Ҳайҳот минна-з-зилла

Ҳайҳот манна-з-зилла (арабӣ: هَیهَاتَ مِنَّا الذِّلَّة) ба маънои «Маҳол аст, ки зиллатро қабул кунем» — ибораи маъруф ва бахше аз хутбаи Имом Ҳусайн (а) аст, ки дар рӯзи Ошӯро ба лашкариёни Ибни Саъд эрод кардааст.[1]
Бар асоси сарчашмаҳои таърихӣ, Имом Ҳусайн (а) ин ибораро ба Ибни Зиёд гуфтааст, ки ӯро байни таслим шудан ё ҷанг кардан ихтиёр дода буд.[2] Ӯ эълон кард, ки Худо, Пайғамбар (с) ва ақли солим зиллатро намепазиранд ва ӯ марги бо иззатро бар зиндагии бо хорӣ авло медонад.[3]

Масъудӣ, таърихнигори қарни чаҳорум, ибораро чунин овардааст:
- Огоҳ бошед! Хондашудаи фарзанди хондашуда[Ёддошт 1] маро байни ду чиз қарор додааст: шамшер ва хорӣ — ва Ҳайҳот манна-з-зилла; мо ҳаргиз хориро қабул намекунем.[Ёддошт 2][5]
Бо ин ҳол, баъзе сарчашмаҳо «қотилон»«القتلة»-ро ба ҷойи «шамшер»«السَلّة»[6] ва баъзе «поинӣ»-ро ба ҷойи «зиллат» овардаанд.[7]
«Ҳайҳот манна-з-зилла» имрӯз ба унвони шиор ва рамзи Муқовимат табдил ёфтааст. Шиаён дар азодориҳо ва роҳпаймоиҳо онро барои нишон додани таслимнашавии худ дар баробари истикбор истифода мекунанд.[8]
Эзоҳ
- ↑ Ниг.: Масъудӣ, Исбот-ул-васия, 1384ҳ.ш., саҳ.166
- ↑ Масъудӣ, Исбот-ул-васия, 1384ҳ.ш., саҳ.166
- ↑ Масъудӣ, Исбот-ул-васия, 1384ҳ.ш., саҳ.166
- ↑ «مسيرة عاشوراء إحياءً لذكرى استشهاد الإمام الحسين عليه السلام بالعاصمة…», Муассисаи шаҳид Зайд Алӣ Муслиҳ
- ↑ Масъудӣ, Исбот-ул-васия, 1384ҳ.ш., саҳ.166
- ↑ Хоразмӣ, Мақтал-ул-Ҳусайн, 1381ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.10
- ↑ Ибни0 Шуъбаи Ҳарронӣ, Тӯҳаф-ул-уқул, 1404ҳ.қ., саҳ.241
- ↑ Барои намуна ниг.: «مسيرة عاشوراء إحياءً لذكرى استشهاد الإمام الحسين عليه السلام بالعاصمة…», Муассисаи шаҳид Зайд Алӣ Муслиҳ
Ёддошт
Сарчашма
- Ибни Шуъбаи Ҳарронӣ, Ҳасан ибни Алӣ, Тӯҳаф-ул-уқул ан Оли-р-Расул, таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, Дафтари нашри Исломӣ, нашри дуввум, 1404ҳ.қ.
- Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Исбот-ул-васия ли-л-имом Алӣ ибни Абитолиб, Қум, Нашри Ансориён, нашри севум, 1384ҳ.ш.
- Хоразмӣ, Муваффақ ибни Аҳмад, Мақтал-ул-Ҳусайн алайҳиссалом, таҳқиқи Муҳаммад Самовӣ, Қум, Анвор-ул-ҳудо, 1381ҳ.ш./1423ҳ.қ.
- «مسيرة عاشوراء إحياءً لذكرى استشهاد الإمام الحسين عليه السلام بالعاصمة…», Муассисаи шаҳид Зайд Али Муслиҳ, санаи интишор: 16 июли 2024м, санаи боздид: 2 июли 2025м.