Сайид Муҷтабо Ҳусайнии Хоманаӣ
| Номи комил | Сайид Муҷтабо Ҳусайнии Хоманаӣ |
|---|---|
| Мазҳаб | Шиа |
| Насаб | Аз сайидҳои Афтасӣ ва султон Сайид Аҳмад |
| Санаи таваллуд | 8 сентябри 1969 |
| Зодгоҳ | Машҳад - Эрон |
| Хешовандон | Сайид Ҷавод Ҳусайнии Хоманаӣ (падарбузург) • Сайид Алии Хоманаӣ (падар) • Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил (падарзан) |
| Устодон | Мисбоҳи Яздӣ • Сайид Алии Хоманаӣ • Ҳошимии Шоҳрӯдӣ |
| Имзо | ![]() |

Сайид Муҷтабо Ҳусайнии Хоманаӣ (форсӣ: سید مجتبی حسینی خامنهای) сеюмин Раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон, фарзанди Сайид Алии Хоманаӣ аст. Ӯ пас аз шаҳодати падараш ба дасти Амрико ва режими саҳюнистӣ, аз тарафи Маҷлиси хубрагони Раҳбарӣ, дар 8 марти 2026 ба Раҳбарии Низоми Ҷумҳурии исломии Эрон интихоб шуд.
Зиндагинома
Сайид Муҷтабо дар соли 1969 дар шаҳри Машҳад ба дунё омад. Ӯ назди падараш ва Сайид Маҳмуд Ҳошимии Шоҳрӯдӣ шогирдӣ кард ва дар соли 1999 ба Қум рафт ва дар дарси Муҳаммадтақӣ Мисбоҳи Яздӣ, Муҳсини Харрозӣ, Лутфуллоҳ Софии Гулпойгонӣ ва низ дарси хусусии Алии Андалебӣ ҳозир шуд.
Ӯ аз соли 2011 дар ҳавзаи илмияи Қум то соли 2024 дарси хориҷи фиқҳу усул мегуфт. Ин дарс, ки ҳудуди 13 сол боз баргузор мешуд ва ҳудуди 700 нафар дар он ширкат мекарданд, дар сентябри 2024 поён ёфт.[1]

Сайид Муҷтабо Хоманаӣ дар соли 1999 бо Заҳро Ҳаддоди Одил, духтар Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил, издивоҷ кард. Ҳосили ин издивоҷ ду фарзанди писар ва як духтар аст. Ҳамсари вай дар 28 феврали 2026 дар ҳамлаи муштараки Исроил ва Амрико ба байти Раҳбарӣ, ба ҳамроҳи Сайид Алии Хоманаӣ ба шаҳодат расид.
Сайид Муҷтабо Хоманаӣ дар соли 1986 дар синни 17-солагӣ дар ҷабҳаҳои ҷанги Ироқ бо Эрон ҳузур ёфт ва дар яке аз гурдонҳои лашкари 27 Муҳаммад Расулуллоҳ буд ва дар амалиётҳои гуногуни ин ҷанг ширкат дошт.
Дар ноябри 2019 вазорати хазинадории Амрико ӯро ба ҳамроҳи ҳашт нафар шахсони вобаста ба байти Раҳбарии Эрон таҳрим кард.
Раҳбарии Ҷумҳурии исломӣ
Дар 8 марти 2026 Маҷлиси хубрагони Раҳбарӣ, ҳашт рӯз пас аз шаҳодати Сайид Алии Хоманаӣ, Сайид Муҷтабо Хоманаиро ба унвони сеюмин Раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон интихоб кард. Далели ин таъхир, таҳдидҳои амниятӣ алайҳи нишасти хубрагон ва худдории аввалияи эшон аз пазириши ин масъулият эълом шудааст. Дар ҳамин росто, Амрико ва режими саҳюнистӣ барои ҷилавгирӣ аз баргузории нишасти хубрагон, биноҳои Маҷлиси хубрагон дар шаҳрҳои Қум ва Теҳронро ҳадафи ҳамла қарор дода вайрон карданд. Пеш аз ин интихоб бархе аз мароҷеи тақлид, ҳамчун Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ ва Оятуллоҳ Нурии Ҳамадонӣ, масъулони низом ва гурӯҳҳои мардумӣ бар зарурати суръат бахшидан дар фароянди таини раҳбар таъкид карда буданд.
Вокунишҳо
Интихоби Сайид Муҷтабо Хоманаӣ ба Раҳбарии Эрон бо вокунишҳои густарда дар дохил ва хориҷ аз Эрон рӯ ба рӯ шуд. Мақомҳои сиёсии хориҷӣ, гурӯҳҳои муқовимати исломӣ ва масъулони баландпояи Ҷумҳурии исломии Эрон ин интихобро табрик гуфтанд. Дар Эрон илова бар табрикоти шахсиятҳо, ниҳодҳо ва гурӯҳҳои мухталиф, маросимҳои умумии байъат бо раҳбари нав дар саросари ин кишвар баргузор ва бар пайравӣ аз ӯ таъкид шуд.
Оятуллоҳ Нурии Ҳамадонӣ, аз мароҷеи тақлид, интихоби Сайид Муҷтабо Хоманаиро шоиста ва ҳакимона хонд ва вайро дорои тамомии шароити лозим барои раҳбарӣ, аз ҷумла фақоҳат, шуҷоат, тақво, замоншинос, мудирият ва тадбир, донист. Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ низ интихоби хубрагонро аслаҳ баршумурд ва мардум ва аркони низомро ба байъат кардан бо раҳбари нав ва идомаи масири инқилоб бо иттиҳоду истиқомат фарохонд. Владимир Путин, раисҷумҳури Руссия, ибрози умедворӣ кард, ки вай роҳи падарашро бо иззат давом диҳад ва мардуми Эронро дар баробари номулоимот муттаҳид созад. Эмомалӣ Раҳмон, расиҷумҳури Тоҷикистон, низ дар зимни паёми тарикияш аз нақши созандаи Эрон дар тақвияти сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон таъкид карда боварияшро аз сарафрозии кишвари дӯсту бародар, Эрон, таҳти раҳбарии вай иброз дошт.

Дар муқобил Амрико ва режими саҳюнистӣ нисбат ба ин интихоб ибрози нигаронӣ карда ва ӯро таҳдид ба террор намуданд. Пештар низ ин ду режим нисбат интихоби Сайид Муҷтабо Хоманаӣ ба раҳбарии Эрон ҳушдор дода буданд.
Мавзеъгириҳои даврони раҳбарӣ
Дар 12 марти соли 2026, Сайид Муҷтабо Хоманаӣ нахустин паёми расмии худро ба ҳайси Раҳбари ҷадид ироа дод. Ин паём, ки дар давоми ҷанги Рамазон интишор ёфт, дар ҳафт сарфасл танзим шуда, дорои нукоте дар бораи мақом ва нақши Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманаӣ, вазифаҳои миллат, нерӯҳои мусаллаҳ, дастгоҳҳои иҷроия, меҳвари муқовимат, кишварҳои минтақа ва усулҳои мубориза бо душманони хориҷӣ буд. Ҳамчунин дар ин паём бар зарурати равшансозии мавқеи кишварҳои Ғарби Осиё дар баробари «таҷовузкорон ба Эрон» ва бастани пойгоҳҳои низомӣ ва молии бегонагон таъкид шудааст. Ӯ даъвои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба барқарор кардани сулҳу амният дар минтақаро «дурӯғи ошкор» хонд ва ба идомаи воситаҳои фишор, аз ҷумла баста нигоҳ доштани тангаи Ҳурмуз то ақибнишинии пурраи таҷовузкорон, таъкид кард.[3]
Ӯ ҳамчунин дар остонаи иди саиди Фитр ва Наврӯз, ҳангоми изҳори ҳамдардӣ бо оилаҳо ва бозмондагони шаҳидони ҷанги дувоздаҳрӯза, ҳодисаҳои январи 2026 ва ҷанги Рамазон, ҳодисаҳои январро кӯдато ва ҷанг номид. Ҳамчунин шиори соли 1405-уми ҳиҷрии шамсиро, ки солшумории расмии Эрон аст, «Иқтисоди муқовиматӣ дар сояи ваҳдати миллӣ ва амнияти миллӣ» эълон кард.[4] Дар ин паём бар муносибатҳои нек бо кишварҳои ҳамсоя таъкид шуд ва аз Афғонистон ва Покистон хоста шуд, ки ба манзури ҳифзи ваҳдати мусалмонон, муносибатҳои беҳтаре бо якдигар дошта бошанд.
Дар суханонаш ба Наим Қосим дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон, изҳор дошт, ки сиёсати собити Ҷумҳурии исломии Эрон, идомадиҳандаи роҳи Имом Хумайнӣ ва Оятуллоҳ Хоманаӣ бар пуштибонии доимии муқовимат дар баробари Амрико ва саҳюнизм устувор аст.
Паём ба муносибати чиҳилуми рӯзи шаҳодати Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ
Дар 9 апрели соли 2026 ба муносибати чиҳилумин рӯзи шаҳодати раҳбари дувуми низоми Ҷумҳурии исломии Эрон ва масоили муҳими марбут ба ҷанги таҳмилии сеюм паёми муфассал ироа кард ва бар давомнокии ҳузури мардум дар майдон ҳамчун 40 рӯзи гузашта таъкид намуд. Дар ин паём аз раҳбари шаҳиди Эрон ҳамчун фақеҳе замоншинос ва басир, муҷоҳиде хастагинопазир, олиме омил ва раббонӣ, аҳли зикр, таҳаҷҷуд ва тазарруъ ба даргоҳи рубубӣ ва тавассул ба завоти муқаддасаи маъсумин, салавотоллоҳи ва саломуҳу алайҳим аҷмаин, ва муъмин ба ваъдаҳои Илоҳӣ ёд кард. Ҳамчунин дар қисмате аз ин паём, ҳангоми эъломи омодагии Эрон барои нишон додани бародарӣ ва хайрхоҳӣ ба ҳамсоягон, хитоб ба ҳамсоягони ҷанубии Эрон таъкид шудааст, ки бо диққат ба ҳодисаҳои ҷорӣ, ки мисли муъҷизае ҳастанд, бингаранд ва ба ваъдаҳои қудратҳои хориҷӣ эътимод накунанд ва дар таҳаввулоти ҷорӣ дуруст бубинанд ва дуруст дарк кунанд ва дар ҷои дуруст биистанд.[5]
Эзоҳ
- ↑ «چرا آیتالله مجتبی خامنهای کلاس درس خارج را تعطیل کرد؟ (فیلم)», Асри Эрон
- ↑ «مراسم بیعت با سومین رهبر انقلاب - تهران», Сайти ИСНА
- ↑ «اولین پیام حضرت آیتالله سیدمجتبی حسینی خامنهای رهبر معظّم انقلاب اسلامی», Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ.
- ↑ Барои дидани матни пурраи ин паём ниг.: پیام نوروزی رهبر انقلاب به مناسبت آغاز سال ۱۴۰۵؛ سال «اقتصاد مقاومتی در سایه وحدت ملّی و امنیّت ملّی», Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ Барои дидани матни пурраи ин паём ниг.: پیام حضرت آیتالله سیدمجتبی حسینی خامنهای رهبر معظّم انقلاب اسلامی بهمناسبت چهلمین روز شهادت قائد عظیمالشأن انقلاب (قدّس الله نفسه الزکیه) و مسائل مهم مربوط به جنگ تحمیلی سوم», Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
Сарчашма
- «اولین پیام حضرت آیتالله سیدمجتبی حسینی خامنهای رهبر معظّم انقلاب اسلامی» («Аввалин паёми ҳазрати Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусайнии Хоманаӣ Раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ»), Сомонаи Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи дарҷи матлаб: 12 марти 2026м, санаи боздид: 26 апрели 2026.
- «پیام نوروزی رهبر انقلاب به مناسبت آغاز سال ۱۴۰۵؛ سال «اقتصاد مقاومتی در سایه وحدت ملّی و امنیّت ملّی» («Паёми наврӯзии Раҳбари инқилоб ба муносибати оғози соли 1405; соли «Иқтисоди муқовиматӣ дар сояи ваҳдати миллӣ ва амнияти миллӣ»), Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи боздид: 26 апрели 2026.
- «پیام حضرت آیتالله سیدمجتبی حسینی خامنهای رهبر معظّم انقلاب اسلامی بهمناسبت چهلمین روز شهادت قائد عظیمالشأن انقلاب (قدّس الله نفسه الزکیه) و مسائل مهم مربوط به جنگ تحمیلی سوم» («Паёми ҳазрати Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусайнӣ Хоманаӣ Раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ ба муносибати чиҳилумин рӯзи шаҳодати қоиди азимушшаъни инқилоб (қаддасаллоҳу нафсаҳу-з-закия) ва масоили муҳими марбут ба ҷанги таҳмилии сеюм»), Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи боздид: 26 апрели 2026.
- «پیامهای تبریک انتخاب سومین رهبر انقلاب اسلامی» («Паёмҳои табрики интихоби сеюмин Раҳбари инқилоби исломӣ»), Сайти Шафақно, санаи боздид: 26 апрели 2026.
- «مراسم بیعت با سومین رهبر انقلاب - تهران» («Маросими байъат бо сеюмин Раҳбари инқилоб - Теҳрон»), Сайти ИСНА, санаи боздид: 26 апрели 2026.
- «جدیدترین واکنشهای بینالمللی به انتخاب رهبر جدید انقلاب اسلامی» («Ҷадидтарин вокунишҳои байналмилалӣ ба интихоби Раҳбари ҷадиди Инқилоби исломӣ»), Хабаригузории Меҳр, санаи боздид: 26 апрели 2026.
- «پیام های تبریک مراجع، شخصیتها و مقامات حوزوی و کشوری درپی انتخاب رهبر جدید انقلاب اسلامی» («Паёмҳои табрики мароҷеъ, шахсиятҳо ва мақомоти ҳавзавӣ ва кишварӣ дар пайи интихоби Раҳбари ҷадиди Инқилоби исломӣ»), Сайти Шафақно, санаи боздид: 26 апрели 2026.
- «چرا آیتالله مجتبی خامنهای کلاس درس خارج را تعطیل کرد؟ (فیلم)» («Чаро Оятуллоҳ Муҷтабо Хоманаӣ синфи дарси хориҷро баст? (Филм)»), Сайти Асри Эрон, санаи боздид: 26 апрели 2026.
- «رهبر جدید انقلاب اسلامی توسط مجلس خبرگان رهبری تعیین و معرفی شد» («Раҳбари ҷадиди Инқилоби исломӣ тавассути Маҷлиси хубригони Раҳбарӣ таъин ва муаррифӣ шуд»), Сайти расмии Дабирихонаи Маҷлиси хубригони Раҳбарӣ, санаи боздид: 26 апрели 2026.
