Сарха

Сарха (форсӣ: صَرخه) шиори сиёсӣ-мазҳабии Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман аст, ки ҳамчун рамзи ҳувияти фикрӣ, фарҳангӣ ва сиёсии ин ҷунбиш шинохта мешавад. Ансоруллоҳ ин шиорро баргирифта аз таълимоти қуръонӣ дониста ва онро дар чорчӯби гуфтугӯи муқовимат ва мухолифат бо нуфузи хориҷӣ тафсир мекунад. Баъзе, ин шиорро мутаассир аз шиорҳои Инқилоби исломии Эрон донистаанд.
Ин шиор дарбаргирандаи такбир, марг бар Амрико ва Исроил, лаънат бар яҳуд ва таъкид бар пирӯзии ислом аст.
Ансоруллоҳ ҳар сол ҳафтае бо унвони «Ҳафтаи Сарха» барои бузургдошти ин шиор баргузор мекунад, ки дарбаргирандаи барномаҳо ва маросимҳои гуногун аст.
Муаррифӣ ва муҳтаво
Сарха, ба маънои фарёд,[1] номи шиори сиёсӣ ва мазҳабии Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман аст, ки онро баргирифта аз таълимоти Қуръон медонанд.[2] Ин шиор ба навъе қисмате аз чорчӯби фикрӣ ва фарҳангии ин ҷунбиш ба шумор меравад.[3] Сарха ҳамчун намуди ҳувиятӣ ва сиёсии Ансоруллоҳ дар таҷаммуот ва расонаҳои ин ҷунбиш ба кор меравад.[4] Парчами расмии Ансоруллоҳ, сафедранг аст, ки матни шиори Сарха бо ранги сабз ва сурх бар он навишта шудааст.[5] Гуфта мешавад шиори Сарха мутаассир аз шиорҳои Инқилоби исломии Эрон аст.[6]
Шиори Сарха нахустин бор тавассути Ҳусайни Бадруддини ал-Ҳусӣ, раҳбари нахустини ин ҷунбиш, дар аввалҳои соли 2002 мелодӣ дар мактаби Имом ал-Ҳодӣ дар минтақаи Маррони Яман матраҳ гардид.[7] Баъзе таърихи оғози ин шиорро соли 2000 мелодӣ[8] ва дар вокуниш ба сиёсатҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Исроил дар баробари Ховари Миёна ва пас аз вуқуи интифозаи дувуми Фаластин донистаанд.[9]
Шиори Сарха дорои панҷ иборат аст:
- «Аллоҳу Акбар»: Аз он ҳамчун манбаи рӯҳия ва қудрати маънавии Ансоруллоҳи Яман ёд мешавад;
- «Ал-Мавту ли-Амрико» (марг бар Амрико): Барои изҳори мухолифат бо сиёсатҳои Амрико;
- «Ал-Мавту ли-Исроил» (марг бар Исроил): Барои талаби нобудии режими саҳюнистӣ;
- «Ал-Лаънату ъала-л-яҳуд» (лаънат бар яҳуд): Ба мухолифат бо яҳудиёни исломситез тафсир мешавад.
- «Ан-Насру ли-л-Ислом» (пирӯзӣ аз они Ислом аст): Дуо барои нусрвту пирӯзии размандагони Ислом.[10]
Коркарди шиори Сарха
Ҳусиҳо ин шиорро абзоре барои нотавон кардани ҳайманаи истикбор[11] ва силоҳи муассире барои муқобилаи нарм бо душман медонанд.[12] Шиори Сарха дар ибтидо бо ҳадафи шикастани фазои тарс ва тақвияти рӯҳияи эътироз нисбат ба нуфуз ва султаи хориҷӣ дар Яман ва минтақа ба кор гирифта шуд.[13] Ҳамчунин аз он ҳамчун абзоре барои муқобила бо сиёсатҳои Амрико ва Исроил дар минтақа ёд шудааст.[14] Ба гуфтаи Абдулмалики Ҳусӣ, раҳбари севуми Ҷунбиши Ансоруллоҳ, ин шиор, боиси басеҷи умумӣ дар баробари душманони Ислом ва мусалмонон мешавад.[15]
Гуфта шудааст, ки таъкид бар ин шиор дур доштани кишвари Яман аз нақшаи муқаррарисозии муносибатҳо бо Исроил нақш доштааст.[16] Ҳамчунин гуфта шуда сардодани он ба коҳиши нуфузи Амрико дар Яман аз ҷумла хуруҷи сафири ин кишвар, анҷомидааст.[17]
Ҳусайн ал-Ҳусӣ дар суханроние бо унвони «ас-Сарха фи ваҷҳ-ил-мустакбирин» дар 17 январи 2002 мелодӣ, ин шиорро аввалин қадами мубориза бо золимон эълом кард ва онро шиор ва нишонаи аслии ҷараёни эҳёи зайдия дар Яман шумурд.[18]
Вокунишҳо ба шиори Сарха
Нахустин вокуниш ба шиори Сарха аз сӯи ҳукумати Алӣ Абдуллоҳ Солеҳи Яман сурат гирифт; ки дар натиҷаи он, сар додани ин шиор мамнуъ эълом шуд ва ба муқобилаи низомӣ бо Ҳусайни ал-Ҳусӣ ва пайравонаш анҷомид.[19] Қозӣ Муҳаммад ибни Муҳаммади Вазир, муфтии яманӣ, сар додани ин шиорро бидъат донист.[20] Баъзе мунтақидон низ чунин шиорҳоро боиси ташдиди ташаннуҷҳои сиёсӣ ва заиф гардидани ҷойгоҳи Яман дар арсаи байналмилал арзёбӣ кардаанд.[21] Ҳамчунин, бахше аз он ҳамчун мисдоқи яҳудиситезӣ мавриди интиқод қарор гирифтааст.[22]

Аз сӯи дигар ин шиор фаротар аз марзҳои Яман низ бозтоб ёфта ва бо истиқболи баъзе миллатҳо ва гурӯҳҳо мувоҷеҳ гардида ва ба рамзи ҳамсӯӣ бо меҳвари муқовимат шинохта мешавад[23] ва дар баъзе роҳпаймоиҳо ин шиор сар дода шудааст.[24]
Ҳафтаи Сарха
Ансоруллоҳи Яман ҷумъаи охири моҳи Шавволро рӯзи Шиор номгузорӣ кардааст ва ҳарсола ба муддати як ҳафта маросиме барои гиромӣ дошти ин рӯз ва ҳафтаи Сарха баргузор мешавад.[25] Дар ин ҳафта, ки аз муҳимтарин маросимҳои солонаи Ансоруллоҳи Яман ба шумор меравад, паради низомӣ ва семинарҳои гуногун баргузор мегардад.[26]
Эзоҳ
- ↑ «پرچم انصارالله یمن کدام است؟», Вебгоҳи гурӯҳи ҷиҳодии Увайси Қаранӣ
- ↑ «شعار الصرخة امتداد لمشروع قرآني رسم للشعب اليمني مسار التحرر من هيمنة القوى الخارجيه», Вебгоҳи Ас-Савра
- ↑ «چرا شعار صرخه به نماد هویت سیاسی در یمن تبدیل شد؟», Вебгоҳи Яман-ул-ислом
- ↑ «چرا شعار صرخه به نماد هویت سیاسی در یمن تبدیل شد؟», Вебгоҳи Яман-ул-ислом
- ↑ «پرچم انصارالله یمن کدام است؟», Вебгоҳи гурӯҳи ҷиҳодии Увайси Қаранӣ
- ↑ Ҳалолӣ, «شعار حوثیها نسخهای از شعارهای جمهوری اسلامی», Вебгоҳи хабаргузории Индепендент; «استجابة ضعيفه لدعوة الحوثيين الى الصرخه», Вебгоҳи шабакаи хабарии Ал-Ҷазира
- ↑ Солеҳ ад-Даъонӣ, «البنیة الصوتیه و دلالاتها فی نص شعار الصرخه», саҳ.217; Ал-Банус, «الصرخه.. هتاف الاحرار», Вебгоҳи хабарӣ 21 Сентябр; Ал-Баҳкалӣ, «الصرخه فی وجه المستکبرین.. السلاح الذی لم یستطع الاعداء مواجهته», Вебгоҳи Ас-Савра
- ↑ Шокири Абурос, «شعار الصرخة من الاستضعاف إلى التمكين», Вебгоҳи Ансоруллоҳ
- ↑ Шокири Абурос, «شعار الصرخة من الاستضعاف إلى التمكين», Вебгоҳи Ансоруллоҳ
- ↑ Алии Ал-Баҷалӣ, «مضامين الشعار.. تجليات الرؤية القرآنيه في مواجهة الهيمنه», Вебгоҳи шабакаи хабарии Ал-Масира
- ↑ Умайр, «الصرخه.. جهاد و ارادة الامه فی مواجهة الطغاه», Вебгоҳи Яманӣ-пресс
- ↑ Солеҳ ад-Даъонӣ, «البنیة الصوتیه و دلالاتها فی نص شعار الصرخه», саҳ.217
- ↑ «چرا شعار صرخه به نماد هویت سیاسی در یمن تبدیل شد؟», Вебгоҳи Яман-ул-ислом
- ↑ Солеҳ ад-Даъонӣ, «البنیة الصوتیه و دلالاتها فی نص شعار الصرخه», саҳ.217
- ↑ «گزیده بیانات سید عبدالملک الحوثی در روز صرخه یمن(۱۴۰۲)», Вебгоҳи гурӯҳи ҷиҳодии Увайси Қаранӣ
- ↑ «شعار الصرخة امتداد لمشروع قرآني رسم للشعب اليمني مسار التحرر من هيمنة القوى الخارجيه», Вебгоҳи Ас-Савра
- ↑ «شعار الصرخة امتداد لمشروع قرآني رسم للشعب اليمني مسار التحرر من هيمنة القوى الخارجيه», Вебгоҳи Ас-Савра
- ↑ «گزیده بیانات سید عبدالملک الحوثی در روز صرخه یمن(۱۴۰۲)», Вебгоҳи гурӯҳи ҷиҳодии Увайси Қаранӣ
- ↑ «السید حسین الحوثی.. الفکر الجهادی و الانتماء الیمنی», Вебгоҳи шабакаи хабарии ал-Маёдин
- ↑ Ал-Вазир, «فتوی حول الصرخه التی استحدثت فی بعض مساجد الیمن», Вебгоҳи Шабва-пресс
- ↑ «چرا شعار صرخه به نماد هویت سیاسی در یمن تبدیل شد؟», Вебгоҳи Яман-ул-ислом
- ↑ Ал-Баъва, «شعار الصرخه و معاداة السامیه», Вебгоҳи Ансоруллоҳ
- ↑ «چرا شعار صرخه به نماد هویت سیاسی در یمن تبدیل شد؟», Вебгоҳи Яман-ул-ислом
- ↑ Абдулмалик, «الصرخه.. من حصریتها فی جبال دوله الی انتشارها فی میادین دول», Вебгоҳи Яманӣ-пресс
- ↑ «پرچم انصارالله یمن کدام است؟», Вебгоҳи гурӯҳи ҷиҳодии Увайси Қаранӣ; «الصرخه المنطلقات و الاهداف», Вебгоҳи Саъданюс
- ↑ «الحوثیون یحییون اسبوع الصرخه: رسائل للاعداء و الحلفاء», Вебгоҳи ал-Арабий-ил-ҷадид
Сарчашма
- Абдулмалик, Аҳмад, «الصرخه.. من حصریتها فی جبال دوله الی انتشارها فی میادین دول», («ас-Сарха.. мин ҳасриятҳо фи ҷиболи давла ило интишориҳо фи маёдини дувал»), Вебгоҳи Яманӣ-пресс, санаи дарҷи матлаб: 22 июли 2011, санаи боздид: 11 феврали 2026.
- ал-Банус, Абдулфаттоҳ, «الصرخه.. هتاف الاحرار», («ас-Сарха.. ҳатоф-ул-аҳрор»), Вебгоҳи хабарӣ 21 Сентябр, санаи дарҷи матлаб: 5 июни 2022, санаи боздид: 30 январи 2026.
- Ал-Баҳкалӣ, Содиқ, «الصرخه فی وجه المستکبرین.. السلاح الذی لم یستطع الاعداء مواجهته», («ас-Сарха фи ваҷҳ-ил-мустакбирин.. ас-силоҳ-ул-лазӣ лам ястатеъ ал-аъдоъ мувоҷаҳатаҳу»), Вебгоҳи Ас-Савра, санаи дарҷи матлаб: 19 июни 2020, санаи боздид: 24 феврали 2026.
- Ал-Баъва, Зайд, «شعار الصرخه و معاداة السامیه», («Шиор-ус-сарха ва муъодот-ус-сомия»), Вебгоҳи Ансоруллоҳ, санаи дарҷи матлаб: 27 июни 2019, санаи боздид: 18 феврали 2026.
- Ал-Вазир, Муҳаммад, «فتوی حول الصرخه التی استحدثت فی بعض مساجد الیمن», («Фатво ҳавла-с-сарха аллати истаҳдасат фи баъзи масоҷид-ил-Яман»), Вебгоҳи Шабва-пресс, санаи дарҷи матлаб: 21 феврали 2015, санаи боздид: 8 феврали 2026.
- Алӣ Ал-Баҷалӣ, Асил, «مضامين الشعار.. تجليات الرؤية القرآنيه في مواجهة الهيمنه», («Мазомин-уш-шиъор.. таҷаллиёт-ур-руъят-ил-қуръония фи мувоҷаҳат-ил-ҳаймана»), Вебгоҳи шабакаи хабарии Ал-Масира, санаи дарҷи матлаб: 13 июли 2025, санаи боздид: 14 феврали 2026.
- Солеҳ Зафрон Ад-Даъонӣ, Собит, «البنیة الصوتیه و دلالاتها فی نص شعار الصرخه», («Ал-Бунят-ус-савтия ва дилолатуҳо фи насши шиор-ис-сарха»), дар маҷаллаи Ҷомеаи Умрон, №4, 2022.
- Умайр, Аҳмад, «الصرخه.. جهاد و ارادة الامه فی مواجهة الطغاه», («ас-Сарха.. ҷиҳод ва иродат-ул-умма фи мувоҷаҳат-ит-туғот»), Вебгоҳи Яманӣ-пресс, санаи дарҷи матлаб: 4 феврали 2026, санаи боздид: 14 феврали 2026.
- Ҳалолӣ, Халуд, «شعار حوثیها نسخهای از شعارهای جمهوری اسلامی», («Шиори ҳусиҳо нусхае аз шиорҳои ҷумҳурии исломӣ»), Вебгоҳи хабаргузории Индепендент, санаи дарҷи матлаб: 10 сентябри 2019, санаи боздид: 30 январи 2026.
- Шокир Абурос, Фаҳд, «شعار الصرخة من الاستضعاف إلى التمكين», («Шиор-ус-сарха мин-ал-истизъофи ило-т-тамкин»), Вебгоҳи Ансоруллоҳ, санаи дарҷи матлаб: 30 майи 2023, санаи боздид: 6 январи 2026.
- «چرا شعار صرخه به نماد هویت سیاسی در یمن تبدیل شد؟», («Чаро шиори Сарха ба намуди ҳувияти сиёсӣ дар Яман табдил шуд?»), Вебгоҳи Яман-ул-ислом, санаи дарҷи матлаб: 4 феврали 2026, санаи боздид: 10 феврали 2026.
- «شعار الصرخة امتداد لمشروع قرآني رسم للشعب اليمني مسار التحرر من هيمنة القوى الخارجيه», («Шиор-ус-сарха имтидод ли-машруъи қуръонӣ расма ли-ш-шаъб-ил-яманӣ масир-ат-таҳаррур мин ҳайманат-ил-қувва-л-хориҷия»), Вебгоҳи Ас-Савра, санаи дарҷи матлаб: 10 майи 2024, санаи боздид: 5 январи 2026.
- «علماء يتحدثون عن أهمية إحياء ذكرى الصرخة: شعار الصرخه بداية الخلاص ومشروع المرحله», («Уламо ятаҳаддасун ан аҳамияти эҳёи зикра-с-сарха: шиор-ус-сарха бидоят-ул-халос ва машруъ-ул-марҳала»), Вебгоҳи Ас-Савра, санаи дарҷи матлаб: 23 майи 2024, санаи боздид: 15 феврали 2026.
- «پرچم انصارالله یمن کدام است؟», («Парчами Ансоруллоҳи Яман кадом аст?»), Вебгоҳи гурӯҳи ҷиҳодии Увайси Қаранӣ, санаи боздид: 2 феврали 2026.
- «گزیده بیانات سید عبدالملک الحوثی در روز صرخه یمن(۱۴۰۲)», («Гузидаи баёноти Сайид Абдулмалики Ҳусӣ дар рӯзи Сархаи Яман (1402)»), Вебгоҳи гурӯҳи ҷиҳодии Увайси Қаранӣ, санаи боздид: 13 январи 2026.
- «الحوثیون یحییون اسبوع الصرخه: رسائل للاعداء و الحلفاء», («ал-Ҳусиюн юҳайиуна усбуъ-ас-сарха: расоил ли-л-аъдоъ ва-л-ҳулафоъ»), Вебгоҳи ал-Арабий-ил-ҷадид, санаи дарҷи матлаб: 20 июли 2017, санаи боздид: 18 феврали 2026.
- «استجابة ضعيفه لدعوة الحوثيين الى الصرخه», («Истиҷоба заъифа ли-даъват-ил-ҳусийин ила-с-сарха»), Вебгоҳи шабакаи хабарии Ал-Ҷазира, санаи дарҷи матлаб: 14 сентябри 2014, санаи боздид: 15 феврали 2026.
- «السید حسین الحوثی.. الفکر الجهادی و الانتماء الیمنی», («Ас-Сайид Ҳусайн ал-Ҳусӣ.. ал-фикр-ул-ҷиҳодӣ ва-л-интимоъ-ул-яманӣ»), Вебгоҳи шабакаи хабарии ал-Маёдин, санаи дарҷи матлаб: 17 марти 2023, санаи боздид: 11 январи 2026.
- «الصرخه المنطلقات و الاهداف», («ас-Сарха ал-мунталақот ва-л-аҳдоф»), Вебгоҳи Саъданюс, санаи боздид: 24 феврали 2026.