Мувкиб

Аз wikishia
Барпоии мувкиб дар Ироқ дар пиёдаравии Арбаин

Мувкиб (арабӣ:مُوکِب) истгоҳи хизматрасоние аст, ки дар маконҳо ё муносибатҳои мазҳабии шиа байни зоирон ва мардум, ғизо, чой ва шарбати ройгон пахш мекунад. Дар масири пиёдаравии Арбаин мувкибҳое барои искон, хадамоти беҳдоштӣ ва дармонӣ, масажи бадану пойҳо ва таъмири васоил низ, барпо мешавад. Ин истилоҳ дар фарҳанги шиаёни Ироқ роиҷ буд ва дар даҳаи навади шамсӣ, ба Эрон мунтақил шуд. Пеш аз он, «истгоҳи салавотӣ» бо корбурди ҳамонанди мувкиб дар Эрон вуҷуд дошт.

Калимаи мувкиб дар фарҳанги шиаёни араб барои ишора ба ҳайъат ва дастаи азодорӣ низ ба кор рафтааст. Дар кишвари Ироқ аз ду калимаи «мувкибулъазо; мувкиби азодорӣ» ва «мувкибун хидмий; мувкиби хадамотӣ» истифода мешавад. Барпоии мувкиб дар Ҳинду Покистон низ марсум аст. Ҳазинаи мувкибҳоро маъмулан мардум ва хайирин таъмин мекунанд.

Мафҳумшиносӣ ва таърихча

Мувкиб ба истгоҳи хизматрасоние гуфта мешавад,[1] ки дар маконҳо[2] ё муносибатҳои мазҳабии шиа,[3] ба мардум ва зоирон хадамоти ройгон ироа мекунад. Мувкибҳо дар хаймаҳо, созаҳои порчаӣ ё сохтмонҳо барпо мешавад.[4]

Пешина

Калимаи мувкиб дар фарҳанги шиаёни араб барои ишора ба ҳайъат,[5] дастаи азодорӣ[6] ва дигар ҳаракатҳои гурӯҳие ки ба сурати азодорӣ ва роҳпаймоӣ анҷом мешавад, ба кор меравад.[7] [Ёддошт 1] Дар китоби Адаб-ут-таф ки ҳудуди соли 1347 шамсӣ нигошта шуда,[8] аз мувкибҳое (ҳайъатҳои азодорӣ) гузориш шуда, ки дар рӯзҳои наздик ба Арбаъин аз манотиқи мухталиф, ба атрофи Карбало меомаданд, хайма барпо мекарда, зоиронро меҳмондорӣ мекарданд.[9]

Бар асоси китоби Фарҳанги сӯги шиъӣ ки дар соли 1395 шамсӣ чоп шудааст, дар Ироқ ба хаймаҳо ва маконҳое, ки дар айёми Арбаин аз зоирон пазироӣ мекунанд низ, мувкиб мегӯянд.[10] Дар ин кишвар барои фарқ гузоштан байни мувкибе, ки ба маънои ҳайъат ва дастаи азодорӣ аст ва мувкибе, ки барои хадамот ба кор меравад, аз истилоҳи «мувкибиулъазо; мувкиби азодорӣ» ва «мувкибун хидмӣ; мувкиби хадамотӣ» истифода мешавад.[11]

Фарҳанги барпосозии мувкиб дар даҳаи навади шамсӣ, аз кишвари Ироқ ба Эрон мунтақил шуд;[12] албатта пеш аз он, «истгоҳи салавотӣ» [Ёддошт 2] бо корбурде ҳамонанди мувкиб вуҷуд дошт.[13] Ду калимаи «мувкиб» ва «истгоҳи салавотӣ» байни форсизабонони Эрон, ба ҷои якдигар ба кор рафтааст.[14]

Хадамот

Хадамоти ироашуда дар мувкибҳо ройгон аст ва шомили пахши хӯрокӣ, чой, шарбат[15] ва крем задани кафш[16] мешавад. Дар мувкибҳои масири пиёдаравии Арбаин, ғайр аз хӯрокдиҳӣ, искон, хадамоти беҳдоштию дармонӣ, масажи бадану пойҳо ва таъмири васоил низ ироа мешавад.[17]

Бархе мувкибҳо дар ҳодисаҳои пешбининашудае монанд селу заминларза, ақломи зарурие монанди хӯрокаворӣ, чодар, пату ва об тақсим мекунанд.[18] Буҷҷети мувкиб ва хадамоти ироашуда дар он, аз тариқи кумакҳои мардумӣ[19] ва гоҳ давлатӣ[20] таъмин мешавад.

Замон ва макони барпоӣ

Мувкибҳо дар муносибатҳои мазҳабии шиа, аз ҷумла пиёдаравии Арбаин,[21] моҳи муҳаррам,[22] нимаи шаъбон,[23] ва солрӯзи шаҳодат ва вилодати маъсумон (а)[24] дар шаҳрҳои шианишин барпо мешаванд. Ҳамчунин мувкибҳо дар маконҳои мазҳабии шиа, монанди ҳарами имомон (а), барои ироаи хадамот ба зоирон барқарор мешаванд.[25]

Мувкибҳо дар пиёдаравии нимаи шаъбон, ки ҳарсола дар рӯзҳои наздик ба нимаи шаъбон аз Наҷаф ба сӯи Карбало анҷом мешавад низ, барпо мешавад.[26] Ҳамчунин ҳудуди 350 мувкиб дар иди Ғадири 1401 шамсӣ, дар ҷашне бо номи «меҳмонии даҳкилометрӣ» ки дар Теҳрон баргузор шуд, аз мардум меҳмондорӣ карданд.[27]

Дар пиёдаравии Арбаин

Ҳамчунин бибинед: Пиёдаравии Арбаин (оин)

Мувкибҳо дар пиёдаравии Арбаин аз сӯи иҷтимооти мазҳабии Ироқ, кучманчиёни бӯмии минтақа ва сокинони қишлоқҳои ҳаволии ҳар масир барқарор мешавад[28] ва мудирияти онҳо ба шакли мардумӣ ва мустақил аз давлати Ироқ аст.[29]

Бар асоси гузориши «идораи шаъоир, мувкибҳо ва ҳусайнияҳо дар Ироқ» ки зери назари остони қудси Ҳусайнӣ ва Аббосӣ кор мекунад, айёми Арбаини 2020 дар кулли кишвари Ироқ, 32 ҳазор мувкиб фаъолият доштааст.[30] Тибқи гузориши остони қудси Аббосӣ, дар Арбаини 2022 дар Карбало ва масирҳои мунтаҳӣ ба он 14500 мувкиб барпо буда, ки аз он миён, 300 мувкиб аз дигар кишварҳо аз ҷумла Эрон будаанд.[31]

Остони қудси Аббосӣ теъдоди вақтҳои хӯроки пахшшударо дар Карбало ва меҳварҳои мунтаҳӣ ба он дар соли 2022, беш аз чаҳор миллион шуморида аст.[32]

Мувкиб дар кишварҳои шианишин

Ғайр аз Ироқ ва Эрон, дар баъзе кишварҳои дигари шианишин низ, маконҳое бо корбарии мувкиб барпо мешавад.[33] Дар Покистону Ҳинд ба ин маконҳо вақте нӯшиданӣ пахш мекунанд, «сабил»[34] ва вақте хӯрок тақсим мекунанд, «ниёзи Ҳусайн»[35] мегӯянд. [Ёддошт 3] Аҳли суннат низ дар Покистон дар айёми муҳаррам сабил ва ниёз барпо мекунанд.[36] Ҳалим ва бирёнӣ аз ҷумла ғизоҳое аст, ки дар ин айём дар Покистон пахш мешавад.[37]

Эзоҳ

  1. «Ҳама чиз дар мавриди мувкибҳои Арбаин», билети инҷо.
  2. Барои намуна нигоҳ кунед ба «мувкибдорони саросари кишвар аз зоирон дар ҷавори ҳарами мутаҳҳари Имом Ризо (а) пазироӣ мекунанд», хабаргузории Тасним; « مواکبُ الخدمة الحسینیة تفتتح موائدَها الرمضانیة لإفطار الزائرین », шабакатул-кафил алъоламия.
  3. Барои намуна нигоҳ кунед ба «барномаҳои муҳаррам ва сафар дар минтақаи 14», ҳамшаҳрӣ онлайн (сайти хабарии рӯзномаи ҳамшаҳрӣ); «200 мувкиби мардумии айёми нимаи шаъбон дар Қум ба зоирон хизматрасонӣ мекунанд», хабаргузории Тасним.
  4. Исҳоқӣ, “Пиёдаравии Арбаин”, саҳ.100.
  5. Исҳоқӣ, “Мувкиб”, саҳ.481.
  6. Нигоҳ кунед ба « بمشارکة أکثر من ۲۰۰ موکب عزاء.. عتبات کربلاء», алъатаба алҳусайния алмуқаддаса.
  7. Муҳаддисӣ, Фарҳанги Ошӯро, 1376ҳ.ш., саҳ.175.
  8. Исфандиёрӣ, Китобшиносии торихии Имом Ҳусайн (а), 1380.ҳ.ш, саҳ.178.
  9. Шабар, Адаб-ут-таф, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.42.
  10. Исҳоқӣ, “Пиёдаравии Арбаин”, саҳ.100.
  11. Барои намуна нигоҳ кунед ба « العتبةُ العبّاسیة المقدّسة ترفد مواکب الخدمة الحسینیة بموادّ غذائیة», шабакат ал-кафилилъоламия.
  12. Барои намуна нигоҳ кунед ба «роҳандозии 100 мувкиби пазирои ҳайъатҳои мазҳабии Илом дар Арбаини 96», хабаргузории Ҷумҳурии Исломӣ (Эрно); «ҳазинаи 60 миллиард тумонии мувкибдорони хузистонӣ дар айёми Арбаин», хабаргузории Меҳр.
  13. Барои намуна нигоҳ кунед ба «Дар солрӯзи реҳлати имом Хумайнӣ», саҳ.199.
  14. Барои намуна нигоҳ кунед ба «ин мувкиб 60 рӯз мизбони бехонмонҳост», сайти рӯзномаи ҳамшаҳрӣ; «листи истгоҳҳои салавотии Ҳамадон», хабаргузории Форс.
  15. «Мувкибҳои сарви ғизо дар пиёдаравии Арбаин», ал-Кавсар.
  16. Барои намуна нигоҳ кунед ба «каффошони мувкиб дар интизори кафшҳои Имоми Замон (аҷ) », хабаргузории расмии Ҳавза.
  17. Исҳоқӣ, “Пиёдаравии Арбаин”, саҳ.100.
  18. Барои намуна нигоҳ кунед ба «мувкибҳои устони Марказӣ дар нуқоти селзада фаъол шуд», ситоди бозсозии атаботи олиёт; «барпоии мувкиби 1000 нафарӣ дар манотиқи зилзилазадаи ғарби кишвар», хабаргузории Тасним; «истиқрори 6 мувкиби Арбаин дар манотиқи зилзилазадаи Андико», хабаргузории Ҷумҳурии Исломӣ (Эрно).
  19. « من این تحصل المواکب الحسینیة علی التمویل؟», ас-Сумария.
  20. Барои намуна нигоҳ кунед ба «истиқрори мувкибҳои ҷиҳоди кишоварзии устон дар марзи Мирҷова барои зуввори Арбаин», хабаргузории донишҷӯёни Эрон (Эрно); «ироаи хадамот ба зоирони Ҳусайнӣ дар 43 мувкиби дохилӣ ва хориҷӣ дар Курдистон», хабаргузории Курдпресс.
  21. Исҳоқӣ, “Пиёдаравии Арбаин”, саҳ.100.
  22. Барои намуна нигоҳ кунед ба «барномаҳои муҳаррам ва сафар дар минтақаи 14», ҳамшаҳрӣ онлайн (сайти хабарии рӯзномаи ҳамшаҳрӣ).
  23. Барои намуна нигоҳ кунед ба «200 мувкиби мардумии айёми нимаи шаъбон дар Қум ба зоирони хизматрасонӣ мекунанд», хабаргузории Тасним.
  24. Барои намуна нигоҳ кунед ба «пазироии беш аз 20 нафар дар айёми шаҳодати Имом Содиқ (а)», хабаргузории расмии Ҳавза; «барпоии мувкиби Имом Ризо (а) дар даҳаи каромат», хабаргузории Разавӣ.
  25. Барои намуна нигоҳ кунед ба «мувкибдорони саросари кишвар аз зоирон дар ҷавори ҳарами мутаҳҳари Имом Ризо (а) пазироӣ мекунанд», хабаргузории Тасним; « مواکبُ الخدمة الحسینیة تفتتح موائدَها الرمضانیة لإفطار الزائرین», шабакат алкафил алъоламия.
  26. Барои намуна нигоҳ кунед ба «ҷузъиёти мизбонии мувкиби эронии худдомул-Ҳусайн аз зоирони пиёдаравии нимаи шаъбон», хабаргузории донишҷӯёни Эрон (Эсно).
  27. «Дар меҳмонии 10 километрии хиёбони Валийиъаср чӣ гузашт?», хабаргузории Донишҷӯ.
  28. Исҳоқӣ, “Пиёдаравии Арбаин”, саҳ.100.
  29. Исҳоқӣ, “Пиёдаравии Арбаин”, саҳ.100.
  30. « إحصائیات حول عدد المواکب الخدمیة والعزائیة ووجبات الطعام والخدمات الطبیة وعدد المتطوعین بالأربعینیة», хабаргузории Шафақно.
  31. «Ҷузъиёти хадамоти ироашуда аз сӯи остони қудси Аббосӣ дар Арбаини Ҳусайнӣ», шабакаи ҷаҳонии ал-Кафил.
  32. «Ҷузъиёти хадамоти ироашуда аз сӯи остони қудси Аббосӣ дар Арбаини Ҳусайнӣ», шабакаи ҷаҳонии ал-Кафил.
  33. Барои намуна нигоҳ кунед ба « Holding on to the tradition of setting up sabeels»، DAWN.
  34. Барои намуна нигоҳ кунед ба: Holding on to the tradition of setting up sabeels»، DAWN؛ «امام حسین کے یوم ولاد ت پر شہر میں جگہ جگہ ہوا سبیلوں کا اہتمام»، اخبار آپ کا.
  35. Барои намуна нигоҳ кунед ба: Trend of ‘Niaz’ distribution on Ashura still alive across country»، Daily Pakistan؛ «Ashura observed peacefully in Khyber Pakhtunkhwa»، DAWN
  36. «SWAT organized a Sabeel on the 10th of Muharram»، Daily Azb
  37. «Trend of ‘Niaz’ distribution on Ashura still alive across country»، Daily Pakistan.

Ёддошт


Сарчашма

  • «1800 мувкиби эронӣ ба зоирони Арбаин дар Ироқ хадамотрасонӣ мекунанд», хабаргузории Тасним, 12 шаҳривари 1401ҳ.ш., таърихи боздид 31 шаҳривари 1401ҳ.ш.
  • «200 мувкиби мардумӣ айёми нимаи шаъбон дар Қум ба зоирон хизматрасонӣ мекунанд», хабаргузории Тасним, таърихи дарҷи матлаб: 25 исфанди 1400ҳ.ш., таърихи боздид: 18 шаҳривари 1401ҳ.ш.
  • Ибн Дурайд, Муҳаммад ибни Ҳасан, Ҷамҳарат-ул-луғат, Бейрут, Дорулъилм лилмалоин, 1988м.
  • Ибни Саййида, Алӣ ибни Исмоил, ал-Муҳкам ва алмуҳит-ул-аъзам, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, ба тасҳеҳ ва таҳқиқи Абдулҳамид Ҳиндовӣ, 1421ҳ.қ.
  • « إحصائیات حول عدد المواکب الخدمیة والعزائیة ووجبات الطعام والخدمات الطبیة وعدد المتطوعین بالأربعینیة », хабаргузории Шафақно, таърихи дарҷи матлаб: 10 октябри 2020м., таърихи боздид: 21 шаҳривари 1401ҳ.ш.
  • «Ироаи хадамот ба зоирони Ҳусайнӣ дар 43 мувкиби дохилӣ ва хориҷӣ дар Курдистон», хабаргузории Курдпрес, таърихи дарҷи матлаб: 14 шаҳривари 1401ҳ.ш., таърихи боздид: 18 шаҳривари 1401ҳ.ш.
  • «Истиқрори 6 мувкиби Арбаин дар манотиқи зилзилазадаи Андико», хабаргузории Ҷумҳурии Исломӣ (Эрно), таърихи дарҷи матлаб: 28 меҳри 1400ҳ.ш, таърихи боздид: 29 шаҳривари 1400ҳ.ш.
  • Исфандиёрӣ, Муҳаммад, Китобшиносии торихии Имом Ҳусайн (ба замимаи Имом Ҳусайн дар аз-Зариъа), Теҳрон, вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, 1380ҳ.ш.
  • «Истиқрори мувкибҳои ҷиҳоди кишоварзии устон дар марзи Мирҷова барои зуввори Арбаин», хабаргузории донишҷӯёни Эрон (Эрно), таърихи дарҷи матлаб: 7 шаҳривари 1401ҳ.ш., таърихи боздид: 18 шаҳривари 1401ҳ.ш.
  • «امام حسین کے یوم ولاد ت پر شہر میں جگہ جگہ ہوا سبیلوں کا اہتمام»، اخبار آپ کا،, таърихи дарҷи матлаб: 10 апрели 2019м., таърихи боздид: 22 шаҳривари 1401ҳ.ш.
  • «Ин мувкиб 60 рӯз мизбони бехонмонҳост», сайти рӯзномаи ҳамшаҳрӣ, таърихи дарҷи матлаб: 12 меҳри 1400ҳ.ш, таърихи боздид: 18 шаҳривари 1401ҳ.ш.
  • «Барпоии мувкиби Имом Ризо (а) дар даҳаи каромат», хабаргузории Разавӣ, таърихи дарҷи матлаб: 13 тири 1397ҳ.ш, таърихи боздид: 6 меҳри 1401ҳ.ш.
  • «Барпоии мувкиби 1000 нафарӣ дар манотиқи зилзилазадаи ғарби кишвар», хабаргузории Тасним, таърихи дарҷи матлаб: 24 обони 1396ҳ.ш., таърихи боздид: 16 шаҳривари 1401ҳ.ш.
  • «Барномаҳои муҳаррам ва сафар дар минтақаи 14», ҳамшаҳрӣ онлайн (сайти хабарии рӯзномаи ҳамшаҳрӣ), таърихи дарҷи матлаб: 18 мурдоди 1401ҳ.ш., таърихи боздид: 18 шаҳривари 1401ҳ.ш.
  • « بمشارکة أکثر من ۲۰۰ موکب عزاء.. عتبات کربلاء », алъатабат алҳусайния алмуқаддаса, таърихи дарҷи матлаб: 26 июли 2022м.
  • «Пазироии беш аз 20 нафар дар айёми шаҳодати Имом Содиқ (а)», хабаргузории расмии Ҳавза, таърихи дарҷи матлаб: 9 тири 1398ҳ.ш., таърихи боздид: 6 меҳри 1401ҳ.ш.
  • «Ҷузъиёти хадамоти ироашуда аз сӯи остони қудси Аббосӣ дар Арбаини Ҳусайнӣ», шабакаи ҷаҳонии ал-Кафил, таърихи дарҷи матлаб: 17 сентябри 2022м., таърихи боздид: 31 шаҳривари 1401ҳ.ш.
  • «Ҷузъиёти мизбонии мувкиби эронии худдомул-Ҳусайн аз зоирони пиёдаравии нимаи шаъбон», хабаргузории донишҷӯёни Эрон (Эсно), таърихи дарҷи матлаб: 31 урдибиҳишти 1395ҳ.ш., таърихи боздид: 6 меҳри 1401ҳ.ш.
  • « الجموع المؤمنة تواصل التوافد الی سامراء لاحیاء ذکری استشهاد الإمام الحسن العسکری(ع) », Ахборушшиъа, таърихи дарҷи матлаб: 14 октябри 2021м., таърихи боздид: 18 шаҳривари 1401ҳ.ш.
  • «Дар солрӯзи реҳлати имом Хумайнӣ», дар маҷаллаи Мишкот, шумораи 27, тобистони 1369ҳ.ш.
  • «Дар меҳмонии 10 километрии хиёбони Валийиъаср чӣ гузашт?», хабаргузории Донишҷӯ, таърихи дарҷи матлаб: 28 тири 1401ҳ.ш.
  • «Роҳандозӣ 100 мувкиби пазироии ҳайъатҳои мазҳабии Илом дар Арбаини 96», хабаргузории Ҷумҳурии исломӣ (Эрно), таърихи дарҷи матлаб: 19 меҳри 1396ҳ.ш., таърихи боздид: 21 шаҳривари 1401ҳ.ш.
  • «Ривояти дигаре аз ишқу дилдодагии занҷониҳо дар явмулъаббос», хабаргузории Ҷумҳурии исломӣ, таърихи дарҷи матлаб: 15 мурдоди 1401ҳ.ш., таърихи боздид: 18 шаҳривари 1401ҳ.ш.
  • Шабар, Ҷавод, Адаб-ут-таф ав шуъаро-ул-Ҳусайн (а), бе ҷо, Дорул-Муртазо, 1409ҳ.қ.
  • « العتبةُ العبّاسیة المقدّسة ترفد مواکب الخدمة الحسینیة بموادّ غذائیة », шабакат ал-Кафилулъоламия, таърихи дарҷи матлаб: 15 августи 2021, таърихи боздид: 21 шаҳривари 1401ҳ.ш.
  • «Каффошони мувкиб дар интизори кафшҳои Имоми Замон (аҷ)», хабаргузории расмии Ҳавза, таърихи дарҷи матлаб: 25 меҳри 1398ҳ.ш., таърихи боздид: 18 шаҳривари 1401ҳ.ш.
  • «Листи истгоҳҳои салавотии Ҳамадон», хабаргузории Форс, таърихи дарҷи матлаб: 14 шаҳривари 1401ҳ.ш., таърихи боздид: 18 шаҳривари 1401ҳ.ш.
  • « مئات المواکب الحسینیة تشارک فی تقدیم الخدمات لزوار الأربعین », хабаргузории Шафақано, таърихи дарҷи матлаб: 9 сентябри 2022м., таърихи боздид: 18 шаҳривари 1401ҳ.ш.
  • Муҳаддисӣ, Ҷавод, Фарҳанги Ошӯро, Қум, нашри маъруф, 1376ҳ.ш.
  • «Мувкибҳои устони Марказӣ дар нуқоти селзада фаъол шуд», ситоди бозсозии атаботи олиёт, таърихи дарҷи матлаб: 1 баҳмани 1398ҳ.ш., таърихи боздид: 16 шаҳривари 1401ҳ.ш.
  • Исҳоқӣ, Паймон, “Пиёдаравии Арбаин”, дар фарҳанги сӯги шиъӣ, мудир ва сарвиростор Муҳсин Ҳисоми Мазоҳирӣ, Теҳрон, хайма, 1395ҳ.ш.
  • Исҳоқӣ, Паймон, “Мувкиб”, дар фарҳанги сӯги шиъӣ, мудир ва сарвиростор Муҳсин Ҳисоми Мазоҳирӣ, Теҳрон, хайма, 1395ҳ.ш.
  • Муин, Муҳаммад, Фарҳанги форсии Муин (6 ҷилдӣ), Теҳрон, номан, 1384ҳ.ш.
  • « من این تحصل المواکب الحسینیة علی التمویل؟ », ас-Сумария, таърихи дарҷи матлаб: 29 августи 2018м., таърихи боздид: 17 шаҳривари 1401ҳ.ш.
  • « مواکبُ الخدمة الحسینیة تفتتح موائدَها الرمضانیة لإفطار الزائرین », шабакат ал-Кафилулъоламия, таърихи дарҷи матлаб: 14 апрели 2022м., таърихи боздид: 21 шаҳривари 1401ҳ.ш.
  • «Мувкибдорони саросари кишвар аз зоирон дар ҷавори ҳарами мутаҳҳари Имом Ризо (а) пазироӣ мекунанд», хабаргузории Тасним, таърихи дарҷи матлаб: 19 хурдоди 1401ҳ.ш., таърихи боздид: 21 шаҳривари 1401ҳ.ш.
  • «Мувкибҳои сарви ғизо дар пиёдаравии Арбаин», ал-Кавсар, таърихи дарҷи матлаб: 12 обони 1396ҳ.ш., таърихи боздид: 18 шаҳривари 1401ҳ.ш.
  • «Мувкибҳои мардумии ҷашни иди Ғадири Хум дар Шероз», хабаргузории Меҳр, таърихи дарҷи матлаб: 27 тири 1401ҳ.ш., таърихи боздид: 21 шаҳривари 1401ҳ.ш.
  • Нақдӣ Ҷаъфар, Зайнаб-ул-Кубро, бе ҷо, маншуроти мактабатул-Муфид, бе то.
  • «Ҳазинаи 60 миллиард тумонии мувкибдорони хузистонӣ дар айёми Арбаин», хабаргузории Меҳр, таърихи дарҷи матлаб: 22 озари 1396ҳ.ш., таърихи боздид: 21 шаҳривари 1401ҳ.ш.
  • «Ҳамаи чиз дар мавриди мувкибҳои Арбаин», билети инҷо, таърихи дарҷи матлаб: 20 шаҳривари 1398ҳ.ш, таърихи боздид: 16 шаҳривари 1401ҳ.ш.
  • « Ashura observed peacefully in Khyber Pakhtunkhwa », DAWN, таърихи дарҷи матлаб: 11 августи 2022м., таърихи боздид: 23 шаҳривари 1401ҳ.ш.
  • « Holding on to the tradition of setting up sabeels », DAWN, таърихи дарҷи матлаб: 30 августи 2020м., таърихи боздид: 30 августи 2020м., таърихи боздид: 22 шаҳривари 1401ҳ.ш.
  • « SWAT organized a Sabeel on the 10th of Muharram », Daily Azb, таърихи дарҷи матлаб: 29 сентябри 2018м., таърихи боздид: 22 шаҳривари 1401ҳ.ш.
  • « Trend of ‘Niaz’ distribution on Ashura still alive across country », Daily Pakistan, таърихи дарҷи матлаб: 10 сенябри 2019, таърихи боздид: 22 шаҳривари 1401ҳ.ш.


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found