Ҳамлаи мушакии Эрон ба Исроил
Бо амалиёти Ваъдаи содиқ иштибоҳ нашавад.
Замон | 1 октябри 2024 |
---|---|
Макон | Фаластини ишғолӣ |
Сабаб | Вокуниш ва террор шудани Исмоил Ҳания, Сайид Ҳасан Насруллоҳ ва Сайид Аббоси Нилфурӯшон ба дасти режими саҳюнистӣ |
Ҷанганда1 | Ҷумҳурии исломии Эрон |
Ҷанганда2 | Исроил |
Ҳамлаи мушакии Эрон ба Исроил (форсӣ: حمله موشکی ایران به اسرائیل) ё Амалиёти Ваъдаи содқи 2 ба амалиёти мушакии нерӯи ҳавофазои Сипоҳи посдорон дар 1 октябри 2024 алайҳи аҳдофи низомӣ ва амниятӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ ишора дорад.
Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ 1 октябри 2024 мелодӣ 200 мӯшак[1] аз шаҳрҳои мухталифи Эрон ба аҳдофе дар сарзаминҳои ишғолӣ шиллек кард. Ин амалиёт дар вокуниш ба террори Исмоил Ҳания - раиси дафтари сиёсии ҲАМОС, Сайид Ҳасан Насруллоҳ - дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон ва Сайид Аббос Нилфурӯшон - муовини амалиёти Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон, тавассути режими саҳюнистӣ, анҷом шуд.[2] Режими саҳюнистӣ дар 31 июли 2024 Исмоили Ҳанияро ки барои ширкат дар маросими таҳлифи раёсати ҷумҳурӣ ба Эрон рафта буд дар Теҳрон террор кард[3] ва дар паи ин иқдом, Эрон ваъдаи интиқом аз Исроилро дод.[4]
Бинобар баёнияи Сипоҳи посдорон ин амалиёт бо тасвиби Шӯрои олии амнияти миллӣ ва иблоғи Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳ ва ҳимояту пуштибонии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон ва вазорати дифоъи ин кишвар сурат гирифтааст.[5]
Амрико ва бархе дигар аз кишварҳо дар раҳгирии мӯшакҳо ба режими саҳюнистӣ кумак карданд; бо ин ҳол мушакҳое, ки аз хоки Эрон партоб шуда буд камтар аз 15 дақиқа бо убур аз сомонаҳои дифоъии Исроил ба ҳадаф расиданд. Артиши режими саҳюнистӣ ба сокинони арозии ишғолӣ дастур дод то аз интишори филму акси хисорот худдорӣ кунанд. Бо ин ҳол филмҳое аз исобати теъдоде аз мӯшакҳо бо аҳдофе дар Тел-Авив ва дигар манотиқи ишғолӣ мунташир шуд.
Муҳамади Боқирӣ - раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, гуфтааст дар ин ҳамалот, қароргоҳи Моссад, пойгоҳи ҳавоии Навотим, маҳалли аслии нигаҳдории ҷангандаҳои F35 ва пойгоҳи ҳавои Ҳотсрим, пойгоҳи мабдаи амалиёти террори Сайид Ҳасан Насруллоҳ ва радарҳои роҳбарӣ ва марокизи таҷаммуъи танкҳо ва нафарбарҳо[6] ва пойгоҳи ҳавоии Тел Ноф[7] мавриди ҳадаф қарор гирифтааст. Дар баёнияи сипоҳи посдорон омадааст ки 90 дарсади мӯшакҳо бо муваффақият ба ҳадаф расиданд.[8]
Хабаргузории Садои Амрико аз коршиносони низомӣ нақл кардааст, ки ҳамлаи мушакии Эрон ба Исроил аз амалиёти Ваъдаи содиқи 1 бузургтар, печидатар ва шомили таслеҳоти пешрафтатаре буд. Ба ҳамин далел, мӯшакҳои бештаре муваффақ ба убур аз сомонаи дифоъии Исроил шуда ва ба аҳдофашон расиданд.[9]
Ба гуфтаи коршиносон, ин амалиёт дифои машрӯъ дар муқобили таҷовузҳои режими саҳюнистӣ ва бар асоси модаи 51 Маншури Созмони милали муттаҳид қонунӣ будааст.[10]
Эрон дар 14 апрели 2024 низ амалиёти Ваъдаи содиқи 1-ро алайҳи режими саҳюнистӣ анҷом дода буд. Дар ин амалиёт, беш аз 300 паҳбоду мӯшак аз хоки Эрон ба сӯи сарзаминҳои ишғолӣ партоб шуду теъдоде аз мӯшакҳо ба аҳдофи низомӣ расид.
Вокунишҳо
Ҳамзамон бо расидани мушакҳо ба ҳадаф, садои такбир (Аллоҳу Акбар) дар шаҳрҳои мухталифи Эрон тавассути мардум баланд шуд. Ҳамчунин мардум дар шаҳрҳои мухталифи Эрон ва бархе дигар аз кишварҳо Урдун, Ироқ ва Ғазза ба хиёбонҳо омаданд ва ба шодӣ пардохтанд. Гурӯҳҳои муқовимат ҳамчун Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, Ҳизбуллоҳи Лубнон, Ҳашд-уш-шаъбии Ироқ, ҷунбиши ҲАМОС ва Ҷиҳоди исломии Фаластин ҳамлаи муваффақиятомези Ҷумҳурии исломии Эрон ба сарзаминҳои ишғолиро табрик гуфтанд.[11]
Мароҷеъи тақлид, ҳамчун Абдуллоҳ Ҷаводии Омулӣ[12] ва Ҳусайн Нурии Ҳамадонӣ[13] аз ин амалиёт қадрдонӣ карданд.
Муқовимати исломии Ироқ гуфтааст, ки агар Амрико дар посух ба ин амалиёт, Исроилро ҳамроҳӣ ва ёрӣ кунад, тамомии пойгоҳҳои амрикоӣ дар Ироқро мавриди ҳадаф қарор хоҳад дод.[14]
Кишварҳои ҳомии Исроил ҳамчун Амрико, Фаронса, Олмон, Ҷопон ва Канада ҳамалоти Эронро маҳкум ва аз Исроил ҳимоят карданд.[15]
Эзоҳ
- ↑ «سردار سلامی: ۲۰۰ موشک به سمت سرزمینهای اشغالی پرتاب شد» Хабаргузории ал-Олам
- ↑ «بیانیه سپاه پاسداران انقلاب اسلامی درخصوص عملیات موشکی علیه اسرائیل», ал-Олам
- ↑ «اسماعیل هنیه در تهران کشته شد», Хабаргузории Анатоли
- ↑ «پیام رهبر انقلاب اسلامی در پی شهادت مجاهد بزرگ آقای اسماعیل هنیه», Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ; «اطلاعیه جدید سپاه: پاسخ سخت و دردناک مقاومت در راه است», Хабаргузории Форс.
- ↑ «بیانیه مهم سپاه درباره حمله ایران به اسرائیل», Сайти Тобнок
- ↑ «جزئیات عملیات وعده صادق ۲: سه پایگاه هوایی رژیم صهیونیستی مورد هدف قرار گرفت», Хабаргузории ал-Олам
- ↑ «موشکهای ایران ۳ پایگاه رژیم صهیونیستی را از کار انداخت», Хабаргузории ал-Олам
- ↑ «۹۰ درصد شلیکها با موفقیت به اهداف اصابت کرد», Хабаргузории Меҳр; «وزیر دفاع: وعده صادق ۲ بالای ۹۰ درصد موفقیتآمیز بود», Хабаргузории Ҷумҳурии исломӣ
- ↑ «کارشناسان نظامی: حمله اخیر به اسرائیل پیچیدهتر و پیشرفتهتر از دفعه قبل بود», Вебгоҳи VOA.
- ↑ «عراقچی:علمیات موشکی ایران براساس ماده ۵۱ منشور ملل متحد و حق دفاع مشروع بود», Хабаргузории Анантоли; «تحلیلگر روس: پاسخ ایران به اسرائیل، قانونی و مشروع بود», Хабаргузории Ҷумҳурии исломӣ; «وزیر دفاع: وعده صادق ۲ بالای ۹۰ درصد موفقیتآمیز بود», Хабаргузории Ҷумҳурии исломӣ
- ↑ «حمله موشکی ایران به اسرائیل/ حدود ۲۰۰ موشک در دو مرحله شلیک شد/موشکها به پایگاههایی هوایی و نظامی برخورد کردهاند/ فرار صهیونیستها به پناهگاه», Сайти Тобнок
- ↑ «آیتالله جوادی آملی: امیدواریم با عملیات وعده صادق ۲ صهیونیست بینالملل و خائن سر جای خود بنشیند», Хабаргузории Ҷумҳурии исломӣ
- ↑ «هرگونه تجاوز مجدد رژیم صهیونیستی به خاک ایران با پاسخ محکمتر همراه شود», Хабаргузории Ҷумҳурии исломӣ
- ↑ «گروههای مسلح عراقی: پایگاههای آمریکا در صورت حمله به ایران هدف ما خواهند بود», Хабаргузории ал-Арарбияи форсӣ
- ↑ Ниг.: «واکنش کشورها به وعده صادق ۲ ایران», Нурниюс