Jump to content

Кумайт ибни Зайди Асадӣ

Аз wikishia
Кумайт ибни Зайди Асадӣ
Номи комилАбумустаҳал Кумайт ибни Зайди Асадӣ
Маҳалли зиндагӣИроқ
Санаи таваллудСоли 60 ҳиҷрӣ
Санаи вафотСоли 126 ҳиҷрӣ
Маҳалли дафнКӯфа, қабристони Банӣ Асад
ТаълифотМаҷмуаи ашъор
ДигарҲамъасри Имом Саҷҷод (а), Имом Боқир (а) ва Имом Содиқ (а)
Шинохташуда бароиШеър гуфтан дар васфи Аҳли Байт (а) ва дуои баъзе имомони шиа дар ҳаққи ӯ


Кумайт ибни Зайди Асадӣ (арабӣ: الكميت بن زيد الأسدي) шоири арабзабони шиа, ҳамъасри Имом Саҷҷод (а), Имом Боқир (а) ва Имом Содиқ (а) буд. Қасидаҳои Ҳошимиёт, аз муҳимтарин осори ӯ, ба мавзуъҳое чун фазилатҳои Банӣ Ҳошим, воқеаи Ғадир, шаҳодати Имом Ҳусайн (а) ва масоили марбут ба ҳукумати Банӣ Умайя ва паёмадҳои он пардохтааст. Ин шеърҳо дар фосилаи 15 то 20 сол пас аз воқеаи Ошуро суруда шудаанд.

Кумайт ба хотири шеърҳояш мавриди таваҷҷуҳи Имом Саҷҷод ва Имом Боқир - чорум ва панҷумин имом аз имомони шиа, қарор гирифт ва ривоятҳое аз дуои ин имомон барои ӯ нақл шудааст. Бо ин ҳол, гуфта шудааст ки ӯ барои ҳифзи ҷони худ қасидае низ дар васфи Банӣ Умайя хондааст.

Ҷойгоҳ ва аҳамият

Абумустаҳал Кумайт ибни Зайди Асадӣ, ба гуфтаи Абулфараҷи Исфаҳонӣ, шоири пешсаф, огоҳ ба забон ва луғоти арабӣ, ошно бо «Айём-ул-араб» (достонҳои марбут ба ҷангҳои даврони ҷоҳилият) ва аз аҳли рӯёрӯиҳои шеърӣ бо дигар шоирони араб буд.[1] Қасоиди Ҳошимиёти ӯ аз беҳтарин ашъори Кумайт дониста шудааст.[2] Ҳамчунин шумори ашъори ӯ беш аз панҷ ҳазор байт гуфта шудааст,[3] ки бисёре аз байтҳои он дастрас нестанд.[4]

Аз Абулфараҷ Исфаҳонӣ нақл шудааст ки Кумайт дар ашъори худ таассуби хоссе ба Аднониён дошт ва бар зидди шоирони Яманӣ (Қаҳтониён) шеър мегуфт. Ин равиш дар тамоми умри ӯ идома доштааст.[5] Бо ин ҳол, Абулфараҷ бо истинод ба як нақл, сабаби ҳаҷви аҳли Яман аз сӯи Кумайтро чунин равшан кардааст: шоире Шомӣ ва наздик ба Банӣ Умайя (Ҳаким ибни Айёши Калбӣ), ки решаи яманӣ дошт, Алӣ ибни Абитолиб (а) ва Банӣ Ҳошимро ҳаҷв карда буд.[6] Кумайт барои посух додан ба он шоир, барои он ки мавриди хашми Банӣ Умайя қарор нагирад, ҳаҷвро дар пӯшиши дифоъ аз гароишҳои қабилавӣ қарор дод; ба ҳамин далел, шеъри худро бар ҳаҷви аҳли Яман (Қаҳтониён) устувор кард, на дифоъи бевосита аз Имом Алӣ (а) ва Банӣ Ҳошим.[7]

Кумайт ибни Зайд ибни Хунайс ибни Мухолиди Асадӣ дар соли 60 қамарӣ ба дунё омад.[8] Ӯ хоҳарзодаи Фараздақ, шоири даврони Банӣ Умайя ва ҳамъасри Сайид Ҳимярӣ, шоири маъруф ва мутаассиби шиа буд[9] ва дар замони хилофати Марвон ибни Муҳаммад, охирин халифаи умавӣ, дар соли 126 қамарӣ дар Кӯфа даргузашт.[10] Ӯ аввалин касе буд ки дар қабристони Банӣ Асад дафн шуд.[11]

Робита бо Аҳли Байт

Бар асоси ривоятҳои мавҷуд, Кумайт ҳамчун шоире ки дар даврони Банӣ Умайя ба васфи хонадони Пайғамбар мепардохт, мавриди таваҷҷуҳи Имом Саҷҷод, Имом Боқир ва Имом Содиқ қарор дошт ва ривоятҳое аз дуои ин имомон барои ӯ нақл шудааст.[12]

Ҳамчунин гуфта шудааст ки Кумайт ҳадяҳои моддиро, ки ба хотири сурудани ашъораш дар васфи Аҳли Байт (а) ба ӯ дода мешуд, намепазируфт ва гоҳе аз Имом Саҷҷод ё Имом Боқир пироҳанеро дархост мекард то бо он табаррук ҷӯяд.[13]

Қасоиди Ҳошимиёт

Қасоиди Ҳошимиёт, ки Кумайт ибни Зайди Асадӣ онро дар фосилаи 15 то 20 сол пас аз воқеаи Ошуро сурудааст, аз муҳимтарин осори ӯ шумурда мешавад.[14] Ин шеърҳо дар ҳашт қасида суруда шудаанд ва ба мавзуъҳое чун фазилатҳои Банӣ Ҳошим ва хонадони Пайғамбари Ислом, воқеаи Ғадири Хум, Ғасби хилофат ва ҳаққонияти Алӣ (а), шаҳодати Имом Ҳусайн (а), ҳукумати ҳокимони золим, фоҷиаҳои Банӣ Умайя, қатли Зайд ибни Алӣ ва мусибатҳои Ҳошимиён мепардозанд.[15]

Бо ин ҳол, гуфта шудааст ки Кумайт барои наҷоти ҷони худ қасидае дар васфи Банӣ Умайя сурудааст ва дар ин бора аз Имом Боқир (а) иҷозат гирифтааст.[16]

Намунае аз Ҳошимиёти Кумайт дар бораи Имом Ҳусайн (а) ва воқеаи Ошуро

کمیت بن زید اسدی
وَ مِنْ أکْبَرِ الأحداثِ کانَتْ مُصیبَهً
عَلَیْنا قتیلُ الَأدعیاءِ المُلَحَّبُ
قتیلٌ بِجَنْبِ الطَّفِّ مِنْ آلِ هاشمٍ
فیالک لحماً لَیْسَ عَنْه مُذَبِّبُ
و مُنْعَفِر الخَدَّیْنِ مِنْ آل هاشم
أَلا حَبَّذَا ذاكَ الجبینُ المترَّبُ


Тарҷумаи равони тоҷикӣ:

Ва аз бузургтарин рӯйдодҳо мусибате бузург бар мо буд,
[Шаҳодати] он шаҳиди пора-пора ба дасти зинокорони лаънатӣ.
Куштае аз хонадони Ҳошим бар канори сарзАминӣ Тафф,
Шигифтангез аст он бадани пора-пора ки ҳеҷ мудофеъе надорад.
Ва он гунаҳои олуда ба хок аз хонадони Ҳошим,
Ҳон, чи некӯ пешонии олуда ба хок аст он.

Муҳаммадӣ, Таҷаллии ишқ ва ҷиҳод дар чакомаи Ҳошимиёт, 1393ш, саҳ.177–178


Эзоҳ

  1. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, ал-Ағонӣ, 1994м, ҷ.17, саҳ.5
  2. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, ал-Ағонӣ, 1994м, ҷ.17, саҳ.5
  3. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, ал-Ағонӣ, 1994м, ҷ.17, саҳ.30
  4. Абдулазимзода, «Ҳошимиёт», саҳ.131
  5. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, ал-Ағонӣ, 1994м, ҷ.17, саҳ.5
  6. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, ал-Ағонӣ, 1994м, ҷ.17, саҳ.28
  7. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, ал-Ағонӣ, 1994м, ҷ.17, саҳ.28
  8. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, ал-Ағонӣ, 1994м, ҷ.17, саҳ.30
  9. Марзбонӣ, Ахбори шуароъи шиа, 1413қ, саҳ.71 ва 178
  10. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, ал-Ағонӣ, 1994м, ҷ.17, саҳ.30
  11. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, ал-Ағонӣ, 1994м, ҷ.17, саҳ.30
  12. Аминӣ, ал-Ғадир, 1368ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.33 ва 36
  13. Амин, Аъён-уш-шиа, 1403ш, ҷ.9, саҳ.34; Аминӣ, ал-Ғадир, 1368ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.32
  14. Марзбонии Хуросонӣ, Ахбори шуароъи шиа, 1347ҳ.ш., саҳ.71
  15. «Ҳошимиёт: ҷиҳоде аз ҷинси қалам», маҷаллаи Адаби арабӣ, саҳ.230
  16. Аминӣ, ал-Ғадир, 1368ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.34, ба нақл аз ал-Ағонӣ, ҷ.15, саҳ.126

Сарчашма

  • Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, ал-Ағонӣ, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи аввал, 1415ҳ.қ./1994м.
  • Амин, Сайид Маҳсон, Аъён-уш-шиа, Бейрут, Дор-ут-таоруф ли-л-матбуот, 1403ҳ.қ./1983м.
  • Аминӣ, Абдулҳусайн, Мавсуъаи Ғадир дар китоб, суннат ва адаб, Қум, Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, 1430ҳ.қ./2009м.
  • Аминӣ, Абдулҳусайн, ал-Ғадир, тарҷумаи Муҳаммадтақии Воҳидӣ, Теҳрон, Бунёди Баъсат, 1368ҳ.ш.
  • Довуд, Салум, Шеъри Кумайт ибни Зайди Асадӣ, Бейрут, Олам-ул-китоб, 1417ҳ.қ./1997м.
  • Муҳаммадӣ, Муҷид, Таҷаллии ишқ ва ҷиҳод дар чакомаи Ҳошимиёт, Теҳрон, Донишгоҳи улуми маорифи Қуръони карим, 1393ҳ.ш.
  • Хӯӣ, Сайид Абулқосим, Муъҷами риҷоли ҳадис, Бейрут, Интишороти ас-Сақофат-ул-исломия, 1413ҳ.қ.

Пайванд ба берун