Рӯзи Ошуро (воқеаҳо)

Аз wikishia
Тоблуи асри Ошуро

Воқеаҳои рӯзи Ошуро силсила рухдодҳои рӯзи Ошурои соли 61ҳ.қ. аз шаҳодати Имом Ҳусайн (а), хонавода, бастагону ёронаш, то оташ задану ғорати хаймаҳо тавассути лашкари Умар ибни Саъд ва саранҷом асир шудани бозмондагони воқеаи Ошурост.

Бинобар нақлҳои таърихӣ, сипоҳёни ду тараф баъд аз намози субҳ омодаи набард шуданд. Пеш аз шурӯи ҷанг Имом Ҳусайн (а) ва Бурайр сипоҳи муқобилро мавъиза карданд. Имом Ҳусайн (а) ба ёронаш ҳушдор дода буд шуруъкунандаи ҷанг набошанд. Пас аввалин тирро Умари Саъд ба тарафи лашкари Имом Ҳусайн (а) партоб кард.

Дар ибтидо ҳамалот ба шакли гурӯҳӣ буд ва иддаи зиёде аз ёрони Имом Ҳусайн (а) дар ин ҳамалот кушта шуданд. Баъд аз он ёрони Имом ба сурати фардӣ ё дунафарӣ ба ҷанг рафтанд. Нисфирӯзӣ - ҳангоми намоз, Имом Ҳусайн (а) тасмим ба намоз гирифт ва Зуҳайр ибни Қайн ва Саид ибни Абдуллоҳи Ҳанафӣ, муҳофизони Имом ва ёронаш шуданд, ки ин ҳангом Саид ибни Абдуллоҳ ба шаҳодат расид.

Дар идомаи набард аввалин шаҳид аз Банӣ Ҳошим Алиакбар буд. Абулфазли Аббос низ, ки вазифаи овардани обро дошт, дар ҷанг бо нигаҳбонони ширъаи Фурот ба шаҳодат расид. Ҳангоме, ки Имом Ҳусайн (а) тифли ширхораш - Алиасғарро бар даст гирифт, то аз ташнагии кӯдакаш шикоят кунад, душман гулӯи ин тифлро бо тир шикофт.

Пас аз шаҳодати тамомии ёрон ва Банӣ Ҳошим, Имом Ҳусайн (а) ба майдон рафт. Пиёданизоми таҳти амри Шимр Имом Ҳусайн (а)-ро иҳота карданд, вале ҳамчунон пеш намеомаданд ва Шимр ононро ба ҳамла ташвиқ мекард. Лашкари душман Имомро тирборон кард, Шимр ва ёронаш ба Имом Ҳусайн (а) ҳамла карда он ҳазратро ба шаҳодат расонданд. Ҳангоме ки Имом Ҳусайн (а) ба майдон рафт Имом Саҷҷод (а) низ қасди ба майдон рафтан кард, аммо ба хотири беморӣ тавони ин корро надошт. Ҳангоме, ки душман хаймаҳоро ғорат кард, Шимр қасди куштани Имом Саҷҷод (а)-ро дошт, ки ҳазрати Зайнаб (с) монеъ шуд.

Душман сари Имом Ҳусайн (а) ва ёронашро ҷудо карда, ба Ибни Зиёд фиристод ва бар бадани он ҳазрат ва шаҳидони Карбало асб давонд. Умари Саъд бо ҷамъе аз лашкариёнаш он шабро дар Карбало монд ва рӯзи баъд наздикиҳои зуҳр пас аз дафни куштагони сипоҳи худ, ҳамроҳи аҳли байти Имом Ҳусайн (а) ва дигар бозмондагон, ба самти Кӯфа ҳаракат кард.

Воқеаҳои субҳи Ошуро

Сипоҳи Умари Саъд дар асри рӯзи нуҳуми муҳаррам омодаи ҷанг шуда буд,[1] аммо бинобар муҳлате, ки Имом Ҳусайн (а) хост, ҷанг ба рӯзи баъд; яъне рӯзи Ошуро таъин шуд.[2]

Чиниши ёрон ва таъйини фармондеҳон

Тасвирсозии ҷанг дар Карбало

Имом Ҳусайн (а) пас аз иқомаи намози субҳи Ошуро ба ҳамроҳи ёрон,[3] суфуфи нерӯҳои худро, ки 32 тан савора ва чиҳил тан пиёда буданд[4] муназзам кард. Имом Ҳусайн (а), Зуҳайр ибни Қайнро ба фармондеҳии ҷиноҳи рост ва Ҳабиб ибни Мазоҳирро бар ҷиноҳи чап сипоҳи гуморд ва парчами ҷангро ба дасти бародараш Аббос (а) супорид.[5] Асҳоб, хаймаҳоро ба дастури Имом Ҳусайн (а) дар пушти сари худ қарор доданд,[6] Имом (а) ба асҳоб дастур дод, ки хаймаҳоро наздики якдигар зананд ва ресмонҳою танобҳояшро дар ҳам афкананд ва дохили якдигар қарор диҳанд ва худ миёни чодарҳо бошанду фақат аз як сӯ бо душман рӯбарӯ шаванд.[7] Ва атрофи онро, ки пеш аз он, хандақ канда ва аз ҳезуму най пур карда буданд, оташ заданд то монеъи таҳоҷуми душман аз пушти сар шаванд.[8] Бар асоси бархе гузоришҳо нақшаи Имом (а) барои барпоии наздики хаймаҳо ба ҳам боис шуд, ки сипоҳи Ибни Саъд фақат аз як ҷиҳат қудрати ҳамла дошт ва аз байни хаймаҳо роҳи убур набуд ва Ибни Саъд ночор дастур дод ки хаймаҳоро оташ заданд ва Имом ҳам ба ёронаш фармуд бигузоред бисузонанд; чун вақте оташ гирифт наметавонанд аз он бигузаранд ва ба сӯятон биёянд, ҳамонгуна шуд, ки Имом фармуд.[9]

Дар он сӯи майдон низ Умар ибни Саъд намози субҳи худро ба ҷой овард ва фармондеҳони сипоҳашро, ки бино бар қавли машҳур сӣ ҳазор нафар буданд,[10] муайян кард. Ӯ Амр ибни Ҳаҷҷоҷи Зубайдиро дар ҷиноҳи рост, Шимр ибни Зилҷавшанро дар ҷиноҳи чап, Узра ибни Қайси Аҳмасиро барои саворон ва Шабас ибни Рибъиро барои пиёдагон ба фармондеҳӣ гумошт.[11]

Умари Саъд ҳамчунин Абдуллоҳ ибни Зуҳайри Асадиро фармондеҳи шаҳриёни Кӯфа, Абдурраҳмон ибни Абисабраро фармондеҳи қабилаҳои Мизҳаҷ ва Банӣ Асад, Қайс ибни Ашъас ибни Қайсро фармондеҳи қабилаҳои Рабиа ва Кинда, Ҳурр ибни Язиди Риёҳиро бар қабилаҳои Банӣ Тамим ва Ҳамдон амир кард ва парчамро низ ба дасти ғуломи худ Зувайд (Дурайд) супурд[12] ва омодаи ҷанг бо Имом Ҳусайн (а) ва ёронаш шуд.

Вақте чашми Имом Ҳусайн (а) ба анбуҳи сипоҳи душман афтод, даст ба дуо бардошту фармуд:

«Худовандо! Туӣ такягоҳам дар ҳар сахтӣ ва умедам дар ҳар гирифторӣ! Чи бисёр ғам, ки тоб аз дил мебарад ва барои зудуданаш роҳе нест. Чи ғамҳое, ки дар он дӯстон раҳоямон мекунанд ва душман, шамотат мекунад, ман аз сари рағбат ба Ту, ва на дигарон, шикояташро назди Ту овардаам ва Ту дар он, бароям гушоиш қарор дода ва онро бар ман ҳамвор намудӣ! Пас Туӣ валийи ҳар неъмат ва аз они Туст ҳамаи хубиҳо ва Туӣ ниҳояти ҳар мақсудӣ!»[13]

Аз ҳамон субҳ ё шояд каме дертар, тане чанд аз асҳоб, лобалои хаймаҳо муроқиб буданд, то касе аз душман наздики он ҷо нашавад ва чанд нафаре аз сипоҳи Кӯфа ҳамонҷо кушта шуданд.[14]

Суханронии Имом Ҳусайн (а) ва ёронаш

Навиштори аслӣ: Хутбаи Имом Ҳусайн дар рӯзи Ошуро

Имом Ҳусайн (а) пеш аз оғози ҷанг, бар асб савор шуду ҳамроҳ бо гурӯҳе аз ёронаш ба тарафи лашкари душман пеш омад. Бурайр ибни Хузайр аз қориёни саршиноси Кӯфа назди Имом Ҳусайн (а) буд. Имом (а) ба ӯ гуфт: «эй Бурайр бо инон, сухан бигӯ ва ононро насиҳат кун!».[15] Бурайр дар баробари сипоҳи Умар ибни Саъд ба мавъизаи онон пардохт.[16]

Каломи Имом (а):
فَإنّی لاأری المَوتَ إلاّ شهادةً,و لاالحیاةَ مَعَ الظّالمینَ إلاّ بَرَماً
«Ман маргро ҷуз шаҳодат, ва зиндагӣ дар сояи золиминро ҷуз мояи маломат намебинам!».

Имом Ҳусайн (а) рӯ дар рӯи сипоҳи душман бо овози баланд, ба тавре ки бештари мардуми ҳозир дар лашкари Умар ибни Саъд овозашро мешуниданд, ононро ба масири адл ва инсоф даъват кард; пас аз ҳамди Худо, аввал худро муаррифӣ кард, ки фарзанди духтари Пайғамбари Худо ва Алӣ (а) - васий ва писарамаки Пайғамбар, аст ва Ҳамзаи Сайидушшуҳадо ва Ҷаъфари Тайёр амакҳои эшон будаанд. Имом Ҳусайн (а) сипас ба ҳадисе аз Пайғамбар (с) ишора кард, ки мефармояд: “Ҳасан ва Ҳусайн сарвари ҷавонони аҳли биҳиштанд!”, ва асҳоби зиндаи Пайғамбар (с) Ҷобир ибни Абдуллоҳи Ансорӣ, Абӯсаиди Худрӣ, Саҳл ибни Саъди Соидӣ, Зайд ибни Арқам ва Анас ибни Моликро гувоҳ гирифт. Он ҳазрат дар зимни хитоба, рӯ ба фармондеҳони сипоҳи Кӯфа Шабас ибни Рибъӣ, Ҳаҷҷор ибни Абҷар, Қайс ибни Ашъас ибни Қайс, Язид ибни Ҳорис, номанигориҳои эшонро бо ҳамон иборот, ба ёди онон овард, ки албатта ҳамагӣ инкор карданд ва сухан аз таслим шудани Имом Ҳусайн (а) ба миён овараданд. Имом Ҳусайн (а) посух дод: “На, ба Худо савганд, ки ҳаргиз дасти зиллат ба сӯи эшон намебарам!”.[18]

Пас аз суханронии Имом, Зуҳайр ибни Қайн ба суханронӣ ва мавъиза пардохт ва хитоб ба мардуми Кӯфа аз фазоили Имом Ҳусайн (а) сухан гуфт.[19]

Дар ҳини ин суханрониҳо Шимр байни хитобаи Имом Ҳусайн (а) фарёд зада гуфт, ки аз ин суханон чизе намефаҳмад. Ӯ суханони Зуҳайрро ҳам бо носазо посух дод.[20]

Мухолифати Имом бо пешгом шудан дар оғози ҷанг

Сипоҳи Умар ибни Саъд омодаи ҷанг мешуд, ки Имом Ҳусайн (а) ба ёрони худ фармон дод ҳезумҳо ва найҳои пушти урдугоҳро оташ заданд. Дар ин ҳин Шимр ибни Зилҷавшан ҳамроҳи гурӯҳе аз саворони худ ба атрофи хаймаҳои Имом Ҳусайн (а) омада, аз пушт ба хаймаҳо наздик шуд, аммо чун чашмашон ба хандақ ва оташи шуълавари он афтод Шимр ба Имом Ҳусайн (а) носазо гуфт.

Муслим ибни Авсаҷа ба Шимр наздик буд ва омодагии худро барои тирандозӣ ба Шимр эълом кард, аммо Имом Ҳусайн (а) монеъи ӯ шуду фармуд: “Намехоҳам оғозгари ҷанг бошам!”.[21]

Тавбаи Ҳурр ибни Язиди Риёҳӣ

Навиштори аслӣ: Ҳурр ибни Язиди Риёҳӣ

Субҳи Ошуро вақте Имом Ҳусайн (а) бонг баровард “Оё ёридиҳандае ҳаст, ки ба ёрии ман ояд?!”, Ҳурр ибни Язиди Риёҳӣ сухани Имомро шунид ва чун тасмими кӯфиён барои ҷанг бо он ҳазратро ҷиддӣ дид, сипоҳи Кӯфаро тарк кард ва ба урдугоҳи Имом Ҳусайн (а) пайваст.[22] Нақл шудааст Ҳур аз Имом Ҳусайн (а) хост иҷозат диҳад қабл аз ҳамаи ёрон, ба сипоҳи Язид ҳамла кунад. Имом Ҳусайн (а) иҷоза дод ва Ҳурр чунин карду ба шаҳодат расид. Дар бархе аз ривоёти таърихӣ омадааст Ҳурр мобайни рӯзи Ошуро ба шаҳодат расид.[23]

Оғози ҷанг аз тарафи Умари Саъд

Набард он гоҳ оғоз шуд, ки Умари Саъд ғуломаш Дурайд(Зувайд)-ро садо заду гуфт: “Эй Дурайд, парчамро пеш овар!”. Пас Дурайд парчамро пештар овард. Сипас писари Саъд тире ба чиллаи камон гузошту онро партоб карда гуфт: “Назди амир гувоҳӣ диҳед, ки ман нахустин касе будам, ки тир андохтам!”.[24] Ба дунболи он, ёронаш ба тирандозӣ шурӯъ карданд.[25]

Дар ибтидои ҷанги рӯзи Ошуро ҳамалот ба сурати гурӯҳӣ анҷом шуд ва тайи аввалин ҳамалот иддаи зиёде аз ёрони Имом Ҳусайн (а) кушта шуданд. Ин ҳамла ба “ҳамлаи улo” маъруф аст ва тибқи баъзе ривоёти таърихӣ то панҷоҳ нафар аз ёрони Имом Ҳусайн (а) тайи ин ҳамла ба шаҳодат расиданд. Баъд аз он, ёрони Имом Ҳусайн (а) ба сурати фардӣ ё дунафарӣ ба мубориза мерафтанд.[26]

Шаҳодати Муслим ибни Авсаҷа ва набарди Абдуллоҳ ибни Умайр

Амр ибни Ҳаҷҷоҷ бо лашкариёнаш ба самти рости сипоҳи Имом Ҳусайн (а) ҳамла кард. Ёрони он ҳазрат (а) монеъи пешравии онон шуданд. Саворони лашкари Амр ибни Ҳаҷҷоҷ, ки чунин диданд, ақибнишинӣ карда, ба ҷойгоҳи худ бозгаштанд. Дар замони бозгашт, ёрони Имом Ҳусайн (а) ононро ҳадафи тирҳои худ қарор доданд ва гурӯҳе аз ононро куштанд ё захмӣ карданд.[27]

Пас аз кушта шудани тане чанд аз сипоҳёни Кӯфа дар ҷангҳои тан ба тан, Умар ибни Саъд дастур дод, то касе барои набарди тан ба тан ба майдон наравад.[28]

Амр ибни Ҳаҷҷоҷ бори дигар бо ҳамроҳонаш аз самти Фурот бар асҳоби Имом Ҳусайн (а) ҳамла кард ва соате ҷангиданд, бо муқовимати сипоҳи Имом Ҳусайн (а), пас аз муддате набард, Амр ибни Ҳаҷҷоҷ ва ҳамроҳонаш бори дигар маҷбур ба ақибнишинӣ шуданд. Дар ин набард, Муслим ибни Авсаҷаи Асадӣ ба шаҳодат расид.[29] Гуфта шуда нахустин нафаре аз асҳоби Имом Ҳусайн (а) ки ба шаҳодат расид, Муслим ибни Авсаҷа буд.[30]

Пас аз поёни тирандозӣ, Ясор (ғуломи Зиёд ибни Абиҳ) ва Солим (ғуломи Убайдуллоҳ ибни Зиёд) пеш омаданду мубориз талабиданад. Ҳабиб ибни Мазоҳир ва Бурайр ибни Хузайр аз ҷой бархестанд то ба майдон бираванд, аммо Имом Ҳусайн (а) ба онон иҷозат надод ва ба Абдуллоҳ ибни Умайри Калбӣ иҷозат дод.

Иштиёқи Шимр барои набард

Андаке пас аз ҳамлаи Амр ибни Ҳаҷҷоҷ, Шимр ибни Зилҷавшан низ бо ҷиноҳи рости сипоҳи Умар ибни Саъд, бар ҷиноҳи чапи лашкари Имом Ҳусайн (а) ҳамла бурд, ки ӯ низ бо муқовимати шадиди ёрони Имом Ҳусайн (а) рӯ ба рӯ шуд.[31]

Дар миёни фармондеҳони сипоҳи Кӯфа, камтар касе монанди Шимр ибни Зилҷавшан ба ҷанг иштиёқ нишон медод. Ӯ ҳатто аз азми қатли занон ва оташ задани хаймаи Имом дар ҳузури он ҳазрат худдорӣ накард.[32]

Ҳуҷуми ҳамаҷониба

Пеш аз зуҳри рӯзи Ошуро, душман ҳуҷуми ҳамаҷонибаеро алайҳи сипоҳи Имом Ҳусайн (а) оғоз кард. Дифои саворанизоми сипоҳи Имом Ҳусайн (а) ки теъдодашон аз 32 нафар фаротар намерафт, ба гунае буд, ки Узрат ибни Қайс, фармондеҳи саворанизоми лашкари Умар ибни Саъд, маҷбур шуд бори дигар аз Умар ибни Саъд кумак биталабад.[33] Дар пайи ин дархост, Умар ибни Саъд, Ҳусайн ибни Нумайрро фарохонд ва ӯро бо савороне, ки асбонашон зереҳ доштанд ва низ ҳамроҳи панҷсад тирандоз, назди Узрат ибни Қайс фиристод. Онон чун ба наздики сипоҳи Имом Ҳусайн (а) ва ёронаш расиданд ба тирборони ёрони Имом пардохтанд.[34]

Ёрони Имом Ҳусайн (а) дар дастаҳои се-чаҳор нафара дар миёни хаймаҳо пахш шуданд ва ба дифоъ аз хаймаҳо пардохтанд. Дар гиру дори ин даргириҳо, Умари Саъд ба вайрон кардани хаймаҳои Имом Ҳусайн (а) дастур дод, сипоҳёни Кӯфа ба хаймаҳо ҳамлавар шуданд. Дар яке аз ин ҳамалот Шимр бо гурӯҳе аз ёронаш аз пушт, худро ба хаймаҳои Имом Ҳусайн (а) расонданд, ки Зуҳайр ибни Қайн бо даҳ нафар аз ёрони Имом Ҳусайн (а) ононро аз канори хаймаҳо дур карданд.[35]

Ҷанг то зуҳр бо шиддат идома ёфт.[36] Дар ин муддат бисёре аз ёрони Имом Ҳусайн (а) ба шаҳодат расиданд. Дар ин ҳамла илова бар Муслим ибни Авсаҷа, Абдуллоҳ ибни Умайри Калбӣ (ки дар ҷиноҳи чапи лашкари Имом буд) низ, ба дасти Ҳонӣ ибни Сабити Хазрамӣ ва Букайр ибни Ҳаййи Таймӣ ба шаҳодат расид.[37] Амр ибни Холиди Сайдовӣ, Ҷобир ибни Ҳориси Салмонӣ, Саъд ғуломи Амр ибни Холид ва Маҷмаъ ибни Абдуллоҳи Оизӣ ва писараш Оиз ибни Маҷмаъ ҳам дар даргирӣ бо душман ҳамагӣ ба шаҳодат расиданд.[38] Теъдоди дигаре аз ёрони Имом (а), ки бархе аз муаррихон шумори ононро беш аз панҷоҳ нафар баршумурдаанд низ дар ин муддат ба шаҳодат расиданд.[39]

Воқеаҳои зуҳри Ошуро

Вақти намоз ва шаҳодати Ҳабиб

Бо расидани вақти намози зуҳр, Абусумома Соидӣ вақти намозро ба Имом Ҳусайн (а) ёдоварӣ кард. Имом Ҳусайн (а) сарро баланд карда, ба осмон нигоҳе карду дар ҳаққи ӯ дуо кард. Сайидушшуҳадо гуфт: “Аз онҳо бихоҳед, барои адои намози зуҳр ба мо муҳлат диҳанд!”.[40] Дар ин ҳангом, яке аз афроди сипоҳи Ибни Саъд ба номи Ҳусайн ибни Нумайр бо фарёд гуфт: намози Ҳусайн пазируфта нахоҳад буд. Ҳабиб ибни Музоҳир аз ин сухан ба хашм омаду фарёд зад: “Пиндоштаӣ, ки намоз аз Оли Расул (с) қабул намешавад, вале аз ту улоғ пазируфта мешавад?!”. Ибни Нумайр ва хешону атрофиёнаш бо шунидани ин сухан ба сӯи Ҳабиб ҳамлавар ва бо ӯ даргир шуданд.[41] Будайл ибни Сурайм ва Ҳусайн ибни Тамим Ҳабибро ба шаҳодат расонданд.[42]

Намози зуҳри Ошуро

Имом Ҳусайн (а) ва ёронаш барои иқомаи намози зуҳр ба по хостанд. Қарор бар ин шуд Зуҳайр ибни Қайн ва Саид ибни Абдуллоҳи Ҳанафӣ баробари Имом Ҳусайн (а) ва ёрон истанд ва дар баробари ҳамалоти эҳтимолии душман, аз намозгузорон муҳофизат намоянд. Бо шурӯи намоз,[43] сипоҳи Умари Саъд Имом Ҳусайн (а) ва дигар намозгузоронро тирборон карданд, аммо Зуҳайр ва Саид, худро сипари ҳамалоти душман карданд ва тирҳо ба онон бархӯрд кард.[44] Пас аз тамом шудани намоз, Саид ибни Абдуллоҳ бар асари шиддати ҷароҳот ба шаҳодат расид.[45]

Зуҳайр ибни Қайн, Бурайр ибни Хузайри Ҳамдонӣ, Нофеъ ибни Ҳилоли Ҷамaлӣ, Обис ибни Абишабиби Шокирӣ, Ҳанзала ибни Саъди Шабомӣ ва дигарон баъд аз намози зуҳр, яке пас аз дигарӣ ба майдон рафта ба шаҳодат расиданд.[46]

Воқеаҳои асри Ошуро

Пардаи Дарвешӣ: бузургтарин пардае, ки гӯшае аз ҳамосаи Карбалоро ривоят мекунад. (маҳали нигаҳдорӣ: музеи Остони Қудси Разавӣ)

Шаҳодати наздикони Имом Ҳусайн (а)

Пас аз шаҳодати асҳоби Имом Ҳусайн (а), хонаводааш барои набард пеш омаданд. Аввалин касе, ки аз Банӣ Ҳошим ба шаҳодат расид Алӣ ибни Ҳусайн (а) - Алиакбар буд.[47] Алиакбар баъди иҷозат гирифтан аз Имом Ҳусайн (а) ба набард рафт ва Имом Ҳусайн (а) дар дуое, ӯро аз ҳар ҷиҳат, монандатарини мардум ба Расули Худо (с) донист.[48]

Баъд аз шаҳодати Алиакбар (а), дигар бародарони Имом Ҳусайн (а), пеш аз Аббос ибни Алӣ (а) ба шаҳодат расиданд.[49] Дигар хонадони Банӣ Ҳошим низ яке пас аз дигарӣ ба майдон рафтанд ва ҳамагӣ ба шаҳодат расиданд, аз ҷумла Абдуллоҳ ибни Муслим ибни Ақил, Удай ибни Абдуллоҳ ибни Ҷаъфари Тайёр, Қосим ибни Ҳасан ва бародараш Абубакр ва бародарони Абулфазл (а), яъне Абдуллоҳ, Усмон ва Ҷаъфар.[50] Аммо Абулфазли Абос (а), (парчамдори сипоҳ ва низ нигаҳбони хаймаҳо), ки вазифаи овардани об бо ӯ буд, дар ҷанг бо нигаҳбонони шариаи Фурот ба шаҳодат расид”.[51] Нақл шуда, охирин ёри шаҳиди Имом Ҳусайн (а), Сувайд ибни Амри Хасъамӣ буд.[52]

Азми Имом Саҷҷод (а) барои рафтан ба ҷанг

Пас аз шаҳодати ҳамаи ёрони Имом (а) ва Банӣ Ҳошим, Абоабдуллоҳ (а) ба майдон рафт. Дар ин ҳангом, аҳли байти Имом Ҳусайн (а) бетобӣ карданд. Ин бетобӣ, Имом Ҳусайн (а)-ро озурдахотир кард ва хитоб ба сипоҳёни Кӯфа фармуд:

“Оё касе ҳаст, ки аз ҳарами Расули Худо(с) дифоъ кунад? Ва оё Худопарасте дар мобайни шумо вуҷуд дорад, ки дар бораи мо аз Худо битарсад? Оё фарёдрасе ҳаст, ки барои Худо, ба доди мо бирасад? Оё ёридиҳандае ҳаст, ки барои Худо, моро ёрӣ диҳад?”.[53]

Ҷавобе аз кӯфиён ба гӯш нарасид. Имом Ҳусайн (а) ба ҷасадҳои шуҳадо рӯ карда, бо онон гуфт:

“Эй Ҳабиб ибни Музоҳир, эй Зуҳайр ибн Қайн, ва эй Муслим ибни Авсаҷа! Эй далерон, ва эй ҷанговарони рӯзгори зор! Чаро шуморо нидо медиҳам, вале каломамро намешунавед, ва шуморо фаро мехонам, вале иҷобатам намекунед!? Шумо хуфта ва ман умед дорам, ки сар аз хоби ширин бардоред, ки инон занони Оли Расуланд, ки баъд аз шумо ёваре надоранд! Аз хоб бархезед, эй каримон, ва дар баробари ин исёну туғён аз Оли Расули Аллоҳ (с) дифоъ кунед!”.

Бо шунидани овози Имом Ҳусайн (а) нолаю шевани занон баланд шуд. Нақл шудааст дар ин ҳангом, Имом Саҷҷод (а) дар ҳоле, ки ба асое такя дода буд, бо шунидани овози падар берун омад, аммо тавоне надошт, то шамшерашро бардорад. Имом Ҳусайн (а) дид Имом Саҷҷод (а) омадааст, Уммукулсумро мухотаб қарор дод: “ӯро бозгардон, то замин аз фарзандони Муҳаммад (с) холӣ намонад!”.[54]

Видоъ бо хонaвода

Имом Ҳусайн (а) ба хайма омад ва пас аз тавсия ба аҳли байташ ба сукут, бо хоҳарон, занон, фарзандон ва кӯдакони хеш видоъ кард. Пероҳане, барояш оварданд ва Имом Ҳусайн (а) пероҳанро аз чанд ҷо сурох кард, то аз дастбурди сипоҳи Кӯфа дар амон монад ва онро зери либосҳо пушид, аммо баъд аз шаҳодаташ ҳамин либос ҳам ғорат шуд.[55] Имом Боқир (а) нақл карда, ки падараш Имом Саҷҷод (а) ҳангоми вафот ӯро дар оғӯшаш гирифта, ҷумлаеро ба ӯ гуфтааст, ки падараш Имом Ҳусайн (а) пеш аз шаҳодат ӯро ба оғӯш гирифта, ба ӯ тавсия кардааст, ва он ҷумла ин аст, ки писарҷонам, аз ситам кардан бар касе ки ҷуз Худованд ёру ёваре надорад, бипарҳез![56][Ёддошт 1]

Шаҳодати Алиасғар

Навиштори аслӣ: Абдуллоҳ ибни Ҳусайн

Имом Ҳусайн (а) вақте тифли ширхораш Алиасғарро дид, ки аз ташнагӣ бетоб аст, ӯро рӯи даст гирифту муқобили сипоҳёни душман бурду гуфт: ”Эй ҷамоат! агар ба ман раҳм намекунед, ба ин кӯдаки ширхор раҳм кунед!” Ҳармала ибни Коҳили Асадӣ аз миёни сипоҳи Кӯфа тире бар гулӯи кӯдак зад ва ӯро дар оғӯши падар ба шаҳодат расонд.[57]

Раҷази Имом пас аз шаҳодат Алиасғар

کفر القوم و قدما رغبوا عن ثواب الله رب الثقلين‌

قتلوا القزم‌عليا و ابنه‌ حسن الخير كريم الأبوين‌

حنقا منهم و قالوا أجمعوا أحشروا الناس إلى حرب الحسين‌

يا لِقوم من أناس رذل‌ جمعوا الجمع لأهل الحرمين‌

ثم صاروا و تواصوا كلهم‌ باجتياحي لرضاء الملحدين‌

لم يخافوا الله في سفك دمي‌ لعبيد الله نسل الكافرين‌

و ابن سعد قد رماني عنوة بجنود كوكوف الهاطلين‌

لا لشي‌ء كان مني قبل ذا غير فخري بضياء الفرقدين‌

بعلي الخير من بعد النبي‌ و النبي القرشي الوالدين‌

خيرة الله من الخلق أبي‌ ثم أمي فأنا ابن الخيرتين‌

فضة قد خلصت من ذهب‌ فأنا الفضة و ابن الذهبين‌

من له جد كجدي في الورى‌ أو كشيخي فأنا ابن العلمين‌

فاطم الزهراء أمي و أبي‌ قاصم الكفر ببدر و حنين‌

عَبَد الله غلاما يافعا و قريش يعبدون الوثنين‌

يعبدون اللات و العزى معا و علي كان صلى القبلتين‌

فأبي شمس و أمي قمر فأنا الكوكب و ابن القمرين‌

و له في يوم أحد وقعة شفت الغل بفض العسكرين‌

ثم في الأحزاب و الفتح معا كان فيها حتف أهل الفيلقين [58][Ёддошт 2]

Ин қавм кофир шуданд, ва аз собиқ, аз савоби илоҳӣ, Парвардигори ҷину инс рӯйгардон шуданд. Ин қавми пасту фурӯмоя Алӣ алайҳиссалом ва фарзандаш Ҳасан алайҳиссаломро, ки падару модараш бахшанда ва карим буданд, куштанд!. Ин қавм аз рӯи хашму кина ба якдигар гуфтанд: мардумро барои ҷанг бо Ҳусайн алайҳиссалом гирд оваред! Вой бар ин қавми пасту разл, ки ҷамъияти худро алайҳи аҳли ҳарами Худованд ва Паёмбараш саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ҷамъ карданд. Сипас роҳ афтоданд ва ба якдигар супориш мекарданд, то маро барои ризояти касе ки падару модараш мулҳид будаанд, ба дом биандозанд. Аз Худо наметарсанд, ки мехоҳанд барои хушнудии Убайдуллоҳе, ки аз насли куффор аст, хуни маро бирезанд! Ва барои хушнудии Умари Саъд, ки бо қаҳру кина, бо сипоҳи селосо ба сӯи ман омадааст [мехоҳанд маро бикушанд]! [Мехоҳанд маро бикушанд] на ба далели гуноҳе, ки муртакиб шуда бошам, балки ба хотири нисбати ман ба ифтихороти он ду ситораи фурӯзон (Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам), [интисоб ва ифтихорам] ба Алӣ алайҳиссалом, ки беҳтарини инсонҳо баъд аз Пайғамбари Худо (с) аст, ва ифтихор ба Паёмбаре, ки падару модараш Қурайшӣ ҳастанд. Падарам беҳтарин махлуқи Худованд аст ва баъд аз ӯ модарам беҳтарин аст, ва ман фарзанди ин ду беҳтарин махлуқи Худованд ҳастам! Нуқра аз тилло ба даст меояд, ва ман нуқрае ҳастам, ки фарзанди он ду тиллои ноб (Имоми Алӣ алайҳиссалом ва ҳазрати Фотима алайҳоссалом) ҳастам! Ҷадди кадом як аз шумо монанди ҷадди ман аст ва падари кадомат монанди падарам? Ман писари ин ду фарди шинохташуда ҳастам. Фотимаи Заҳро (а) модари ман аст ва падарам нобудкунандаи куфр дар ҷангҳои Бадру Ҳунайн аст!. Падарам аз навҷавонӣ Худовандро мепарастид, дар замоне, ки қурайшён ду бутро бо ҳам мепарастиданд. Замоне, ки онҳо бути Лоту Уззоро бо ҳам мепарастиданад, Алӣ (а) ба тарафи ду қибла (Байтулмуқаддас ва Каъба) намоз мехонд. Падарам хуршед ва модарам моҳ аст ва ман ситорае ҳастам, ки фарзанди ин ду қамари нуронӣ ҳастам. Падарам дар ҷанги Бадр [бо диловарию шуҷоат, ду ҷиноҳи] душманро дарҳам шикаст ва буғзи дилҳои мусулмононро шифо бахшид. Барои падарам (Имом Алӣ алайҳиссалом) диловарӣ дар ҷанги Аҳзоб ва Фатҳ аст, ӯ дар ин ду ҷанг, анбуҳе аз лашкариёни куфрро куштааст!.

Набард ва шаҳодати Сайидушшуҳадо

Тавсифи набард

Бо ин ки Имом Ҳусайн (а) баъди шаҳодати ёрону наздиконаш танҳо монда буд, то муддате касе барои рӯёрӯии он ҳазрат по пеш намениҳод. Як бор ки Имом Ҳусайн (а) қасди нушидани об кард, ба даҳони он ҳазрат тире афканданд ва гуфтаанд чун асб ба тарафи шариа ронд, роҳро бар ӯ бастанд.[59] Имом Ҳусайн (а) бо ин ки танҳо буд ва захмҳои сангине бар сару баданаш ворид шуда буд, бемаҳобо шамшер мезад.[60] Ҳумайд ибни Муслим мегӯяд: “Ба Худо қасам, ҳаргиз мағлуб ва шикастхӯрдаеро надида будам, ки фарзандону хонадону ёронаш кушта шуда бошанд, аммо инчунин устувору пурдилу ҷасур монда бошад. Пиёдагон аз ҳар сӯ бар ӯ юриш мебурданд ва ӯ ҳам бар онон, юриш мебурд, пас онон аз росту чапаш мегурехтанд, он гуна ки галаи гӯсфанд аз баробари гурге бигурезанд”.[61] Сайид ибни Товус низ нақл карда, чун Имом Ҳусайн (а) бар суфуфи душманон ҳамла мебурд, сӣ ҳазор нерӯи душман ба якбора ақиб менишастанд ва ҳамонанди малах пароканда мешуданд.[62]

Баъд аз муддате мубориза, Имом Ҳусайн (а) ба тарафи ҳарам омада, занони ҳарамро ба сабр даъват кард.[63] Сипас бо якояки занони ҳарам худоҳофизӣ карданд[64] ва баъд бар болини Имом Саҷҷод (а) ҳозир шуд.[65] Ҳангоме, ки Имом (а) машғули видоъ бо аҳли ҳарам буд ба дастури Умар ибни Саъд сипоҳи Кӯфа ба хаймаҳои ӯ ҳамлавар шуданд ва ӯро ҳадафи тирҳои худ қарор доданд, ба гунае, ки бархе тирҳо чодарҳоро дарид ва мӯҷиботи ваҳшати аҳли ҳарам гардид.[66]

Имом (а) дар рӯзи Ошуро ҷое наздик ба хаймаҳоро барои худ муайян карда буд ва аз он макон ба душман ҳамла мекард ва пас аз ҳамла ба ҳамон ҷой бозмегашт ва бо овози баланд [ки ҳамаи аҳли ҳарам шунаванд] мегуфт: «لاحول و لاقوة الا بالله العلی العظیم», то аҳли ҳарам ба овози ӯ дилгарм бошанду натарсанд.[67] Пас аз чанд бор ҳамлаву бозгашт, Шимр ибни Зилҷавшан бо тане чанд аз сипоҳи Кӯфа, миёни ӯ ва хаймаҳояш ҷудоӣ андохт. Ҳусайн ибни Алӣ (а) чун вазъиятро ин гуна дид, фарёд зад:

Вой бар шумо, агар дин надоред ва аз рӯзи маод наметарсед, лоақал дар дунёятон озода бошед!”.[68]

Шаҳодат

Ҷангандаҳои пиёданизоми таҳти фармони Шимр, Имом Ҳусайн (а)-ро иҳота карданд, вале ҳамчунон пеш намеомаданд ва Шимр ононро ба ҳамла ташвиқ мекард.[69] Шимр ибни Зилҷавшан ба тирандозон дастур дод Имом Ҳусайн (а)-ро тирборон кунанд. Аз фаровонии тирҳо, бадани Имом Ҳусайн (а) пур аз тир шуда буд.[70] Имом Ҳусайн (а) ақиб кашиду онон дар баробараш саф бастанд.[71] Ҷароҳатҳои воридшуда ва хастагии ҷанг Имом Ҳусайн (а)-ро ба шиддат камтавон карда буд, аз ин рӯй, истод то андаке истироҳат кунад. Дар ин ҳангом, санге ба пешониаш исобат карду хун аз он ҷорӣ шуд. Ҳамин ки хост бо доман хуни чеҳраашро пок кунад, тири сешуъба ва заҳролуде ба тарафаш партоб шуд ва бар қалбаш нишаст.[72] Молик ибни Нусайр бо шамшер зарбае бар сари Имом Ҳусайн (а) зад, ки банди кулоҳхуди Имом (а) пора шуд.[73] Заръа ибни Шарики Тамимӣ зарбае ба шонаи чапи Имом Ҳусайн (а) ва Санон ибни Анас ҳам тире ба гулӯи Имом зад. Сипас Солеҳ ибни Ваҳби Ҷуъфӣ (ба нақле Санон ибни Анас) пеш омад ва чунон бо найзааш бар паҳлӯи Имом зад, ки бо рухсори рост аз асб ба замин афтод.[74]

Таблои асри Ошуро, асари устод Фаршчиён

Шимр ибни Зилҷавшан бо гурӯҳе аз сипоҳёни Умари Саъд, ки Абулҷунуб Абдурраҳмон ибни Зиёд, Қашъам ибни Амр ибни Язиди Ҳардавони Ҷуъфӣ, Солеҳ ибни Ваҳби Язнӣ, Санон ибни Анаси Нахаӣ ва Хулӣ ибни Язиди Асбаҳӣ аз ҷумлаи онон буданд ба сӯи Имом Ҳусайн (а) омаданд. Шимр ононро ба тамом кардани кори Имом ташвиқ мекард,[75] аммо касе қабул намекард. Ӯ ба Хулӣ ибни Язид дастур дод, то сари Имом Ҳусайн (а)-ро ҷудо кунад. Вақте Хулӣ вориди гӯдоли қатлгоҳ шуд, дасташ ларзиду ларза бар андомаш афтод ва натавонист ин корро анҷом диҳад. Шимр[76] ва ба нақле Санон ибни Анас[77] аз асб фаромада, сари Имом (а)-ро ҷудо кард ва ба дасти Хулӣ дод.[78]

Бар бадани Ҳусайн ибни Алӣ (а), ҳангоми шаҳодат, осори 33 зарбаи шамшер ва 34 захми найза буд[79] ва пас аз шаҳодаташ, ҷома ва лавозими ӯро ғорат, ва ӯро бараҳна раҳо карданд.

Шаҳодати Абдуллоҳ ибни Ҳасан

Ҳангоме, ки Имом Ҳусайн (а) дар муҳосираи сипоҳи Кӯфа охирин лаҳазоти умрро сипарӣ мекард, яке аз кӯдакони ҳарам ба номи Абдуллоҳ ибни Ҳасан бо мушоҳидаи ин воқеа ва бо вуҷуди манъ кардани Зайнаб (с), хаймагоҳро тарк карду шитобон ба сӯи амакаш - Имом Ҳусайн (а), ҳаракат кард. Вақте Баҳр (Абҷар) ибни Каъб (ва ба нақле Ҳармала ибни Коҳили Асадӣ) бо шамшер ба Имом Ҳусайн (а) ҳамлавар шуд, Абдуллоҳ дасташро сипар кард ва зарбаи шамшер дасти ӯро қатъ кард.[80]

Пас аз шаҳодати Ҳусайн (а)

Ғорати хаймаҳо

Пас аз шаҳодати Имом Ҳусайн (а), сипоҳи душман ба хаймаҳо ҳуҷум овард ва асбу шутуру асосу ҷомаҳову зинатҳои занонро ба ғанимат гирифтанд. Онон дар ин кор бар якдигар сабқат мегирифтанд.[81] Шимр ба қасди куштани Имом Саҷҷод (а) ҳамроҳи гурӯҳе аз сипоҳён вориди хаймагоҳ шуданд, ки Зайнаб (с) монеъи ин кор шуд. Ба нақли дигаре бархе аз сипоҳёни Умар ибни Саъд ба ин кор эътироз карданд.[82] Умари Саъд дастур дод занони ҳарамро дар чодар ҷамъ карданд ва теъдодеро бар муҳофизати онон гумошт.[83]

Тохтани асб бар пайкари Имом Ҳусайн (а) ва ҷудо кардани сари шуҳадои Карбало

Умар ибни Саъд дар ҳамон рӯз сари Имом Ҳусайн (а)-ро ба ҳамроҳи Хулӣ ибни Язиди Асбаҳӣ ва Ҳумайд ибни Муслими Аздӣ ба Убайдуллоҳ ибни Зиёд фиристод. Ӯ ҳамчунин дастур дод сари шуҳадои Карбалоро низ аз бадан ҷудо кунанд ва онҳоро, ки 72 сар буд бо Шимр ибни Зилҷавшан ва Қайс ибн Ашъас ва Амр ибни Ҳаҷҷоҷ равонаи Кӯфа кард.[84]

Ба дастури Умари Саъд ва дар иҷрои фармони Ибни Зиёд, даҳ нафар довталаб аз сипоҳёни Кӯфа аз ҷумла, Исҳоқ ибни Ҳайва ва Ахнас ибни Марсад, бо асбонашон бадани Имом Ҳусайн (а)-ро лагадкӯб карданд.[85]

Шоми Ошуро ва саргузашти усарои Карбало

Ҳамчунин бубинед: Асирони Карбало

Сипоҳи душман ғуруби Ошуро занонро аз хаймаҳо берун карданд ва хаймаҳоро оташ заданд.[86] Дар ин ҳангом занон фарёд мезаданд ва чун чашмашон ба куштагони худ афтод, латма ба чеҳраи худ заданд.[87] Умар ибни Саъд, ки сари Имом Ҳусайн (а) ва ёрону хонадони он ҳазратро назди Ибни Зиёд фиристода буд,[88] худ бо ҷамъе аз лашкариёнаш он шабро дар Карбало монд ва рӯзи баъд наздики зуҳр пас аз дафни куштагони сипоҳи худ, ҳамроҳи аҳли байти Имом Ҳусайн (а) ва дигар бозмондагон, ба самти Кӯфа ҳаракат кард.[89] Нақл кардаанд, ки дар шаби ёздаҳуми муҳаррам, ки Шоми Ғарибон буд, ҳазрати Зайнаб (с) намози шабашро тарк накард, аммо ба сабаби заъфе, ки ӯро фаро гирифта буд, намозро нишаста хонд.[90]


Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Билозарӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1979, саҳ.184; Табарӣ, Таърих-ул-умами ва ал-мулук (Таърих-ут-Табарӣ), ҷ. 5, саҳ. 416; Шайх Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ. 2, саҳ. 89; Хоразмӣ, Мақтал-ул-Ҳусейн (а), мактабутл муфид, ҷ. 1, саҳ. 249; Табарсӣ, Эълом-ул-варо би аъломил ҳудо, 1390 ҳ. қ, ҷ. 1, саҳ. 454.
  2. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва ал-мулук (Таърих-ут-Табарӣ), ҷ. 5, саҳ. 417; Шайх Муфид, aл-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ. 2, саҳ. 91; Ибни Асир, ал-Koмилу фи ат-таърих, 1965, саҳ. 57.
  3. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва ал-мулук (Таърих-ут-Табарӣ), ҷ. 5, саҳ. 423.
  4. Билозарӣ, Ансоб-ул-ашроф, ҷ. 3, саҳ. 395; Табарӣ, Таърих-ул-умами ва ал-мулук (Таърих-ут-Табарӣ), ҷ. 5, саҳ. 422; Динурӣ, Ал-Ахбор-ут-Тиввол, 1368ҳ.ш., саҳ. 256; Ибни Аъсами Куфӣ, ал-Футуҳ, 1991, ҷ. 5, саҳ. 101; Ибни Асир, ал-Koмилу фи ат-таърих, 1965, ҷ. 5, саҳ. 59.
  5. Билозарӣ, Ансоб-ул-ашроф, ҷ. 3, саҳ. 395; Динурӣ, Ал-Ахбор-ут-Тиввол, 1368ҳ.ш., саҳ. 256; Табарӣ, Таърих-ул-умами ва ал-мулук (Таърих-ут-Табарӣ), ҷ. 5, саҳ. 422; Шайх Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ. 2, саҳ. 95; Ибни Асир, ал-Koмилу фи ат-таърих, 1965, ҷ. 4, саҳ. 59.
  6. Шайх Муфид, aл-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ. 2, саҳ. 96.
  7. Шаъронӣ, Дамъ-ус-саҷум, тарҷумаи Нафас-ул-маҳмум, 1374ҳ.қ., саҳ. 118.
  8. Билозарӣ, Ансоб-ул-ашроф, ҷ. 3, саҳ. 395–396; Табарӣ, Таърих-ул-умами ва ал-мулук (Таърих-ут-Табарӣ), ҷ. 5, саҳ. 423-426; Шайх Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ. 2, саҳ. 96.
  9. Шаъронӣ, Дамъ-ус-саҷум, тарҷумаи Нафас-ул-маҳмум, 1374ҳ.қ., саҳ. 138.
  10. Шайх Садуқ, Ал-Амолӣ, 1362ҳ.ш., саҳ. 177, ҳ. 3, саҳ. 547, ҳ. 10; Сайид Ибни Товус, ал-Луҳуф, 1369ҳ.қ., саҳ. 70
  11. Билозарӣ, Ансоб-ул-ашроф, ҷ. 3, саҳ. 395–396; Табарӣ, Таърих-ул-умами ва ал-мулук (Таърих-ут-Табарӣ), ҷ. 5, саҳ. 422-426.
  12. Билозарӣ, Ансоб-ул-ашроф, ҷ. 3, саҳ. 395–396; Табарӣ, Таърих-ул-умами ва ал-мулук (Таърих-ут-Табарӣ), ҷ. 5, саҳ. 422; Шайх Муфид, ал-Иршод, ҷ. 2, саҳ. 95-96; Ибни Асир, ал-Koмилу фи ат-таърих, ҷ. 4, саҳ. 60.
  13. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва ал-мулук (Таърих-ут-Табарӣ), ҷ. 5, саҳ. 423; Шайх Муфид, ал-Иршод, ҷ. 2, саҳ. 96; Ибни Асир, ал-Koмилу фи ат-таърих, Бейрут, ҷ. 4, саҳ. 60-61.
  14. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва ал-мулук (Таърих-ут-Табарӣ), ҷ. 5, саҳ. 438; Билозарӣ, Ансоб-ул-ашроф, ҷ. 3, саҳ. 394.
  15. Хоразмӣ, Мақтал-ул-Ҳусайн (а), ҷ. 1, саҳ. 252; Билозарӣ, Ансоб-ул-ашроф, ҷ. 3, саҳ. 396–398.
  16. Ибни Аъсами Куфӣ, ал-Футуҳ, ҷ. 5, саҳ. 100; Хоразмӣ, Мақтал-ул-Ҳусайн (а), ҷ. 1, саҳ. 252; Муқрам, Мақтал-ул-Ҳусайн (а), саҳ. 232-233.
  17. تاریخ امام حسین علیه‌السلام، ج۲، ص۴۶۲. Таърихи Имом Ҳусайн алайҳиссалом, ҷ.2, саҳ.462.
  18. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва ал-мулук (Таърих-ут-Табарӣ), ҷ. 5, саҳ. 424-426; Билозарӣ, Ансоб-ул-ашроф, ҷ. 3, саҳ. 395–396; Шайх Муфид, ал-Иршод, ҷ. 2, саҳ. 96-98.
  19. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва ал-мулук (Таърих-ут-Табарӣ), ҷ. 5, саҳ. 424-427.
  20. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва ал-мулук (Таърих-ут-Табарӣ), ҷ. 5, саҳ. 425-426; Билозарӣ, Ансоб-ул-ашроф, ҷ. 3, саҳ. 397.
  21. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва ал-мулук (Таърих-ут-Табарӣ), ҷ. 5, саҳ. 423-426; Билозарӣ, Ансоб-ул-ашроф, ҷ. 3, саҳ. 393–396; Шайх Муфид, ал-Иршод, ҷ. 2, саҳ. 96; Табарсӣ, Эълом-ул-варо, ҷ. 1, саҳ. 458.
  22. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва ал-мулук (Таърих-ут-Табарӣ), ҷ. 5, саҳ. 427; Шайх Муфид, ал-Иршод, ҷ. 2, саҳ. 99; Хоразмӣ, Мақтал-ул-Ҳусайн (а), ҷ. 2, саҳ. 9.
  23. Шайх Муфид, ал-Иршод, ҷ. 2, саҳ. 104.
  24. Билозарӣ, Ансоб-ул-ашроф, ҷ. 3, саҳ. 398; Табарӣ, Таърих-ул-умами ва ал-мулук (Таърих-ут-Табарӣ), ҷ. 5, саҳ. 429; Шайх Муфид, ал-Иршод, ҷ. 2, саҳ. 101.
  25. Билозарӣ, Ансоб-ул-ашроф, ҷ. 3, саҳ. 398; Табарӣ, Таърих-ул-умами ва ал-мулук (Таърих-ут-Табарӣ), ҷ. 5, саҳ. 429-430; Шайх Муфид, ал-Иршод, ҷ. 2, саҳ. 101.
  26. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва ал-мулук (Таърих-ут-Табарӣ), ҷ. 5, саҳ. 429-430.
  27. Билозарӣ, Ансоб-ул-ашроф, ҷ. 3, саҳ. 400; Табарӣ, Таърих-ул-умами ва ал-мулук (Таърих-ут-Табарӣ), ҷ. 5, саҳ. 430-436.
  28. Билозарӣ, Ансоб-ул-ашроф, ҷ. 3, саҳ. 400; Табарӣ, Таърих-ул-умами ва ал-мулук (Таърих-ут-Табарӣ), ҷ. 5, саҳ. 430-437.
  29. Билозарӣ, Ансоб-ул-ашроф, ҷ. 3, саҳ. 400; Табарӣ, Таърих-ул-умами ва ал-мулук (Таърих-ут-Табарӣ), ҷ. 5, саҳ. 435-436; Шайх Муфид, ал-Иршод, ҷ. 2, саҳ. 103-104.
  30. Билозарӣ, Ансоб-ул-ашроф, ҷ. 3, саҳ. 400.
  31. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва ал-мулук (Таърих-ут-Табарӣ), ҷ. 5, саҳ. 436-438.
  32. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва ал-мулук (Таърих-ут-Табарӣ), ҷ. 5, саҳ. 438-439.
  33. Билозарӣ, Ансоб-ул-ашроф, ҷ. 3, саҳ. 400; Табарӣ, Таърих-ул-умами ва ал-мулук (Таърих-ут-Табарӣ), ҷ. 5, саҳ. 437-436; Шайх Муфид, ал-Иршод, ҷ. 2, саҳ. 104.
  34. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва ал-мулук (Таърих-ут-Табарӣ), ҷ. 5, саҳ. 436-437.
  35. Билозарӣ, Ансоб-ул-ашроф, ҷ. 3, саҳ. 400; Табарӣ, Таърих-ул-умами ва ал-мулук (Таърих-ут-Табарӣ), ҷ. 5, саҳ. 437-439; Шайх Муфид, ал-Иршод, ҷ. 2, саҳ. 105.
  36. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва ал-мулук (Таърих-ут-Табарӣ), ҷ. 5, саҳ. 437-438.
  37. Муҳаммад Ибни Ҷарири Табарӣ, Таърих-ул-умами ва ал-мулук (Таърих-ут-Табарӣ), ҷ. 5, саҳ. 437, ва Алӣ Ибни Абилкарам Ибни Асир, ал-Koмилу фи ат-таърих, ҷ. 4 , саҳ. 68
  38. Муҳаммад Ибнии Ҷарири Табарӣ, Таърих-ул-умами ва ал-мулук (Таърих-ут-Табарӣ), ҷ. 5, саҳ. 446
  39. Ибни Аъсами Куфӣ, ал-Футуҳ, ҷ. 5, саҳ. 101.
  40. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва ал-мулук (Таърих-ут-Табарӣ), ҷ. 5, саҳ. 438-439; Ибни Асир, ал-Koмилу фи ат-таърих, ҷ. 4, саҳ. 70.
  41. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва ал-мулук (Таърих-ут-Табарӣ), ҷ. 5, саҳ. 439.
  42. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва ал-мулук (Таърих-ут-Табарӣ), ҷ. 5, саҳ. 439-440.
  43. Хоразмӣ, Мақтал-ул-Ҳусайн (а), ҷ. 2, саҳ. 17; Сайид Ибни Товус/ ал-Луҳуф, саҳ. 111-110.
  44. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва ал-мулук (Таърих-ут-Табарӣ), ҷ. 5, саҳ. 441; Шайх Муфид, ал-Иршод, ҷ. 2, саҳ. 105.
  45. Сайид Ибни Товус, Ал-Луҳуф фи қатлo ат-туфуф, саҳ. 111.
  46. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва ал-мулук (Таърих-ут-Табарӣ), ҷ. 5, саҳ. 441; Хоразмӣ, Мақтал-ул-Ҳусайн (а), ҷ. 2, саҳ. 200.
  47. Билозарӣ, Ансоб-ул-ашроф, ҷ. 3, саҳ. 361–362; Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибин, саҳ. 80; Динурӣ, Ал-Ахбор-ут-Тиввол, саҳ. 256; Табарӣ, Таърих-ул-умами ва ал-мулук (Таърих-ут-Табарӣ), ҷ. 5, саҳ. 446; Ибни Намо, Мусир-ул-аҳзон, саҳ. 68; Ибни Товус, Ал-Луҳуф алa қатлo-aт-туфуф, саҳ. 49
  48. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибин, саҳ. 115-116.
  49. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибин, саҳ. 80-86; Табарӣ, Таърих-ул-умами ва ал-мулук (Таърих-ут-Табарӣ), ҷ. 5, саҳ. 446-449.
  50. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибин, саҳ. 89-95; Муҳаммад Ибни Ҷарири Табарӣ, Таърих-ул-умами ва ал-мулук (Таърих-ут-Табарӣ), ҷ. 5, саҳ. 446-449; Ибни Саъд, ҷ. 6, саҳ. 440-442; Динурӣ, саҳ. 256-257.
  51. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва ал-мулук (Таърих-ут-Табарӣ), ҷ. 5, саҳ. 446-449; Ибни Шаҳрошуб, Маноқиби Оли Абитолиб, ҷ. 4, саҳ. 108.
  52. Табарӣ, Тарих-ул-умами ва ал-мулук, ҷ. 5, саҳ. 446, 453.
  53. Хоразмӣ, Мақтал-ул-Ҳусайн (а), ҷ. 2, саҳ. 32; Сайид Ибни Товус, ал-Луҳуф фи қатла ат-Туфуф, саҳ. 116; Ибни Намо, Мусир-ул-аҳзон, саҳ. 70.
  54. Хоразмӣ, Мақтал-ул-Ҳусайн (а), ҷ. 2, саҳ. 32.
  55. Сайид Ибни Товус, Ал-Луҳуф фи қатла ат-туфуф, саҳ. 123; Билозарӣ, Ансоб-ул-ашроф, ҷ. 3, саҳ. 409; Табарӣ, Таърих-ул-умами ва ал-мулук (Таърихи Табарӣ), ҷ. 5, саҳ. 451-453; Шайх Муфид, aл-Иршод, ҷ. 2, саҳ. 111.
  56. Шайх Садуқ, Амолӣ, ҷ. 1, саҳ. 249.
  57. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва ал-мулук (Таърихи Табарӣ), ҷ. 5, саҳ. 448; Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибин, саҳ. 95; Шайх Муфид, ал-Иршод, ҷ. 2, саҳ. 108.
  58. Ал-Қумӣ, Шайх Аббос, Нафас-ул-маҳмум фи мусибати Сайидина ал-Ҳусайнил мазлум, ҷ. 1, саҳ. 320.
  59. Билозарӣ, Ансоб-ул-ашроф, ҷ. 3, саҳ. 407; Табарӣ, Таърих-ул-умами ва ал-мулук (Таърихи Табарӣ), ҷ. 5, саҳ. 449-450; Ибни Саъд, Табақот-ул-кубро, ҷ. 6, саҳ. 440; Динурӣ, ал-Ахбор-ут-тивол, саҳ. 258.
  60. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва ал-мулук (Таърихи Табарӣ), ҷ. 5, саҳ. 452; Шайх Муфид, ал-Иршод, ҷ. 2, саҳ. 111; Абуалӣ Мaскавайҳ, Таҷоруб-ул-умам, ҷ. 2, саҳ. 80 ва Ибни Асир, Ал-Koмилу фи ат-таърих, ҷ. 4, саҳ. 77.
  61. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва ал-мулук (Таърихи Табарӣ), ҷ. 5, саҳ. 452; Шайх Муфид, ал-Иршод, ҷ. 2, саҳ. 111; Абуалӣ Маскавайҳ, Таҷориб-ул-умам, ҷ. 2, саҳ. 80; Ибни Асир, ал-Koмилу фи ат-таърих, ҷ. 4, саҳ. 77.
  62. Сайид Ибни Товус, ал-Луҳуф, саҳ. 119; Мусавӣ Мукарпам, Мақтал-ул-Ҳусайн (а), саҳ. 276.
  63. Муҳаммадбоқири Маҷлиси, Ҷало-ул-уюн, саҳ. 408; Абдурразоқ Алмусавӣ Ал-Муқрам, Мақтал-ул-Ҳусайн (а), саҳ. 276-278.
  64. Ибни Шаҳрошуб, Маноқиби Оли Абитолиб, саҳ. 109; Абдурразоқ Алмусавӣ Муқрам, Макталу-ул-Ҳусайн (а), саҳ. 277.
  65. Ал-Масъудӣ, Исбот-ул-васийя лил имом Алӣ ибни Абитолиб (а), саҳ. 177-178.
  66. Абдурразоқ Мусавӣ Муқрам, Мақтал-ул-Ҳусайн (а), саҳ. 277-278.
  67. Сайид ибни Товус, Ал-Луҳуф, саҳ. 119.
  68. Билозарӣ, Ансоб-ул-ашроф, ҷ. 3, саҳ. 407; Табарӣ, Таърих-ул-умами ва ал-мулук (Таърихи Табарӣ), ҷ. 5, саҳ. 450; Мухаммад Ибни Саъд, китобу ат-Табақот-ул-кабир, ҷ. 6, саҳ. 440; Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибин, саҳ. 118.
  69. Билозарӣ, Ансоб-ул-ашроф, ҷ. 3, саҳ. 407–408.
  70. Шайх Муфид, ал-Иршод, ҷ. 2, саҳ. 111-112; Хоразмӣ, Мақтал-ул-Ҳусайн (а), ҷ. 2, саҳ. 35; Ибни Шаҳрошуб, Маноқиби Оли Абитолиб, саҳ. 111.
  71. Шайх Муфид, ал-Иршод, ҷ. 2, саҳ. 111-112.
  72. Хоразмӣ, Мақтал-ул-Ҳусайн (а), ҷ. 2, саҳ. 34; Сайид ибни Товус, ал-Луҳуф, саҳ. 120.
  73. Билозарӣ, Ансоб-ул-ашроф, ҷ. 3, саҳ. 203; Табарӣ, Таърих-ул-умами ва ал-мулук (Таърихи Табарӣ), ҷ. 5, саҳ. 448; Ибни Асир, ал-Koмилу фи ат-таърих, ҷ. 4, саҳ. 75; Шайх Муфид, ал-Иршод, ҷ. 2, саҳ. 110.
  74. Динурӣ, ал-Ахбор-ут-тивол, саҳ. 258; Билозарӣ, Ансоб-ул-ашроф, ҷ. 3, саҳ. 407–409; Табарӣ, Таърих-ул-умами ва ал-мулук (Таърихи Табарӣ), ҷ. 5, саҳ. 453; Шайх Муфид, ал-Иршод, ҷ. 2, саҳ. 112.
  75. Билозарӣ, Ансоб-ул-ашроф, ҷ. 3, саҳ. 407–409; Табарӣ, Таърих-ул-умами ва ал-мулук (Таърихи Табарӣ), ҷ. 5, саҳ. 450; Ибни Асир, ал-Koмилу фи ат-таърих, ҷ. 4, саҳ. 77; Ибни Касир, ал-Бидоя ва ан-ниҳоя, ҷ. 8, саҳ. 187.
  76. Шайх Муфид, ал-Иршод, ҷ. 2, саҳ. 112; Хоразмӣ, Мақтал-ул-Ҳусайн (а), ҷ. 2, саҳ. 36; Табарсӣ, Эълом-ул-варо би аъломил ҳудо, ҷ. 1, саҳ. 469.
  77. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва ал-мулук (Таърихи Табарӣ), ҷ. 5, саҳ. 453-453; Ибни Саъд, Китоб ат-Табақот-ул-кабир, ҷ. 6, саҳ. 441; Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибин, саҳ. 118; Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, ҷ. 3, саҳ. 258; Шайх Муфид, ал-Иршод, ҷ. 2, саҳ. 112; Сайид ибни Товус, ал-Луҳуф, саҳ. 126.
  78. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кабир, ҷ.6, саҳ. 441 ва ҷ.3, саҳ. 409; Табарӣ, Таърих-ул-умами ва ал-мулук (Таърихи Табарӣ), ҷ. 5, саҳ. 453; Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибин, саҳ. 118; Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, ҷ. 3, саҳ. 258.
  79. Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, ҷ. 3, саҳ. 258–259.
  80. Шайх Муфид, ал-Иршод, ҷ. 2, саҳ. 110; Сайид ибни Товус, ал-Луҳуф, саҳ. 122-123 ва Табарсӣ, Эълом-ул-варо би аъломил ҳудо, ҷ. 1, саҳ. 467-468.
  81. Қумӣ, Нафас-ул-маҳмум, саҳ. 479.
  82. Қумӣ, Нафас-ул-маҳмум, саҳ. 479-480.
  83. Қумӣ, Нафас-ул-маҳмум, саҳ. 482.
  84. Билозарӣ, Ансоб-ул-ашроф, ҷ. 3, саҳ. 411; Табарӣ, Таърих-ул-умами ва ал-мулук (Таърихи Табарӣ), ҷ. 5, саҳ. 455; Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, ҷ. 3, саҳ. 259.
  85. Билозарӣ, Ансоб-ул-ашроф, ҷ. 3, саҳ. 411; Табарӣ, Таърих-ул-умами ва ал-мулук (Таърихи Табарӣ), ҷ. 5, саҳ. 455; Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, ҷ. 3, саҳ. 259.
  86. Ниг.: Алвонсоз Хӯӣ, Вақоеъ-ул-айём, ҷ. 2, саҳ. 135 ва 151.
  87. Ниг.: Расулӣ, Зайнаб, Ақилаи Банӣ Ҳошим, ҷ. 1, саҳ. 55.
  88. Ниг.: Қумӣ, Дар Карбало чӣ гузашт? (тарҷумаи Нафас-ул-маҳмум), саҳ. 486.
  89. Ниг.: Расулӣ, Зайнаб, Ақилаи Банӣ Ҳошим, ҷ. 1, саҳ. 61 ва 62.
  90. Муҳсинзода, Сирри Найнаво - Зайнаби Кубро (с), саҳ. 158.

Ёддошт:


Сарчашма

  • Ибни Асир, Алӣ ибни Абуилкарам, ал-Комил фи-т-торих, Бейрут, Дорусодир – Дору Бейрут, 1965.
  • Ибни Аъсами Кӯфӣ, ал-Футуҳ, таҳқиқи Алӣ Ширӣ, Бейрут, Дорулأазвоъ, чопи аввал, 1991.
  • Ибни ад-Дамишқӣ, Ҷавоҳир-ул-матолиб фи маноқиб-ил-Имом Алӣ (а), таҳқиқи Муҳаммадбоқир ал-Маҳмудӣ, Қум, Маҷмау эҳёиссақофат ал-исломия, чопи аввал, 1416.
  • Ибни Ҷавзӣ, Абдурраҳмон ибни Алӣ, ал-Мунтазам фи таърих-ил-умами ва-л-мулук, таҳқиқи Муҳаммад Абдуқодири Ато ва Мустафо Абдуқодири Ато, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, чопи аввал, 1992.
  • Ибни Шаддод, Иззуддин Абуабдуллоҳ, ал-Аълоқ-ул-хатира фи зокири умароъ-иш-Шоми ва-л-Ҷазира, таҳқиқи Сомӣ ад-Даҳҳон, Димишқ 1382ҳ.қ. / 1962.
  • Ибни Шаҳрошуб, Маноқибу Оли Абитолиб, Қум, Аллома, 1379ҳ.қ.
  • Ибни Тайфур, Аҳмад, Балоғот-ун-нисо, Қум, бе то.
  • Ибни Абдураббиҳ, ал-Иқд-ул-фарид, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, чопи аввал, 1404.
  • Ибни Асокир, Таъриху мадинати Димишқ, Бейрут, Дорулфикр, 1415.
  • Ибни Касир, Абуолфидоъ, Исмоил ибни Умар, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Бейрут, Дорулфикр, 1986.
  • Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, Бейрут, Дорусодир, чопи сеюм, 1414, ҷ.15.
  • Ибни Намои Ҳиллӣ, Мусир-ул-аҳзон, Қум, мадрасаи Имом Маҳдӣ (аҷ), 1406.
  • Абуалӣ Маскавайҳ, Таҷориб-ул-умам, таҳқиқи Абулқосими Имомӣ, Теҳрон, Суруш, чопи дувум, 1379ҳ.ш.
  • Абумихнаф Аздӣ, Мақтал-ул-Ҳусайн (а), таҳқиқ ва таълиқи Ҳусайн ал-Ғаффорӣ, Қум, Матбаъатулъилмия, бе то.
  • Исфаҳонӣ, Алӣ Абулфараҷ, Мақотил-ут-толибин, ба кӯшиши Аҳмад Сақр, Қоҳира, 1368ҳ.қ./ 1949м.
  • Исфаҳонӣ, Алӣ Абулфараҷ, Мақотил-ут-толибин, таҳқиқи Аҳмад Сақр, Бейрут, Дорулмаърифат, бе то, 1992м.
  • Алвонсози Хуӣ, Муҳаммад, Вақоеъ-ул-айём фи татиммати муҳаррам-ил-ҳаром, муҳаққиқ Алӣ Табрезии Хиёбонӣ, Қум, Ғурфатулислом, 1386.
  • Амин, Муҳсин, Аъён-уш-шиъа; таҳқиқи Ҳасан ал-Амин, Бейрут, Дорултаъоруф, бе то.
  • Баҳронӣ, Абдуллоҳ, ал-Аволим-ул-Имом-ул-Ҳусайн (а), таҳқиқи Мадрасат-ул-Имом-ил-Маҳдӣ (аҷ), Қум, Мадрасат-ул-Имом-ил-Маҳдӣ (аҷ), чопи аввал, 1407.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф, таҳқиқи Суҳайл Заккор ва Риёз Зириклӣ, Бейрут, 1417ҳ.қ., 1996м.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф, чопи Маҳмуд Фирдавс Азм, Димишқи 1996- 2000.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф, таҳқиқи Эҳсон Аббос, Бейрут, ҷамиъатулмуташарриқин аламония, 1979м.
  • Таърихи Имом Ҳусайн алайҳиссалом: Мавсуъат-ул-Имом-ил-Ҳусайн алайҳиссалом, созмони пажӯҳиш ва барномарезии омӯзишӣ, дафтари интишороти кумакомӯзишӣ, Теҳрон, 1378ҳ.ш.
  • Сақафии Кӯфӣ, Иброҳим ибни Муҳаммад, ал-Ғорот, таҳқиқ: ас-Сайид Ҷалолиддин ал-Ҳусайнӣ ал-Урумавӣ ал-Муҳаддис, Теҳрон: силсилаи интишороти анҷумани осори миллӣ, 2535.
  • Хоразмӣ, Муваффақ ибни Аҳмад, Мақтал-ул-Ҳусайн (а), таҳқиқ ва таълиқи Муҳаммад ас-Самовӣ, Қум, Мактабатулмуфид, бе то.
  • Доиратулмаорифи ташайюъ, зери назари Аҳмад Садр, Комрони Фонӣ, Баҳоуддини Хуррамшоҳӣ, Теҳрон, муассисаи интишоротии ҳикмат, чопи аввал, 1390ҳ.ш./1432ҳ.қ.
  • Деҳхудо, Алиакбар, Луғатномаи Деҳхудо, ҷ.6, Теҳрон: 1377ҳ.ш.
  • Динаварӣ, Абуҳанифа Аҳмад ибни Довуд, ал-Ахбор-ут-тивол, таҳқиқи Абдулмунъим Омир, муроҷиаи Ҷамолиддин Шайёл, Қум, маншуроти Разӣ, 1368ҳ.ш.
  • Ровандӣ, Қутбиддин, ал-Хароиҷ-ул-ҷароиҳ, Қум, муассисаи Имом Маҳдӣ (аҷ), чопи аввал, 1415.
  • Расулӣ, Ҳошим, Зайнаб, ақилаи Банӣ Ҳошим, Теҳрон, Машъар.
  • Самовӣ, Муҳаммад, Абсор-ул-айн фи ансор-ил-Ҳусайн, таҳқиқи Муҳаммадҷаъфар ат-Табасӣ, Марказуддиросотил-исломия лимумассили-л-валийи-ил-фақиҳ фи ҳарс-ис-саврат-ил-исломия, чопи аввал.
  • Сайид ибни Товус, ал-Луҳуф фи қатло-т-туфуф, Қум, Анворулҳудо, чопи аввал, 1417.
  • Сайид ибни Товус; ал-Луҳуф фи қатло-т-туфуф, Наҷаф, 1369ҳ.қ.
  • Сайиди Муртазо, Расоил-уш-шариф-ил-Муртазо, чопи Маҳдии Раҷоӣ, Қум, 1405.
  • Шаҳидӣ, Сайидҷаъфар, Зиндагонии Фотимаи Заҳро (а), Теҳрон, 1364ҳ.ш.
  • Шайхи Садуқ, ал-Амолӣ, китобхонаи исломия, 1362ҳ.ш.
  • Шайхи Муфид, ал-Иршод, Қум, конгресси Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Табаронӣ, ал-Муъҷам-ул-кабир, таҳқиқи Ҳамдӣ Абдулмаҷид ас-Салафӣ, бе ҷо, Дору эҳёиттуросилъарабӣ, бе то.
  • Табарсӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, Машҳад, нашри Муртазо, чопи аввал, 1403.
  • Табарсӣ, Эълом-ул-варо биаълом-ил-ҳудо, Теҳрон, исломия, чопи сеюм, 1390ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук (Таърих-ут-Табарӣ), таҳқиқи Муҳаммад Абулфазли Иброҳим, Бейрут, Дорултурос, чопи дувум, 1967.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, чопи Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Бейрут, 1382-1387ҳ.қ.
  • Қирмонӣ, Аҳмад ибни Юсуф, Ахбор-уд-дувал, таҳқиқи Фаҳмӣ Саъд ва Аҳмад Ҳатит, Бейрут, Оламулкутуб, чопи аввал, 1992.
  • Қумӣ, Аббос, Нафас-ул-маҳмум; дар Карбало чӣ гузашт, тарҷумаи Муҳаммадбоқири Камараӣ, масҷиди Ҷамкарон, Қум, чопи ҳаштум, 1381ҳ.ш.
  • Қундузӣ, Янобиъ-ул-маваддат лизави-л-қурбӣ, таҳқиқи Сайидалӣ Ҷамол Ашраф Ҳусайнӣ, Дорулусва, чопи аввал, 1416ҳ.қ.
  • Кашшӣ, Муҳаммад ибни Умар, Риҷол-ул-Кашшӣ, Машҳад, донишгоҳи Машҳад, 1348ҳ.ш.
  • Момқонӣ, Абдуллоҳ, Танқиҳ-ул-мақол фи илм-ир-риҷол, таҳқиқи Муҳиддин ал-Момқонӣ ва Муҳаммадризо ал-Момқонӣ, Қум, Олулбайт (а), лиэҳёиттурос, чопи аввал, 1430.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор-ил-ҷомеъа лидурари ахбор-ил-аиммат-ил-атҳор, Теҳрон, Исломия, бе то.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Ҷалоъ-ул-уюн, Ҷовидон, бе то.
  • Муҳсинзода, Муҳаммадалӣ, Сирри Найнаво, Зайнаби Кубро алайҳоссалом, ҷ.1, Теҳрон, Машъар, 1388.
  • Маҳаллӣ, Ҳамид ибни Аҳмад, ал-Ҳадоиқ-ул-вардия фи маноқиб-ил-аиммат-из-зайдия, Санъо, Мактабату бадр, чопи аввал, 1423.
  • Муҳаммад ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кабир, ба кӯшиши Алӣ Муҳаммад Умар, Қоҳира, 1421ҳ.қ., 2001м.
  • Муҳаммад ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, таҳқиқи Муҳаммад ибни Сомил ас-Салмӣ, Тоиф, Мактабатуссадақ, чопи аввал, 1993.
  • Масъудӣ, Алӣ ибни-л-Ҳусайн, Исбот-ул-васият ли-л-Имом Алӣ ибни Абитолб (а), Бейрут, Дорулазвоъ, чопи дувум, 1988.
  • Масъудӣ, Алӣ ибни-л-Ҳусайн, Муруҷ-уз-заҳаб ва маодин-ул-ҷавҳар, таҳқиқи Асъад Доғир, Қум, Дорулҳиҷрат, чопи дувум, 1409.
  • Масъудӣ, Алӣ ибни-л-Ҳусайн, Муруҷ-уз-заҳаб, ба кӯшиши Шарел Пело, Бейрут, 1974 м.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Нуъмон, ал-Иршод фи маърифати ҳуҷаҷиллоҳи ала-л-ибод, Қум, 1413.
  • Мусавӣ ал-Муқаррам, Абдулразоқ, Мақтал-ул-Ҳусайн (а), Бейрут, Дорулкитобил-исломия, чопи панҷум.
  • Майдонӣ, Абулфазл Аҳмад ибни Муҳаммад, Маҷмаъ-ул-амсол, таълиқи Наим Ҳусайн Зурзӯр, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, чопи аввал, 1988.
  • Ҳайсамӣ, Маҷмаъ-уз-завоид, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, 1988.
  • Яъқубӣ, Аҳмад, Таърих, Наҷаф, 1358ҳ.қ.


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found