Инна-л-ҳаёта ақидатун ва ҷиҳод
Инна-л-ҳаёта ақидатун ва ҷиҳод (арабӣ:إنَّ الحیاةَ عقیدةٌ و جهادٌ) (тоҷикӣ: ба ростӣ ки зиндагӣ, ақида доштан ва дар роҳи он талош кардан аст) сухане, ки ба Имом Ҳусайн (а) нисбат дода шудааст.
Дар бораи дурустии нисбат додани ин иборат ба Ҳусайн ибни Алӣ (а) ихтилофи назар вуҷуд дорад. Иддае бидуни нишон додани ҳуҷҷат онро ба Имом нисбат додаанд, аммо Муртазо Мутаҳҳарӣ (1919 - 1979) муътақид аст, ин иборат ба далелҳое монанди: санад надоштан, дуруст набудани маъно ва ҳамхон набудан бо дигар суханони Имом Ҳусайн (а), сухани Имом нест.
Ҳамчунин Иноятуллоҳ Маҷидӣ - пажуҳишгари таърих (тав.1943), онро мисрае аз шеъри Аҳмад Шавқӣ - шоири мисрии қарни чаҳордаҳуми қамарӣ донистааст.
Ҷойгоҳ
Инна-л-ҳаёта ақидатун ва ҷиҳод (ба тоҷикӣ: ба ростӣ ки зиндагӣ, ақида доштан ва дар роҳи он талош кардан аст) иборате аст, ки ба гуфтаи Иноятуллоҳ Маҷидӣ (тав.1943) - пажуҳишгари аҳли Эрон, ба воситаи интисоб ба Имом Ҳусайн (а) машҳур шудааст. Бо ин ҳол, Муртазо Мутаҳҳарӣ (1919 - 1979) - мутафаккири шиа, ин интисобро саҳеҳ намедонад.[1] Ҳамчунин иддае онро ба унвони шиори зебо барои инсонҳои Худопарасту муъмин пазируфтаанд[2] ва иддае дигар, онро барои таблиғи ақидаи худ (бар ҳар мабное) муносиб ёфтаанд.[3]
Баррасии интисоб ба Имом Ҳусайн (а)
Дар бораи сиҳҳати интисоби иборати инна-л-ҳаёта ақидатун ва ҷиҳод ба Имом Ҳусайн (а) ихтилофи назар аст; бархе пажӯҳишгарон монанди Маҳдии Бозаргон (1286 - 1373ҳ.ш.) ва Яҳё Нурӣ (1311 - 1386ҳ.ш.) онро ба Имом мунтасаб намуда,[4] ҳарчанд ба манбаи он ишора накардаанд.[5] Ҳамчунин Зайналъобидини Раҳнамо – нависанда ва пажӯҳишгари аҳли Эрон, дар китоби «Зиндагонии Имом Ҳусайн (а)» ин иборатро шеъре аз Имом медонад.[6]
Дар муқобили ин дидгоҳ, Муртазо Мутаҳҳарӣ[7] ва Муҳаммад Сиҳҳатии Сардрудӣ (тав.1343ҳ.ш.)[8] - Ошуропажуҳ, онро аз Имом Ҳусайн (а) намедонанд. Муҳаммадтақии Ҷаъфарӣ - мутафаккири шиа (1302 - 1377ҳ.ш.), дар китоби тарҷума ва тафсири Наҳҷулбалоға ин иборатро ба унвони шеър нақл карда, беонки онро ба касе мансуб намояд,[9] аммо Муҳаммад Сиҳҳатии Сардрудӣ муътақид аст, ки аз ин баёни Ҷаъфарӣ метавон натиҷа гирифт, ки ӯ иборати мазкурро ҳадис намедонад.[10]
Ҳамчунин Иноятуллоҳ Маҷидӣ дар мақолаи «пажӯҳише дар бораи як шиори маъруф; инна-л-ҳаёта ақидатун ва ҷиҳод» муътақид аст, ин иборат аз Имом Ҳусайн (а) нест, балки мисрае аз шеъри Аҳмад Шавқӣ - шоири мисрии қарни чаҳордаҳуми қамарӣ аст,[11] ки байти комили он чунин аст:
قِف دون رأیک فی الحیوة مجاهداً
اِن الحیوة عقیدة و جهاد[12]
Эродот ба интисоб
Муртазо Мутаҳҳарӣ муътақид аст, иборати Инна-л-ҳаёта ақидатун ва ҷиҳод аз Имом Ҳусайн (а) нест.[13] Далоили ӯ иборатанд аз:
- Ин иборат санад надорад: ба гуфтаи ӯ, дар манобеи исломӣ чунин ҷумлае аз Имом Ҳусайн (а) нақл нашудааст.[14] Аз назари Мутаҳҳарӣ, қидмати ин ҷумла низ чиҳил ё панҷоҳ сол аст.[15]
- Ҷиҳод бояд дар роҳи ҳақ бошад: ба назари Мутаҳҳарӣ, ҷиҳод дар роҳи ақида дуруст нест; чароки аз назари Қуръон, ҷиҳод бояд дар роҳи ҳақ бошад, на дар роҳи ақида.[16] Ҳамчунин ба гуфтаи ӯ, ин иборат бо мантиқи Имом Ҳусайн (а) ва дигар суханони ӯ ҳамхонӣ надорад.
Монанди:
- «مَوْتٌ فی عِزٍّ خَیرٌ مِنْ حیاةٍ فی ذُلٍ; марги бо иззат беҳтар аст аз зиндагии бозиллат».[17]
- «الا وَ انَّ الدَّعِی ابْنَ الدَّعِی قَدْ رَکزَ بَینَ اثْنَتَینِ بَینَ السِّلَّةِ وَ الذِّلَّةِ وَ هَیهاتَ مِنَّا الذِّلَّةُ;[18] ин ҳаромзода писари ҳаромзода маро байни ду чиз мухайяр кардааст: байни шамшер ва тан додан ба хорӣ, аз мо дур аст, ки тан ба зиллату хорӣ диҳем!».[19]
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Маҷидӣ, “Пажӯҳише дар бораи як шиори маъруф; инна-л-ҳаёта ақидатун ва ҷиҳод”, саҳ.51; Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор, 1389ҳ.ш., ҷ.23, саҳ.243.
- ↑ Маҷидӣ, “Пажӯҳише дар бораи як шиори маъруф; инна-л-ҳаёта ақидатун ва ҷиҳод”, саҳ.51.
- ↑ Алоӣ, Муҷоҳидон ва шаҳидони роҳи озодӣ, 1358ҳ.ш., саҳ.528.
- ↑ Маҷидӣ, “Пажӯҳише дар бораи як шиори маъруф; инна-л-ҳаёта ақидатун ва ҷиҳод”, саҳ.53 - 54.
- ↑ Маҷидӣ, “Пажӯҳише дар бораи як шиори маъруф; инна-л-ҳаёта ақидатун ва ҷиҳод”, саҳ.53 - 54.
- ↑ Раҳнамо, Зиндагонии Имом Ҳусайн (а), 1349ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.189.
- ↑ Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор, 1389ҳ.ш., ҷ.23, саҳ.243.
- ↑ Сиҳҳатии Сардрудӣ, Бозхонии чанд ҳадиси машҳур дар бораи Ошуро, 1381ҳ.ш., саҳ.122.
- ↑ Ҷаъфарӣ, Тарҷума ва тафсири Наҳҷулбалоға, 1360ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.118.
- ↑ Сиҳҳатии Сардрудӣ, Бозхонии чанд ҳадиси машҳур дар бораи Ошуро, 1381ҳ.ш., саҳ.122.
- ↑ Маҷидӣ, “Пажӯҳише дар бораи як шиори маъруф; инна-л-ҳаёта ақидатун ва ҷиҳод”, саҳ.51.
- ↑ Маҷидӣ, “Пажӯҳише дар бораи як шиори маъруф; инна-л-ҳаёта ақидатун ва ҷиҳод”, саҳ.51; “Қиф дуна раъйика фи-л-ҳаёти муҷоҳидан”, вебсайити Алдивон.
- ↑ Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор, 1389ҳ.ш., ҷ.23, саҳ.243.
- ↑ Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор, 1389ҳ.ш., ҷ.23, саҳ.243.
- ↑ Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор, 1389ҳ.ш., ҷ.23, саҳ.171.
- ↑ Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор, 1389ҳ.ш., ҷ.23, саҳ.244.
- ↑ Ибни Шаҳрошуб, ал-Маноқиб, нашри Аллома, ҷ.4, саҳ.68.
- ↑ Сайид ибни Товус, ал-Луҳуф, 1348ҳ.ш., саҳ.95.
- ↑ Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор, 1389ҳ.ш., ҷ.23, саҳ.244 - 245.
Ёддошт
Сарчашма
- Алоӣ, Амир, Муҷоҳидон ва шаҳидони роҳи озодӣ, беҷо, Теҳрон, Деҳхудо, чопи аввал, 1358ҳ.ш.
- Ибни Шаҳрошуб, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Маноқиб, бо гирдоварии Ҳошим Расулӣ ва Муҳаммадҳусайни Оштиёнӣ, Қум, нашри Аллома, бе то.
- Қиф дуна раъйика фи-л-ҳаёти муҷоҳидан”, вебсайити Алдивон, таърихи боздид: 13 мурдоди 1401ҳ.ш.
- Маҷидӣ, Иноятуллоҳ, «Пажӯҳише дар бораи як шиори маъруфи инна-л-ҳаёта ақидатун ва ҷиҳод», дар маҷмуаи мақолоти конгресси байналмлии имом Хумайнӣ ва фарҳанги Ошуро, дафтари аввал, Теҳрон, муассисаи танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ (с), 1374ҳ.ш.
- Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Маҷмуаи осор, ҷ.23, Теҳрон, Садро, 1389ҳ.ш.
- Раҳнамо, Зайналъобидин, Зиндагонии Имом Ҳусайн (а), беҷо, китобҳои парасту, чопи шашум, 1349ҳ.ш.
- Сайид ибни Товус, Алӣ ибни Мусо, ал-Луҳуф ала қатла-т-туфу, ба таҳқиқи Аҳмад Фаҳрии Занҷонӣ, Теҳрон, Ҷаҳон, 1348ҳ.ш.
- Сиҳҳатии Сардрудӣ, Муҳаммад, Бозхонии чанд ҳадиси машҳур дар бораи Ошуро, Қум, Улуми ҳадис, чопи аввал, 1381ҳ.ш.