Машъалгардонӣ (оин)

Аз wikishia
Оини машъалгардонии наҷафиҳо дар Қум (ноябри 2013)[1]

Машъалгардонӣ, оини сӯгвории муҳаррам дар Эрон ва Ироқ аст.

Ин оин бештар дар даҳаи муҳаррам, дар кишвари Ироқ ва манотиқи марказӣ ва ҷанубии Эрон баргузор мешавад.

Дар ин оин, оташдонҳоеро дар хиёбонҳо, майдонҳо ва маконҳои муқаддас гирифта мечархонанд.

Таърихча

Аз мизони қидмати оини машъалгардонӣ, итилоъи дақиқе дар даст нест.[2] Бархе пешинаи онро ба ҳудуди панҷсад сол пеш бармегардонанд.[3] Дар давраҳое аз таърих, аз ҷумла дар замони Ризошоҳи Паҳлавӣ, шуълагардонӣ мамнуъ будааст.[4] Дар бархе манотиқ, аз ин оиин, бо номҳои дигаре ёд мешавад; аз ҷумла дар Ардакони Язд, ба он таклиф гуфта мешавад.[5]

Шеваи баргузорӣ

Оини машъалгардонӣ, дар манотиқи мухталиф, ба сурати мутафовит баргузор мешавад. Дар шеваи наҷафӣ, ба василаи оташдонҳои майдаи чубӣ ё фулузӣ, созае сохта мешавад, ки ба он машоъил гуфта мешавад. Ҳангоми азодорӣ, оташдонҳоро равшан мекунанд ва машоъилро дар гузаргоҳҳои умумии майдонҳои аслии шаҳр ва муҳавватаи берунии амокини муқаддас ҳаракат медиҳанд. Ба иллати вазни болои машоъил, барои бардоштани он, ниёз ба тавоноӣ ва қудрати ҷисмонии болое аст. Машоъилҳо дар андоза ва шакл, бо ҳам фарқ доранд.[6]

Дар бархе манотиқи мисли Карбало ва Ардакони Язд, гоҳе ба ҷои созаи чандмашъалии мазкур, аз машъалҳои ҷудо ва оташдонҳое бо дастаҳои баланд, мушобеҳи илм, истифода мешавад. Ин машъалҳо тавассути азодорон ва дар бархе манотиқ, ихтисосан тавассути содот, ҳамроҳ бо хондани шеърҳои хос, дар гузаргоҳҳои ҳаракат дода мешавад. Ҳамроҳи машъалгардонӣ, маъмулан таблзанӣ ва санҷзанӣ ҳам анҷом мешавад.[7]

Густараи ҷуғрофиёӣ

Ин оин дар бархе аз шаҳрҳои Эрону Ироқ баргузор мешавад. Дар Ироқ ғолибан дар шаҳрҳои Наҷаф, Козимайн ва Карбало машъалгардонӣ мекунанд.[8] Дар Эрон ҳам бештар, манотиқи марказӣ ва ҷанубӣ ва шаҳрҳое мисли Қум ва шаҳри Рей ва Ардакони Язд, мизбони маросими машъалгардонӣ ҳастанд ва ғолибан арабҳо онро иҷро мекунанд.[9]

Замони баргузорӣ

Машъалгардонӣ дар манотиқи мухталиф, дар рӯзҳои мутафовите аз даҳаи муҳаррам баргузор мешавад.[10] Ғолибан ин маросим дар шаби Ошуро иҷро мешавад. Наҷафиҳо дар шабҳои ҳаштум, нуҳум ва даҳум машъалгардонӣ доранд. Дар бархе аз манотиқ, монанди Ардакони Язд, дар аввали муҳаррам машъалгардонӣ мекунанд то оғози муҳаррамро эълом ва мардумро ба азодорӣ даъват кунанд. Дар манотиқе низ аз шаби Тосуъо то субҳи рӯзи Ошуро машъалгардонӣ мекунанд.[11] Дар бархе ҷойҳо дар шоми ғарибон ҳам ин маросим иҷро мешавад.[12]

Ҷусторҳои вобаста

Нахлгардонӣ

Тобутгардонӣ

Эзоҳ

  1. “Маросими машъалгардонии наҷафиҳои муқими Қум”, хабаргузории Форс.
  2. Мазоҳирӣ, Фарҳанги сӯги шиъӣ, 1395ҳ.ш., саҳ.450.
  3. 10 суннати ошуроӣ аз 10 гӯшаи ҷаҳон, вебгоҳи Машриқнюз.
  4. 10 суннати ошуроӣ аз 10 гӯшаи ҷаҳон, вебгоҳи Машриқнюз.
  5. Мазоҳирӣ, Фарҳанги сӯги шиъӣ, 1395ҳ.ш., саҳ.450.
  6. Мазоҳирӣ, Фарҳанги сӯги шиъӣ, 1395ҳ.ш., саҳ.450.
  7. Мазоҳирӣ, Фарҳанги сӯги шиъӣ, 1395ҳ.ш., саҳ.450 ва 451.
  8. Мазоҳирӣ, Фарҳанги сӯги шиъӣ, 1395ҳ.ш., саҳ.451.
  9. 10 суннати ошуроӣ аз 10 гӯшаи ҷаҳон, вебгоҳи Машриқнюз.
  10. 10 суннати ошуроӣ аз 10 гӯшаи ҷаҳон, вебгоҳи Машриқнюз.
  11. Ризоӣ, Азодории Имом Ҳусайн дар ҷаҳон, 1388ҳ.ш., саҳ.69.
  12. Мазоҳирӣ, Фарҳанги сӯги шиъӣ, 1395ҳ.ш., саҳ.450.

Сарчашма

  • “10 суннати ошуроӣ аз 10 гӯшаи ҷаҳон», вебгоҳи Машриқнюз, матлаби 488140, интишор: 21 меҳри 1395.
  • Мазоҳирӣ, Муҳсин Ҳисом, Фарҳанги сӯги шиъӣ, Теҳрон, Муҷтамаъи офаринишҳои ҳунарии Ислом, 1395ҳ.ш.
  • "Маросими машъалгардонии наҷафиҳои муқими Қум”, хабаргузории Форс, дарҷи матлаб: 10 обони 1393ҳ.ш., мушоҳида: 9 шаҳривари 1400ҳ.қ.
  • Ризоӣ, Сафия, Азодории Имом Ҳусайн дар ҷаҳон, Қум, Сибтуннабӣ, 1388ҳ.ш.