Сари Имом Ҳусайн (а)
| Сӯгвории муҳаррам | |
|---|---|
Тасвири асри Ошӯро — яке аз осори наққошии Маҳмуди Фаршчиён | |
| Рӯйдодҳо | |
| Номаҳои кӯфиён ба Имом Ҳусайн (а) • Номаи Имом Ҳусайн (а) ба ашрофи Басра • Рӯзи Ошӯро • Воқеаи Карбало • Ошӯро аз нигоҳи омор • Рӯзшумори воқеаи Ошӯро • Асирони Карбало | |
| Шахсиятҳо | |
| Имом Ҳусайн (а) • Алиакбар • Алиасғар • Аббос ибни Алӣ • Ҳазрати Зайнаб (с) • Сукайна бинти Ҳусайн • Фотима бинти Ҳусайн • Муслим ибни Ақил • Шаҳидони Карбало • Асирони Карбало | |
| Маконҳо | |
| Ҳарами Имом Ҳусайн (а) • Талли Зайнабия • Ҳарами ҳазрати Аббос (а) • Гӯдоли қатлгоҳ • Байналҳарамайн • Наҳри Алқама | |
| Мавридҳо | |
| Тасуо • Ошӯро • Даҳаи муҳаррам • Арбаин • Даҳаи сафар | |
| Маросимҳо | |
| Марсияхонӣ • Навҳахонӣ • Таъзияхонӣ • Равзахонӣ • Занҷирзанӣ • Синазанӣ • Сақохона • Дастаи азодорӣ • Шоми ғарибон • Таштгузорӣ • Нахлгардонӣ • Қамазанӣ • Роҳпаймоии арбаин • Тобутгардонӣ • Маросими тобут | |
Сари Имом Ҳусайн (а) (форсӣ: سر امام حسین(ع)) дар воқеаи Карбало аз бадан ҷудо ва ба Кӯфа ва сипас Шомот интиқол дода шуд. Чӣ гуна ҷудо шудани сар, интиқол ва гардондани он дар шаҳрҳо, беэҳтиромӣ ба он, нақли кароматҳо ва ихтилоф дар бораи маҳалли дафни он аз мавзуоти вобаста ба сари Имом Ҳусайн (а) аст, ки дар сарчашмаҳои таърихӣ ва ривоӣ гузориш шудааст.
Бинo бар гузоришҳои таърихӣ, пас аз шаҳодати Имом Ҳусайн (а), Шимр ибни Зилҷавшан ё, бинo бар баъзе нақлҳо, Санон ибни Анас, сари имомро аз бадан ҷудо кард ва Умар ибни Саъд онро ҳамроҳ бо дигар сарҳо ба Кӯфа фиристод. Ибни Зиёд дастур дод сарҳо дар Кӯфа гардонда ва сипас ба Шомот бурда шаванд. Дар масири Кӯфа то Шом низ дар баъзе манобеъ аз ҳамли сарҳо бар найза ва таваққуфи онҳо дар минтақаҳои мухталиф гузориш шудааст. Сарчашмаҳои таърихӣ ҳамчунин гузоришҳое аз беэҳтиромии Ибни Зиёд ва Язид бо сари Имом Ҳусайн (а) нақл кардаанд. Дар баъзе манобеи шиа низ гузоришҳое аз каромати сари имом, монанди тиловати Қуръон ва мушоҳидаи нур аз он, омадааст. Баъзе манобеъ, гардондани онҳо дар шаҳрҳоро иқдоме сиёсӣ аз сӯи ҳукумати Умавӣ барои эҷоди ҳарос ва пешгирӣ аз шаклгирии эътирозот донистаанд.
Маконҳое дар шаҳрҳо ва кишварҳои мухталиф ба унвони маҳалли таваққуф, нигоҳдорӣ ё дафни сари Имом Ҳусайн (а) муаррифӣ шудаанд ки баъзе аз онҳо ба зиёратгоҳҳои Раъс-ул-Ҳусайн шуҳрат ёфтаанд. Дар байни ин маконҳо, Карбало ба унвони маҳалли баргардондани сар ба бадани Имом дар арбаини соли 61 ҳиҷрӣ шуҳрати бештаре ёфтааст.
Ҷойгоҳ ва аҳамият
Гузоришҳои зиёде дар бораи сари Имом Ҳусайн (а) дар сарчашмаҳои таърихӣ ва ривоӣ омадааст; аз ҷумла чӣ гуна ҷудо кардани сар,[1] интиқоли он ба Кӯфа ва Шом,[2] беэҳтиромӣ ба он,[3] қуръонхонӣ сар[4] ва маҳалли дафни он.[5]
Бинo бар баъзе гузоришҳои таърихӣ, пас аз сари Амр ибни Ҳамиқ Хузоӣ, ки дар замони Муовия аз тан ҷудо ва дар шаҳрҳои мухталиф гардонда шуд,[6] сари Имом Ҳусайн (а) ва ёронаш нахустин сарҳое буданд, ки дар шаҳрҳои мухталиф гардонда шуданд.[7] Гардондани сари Имом дар ашъори мансуб ба Башир ибни Ҷазлам ҳангоми хабар додан аз вуруди аҳли байти Имом Ҳусайн (а) ба Мадина низ бозтоб ёфтааст.[8]
Муҳаммадмаҳдии Шамсуддин, аз фақиҳони шиа, ҷудо кардани сари Имом Ҳусайн ва ёронашро иқдоме сиёсӣ барои тарсонидани мардум ва пешгирӣ аз шаклгирии муқовимат дар баробари Умавиён дониста ва онро нишонае аз хусумати Банӣ Умайя бо Банӣ Ҳошим ва талош барои аз миён бурдани қудсияти Имом Ҳусайн (а) шумурдааст.[9]
Ривоятҳои марбут ба сари Имом Ҳусайн (а) дар фарҳанги Ошӯроӣ бозтоб ёфтааст. Равзаи маҷлиси Язид, равзаи танури Хулӣ ва гуфтугӯи роҳиб бо сар, Қуръон хондани сар, беэҳтиромӣ ба он бо чӯби хайзарон ва гардондани он дар шаҳрҳо, дар маҷлисҳои азодории Имом Ҳусайн (а) нақл мешавад. Аз ҷумла сурудаҳое ки дар ин маҷлисҳо хонда мешавад, байти зерин аст:
Кӣ сари Имом Ҳусайнро аз бадан ҷудо кард?
Бинo бар гузоришҳои таърихӣ, пас аз он ки бадани Имом Ҳусайн дар набард бо сипоҳи Умар ибни Саъд аз асп ба замин афтод, Шимр ибни Зилҷавшан ҳамроҳ бо гурӯҳе аз сипоҳиён аз ҷумла Санон ибни Анас ва Хулӣ ибни Язид ба сӯи ӯ рафтанд. Шимр аз онон хост корро тамом кунанд,[11] аммо касе напазируфт. Сипас Хулиро маъмури ҷудо кардани сари имом кард, аммо дасту бадани Хулӣ ларзид ва натавонист ин корро анҷом диҳад. Сипас Шимр[12] ва ба нақле Санон[13] сари Ҳусайнро ҷудо карданд ва ба Хулӣ супориданд.[14]
Дар баъзе манобеъ ба ҷудо кардани сари Имом Ҳусайн аз қафо (пушти сар) ба Шимр нисбат дода шудааст.[15] Дар манобеи шиӣ монанди Биҳор-ул-анвор,[16] мақтали Сайид ибни Товус[17] ва "ал-Маноқиб"-и Ибни Шаҳрошуб[18] ҷудо шудани сари Имом Ҳусайн аз қафо ба суханони Ҳазрати Зайнаб (с) ва Имом Саҷҷод (а) ва ҳамчунин фарозе аз зиёрати Ноҳияи муқаддаса[19] мустанад шудааст.
Интиқоли сар ба Кӯфа ва Шом
Пас аз ҷудо кардани сари Имом Ҳусайн (а), Умар ибни Саъд, онро ба Хулӣ ва Ҳумайд ибни Муслим супорид, то ба Кӯфа назди Убайдуллоҳ ибни Зиёд бибаранд. Тибқи нақли манобеи таърихӣ вақте Хулӣ ба Кӯфа расид ба далели он ки шаб шуда буд ва дари қаср баста буд, сарро ба хонаи худ бурд ва дар танури хона қарор дод то субҳ ба қаср бибарад.[20]
Пас аз он ки сарҳои шаҳидони Карбало ба Кӯфа расонда шуд, Ибни Зиёд дастур дод сарҳои шаҳидонро бар найза кунанд ва дар Кӯфа бигардонанд[21] сипас Заҳр ибни Қайси Ҷуъфӣ, сарҳо ва асирони Карбалоро ба Шом назди Язид бурд.[22]

Таваққуфгоҳҳо
Дар сарчашмаҳои таърихӣ, аз минтақаҳое монанди Тикрит, Води-ун-нахла, Мусил, Нусайбин, Айн-ул-варда, Ҳимс, Ҳамот, Асқалон, Баълбак[23] ва Ҳалаб[24] ба унвони таваққуфгоҳҳо ё масири интиқоли сарҳо ёд шудааст. Баъзе аз ин маконҳо баъдҳо ҷанбаи зиёратӣ ёфтанд ва ба мақомҳои Раъс-ул-Ҳусайн шуҳрат ёфтанд.[25] Аз ҷумлаи онҳо Машҳад-ун-нуқта,[26] Масҷиди Умавӣ,[27] Масҷиди Ҳаннона,[28] Асқалон[29] ва Миср[30] аст.
Беэҳтиромӣ ба сари Имом Ҳусайн (а)
Дар манобеи таърихӣ гузоришҳое аз беэҳтиромӣ Ибни Зиёд ва Язид ба сари Имом Ҳусайн (а) нақл шудааст. Бинo бар ин гузоришҳо, Ибни Зиёд дар Дор-ул-амораи Кӯфа бо чӯбдастӣ бар дандонҳо[31] ва сари имом мезад[32] ва ба тағйири ранги риши ӯ ишора мекард.[33] Ӯ ҳамчунин дастур дод сари Имом Ҳусайн ва дигар шаҳидонро бар найза карданд ва дар Кӯфа гардонданд.[34]
Дар ривояте ба нақли Фазл ибни Шозон аз Имом Ризо (а) омадааст, ки Язид дар ҳузури сари Имом Ҳусайн (а) ба айшу нӯш бо оби ҷав ва бозии шатранҷ пардохт ва ба Имом Ҳусайн (а), Имом Алӣ (а) ва Паёмбари Ислом (с) таҳқир кард. Сипас боқимондаи оби ҷавро канори ташти сар рехт[35] ва бо чӯби хайзарон бар дандонҳои Имом зад.[36] Ҳамчунин дар баъзе гузоришҳо омадааст, ки ба дастури Язид, сари Имом Ҳусайн (а) дар вурудии қасри ӯ овехта шуд[37] ва сарҳои шаҳидон се рӯз дар Димишқ бар дор буданд.[38]
Каромати сари Имом Ҳусайн (а)
Дар баъзе манобеъ, гузоришҳое аз каромати сари Имом Ҳусайн (а) нақл шудааст. Ба гуфтаи Шайхи Муфид, ҳангоме ки сари Имом Ҳусайн (а) ба дастури Ибни Зиёд дар Кӯфа гардонда мешуд, Зайд ибни Арқам шунид, ки сари Имом Ҳусайн (а) ояти 9 сураи Каҳфро тиловат мекунад.[39] Ҳамчунин Табарӣ Омулӣ гузориш кардааст: Ҳорис ибни Вакида, аз афроде ки сарро ҳамл мекарданд, Қуръон хондани онро шунид ва Имом бо ӯ сухан гуфт.[40]
Дар Мақтали Хоразмӣ низ ба нақл аз Абумихнаф омадааст, ки пас аз он ки Хулӣ сари Имом Ҳусайн (а)-ро ба хона бурд ва пинҳон кард. Ҳамсараш сутуне аз нурро мушоҳида кард, ки аз сари Имом ба осмон метобид ва паррандагоне гирди он парвоз мекарданд.[41] Дар китоби ал-Хароиҷ ва-л-ҷароиҳ низ омадааст, ки афроди Ибни Зиёд дар масири ҳамли сари Имом Ҳусайн (а) ба Шом, бо роҳибе масеҳӣ рӯ ба рӯ шуданд. Онон ҳангоми истироҳат, сари Имомро дар сандуқе назди роҳиб гузоштанд ва ӯ нуре аз он мушоҳида кард.[42]
Маҳалли дафни сар
Дар бораи маҳалли дафни сари Имом Ҳусайн (а), гузоришҳои мухталифе дар манобеи шиа ва аҳли суннат омадааст. Карбало,[43] Наҷаф,[44] Мадина,[45] Димишқ,[46] Кӯфа,[47] Руққа,[48] Асқалон,[49] Қоҳира[50] ва Марв[51] аз ҷумлаи маконҳое ҳастанд, ки дар манобеъ ба унвони маҳалли дафни сари Имом муаррифӣ шудаанд.[52] Дар байни ин гузоришҳо, баргардондани сар ба пайкар дар Карбало дар арбаини соли 61-уми ҳиҷрӣ, шуҳрати бештаре дорад.[53]
Эзоҳ
- ↑ Табарӣ, Таърих-ул-умам ва-л-мулук, ҷ.5, саҳ.453.
- ↑ Шайхи Муфид, ал-Иршод, ҷ.2, саҳ.113 - 114; Ибни Товус, ал-Луҳуф, саҳ.189.
- ↑ Шайхи Садуқ, Уюн ахбор-ир-Ризо (а), ҷ.2, саҳ.22.
- ↑ Шайхи Муфид, ал-Иршод, ҷ.2, саҳ.117.
- ↑ Муҳаммадӣ Райшаҳрӣ, Шаҳодатномаи Имом Ҳусайн (а)..., саҳ.726 - 728.
- ↑ Ибни Абдулбар, ал-Истиоб, ҷ.3, саҳ.258.
- ↑ Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, ҷ.10, саҳ.483.
- ↑ Ибни Товус, ал-Малҳуф, саҳ.227.
- ↑ Шамсуддин, Ансор-ул-Ҳусайн, саҳ.228 - 229.
- ↑ «اشعار حضرت زینب سلام الله علیه به همراه سبک/زمینه -(سری به نیزه بلند است در برابر زینب)», Сомонаи Имом-8.
- ↑ Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, ҷ.3, саҳ.203; Табарӣ, Таърих-ул-умам ва-л-мулук, ҷ.5, саҳ.452 - 453; Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, ҷ.8, саҳ.187 - 189.
- ↑ Муфид, ал-Иршод, ҷ.2, саҳ.112; Табарсӣ, Эълом-ул-варо би аълом-ил-ҳудо, ҷ.1, саҳ.469.
- ↑ Табарӣ, Таърих-ул-умам ва-л-мулук, ҷ.5, саҳ.453; Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, ҷ.10, саҳ.473 - 474; Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, ҷ.3, саҳ.61.
- ↑ Муфид, ал-Иршод, ҷ.2, саҳ.112; Табарӣ, Таърих-ул-умам ва-л-мулук, ҷ.5, саҳ.453; Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, ҷ.10, саҳ.473 - 474.
- ↑ Хоразмӣ, Мақтал-ул-Ҳусайн, ҷ.2, саҳ.41 - 42.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, ҷ.45, саҳ.60 ва саҳ.174.
- ↑ Сайид ибни Товус, ал-Малҳуф ало қатла-т-туфуф, саҳ.181.
- ↑ Ибни Шаҳрошуб, ал-Маноқиб, ҷ.4, саҳ.113.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, ҷ.101, саҳ.319.
- ↑ Абумихнаф, Вақъат-ут-Тафф, саҳ.258; Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, ҷ.3, саҳ.206; Табарӣ, Таърих-ул-умам ва-л-мулук, ҷ.5, саҳ.455.
- ↑ Шайхи Муфид, ал-Иршод, ҷ.2, саҳ.117 - 118; Абумихнаф, Вақъат-ут-Тафф, саҳ.264.
- ↑ Шайхи Муфид, ал-Иршод, ҷ.2, саҳ.118.
- ↑ Байзун, Мавсуа Карбало, ҷ.2, саҳ.334 - 338.
- ↑ Ҳусайнии Ҷалолӣ, Мазорот аҳл-ил-байт ва таърихуҳо, саҳ.236.
- ↑ Ҳусайнии Ҷалолӣ, Мазорот аҳл-ил-байт ва таърихуҳо, саҳ.270.
- ↑ Ҳусайнии Ҷалолӣ, Мазорот аҳл-ил-байт ва таърихуҳо, саҳ.236.
- ↑ Ҳусайнии Ҷалолӣ, Мазорот аҳл-ил-байт ва таърихуҳо, саҳ.223.
- ↑ Тӯсӣ, ал-Амолӣ, саҳ.682; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, ҷ.97, саҳ.454.
- ↑ Petersen, Bones of Contention: Muslim Shrines in Palestine, p108-110; Қазвинӣ, Осор-ул-билод ва ахбор-ул-ибод, саҳ.222.
- ↑ Ҳусайнии Ҷалолӣ, Мазорот аҳл-ил-байт ва таърихуҳо, саҳ.272.
- ↑ Шайхи Садуқ, ал-Амолӣ, саҳ.165.
- ↑ Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, ҷ.5, саҳ.393.
- ↑ Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, ҷ.3, саҳ.226.
- ↑ Ибни Ҷавзӣ, Тазкират-ул-хавос, ҷ.2, саҳ.189 - 190.
- ↑ Шайхи Садуқ, Уюн ахбор-ир-Ризо (а), ҷ.2, саҳ.22.
- ↑ Ибни Товус, ал-Луҳуф, саҳ.214.
- ↑ Хоразмӣ, Мақтал-ул-Ҳусайн (а), ҷ.2, саҳ.81.
- ↑ Заҳабӣ, Таърих-ул-ислом, ҷ.5, саҳ.107.
- ↑ Шайхи Муфид, ал-Иршод, ҷ.2, саҳ.117.
- ↑ Табарӣ Омулӣ, Наводир-ул-муъҷизот, саҳ.246.
- ↑ Хоразмӣ, Мақтал-ул-Ҳусайн (а), ҷ.2, саҳ.114; Табарӣ, Таърих-ул-умам ва-л-мулук, ҷ.5, саҳ.455.
- ↑ Ровандӣ, ал-Хароиҷ ва-л-ҷароиҳ, ҷ.2, саҳ.578 - 579.
- ↑ Қозӣ Таботабоӣ, Таҳқиқ дар бораи аввалин арбаини ҳазрати Сайидушшуҳадо (а), саҳ.165; Муҳаммадӣ Райшаҳрӣ, Шаҳодатномаи Имом Ҳусайн (а)..., саҳ.727; Гурӯҳе аз таърихпажӯҳон, Таърихи қиём ва мақтали ҷомеи Сайидушшуҳадо, ҷ.2, саҳ.574 - 578 ва 587 - 589.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.4, саҳ.571 - 572; Ибни Қулавайҳ, Комил-уз-зиёрот, саҳ.35 - 36.
- ↑ Нувайрӣ, Ниҳоят-ул-араб, ҷ.20, саҳ.480.
- ↑ Заҳабӣ, Таърих-ул-ислом, ҷ.5, саҳ.107; Хоразмӣ, Мақтал-ул-Ҳусайн, ҷ.2, саҳ.83.
- ↑ Сибт ибни Ҷавзӣ, Тазкират-ул-хавос, ҷ.1, саҳ.191 - 192.
- ↑ Сибт ибни Ҷавзӣ, Тазкират-ул-хавос, ҷ.2, саҳ.208.
- ↑ Petersen, Bones of Contention: Muslim Shrines in Palestine, p108-110; Имронӣ, ал-Анбо фи таърих-ил-хулафо, саҳ.54; Қазвинӣ, Осор-ул-билод ва ахбор-ул-ибод, саҳ.222.
- ↑ Ибни Абдуззоҳир, ар-Равзат-ул-баҳият-уз-зоҳира, саҳ.30.
- ↑ Нувайрӣ, Ниҳоят-ул-араб, ҷ.20, саҳ.477.
- ↑ Муҳаммадӣ Райшаҳрӣ, Шаҳодатномаи Имом Ҳусайн (а)..., саҳ.726 - 728.
- ↑ Қозӣ Таботабоӣ, Таҳқиқ дар бораи аввалин арбаини ҳазрати Сайидушшуҳадо (а), саҳ.165; Муҳаммадӣ Райшаҳрӣ, Шаҳодатномаи Имом Ҳусайн (а)..., саҳ.727.
Сарчашма
- Абумихнафи Куфӣ, Лут ибни Яҳё, Вақъат-ут-Тафф, муҳаққиқ Муҳаммадҳодии Юсуфии Ғаравӣ, Қум, Ҷомеаи мударрисин Ҳавзаи илмияи Қум, чопи сеюм, 1367ҳ.ш.
- Байзун, Лабиб, Мавсуа Карбало, Бейрут, Муассиса ал-Аъламӣ, бетаърих.
- Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф, таҳқиқи Суҳайл Заккор ва Риёз аз-Зириклӣ, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1417ҳ.қ.
- Гурӯҳе аз таърихпажӯҳон, Таърихи қиём ва мақтали ҷомеи Сайидушшуҳадо, зери назари Маҳдии Пешвоӣ, Қум, Интишороти Муассисаи омӯзишӣ ва пажӯҳишии Имом Хумайнӣ, чопи ёздаҳум, 1395ҳ.ш.
- Заҳабӣ, Шамсуддин, Таърих-ул-ислом ва вафаёт-ул-машоҳир ва-л-аълом, Бейрут, Дор-ул-китоб-ил-арабӣ, 1409ҳ.қ.
- Ибни Абдуззоҳир, Абдуллоҳ, ар-Равзат-ул-баҳият-уз-зоҳира фи хутат-ил-маърибат-ил-Қоҳира, Миср (Қоҳира), Мактабат-уд-дор-ил-арабия ли-л-китоб, 1417ҳ.қ.
- Ибни Абдулбар, Юсуф ибни Абдуллоҳ, ал-Истиоб фи маърифат-ил-асҳоб, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1422ҳ.қ.
- Ибни Касир, Исмоил ибни Умар, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1407ҳ.қ.
- Ибни Қулавайҳ, Ҷаъфар ибни Муҳаммад, Комил-уз-зиёрот, мусаҳҳеҳ Абдулҳусайни Аминӣ, Наҷаф, Дор-ул-муртазавия, 1356ҳ.қ.
- Ибни Саъд, Муҳаммад ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, таҳқиқи Муҳаммад Абдулқодир Ато, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1410ҳ.қ.
- Ибни Ҷавзӣ, Юсуф ибни Қузоуғлӣ, Тазкират-ул-хавос мин-ал-умма бизикри хасоис-ил-аимма, Қум, Интишороти Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт, 1426ҳ.қ.
- Ибни Шаҳрошуб, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқиби Оли Абитолиб, муҳаққиқ Муҳаммадҳусайни Оштиёнӣ ва Ҳошим Расулии Маҳаллотӣ, Қум, нашри Аллома, 1379ҳ.қ.
- Инби Имронӣ, Муҳаммад ибни Алӣ ал-Анбо фи таърих-ил-хулафо, муҳаққиқ: Қосим ас-Сомироӣ, Қоҳира, Дор-ул-офоқ-ил-арабия, 1421ҳ.қ. - 2001.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1407ҳ.қ.
- Қазвинӣ, Закариё ибни Муҳаммад, Осор-ул-билод ва ахбор-ул-ибод, Бейрут, Дор Содир, 1998.
- Қозӣ Таботабоӣ, Муҳаммадалӣ, Таҳқиқ дар бораи аввалин арбаини ҳазрати Сайидушшуҳадо алайҳиссалом, Теҳрон, Созмони чоп ва интишори Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, 1383ҳ.ш.
- Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Муруҷ-уз-заҳаб ва маодин-ул-ҷавҳар, таҳқиқи Асад Доғир, Қум, Дор-ул-ҳиҷра, 1409ҳ.қ.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Муассисат-ул-вафо, 1403ҳ.қ.
- Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршод фи маърифати ҳуҷаҷиллоҳи ала-л-ибод, Қум, Интишороти Конгресси ҷаҳонии Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ.
- Муҳаммадӣ Райшаҳрӣ, Муҳаммад, Шаҳодатномаи Имом Ҳусайн бар пояи манобеи муътабар баргирифта аз Донишномаи Имом Ҳусайн алайҳиссалом, Қум, Муассисаи Дор-ул-ҳадис, 1390ҳ.ш.
- Нувайрӣ, Аҳмад ибни Абдулваҳҳоб, Ниҳоят-ул-араб фи фунун-ил-адаб, Миср (Қоҳира), Вазорат-ус-сақофа ва-л-иршод-ил-қавмӣ, Муассиса ал-Мисрия ал-омма, бетаърих.
- Ровандӣ, Саъид ибни Ҳибатуллоҳ, ал-Хароиҷ ва-л-ҷароиҳ, Қум, Муассиса ал-Имом ал-Маҳдӣ (а), 1409ҳ.қ.
- Сайид ибни Товус, Алӣ ибни Мусо, ал-Малҳуф ало қатла-т-туфуф, муҳаққиқ Фориси Табрезиён, Қум, Дор-ул-усват ли-т-тибоа ва-н-нашр, 1417ҳ.қ.
- Табарӣ Омулӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Наводир-ул-муъҷизот фи маноқиб-ил-аиммат-ил-ҳудот, Қум, Далили мо, 1385ҳ.ш.
- Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умам ва-л-мулук (Таърих ат-Табарӣ), таҳқиқи Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Бейрут, Дор-ут-турос, 1967.
- Табарсӣ, Эълом-ул-варо би аълом-ил-ҳудо, Қум, Муассиса Ол-ил-Байт ли эҳё-ит-турос, 1417ҳ.қ.
- Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Амолӣ, Қум, нашри Дор-ус-сақофа, 1414ҳ.қ.
- Хоразмӣ, Муваффақ ибни Аҳмад, Мақтал-ул-Ҳусайн, Қум, нашри Анвор-ул-ҳудо, 1423ҳ.қ.
- Ҳусайнии Ҷалолӣ, Муҳаммадҳусайн, Мазорот аҳл-ил-байт ва таърихуҳо, Бейрут, Муассиса ал-Аъламӣ ли-л-матбуот, 1415ҳ.қ.
- Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Амолӣ, Теҳрон, Китобчӣ, чопи шашум, 1376ҳ.ш.
- Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Уюн ахбор-ир-Ризо (а), Теҳрон, нашри Ҷаҳон, 1378ҳ.қ.
- Шамсуддин, Муҳаммадмаҳдӣ, Ансор-ул-Ҳусайн, Бейрут, Дор-ул-исломия, бетаърих.
- «اشعار حضرت زینب سلام الله علیه به همراه سبک/زمینه -(سری به نیزه بلند است در برابر زینب)» («Ашъори Ҳазрати Зайнаб саломуллоҳу алайҳо бо ҳамроҳи сабк/замина — (Саре ба найза баланд аст дар баробари Зайнаб)»), Сомонаи Имом-8, санаи дарҷи матлаб: 13 октябри 2015, санаи боздид: 11 октябри 2026.
- Petersen, Andrew, Bones of Contention: Muslim Shrines in Palestine, Springer, Singapore, 2017.