Сайид Ҳошим Сафиюддин

Аз wikishia
Сайид Ҳошим Сафиюддин
Номи комилСайид Ҳошим Сафиюддин
МазҳабШиа
Санаи таваллуд1964
ЗодгоҳДайри Қонунуннаҳри Лубнон
Санаи шаҳодат3 октябри 2024
Маҳалли шаҳодатЗоҳияи Бейрут
ДигарРӯҳонӣ, сиёсатмадор
СиёсӣМасъули Шӯрои иҷроии Ҳизбуллоҳи Лубнон


Сайид Ҳошим Сафиюддин (арабӣ: السيد هاشم صفي الدين) (1964 - 2024) раиси шӯрои иҷрои Ҳизбуллоҳи Лубнон буд. Аз ӯ ба унвони нафари дувуми Ҳизбуллоҳ[1] ва ҷонишини Сайид Ҳасан Насруллоҳ ёд мешуд.[2] Сафиюддин аз замони таъсиси Ҳизбуллоҳи Лубнон дар соли 1982 узви ин ҳизб буда ва аз соли 1994, раёсати шӯрои иҷрои Ҳизбуллоҳро бар ӯҳда дошт.[3] Аз ин рӯ бар фаъолиятҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҳизбуллоҳ назорат мекард.[4] Вай дар соли 2017 дар феҳристи террористии Иёлоти муттаҳидаи Амрико ва Арабистон қарор гирифт.[5]

Пас аз шаҳодати Сайид Ҳасан Насруллоҳ дар 27 сентябри 2024, бархе хабаргузориҳо, Сайид Ҳошимро дабири кулли ҷадиди Ҳизбуллоҳ муаррифӣ мекарданд;[6] аммо Ҳизбуллоҳ ин хабарро такзиб карда буд.[7]

Артиши Исроил, аз террори Сафиюддин дар 3 октябри 2024 дар ҳамлаи Исроил ба Зоҳияи Бейрут хабар дод.[8] Расонаҳо аз кашфи пайкари ӯ дар 22 октябри 2024 хабар доданд[9] ва Ҳизбуллоҳ дар 23 октябр шаҳодаташро расман эълом кард.[10] Иллати таъхир дар эъломи хабари шаҳодати Сафиюддин, иттилоъ надоштан аз вазъияти ӯ ба далели ҳадаф қарор додани гурӯҳҳои ёрирасони фиристодашуда ба маҳалли террораш тавассути артиши Исроил зикр шудааст.[11] Дар шаҳрҳои Қум[12] ва Теҳрон[13] барои ӯ маросимҳои бузургдоште баргузор шуд.

Сайид Алии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон, дар паёми таслиятӣ ба муносибати шаҳодати Сафиюддин, ӯро муҷоҳид, рашиду фидокор ва аз барҷастатарин раҳбарони Ҳизбуллоҳ хонд ва таъкид кард, ки Ҳизбуллоҳ зинда аст ва қавитарин мудофеъи Лубнон ва мустаҳкамтарин сипар дар баробари тамаъварзии режими саҳюнистӣ ба шумор меравад ки таҷзияи Лубнонро ҳадаф гирифтааст.[14]

Сафиюддин нисбати хешовандӣ бо Сайид Ҳасан Насруллоҳ дошт.[15] Ӯ муддати зиёде дар сиёсати Лубнон ношинохта буд то ин ки ба далели тадобири амниятӣ барои Сайид Ҳасан Насруллоҳ, ба унвони намояндаи дабири кул дар маросимҳои ҳизб, аз ҷумла дар ташйиъи ҷинозаи шуҳадои муқовимат зоҳир мешуд.[16]

Сайид Ҳошим Сафиюддин дар соли 1964 дар рӯстое дар ҷануби Лубнон[17] ва дар хонаводае пурнуфуз ва машҳур ба дунё омад.[18] Вай дар ҷавонӣ вориди таҳсилоти улуми ҳавзавӣ шуд.[19] Сафиюддин пеш аз рафтан ба Қум барои таҳсили улуми динӣ, бо духтари Сайид Маҳмадалии Амин, аз аъзои Маҷлиси аълои исломии шиъёни Лубнон издивоҷ кард.[20]

Сайид Ҳошим Сафиюддин ва Сайид Ҳасан Насруллоҳ
Сайид Ҳошим Сафиюддин

Он чи мо дар навори Ғазза дидем (нобудӣ ва куштори мардум) аҳамияти силоҳи муқовимат дар Лубнонро собит мекунад.

Писари Сайид Ҳошим, Ризо Сафиюддин домоди Қосим Сулаймонӣ аст. Бародари ӯ Абдуллоҳи Сафиюддин низ намояндаи Ҳизбуллоҳ дар Эрон аст.[22]

Сафиюддин дар давраи таҳсил дар Қум аз тафаккури сиёсӣ перомуни назарияи вилояти фақиҳ, ки тавассути Имом Хумайнӣ матраҳ шуда буд, таъсир пазируфт. Вай дар яке аз китобҳои худ ба ин назария пардохтааст.[23]

Вай перомуни ҳамлаи Исроил ба навори Ғазза муътақид аст, ки мусулмонон ба сурати ом ва олимон ба сурати хос масъули дифоъ аз мустазъафон ҳастанд. Аз нигоҳи вай агар олимон ва фақиҳон дар доштаҳои худ матлабе, ки онҳоро водор ба дифоъ аз мардуми Ғазза кунад, пайдо накарданд бояд бидонанд, ки илми онҳо иртиботе бо Ислом надорад.[24]

Сайид Ҳошим Сафиюддин дар маросими чилумин рӯзи шаҳодати Қосим Сулаймонӣ низ баён дошт ки хӯни Ҳоҷқосим сабаби ихроҷи Амрико аз минтақа ва ҳамчунин озодии миллатҳои минтақа мешавад.[25]

Эзоҳ

  1. «شبيه نصر الله.. هاشم صفي الدين المرشح لقيادة "حزب الله"», сайти RT
  2. «صهر قاسم سليماني... من هو هاشم صفي الدين أبرز مرشح لخلافة نصر الله؟» аш-Шарқ-ул-васат
  3. «من هو هاشم صفي الدين.. الخليفة المحتمل لحسن نصر الله؟», Еврониюс
  4. بیوگرافی سید هاشم صفی الدین, Вебгоҳи Ҳарфи тоза
  5. «من هو هاشم صفي الدين.. الخليفة المحتمل لحسن نصر الله؟», Еврониюс; «آمریکا و سعودیها هاشم صفی الدین را در لیست تروریستی قرار دادند», Хабаргузории Меҳр
  6. «منابع العربیه: هاشم صفی‌الدین به عنوان جانشین نصرالله انتخاب شد», Хабаргузории ал-Арабияи форсӣ; «سید هاشم صفی الدین دبیرکل جدید حزب‌الله شد», Хабаргузории Тобнок
  7. «حزب‌الله انتخاب دبیرکل جدید را تکذیب کرد», Хабаргузории Анатоли
  8. «حزب الله ینعى رئیس مجلسه التنفیذی هاشم صفی الدین», Шабакаи ал-Ҷазира
  9. «لبنان.. انتشال جثمان هاشم صفي الدين بالمريجة ومعه 23 شخصا», ал-Ҳадас
  10. «حزب الله يزف السيد هاشم صفي الدين شهيداً على طريق القدس», Вебгоҳи ал-Манор
  11. «لماذا تأخر العثور على جثمان هاشم صفي الدين بعد استهدافه قبل 3 أسابيع؟», ал-Ватан
  12. «https://fa.abna24.com/story/1500271», Хабаргузории АБНА
  13. «مراسم بزرگداشت شهید سید هاشم صفی‌الدین», ИСНА
  14. «پیام رهبر انقلاب اسلامی در پی شهادت سید مجاهد رشید و فداکار جناب سید هاشم صفی‌الدین», Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ
  15. «صهر قاسم سليماني... من هو هاشم صفي الدين أبرز مرشح لخلافة نصر الله؟», аш-Шар-ул-васат
  16. «صهر قاسم سليماني... من هو هاشم صفي الدين أبرز مرشح لخلافة نصر الله؟», аш-Шар-ул-васат
  17. «شبيه نصر الله.. هاشم صفي الدين المرشح لقيادة "حزب الله"», Сайти RT
  18. «صهر قاسم سليماني... من هو هاشم صفي الدين أبرز مرشح لخلافة نصر الله؟», аш-Шар-ул-васат
  19. «من هو هاشم صفي الدين.. الخليفة المحتمل لحسن نصر الله؟», Еврониюс
  20. «من هو هاشم صفي الدين.. الخليفة المحتمل لحسن نصر الله؟», Еврониюс
  21. «السيد صفي الدين: ما شاهدناه في غزة يثبت أهمية سلاح المقاومة في لبنان», ал-Маёдин
  22. بیوگرافی سید هاشم صفی الدین, Вебгоҳи Ҳарфи тоза
  23. «من هو هاشم صفي الدين.. الخليفة المحتمل لحسن نصر الله؟», Еврониюс
  24. «السيد صفي الدين: اليمن الذي ترك وحيداً لسنوات لم يترك فلسطين», ал-Маёдин
  25. رئیس شورای اجرایی حزب‌الله لبنان با آیت الله مصباح یزدی دیدار کرد, Хабаргузории Тасним

Сарчашма