Мухтори Сақафӣ
- Ин мақола дар бораи Мухтори Сақафӣ аст. Барои ошноӣ бо қиёми ӯ, мадхали қиёми Мухторро бибинед.
Мухтор ибни Абуубайди Сақафӣ (1 - 67ҳ.қ.) аз тобеин, ки барои хунхоҳии Имом Ҳусайн (а) қиём кард. Мухтор дар воқеаи Карбало мизбонии Муслим ибни Ақил, фиристодаи Имом Ҳусайн (а) дар Кӯфаро бар ӯҳда дошт ва то шаҳодати Муслим бо ӯ ҳамкорӣ кард. Сипас Убайдуллоҳ ибни Зиёд ӯро зиндонӣ кард, аз ин рӯ, рӯзи Ошӯро дар Карбало ҳузур надошт.
Мухтор дар соли 66 қамарӣ, алайҳи ҳокими Кӯфа қиём кард. Дар қиёми ӯ бисёре аз омилони воқеаи Карбало ба қатл расиданд. Мухтор баъд аз 18 моҳ ҳукумат бар Кӯфа, ба дасти Мусъаб ибни Зубайр ба қатл расид. Қабре, мансуб ба ӯ дар канори масҷиди Кӯфа, наздики мазори Муслим ибни Ақил қарор дорад.
Дар бораи шахсият, қиём ва амалкарди Мухтор назароти мухталифе вуҷуд дорад ва дар ин бора осори мутааддиде навишта шудааст. Бархе мӯътақиданд, Мухтор бо ангезаи хунхоҳии Имом Ҳусайн (а) ва бо изни Имом Зайналъобидин (а) қиём кардааст, аммо бархеи дигар ӯро шахси қудратталабе медонанд, ки бо ҳадафи расидан ба ҳукумат қиём кардааст. Бархе низ мӯътақиданд, Мухтор шиа буд, аммо амалкарди ӯ мавриди таъйид нест, бо ин ҳол аҳли ҷаҳаннам нахоҳад буд. Маншаи ин назарот, ду даста ривоёте аст, ки дар онҳо Мухтор мадҳ ё мазаммат шудааст. Бархе аз риҷолёни шиа ҳамчун Абдуллоҳи Момқонӣ ва Оятуллоҳ Хуӣ, ривоёти мадҳро тарҷеҳ додаанд.
Насаб ва лақаб
Мухтор ибни Абуубайд ибни Масъуди Сақафӣ аз қабилаи СақиФ буд.[1] Падараш Абуубайд аз саҳобаи Пайғамбар (с) буд[2] ва дар ҷангҳои Қодисия дар ҳукумати халифаи дувум кушта шуд.[3] Падаркалони ӯ, Масъуди Сақафӣ, аз бузургони Ҳиҷоз буд ва ба ӯ лақаби азимулқариятайн (бузурги Макка ва Тоиф) дода буданд.[4] Модараш Давма бинти Амр ибни Ваҳб аст, ки ибни Тайфур дар китоби «Балоғот-ун-нисо» аз ӯ ёд кардааст.[5] Ба гуфтаи Ибни Асир, таърихнигори қарни ҳафтуми қамарӣ, Мухтор аз саҳоба набуд.[6] Бо ин ҳол, шарҳи ҳоли ӯ дар манобеи саҳобанигорӣ омадааст.[7]
Кунияи Мухтор, Абуисҳоқ[8] ва лақабаш Кайсон (зираку боҳуш) буд.[9] Аз Асбағ ибни Набота нақл шудааст, ҳангоме, ки Мухтор кӯдак буд, Имом Алӣ (а) ӯро бар зонуи худ нишонд ва ӯро «каййис» хонд.[10]
Ҳузур дар ҷангҳои Қодисия
Мухтор дар соли аввали ҳиҷрат таваллуд шуд.[11] Гуфтаанд ӯ дар 13 солагӣ дар ҷанги Ҷиср аз ҷангҳои Қодисия иштирок кард ва дар садад буд, то вориди майдони ҷанг шавад, аммо амакаш Саъд ибни Масъуд монеъи ӯ шуд.[12] Дар ин ҷанг падар ва бародари Мухтор кушта шуданд.[13]
Саъд ибни Масъуди Сақафӣ амаки Мухтор, аз тарафи Имом Алӣ (а) волии Мадоин буд.[14] Ӯ дар ҷанги хавориҷ, Мухторро ба ҷонишинии худ дар Мадоин мансуб кард ва худ барои ҷанги онон рафт.[15]
Ҳамроҳӣ бо Муслим ибни Ақил
Ба гузориши Шамсиддини Заҳабӣ, Мухтор дар замони Муовия ба Басра рафта, мардумро ба тарафи Имом Ҳусайн (а) фаро хонд. Дар он замон, Убайдуллоҳ ибни Зиёд, ки аз тарафи Муовия, волии Басра буд, ӯро боздошт ва ба Тоиф табъид кард.[16]
Мухтор бо Муслим ибни Ақил - фиристодаи Имом Ҳусайн (а) дар Кӯфа ҳамкорӣ мекард. Муслим ҳангоми вуруд ба Кӯфа ба хонаи Мухтор рафт.[17] Баъд аз онки Убайдуллоҳ ибни Зиёд аз ҷои Муслим итилоъ пайдо кард, Муслим ба хонаи Ҳонӣ ибни Урва нақли макон кард.[18]
Ҳамчунин бино бар гузоришҳои торихӣ, Мухтор бо Муслим ибни Ақил байъат кард,[19] ӯ рӯзи шаҳодати Муслим, дар беруни Кӯфа ба сар мебурд ва хабари қиёми зудтар аз мавъиди Муслимро онҷо шунид, аммо ҳангоме, ки ба Кӯфа расид, Муслим ва Ҳонӣ шаҳид шуда буданд.[20]
Ҳузур наёфтан дар Карбало
Мухтор рӯзи Ошӯро дар зиндон буд. Аз ин рӯ, дар Карбало ҳузур надошт. Баъд аз шаҳодати Муслим, Ибни Зиёд қасди куштани Мухторро дошт, ки бо миёнадароии Амр ибни Ҳурайс аз куштани ӯ сарфи назар кард, аммо ӯро ба зиндон андохт. Мухтор то пас аз воқеаи Карбало дар зиндон буд.[21] Баъд аз воқеаи Карбало, Мухтор бо миёнҷигарии Абдуллоҳ ибни Умар, ки шавҳари Сафия- хоҳари Мухтор буд,[22] назди Язид ибни Муовия, озод шуд.[23] Бино бар гузориши Абдурразоқи Муқаррам ҳангоме, ки асирони Карбалоро ба маҷлиси Ибни Зиёд овараданд, Ибни Зиёд Мухторро низ, ки зиндонӣ буд, эҳзор кард. Дар ин ҷаласа, байни Мухтор ва Ибни Зиёд суханони тунде раддубадал шуд.[24] Бино бар ин гузориш, Мухтор пас аз шаҳодати Абдуллоҳ ибни Афиф аз зиндон озод шуд, аммо Убайдуллоҳ ибни Зиёд бо ӯ шарт кард, ки набояд бештар аз се рӯз дар Кӯфа бимонад. Убайдуллоҳ баъд аз шаҳодати Абдуллоҳ ибни Афиф, хутбае хонд ва дар он ба Аҳли Байти Пайғамбар (с) носазо гуфт. Мухтор ба ӯ эътироз кард ва Ибни Зиёд дубора ӯро зиндонӣ кард, аммо бо шафоати муҷаддади Абдуллоҳ ибни Умар озод шуд.[25]
Байъат бо Абдуллоҳ ибни Зубайр
Мухтор бо Абдуллоҳ ибни Зубайр байъат кард, ба шарте, ки дар корҳо бо ӯ машварат кунад.[26] Дар ҳамлаи сипоҳи Язид ба Макка ва муҳосираи Абдуллоҳ ибни Зубайр, Мухтор дар канори Абдуллоҳ, бо сипоҳи Язид ҷангид.[27] Баъд аз вафоти Язид ибни Муовия, Ибни Зубайр иддаои хилофат кард. Мухтор ҳам ба Кӯфа рафта, муқаддамоти қиёми худро фароҳам кард.[28] Ибни Зубайр, Абдуллоҳ ибни Мутиъро ба вилояти Кӯфа гумошт. Мухтор бо ӯ ҷангид ва ӯро шикаст дод.[29]
Чароии иштирок накардан дар қиёми таввобин
Мақолаи аслӣ: Қиёми таввобин
Мухтор дар қиёми таввобин ширкат накард; чароки қиёмро бефоида ва Сулаймон ибни Суради Хузоиро ноошно бо фунун ва текникҳои ҷанг медонист.[30] Ба дунболи ширкат накардани Мухтор, 4000 нафар аз 16000 нафаре, ки бо Сулаймон байъат карда буданд, дар ҷанг иштирок накарданд.[31] Мухтор ҳамзамон бо қиёми таввобин, ба зиндон афтод,[32] ӯ пас аз шикасти таввобин, ба бозмондагони онон номае навишта, аз онон дилҷӯӣ кард.[33] Сарони таввобин қасди озодсозии ӯро аз зиндон доштанд, аммо Мухтор ононро барҳазар дошт ва бо васотати Абдуллоҳ ибни Умар озод шуд.[34]
Интиқом аз омилони Воқеаи Карбало
Мақолаи аслӣ: Қиёми Мухтор
Мухтор дар соли 66 ҳиҷрии қамарӣ, ба хунхоҳии Имом Ҳусайн (а) қиём кард ва шиаёни Кӯфа бо ӯ ҳамроҳ шуданд.[35] Ӯ дар қиёмаш аз ду шиори «Ё ласоротил-Ҳусайн» ва «Ё мансури уммат» истифода кард.[36] Дар ин қиём, Мухтор шуморе аз омилони Воқеаи Карбало, ҳамчун Шимр ибни Зилҷавшан, Хулӣ ибни Язид, Умар ибни Саъд ва Убайдуллоҳ ибни Зиёдро ба қатл расонд.[37] Ӯ сари Убайдуллоҳ ибни Зиёд ва Умар ибни Саъдро ба Мадина назди Имом Саҷҷод (а) фиристод.[38]
Робита бо Имом Саҷҷод (а)
Дар бораи робитаи Имом Саҷҷод (а) бо Мухтор, гузоришҳо мутафовит аст. Бар асоси ривояте, ки дар Риҷоли Кашшӣ нақл шудааст, Мухтор 20000 динор барои имоми чаҳорум фиристод ва ӯ бо он, хонаи Ақил ибни Абутолиб ва соири Банӣ Ҳошимро ки махруба шуда буд, бозсозӣ кард. Бо ин ҳол, Мухтор, бори дигари чиҳил ҳазор динор барои Имом Саҷҷод фиристод, аммо имом қабул накард.[39] Ӯ ҳамчунин канизе (модари Зайд ибни Алӣ)-ро, ки 30000 дирҳам харида буд, ба Имом Саҷҷод (а) ҳадя кард.[40] Мухтор пас аз куштани Убайдуллоҳ, сари ӯро назд Имом Зайналъобидин (а) фиристод. Имом саҷдаи шукр ба ҷо овард, ва дар ин вақт буд, ки занони хонадони Банӣ Ҳошим либосҳои сӯгворие, ки барои Имом Ҳусайн (а) бар тан карда буданд, бароварданд.[41]
Бар асоси ривояти дигаре, гурӯҳе аз сарони Кӯфа назди Имом Саҷҷод (а) рафта, дар бораи маъмурият Мухтор пурсиданд ва Имоми чаҳорум ононро ба Муҳаммад ибни Ҳанафия ирҷоъ доду фармуд: Эй амӯ, агар як ғуломи зангие ба мо Аҳли Байт таассуб варзад, бар мардум воҷиб аст, ӯро ёрӣ кунанд. Дар ин бора, ҳарчӣ мехоҳӣ анҷом деҳ, ман туро дар ин амр, намоянда қарор додам!.[42] Оятуллоҳи Хуӣ[43] ва Момқонӣ[44] қиёми Мухторро бо изни Имом Зайналъобидин (а) медонанд.
Иртибот бо Муҳаммад ибни Ҳанафия
Бино ба бархе ривоёт, Мухтор мардумро ба имомати Муҳаммад ибни Ҳанафия даъват мекардааст.[45] Аз ин рӯ, бархе ӯро муассиси кайсония ва пайравонашро кайсония меноманд.[46] Ба гуфтаи Оятуллоҳи Хуӣ ин матлаб дуруст нест; чароки Муҳаммад ибни Ҳанафия иддаои имомат надоштааст, то Мухтор мардумро ба сӯи ӯ даъват кунад.[47] Ҳамчунин кайсония баъд аз қатли Мухтор ва вафоти Муҳаммад ибни Ҳанафия шакл гирифтааст.[48] Ба гуфтаи Момқонӣ, сирфи инки лақаби Мухтор кайсон аст, далел намешавад бар инки ӯ бар мазҳаби кайсония бошад.[49]
Наҷоти Муҳаммад ибни Ҳанафия
Пас аз онки Абдуллоҳ ибни Зубайр аз қиёми Мухтор бохабар шуд, Муҳаммад ибни Ҳанафия ва наздиконашро таҳти фишор қарор дод, то бо ӯ байъат кунанд ва ононро таҳдид ба сӯзондан кард. Ибни Ҳанафия номае ба Мухтор навишта, аз ӯ ёрӣ хост. Мухтор гурӯҳеро ба Макка фиристод ва ононро наҷот дод.[50]
Ривоёти мутафовит дар бораи Мухтор
Ду даста ҳадиси мутафовит бо ҳам дар бораи Мухтор нақл шудааст, ки дар бархе, ӯ мадҳу ситоиш ва дар бархеи дигар мазаммат шудааст.
Аҳодиси мадҳ
- Аз Имом Саҷҷод (а) нақл шудааст, ки Худо ба Мухтор ҷазои хайр диҳад.[51]
- Имоми Содиқ (а) дар мулоқот бо Абулҳакам фарзанди Мухтор, пас аз такрими ӯ, аз Мухтор тамҷид карда ба писари Мухтор гуфт, Худо падаратро раҳмат кунад!.[52] Абдуллоҳи Момқонӣ, риҷолии шиа, тараҳҳуми Имом Содиқ (а) ба Мухторро далел бар саҳеҳ будани ақоиди ӯ донистааст; бо ин далел, ки дар мазҳаби имомия, ризояти аимма тобеи ризояти Худост. Аз ин рӯ, тараҳҳуми Имом Содиқ (а) ба касе ки инҳирофи ақида дорад, маъқу нест ва сирфи хунхоҳии Имом Ҳусайн (а) муҷаввизе бар ин кор нест.[53]
Аҳодиси замм
- Аз Имом Боқир (а) нақл шудааст, ки Имом Саҷҷод (а) фиристодагони Мухторро ба ҳузур напазируфт ва ҳадяҳояшро пас фиристоду ӯро каззоб хонд. Момқонӣ, ин вокуниши Имом Саҷҷод (а)-ро ба хотири тарс аз Абдулмалик ибни Марвон ва тақия донистааст.[54]
- Имом Содиқ (а): Мухтор бар Имом Саҷҷод (а) дурӯғ мебаст.[55] Ба гуфтаи Оятуллоҳи Хуӣ ин ҳадис аз назари санадӣ заиф аст.[56]
- Мухтор дар Собот ба амакаш Саъд ибни Масъуд пешниҳод кард, ки Имом Ҳасан (а)-ро ба Муовия супорад, то ҷойгоҳаш мутазалзил нашавад.[57] Ба гуфтаи Оятуллоҳи Хуӣ, ин ҳадис ба далели мурсал будан, қобили эътимод нест, ҳамчунин бар фарзи сиҳҳат, метавон гуфт, ки Мухтор дар изҳораш ҷиддӣ набудааст, балки қасд дошта назари амакашро кашф кунад.[58]
- Бино бар ривояте, Мухтор аҳли ҷаҳаннам аст, аммо Имом Ҳусайн (а) ӯро шафоат мекунад.[59] Ин ривоят аз назари уламои илми риҷол заиф аст.[60]
- Бино ба бархе гузоришҳо, Мухтор иддаои набувват доштааст.[61] Ба гуфтаи Абдуллоҳи Момқонӣ дар манобеи шиа асаре аз ин иддао вуҷуд надорад ва ин нисбатро аҳли суннат ба ӯ додаанд; чароки бархе аз бузургонашонро, ки дар Воқеаи Карбало нақш доштаанд, ба қатл расондааст.[62]
Оятуллоҳи Хуӣ пас аз зикри ривоёти мадҳу замм, ривоёти мадҳро тарҷеҳ додааст.[63]
Дидгоҳҳо дар бораи Мухтор
Дар бораи шахсияти Мухтор назароти мухталифе матраҳ аст:
Мухтор хунхоҳи Аҳли Байт буд
Боқиршарифи Қурашӣ мӯътақид аст, ки қиёми Мухтор барои ҷоҳталабию раёсат набуда ва ӯ барои хунхоҳии Аҳли Байти Пайғамбар (с) ва интиқом аз қотилони онҳо қиём кардааст.[64] Наҷмиддини Табасӣ ҳам, талаби раҳмати Имом Боқир (а) барои Мухторро навъе таъйиди иқдомоти ӯ дар қиболи қатли қотилони Имом Ҳусайн (а) донистааст.[65] Ибни Намои Ҳиллӣ бар ин ақида аст, дуои хайри Имом Саҷҷод (а) барои Мухтор далеле аст бар инки ӯ назди Имом Саҷҷод (а) аз покону хубон ба шумор меомадааст.[66]
Абдуллоҳи Момқонӣ Мухторро шиаи имомӣ дониста, аммо гуфтааст мувассак буданаш исбот нашудааст.[67] Ба гуфтаи ӯ, Аллома Ҳиллӣ низ дар қисмати аввали китоби худ, аз Мухтор ёд кардааст ва ӯ касеро ки ғайриимомӣ бошад, ҳатто агар аз назари васоқату мадҳ ба сарҳади камол расида бошад, дар китобаш наёвардааст.[68]
Мухтор, қудратталаб буд
Бархе мӯътақиданд, аз маҷмӯаи қароин ба даст меояд, ки қиёми Мухтор барои касби қудрату ҳукумат будааст.[69] Бар асоси ин дидгоҳ, Мухтор аз Аҳли Байт истифодаи абзорӣ карда, қасд дошта аст аз тариқи онон ба аҳдофи худ бирасад.[70] Ба бовари Расули Ҷаъфариён, ин суханон, нодуруст ва натиҷаи таблиғоти ҷавви зидди-Мухтории умавиён ва зубайриён аст.[71]
Худдорӣ аз доварӣ дар бораи Мухтор
Гурӯҳе аз олимони шиа аз изҳори қатъии назар дар бораи Мухтор худдорӣ кардаанд; дар китоби Ҷомеъ-ур-рувот, ба Мирзо Муҳаммади Астарободӣ нисбат дода шудааст, ки набояд аз Мухтор ба бадӣ ёд кард; бо ин ҳол, ривоёт, ӯро қобили эътимод намедонад ва дар мавриди ӯ таваққуф кардааст.[72]
Аллома Маҷлисӣ имони Мухторро комил надониста ва иқдомоти ӯро бидуни иҷозати имоми маъсум донистааст. Бо вуҷуди ин, мӯътақид аст ба иллати онки Мухтор корҳои неки зиёде анҷом додааст, оқибат ба хайр шудааст. Албатта ӯ низ дар бораи Мухтор таваққуф кардааст.[73]
Шаъронӣ дар Дамъ-ус-суҷум бар ин бовар аст, ки Мухтор аз ҳушмандон ва шуҷоъони араб аст ва иддаои вуҷуди ахбори мутаноқиз дар бораи ӯро қабул накарда, мегӯяд, ки ҳисоби бандагон дар қиёмат бо Худост, Мухтор ҳам монанди бештари мардум, кори неку зишти ба ҳамомехта доштааст.[74]
Дидгоҳи уламои аҳли суннат
Дар бархе аз манобеи аҳли суннат, нисбатҳое ҳамчун носибӣ ва дурӯғгӯ ба Мухтор дода шудааст. Ривояте ба Пайғамбар (с) мансуб аст, ки аз Сақиф каззоб ва ҷинояткоре ба вуҷуд хоҳад омад. Ин ривоятро Асмо духтари Абубакр, модари Абдуллоҳ ибни Зубайр ривоят кардааст.[75]
Гуфта шудааст, манзур аз каззоб дар ин ривоят, Мухтор аст.[76] Дар ишкол ба ин сухан гуфтаанд, дар ин ривоят номи Мухтор наёмадааст ва номи ӯ тавассути ровӣ изофа шудааст. Ҳамчунин бо ривоёти дигаре, ки дар онҳо афроди дигаре мисдоқи дурӯғгӯ ва ҷинояткор муаррифӣ шуда, таоруз дорад.[77] Бино бар гузорише, Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуф мардумро ба лаъни ҳазрати Алӣ (а) ва Мухтор амр мекард.[78] Мақризӣ низ Мухторро ҷузъи хавориҷ медонад.[79]
Ҳамсар ва фарзандон
Мухтори Сақафӣ чаҳор ҳамсар дошт: Уммусобит духтари Самарат ибни Ҷундаб,[80] Умра духтари Нуъмон ибни Башир (аввалин зане, ки дар Ислом гарданаш зада шуд),[81] Уммузайд Суғро духтари Саид ибни Зайд ибни Амр[82] ва Уммувалид духтари Умайр ибни Рибоҳ.[83] Уммусобит барои ӯ Муҳаммад ва Исҳоқ[84] ва Уммувалид, Уммусаламаро[85] ба дунё овараданд. Уммусалама ба издивоҷи Абдуллоҳ ибни Абдуллоҳ ибни Умар ибни Хаттоб даромад.[86]
Абулҳакам,[87] Ҷабр,[88] Умайя,[89] Билол[90] ва Умар (волии Рей тавассути Абумуслими Хуросонӣ)[91] дигар фарзандони ӯ буданд.
Даргузашт ва оромгоҳ
Мухтор, баъд аз 18 моҳ ҳукумат, дар 14-уми Рамазони[92] соли 67ҳ.қ., дар 67 солгӣ ба дасти Мусъаб ибни Зубайр кушта шуд.[93] Ба дастури Мусъаб, дасти Мухторро бурида, ба девори масҷиди Кӯфа кӯбиданд. Ҳангоме, ки Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуфи Сақафӣ бар Кӯфа мусаллат шуд, дастур дод онро дафн карданд.[94] Мазори Мухтор дар канори масҷиди Кӯфа аст ва дар китоби ал-Мазори Шаҳиди Аввал, зиёратноме барои ӯ зикр шудааст.[95]
Осор дар бораи Мухтор
Мақолаи аслӣ: Феҳристи китобҳо дар бораи Мухтори Сақафӣ
Дар бораи Мухтор, осоре навишта шудааст. Дар ин китобҳо шахсият ва ҳадафи ӯ аз қиём мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Оқобузурги Теҳронӣ дар аз-Зариъа беш аз 37 китоб дар бораи Мухтор ном бурдааст.[96] Бархе аз онҳо иборатанд аз:
- Шарҳ-ус-сор фи аҳвол-ил-Мухтор, навиштаи Ибни Намои Ҳиллӣ:[97] Алломаи Маҷлисӣ ин китобро дар ҷилди 45 Биҳор-ул-анвор овардааст.[98]
- Равзат-ул-муҷоҳидин, ба забони форсӣ: ин китоб шомили гузоришҳое аз ҷангҳо ва рашодатҳои Мухтор аст, ки аз ҳолати манзуму ривоӣ, ба сурати мансуру ҳамосӣ даромадааст. Ин асар, навиштаи Воизи Ҳиравӣ, (қарни 10ҳ.қ.) аст, ки дар моҳи муҳаррам бар минбар барои мардум ривоят мекардааст. Қироати ин китоб муддатҳо дар маҷолиси равзахонӣ ривоҷ доштааст. Интишороти Қуқнус ин китобро дар 520 саҳифа мунташир кардааст.
Сериёли Мухторнома
Мақолаи аслӣ: Мухторнома (маҷмӯаи телевизионӣ)
Мухторнома, маҷуъаи телевизиюнӣ дар бораи зиндагӣ ва қиёми Мухтори Сақафӣ ба коргардонии Довуди Мирбоқирӣ аст. Ин сериёл дар чиҳил қисмати шастдақиқаӣ дар солҳои 1389 ва 1390 шамсӣ, аз садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон пахш шуд.[99] Дар ин сериёл, Фарибурзи Арабниё нақши Мухторро бозӣ кардааст.
Нигорхона
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.346.
- ↑ Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.347.
- ↑ Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.231.
- ↑ Ибни Қутайба, ал-Маъориф, 1992м., саҳ.400.
- ↑ Ибни Тайфур, Балоғот-ун-нисо, 1326ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.128.
- ↑ Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.347.
- ↑ Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.346 ва 347: Ибни Ҳаҷар, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.275.
- ↑ Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.346.
- ↑ Ахбор-уд-давлат-ил-аббосия, 1391ҳ.қ., саҳ.165.
- ↑ Кашшӣ, Риҷол-ул-Кашшӣ, 1409ҳ.қ., саҳ.127.
- ↑ Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.347.
- ↑ Ибни Намои Ҳиллӣ, Завб-ун-нуззор, 1416ҳ.қ., саҳ.61.
- ↑ Ибни Ҳаҷар, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.223.
- ↑ Динаварӣ, Ахбор-ут-тивол, 1368ҳ.ш., саҳ.205.
- ↑ Динаварӣ, Ахбор-ут-тивол, 1368ҳ.ш., саҳ.205.
- ↑ Заҳабӣ, Сияру аълом-ин-нубало, 1414ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.544.
- ↑ Динаварӣ, ал-Ахбор-ут-тивол, 1368ҳ.ш., саҳ.231.
- ↑ Динаварӣ, Ахбор-ут-тивол, 1368ҳ.ш., саҳ.233.
- ↑ Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.569; Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.376.
- ↑ Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.377; Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.569.
- ↑ Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.377; Ибни Ҷавзӣ, ал-Мунтазам, 1412ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.29.
- ↑ Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.347.
- ↑ Ибни Ҷавзӣ, ал-Мунтазам, 1412ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.29.
- ↑ Муқаррам, Мақтал-ул-Ҳусайн, 1426ҳ.қ., саҳ.347.
- ↑ Муқаррам, Мақтал-ул-Ҳусайн, 1426ҳ.қ., саҳ.347.
- ↑ Мақдисӣ, ал-Бадъу ва-т-таърих, мактабат-ус-сақофатиддиния, ҷ.6, саҳ.15.
- ↑ Мақдисӣ, ал-Бадъу ва-т-таърих, мактабат-ус-сақофатиддиния, ҷ.6, саҳ.15.
- ↑ Мақдисӣ, ал-Бадъу ва-т-таърих, мактабат-ус-сақофатиддиния, ҷ.6, саҳ.18.
- ↑ Мақдисӣ, ал-Бадъу ва-т-таърих, мактабат-ус-сақофатиддиния, ҷ.6, саҳ.20.
- ↑ Ибни Ҷавзӣ, ал-Мунтазам, 1412ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.29.
- ↑ Ибни Ҷавзӣ, ал-Мунтазам, 1412ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.35.
- ↑ Ибни Ҷавзӣ, ал-Мунтазам, 1412ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.30.
- ↑ Ибни Ҷавзӣ, ал-Мунтазам, 1412ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.51.
- ↑ Ибни Ҷавзӣ, ал-Мунтазам, 1412ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.51.
- ↑ Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.347.
- ↑ Нигоҳ кунед ба Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.20.
- ↑ Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.347.
- ↑ Кашшӣ, Риҷол-ул-Кашшӣ, 1409ҳ.қ., саҳ.127.
- ↑ Кашшӣ, Риҷол-ул-Кашшӣ, 1409ҳ.қ., саҳ.128.
- ↑ Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибин, Дорулмаърифат, саҳ.124.
- ↑ Қумӣ, Татиммат-ул-мунтаҳо, саҳ.85 - 86, чопи сеюм, 1397ҳ.қ.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, ҷ.45, саҳ.365.
- ↑ Хуӣ, Муъҷам-ур-риҷол, 1410ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.101.
- ↑ Момқонӣ, Танқиҳ-ул-мақол, 1349ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.206.
- ↑ Кашшӣ, Риҷол-ул-Кашшӣ, 1409ҳ.қ., саҳ.128.
- ↑ Ахбор-уд-давлат-ил-аббосия, 1391ҳ.қ., саҳ.165.
- ↑ Хуӣ, Муъҷами риҷол-ул-ҳадис, 1410ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.101.
- ↑ Муъҷами риҷол-ул-ҳадис, ҷ.18, 1410ҳ.қ., саҳ.102 ва 103.
- ↑ Момқонӣ, Танқиҳ-ул-мақол, 1349ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.205 ва 206.
- ↑ Ахбор-уд-давлат-ил-аббосия, 1391ҳ.қ., саҳ.100 - 104; Мақдисӣ, ал-Бадъу ва-т-таърих, мактабатуссақофатуддиния, ҷ.6, саҳ.21.
- ↑ Кашшӣ, Риҷол-ул-Кашшӣ, 1409ҳ.қ., саҳ.127.
- ↑ Момқонӣ, Танқиҳ-ул-мақол, 1349ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.205.
- ↑ Момқонӣ, Танқиҳ-ул-мақол, 1349ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.205.
- ↑ Момқонӣ, Танқиҳ-ул-мақол, 1349ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.205.
- ↑ Кашшӣ, Риҷол-ул-Кашшӣ, 1409ҳ.қ., саҳ.125.
- ↑ Хуӣ, Муъҷами риҷол-ул-ҳадис, 1410ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.96 - 97.
- ↑ Садуқ, Илал-уш-шароеъ, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.221.
- ↑ Хуӣ, Муъҷами риҷол-ул-ҳадис, 1410ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.97.
- ↑ Тӯсӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.466 - 467.
- ↑ Хуӣ, Муъҷами риҷол-ул-ҳадис, 1410ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.96 - 97.
- ↑ Ибни Ҳазм, Ҷамҳарат-ул-ансоб-ил-араб, 1403ҳ.қ., саҳ.268.
- ↑ Момқонӣ, Танқиҳ-ул-мақол, 1349ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.205 ва 206.
- ↑ Хуӣ, Муъҷами риҷол-ул-ҳадис, 1410ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.95.
- ↑ Қарашӣ, Ҳаёт-ул-Имом-ил-Ҳусайн (а), 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.453 - 454.
- ↑ Пойгоҳи итилоърасонии Шайх Наҷмиддини Табасӣ.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, ҷ.45, саҳ.346.
- ↑ Момқонӣ, Танқиҳ-ул-мақол, 1349ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.206.
- ↑ Момқонӣ, Танқиҳ-ул-мақол, 1349ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.206.
- ↑ Ҷавонмарди Сақафӣ, пойгоҳи илмӣ ва фарҳангии Калбосӣ
- ↑ Ҷавонмарди Сақафӣ, пойгоҳи илмӣ ва фарҳангии Калбосӣ
- ↑ «Достони қиёми Мухтор, достони мубҳаме дар таърихи Ислом нест»
- ↑ Ардабилӣ, Ҷомеъ-ур-рувот, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.221.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, ҷ.45, саҳ.339.
- ↑ Шаъронӣ, Абулҳасан, Дамъ-ус-суҷум тарҷумаи Нафас-ул-маҳмум, саҳ.343 ва 373, нашри китобфурӯшии исломия, 1374ҳ.қ.
- ↑ Ибни Абдулбар, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.909.
- ↑ Ибни Абдулбар, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.909.
- ↑ «Фасли дувум: баррасии матолиби матраҳшуда бар зидди Мухтор дар кутуби аҳли суннат», муассисаи таҳқиқотии Валии аср.
- ↑ Нигоҳ кунед ба Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.168.
- ↑ Мақризӣ, Имтоъ-ул-асмоъ, 1420ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.157.
- ↑ Ибни Қутайба, ал-Маъориф, 1992м., саҳ.401.
- ↑ Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, ҷ.2, саҳ.264.
- ↑ Ибни Ҳабиб, ал-Муҳаббар, Дорулофоқилҷадида, саҳ.70.
- ↑ Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.345.
- ↑ Ибни Қутайба, ал-Маъориф, 1992м., саҳ.401.
- ↑ Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.346.
- ↑ Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.345.
- ↑ Заҳабӣ, Таърих-ул-Ислом, ҷ.17, саҳ.105.
- ↑ Ибни Ҳазм, Ҷамҳарат-ул-ансоб-ил-араб, 1403ҳ.қ., саҳ.268.
- ↑ Ибни Ҳазм, Ҷамҳарат-ул-ансоб-ил-араб, 1403ҳ.қ., саҳ.268.
- ↑ Тӯсӣ, Риҷол-ут-Тӯсӣ, 1373ҳ.ш., саҳ.568.
- ↑ Ахбор-уд-давлат-ил-аббосия, саҳ.262.
- ↑ Ибни Ҷавзӣ, ал-Мунтазам, ҷ.6, саҳ.68.
- ↑ Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, ҷ.4, саҳ.347.
- ↑ Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.110.
- ↑ Шаҳиди Аввал, ал-Мазор, 1410ҳ.қ., саҳ.284.
- ↑ Ғуломалӣ ва Ғариб, «Мухтори Сақафӣ дар густараи осори риҷолиён», саҳ.77.
- ↑ Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, ҷ.1, саҳ.370.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, ҷ.45, саҳ.346 - 390.
- ↑ «Мухторнома», симофилм, 3 озар, 1387ҳ.ш.
Сарчашма
- Оқобузурги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, аз-Зариъату ило-т-тасониф-иш-шиа, Бейрут, Дорулазвоъ, чопи сеюм, 1403ҳ.қ.
- Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибин, таҳқиқи Сайид Аҳмади Сақр, Бейрут, Дорулмаърифат, бе то.
- Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, Усд-ул-ғоба фи маърифат-ис-саҳоба, Бейрут, Дорулфикр, 1409ҳ.қ./1989м.
- Ибни Ҷавзӣ, Абдурраҳмон ибни Алӣ, ал-Мунтазам фи таърих-ил-умами ва-л-мулук, таҳқиқи Муҳаммад Абдуқодири Ато ва Мустафо Абдуқодири Ато, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, 1412ҳ.қ./1992м.
- Ибни Ҳабиб, Муҳаммад ибни Ҳабиб, ал-Муҳаббар, таҳқиқи Элиза Лихтен Штейтр, Бейрут, Дорулофоқилҷадида, бе то.
- Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Исоба фи тамйиз-ис-саҳоба, таҳқиқи Одил Аҳмади Абдулмавҷуд ва Алӣ Муҳаммад Муъавваз, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, 1415ҳ.қ./1995м.
- Ибни Ҳазм, Ҷамҳарату ансоб-ил-араб, таҳқиқи Лаҷна мин-ал-уламо, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, 1403ҳ.қ./1983м.
- Ибни Саъд, Муҳаммад ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, таҳқиқи Муҳаммад Абдуқодири ато, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, 1410ҳ.қ./1990м.
- Ибни Шаҳрошӯб, Муҳаммад ибни Алӣ, Маъолим-ул-уламо, Машҳад, муассисаи Олулбайт (а), 1390ҳ.ш.
- Ибни Тайфур, Аҳмад ибни Абитоҳир, Балоғот-ун-нисо, тасҳеҳи Аҳмад Алалфӣ, Қоҳира, Матбаъату мадрасати волидати Аббос-ил-аввал, 1326ҳ.қ./1908м.
- Ибни Қутайба Абдуллоҳ ибни Муслим, ал-Маъориф, таҳқиқи Сарват Акоша, Қоҳира, ал-Ҳайъатул-мисриятул-оммати лилкитоб, алтабъатуссония, 1992м.
- Ибни Намои Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Муҳаммад, Завб-ун-нуззор фи шарҳ-ис-сор, Қум, муассисаи ал-нашрулисломӣ, 1416ҳ.қ.
- Ахбор-уд-давлат-ил-аббосия ва фиҳи ахбор-ул-Аббоси ва валадуҳ, таҳқиқи Абдулъазиз ал-Даврӣ ва Абдулҷаббор ал-Муталлибӣ, Бейрут, Дорулталиъа, 1391ҳ.қ.
- Ардабилӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ҷомеъ-ур-рувот ва изоҳат-ул-иштибоҳот ан-ит-туруқи ва-л-аснод, Бейрут, Дорулазвоъ,1403ҳ.қ.
- Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ҷумалун мин ансоб-ил-ашроф, таҳқиқи Суҳайл Заккор ва Риёз Зириклӣ, Бейрут, Дорулфикр, 1417ҳ.қ./1996м.
- Ҷавонмарди Сақафӣ, пойгоҳи илмӣ ва фарҳангии Калбосӣ, пойгоҳи илмӣ ва фарҳангии Калбосӣ, мушоҳида 14 фарвардини 1401ҳ.қ.
- Хуӣ, Сайид Абулқосим, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис ва тафсилу табақот-ир-рувот, Қум, маркази нашри осори шиа, 1410ҳ.қ./1369ҳ.ш.
- Динаварӣ, Аҳмад ибни Довуд, ал-Ахбор-ут-тивол, таҳқиқи Абдулмунъим Омир муроҷиъуҳу Ҷамолиддини Шаёл, Қум, маншуроти ар-Разӣ, 1368ҳ.ш.
- Заҳабӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Таърих-ул-Ислом ва вафаёт-ул-машоҳири ва-л-аълом, таҳқиқи Умар Абдусалом Тадмурӣ, Бейрут, Дорулкитобилъарабӣ, алтабъатуссония, 1413ҳ.қ./1993м.
- Заҳабӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Сияру аълом-ин-нубало, Бейрут, муассисаи ал-рисолат, 1414ҳ.қ./1994м.
- Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Маккӣ, ал-Мазор, тасҳеҳи Муҳаммадбоқир Абтаҳии Исфаҳонӣ, Қум, мадрасаи Имом Маҳдӣ (а), 1410ҳ.қ.
- Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Илал-уш-шароеъ, Қум, китобфурӯшии Доварӣ, 1385ҳ.ш./1966м.
- Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, таҳқиқи Муҳаммад Абулфазли Иброҳим, Бейрут, Дорултурос, алтабъатуссония, 1387ҳ.қ./1967м.
- Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Таҳзиб-ул-аҳком, Теҳрон, Дорулкутубилисломия, 1407ҳ.қ.
- Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Риҷол-ут-Тӯсӣ, Қум, муассисаи нашри исломии мутааллиқ ба ҷомеаи мударрисин, 1373ҳ.ш.
- Қарашӣ, Боқиршариф, Ҳаёт-ул-Имом-ил-Ҳусайн алайҳиссалом, Қум, мадрасаи илмияи Иравонӣ, чопи чаҳорум, 1413ҳ.қ.
- Кашшӣ, Муҳаммад ибни Умар, Риҷол-ул-Кашшӣ (Ихтиёру маърифат-ир-риҷол), талхиси Муҳаммад ибни Ҳасани Тӯсӣ, тасҳеҳи Ҳасани Мустафавӣ, 1409ҳ.қ.
- Момқонӣ, Абдуллоҳ, Танқиҳ-ул-мақол фи илм-ир-риҷол, Наҷаф, матбаъатул-Муртазавия, 1349ҳ.қ.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, таҳқиқ: Муҳаммадбоқири Маҳмудӣ ва Абдулзаҳро Алавӣ, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, 1403ҳ.қ.
- Мақдисӣ, Мутаҳҳар ибни Тоҳир, ал-Бадъу ва-т-таърих, Бурсаид, мактабат-ус-сақофатиддиния, бе то.
- Муқаррам, Абдурразоқ, Мақтал-ул-Ҳусайн (а), Бейрут, муассисаи алхуросонӣ лилматбуъот, 1426ҳ.қ./2007м.
- Мақризӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Имтоъ-ул-асмоъ бимо ли-н-набийи мин- ал-аҳволи ва-л-амволи ва-л-ҳафадати ва-л-матоъ, таҳқиқи Муҳаммад Абдулҳамид ал-Намисӣ, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, 1420ҳ.қ./1999м.
- Яъқубӣ, Аҳмад ибни Абияъқуб, Таърих-ул-Яъқубӣ, Бейрут, Дорусодир, бе то.