Харобаи Шом

Аз wikishia

Харобаи Шом маконе дар Дамишқ, ки Язид ибни Муовия, асирони Карбалоро дар онҷо нигоҳ дошт. Дар манобеи ривоӣ, ин макон бе сақф ва бо деворҳои суст тавсиф шудааст ва сокинони он аз сармову гармо дар амон набуданд. Бино бар баъзе нақлҳо шаҳодати ҳазрати Руқайя дар ин макон рух додааст.

Бархе аз муҳаққиқони муосир, ҳузури асирони Карбало дар харобаи Шомро напазируфта ва муътақиданд ба хотири мавқеияти иҷтимоӣ ва эҳтироме, ки Аҳли Байт (а) назди мардум доштанд, Язид наметавониста ононро дар хароба ҷой диҳад. Аз ин рӯ, Язид ононро дар қасри худ ҷой дода ва қасри Язид дар «маҳаллат-ул-хароб» будааст.

Харобаи Шом дар адабиёти Ошӯроӣ ба вижа дар марсиясароӣ, навҳахонӣ ва равзахонӣ мавриди тавваҷуҳ қарор гирифтааст.

Номгузорӣ ва мавқеият

Язид ибни Муовия, асирони Карбалоро дар Димишқ дар харобаи бесақфе ҷой дод.[1] Дар адабиёти Ошӯроӣ аз он бо унвони "харобаи Шом" ёд мешавад. Бино ба нақли Шайх Муфид, ҷои иқомати асирон, хонае часпида ба кохи Язид будааст.[2]

Тавсиф дар ривоёт

Дар бархе ривоёт[3] тавсифоте барои харобаи Шом омадааст. Аз ҷумла ин ки хонае, ки сақф надошта ва деворҳояш суст будааст.[4]

Ҳамчунин бар асоси гуфтугӯе, ки Сайиднеъматуллоҳ Ҷазоирӣ аз Минҳол ибни Амр бо Имом Саҷҷод (а) нақл карда, хона соябон надошта ва офтоб ба дарунаш метобида[5] ва асиронро аз сармову гармо ҳифз намекардааст.[6] Бархе аз асирон мегуфтанд, Язид моро дар ин хароба фиристода, то бар сари мо хароб шавад[7] ва мо кушта шавем.[8]

Асирони Карбало дар хароба

Аз бархе ривоёт барме‎ояд, ки асирони Карбало дар хароба вазъияти муносибе надоштаанд; офтоб онҳоро азият мекарда,[9] ва бар асари он, рӯйҳояшон пӯст андохта буд.[10] Онон дар хароба барои Имом Ҳусайн (а) навҳасароӣ ва гиря мекарданд.[11] Ҳамчунин дар бархе аз ривоёт омадааст Язид бар хароба нигаҳбононе гуморда буд, ки забони арабӣ намедонистанд.[12]

Дар бораи муддати иқомати асирони Карбало дар "харобаи Шом", ихтилоф аст. Дар бархе манобеъ омадааст ононро дар онҷо нигаҳ доштанд, то ин ки рӯйҳояшон пӯст андохта буд.[13] Бархе аз нависандагон, таваққуфи корвони асирон дар харобаи Шомро ҳудуди як ҳафта тахмин задаанд.[14] Бархе аз таърихпажӯҳон тибқи ривояте аз Имом Саҷҷод (а), муддати иқомат дар харобаро ду рӯз зикр кардаанд.[15]

Ҳодисаҳое дар хароба

Ҳангоме, ки асирони Карбало дар харобаи Шом ба сар мебурданд, иттифоқоте рух дод, аз ҷумла:

Шаҳодати Руқайя

Навиштори аслӣ: Руқайя духтари Имом Ҳусайн

Тибқи бархе аз манобеъ, духтари хурдсоле аз Имом Ҳусайн (а) дар "харобаи Шом" аз дунё рафтааст.

Ба гузориши китоби «Комили баҳоӣ», ин духтар баҳонаи падарашро гирифт. Язид дастур дод сари Имом Ҳусайнро назди ӯ бурданд. Ӯ сари падарро дар доман гирифту он қадар гиря кард, то аз дунё рафт.[16] Бархе аз манобеи мутааххир номи ин духтарро Руқайя гуфтаанд.[17]

Машҳур аст ҳарами мансуб ба ҳазрати Руқайя дар ҳамин макон сохта шудааст.

Хоби Сакина

Бархе манобеъ, хобе аз ҳазрати Сакина дар рӯзи чаҳоруме, ки дар Димишқ буда, нақл кардаанд.[18] Ба гуфтаи Ибни Намои Ҳеллӣ, Сакина хоб дида буд, ки Пайғамбари Ислом, ҳазрати Муҳаммад (с), ҳазрати Одам, ҳазрати Иброҳим, ҳазрати Мусо ва ҳазрати Исо барои зиёрати Имом Ҳусайн (а) ба Карбало мераванд, дар ҳоле ки Пайғамбари Ислом ришҳояшро ба даст гирифта, гоҳе ба замин меафтоду гоҳе аз замин бармехост.

Ҳамчунин ҳазрати Фотима, Ҳавво, Осия, Марям ва Хадиҷа низ омада буданд, дар ҳоле ки ҳазрати Заҳро (с), даст бар сар гузошта буду гоҳе ба замин меафтоду гоҳе бармехест. Ӯ худро ба ҳазрати Заҳро расонд ва шурӯъ кард ба гиря кардан, ҳазрати Заҳро ба ӯ гуфт: Сакинаҷон бас аст, ки нолаат ҷигарамро оташ зад ва бандҳои қалбамро канд. Ин пероҳани оғишта ба хуни падарат Ҳусайн аст, ки онро аз худ ҷудо намекунам, то Худоро мулоқот кунам.[19]

Тардид дар вуҷуди хароба

Бархе аз пажӯҳишгарони шиъӣ, ҷой додани асирони Карбало дар харобаро напазируфтаанд. Муҳаммадҳодии Юсуфии Ғаравӣ бар ин бовар аст, ки ба хотири мавқеияти иҷтимоӣ ва эҳтироме, ки Аҳли Байт (а) назди мардум доштанд, Язид наметавониста ононро дар хароба ҷой диҳад. Аз ин рӯ, Язид ононро дар қасри худ ҷой дода ва қасри Язид дар «маҳаллат-ул-хароб » будааст.[20]

Дар бархе манобеъ низ омадааст, ки пас аз он ки Язид дар манзили худ маҷлиси азо бапо кард, асиронро низ ба он ҷо овараданд ва дар қаср ҷой доданд.[21]

Дар адабиёт ва фарҳанг

Харобаи Шом дар адабиёти Ошӯроӣ ба хусус дар марсиясароӣ, навҳахонӣ ва равзахонӣ мавриди тавваҷуҳ будааст.

Маъмулан равзаи ҳазрати Руқайя ва зикри иқомати корвони асирон дар Шом бо номи «Харобаи Шом» ҳамроҳ аст. Дар ин равзаҳо ба хароба будани ҷои иқомати асирон ва тобидани офтоб бар онон ишора мешавад.

Сабо ба пири харобот аз харобаи Шом

Бибар зи кӯдаки зор, ин ҷигаргудоз паём

Эй падар, зи мани зор ҳеҷ огоҳӣ?!

Ки рӯзи ман шаби тор асту субҳи равшан шом'[22]

Эзоҳ

  1. Гуруҳе аз таърихпажӯҳон, Таърихи қиём ва мақтали ҷомеъи Сайидушшуҳадо (а), 1391ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.143.
  2. Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.122.
  3. Ниг.: Саффор, Басоир-уд-дараҷот, 1404ҳ.қ., саҳ.338, ҳ.1.
  4. Қутбиддини Ровандӣ, ал-Хароиҷ ва ал-ҷароиҳ, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.753/ Ибни Шаҳрошуб, Маноқиб, 1379ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.145.
  5. Ҷазоирӣ, Анвор-ун-нуъмония, 1429ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.176/ Қумӣ, Мунтаҳо-ал-омол, 1379ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.1001.
  6. Шайх Садуқ, Амолӣ, саҳ.167 - 168, маҷлиси 31, ҳ.4/ Ибни Товус, Луҳуф, 1348ҳ.ш., саҳ.188/ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.45, саҳ.140.
  7. Қутбиддини Ровандӣ, ал-Хароиҷ ва ал-ҷароиҳ, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.753/ Ибни Шаҳрошуб, Маноқиб, 1379ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.145.
  8. Буҳронӣ, Мадинату маоҷиз-ил-аимма, 1413ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.264.
  9. Ҷазоирӣ, Анвор-ун-нуъмония, 1429ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.176/ Қумӣ, Мунтаҳо-ал-омол, 1379ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.1001.
  10. Ибни Товус, Луҳуф, 1348ҳ.ш., саҳ.188.
  11. Ибни Товус, Луҳуф, 1348ҳ.ш., саҳ.188.
  12. Буҳронӣ, Мадинату маоҷиз-ил-аимма, 1413ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.264.
  13. Шайх Садуқ, Амолӣ, саҳ.167 - 168, маҷлиси 31, ҳ.4/ Ибни Товус, Луҳуф, 1348ҳ.ш., саҳ.188/ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.45, саҳ.140.
  14. Ҳошимӣ Нурбaхш, Бо корвони Шом, 1389ҳ.ш., саҳ.98.
  15. Гуруҳе аз таърихпажуҳон, Таърихи қиём ва мақтали ҷомеъи Сайидушшуҳадо (а), 1391ш, ҷ.2, саҳ.144.
  16. Табарӣ, Комили баҳоӣ, 1383ҳ.ш., саҳ.523.
  17. Шоҳабдулазимӣ, ал-Иқод, бето, саҳ.179.
  18. Қумӣ, Мунтаҳо-ал-омол, 1379ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.1005 – 1006/ Ибни Товус, Луҳуф, 1348ҳ.ш., саҳ.188 - 189.
  19. Ибни Намои Ҳеллӣ, Мусир-ал-аҳзон, 1406ҳ.қ., саҳ.105 - 106.
  20. بررسی تحلیلی سیر مقتل نگاری عاشورا Муассисаи фарҳангии Фаҳим, бозбинӣ: 6 обони 1396ҳ.ш.]]
  21. Хоразмӣ, Мақтал-ул-Ҳусайн, 1423ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.82.
  22. Қумӣ, Дар Карбало чӣ гузашт, 1381ҳ.ш., саҳ.664.

Сарчашма

  • Ибни Шаҳрошӯби Мозандаронӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқибу Оли Абитолиб алайҳим-ус-салом, Қум, Аллома, 1379ҳ.қ.
  • Ибни Товус, ал-Луҳуф ало қатло-т-туфуф, Теҳрон, Ҷаҳон, 1348ҳ.ш.
  • Ибни Намои Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Муҳаммад, Мусир-ул-аҳзон, Қум, Мадрисаи Имом Маҳдӣ, 1406ҳ.қ.
  • Баҳронӣ, Сайидҳошим ибни Сулаймон, Мадинату маъоҷиз-ил-аиммат-ил-исноъашар, Қум, Муассисат-ул-маъориф-ил-исломийя, 1413ҳ.қ.
  • Ҷазоирӣ, Сайиднеъматуллоҳ ибни Абдуллоҳ, ал-Анвор-ун-нуъмонийя, Бейрут, Дор-ул-қорӣ, 1429ҳ.қ.
  • Хоразмӣ, Муваффақ ибни Аҳмад, Мақтал-ул-Ҳусайн, Қум, Анвор-ул-Маҳдӣ, 1423ҳ.қ.
  • Шоҳ Абдулъазимӣ, Сайидмуҳаммадалӣ, ал-Иқод, бе то.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Амолӣ, Теҳрон, Китобчӣ, 1378ҳ.ш.
  • Саффор, Муҳаммад ибни Ҳасан, Басоир-уд-дараҷот фи фазоили Оли Муҳаммад (с), таҳқиқи Муҳсини Кӯчабоғӣ, Қум, Мактабат оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, чопи дувум, 1404ҳ.қ.
  • Табарӣ, Имодуддин Ҳасан ибни Алӣ, Комили баҳоӣ, Теҳрон, Муртазавӣ, 1383ҳ.ш.
  • Қумӣ, Шайх Аббос, Мунтаҳо-л-омол фи таворих-ин-набийи ва-л-ол, Қум, далели мо, 1379ҳ.ш.
  • Қумӣ, Шайх Аббос, Дар Карбало чӣ гузашт (тарҷумаи Нафас-ул-маҳмум), тарҷумаи Муҳаммадбоқири Камараӣ, Қум, масҷиди Ҷамкарон, чопи чаҳордаҳум, 1381ҳ.ш.
  • Қутбиддини Ровандӣ, Саид ибни Ҳибатуллоҳ, ал-Хароиҷ ва-л-ҷароиҳ, Қум, Муассисаи Имом Маҳдӣ (аҷ), 1409ҳ.қ.
  • Гуруҳе аз таърихпажӯҳон, Таърихи қиём ва мақтали ҷомеъи Сайид-уш-шуҳадо (а), зери назари Маҳдии Пешвоӣ, Қум, Муассисаи омӯзишӣ ва пажӯҳишии имом Хумайнӣ, чопи аввал, 1391ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1403ҳ.қ.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршод фи маърифати ҳуҷаҷиллоҳ ало-л-ибод, Қум, конгресси Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Ҳошимии Нурбахш, Ҳусайн, Бо корвони Шом, Теҳрон, Машъар, 1389ҳ.ш.