Наим Қосим

Аз wikishia
Наим Қосим
МазҳабШиа
Санаи таваллуд1953
Зодгоҳшаҳри Кафарфила
ТаълифотҲизбуллоҳи Лубнон; хатти машй, гузашта ва ояндаи он • ал-Имом ал-Хумайнӣ байн-ал-асолати ва-т-таҷдид • ал-Валийи ва-л-муҷаддид
СиёсӣДабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон
Вебгоҳи расмӣhttps://naimkassem.com.lb/index.php


Наим Қосим (арабӣ: نعيم قاسم) маъруф ба Шайх Наим Қосим (тав.1953) чорумин дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон.

Ӯ дар давраи дабирикулии Сайид Аббоси Мӯсавӣ ва Сайид Ҳасан Насруллоҳ муовини дабири кул буд ва пас аз шаҳодати Сайид Ҳасан Насруллоҳ ба унвони чорумин дабири кулли Ҳизбуллоҳ интихоб шуд. Наим Қосим узви ҷунбиш Амал буда ва ба ҳамроҳи Имом Мӯсо Садр дар ташкили ҳаракат-ул-маҳрумин нақш доштааст. Ӯ ҳамчунин аз муассисони Ҳизбуллоҳ Лубнон буда ва аз соли 1991 ноиби раиси он будааст.

Наим Қосим раиси Шӯрои порлумонии Ҳизбуллоҳ ва ҳамчунин масъули ҳамоҳангии вузарои наздик ба Ҳизбуллоҳ дар давлати Лубнон аст. Ӯ боварманд ба назарияи вилоят фақиҳ аст ва ду китоб аз осори пуршумораш дар бораи Имом Хумайнӣ ва Сайид Алии Хоманаӣ, раҳбарони Ҷумҳурии исломии Эрон, навишта шудааст.

Зиндагинома

Наим Қосим дар соли 1953 дар рӯстои Кафарфила дар вилояти Набатия дар ҷануби Лубнон зода шуд.[1] Ӯ ба забони фаронсавӣ мусаллат аст. Дар соли 1970 аз донишгоҳи Лубнон маълумоти олӣ дар соҳаи химия гирифтааст ва дар улуми ҳавзавӣ шогирди Сайид Муҳаммадҳусайн Фазлуллоҳ буд.[2]

Дабирикулии Ҳизбуллоҳ

Ҳизбуллоҳи Лубнон дар 29 октябри 2024 ва ҳудуди як моҳ пас аз шаҳодати Сайид Ҳасан Насруллоҳ сеюмин дабири кулли Ҳизбуллоҳ, аз интихоби Наим Қосим ба унвони дабири кулли Ҳизбуллоҳ хабар дод.[3] Наим Қосим пеш аз он, раиси шӯрои порлумонии Ҳизбуллоҳи Лубнон ва ҳамчунин масъули ҳамоҳангии вузарои наздик ба Ҳизбуллоҳ дар давлати Лубнон буд.[4]

Вай дар соли 1982 ҳамроҳ бо Сайид Аббос Мӯсавӣ, Субҳӣ Туфайлӣ, Муҳаммад Язбук, Иброҳим Амин Ассайид ва Сайид Ҳасан Насруллоҳ дар таъсиси Ҳизбуллоҳи Лубнони саҳим буд ва аз соли 1991ми қоими мақоми Ҳизбуллоҳ Лубнон будааст.[5]

Нақш дар таъсиси ташкилоти Ҳаракат-ул-маҳрумин

Наим Қосим фаъолиятҳои сиёсии худро дар даҳаи 1970 дар ҷунбиши Амал ба раҳбарии Имом Мӯсо Садр оғоз кард ва чунонки худ гуфта, дар таъсиси Ҳаракат-ул-маҳрумин низ нақш доштааст.[6] Ӯ ҳамчунин муовини фарҳангии ҷунбиши Амал буд ва пас аз нопадид шудани Сайид Мӯсо Садр, аз ҷунбиши Амал ҷудо шуд.[7]

Эътиқод ба вилояти фақиҳ ва робита бо Эрон

Аёдати Наим Қосим аз Оятуллоҳ Хоманаӣ

Чунонки дар сайти шахсии Наим Қосим зикр шуда, ӯ ба назарияи вилояти фақиҳ ва дар натиҷа вилояти Сайид Алӣ Хоманаӣ пас аз Имом Хумайнӣ бовар дорад ва дар бораи ҳар кадом аз ду раҳбари низоми Ҷумҳурии исломии Эрон китоб навиштааст.[8]

Дар ҷараёни бистарӣ шудани Сайид Алӣ Хоманаӣ раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон дар бемористон, шайх Наим Қосим, ки барои ширкат дар ҳамоиши «Уламои ислом дар ҳимоят аз муқовимати Фаластин» ба Эрон сафар карда буд, ба ҳамроҳи ҷамъе аз уламои мусулмон ба аёдати вай рафт.[9]

Наим Қосим, илова бар ин, дар бисёре аз ҳамоишҳои Эрон, аз ҷумла дар Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт, Маҷмаъи тақриби мазоҳиб, Конфаронсҳои ваҳдати исломӣ ва конфаронсҳои Рӯзи ҷаҳонии Қудс ширкат кардааст.[10]

Таълифот

Шайх Наим Қосим нависандаи осоре дар заминаҳои ҳуқуқи маданӣ, вазъияти занон, вазъияти муаллимон, вазъият хонандагон, ҳуқуқи мардону занон, вазоифи волидайн нисбат ба фарзандон ва ғайра аст.[11] Ӯ китоб «ал-Имом-ул-Хумайнӣ байн-ал-асолати ва-т-таҷдид»-ро дар бораи Имом Хумайнӣ ва китоб «ал-Валийю ва-л-муҷаддид»-ро дар бораи Оятуллоҳ Хоманаӣ навиштааст.[12]

Ҳамчунин яке аз таълифоти вай китобе аст бо номи форсии «Ҳизбуллоҳи Лубнон; хатти машй, гузашта ва ояндаи он» ки дар соли 2002 навишта шуда ва то кунун ба забонҳои форсӣ, англисӣ, фаронсавӣ, туркӣ, урду ва инданезӣ тарҷума шудааст.[13]

Акси ҷилди китоби Ҳизбуллоҳ; ал-манҳаҷ; ат-таҷриба; ал-мустақбал

Осори дигари вай иборатанд аз:

  • Сабил-ул-лоҳ
  • Ал-Қуръону манҳаҷ-ул-ҳидоя
  • Муҷтамаъ-ул-муқовама
  • Ал-Маҳдий-ил-мухлис
  • Аш-шоббу шуълатун таҳриқу ав тузиъ
  • Қиссатӣ маъа-л-ҳиҷоб
  • Сабилука ила макорим-ил-ахлоқ
  • Ҳизбуллоҳ... Ал-манҳаҷ.. Ат-таҷриба.. Ал-мустақбал
  • Фи риҳоби Рисолат-ул-ҳуқуқ
  • Шарҳи Рисолаи ҳуқуқи Имом Зайнулъобидин алайҳиссалом
  • Ҳуқуқ-ун-нос
  • Ал-Ҳуқуқ-ус-салоса
  • Ҳуқуқ-ул-муъаллими ва-л-мутаъаллим
  • Ҳуқуқ-уз-завҷи ва-з-завҷа
  • Ҳуқуқ-ул-афъол
  • Ҳуқуқ-ул-волидайни ва-л-валад
  • Ҳуқуқ-ул-ҷавориҳ
  • Ошуроу мададун ва ҳаёт
  • Маъолиму ли-л-ҳаёти мин наҳҷи Амирилмуъминин алайҳиссалом.[14]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. «Naim Qassem», Сайти Ҳизбуллоҳ
  2. «Naim Qassem», Сайти Ҳизбуллоҳ
  3. «إنتخاب سماحة الشيخ نعيم قاسم أمينًا عامًّا لحزب الله», ал-Манор
  4. «السیرة الذاتیة», Сайти шахсии Наим Қосим
  5. «Naim Qassem», Сайти Ҳизбуллоҳ
  6. «Naim Qassem», Сайти Ҳизбуллоҳ
  7. «السیرة الذاتیة», Сайти шахсии Наим Қосим
  8. «السیرة الذاتیة», Сайти шахсии Наим Қосим
  9. «روایت جانشین سیدحسن نصرالله از عیادت رهبر انقلاب», Хабаргузории АБНА
  10. «السیرة الذاتیة», Сайти шахсии Наим Қосим
  11. «السیرة الذاتیة», Сайти шахсии Наим Қосим
  12. «السیرة الذاتیة», Сайти шахсии Наим Қосим
  13. «حزب‌الله لبنان؛ خط‌مشی، گذشته و آیندۀ آن, Сайти Одинабук
  14. «السیرة الذاتیة», Сайти шахсии Наим Қосим

Сарчашма