Jump to content

Рӯзи ҷаҳонии муқовимат

Аз wikishia
Постери таҳияшуда дар Эрон ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии муқовимат

Рӯзи ҷаҳонии муқовимат (форсӣ: روز جهانی مقاومت) ба рӯзи 13-уми даймоҳ дар тақвими Ҷумҳурии исломии Эрон рост меояд.[1] Ин рӯз ба муносибати шаҳодати Қосим Сулаймонӣ дар 13 дайи 1398ҳ.ш. / 3 январи 2020 ва ба хотири гиромидошти мақоми ӯ номгузорӣ шудааст.[2]

Ин муносибат дар 17 дайи 1398ҳ.ш. / 7 январи 2020, бо пешниҳоди Бунёди ҳифзи осор ва нашри арзишҳои дифои муқаддас аз сӯи Шӯрои олии инқилоби фарҳангӣ ба таври расмӣ тасвиб шуд ва ба феҳристи расмии рӯйдодҳои Эрон бо унвони «Рӯзи ҷаҳонии муқовимат: шаҳодат намунаи ихлос ва амал — Сардори сипаҳбуди шаҳид Қосим Сулаймонӣ ба дасти истикбори ҷаҳонӣ» илова гардид.[3]

Ҳар сол ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии муқовимат, барномаҳои гиромидошти шаҳид Қосим Сулаймонӣ дар саросари Эрон[4] ва дар кишварҳои дигар[5] баргузор мешавад.

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Ёд; нидои «Марг бар Амрико!» ва «Интиқом! Интиқом!» дар саросари Ироқ ва Эрон, саҳ.77.
  2. ۱۳ دی؛ روز جهانی مقاومت نامگذاری شد, хабаргузории ИРНА.
  3. «روز جهانی مقاومت» تصویب شد, хабаргузории Дифои муқаддас.
  4. روز شهادت سردار سلیمانی روز جهانی مقاومت در تقویم کشور ثبت شد, хабаргузории Форс.
  5. بزرگداشت چهارمین سالگرد شهادت سردار سلیمانی در خارج از کشور, Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ.

Сарчашма