Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Ал-Ҳасан ва-л-Ҳусайн имомон қомо ав қаадо

Аз wikishia
Ал-Ҳасан ва-л-Ҳусайн имомон қомо ав қаадо
Катибаи ривояти "ал-Ҳасан ва-л-Ҳусайн имомон қомо ав қаадо" дар ҳарами Имом Ҳусайн алайҳиссалом
Катибаи ривояти "ал-Ҳасан ва-л-Ҳусайн имомон қомо ав қаадо" дар ҳарами Имом Ҳусайн алайҳиссалом
МавзуъИмом Ҳасан (а) ва Имом Ҳусайн (а)
Содиршуда азПайғамбар (с)
Сарчашмаи шиаИлал-уш-шароеъ, Ал-Иршод, Ал-Фусул-ул-мухтора, Кифоят-ул-асар
Ҳадисҳои машҳур
Ҳадиси Силсилат-уз-заҳаб ● Ҳадиси Сақалайн ● Ҳадиси Кисо ● Мақбулаи Умар ибни Ҳанзала ● Ҳадиси Қурби навофил ● Ҳадиси Меъроҷ ● Ҳадиси Вилоят ● Ҳадиси Висоят ● Ҳадиси Ҷунуди ақлу ҷаҳл ● Ҳадиси Шаҷара


ал-Ҳасан ва-л-Ҳусайн имомон қомо ав қаадо (арабӣ: الْحَسَنُ وَ الْحُسَینُ إِمَامَانِ قَاما أَوْ قَعَدا) ривоятест аз Пайғамбар (с) ки ишора ба имомати Имом Ҳасан (а) ва Имом Ҳусайн (а) дар ҳама ҳол дорад; чи қиём кунанд ва чи қиём надошта бошанд. Ин ҳадис ба унвони насс бар имомати Ҳасанайн (а) шинохта мешавад. Дар ин ҳадис, қиём ба муборизаи Имом Ҳусайн (а) барои иқомаи ҳақ ва муқобила ба зулм ва қууд (нишастану қиём надоштан) ба сулҳи Имом Ҳасан (а) бо Муовия тафсир шудааст.

Ин мазмун дар сарчашмаҳои шиаи имомия, зайдия ва исмоилия бо се нақл омадааст: аввал, аз Имом Ҳасан (а) дар баёни ҳикмати сулҳ бо Муовия; дуюм, аз Абуайюби Ансорӣ дар ҷанги Ҷамал барои баёни ҳаққонияти Имом Алӣ (а); ва сеюм, аз Абузари Ғифорӣ дар охирин рӯзҳои умри Пайғамбар (с). Муҳаддисон ин ҳадисро саҳеҳ, машҳур, таъйидшуда бо ривоятҳои дигар ва мавриди иҷмои мусалмонон донистаанд.

Нақлҳои гуногуни ҳадис ва аҳамияти он

Ҳадиси «ал-Ҳасан ва-л-Ҳусайн имомон қомо ав қаадо; (Ҳасан (а) ва Ҳусайн (а) ҳар ду имом ҳастанд, чи қиём кунанд чи бинишинанд»), аз Пайғамбари акрам (с) аст.[1] Ин ҳадис дар осори Шайхи Садуқ,[2] Шайх Муфид,[3] Хаззози Қумӣ,[4] Ибни Уқдаи Кӯфӣ,[5] Қозӣ Нуъмони Мағрибӣ[6] нақл шудааст.

Бар асоси нақли Шайх Садуқ, Имом Ҳасан (а) дар ҷавоби як пурсиш дар бораи сулҳ бо Муовия, ба ин ҳадис ишора карда ва сулҳи худро намунаи «қууд» (нишастан) донистааст.[7] Тибқи нақли Ибни Уқдаи Кӯфӣ, дар ҷанги Ҷамал, баъзе аз Абуайюби Ансорӣ эътироз карданд, ки чаро дар баробари мусалмонон саф кашидааст; ӯ ин ҳадисро хонд.[8] Хаззози Қумӣ низ нақл кардааст, ки Абузари Ғифорӣ дар охирин рӯзҳои умри Пайғамбар (с) ин ҳадисро шунидааст.[9] Дар нақлҳои Ибни Уқда, Хаззози Қумӣ ва Қозӣ Нуъмон, ибораи «ва обуҳумо хайрун минҳумо; (ва падарашон аз он ду беҳтар аст)» низ омадааст.[10]

Шайхи Муфид ривоятро ба ин шакл: «Абноя ҳазони имомони қомо ав қаадо; (Ин ду фарзанди ман имом ҳастанд, қиём кунанд ё қууд кунанд)» нақл карда[11] ва онро насс дар имомати Ҳасанайн (а) донистааст.[12] Дар манобеъи шиӣ, ин ҳадисро ҳамчун насс дар имомати Ҳасанайн (а) арзёбӣ кардаанд.[13]

Маънои «қиём» ва «қууд» дар ҳадис

Аллома Маҷлисӣ «қиём»(истодан)-ро дар ин ривоят ба маънои қиём ба амри имомат ва роҳбарии ҷомеа, ва «қууд»(нишастан)-ро ба маънои даст кашидан аз он бо далели маслиҳати баландтар ё тақия тафсир кардааст.[14] Муртазо Мутаҳҳарӣ низ «қиём»-ро ба ҳаракати инқилобӣ ва мубориза бо зулми Имом Ҳусайн (а), ва «қууд»-ро ба интизорӣ ва сулҳи маслиҳатии Имом Ҳасан бо Муовия тафсир кардааст.[15] Розӣ Оли Ёсин, аз муҳаққиқони шиа, дар Китоби Сулҳ Ҳасан (а), дар таҳлили таърихии сабабҳои сулҳ, ба ин ривоят истинод кардааст.[16]

Эътиборсанҷии нақлҳои ривоят

Шайхи Муфид ва Қозӣ Нуъмон санди ривоятро зикр накардаанд. [17] Аммо дар нақли Шайхи Садуқ, Ибни Уқдаи Кӯфӣ, Хаззози Қумӣ силсилаи санади ривоят зикр шудааст.[18] Ривояти Шайхи Садуқ бо воситаи Абусаиди Ақисо аз Имом Ҳасан (а) нақл шудааст.

Ибни Абиҷумҳур ин ҳадисро саҳеҳ донистааст.[19] Аллома Маҷлисӣ низ онро бо ривоятҳои дигари таъйидшуда[20] ва машҳур[21] медонад. Ҳамчунин бар асоси назари Ибни Шаҳрошӯб, нақли ин ривоят аз Пайғамбар (с) мавриди иҷмои ахли қибла аст.[22]

Эзоҳ

  1. ↑ Баҳронии Исфаҳонӣ, Аволим-ул-улум, 1382ҳ.ш., саҳ. 321
  2. ↑ Шайх Садуқ, Илал-уш-шароеъ, 1385ҳ.ш., ҷ. 1, саҳ. 211
  3. ↑ Шайх Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ. 1, саҳ. 30; Шайх Муфид, ал-Фусул-ул-мухтора, 1413ҳ.қ., саҳ. 303
  4. ↑ Хаззози Розӣ, Кифоят-ул-асар, 1401ҳ.қ., саҳ. 36-38
  5. ↑ Ибни Ғудаи Кӯфӣ, Фазаилу амир-ул-муъминин алайҳиссалом, 1424ҳ.қ., саҳ. 166-168
  6. ↑ Ибни Ҳайюн, Даом-ул-ислом, 1385ҳ.қ., ҷ. 1, саҳ. 37
  7. ↑ Шайх Садуқ, Илал-уш-шароеъ, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.211
  8. ↑ Ибни Уқдаи Кӯфӣ, Фазоил Амирулмуъминин алайҳиссалом, 1424ҳ.қ., саҳ.166-168
  9. ↑ Хаззози Розӣ, Кифоят-ул-асар, 1401ҳ.қ., саҳ.36-38
  10. ↑ Ибни Ҳайюн, Даом-ул-ислом, 1385ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.37
  11. ↑ Шайх Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.30; Шайх Муфид, ал-Фусул-ул-мухтора, 1413ҳ.қ., саҳ.303
  12. ↑ Шайх Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.30
  13. ↑ Табарсӣ, Иълом-ул-варо, 1390ҳ.қ., саҳ.210; Шайх Ҳарри Омилӣ, Исбот-ул-ҳудот, 1425ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.154 ва ҷ.4, саҳ.33
  14. ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.44, саҳ.16
  15. ↑ «بیانات در نشست سه‌جانبه با شهید مطهری و دکتر شریعتی», Сомонаи Дафтар ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
  16. ↑ Оли Ёсин, Сулҳ-ул-Ҳасан алайҳиссалом, 1412ҳ.қ., саҳ.199-200
  17. ↑ Шайх Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.30; Шайх Муфид, ал-Фусул-ул-мухтора, 1413ҳ.қ., саҳ.303
  18. ↑ Шайх Садуқ, Илал-уш-шароеъ, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.211; Ибни Уқдаи Кӯфӣ, Фазоил Амирулмуъминин алайҳиссалом, 1424ҳ.қ., саҳ.166; Хаззози Розӣ, Кифоят-ул-асар, 1401ҳ.қ., саҳ.36 ва саҳ.114
  19. ↑ Ибни Абиҷумҳур, Аволи-ул-лаолӣ, 1405ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.129-130
  20. ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.35, саҳ.266
  21. ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.43, саҳ.278
  22. ↑ Ибни Шаҳрошӯб, Маноқиби Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.394; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.43, саҳ.291

Сарчашма

  • Баҳронии Исфаҳонӣ, Абдуллоҳ ибни Нуруллоҳ, Аволим-ул-улум ва-л-маориф ва-л-аҳвол - ал-Имом Алӣ ибни Абитолиб алайҳиссалом, Қум, Муассисат-ул-Имом ал-Маҳдӣ аҷҷалаллоҳ таоло фараҷаҳу-ш-шариф, 1382ҳ.ш.
  • Ибни Абиҷумҳур, Муҳаммад ибни Зайнуддин, Аволи-ул-лаоли-л-азизия фи-л-аҳодис-ид-диния, Қум, Дор Сайидушшуҳадо, 1405ҳ.қ.
  • Ибни Уқдаи Кӯфӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, Фазоил Амирулмуъминин алайҳиссалом, Қум, Далели мо, 1424ҳ.қ.
  • Ибни Ҳайюн, Нуъмон ибни Муҳаммади Мағрибӣ, Даом-ул-ислом ва зикр-ил-ҳалол ва-л-ҳаром ва-л-қазоё ва-л-аҳком, Қум, Ол-ул-байт, 1385ҳ.қ.
  • Ибни Шаҳрошӯб, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқиби Оли Абитолиб, Қум, Аллома, 1379ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ.
  • Оли Ёсин, Розӣ, Сулҳ-ул-Ҳасан алайҳиссалом, Бейрут, ал-Аъламӣ фи-л-матбуот, 1412ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Иълом-ул-варо биаълом-ил-ҳудо, Теҳрон, Исломия, 1390ҳ.қ.
  • Хаззози Розӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, Кифоят-ул-асар фи-н-насси ала-л-аиммат-ил-исно ашар, Қум, Бедор, 1401ҳ.қ.
  • Шайх Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршод фи маърифати ҳуҷаҷ-ил-лоҳи ала-л-ибод, Қум, Кунгураи Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Шайх Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Фусул-ул-мухтора, Қум, Кунгураи Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Илал-уш-шароеъ, Қум, Китобфурӯшии Доварӣ, 1385ҳ.ш.
  • Шайх Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Исбот-ул-ҳудот би-н-нусус ва-л-муъҷизот, Бейрут, ал-Аъламӣ фи-л-матбуот, 1425ҳ.қ.
  • «بیانات در نشست سه‌جانبه با شهید مطهری و دکتر شریعتی», Сомонаи Дафтар ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи боздид: 17 дайи 1402ҳ.ш.