ Ҳошим либоси сиёҳ пӯшиданд ва ҳафт рӯз дар Шом барои Имом Ҳусайн (а) навҳасароӣ ва азодорӣ карданд.[29] Кулайнӣ дар Кофӣ гузорише нақл мекунад, ки либоси Имом Саҷҷод (а)-ро сиёҳранг тавсиф кардааст.[30] Бар асоси гузориши китоби Маҳосини Барқӣ, пас аз шаҳодати Имом Ҳусайн (а), занони Банӣ Ҳошим бо пӯшидани либосҳои сиёҳ, машғули азодорӣ шуданд ва Имом Саҷҷод (а) барои онҳо ғизо дуруст мекард.[31] Ин ривоятро муҳкамтарин ривоят дар ин замина аз назари санаду далолат донистаанд.[32]

Фарҳанги роиҷи шиа дар даврони Ғайбат

Бар асоси гузоришҳои таърихӣ, фарҳанги сиёҳпӯшӣ, пас аз имомон ва дар даврони Ғайбати кубро, дар миёни шиаён як амри роиҷе будааст. Дар даврони Оли Бӯя, баргузории маросимоти азодории Аҳли Байт (а) бо либоси сиёҳ марсум будааст.[33] Дар ал-Комилу фи-т-таърих омадааст, ки нахустин азодории расмии шиаён барои Имом Ҳусайн (а) ба амри Муъизуддавлаи Дайламӣ дар соли 352ҳ.қ., сурат гирифт ва дар ин маросим дастур дода шуд занони мӯй парешон ва рӯй сиёҳ кунанд.[34] Дар китоби Адаб-ут-тафф шеъре аз шоири қарни панҷуми қамарӣ нақл шудааст, ки мазмуни он ба сиёҳпӯш шудан дар азои Имом Ҳусайн (а) ишора дорад.[35]

Занҷирзанӣ бо либоси сиёҳи баланд дар давраи Қоҷория, Теҳрон

Гуфта шудааст, Хоҷа Алии Сиёҳпӯш (ваф.830ҳ.қ.) - яке аз наберагони Шайх Сафиюддини Ардабилӣ ва аз аҷдоди шоҳони Сафавӣ, ба далели ин ки доиман дар маросимоти азодории Имом Ҳусайн (а) либоси сиёҳ бар тан дошт, ба ин лақаб машҳур шудааст.[36] Петро Делла Валле - ҷаҳонгарди италиянӣ дар боздиде ки соли 1027ҳ.қ., дар даврони Сафавия аз Исфаҳон доштааст, азодории мардум дар айёми муҳаррамро ҳамроҳ бо сиёҳпӯшӣ тавсиф кардааст.[37]

Жозеф Артюр де Гобино - нависандаи фаронсавӣ, либоси амирон, вазирон ва кормандони давраи Қоҷория дар айёми азодориро сиёҳу тира тавсиф мекунад.[38] Висоли Шерозӣ (ваф.1262ҳ.қ.) - шоири шиаи ин даврон таркиббанди ошӯроии худро бо ҷумлаи «Ин ҷомаи сиёҳи фалак дар азои кист?» оғоз кардааст.[39] Чарлс Ҷеймс Велз - пизишки англисии давраи Қоҷор дар Эрон низ гузориш кардааст, ки либоси расмии азодории муҳарраму сафар дар ин даврон либоси сиёҳ будааст ва бештари мардум аз оғози муҳаррам, либоси сиёҳ мепӯшиданд.[40]

Сиёҳпӯшии Банӣ Аббос

Муҳсин Ҳисом Мазоҳирӣ - пажӯҳишгари мутолиъоти иҷтимоии ташайюъ, машҳуртарин сиёҳпӯшони таърихро ба Абумуслими Хуросонӣ ва ёронаш нисбат медиҳад. Бар асоси гузориши ӯ, зоҳиран онҳо пас аз Ислом аввалин касоне буданд, ки бо парчами сиёҳ қиём карданд ва худашонро сиёҳпӯш (мусаввада) хонданд.[41] Банӣ Аббос бо намоди парчам ва либоси сиёҳ, ба нишонаи гирифтани интиқом аз қотилони шуҳадои Аҳли Байт (а) қиём карданд.[42] Бархе аз муваррихин бар ин боваранд, ки интихоби либоси сиёҳ ба унвони намоди Банӣ Аббос чизе ҷуз изҳори ҳузну таассуф ба мусибатҳои Аҳли Байт (а) барои ҳамроҳ кардани шиаён набудааст.[43] Ба гузориши Ҷурҷӣ Зайдон (ваф.‍1332ҳ.қ.), пӯшиши либоси сиёҳ назди онҳо ба қадре расмият ёфт, ки ҳар касе мехост назди халифа биравад, бояд ҷелаки сиёҳранге ба тан мекард то ҳамаи либосҳои зеринро бипӯшонад.[44] Баъзеҳо иллати наҳйи имомон аз сиёҳпӯшӣ дар бархе ривоётро[45] пешгирӣ аз монандӣ ба Банӣ Аббос ва сӯистифодаи онҳо донистаанд.[46]

Алии Абулҳасанӣ дар фарқи сиёҳпӯшии Банӣ Аббос ва шиаён гуфтааст:

  • Шиаён дар айёми хоссе ба унвони азодорӣ либоси сиёҳ ба тан мекарданд, аммо Банӣ Аббос ҷомаи сиёҳро ба унвони либоси ҳамешагӣ ва расмии худ интихоб карда буданд.[47]
  • Сиёҳпӯшӣ тавассути шиаён ба таври комилан ихтиёрӣ ва барои ибрози муҳаббат ва андӯҳи дарунӣ шакл мегирифт; бар хилофи аббосиён, ки ба пӯшиши либоси сиёҳ пофишорӣ доштанд ва ҳатто муҷозотҳое барои сар боз задан аз ин амр содир шуда буд.[48]
  • Сиёҳпӯшии аббосиён бо зобита ва шаклу ташрифоти хос анҷом мешуд; бар хилофи шиаён ки чунин масоиле байнашон матраҳ набуд.[49]

Эзоҳ

  1. Абулҳасанӣ, Сиёҳпӯшӣ дар сӯги аиммаи нур, 1375ҳ.ш., саҳ.51.
  2. Ибни Ҳайюн, Даъоим-ул-Ислом, 1385ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.291.
  3. Сайид ибни Товус, Иқбол-ул-аъмол, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.464.
  4. Абулҳасанӣ, Сиёҳпӯшӣ дар сӯги аиммаи нур, 1375ҳ.ш., саҳ.42.
  5. Абулҳасанӣ, Сиёҳпӯшӣ дар сӯги аиммаи нур, 1375ҳ.ш., саҳ.32 - 37.
  6. Мазоҳирӣ, Фарҳанги сӯги шиъӣ, 1395ҳ.ш., саҳ.292.
  7. “Поёни дувоздаҳ рӯз азодорӣ бо иҷрои маросими суннатии яқабандон дар Табрез”, хабаргузории Расо; “Яқабандон; оини азодории шаҳри Халхол”, саҳ.59; “Оини азодории яқабандон дар Озаршаҳр баргузор шуд”, хабаргузории Ҷумҳурии Исломӣ.
  8. Мазоҳирӣ, Фарҳанги сӯги шиъӣ, 1395ҳ.ш., саҳ.291.
  9. Борутиён, Пероҳани кабуд, 1390ҳ.ш., саҳ.62 - 64.
  10. Борутиён, Пероҳани кабуд, 1390ҳ.ш., саҳ.56.
  11. Маръашии Наҷафӣ, Фарозҳое аз васиятнома, 1381ҳ.ш., саҳ.21.
  12. Барои намуна ниг.: Шайх Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.382 - 386.
  13. Салори Дайламӣ, ал-Маросим фи-л-фиқҳ-ил-имомӣ, 1404ҳ.қ., саҳ.63; Шайх Тусӣ, ал-Хилоф, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.506; Шайх Табарсӣ, ал-Муъталиф мин-ал-мухталиф байна аиммат-ис-салаф, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.177; Муҳаққиқи Ҳиллӣ, ал-Муътабар фи шарҳ-ил-мухтасар, 1364ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.93; Аллома Ҳиллӣ, Тазкират-ул-фуқаҳо, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.500 ва низ ниг.: Борутиён, Пероҳани кабуд, 1390ҳ.ш., саҳ.62 - 64.
  14. Абулҳасанӣ, Сиёҳпӯшӣ дар сӯги аиммаи нур, 1375ҳ.ш., саҳ.204.
  15. Таботабоии Ҳоирӣ, Иршод-ул-ибод ила-л-истиҳбоби лубс-ис-савод, 1404ҳ.қ., шиносномаи китоб.
  16. Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1408ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.333.
  17. Табрезӣ, Рисолатун мухтасара фи лубс-ис-савод, 1425ҳ.қ., саҳ.5.
  18. Табрезӣ, Рисолатун мухтасара фи лубс-ис-савод, 1425ҳ.қ., саҳ.5 - 6.
  19. Абулҳасанӣ, Сиёҳпӯшӣ дар сӯги аиммаи нур, 1375ҳ.ш., саҳ.53 - 72; Мазоҳирӣ, Фарҳанги сӯги шиъӣ, 1395ҳ.ш., саҳ.289.
  20. Мазоҳирӣ, Фарҳанги сӯги шиъӣ, 1395ҳ.ш., саҳ.289.
  21. Муставфӣ, Таърихи гузида, 1364ҳ.ш., саҳ.88.
  22. Абулҳасанӣ, Сиёҳпӯшӣ дар сӯги аиммаи нур, 1375ҳ.ш., саҳ.73 - 94; Мазоҳирӣ, Фарҳанги сӯги шиъӣ, 1395ҳ.ш., саҳ.289 - 290.
  23. Фақиҳӣ, Оли Буя нахустин силсилаи қудратманди шиа, 1365ҳ.ш., саҳ.809.
  24. Абулҳасанӣ, Сиёҳпӯшӣ дар сӯги аиммаи нур, 1375ҳ.ш., саҳ.95 - 96.
  25. Замахшарӣ, ал-Фоиқ фи ғариб-ил-ҳадис, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.154.
  26. Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, 1414ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.473.
  27. Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷулбалоға, 1404ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.22.
  28. Шайх Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.100.
  29. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.45, саҳ.196.
  30. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.449.
  31. Барқӣ, ал-Маҳосин, 1371ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.420.
  32. Абулҳасанӣ, Сиёҳпӯшӣ дар сӯги аиммаи нур, 1375ҳ.ш., саҳ.116.
  33. Муқаддасӣ, Аҳсан-ут-тақосим, 1361ҳ.ш., ҷ.2, 545; Кабир, Оли Буя дар Бағдод, 1381ҳ.ш., саҳ.312.
  34. Ибни Асир, ал-Комилу фи-т-таърих, 1385ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.549.
  35. Шуббар, Адаб-ут-Тафф, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.268.
  36. Мазоҳирӣ, Фарҳанги сӯги шиъӣ, 1395ҳ.ш., саҳ.291.
  37. Делла Валле, Сафарнома, 1370ҳ.ш., саҳ.123.
  38. Дугубину, “Шукуҳи таъзия дар Эрон”, саҳ.357.
  39. Висоли Шерозӣ, Девон, нашри китобфурӯшии Фахри Розӣ, саҳ.901.
  40. Велз, Таърихи иҷтимоии Эрон дар аҳди Қоҷория, 1363ҳ.ш., саҳ.265.
  41. Мазоҳирӣ, Фарҳанги сӯги шиъӣ, 1395ҳ.ш., саҳ.290.
  42. Ибни Аъсами Куфӣ, ал-Футуҳ, 1411ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.319.
  43. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, Дорул-маъориф, ҷ.3, саҳ.264; Мусавии Ҳусайнӣ, Нузҳат-ул-ҷалис, 1375ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.316; Омилӣ, ал-Ҳаёт-ус-сиёсийя ли-л-Имом-ир-Ризо (а), 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.62; Мазоҳирӣ, Фарҳанги сӯги шиъӣ, 1395ҳ.ш., саҳ.290.
  44. Зайдон, Таърих-ут-тамаддун-ил-исломӣ, Дору мактабатил-ҳаёт, ҷ.5, саҳ.609.
  45. Барои намуна бибинед: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.449.
  46. Абулҳасанӣ, Сиёҳпӯшӣ дар сӯги аиммаи нур, 1375ҳ.ш., саҳ.195 - 200; Мазоҳирӣ, Фарҳанги сӯги шиъӣ, 1395ҳ.ш., саҳ.290; Ғарбовӣ, ал-Қавл-ус-садид, 1437ҳ.қ., саҳ.55 - 56; Борутиён, Пероҳани кабуд, 1390ҳ.ш., саҳ.38 - 39.
  47. Абулҳасанӣ, Сиёҳпӯшӣ дар сӯги аиммаи нур, 1375ҳ.ш., саҳ.189 - 190.
  48. Абулҳасанӣ, Сиёҳпӯшӣ дар сӯги аиммаи нур, 1375ҳ.ш., саҳ.190.
  49. Абулҳасанӣ, Сиёҳпӯшӣ дар сӯги аиммаи нур, 1375ҳ.ш., саҳ.191.

Сарчашма

  • Абулҳасанӣ, Алӣ (Мунзар), Сиёҳпӯшӣ дар сӯги аиммаи нур, Қум, ношир: Алии Абулҳасанӣ, 1375ҳ.ш.
  • Аллома Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор-ил-ҷомеъа лидурари ахбор-ил-аиммат-ил-атҳор, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1403ҳ.қ.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Тазкират-ул-фуқаҳо, Қум, муассисаи Олулбайт алайҳимус-салом ли эҳёил-турос, 1414ҳ.қ.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф, Миср, Дорул-маъориф, бе то.
  • Барқӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, ал-Маҳосин, Қум, Дорул-кутубил-исломийя, 1371ҳ.қ.
  • Борутиён, Сайидалӣ, Пероҳани кабуд, Теҳрон, Ҳаниф, 1390ҳ.ш.
  • Велз, Чарлс Ҷеймс, Таърихи иҷтимоии Эрон дар аҳди Қоҷория, Теҳрон, Заррин, 1363ҳ.ш.
  • Висоли Шерозӣ, Муҳаммадшафиъ, Девони ашъор, нашри китобфурӯшии Фахри Розӣ, бе то.
  • Ғарбовӣ, Алӣ, ал-Қавл-ус-садид фи лубс-ис-савод ала-л-Ҳусайн-иш-шаҳид, Наҷаф, ношир: Шайх Алии Ғарбовӣ, 1437ҳ.қ.
  • Даловола, Питру, Сафарнома, тарҷумаи Шуъоъиддини Шифо, Теҳрон, интишороти илмии фарҳангӣ, 1370ҳ.ш.
  • Дугубину, Кант, “Шукуҳи таъзия дар Эрон”, тарҷумаи Фелуро Авлопур, фаслномаи Ҳунар, № 30, зимистони 1374ҳ.ш., ва баҳори 1375ҳ.ш.
  • Зайдон, Ҷурҷӣ, Таърих-ут-тамаддун-ил-исломӣ, Бейрут, Дорул-мактабатил-ҳаёт, бе то.
  • Замахшарӣ, Муҳаммад ибни Умар, ал-Фоиқ фи ғариб-ил-ҳадис, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1417ҳ.қ.
  • Зулфиқорӣ, Ҳасан, Боварҳои омиёнаи мардуми Эрон, бо ҳамкории Алиакбари Ширӣ, Теҳрон, нашри Чашма, чопи чаҳорум, 1396ҳ.ш.
  • Ибни Абилҳадид, Абдулҳамид ибни Ҳибатуллоҳ, Шарҳи Наҳҷулбалоға, Қум, мактабат Оятуллоҳил-Маръашӣ ан-Наҷафӣ, 1404ҳ.қ.
  • Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, ал-Комилу фи-т-таърих, Бейрут, Дорусодир, 1385ҳ.қ.
  • Ибни Аъсами Куфӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Футуҳ, Бейрут, Дорул-азвоъ, 1411ҳ.қ.
  • Ибни Манзур, Муҳаммад ибни Мукаррам, Лисон-ул-араб, Бейрут, Дорусодир, 1414ҳ.қ.
  • Ибни Ҳайюн, Нуъмон ибни Муҳаммади Мағрибӣ, Даъоим-ул-Ислом, Қум, муассисаи Олулбайт, 1385ҳ.қ.
  • Ибни Ҷавзӣ, Абдурраҳмон ибни Алӣ, ал-Мунтазам фи-т-таърих-ил-мулуки ва-л-аҷам, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1412ҳ.қ.
  • Кабир, Муфизуллоҳ, Оли Буя дар Бағдод, тарҷумаи Маҳдии Афшор, Теҳрон, Рафъат, 1381ҳ.ш.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, 1407ҳ.қ.
  • Мазоҳирӣ, Муҳсин Ҳисом, Фарҳанги сӯги шиъӣ, Теҳрон, нашри Хайма, 1395ҳ.ш.
  • Маръашии Наҷафӣ, Сайидшаҳобиддин, Фарозҳое аз васиятномаи илоҳӣ-ахлоқии марҷаъи олиқадр ва фақеҳи Аҳли Байт алайҳимус-салом бузурги фарҳангбони мероси исломии ҳазрати Оятуллоҳилъузмо Маръашии Наҷафӣ қуддиса сирруҳушшариф, Қум, китобхонаи умумии ҳазрати Оятуллоҳилъузмо Маръашии Наҷафӣ, 1381ҳ.ш.
  • Муқаддасӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Аҳсан-ут-тақосим фи маърифат-ил-ақолим, тарҷумаи Алӣ Нақӣ Мунзавӣ, Теҳрон, ширкати муаллифон ва мутарҷимони Эрон, 1361ҳ.ш.
  • Муставфӣ, Ҳамдуллоҳ ибни Абибакр, Таърихи гузида, Теҳрон, Амир Кабир, 1364ҳ.ш.
  • Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, ал-Муътабар фи шарҳ-ил-мухтасар, Қум, муассисаи Сайидушшуҳадо (а), 1364ҳ.ш.,
  • "Оини азодории яқабандон дар Озаршаҳр баргузор шуд”, хабаргузории Ҷумҳурии Исломӣ, таърихи дарҷи матлаб: 25 обони 1392ҳ.ш., таърихи боздид: 30 баҳмани 1402ҳ.ш.
  • Оқобузурги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, аз-Зариъа ила тасониф-иш-шиъа, Қум, Исмоилиён, 1408ҳ.қ.
  • Омилӣ, Сайидҷаъфар Муртазо, ал-Ҳаёт-ус-сиёсийя ли-л-Имом-ир-Ризо (а), Қум, Ҷамоъатул-мударрисин фил-ҳавзатил-илмийя би Қум. Муассисаи ал-нашрул-исломӣ, 1416ҳ.қ.
  • "Поёни дувоздаҳ рӯз азодорӣ бо иҷрои маросими суннатии яқабандон дар Табрез”, хабаргузории Расо, таърихи дарҷи матлаб: 21 дейи 1387ҳ.ш., таърихи боздид: 30 баҳмани 1402ҳ.ш.
  • "Ризохон пӯшидани либоси сиёҳро мамнуъ кард!", хабаргузории Меҳр; таърихи дарҷи матлаб: 9 обони 1402ҳ.ш., таърихи боздид: 30 баҳмани 1402ҳ.ш.
  • Сайид ибни Товус, Алӣ ибни Мусо, Иқбол-ул-аъмол, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, 1409ҳ.қ.
  • Салори Дайламӣ, Ҳамза ибни Абдулъазиз, ал-Маросим фи-л-фиқҳ-ил-имомӣ, Қум, маншуротул-Ҳарамайн, 1404ҳ.қ.
  • "Сиёҳпӯшӣ аз дидгоҳи фуқаҳо", сайти муассисаи таҳқиқотии ҳазрати Валии аср (аҷ), таърихи дарҷи матлаб: бе то, таърихи боздид: 30 баҳмани 1402ҳ.ш.
  • Таботабоии Ҳоирӣ, Сайидҷаъфар, Иршод-ул-ибод ила-л-истиҳбоби лубс-ис-савод ала Сайидушшуҳадо ва-л-аиммат-ил-амҷод, Қум, матбаъатул-илмийя, 1404ҳ.қ.
  • Табрезӣ, Ҷавод, Рисолатун мухтасара фи лубс-ис-савод, Қум, Дорул-Сиддиқатиш-шаҳида, 1425ҳ.қ.
  • Фақиҳӣ, Алиасғар, Оли Буя нахустин силсилаи қудратманди шиа, Теҳрон, интишороти Сабо, 1365ҳ.ш.
  • Читсоз, Муҳаммадризо, Таърихи пӯшоки эрониён аз ибтидои Ислом то ҳамлаи Муғул, Теҳрон, Самт, 1379ҳ.ш.
  • Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Уюну ахбор-ир-Ризо, Теҳрон, нашри Ҷаҳон, 1378ҳ.қ.
  • Шайх Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, ал-Муъталиф мин-ал-мухталиф байна аиммат-ис-салаф, Машҳад, Остонаи ар-Разавийятул-муқаддаса. Маҷмаъул-буҳусил-исломийя, 1410ҳ.қ.
  • Шайх Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Хилоф, Қум, Ҷамоъатул-мударрисин фил-ҳавзатил-илмийя би Қум. Муассисаи ал-нашрул-исломӣ, 1407ҳ.қ.
  • Шайхи Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Тафсили Васоил-уш-шиъа ила таҳсили масоили-ш-шариъат, Қум, муассисаи Олулбайт алайҳимус-салом, 1409ҳ.қ.
  • Шуббар, Ҷавод, Адаб-ут-Тафф ав шуъаро-ул-Ҳусайн алайҳис-салом, Бейрут, Дорул-Муртазо, 1409ҳ.қ.
  • "Яқабандон; оини азодории шаҳри Халхол", маҷаллаи Хайма, № 38 ва 39, фарвардин ва урдибиҳишти 1387ҳ.ш.