Муҳаммади Покпур
| Мазҳаб | Шиа |
|---|---|
| Санаи шаҳодат | 28 феврали 2026 |
| Маҳалли шаҳодат | Теҳрон, Эрон |
| Шинохташуда барои | Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ |
Муҳаммади Покпур (форсӣ: محمد پاکپور 1961 – 2026) сарлашкар ва ҳаштумин фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорон буд. Ӯ дар 28 феврали соли 2026 дар ҳамлаи муштараки Амрикову Исроил ба Эрон ҳамроҳ бо Сайид Абдурраҳими Мусавӣ, Алии Шамхонӣ ва Азизи Насирзода дар ҷаласаи Шӯрои дифоъ дар Теҳрон ба шаҳодат расид.[1] Пайкари ӯ пас аз ташйиъ дар Теҳрон ва Арок, дар 13 марти соли 2026 дар деҳаи Деҳсади Хундоби Арок ба хок супурда шуд.[2]
Покпур дар соли 1961 дар Арок зода шуд.[3] Ӯ донишомӯхтаи коршиносии аршади ҷуғрофия аз Донишгоҳи Теҳрон ва доктори ҷуғрофияи сиёсӣ аз Донишгоҳи тарбияти мударрис буд. Пас аз инқилоби исломӣ ва дар ҷараёни нооромиҳои Курдистон, ба ин минтақа эъзом шуд. Дар ҷанги Ироқ бо Эрон, фармондеҳии ягони зиреҳии Сипоҳро бар ӯҳда дошт ва маҷруҳ шуд.[4]
Пас аз шаҳодати Ҳусайни Саломӣ дар 13 июни соли 2025 дар ҷанги дувоздаҳрӯзаи Исроил бо Эрон, бо ҳукми Сайид Алӣ Хоманаӣ, Раҳбари вақти Эрон, ба фармондеҳии кулли Сипоҳ мансуб шуд.[5] Дигар масъулиятҳои ӯ дар Сипоҳи посдорон ба шарҳи зер аст:
- Фармондеҳи ягони зиреҳии Сипоҳ
- Фармондеҳи лашкари 8 Наҷаф (1997 – 2000)
- Фармондеҳи лашкари 31 Ошӯро (2000 – 2003)
- Раиси ситоди нерӯи заминии Сипоҳ (2003 – 2008)
- Муовини амалиёти Сипоҳи посдорон (2008 – 2009)
- Фармондеҳи нерӯи заминии Сипоҳи посдорон (2009 – 2025).[6]
Дар апрели соли 2021, Иттиҳодияи Аврупо вайро дар листи таҳримҳои худ қарор дод, ки шомили мамнуияти сафар ва масдуд шудани дороиҳо буд. Пештар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ ӯро таҳрим карда буд.[7]
Эзоҳ
- ↑ «سپهبد عبدالرحیم موسوی به شهادت رسید», Хабаргузории ИЛНА.
- ↑ «برگزاری مراسم تشییع و خاکسپاری سردار اسلام سپهبد شهید محمد پاکپور در روستای دهسد خنداب», Хабаргузории Ҳавза.
- ↑ «سردار پاکپور به شهادت رسید», Хабаргузории ИЛНА.
- ↑ «سردار پاکپور به شهادت رسید», Хабаргузории ИЛНА.
- ↑ «سردار پاکپور به فرماندهی کل سپاه پاسداران منصوب شد», Хабаргузории Меҳр.
- ↑ «سردار پاکپور به شهادت رسید», Хабаргузории ИЛНА.
- ↑ «آمریکا کدام فرماندهان سپاه پاسداران را تحریم کرد؟», Радио Фардо.
Сарчашма
- «برگزاری مراسم تشییع و خاکسپاری سردار اسلام سپهبد شهید محمد پاکپور در روستای دهسد خنداب», («Баргузории маросими ташйиъ ва хоксупории сардори ислом сарлашкари шаҳид Муҳаммади Покпур дар деҳаи Деҳсади Хундоб»), Хабаргузории Ҳавза, санаи дарҷи матлаб: 13 марти 2026, санаи боздид: 27 марти 2026.
- «سردار پاکپور به شهادت رسید», («Сардор Покпур ба шаҳодат расид»), Хабаргузории ИЛНА, санаи дарҷи матлаб: 30 марти 2026, санаи боздид: 20 апрели 2026.
- «سپهبد عبدالرحیم موسوی به شهادت رسید», («Сарлашкар Абдурраҳими Мусавӣ ба шаҳодат расид»), Хабаргузории ИЛНА, санаи дарҷи матлаб: 30 марти 2026, санаи боздид: 20 апрели 2026.
- «سردار پاکپور به فرماندهی کل سپاه پاسداران منصوب شد», («Сардор Покпур ба фармондеҳии кулли Сипоҳи посдорон мансуб шуд»), Хабаргузории Меҳр, санаи дарҷи матлаб: 13 июни 2025, санаи боздид: 27 марти 2026.
- «آمریکا کدام فرماندهان سپاه پاسداران را تحریم کرد؟», («Амрико кадом фармондеҳони Сипоҳи посдоронро таҳрим кард?»), Радио Фардо, санаи дарҷи матлаб: 24 июни 2019, санаи боздид: 4 майи 2026