Jump to content

Абдулмалик ал-Ҳусӣ

Аз wikishia
Абдулмалик ал-Ҳусӣ
Номи комилАбдулмалик Бадруддин ал-Ҳусӣ
ЛақабАбуҷабраил
МазҳабЗайдӣ
НасабСодоти Ҳасанӣ
Санаи таваллуд22 майи 1979м
ЗодгоҳЯман
ХешовандонБадруддин ал-ҲусӣҲусайн ал-Ҳусӣ
УстодонБадруддин ал-Ҳусӣ
СиёсӣРаҳбари Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман


Абдулмалик ал-Ҳусӣ (арабӣ: عبد الملك الحوثي) сеюмин раҳбари Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман аст. Ӯ тарафдори ваҳдати исломӣ ва аз мудофеъони Фаластин аст. Дар замони раҳбарии ӯ бар ҷунбиши Ансоруллоҳ, Яман бо ҳуҷуми низомии эътилофи арабии муташаккил аз чанд кишвари арабӣ аз ҷумла Арабистон рӯбарӯ шуд. Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман ба раҳбарии Абдулмалик тавонист аҳдофе дар Арабистонро мавриди исобат қарор диҳад.

Аз ҷумлаи иқдомоти ҷунбиши Ансоруллоҳ дар давраи раҳбарии Абдулмалик, ҳамлаи мушакӣ ба Исроил ва ҳадаф қарор додани киштиҳои вобаста бо ин режим дар дарёи Сурх ва Бобулмандаб, дар ҳимоят аз мардуми Ғазза аст.

Иқдмоти низомии Абдулмалик Ҳусӣ сабаби таҳрими вай аз ҷониби шӯрои амнияти Созмони Милал ва давлати Амрико гардид.

Зиндагинома

Абдулмалик Ҳусӣ, сеюмин раҳбари Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, пас аз бародараш - Ҳусайн ва падараш - Бадруддин, қаламдод мешавад.[1] Тибқи гузоришҳо, интисоби вай ба ин симат, тавассути падараш - Бадриддин, сурат гирифт.[2] Бархе, оғози раҳбарии вай бар ҷунбиши Ансоруллоҳро соли 2010 (соли вафоти Бадриддин Ҳусӣ) дониста[3] ва иддае соли 2004 (соли кушта шудани Ҳусайн Ҳусӣ)[4] ва бархе 2006 унвон кардаанд.[5]

Абдулмаликро бо доштани ҳушмандӣ ва салобат[6] аз муҳимтарин шахсиятҳои сиёсии ҷаҳон қаламдод кардаанд.[7] Аз ҷумлаи вижагиҳои ӯ, эроди суханрониҳои тӯлонии нонавишта ва пардохтан ба масъалаи Фаластин, баён шудааст.[8]

Абдулмалик дар вилояти Саъда ба дунё омад. Падараш - Бадриддин, аз мароҷеъи динии зайдия ва падарбузургаш - Амируддин аз уламои маъруфи минтақа буданд.[9] Санаи вилодати ӯ солҳои 1979 ва соли 1982 эълом шудааст.[10] Куняашро Абуҷабраил гуфтаанд.[11] Ба хотири расидани насабаш ба Пайғамбар (с) ба ӯ лақаби Сайид додаанд.[12] Абдулмалик улуми динӣ[13] ва адабиёти арабро назди падараш фаро гирифт. Вай мадраки илмии академикӣ надорад.[14]

Хусусиятҳо ва дидгоҳҳо

Ба ақидаи коршиносон, Абдулмалик Ҳусӣ пас аз кушта шудани бародараш - Ҳусайн, тавонист ба унвони як фармондеҳ, монеъи пешравии нерӯҳои низомии давлати Яман шавад.[15] Раҳбарии Абдулмалик, муҳимтарин омили муваффақияти Ансоруллоҳи Яман дар муқобили Арабистон қаламдод шудааст.[16] Қудрати Абдулмаликро ношӣ аз виҷҳаи мардумии густардаи ӯ донистаанд.[17] Гуфта мешавад, ӯ бо илҳом гирифтан аз Сайид Ҳасан Насруллоҳ - раҳбари Ҳизбуллоҳи Лубнон, тавонист садҳо ҳазор нафар аз мардуми Яманро ҷазб кунад.[18]

Пас аз ҳамлаи мушакии Ансоруллоҳи Яман ба пойтахти Арабистон дар ҷавоб ба ҳамалоти эътилофи арабӣ, дар соли 2017, ин кишвар маблағи 30 милион доллар бобати дарёфти иттилооте аз Абдулмалик Ҳусӣ, ки сабаби дастгирии ӯ шавад, таъйин кард.[19]

Абдулмалик Ҳусӣ аз тарафдорони ваҳдати исломӣ ва мухолифи даргириҳои мазҳабӣ маҳсуб мешавад.[20] Ӯ аз мудофеъони ҳуқуқи Фаластин ва аз ҳомиёни дифои нерӯҳои фаластинӣ дар баробари Исроил ба шумор рафтааст. Ӯ амалиёти Тӯфони ал-Ақсоро пирӯзии таърихӣ ва бузург барои Фаластин ва уммати исломӣ медонад.[21]

Робита бо Эрон

Оғози робитаи Абдулмалик Ҳусӣ бо Эронро ибтидои даҳаи ҳаштоди мелодӣ донистаанд, ки тавассути падараш - Бадриддин Ҳусӣ поягузорӣ шуд.[22] Бархе муътақиданд, шахсияти фикрӣ ва эътиқодии ӯ дар Эрон шакл гирифтааст.[23]

Коршиносон, тасаллути Ансоруллоҳ бар бахше аз соҳили ғарбии Яман дар дарёи Cурхро ба унвони як дастоварди стратегӣ барои Эрон, қаламдод кардаанд.[24]

Иқдомот ва фаъолиятҳо

Абдулмалик Ҳусӣ дар замони ҳузури бародараш - Ҳусайн, дар Санъо ба унвони намояндаи маҷлиси Яман, вазифаи муҳофизат аз вайро бар ӯҳда дошт.[25] Абдулмаликро мутаассир аз бародараш - Ҳусайн, донистаанд, то ҷое ки ӯро падари маънавӣ ва улгуи Абдулмалик талаққӣ кардаанд.[26] Бахше аз иқдомоти вай дар замони раҳбарӣ бар Ансоруллоҳ:

  • Муаррифии ҷунбиши Ансоруллоҳ аз тариқи эҷоди сайти ал-Минбар (2007) ва таъсиси шабакаи ал-Масира (2012) ки мӯҷиби афзоиши теъдоди ҳомиёни ин ҷунбиш гардид;[27]
  • Барпоии наҳзате бо ҳадафи барандозии ҳукумати фосид, ислоҳи иқтисод ва иҷроӣ кардани тасмимоти гуфтугӯи миллӣ (2014);[28]
  • Муқовимат дар баробари эътилофи низомии Арабистони Саудӣ алайҳи ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман;[29]
  • Мубориза бо фасоди иқтисодӣ;[30]
  • Ҳамла ба Исроил ва киштиҳои воюаста ба он дар ҳимоят аз Ғазза дар амалиёти Тӯфони ал-Ақсо (2023 - 2024).[31]

Таҳримҳо

Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2015 Абдулмалик Ҳусиро таҳти унвони шӯриш алайҳи давлати қонунӣ, мавриди таҳрим қарор дод.[32] Давлати Амрико дар охирҳои соли 2020 ҳамзамон бо қарор додани Ансоруллоҳи Яман дар листи гурӯҳҳои террористӣ, Абдулмалик Ҳусиро таҳрим кард. Давлати ҷадиди ин кишвар дар соли 2021, ин тасмимро лағв кард.[33]

Воқеаҳои давраи раҳбарии Абдулмалик бар Ансоруллоҳ

Дар давраи раҳбарии Абдулмалик Ҳусӣ бар ҷунбиши Ансоруллоҳ, иттифоқоте ба вуқуъ пайвастааст, ки дар идома ба баъзе аз онҳо ишора мешавад:

  • Вуқуъи ҷангҳои мутааддид бо давлати Яман аз ибтидои раҳбарӣ то соли 2010;
  • Даргирӣ бо артиши Арабистон дар хоки ин кишвар (2010);
  • Оғози интифоза ва инқилоби 11 феврали 2011 алайҳи давлати Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ;
  • Баргузории гуфтугӯи миллӣ ва маҳкумияти ҳамалоти давлат алайҳи Ҳусиҳо (2013);[34]
  • Сайтара бар Санъо ва соқит кардани давлати Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ (2014);[35]
  • Ҳуҷуми эътилофи арабӣ ба Яман ба раҳбарии Арабистони Саудӣ (2015);[36]
  • Қатли Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ ба дасти нерӯҳои Ансоруллоҳ (2017);[37]
  • Ҳамлаи Амрико ва Англис ба ҷойҳои низомии Ансоруллоҳи Яман дар ҷавоб ба ҳамалоти ин ҷунбиш алайҳи киштиҳои исроилӣ (2024)[38]

Эзоҳ

  1. «عبدالملک الحوثی..من متمرد من الاقالیم الی زعیم وطنی», вебгоҳи хабаргузории Ройтерс.
  2. «عبدالملک الحوثی», вебгоҳи шабакаи хабарии ал-Ҷазира.
  3. «عبدالملک الحوثی», вебгоҳи ал-Нашра.
  4. «عبدالملک الحوثی.. المرشد الاعلی فی الیمن», вебгоҳи Баввобат-ул-ҳаракот-ил-исломия.
  5. «حقائق لا تعرفها عن عبدالملک الحوثی», вебгоҳи маҷаллаи Восиъ садрак.
  6. Шайх Ҳусайнӣ, Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, саҳ.194.
  7. «حقائق لا تعرفها عن عبدالملک الحوثی», вебгоҳи маҷаллаи Восиъ садрак.
  8. «الیمن: من هو قائد انصارالله عبدالملک الحوثی», вебгоҳи шабакаи хабарии Фаронса 24.
  9. «قائد انصارالله السید عبدالملک الحوثی», вебгоҳи ал-Ханодиқ.
  10. «عبدالملک الحوثی», вебгоҳи шабакаи хабарии ал-Ҷазира.
  11. «قائد انصارالله السید عبدالملک الحوثی», вебгоҳи ал-Ханодиқ.
  12. «عبدالملک الحوثی.. الامام الثالث», вебгоҳи рӯзномаи аш-Шарқ-ул-авсат.
  13. «قائد انصارالله السید عبدالملک الحوثی», вебгоҳи ал-Ханодиқ.
  14. Шайх Ҳусайнӣ, Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, саҳ.105.
  15. «عبدالملک الحوثی من زعیم المتمردین الی صانع الملوک», вебгоҳ хабарии Нун-пост.
  16. «راز مقاومت و شکست‌ناپذیری رهبر انصارالله یمن چیست؟», вебгоҳи хабаргузории Форс.
  17. «من این یستمد عبدالملک الحوثی قوته», вебгоҳи хабаргузории Дойчавела.
  18. «عبدالملک الحوثی.. المرشد الاعلی فی الیمن», вебгоҳи Баввобат-ул-ҳаракот-ил-исломия.
  19. Аҳмадӣ, «عبدالملک الحوثی.. زعیم خفی تلاحقه قائمة ارهاب ترامب», вебгоҳи хабаргузории Анатолия.
  20. «السید عبدالملک الحوثی یدعوا الی وحده الامه و نبذ الخلافات», хабаргузории Тақриб.
  21. «النص الکامل لکلمة عبدالملک الحوثی حول طوفان الاقصی و الرد الاسرائیلی», вебгоҳи шабакаи хабарии CNN.
  22. «هذا عبدالملک الحوثی ذراع ایران فی الیمن», вебгоҳи шабакаи хабарии ал-Арабия.
  23. Барои намуна ниг.: «عبدالملک الحوثی.. الامام الثالث», вебгоҳи рӯзномаи аш-Шарқ-ул-авсат; «عبدالملک الحوثی.. المرشد الاعلی فی الیمن», вебгоҳи Баввобат-ул-ҳаракот-ил-исломия.
  24. «من هو زعیم الحوثیین عبدالملک الحوثی؟», вебгоҳи Мисровӣ.
  25. «قائد انصارالله السید عبدالملک الحوثی», вебгоҳи ал-Ханодиқ.
  26. «قائد انصارالله السید عبدالملک الحوثی», вебгоҳи ал-Ханодиқ.
  27. «حقائق لا تعرفها عن عبدالملک الحوثی», вебгоҳи маҷаллаи Восиъ садрак.
  28. Шайх Ҳусайнӣ, Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, саҳ.252 - 253.
  29. «حقائق لا تعرفها عن عبدالملک الحوثی», вебгоҳи маҷаллаи Восиъ садрак.
  30. «حقائق لا تعرفها عن عبدالملک الحوثی», вебгоҳи маҷаллаи Восиъ садрак.
  31. «السید الحوثی: نرصد السفن الاسرائیلیه فی البحر الاحمر.. سنظفربها و سنستهدفها», вебгоҳи шабакаи хабарии ал-Маёдин; «راز مقاومت و شکست‌ناپذیری رهبر انصارالله یمن چیست؟», вебгоҳи хабаргузории Форс.
  32. «جماعة الحوثیین.. حرکة یمنیه جمعت بین الزیدیه و النهج الایرانی و الحکم العائلی», вебгоҳи шабакаи хабарии ал-Ҷазира.
  33. «جماعة الحوثیین.. حرکة یمنیه جمعت بین الزیدیه و النهج الایرانی و الحکم العائلی», вебгоҳи шабакаи хабарии ал-Ҷазира.
  34. «عبدالملک الحوثی.. المرشد الاعلی فی الیمن», вебгоҳи Баввобат-ул-ҳаракот-ил-исломия.
  35. «عبدالملک الحوثی», вебгоҳи шабакаи хабарии ал-Ҷазира.
  36. «الخروج من حرب الیمن یعزز امن السعودیه و رؤیتها الاستثماریه», вебгоҳи рӯзномаи ал-Араб.
  37. «مقتل علی عبدالله صالح برصاص الحوثیین», вебгоҳи шабакаи хабарии ал-Ҷазира.
  38. «ضربات امریکیه و بریطانیه علی اهداف فی صنعاء و الحدیده و الحوثی یتوعده بالرد», вебгоҳи шабакаи хабарии ал-Ҷазира.

Сарчашма