Jump to content

Меҳвари муқовимат

Аз wikishia

Меҳвари муқовимат (форсӣ: محور مقاومت) ё ҷабҳаи муқовимат (форсӣ: جبهه مقاومت) унвонест барои ишора ба як эътилофи минтақаӣ, шомили нерӯҳои давлатӣ ва ғайридавлатии умдатан шиа, ки дар кишварҳои Эрон, Сурия (даврони Ҳофиз ва Башшор Асад), Ироқ, Лубнон, Яман ва Фаластин фаъолият мекунанд. Ҳадафи меҳвари муқовиматро мубориза бо ишғолгарии Исроил ва дифоъ аз озодии Фаластин, муқобила бо нуфузи ғарб ба вижаи Амрико дар минтақаи Ғарби Осиё мубориза бо давлатҳои истибдодӣ ва ҷилавгирӣ аз иқдомоти гурӯҳҳои такфирӣ монанди ДИИШ донистаанд. Шаклгирии меҳвари муқовиматро ҳосили тавсеаи арзишҳои баромада аз Инқилоби исломии Эрон ва дар натиҷаи ҳимояти низоми Ҷумҳурии исломии Эрон аз ҷунбишҳои зиддиистибдодӣ ва зиддиистеъморӣ медонанд.

Ҳувияти муштараки минтақаӣ ҳавли арзишҳо ва ҳанҷорҳои муштараки иҷтимоӣ, динӣ ва фарҳангӣ ва ҳамчунин тасирпазирӣ аз гуфтумони Исломи сиёсиро аз вижагиҳои аслии меҳвари муқовимат донистаанд ки боиси иттиҳоди аъзои ин меҳвар шудааст. Аз роҳбурдҳои аслии меҳвари муқовимат, афзоиши тавони низомӣ барои муқобила бо таҳдидҳое аст, ки мавҷудияти ин меҳварро таҳдид мекунад. Тақвияти ҷойгоҳи шиаён, маҳдуд кардани тавсеаталабиҳои режими саҳюнистӣ ва шаклгирии назме навин дар минтақаи Ғарби Осиё аз дастовардҳои аъзои ин меҳвар аз ҷумлаи сипоҳи Қудси Эрон, ҲАМОС ва ҷиҳоди исломӣ дар Фаластин, Ҳашд-уш-шаъбии Ироқ, Ҳизбуллоҳи Лубнон ва Ансоруллоҳи Яман дониста шудааст.

Нерӯҳои меҳвари муқовимат барои пӯшиши фаъолиятҳо ва аҳдофи худ иқдом ба таъсиси шабакаҳо ва хабаргузориҳое монанди шабакаи ал-Манор, шабакаи ал-Маёдин, шабакаи ал-Масира ва шабака ал-Фурот кардаанд. Садоу симои Ҷумҳурии исломии Эрон низ дар пӯшиши хабарии иқдомоти ин меҳвар, барномаҳои гуногунеро таҳия ва пахш мекунад.

Ҷойгоҳ

Меҳвари муқовимат (ба англисӣ: Axis of resistance) иттиҳоде минтақаӣ, ҳосили тавсеаи гуфтумони Инқилоби исломии Эрон дар ҷаҳони Ислом маҳсуб мешавад, ки ба гуфтаи пажӯҳишгарони сиёсӣ, муодилоти ҳоким бар минтақаи Ғарби Осиёро дучори дигаргунӣ карда[1] ва ба шаклгирии назми навине дар ин минтақа боис шудааст.[2] Ҳимояти низоми Ҷумҳурии исломии Эрон аз ҷунбишҳо ва ҳаракатҳои зиддиистиъморӣ ва зиддиистибдодӣ ва ҳамчунин ҳимоят аз масаълаи бедории исломиро боиси тавсеаи меҳвари муқовимат, тақвияти шиаён ва баланд бардоштани амнияти Эрон ва минтақа донистаанд.[3]

Пажӯҳишгарони сиёсӣ он чи меҳвари муқовимат хонда мешавадро таҳти таъсири осору натоиҷи ҳанҷории баромада аз Инқилоби исломии Эрон дар ҷаҳони хориҷ медонанд, ки талош дорад султаи қудратҳои бузургро дар сиёсати байналмилалӣ мавриди интиқод қарор диҳад.[4] Ба гуфтаи онон, намодҳои инқилоб, муқовимат ва ҳувият дар даврони ҷанги Ироқ алайҳи Эрон шакл гирифт ва пас аз ҷанг дар фароянди улгугирӣ аз Инқилоби исломии Эрон, дар ҷунбишҳои бедории исломӣ, инъикоси минтақаӣ ва байналмилалӣ ёфт.[5]

Қудратгирии шиаён дар минтақаи Ғарби Осиё[6] эҳқоқи ҳуқуқи фаластиниҳо, муқобила бо бартариталабии бархе қудратҳои минтақаӣ, таъмини иззати низоми Ҷумҳурии исломии Эрон,[7] суқути бархе аз режимҳои диктаторӣ дар минтақа,[8] уфули ҳежмунии Амрико дар минтақаи Ховари Миёна, ба чолиш кашида шудани музокироти созиш бо режими саҳюнистӣ, берун рондани Исроил аз ҷануби Лубнон, шикасти ин режим дар ҷангҳои 33 ва 22-рӯза ва муқовимат дар баробари гурӯҳҳои такфирӣ монанди ДИИШ-ро аз натиҷаҳои тақвияти ҳузури меҳвари муқовимат дар минтақаи Ғарби Осиё донистаанд.[9]

Шаклгирӣ ва номгузорӣ

Меҳвари муқовимат ё ҷабҳаи муқовиматро як эътилофи геопалитики минтақаӣ (иттиҳоди низомӣ ва сиёсӣ) медонанд, ки аз чанд бозигари давлатӣ (Эрон ва Сурия дар замони ҳукумати Ҳофиз ва Башшор Асад) ва теъдоде бозигари ғайридавлатӣ (Ҳизбуллоҳи Лубнон, ҲАМОС, ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин) ташкил шудааст,[10] ки албатта гуфта шуда раҳбарии он бо Ҷумҳурии исломӣ Эрон аст.[11] Ин эътилофро ҳосили рухдодҳои таърихие медонанд, ки дар охирҳои қарни 20 ва аввалҳои қарни 21 мелодӣ дар мувоҷиҳа бо иқдомоти режими саҳюнистӣ дар Фаластин ва Лубнон, густариши нуфузи ДИИШ дар Сурияву Ироқ ва султаи Иёлоти муттаҳидаи Амрико бар минтақаи Ховари Миёна шакл гирифт.[12]

Ба бовари пажӯҳишгарони сиёсӣ, аъзои меҳвари муқовимат манофеи муштараки миллӣ ва идеулужик доранд ва талош мекунанд бо сиёсатҳои мустақилона ва муқовимати меҳвари худ, бо низоми султа бо меҳварияти Амрико дар минтақаи Ғарби Осиё муқобила кунанд[13] ва ҳамчунин ба мубориза бо режими саҳюнистӣ ва дифоъ аз Фаластин бипардозанд.[14] Меҳвари муқовимат бо вуқуъи бархе таҳаввулоти ҷадид дар минтақаи Ғарби Осиё аз ҷумла шаклгирӣ ДИИШ ва ҳамлаи бархе кишварҳои арабӣ ба Яман дар солҳои ибтидои қарни 21 мелодӣ, густариш ёфт ва бозигарони дигаре чун шибҳинизомиёни шиа дар Ироқ ва Ансоруллоҳи Яман низ ба меҳвар муқовимат пайвастанд.[15]

Истилоҳи сиёсии "меҳвари муқовимат" нахустин бор аз тарафи рӯзномаи либиёии аз-Заҳф-ул-ахзар дар муқобили истилоҳи "меҳвари шарорат" ба кор рафт, ки тавассути Ҷорҷ Даблю Буш, раиси ҷумҳӯри вақти Амрико ва Ҷон Болтон, барои ишора ба кишварҳои ғайриҳамсӯ бо сиёсатҳои Амрико истифода шуд ва дар он кишварҳои Эрон, Сурия, Ироқ, Либиё, Кӯбо ва Кураи Шимолӣ меҳвари шарорат хонда шуданд.[16]

Пеш аз ин номгузорӣ, Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон, аввалин бор дар мурдоди 1372ҳ.ш. дар дидор бо Сайид Ҳасан Насруллоҳ, дабири кули Ҳизбуллоҳи Лубнон, аз истилоҳи ҷабҳаи муқовимати исломӣ сухан гуфта ва шаклгирии онро натиҷаи таҷовузоти Исроил дониста буд.[17]

Зершохаҳо

Нерӯҳо ва ҷараёнҳои ташкилдиҳандаи меҳвари муқовимат дар кишварҳои мухталиф фаъолият мекунанд:

Гурӯҳҳои меҳвари муқовимат
ном таъсис бунёнгузор шахсиятҳои барҷаста раҳбар мазҳаб хостгоҳ нишонвора расона
1 Ҷунбиши Амал 1353ҳ.ш. Имом Мӯсо Садр Мустафо Чамрон Набиҳ Баррӣ Шиа Лубнон
Шабакаи телевизионии NBN
2 Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин 1360ҳ.ш. Фатҳӣ Шақоқӣ Рамазон Абдуллоҳ
Ҳисом Абуҳарбид
Зиёд Нахола Аҳли суннат Ғазза
Шабакаи Фаластин ал-Явм
3 Ҳизбуллоҳи Лубнон 1361ҳ.ш. Сайид Аббос Мӯсавӣ
Сайид Ҳасан Насруллоҳ
Наим Қосим Шиа Лубнон
Шабакаи ал-Манор
4 Созмони Бадр 1364ҳ.ш. Аднон Иброҳим
Абумаҳдӣ ал-Муҳандис
Ҳодӣ ал-Омирӣ Шиа Ироқ
Шабакаи ал-Ғадир
5 ҲАМОС
(Ҳаракат-ул-муқавамат-ул-исломия)
1366ҳ.ш. Шайх Аҳмад Ёсин Абдулъазиз Ратисӣ
Исмоил Ҳания
Яҳё Синвор
Кумитаи муваққати ҲАМОС Аҳли суннат Фаластин
6 Сипоҳи Қудс 1369ҳ.ш. Сайид Алӣ Хоманаӣ Аҳмад Ваҳидӣ
Қосим Сулаймонӣ
Исмоил Қоонӣ Шиа Эрон
7 Ансоруллоҳи Яман 1369ҳ.ш. Ҳусайн ал-Ҳусӣ Бадруддин Ҳусӣ Абдулмалик Ҳусӣ Зайдия Яман
Шабакаи ал-Масира
8 Катоиби Ҳизбуллоҳи Ироқ 1382ҳ.ш. Абумаҳдӣ ал-Муҳандис Абуҳусайн Ҳамидовӣ
Абубоқир ас-Соидӣ
Аркон ал-Аловӣ
اАҳмад Муҳсин Фараҳ ал-Ҳамидовӣ Шиа Ироқ
Шабакаи ал-Иттиҷоҳ
9 Катоиби Сайидушшуҳадои Ироқ 1382ҳ.ш. Абумустафо Хазъалӣ
Ҳоҷ Абуюсуф
Абуолоъ ал-Вилоӣ Шиа Ироқ
10 Асоибу аҳл-ил-ҳақ 1383ҳ.ш. Қайс ал-Хазъалӣ Абдулҳодӣ ад-Дарроҷӣ
Муҳаммад ал-Баҳодилӣ
Қайс ал-Хазъалӣ Шиа Ироқ
Шабакаи ал-Аҳд
11 Муқовимати исломии Нуҷабо 1383ҳ.ш. Акрам ал-Каъбӣ Абуисо Иқлим
Муштоқ Козим ал-Ҳаворӣ
Акрам ал-Каъбӣ Шиа Ироқ
12 Лашкари Зайнабиюн 1392ҳ.ш. Гурӯҳе аз шиаёни покистонӣ Зинаталӣ Ҷаъфарӣ
Ақид Молик
Мутаҳҳар Ҳусайн
Шиа Покистон
13 Лашкари Фотимиюн 1392ҳ.ш. Теъдоде аз размандагони афғонистонӣ Алиризо Тавассулӣ
Сайид Муҳаммадҳасани Ҳусайнӣ
Сайид Аҳмади Содот
Шиа Афғонистон
14 Ҳашд-уш-шаъбӣ 1393ҳ.ш. Ҳодӣ Омирӣ
Абумаҳдӣ ал-Муҳандис
Фолеҳ Файёз Шиа Ироқ


Роҳбурдҳо ва вижагиҳо

Аъзои меҳвари муқовимат дар хусуси чанд роҳбурд ва вижагӣ иттифоқи назар доранд, ки боиси иттиҳоди онҳо шудааст. Ҳувияти минтақавии муштарак ва тасирпазирӣ аз гуфтумони Исломи сиёсиро аз вижагиҳои аъзои ин меҳвар донистаанд. Ҳамчунин гуфта шуда ки аъзои ин меҳвар бо тақвияти тавон низомии худ ба дунболи дастёбӣ ба аҳдофашон ҳастанд.

Ҳувияти минтақаӣ

Арзишҳо ва ҳанҷорҳои муштараки иҷтимоӣ, динӣ ва фарҳангӣ аз омилҳое аст, ки ба гуфтаи пажӯҳишгарони сиёсӣ, боиси шаклгирии ҳувияти муштарак байни аъзои меҳвари муқовимат шудааст ва бо вуҷуди фосилаи ҷуғрофиёӣ ва надоштани марзи муштарак, онҳоро гирди як ҳувияти минтақаӣ ҷамъ овардааст.[19] Минтақагароиро навъе ҳувияти ҷадид донистаанд, ки дар миёнаи миллигароӣ ва ҷаҳонгароӣ зуҳур карда ва дар пайи барҷаста кардани арзишҳо ва ҳанҷорҳои муштараки иҷтимоӣ ва фарҳангии бозигарони минтақаӣ аст.[20]

Бар асоси назарияи минтақагароӣ, аъзои меҳвари муқовимат бо истинод ба омӯзаҳои динӣ ҳамчун қоидаи нафйи сабил, зулмситезӣ ва такя ба шиорҳое монанди ваҳдати ҷаҳони Ислом ва истикборситезӣ, дар пайи дастёбӣ ба аҳдофи худ ҳастанд.[21] Ҳамчунин гуфта шуда шаклгирии ин ҳувияти минтақаӣ таҳти таъсири муаллифаҳое чун фарҳанги шаҳодатталабӣ,[22] ҳимоят аз мазлумон, адолатталабӣ, истиқлолхоҳӣ, ҳимоят аз ҷунбишҳои озодибахш, маҳдавият, омӯзаи интизор ва мардумсолории динӣ аст ки дар фароянди Инқилоби исломии Эрон шакл гирифт.[23]

Баъзе аз пажӯҳишгарони шаклгирии ин ҳувияти минтақаиро дар тақобул бо ҳувият ва эътилофи дигаре дар минтақаи Ғарби Осиё медонанд, ки тавассути бархе аз кишварҳои арабӣ шакл гирифта ва ба дунболи созиш бо Исроил ва коҳиши нуфузи Эрон аст.[24]

Таъсирпзирӣ аз гуфтумони Исломи сиёсӣ

Гуфтумони Исломи сиёсиро[Ёддошт 1] умдатарин гуфтумони асаргузор бар таҳаввулоти чанд даҳаи ахири минтақаи Ғарби Осиё донистаанд, ки корбасти фирқаии он дар қолаби ҷунбишҳои салафӣ ва такфирӣ даврае пар аз ошӯбу хушунату ихтилофоти мазҳабӣ дар ин минтақа эҷод кардааст.[25] Дар муқобили ҷунбишҳои салафӣ, аз зуҳури гуфтумони ҷадиде ба номи гуфтумони муқовимати шиъӣ сухан гуфта шуда ки бо пирӯзии инқилоби исломӣ ва ташкили ҳукумати шиъӣ дар Эрон шакл гирифт ва бо пайвастани гурӯҳҳое монанди Ҳизбуллоҳ, гурӯҳҳои шиа дар Ироқ, Ансоруллоҳи Яман ва ҳамчунин ҳамсӯйии гурӯҳҳои суннимазҳаб монанди ҲАМОС ва ҷиҳоди исломии Фаластин, бо ин гуфтумон, таҳаввулоти минтақаӣ шакли ҷадиде ба худ гирифт.[26]

Афзоиши қудрати низомӣ ҷиҳати эҷоди тавозуни қудрат

Афзоиши қудрати низомии кишварҳои узви меҳвари муқовимат ва таҷҳизи низомии гурӯҳҳои вобаста ба он, ба далели вуҷуди таҳдидҳои пеши рӯйи меҳвар ва коҳиши осебпазирии он дар муқобили қудратҳои рақиб дар минтақа, аз роҳбурдҳои аслии ин меҳвар маҳсуб шудааст.[27] Ба гуфтаи пажӯҳишгарони ҳавзаи амнияти байналмилал, афзоиши қудрати низомии аъзои меҳвари муқовимат ва ҳамгаройии онон бо бархе аз кишварҳои қудратманд, боис шуда хароҷоти амалиёти низомӣ алайҳи аъзои меҳвари муқовимат барои қудратҳои рақиб афзоиш пайдо кунад ва монеъ аз анҷоми иқдоми онҳо шавад ё дар сурати иқдом, зарари калон ба онҳо ворид шавад.[28]

Иқдомот ва дастовардҳо

Меҳвари муқовимат аз ибтидои ташкил иқдомот ва дастовардҳое дошта ки онро ба як бозигари муҳими минтақаӣ ва то ҳудуде байналмилалӣ табдил кардааст.[29] Аз ҷумла иқдомоти ин меҳвар метавон ба муборизоти гурӯҳҳои фаластинӣ ва Ҳизбуллоҳи Лубнон дар муқобили иқдомоти ишғолгароёнаи Исроил, муборизаи кишварҳои Эрон, Ироқ, Сурия ва гурӯҳҳои муқовимат дар муқобили густариши нуфузи ДИИШ дар Ироқу Сурия ва дар ниҳоят, муқобила бо таҳоҷуми кишварҳои арабӣ ба Яман, тавассути Ансоруллоҳи Яман ишора кард.

Тақвияти ҷойгоҳи шиаён дар минтақаи Ғарби Осиё

Тасирпазирии болои гуфтумони муқовимат аз омӯзаҳои шиъӣ, яке аз омилҳои тақвияти ҷойгоҳи шиаён дар минтақаи Ғарби Осиё талаққӣ шудааст.[30] Ба гуфтаи пажӯҳишгарон, қудрати нарми Ҷумҳурии исломии Эрон дар тақвияту нуфузи қудрати шиаён дар кишварҳое чун Ироқ[31] ва Яман[32] ва бархе аз бахшҳои Лубнон муассир будааст.[33] Ҳамчунин ба бовари бархе аз пажӯҳишгарони сиёсӣ, афзоиши мавқеияти сиёсӣ-иҷтимоии шиаён дар як робитаи дуҷониба, боиси тақвияти меҳвари муқовимат низ шудааст; ба вижа дар Ироқ пас аз суқути Саддом, шиаёни хориҷшуда аз зайли маҳдудиятҳои ҳизби баъс, тавонистанд ҳузури пурранге дар муносиботи сиёсӣ-иҷтимоии Ироқ дошта бошанд.[34]

Муқобила бо ишғолгарии Исроил

Ба бовари пажӯҳишгарони сиёсӣ, ҳувияти ишғолгароёнаи Исроил ва пайбанд набудани он ба марзҳои таъйиншуда дар соли 1948 мӯҷиб шуд фаластиниён ба мубориза алайҳи Исроил пардозанд ва ташаккулҳое аз ҷумла Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин ва ҷунбиши ҲАМОС шакл гирифт.[35] Ин ду ҷунбиш ки бо ҳадафи озодсозии сарзаминҳои ишғолшудаи Фаластин ташкил шуд,[36] даргириҳои зиёде бо режим саҳюнистӣ доштаанд[37] ки аз муҳимтарини онҳо метавон ба интифозаҳои аввал ва дувуми Фаластин,[38] ҷанги 22-рӯзаи Ғазза[39] ва амалиёти тӯфон-ул-ақсо ишора кард.[40]

Муқобила бо иқдомоти режими саҳюнистӣ фақат ба гурӯҳҳои фаластинӣ вобаста набуд ва Ҳизбуллоҳи Лубнон низ тавонист дар соли 2000 ба тасаллути низомии 18-солаи Исроил бар манотиқе аз ҷануби Лубнон поён диҳад.[41] Муборизаи миёни Ҳизбуллоҳи Лубнон ва Исроил дар ҷанги 33-рӯза низ идома пайдо кард, ки дар тобистони соли 2006 ҷараён дошт.[42] Ҳизбуллоҳ пас аз амалиёти тӯфон-ул-ақсо низ барои ҳимоят аз мардуми Ғазза вориди ҷанг бо Исроил шуд, ки задухӯрди сангине миёни ду тараф шакл гирифт.[43] Дар ин даргириҳо Сайид Ҳасан Насруллоҳ сеюмин дабири кули Ҳизбуллоҳ ва теъдоде аз фармондиҳони он ба шаҳодат расиданд.[44]

Ишғоли бахшҳое аз кишвари Сурия, бо номи баландиҳои Ҷавлон, тавассути режими саҳюнистӣ дар замони ҷангҳои шашрӯзаи Исроил ва кишварҳои арабӣ дар 5 июни 1967, омили эҷоди равобити хасмона миёни Сурияву Исроил шудааст.[45] Гуфта шуда равобити Сурия ва Исроил пас аз пирӯзии Инқилоби исломии Эрон ва ба вижа бо шурӯи раёсатҷумҳурии Ҳофиз Асад ва писараши Башшор дар Сурия, хасмонатар шуд ва ба шаклгирии иттиҳоде наздиктар миёни Эрону Сурия анҷомид.[46] Ба бовари пажӯҳишгарон аз муҳимтарин омилҳои тақвияти иттиҳоди Эрону Сурия дидгоҳҳои муштараки ду кишвар дар муқобила бо Исроил ва ҳамчунин ҳимоят аз Ҳизбуллоҳи Лубнон аст.[47]

Муқобила бо гурӯҳҳои такфирӣ дар Ироқ ва Сурия

Тасарруфи бахшҳои қобили муҳимме аз кишварҳои Сурия ва Ироқ тавассути гурӯҳи салафии ДИИШ ва дигар гурӯҳҳои такфирӣ боис шуд меҳвари муқовимат бори дигар ба иттиҳоде барои мубориза бо таҳдидоти низомӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳои ҳампаймон табдил шавад.[48] Аз ҳамин рӯй давлати Ҷумҳурии исломии Эрон бо ҳузури низомӣ ва мусташорӣ дар Ироқу Сурия, талоши худ барои ҷилавгирӣ аз пешравии ДИИШ-ро оғоз кард.[49] Ҳифзи амнияти маконҳои муқаддас дар Ироқу Сурия аз ҷумла ҳарами ҳазрати Зайнаб (с), аз дигар аҳдофи ҳузури Эрон дониста шудааст.[50]

Дифои Ансоруллоҳи Яман дар баробари таҳоҷуми кишварҳои арабӣ ба Яман

Ҷунбиши Ансоруллоҳ (таъсис дар соли 1990[51]) аз ҷунбишҳои сиёсӣ-эътиқодии Яман аст,[52] ки гуфта шуда таъсирпазируфта аз Имом Хумайнӣ ва инқилоби Эрон аст.[53] Ин ҷунбиш дар соли 2011 ва дар ҷараёни ҷунбишҳои бедории исломӣ алайҳи давлати Яман қиём кард ва тавонист бахшҳое аз Яманро ба тасарруфи худ даровард. Ин иқдом боиси истеъфои Мансур Ҳодӣ - раисҷумҳури вақти Яман, ва рафтани ӯ ба Адан ва ташкили давлати муваққат шуд.[54] Дар пайи ин иқдом Мансур Ҳодӣ, бархе кишварҳои арабӣ алайҳи Ансоруллоҳ ҳамлаи низомии густардаеро шурӯъ карданд, то қудратро аз Ансоруллоҳ бозпас гиранд;[55] вале дар ниҳоят бо муқовимати чандсолаи Ансоруллоҳ, ин ҳамла ноком монд.[56]

Тақвияти рӯҳияи амрикоситезӣ дар минтақаи Ғарби Осиё

Барҷаста шудани рӯҳияи амрикостезӣ ва коҳиши нуфузи Амрикоро аз дастовардҳои ҷабҳаи муқовимат дар минтақаи Ғарби Осиё донистаанд.[57] Ба гуфтаи пажӯҳишгарон, Иёлоти муттаҳидаи Амрико пас аз фурӯпошии Иттиҳоди ҷамоҳири Шуравӣ дар соли 1991, ба дунболи ҳузури худ ба унвони як қудрати бартар дар минтақаи Ғарби Осиё буд то зимни тазмини амнияти Исроил, ба таъмини манофеи худ низ бипардозад.[58] Ба ҳамин далел ба иқдомоте даст зад, ки натиҷаи он шаклгирии гурӯҳҳои такфирӣ шуд ва ба ихтилофоти мазҳабӣ доман зад ва дар ниҳоят ба бесуботсозии кишварҳои минтақа сабаб шуд.[59] Дар муқобили ин иқдомот, ҷабҳаи муқовимат бо тақвияти сиёсати истикборситезӣ ва пайрезии иқдомоте чун набард бо гурӯҳҳои такфирй ва мубориза бо Исроил ва бор кардани хароҷоти иқтисодӣ бар Амрико, тавониста зимни хунсосозии барномаҳои Амрико, ба тақвияти эҳсосоти зиддиамрикоӣ дар минтақа бипардозад.[60]

Фаъолиятҳои расонаӣ

Нерӯҳои меҳвари муқовимат иқдом ба таъсиси шабакаҳо ва хабаргузориҳое барои пӯшиши расонаии фаъолиятҳои худ кардаанд. Аз ҷумлаи ин шабакаҳо метавон ба шабакаи ал-Манор (вобаста ба Ҳизбуллоҳи Лубнон),[61] шабакаи ал-Маёдин (шабакаи хабарии мустақар дар Бейрут),[62] шабакаи ал-Масира (мутаъаллиқ ба Ансоруллоҳи Яман),[63] шабакаи ал-Фурот (шабакаи Маҷлиси аълои исломии Ироқ),[64] шабакаи ал-Ғадир (расонаи телевизиюнӣ ва моҳвораии созмони Бадри Ироқ),[65] шабакаи ал-Иттиҷоҳ (маркази расонаии катоиби Ҳизбуллоҳи Ироқ)[66] ва шабакаи ал-Аҳд (маркази расонаии гурӯҳи Асоибу аҳл-ил-ҳаққи Ироқ)[67] ишора кард.

Садоу симои Ҷумҳурии исломии Эрон низ илова бар дигар расонаҳои меҳвари муқовимат, пӯшиши густардае, чи дар бахшҳои хабарӣ ва чи дар барномаҳои гуфтугӯмеҳвар бар фаъолиятҳои ҷабҳаи муқовимат, ба вижа пас аз амалиёти тӯфон-ул-ақсо доштааст.[68] Аз ҷумлаи ин барномаҳо метавон ба барномаи «Ба уфуқи Фаластин» ишора кард.[69] Шабакаи Ал-Олам, Пресс-тиви, шабакаи Хабар ва ғ. аз зермаҷмуаҳои садоу симои Ҷумҳурии исломии Эрон нақши пурранге дар пӯшиши расонаии фаъолиятҳои меҳвари муқовимат доштаанд.[70]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Хоҷа Сарвӣ ва Сурӣ, «Ҷумҳурии исломии Эрон, меҳвари муқовимат ва шаклдиҳӣ ба назми минтақаии Ғарби Осиё», саҳ.41; Қосимӣ, «Геопалитикаи меҳвари муқовимат ва амнияти миллии Ҷумҳурии исломии Эрон бар асоси гуфтумони инқилоби исломӣ», саҳ.28, Ширудӣ ва ҳамкорон, «Гуфтумони муқовимат ва таъсири он бар назми амниятии Ғарби Осиё...», саҳ.226 - 227
  2. Содотинажод, «Бозтобҳои ҳузури ҷабҳаи муқовимат дар минтақаи Ғарби Осиё», саҳ.94
  3. Қосимӣ, Геопалитикаи меҳвари муқовимат ва амнияти миллии Ҷумҳурии исломии Эрон бар асоси гуфтумони инқилоби исломӣ», саҳ.29
  4. Содотинажод, «Бозтобҳои ҳузури ҷабҳаи муқовимат дар минтақаи Ғарби Осиё», саҳ.94; Пӯстинчӣ ва Муттақӣ, «Забони сиёсии муқовимати исломӣ дар сиёсати байналмилал», саҳ.124 - 125
  5. Пӯстинчӣ ва Муттақӣ, «Забони сиёсии муқовимати исломӣ дар сиёсати байналмилал», саҳ.124 - 125
  6. Аббосӣ ва Маҳмудзода, «Таҳлиле бар ҳимояти идеулужики Эрон аз меҳвари муқовимат дар Ғарби Осиё», саҳ.117
  7. Араби Омирӣ ва Имомӣ, «Иззатталабӣ ба масобаи сиёсати хориҷии чорчӯбӣ барои таҳлили сиёсати хориҷии Эрон ва меҳвари муқовимат», саҳ.104 - 105; Боқирӣ ва ҳамкорон, «Табйини манофеи идеулужики Ҷумҳурии исломии Эрон дар иттиҳоди мавсум ба меҳвари муқовимат», саҳ.11 - 17
  8. Қосимӣ, Геопалитикаи меҳвари муқовимат ва амнияти миллии Ҷумҳурии исломии Эрон бар асоси гуфтумони инқилоби исломӣ», саҳ.29
  9. Маҳмудӣ Раҷо ва ҳамкорон, «Баррасии меҳвари муқовимат ва ояндаи низоми султа бо истифода аз назарияи низоми ҷаҳонӣ», саҳ.7 - 8 ва 23 - 25
  10. Ризохоҳ, «Бедории исломӣ ва ояндаи меҳвари муқовимат», саҳ.32
  11. Ҷаъфарифар ва Эҳромӣ, «Таъсироти минтақаии дахолати Ҳизбуллоҳ ва Исроил дар буҳрони Сурия», саҳ.78
  12. Хоманаӣ, «بیانات در مراسم دانش‌آموختگی دانشجویان دانشگاه علوم انتظامی», Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ; Басирӣ, «Воковеи таҳдидоти амниятии ДИИШ бар меҳвари муқовимат ва таъсири он бар амнияти миллии Ҷумҳурии исломии Эрон», саҳ.7 ва 11 ва 13 - 14 ва 20; Каримӣ, «Нақши ҶИ Эрон дар ҳувиятбахшӣ ба маҷмуаи амниятии меҳвари муқовимат», саҳ.12 - 13
  13. Ризохоҳ, «Бедории исломӣ ва ояндаи меҳвари муқовимат», саҳ.32; Ҳошимпур ва ҳамкорон, «Ҳувиятбахшии Инқилоби исломии Эрон ба меҳвари муқовимати исломӣ», саҳ.33; Салимӣ ва Шариатӣ, «Манофеи миллии Ҷумҳурии исломии Эрон, тадовум ё инқитоъи ҳимоят аз низоми кунунии Сурия», саҳ.77
  14. Каримӣ, «Нақши ҶИ Эрон дар ҳувиятбахшӣ ба маҷмуаи амниятии меҳвари муқовимат», саҳ.3 ва 5
  15. Боқирӣ, «Табйини манофеи идеулужики Ҷумҳурии исломии Эрон дар иттиҳоди мавсум ба меҳвари муқовимат» саҳ.8; Муродӣ ва Шаҳромниё, «Буҳрони Сурия ва амнияти минтақаии Ҷумҳурии исломии Эрон», саҳ.129 - 130
  16. Каримӣ, «Нақши ҶИ Эрон дар ҳувиятбахшӣ ба маҷмуаи амниятии меҳвари муқовимат», саҳ.2
  17. Хоманаӣ, «دیدار دبیر کل جنبش حزب‌الله لبنان با رهبر انقلاب», Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
  18. Айвазӣ ва Навозанӣ, «Меҳвари муқовимат ба масобаи ҳувияти минтақаӣ», саҳ.13
  19. Айвазӣ ва Навозанӣ, «Меҳвари муқовимат ба масобаи ҳувияти минтақаӣ», саҳ.6 - 7
  20. Айвазӣ ва Навозанӣ, «Меҳвари муқовимат ба масобаи ҳувияти минтақаӣ», саҳ.8 - 9
  21. Каримӣ, «Нақши ҶИ Эрон дар ҳувиятбахшӣ ба маҷмуаи амниятии меҳвари муқовимат», саҳ.7
  22. Қосимӣ, «Арзёбии фарҳанги шаҳодатталабии Инқилоби исломии Эрон дар ҷаҳони Ислом ва арсаи байналмилал», саҳ.106
  23. Ҳошимпур ва Ҳақиқӣ, «Робитаи Инқилоби исломии Эрон ва меҳвари муқовимат дар ҳувиятбахшӣ ба ҳусиҳои Яман», саҳ.221; Каримӣ, «Нақши ҶИЭ дар ҳувиятбахшӣ ба маҷмуаи амнияти меҳвари муқовимат», саҳ.7 - 9
  24. Содотинажод, «Бозтобҳои ҳузури ҷабҳаи муқовимат дар минтақаи Ғарби Осиё», саҳ.96 - 97
  25. Ширудӣ ва ҳамкорон, «Гуфтумони муқовимат (шиъӣ) ва таъсири он бар назми амниятии ҳежмуники Ғарби Осиё дар мувоҷиҳа бо гуфтумонҳои салафӣ ва ихвонӣ», саҳ.236 - 237
  26. Ширудӣ ва ҳамкорон, «Гуфтумони муқовимат (шиъӣ) ва таъсири он бар назми амниятии ҳежмуники Ғарби Осиё дар мувоҷиҳа бо гуфтумонҳои салафӣ ва ихвонӣ», саҳ.236 - 237
  27. Боқирӣ ва ҳамкорон, «Таъсири меҳвари муқовимат бар умқи стротежики Ҷумҳурии исломии Эрон», саҳ.76 - 84
  28. Боқирӣ ва ҳамкорон, «Таъсири меҳвари муқовимат бар умқи стротежики Ҷумҳурии исломии Эрон», саҳ.86 - 87
  29. Содотинажод, «Бозтобҳои ҳузури ҷабҳаи муқовимат дар минтақаи Ғарби Осиё», саҳ.89
  30. Ширудӣ ва ҳамкорон, «Гуфтумони муқовимат (шиъӣ) ва таъсири он бар назми амниятии ҳежмуники Ғарби Осиё дар мувоҷиҳа бо гуфтумонҳои салафӣ ва ихвонӣ», саҳ.219
  31. Дурҷ ва Ҳидоятӣ, «Таъсири қудрати нарми Ҷумҳурии исломии Эрон дар тақвияти қудрати шиаён дар сохтори сиёсии Ироқ (2003 - 2020), саҳ.82
  32. Ҳошимпур ва Ҳақиқӣ, «Робитаи Инқилоби исломии Эрон ва меҳвари муқовимат дар ҳувиятбахшӣ ба ҳусиҳои Яман», саҳ.230 - 238
  33. Ширудӣ ва ҳамкорон, «Гуфтумони муқовимат (шиъӣ) ва таъсири он бар назми амниятии ҳежмуники Ғарби Осиё дар мувоҷиҳа бо гуфтумонҳои салафӣ ва ихвонӣ», саҳ.229 - 231
  34. Қосимӣ, «Зарфиятсанҷии шиаёни Ироқ ва таъсири он бар меҳвари муқовимат», саҳ.185 - 187
  35. Каримӣ, «Нақши ҶИ Эрон дар ҳувиятбахшӣ ба маҷмуаи амниятии меҳвари муқовимат», саҳ.12
  36. «نبذة عن حرکة الجهاد الإسلامی فی فلسطین», Шабакаи хабарии Ал-Ҷазира; Моликӣ, «ҲАМОС, ҷунбиш», саҳ.79
  37. «حدث الساعة.. معلومات تهمک معرفتها عن الجهاد الإسلامی التی أنجبت أسری عملیة جلبوع», Вебгоҳи шабакаи хабарии Ал-Ҷазира; Фоизӣ, «مقایسه دو میثان‌نامه حماس», Андешкдаи роҳбурдии табйин
  38. аш-Шариф, «حرکة الجهاد الإسلامی فی فلسطین», Вебгоҳи маркази мутолиоти Фаластин; «نشأت بمصر، ولعبت دوراً کبیراً بالانتفاضة. قصة حرکة الجهاد وسر استهداف إسرائیل لها بحربها الأخیرة», Вебгоҳи арабии Пост
  39. Каримӣ, «Нақши ҶИ Эрон дар ҳувиятбахшӣ ба маҷмуаи амниятии меҳвари муқовимат», саҳ.12
  40. «دهمین روز از عملیات "طوفان الاقصیٰ"», шабакаи ал-Олам; «ما هی حرکة "الجهاد الإسلامی" التی تتهمها إسرائیل بقصف المستشفی المعمدانی فی غزة؟», Вебгоҳи Франс-24
  41. Мубинӣ ва Қосимӣ, «Дастовардҳои муқовимати исломии Лубнон дар манзумаи фикрии Сайид Ҳасан Насруллоҳ ва таъсири он бар амнияти меҳвари муқовимат», саҳ.28
  42. Каримӣ, «Нақши ҶИ Эрон дар ҳувиятбахшӣ ба маҷмуаи амниятии меҳвари муқовимат», саҳ.12
  43. «لحظه به لحظه با دومین روز از عملیات طوفان الاقصیٰ»», Шабакаи ал-Олам; «۱۰۳۸ عملیات حزب الله علیه صهیونیست‌ها طی ۱۳۳ روز جنگ», шабакаи ал-Олам
  44. «شهادة الأمين العام لحزب الله سماحة السيد حسن نصرالله», сайти ал-Манор
  45. Каримӣ, «Нақши ҶИ Эрон дар ҳувиятбахшӣ ба маҷмуаи амниятии меҳвари муқовимат», саҳ.12
  46. Каримӣ, «Нақши ҶИ Эрон дар ҳувиятбахшӣ ба маҷмуаи амниятии меҳвари муқовимат», саҳ.12
  47. Рӯстоӣ, «Таҳлиле бар ҳимояти Эрон аз меҳвари муқовимат дар буҳрони Сурия бо таъкид бар рӯйкарди ормонгароӣ ва воқеъгароӣ», саҳ.79
  48. Басирӣ, «Воковеи таҳдидоти амниятии ДИИШ бар меҳвари муқовимат ва таъсири он бар амнияти миллии Ҷумҳурии исломии Эрон», саҳ.21 - 22
  49. Басирӣ, «Воковеи таҳдидоти амниятии ДИИШ бар меҳвари муқовимат ва таъсири он бар амнияти миллии Ҷумҳурии исломии Эрон», саҳ.21 - 22
  50. Басирӣ, «Воковеи таҳдидоти амниятии ДИИШ бар меҳвари муқовимат ва таъсири он бар амнияти миллии Ҷумҳурии исломии Эрон», саҳ.21 - 22
  51. «محمد یحیی عزان.. تنظیم شباب المؤمن بالیمن» Сайти шабакаи хабарии Ал-Ҷазира
  52. Сайид Комил, «ал-Вуҷуд-ул-ҳуси фи-л-Яман: диросатун фи-л-ҷуғрофиё-с-сиёсия», саҳ.19
  53. «دوافع مساندة ایران للحوثیین فی الیمن», Вебгоҳи ал-Мунтада-л-арабийи ли таҳлил-ис-сиёсот-ил-ирония
  54. Сайид Комил, «ал-Вуҷуд-ул-ҳуси фи-л-Яман: диросатун фи-л-ҷуғрофиё-с-сиёсия», саҳ.27; Муҳаммад, «аз-Зоҳир-ул-ҳавсияти ва-т-таҳавул-ил-фикрияти ман-з-зайдияти ила-т-ташайюъ», саҳ.75
  55. Сайид Комил, «ал-Вуҷуд-ул-ҳуси фи-л-Яман: диросатун фи-л-ҷуғрофиё-с-сиёсия», саҳ.31
  56. «حقائق لا تعرفها عن عبدالملک الحوثی», Сайти маҷаллаи Восеъ садрак; Содотинажод, «Бозтобҳои ҳузури ҷабҳаи муқовимат дар минтақаи Ғарби Осиё», саҳ.104 - 105
  57. Содотинажод, «Бозтобҳои ҳузури ҷабҳаи муқовимат дар минтақаи Ғарби Осиё», саҳ.97 - 99
  58. Порсоӣ ва Мутаҳҳариниё, «Асаргузории меҳвари Эрон, Сурия ва Ҳизбуллоҳ бар манофеи Амрико дар Ховари Миёна», саҳ.115 - 119
  59. Содотинажод, «Бозтобҳои ҳузури ҷабҳаи муқовимат дар минтақаи Ғарби Осиё», саҳ.97 - 99
  60. Порсоӣ ва Мутаҳҳарниё, «Асаргузории меҳвари Эрон, Сурия ва Ҳизбуллоҳ бар манофеи Амрико дар Ховари Миёна», саҳ.123 - 131; Содотинажод, «Бозтобҳои ҳузури ҷабҳаи муқовимат дар минтақаи Ғарби Осиё», саҳ.97 - 99
  61. «قناة المنار», сайти Ал-Ҷазира; Умар ал-Форуқ, ад-Диъоят-уш-шиъия, 2017м, саҳ.70 - 71
  62. Ҳаким ва Муҳаммадпур, «Баррасии муқоисаии пӯшиши хабарии буҳрони Сурия дар сайтҳои шабакаи хабарии ал-Ҷазира ва ал-Маёдин», саҳ.57; «جایگاه شبکه المیادین و نگاه بازیگران عربی به آن», хабаргузории ИРНА
  63. مصادر النهار العربی: الانباء عن اغلاق مکاتب القناتین الحوثیین فی لبنان غیر صحیحه», Вебгоҳи рӯзномаи ан-Наҳор-ул-ъарабӣ; Ризқ, «قناة المسیره: سبع سنوات من العطاء و المواجه المستمره», Вебгоҳ Яманӣ пресс
  64. «معرفی برخی از شبکه‌های ماهواره‌ای شیعه», Хабаргузории ИКНА
  65. Муҳаммади Иброҳим, «محدث تردد قناة الغدير الفضائية الجديد 2024 نايل سات», Сайти Мақолотак
  66. Ҳамди Малик; Криспин Смит, لمحة عامة عن "قناة الإتجاه الفضائية, Сайти Институти Вашингтон
  67. Ҳамди Малик, «لمحة عامة عن قناة العهد الفضائية», Сайти Институти Вашингтон
  68. «اتحاد جبهه رسانه‌ای مقاومت», Рӯзномаи Ҷоми Ҷам
  69. «روایت ۲۴ ساعت با به افق فلسطین«, Сайти Форсниюз
  70. «اتحاد جبهه رسانه‌ای مقاومت», Рӯзномаи Ҷоми Ҷам

Ёддошт

  1. Ҷараёнҳо ва ҷунбишҳои фикрӣ дар ҷаҳони Ислом, ки дағдағаи эҷоди ҳукумати исломиро доранд ва усули бунёдини худро дар чорчӯби шариати исломӣ суратбандӣ мекунанд. (Ҳусайнизода, Исломи сиёсӣ дар Эрон, 1386ҳ.ш., саҳ.17)

Сарчашма