Сӯгворӣ

Аз wikishia
Тасвире аз занҷирзании шиаён дар азои бузургони динии худ
Ин мақола дар бораи сӯгворӣ аст. Барои ошноӣ бо азодории Имом Ҳусайн (а), мадхали сӯгвории муҳаррамро бибинед.

Сӯгворӣ ба форсӣ: سوگواری оине аст, ки дар марги даргузаштагон барпо мешавад. Сӯгворӣ пешинае дароз дорад ва аз даврони бостон, дар ёдбуди ошноён ё бузургони мазҳабӣ баргузор мешавад.

Бар пояи манобеи торихӣ, пешинаи азодорӣ дар Ислом, ба замони Пайғамбари Аъзам, ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) бармегардад. Аз он замон то кунун, дар кишварҳои исломӣ ба шаклҳои мухталиф баргузор мешавад; азҷумла, ба сурати маросими тарҳим, сеюм ва чиҳилум.

Фақеҳони шиа, барпоии сӯгворӣ ва гиряю навҳахуонӣ барои мурдагонро ҷоиз медонанд, аммо ба фатвои фақеҳони аҳли суннат дар ғами аз даст рафтани наздикон танҳо метавон бесадо гиря кард. Бархе аз онҳо гиряи босадо ва фарёд задан барои мурдаро ҷоиз намедонанд.

Бештари азодориҳои шиаён мазҳабӣ аст; яъне барои ёдбуди бузургони динӣ, аз ҷумла Расули Худо (с) ва Имомон (а) ва ба вижа Имом Ҳусайн (а) сурат мегирад. Бархе аз уламои аҳли суннат ин гуна азодориҳоро бидъат ва ҳаром медонанд, аммо аз гузашта то кунун бархе аз аҳли суннат дар азодориҳои шиаён ширкат мекунанд.

Сӯгворӣ, ёдбуди даргузаштагон

Сӯгворӣ ба маросиме гуфта мешавад, ки дар марги касе баргузор мешавад.[1] Сӯгвориҳо дар ғами аз даст додани азизон ё бузургони динӣ баргузор мешавад.[2]

Пешинаи сӯгворӣ

Сӯгворӣ аз дербоз дар фарҳангҳои мухталиф шоеъ будааст. Намегӯянд дар Эрони пеш аз зартуштӣ ҳам ривоҷ дошта ва намунаҳое аз он дар Шоҳнома омадааст.[3] Дар китоби Муқаддас ҳам аз азодории Банӣ Исроил дар сӯги даргузаштагон хабар омадааст.[4]

Дар Ислом, бар пояи гузоришҳои торихӣ, пешинаи азодорӣ ба замони Пайғамбари Ислом (с) бармегардад. Барои намуна, Ибни Касир, таърихнигори қарни ҳаштуми қамарӣ навиштааст, пас аз ғазваи Уҳуд, занони Мадина барои куштаҳояшон сӯгворӣ мекарданд. Паёмбар (с) бо дидан ин саҳна гуфт, Ҳамза гирякуне надорад. Пас аз он занон барои Ҳамза ибни Абдулмуталлиб ҳам сӯгворӣ карданд.[5]

Сӯгворӣ дар фарҳангҳои мухталиф

Маросими сӯг барои даргузаштагон дар фарҳангҳои мухталиф шаклҳои гуногун дорад: дар Эрон, маросиме чун маҷлиси хатм, шаби сеюм, ҳафтум ва чиҳилум баргузор мешавад.[6] Дар бархе кишварҳо мисли Тоҷикистон, рӯзи бистуму чиҳилум ва солгарди маросими сӯгворӣ баргузор мекунанд.[7] Мусулмонони Ҳинд ҳам рӯзи сеюм бар сари мазори даргузашта маросиме барпо мекунанд.[8] Дар кишварҳои дигар ҳамчун Миср, Озарбойҷон ва Ироқ низ оинҳои хос барои сӯгворӣ доранд.[9]

Ҳукми шаръии сӯгворӣ барои даргузаштагон

Ба фатвои фуқаҳои шиа, гиря ва навҳахонӣ барои даргузаштагон ҷоиз аст.[10] Соҳиби Ҷавоҳир (даргузашти 1266ҳ.қ.) навиштааст, ривоёти бисёре вуҷуд дорад, ки таъйид мекунад гиряву навҳа барои мурда ҷоиз аст; аз ҷумла ривоёте, ки аз гиряи Пайғамбар (с) дар сӯги амакаш Ҳамза ва фарзандаш Иброҳим ҳикоят мекунад ва низ ривоёте, ки дар бораи навҳаи ҳазрати Фотима (с) дар вафоти Пайғамбар (с) аст.[11]

Дидгоҳи аҳли суннат

Ба гуфтаи Абдурраҳмони Ҷазирӣ, фақеҳи мисрӣ, тибқи фиқҳи аҳли суннат навҳахонӣ барои мурда ҷоиз нест, аммо гиря кардан барои ӯ, агар бесадо бошад, ишкол надорад. Дар хусуси гиряи босадо байни мазоҳиби фиқҳии аҳли суннат ихтилоф ҳаст: моликиҳо ва ҳанафиҳо онро ҳаром медонанд, аммо тибқи мазҳаби шофеӣ ва ҳанбалӣ ҷоиз аст.[12]

Сӯгвориҳои мазҳабӣ

Ҳамчунин бибинед: Сӯгвории муҳаррам

Бархе аз азодориҳо ҷанбаи мазҳабӣ доранд. Шиаён ба ин навъ азодориҳо аҳамияти вижа доранд ва барои бузургони динӣ аз ҷумла Пайғамбар (с), ҳазрати Заҳро (с) ва Имомон (а), ба вижа дар муҳаррам барои Имом Ҳусайн (а) маросими азо барпо мекунанд.[13]

Сӯгвории мазҳабии шиаён ба шаклҳои мухталиф, аз ҷумла равзахонӣ,[14] марсияхонӣ, гиря, навҳахонӣ, синазанӣ[15] ва занҷирзанӣ[16] анҷом мешавад.[17]

Олимони шиа, китобҳо ва рисолаҳои мутааддиде дар дифоъ аз азодорӣ ва тавзеҳи машрӯияти он навиштаанд, ки Иқноъ-ул-лоим ало иқомат-ил-маотим, навиштаи Сайид Муҳсини Амин намунаи он аст.[18]

Уламои аҳли суннат, ба вижа ҳанбалиҳо, азодориро бидъат ва ҳаром медонанд;[19] бо ин ҳама тибқи гузоришҳои торихӣ, дар Эрон, бархе аз аҳли суннат, ба вижа шофеиҳо ва ҳатто уламои аҳли суннат, аз ҷумла бархе аз уламои ҳанафӣ ва шофеӣ дар маросими азодории шиаён ширкат кардаанд.[20]

Эзоҳ

  1. Анварӣ, Фарҳанги бузурги сухан, 1381ҳ.ш., ҷ.5, зайли калимаи «азодорӣ».
  2. Боқӣ, “Азодорӣ”.
  3. Боқӣ, “Азодорӣ”.
  4. Баҳромӣ, “Тарҳим, маҷлис”, саҳ.108.
  5. Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.55.
  6. Фарҳангӣ ва Мунфарид, “Тарҳим, маҷлис”, саҳ.103.
  7. Фарҳангӣ ва Мунфарид, “Тарҳим, маҷлис”, саҳ.104, 103.
  8. Баҳромӣ, “Тарҳим, маҷлис”, саҳ.110.
  9. Фарҳангӣ ва Мунфарид, “Тарҳим, маҷлис”, саҳ.104, 105.
  10. Барои намуна, нигоҳ кунед ба Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.130 - 131; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.264 - 265.
  11. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.264 - 265.
  12. Ҷазирӣ, ал-Фиқҳу ала-л-мазоҳиб-ил-арбаъа, ҷ.1, 1424ҳ.қ., саҳ.484.
  13. Мазоҳирӣ, “Азодорӣ”, саҳ.345.
  14. Муҳаддисӣ, Фарҳанги Ошӯро, 1380ҳ.ш., саҳ.441.
  15. Муҳаддисӣ, Фарҳанги Ошӯро, 1380ҳ.ш., саҳ.256.
  16. Муҳаддисӣ, Фарҳанги Ошӯро, 1380ҳ.ш., саҳ.214.
  17. Муҳаддисӣ, Фарҳанги Ошӯро, 1380ҳ.ш., саҳ.338.
  18. Мазоҳирӣ, “Азодорӣ”, саҳ.346.
  19. Мазоҳирӣ, “Азодорӣ”, саҳ.346.
  20. Мазоҳирӣ, “Азодорӣ”, саҳ.347.

Сарчашма

  • Ибни Касир, Исмоил ибни Умар, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, чопи аввал, 1408ҳ.қ.
  • Анварӣ, Ҳасан ва дигарон, Фарҳанги бузурги сухан, Теҳрон, интишороти илмӣ, чопи ҳафтум, 1390.
  • Боқӣ, Имодуддин, “Азодорӣ”, дар вебгоҳи маркази Доиратулмаорифи бузурги исломӣ, таърихи дарҷ: 8 урдибиҳишти 1399, таърихи боздид: 5 тири 1401.
  • Баҳромӣ, Аскар, “Тарҳим, маҷлис”, дар доиратулмаорифи бузурги исломӣ, ҷ.15, маркази доиратулмаорифи бузурги исломӣ, чопи аввал, 1387ҳ.ш.
  • Ҷазирӣ, Абдурраҳмон ибни Муҳаммад Иваз, ал-Фиқҳу ала-л-мазоҳиб-ил-арбаъа, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, чопи дувум, 1424ҳ.қ.
  • Фарҳангӣ, Савсан ва Афсона Мунфарид, дар донишномаи ҷаҳони Ислом, Теҳрон, бунёди доиратулмаорифи исломӣ, ҷ.7, чопи аввал, 1382ҳ.ш.
  • Таботабоии Яздӣ, Муҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо, Қум, муассисаи интишороти исломӣ, чопи аввал, 1419ҳ.қ.
  • Мазоҳирӣ, Муҳсин Ҳисом, “Азодорӣ” дар фарҳанги сӯги шиъӣ, Теҳрон, хайма, чопи аввал, 1395ҳ.ш.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароиъ-ил-Ислом, Бейрут, дору эҳёилтуросилъарабӣ, чопи ҳафтум, 1404ҳ.қ.