Мо миллати Имом Ҳусайнем

Мо миллати Имом Ҳусайнем (форсӣ: ما ملت امام حسینیم) як пӯйиши ҷамъӣ буд, ки дар даҳаи муҳаррами 1442ҳ.қ. мутабиқ ба августи 2020м. дар Эрон баргузор шуд.[1] Ин ҷумла аз суханронии Қосими Сулаймонӣ гирифта шудааст.[2] Қосими Сулаймонӣ фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон[3] ва яке аз фармондеҳони ҷанги Ироқ бо Эрон буд,[4] ки дар моҳи дайи 1398ҳ.ш./январи 2020м. аз тарафи артиши Амрико дар Ироқ террор гардид.
Ин пӯйиш ба даъвати Бунёди ҳифз ва нашри осори шаҳид Ҳоҷ Қосими Сулаймонӣ оғоз ёфт.[5] Дар ин пӯйиш аз мардум даъват шуда буд, ки азои муҳаррамро бо шиори «Мо миллати Имом Ҳусайнем!» баргузор кунанд ва кумакҳои худро низ бо ҳамин шиор ба ниёзмандон ва осебдидагони бемории коронавирус расонанд.[6]
Ба ҳамин муносибат, ҷумлаи «Мо миллати Имом Ҳусайнем» дар як деворнигорае дар майдони Валиасри Теҳрон ба намоиш гузошта шуд.[7] Дар шаҳрҳои гуногуни Эрон барномаҳое монанди истгоҳи салавотӣ ва навиштани шиор рӯи мошинҳо,[8] инчунин тақсими парчам бо мазмуни «Мо миллати Имом Ҳусейн ҳастем» иҷро шуд.[9] Рӯзномаи «Кайҳон» дар 6 шахривари 1399ҳ.ш. гузориши таҳлилӣ аз маросимҳои азодорӣ бо шиори «Мо миллати Имом Ҳусайнем» мунташир кард.[10]
Эзоҳ
- ↑ پویش «ما ملت امام حسینیم» آغاز شد», хабаргузории ИСНА
- ↑ پویش «ما ملت امام حسینیم» آغاز شد», хабаргузории ИСНА
- ↑ «حکم انتصاب سرتیپ قاسم سلیمانی به فرماندهی سپاه قدس سپاه پاسداران انقلاب اسلامی», Пойгоҳи иттилоърасонии Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ «سردار سلیمانی و کسانی که لقب "مردی در سایه" را به او میدهند», сомонаи Клуби хабарнигорони ҷавон
- ↑ پویش «ما ملت امام حسینیم» آغاز شد», хабаргузории ИСНА
- ↑ پویش «ما ملت امام حسینیم» آغاز شد», хабаргузории ИСНА
- ↑ «جمله مشهور سردار سلیمانی بر دیوارنگاره میدان ولیعصر», сомонаи Тобнок
- ↑ ایستگاه صلواتی «ما ملت امام حسینیم» در اردبیل, шабакаи иттилоърасонии Доно
- ↑ «از اهدای پرچم تا ماشیننویسی صلواتی», сомонаи Милоди Лористон
- ↑ «فریاد دهها میلیون ایرانی: ما ملت امام حسینیم», сомонаи Магирон
Сарчашма
- «سردار سلیمانی و کسانی که لقب "مردی در سایه" را به او میدهند», сомонаи Клуби хабарнигорони ҷавон, санаи интишор: 17 исфанди 1394ҳ.ш., санаи боздид: 28 озари 1402ҳ.ш.
- پویش «ما ملت امام حسینیم» آغاز شد, хабаргузории ИСНА, санаи боздид: 9 шаҳривари 1399ҳ.ш.
- «جمله مشهور سردار سلیمانی بر دیوارنگاره میدان ولیعصر», сомонаи Табнак, санаи боздид: 9 шахривари 1399ҳ.ш.
- ایستگاه صلواتی «ما ملت امام حسینیم» در اردبیل», шабакаи иттилоърасонии Доно, санаи боздид: 10 шахривари 1399ҳ.ш.
- «از اهدای پرچم تا ماشیننویسی صلواتی», сомонаи Милоди Лористон, санаи боздид: 9 шаҳривари 1399ҳ.ш.
- «فریاد دهها میلیون ایرانی: ما ملت امام حسینیم», сомонаи Мегирон, санаи боздид: 9 шаҳривари 1399ҳ.ш.
- «حکم انتصاب سرتیپ قاسم سلیمانی به فرماندهی سپاه قدس سپاه پاسداران انقلاب اسلامی», пойгоҳи иттилоърасонии Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи интишор: 15 баҳмани 1376ҳ.ш., санаи боздид: 28 озари 1402ҳ.ш.