Лашкари Умар ибни Саъд

Аз wikishia

Лашкари Умар ибни Саъд (форсӣ: لشکر عمر بن سعد) сипоҳе буд, ки Умар ибни Саъд ба дастури Убайдуллоҳ ибни Зиёд ҷамъоварӣ кард ва дар рӯзи Ошӯро дар Карбало бо Имом Ҳусайн (а) ва ёронаш ҷангид ва ононро ба шаҳодат расонд; сипас аҳли байти Имом Ҳусайн (а)-ро ба асорат бурд.

Бештари сарчашмаҳо теъдоди сипоҳи Умар ибни Саъдро зиёда аз 20 ҳазор донистаанд. Лашкари Умар ибни Саъд аз тоифаҳои мухталифи аҳолии Кӯфа ташкил шуда буд, ки бо ангезаҳои мухталифе дар Карбало ҳузур ёфта буданд. Бештари ононро аз лиҳози ақидатӣ усмонимазҳаб (касоне ки бар ин бовар буданд, ки ҳақ ва ҷойгоҳи Усмон риоят нашудааст) донистаанд. Афроде аз хавориҷ низ дар миёни онон ҳозир буданд ва гурӯҳе аз лашкариёни Ибни Саъд бо ангезаи душманӣ бо Аҳли Байт ва бархеи дигар бо таҳдид ва татмиъи Ибни Зиёд ба Карбало омада буданд.

Ном ва теъдод

Фармондеҳии сипоҳе, ки дар рӯзи Ошӯро дар баробари Имом Ҳусайн (а) қарор гирифт, бар уҳдаи Умар ибни Саъд ибни Абивақос буд ва ба ҳамин далел низ ба лашкари Умар ибни Саъд маъруф аст. Бинобар гузориши бештари сарчашмаҳои таърихӣ, теъдоди аскарони ин лашкар дар оғоз ҳудуди 4000 нафар буд[1] ва бо пайвастани лашкарҳои дигар, ба беш аз 20000 тан расид.[2] Албатта шумори лашкариёни Умари Саъдро байни 6 то 35 ҳазор тан гузориш кардаанд ва ададҳое ҳамчун 6 ҳазор,[3] 14 ҳазор,[4] 17 ҳазор,[5] 22 ҳазор, 28 ҳазор,[6] 30 ҳазор,[7] 32 ҳазор[8] низ дар бархе манобеъ зикр шудааст. Имом Ҳусайн (а) дар рӯзи Ошӯро дар шеъре аз лашкариёни душман ба донаҳои дурушти борон таъбир кардааст.[9] Нависандаи китоби Ламаот-ул-Ҳусайн аз ин таъбир истифода кардааст, ки Ибни Саъд бо лашгари анбуҳе чун донаҳои борони шадид дар Карбало ҳузур доштааст.[10]

Шаклгирӣ

Умар ибни Саъд пеш аз воқеаи Карбало, берун аз шаҳри Кӯфа дар ҷое ба номи Ҳамоми Аъян ба қасди ҳаракат ба сами шаҳри Рей ва ҷанг бо Дайламиён, урду зада буд. Аммо пеш аз ҳаракат ба самти Рей, корвони Имом Ҳусайн (а) дар Карбало таваққуф кард. Убайдуллоҳ ибни Зиёд, ҳокими Басраву Кӯфа, аз Умар ибни Саъд хост, қабл аз ҳаракат ба Рей, ҷиҳати мубориза бо Имом Ҳусайн (а) ба Карбало биравад. Умар ибни Саъд ибтидо қабул накард, аммо Убайдуллоҳ ҳокими Рей шуданро машрут ба ҳузури ӯ дар Карбало намуд; дар натиҷа Умар ибни Саъд бо лашкараш, ба Карбало рафт.[11] Дар бархе манобеъ омадааст, ки Ибни Саъд шаби қабл аз тасмимгирӣ барои ҷанги бо Имом Ҳусайн (а) то субҳ бо худ фикр кард, ин корро анҷом диҳад ё хайр. Ӯ бо ин фикр, ки пеш аз марг тавба мекунад, омодагиашро барои ҷанги бо Имом Ҳусайн (а) эълом кард.[12]

Тақвияти лашкар тавассути Ибни Зиёд

Бинобар бархе гузоришҳо, дар пайи ҳаракати Умари Саъд ба самти Карбало, шуморе аз мардуми Кӯфа ба сабаби татмиъ ва ё таҳдиди Ибни Зиёд ба лашкари ӯ пайвастанд. Ибни Зиёд мардумро дар масҷиди Кӯфа гирд оварду бузургони ононро бо пардохти ҳадя татмиъ кард, сипас ононро ба ҳамроҳӣ кардани Умар ибни Саъд дар ҷанги бо Имом Ҳусайн (а) фаро хонд.[13]

Ибни Зиёд, Амр ибни Ҳурайсро ба ҷои худ дар Кӯфа гумошт ва бо ташкили урдугоҳ дар Нухайла, кӯфиёнро маҷбур кард то ба он ҷо биёянд.[14] Вай бар ҳамаи мардони кӯфӣ дастур дод, ки ба лашкари Ибни Саъд бипайванданд ва Сувайд ибни Абдурраҳмони Манқариро ба Кӯфа фиристода ба ӯ амр кард, дар Кӯфа ҷустуҷӯ кунад ва ҳар касеро ки аз рафтан ба ҷанги Имом Ҳусайн (а) худдорӣ кардааст, назди ӯ биоварад.[15]

Убайдуллоҳ ибни Зиёд, Ҳусайн ибни Тамим ва чаҳор ҳазор сипоҳии таҳти амри ӯро аз Қодисия ба Нухайла фаро хонд.[16] Ҳамчунин ба дастури вай Шимр ибни Зилҷавшан бо 4000 нафар, Язид ибни Рикоби Калбӣ бо 2000 нафар, Ҳусайн ибни Нумайр бо 4000 нафар, Музоир ибни Раҳинаи Мозинӣ бо 3000 тан ва Наср ибни Ҳарба бо 2000 тан[17] ва низ Шабас ибни Рибъӣ, Ҳаҷҷор ибни Абҷар,[18] Муҳаммад ибни Ашъас[19] ва Язид ибни Ҳорис ҳар кадом бо ҳазор савор ба лашкари Умар ибни Саъд дар Карбало пайвастанд.[20]

Ибни Зиёд рӯзона дастаҳои бист то сад нафарӣ аз мардуми Кӯфаро низ ба Карбало мефиристод.[21] Саранҷом дар 6 муҳаррам, адади лашкариёни Ибни Саъд, ба ҳудуди 22000 тан расид.[22]

Гурӯҳҳо ва ангезаҳо

Бештари афроди сипоҳи Умар ибни Саъд аз аҳолӣ ва гурӯҳҳои мухталифи Кӯфа[23] бо ангезаҳои гуногун ташкил шуда буд.[24] Манобеи таърихӣ ин гурӯҳҳоро аз назари ақидатӣ усмонимазҳаб дониста[25] ва аз афроде монанди: Абубарда ибни Авфи Аздӣ,[26] Шайбон ибни Махрум,[27] Касир ибни Шаҳоб,[28] Каъб ибни Ҷобир, Умар ибни Саъд, Бишр ибни Савт ва Аммора ибни Уқбаи Абимуит бо чунин маниши ақидатӣ ном бурдаанд.[29]

Шуморе аз лашкариёни Умар ибни Саъд аз ҳаводорони Банӣ Умайя ва аз мухолифони Имом Алӣ (а) ва душмани шиаёни ӯ буданд; Шайбон ибни Махзум,[30] Шабас ибни Рибъӣ[lower-alpha 1],[31] Касир ибни Абдуллоҳи Шаъбӣ,[32] Шимр ибни Зилҷавшан, Умар ибни Саъд, Заҳр ибни Қайс, Узра ибни Қайс ва Амр ибни Ҳаҷҷоҷи Зубайдӣ аз ин даста ба шумор мераванд.[33]

Теъдоде аз афроди сипоҳ низ аз ашрофи Кӯфа буданд, ки ба Имом Ҳусайн (а) нома навишта, ба шаҳри худ даъват карда буданд, вале дар пайи таҳдид ва ё татмиъи Ибни Зиёд ба ӯ пайвастанд. Урва ибни Қайс, Шабас ибни Рибъӣ, Ҳаҷҷор ибни Абҷар, Қайс ибни Ашъас, Язид ибни Ҳорис, Амр ибни Ҳаҷҷоҷ ва Муҳаммад ибни Умайри Тамимӣ аз ин гурӯҳ буданд.[34]

Бархе аз аҳолии Кӯфа ва Шом бо таҳдид ва иҷбори Ибни Зиёд дар лашкари Умар ибни Саъд ҳузур ёфтанд.[35] Афроде низ дар ҷангҳои Ҷамал, Сиффин ва ё Наҳравон бахше аз сипоҳи Имом Алӣ (а) буданд, вале дар воқеаи Карбало дар сипоҳи Умар ибни Саъд қарор гирифтанд. Шимр ибни Зилҷавшан,[36] Муҳаммад ибни Умайри Тамимӣ[37] ва Заҳр ибни Қайси Ҷуъфӣ[38] аз ин ҷумла ҳастанд.[39]

Фармондеҳон

Фармондеҳони сипоҳи Умар ибни Саъд иборат буданд аз:

Парчами лашкар низ дар дасти Зайд - ғуломи Ибни Саъд, буд.[40]

Умар ибни Саъд, Ҳурр ибни Язиди Риёҳиро ба фармондеҳии Банӣ Тамим ва Банӣ Ҳамдон баргузид. Аммо Ҳурр аз лашкари ӯ ҷудо шуд ва ба Имом Ҳусайн (а) ва ёронаш пайваст.[41]

Ҷудошудагон

Дар рӯзи Ошӯро афроде аз лашкари Умар ибни Саъд ҷудо шуда ба сипоҳи Имом Ҳусайн пайвастанд. Дар бархе сарчашмаҳо теъдоди ин афрод ҳудуди 30 тан зикр шудааст.[42] Ҳурр ибни Язиди Риёҳӣ,[43] Абулҳутуф, Саъд ибни Ҳарси Ансорӣ,[44] Нуъмон, Ҳалос ибни Амр Аздии Росибӣ,[45] Бакр ибни Ҳаййи Таймӣ[46], Қосим ибни Ҳабиб,[47] Ҷувайн ибни Молик,[48] Абушшаъсои Киндӣ[49] ва Амр ибни Зубайъа[50] аз он ҷумлаанд. Албатта бархе аз нависандагон муътақиданд, бархе аз ин афрод ба қасди ҷанг бо Имом Ҳусайн дар лашкари Ибни Саъд наёмада буданд, балки аз он ҷо ки Ибни Зиёд роҳҳои хуруҷии Кӯфаро баста буд, аз тариқи лашкари Ибни Зиёд худро ба Имом Ҳусайн расонданд. [Ниёзманди манбаъ ]

Иқдомот дар Карбало

Лашкариёни Умар ибни Саъд дар Карбало иқдомоте анҷом доданд, ки бархе аз онҳо иборатанд аз:

Бастани об бар рӯи Имом Ҳусайн ва асҳобаш

Пас аз расидани номаи Ибни Зиёд ба Умар ибни Саъд, ки аз ӯ хоста буд байни Имом Ҳусайн ва об ҷудоӣ афканад, ба дастури ибни Саъд, Амр ибни Ҳаҷҷоҷ дар 7-уми муҳаррам, бо панҷсад савор ба канори шариаи Фурот рафт то монеъи дастрасии Имом Ҳусайн (а) ва ёронаш ба об шаванд.[51]

Шаҳодати Имом Ҳусайн ва асҳоб

Сипоҳиёни Умари Саъд дар рӯзи Ошӯро оғозгари ҷанг буданд. Нахустин тирро худи Умар ибни Саъд андохт.[52] Онон Имом Ҳусайн ва ёронашро ба шаҳодат расонданд. Сипас он чиро ки ҳазрат ба тан дошт, бурданд. Қайс ибни Ашъас ва Баҳр ибни Каъб либос,[53] Асвад ибни Холиди Авдӣ наълайн, Ҷамиъ ибни Халқи Авдӣ шамшер, Ахнас ибни Марсад аммома (салла), Баҷдал ибни Сулайм, ангуштар ва Умар ибни Саъд, зиреҳи[54] ӯро рабуданд.

Оташ задан ва ғорати хаймаҳо

Пас аз шаҳодати Имом Ҳусайн (а) ва ёронаш, лашкариёни Умар ибни Саъд, ба хаймаҳо ҳуҷум бурда, амволи мавҷуд дар онҳоро ғорат карда ва[55] сипас хаймаҳоро оташ заданд.[56]

Тохтани асб бар бадани Имом Ҳусайн

Ба дастури Умар ибни Саъд ва дар иҷрои фармони Ибни Зиёд, даҳ нафар аз сипоҳиёни ӯ, бо аспонашон бадани Имом Ҳусайн (а)-ро лагадкӯб карда, устухонҳои сина ва пушти он ҳазратро реза-реза карданд.[57] Исҳоқ ибни Ҳайва, Ахнас ибни Марсад[58] Ҳаким ибни Туфайл, Амр ибни Субайҳ, Раҷо ибни Манқаз Абдӣ, Солим ибни Хайсамаи Ҷуъфӣ, Воҳиз ибни Ноъим, Солеҳ ибни Ваҳби Ҷуъфӣ, Ҳонӣ ибни Субайти Хазрамӣ ва Усайд ибни Молик[59] бо асп бар бадани Имом Ҳусайн тохтанд.

Фиристодани сарҳои шуҳадо ба Кӯфа

Сипоҳиёни Умар ибни Саъд сарҳои шуҳадои Карбалоро аз тан ҷудо карда, бар найза қарор дода, ба Кӯфа бурданд. Хулӣ ибни Язиди Асбаҳӣ ва Ҳамид ибни Муслими Аздӣ сари Ҳусайн ибни Алӣ (а) ва Шимр ибни Зилҷавшан, Қайс ибни Ашъас, Амр ибни Ҳаҷҷоҷ ва Азра ибни Қайс сарҳои дигар шуҳадоро ба Кӯфа назди Убайдуллоҳ ибни Зиёд бурданд.[60]

Асорати аҳли байти Имом (а)

Ба дастури Умар ибни Саъд, сипоҳиёни ӯ ҷасадҳои куштагони лашкари худро дафн карданд,[61] сипас бозмондагони корвони Имом Ҳусайн (а)-ро ба асорат гирифта, ба Кӯфа назди Ибни Зиёд ва сипас ба Шом ва дарбори Язид фиристоданд.[62]

Куштагон

Дар бораи кушташудагони лашкари Умар ибни Саъд омори дақиқе вуҷуд надорад. Бархе сарчашмаҳои таърихии шиа аз кушта шудани 225 ё 226 тан тавассути ёрони Имом Ҳусайн (а) хабар додаанд[63] ва бархе ин ададро ҳудуди 900 нафар донистаанд.[64] Бар пояи ривояте, ки дар "Маноқиб"-и Ибни Шаҳрошӯб омадааст, Имом Ҳусайн (а) худ дар рӯзи Ошӯро 1950 нафар аз лашкариёни Умар ибни Саъдро кушт ва шумореро низ маҷруҳ кард.[65] Ҳамчунин дар Исбот-ул-васият шумори куштаҳои лашкари Умар ибни Саъд ба дасти Имом Ҳусайн (а) 1800 тан зикр шудааст.[66]

Эзоҳ

  1. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.409; Динаварӣ, ал-Ахбор-ут-тивол, 1368ҳ.ш., саҳ.253.
  2. Ибни Аъсами Кӯфӣ, ал-Футуҳ, ҷ.5, саҳ.89 - 90; Ибни Товус; ал-Луҳуф, 1348ҳ.ш., саҳ.85.
  3. Ибни Ҷавзӣ, Тазкират-ул-хавос, 1418ҳ.қ., саҳ.226.
  4. Табарӣ, Далоил-ул-имомат, 1413ҳ.қ., саҳ.178.
  5. Кошифӣ, Равзат-уш-шуҳадо, 1382ҳ.ш., саҳ.346.
  6. Масъудӣ, Исбот-ул-васият, 1426ҳ.қ., саҳ.166.
  7. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу оли Абитолиб, ҷ.4, саҳ.86; Шайхи Садуқ, ал-Амолӣ, 1376ҳ.ш., маҷлиси 70, саҳ.461, ҳадиси 10.
  8. Кошифӣ, Равзат-уш-шуҳадо, 1382ҳ.ш., саҳ.346.
  9. Муқаррам, Мақтал-ул-Ҳусайн, Басиратӣ, 1394, саҳ.345.
  10. Ҳусайнии Теҳронӣ, Ламаот-ул-Ҳусайн, интишороти Боқир-ул-улум, саҳ.33
  11. Нигоҳ кунед ба Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.409; Динаварӣ, ал-Ахбор-ут-тивол, 1368ҳ.ш., саҳ.253.
  12. Шаъронӣ, Дамъ-ус-саҷум, 1374ҳ.қ., саҳ.110.
  13. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1397ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.178; Ибни Аъсами Кӯфӣ, ал-Футуҳ, 1411ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.89.
  14. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1397ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.178.
  15. Динаварӣ, ал-Ахбор-ут-тивол, 1368ҳ.ш., саҳ.254 - 255; Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1397ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.179.
  16. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1397ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.178.
  17. Ибни Аъсами Кӯфӣ, ал-Футуҳ, 1411ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.89.
  18. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1397ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.178; Ибни Аъсами Кӯфӣ, ал-Футуҳ, 1411ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.90 - 89.
  19. Шайхи Садуқ, ал-Амолӣ, саҳ.155.
  20. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1397ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.179.
  21. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1397ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.179.
  22. Ибни Аъсами Кӯфӣ, ал-Футуҳ, ҷ.5, 1411ҳ.қ., саҳ.90.
  23. Ибни Ҷавзӣ, Тазкират-ул-хавос, 1418ҳ.қ., саҳ.226.
  24. Нигоҳ кунед ба: Ҳидоятпаноҳ, Бозтоби тафаккури усмонӣ дар воқеаи Карбало, 1389ҳ.ш., саҳ.166.
  25. Нигоҳ кунед ба: Ҳидоятпаноҳ, Бозтоби тафаккури усмонӣ дар воқеаи Карбало, 1389ҳ.ш., саҳ.166.
  26. Минқарӣ, Вақъат-ус-Сиффин, 1404ҳ.қ., саҳ.5.
  27. Ибни Асокир, Таъриху мадинати Дамишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.221.
  28. Балозурӣ, Футуҳ-ул-булдон, 1988м., саҳ.301.
  29. Ҳидоятпаноҳ, Бозтоби тафаккури усмонӣ дар воқеаи Карбало, 1389ҳ.ш., саҳ.87 - 95.
  30. Ибни Асокир, Таъриху мадинати Дамишқ, ҷ.14, саҳ.221.
  31. Садуқ, Илал-уш-шароиъ, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.220 - 221.
  32. Балозурӣ, Футуҳ-ул-булдон, 1988м., саҳ.301.
  33. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1400ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.255; Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.269 - 270.
  34. Нигоҳ кунед ба: Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.353 - 354.
  35. Ибни Аъсами Кӯфӣ, ал-Футуҳ, 1411ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.89.
  36. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.28; Минқарӣ, Вақъату Сиффин, 1404ҳ.қ., саҳ.198 - 195.
  37. Ибни Асир, ал-Комил, 1385ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.144.
  38. Ибни Аъсами Кӯфӣ, ал-Футуҳ, 1411ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.207.
  39. Минқарӣ, Вақъату Сиффин, 1404ҳ.қ., саҳ.198 - 195.
  40. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.422, 436; Динаварӣ, Ахбор-ут-тивол, 1368ҳ.ш., саҳ.256.
  41. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.427; Муфид, ал-Иршод, 1399ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.99.
  42. Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.180.
  43. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.427; Муфид, ал-Иршод, 1399ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.99.
  44. Самовӣ, Ибсор-ул-айн, 1419ҳ.қ., саҳ.159.
  45. Самовӣ, Ибсор-ул-айн, 1419ҳ.қ., саҳ.187.
  46. Самовӣ, Ибсор-ул-айн, 1419ҳ.қ., саҳ.194.
  47. Самовӣ, Ибсор-ул-айн, 1419ҳ.қ., саҳ.186.
  48. Самовӣ, Ибсор-ул-айн, 1419ҳ.қ., саҳ.194.
  49. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.445.
  50. Самовӣ, Ибсор-ул-айн, 1419ҳ.қ., саҳ.194.
  51. Динаварӣ, Ахбор-ут-тивол, 1368ҳ.ш., саҳ.255; Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.412; Муфид, ал-Иршод, 1399ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.86.
  52. Ибни Товус, ал-Луҳуф, 1348ҳ.ш., саҳ.110.
  53. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.543.
  54. Ибни Товус, ал-Луҳуф, 1348ҳ.ш., саҳ.130.
  55. Қумӣ, Нафас-ул-маҳмум, 1379ҳ.ш., саҳ.479.
  56. Ибни Аъсами Кӯфӣ, ал-Футуҳ, 1411ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.138; Сайид Товус, ал-Луҳуф, 1348ҳ.ш., саҳ.180.
  57. Ал-Иршод, ал-Муфид, ҷ.2, саҳ.113, Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1397ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.204; Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.455.
  58. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.455.
  59. Ибни Товус, ал-Луҳуф, 1348ҳ.ш., саҳ.135.
  60. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1397ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.411; Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.456.
  61. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1397ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.411.
  62. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.456.
  63. Шайхи Садуқ, ал-Амолӣ, 1376ҳ.ш., саҳ.223-226; Фатоли Нишобурӣ, Равзат-ул-воъизин, 1375ҳ.ш., саҳ.186 - 188.
  64. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқиб, 1379ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.109-114.
  65. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқиб, 1379ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.110.
  66. Масъудӣ, Исбот-ул-васият, 1426ҳ.қ., саҳ.168.

Ёддошт:


Сарчашма

  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф (5), таҳқиқ: Эҳсони Аббос, Бейрут, ҷамъият-ул-мусташриқин ал-олмония, 1979м./1400ҳ.қ.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф (ҷ.3), таҳқиқ: Муҳаммадбоқири Маҳмудӣ, Дор-ут-таоруф ли-л-матбуот, Бейрут, 1977м./1397ҳ.қ.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Футуҳ-ул-булдон, Бейрут, Дору мактабат-ул-ҳилол, 1988м.
  • Динаварӣ, Аҳмад ибни Довуд, ал-Ахбор-ут-тиво, таҳқиқ: Абдулмунъим Омир, муроҷиаи Ҷамолиддини Шаёл, Қум, маншурот-ур-Разӣ, 1368ҳ.ш.
  • Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, ал-Комил фи-т-торих, Бейрут, Дорусодир, 1965м./1385ҳ.қ.
  • Ибни Асокир, Таъриху мадинати Дамишқ, Бейрут, Дор-ул-фикр, Лубнон, 1415ҳ.қ.
  • Ибни Аъсами Кӯфӣ, Аҳмад, ал-Футуҳ, таҳқиқ: Алии Ширӣ, Бейрут, Дор-ул-азвоъ, чопи аввал, 1411ҳ.қ./1991м.
  • Ибни Касири Димишқӣ, Исмоил ибни Умар, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1407ҳ.қ./1986м.
  • Ибни Товус, Алӣ ибни Мусо, ал-Луҳуф, ҷаҳон, Теҳрон, 1348ҳ.ш.
  • Ибни Ҷавзӣ, Сибт, Тазкират-ул-хавос, Қум, маншуроти аш-Шарифир-Разӣ, 1418ҳ.қ.
  • Ибни Шаҳрошӯби Мозандаронӣ, Маноқибу оли Абитолиб алайҳимуссалом, Қум, Аллома, 1379ҳ.қ.
  • Кошифии Сабзаворӣ, Муллоҳусайн, Равзат-уш-шуҳадо, Қум, навиди Ислом, 1382ҳ.ш.
  • Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Исбот-ул-васият ли-л-Имом Алӣ ибни Абитолиб, Қум, Ансориён, 1426ҳ.қ.
  • Минқарӣ, Наср ибни Музоҳим, Вақъату Сиффин, таҳқиқ: Абдусалом Муҳаммадҳорун, Қоҳира, ал-Муассисатул-арабиятилҳадиса, алтабъатуссония, 1382ҳ.қ. Офести Қум, маншурот мактабатул-Маръашӣ ан-Наҷафӣ, 1404ҳ.қ.
  • Самовӣ, Муҳаммад, Ибсор-ул-айн фи ансор-ил-Ҳусайн, Қум, Марказ-уд-диросот-ил-исломия ли ҳарас-ис-савра, 1419ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир ибни Рустам, Далоил-ул-имомат, Қум, беъсат, 1413ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, таҳқиқ: Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Бейрут, Дор-ут-турос, 1387ҳ.қ./1967м.
  • Фатоли Нишобурӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Равзат-ул-воизин, Қум, Шарифи Разӣ, 1375ҳ.ш.
  • Ҳидоятпаноҳ, Муҳаммадризо, Бозтоби тафаккури усмонӣ дар воқеаи Карбало, Қум, пажӯҳишгоҳи ҳавза ва донишгоҳ, 1389ҳ.ш.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршод, Бейрут, муассисат-ул-Аъламӣ ли-л-матбуот, 1399ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Амолӣ, Теҳрон, китобчӣ, 1376ҳ.ш.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Илал-уш-шароиъ, Қум, китобфурӯшии Доварӣ, 1385ҳ.ш./1966м.


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "lower-alpha", but no corresponding <references group="lower-alpha"/> tag was found