Забони ҳол
Забони ҳол (форсӣ: زبان حال) равишест дар равзахонӣ, навҳахонӣ ва таъзия ки дар он, суханон ё эҳсосоте ба шахсиятҳои динӣ нисбат дода мешавад, ки бевосита дар сарчашмаҳо нақл нашудааст, балки бар асоси қаринаҳо, шароит ва вазъияти онон бозофарида мешавад.[1]
Аз назари фиқҳӣ, ба кор гирифтани забони ҳол дар сурате, ки ба унвони нақли таърихии қатъӣ пешниҳод нашавад[2] ва бо усули эътиқодӣ, шаъни маъсумон (а) ва ҳадафҳои онон тазод надошта бошад,[3] ҷоиз дониста шудааст. Дар муқобил, баъзе уламои дин нисбат ба дарҳамомезии забони ҳол бо нақли таърихӣ ва имкони шакдгирии таҳриф дар маорифи таърихӣ ҳушдор додаанд.[4]
Бар асоси баъзе гузоришҳои таърихӣ, дар мувоҷеҳа бо воқеаи Карбало ва пас аз он, дар ҳузури Имом Саҷҷод (а) низ баёнҳои ҳузнолуде дар қолаби забони ҳол нақл шудааст.[5] Ҳамчунин дар адабиёти марсия, забони ҳол дар бораи шахсиятҳо ё ашёи марбут ба воқеаи Карбало ба кор рафтааст. Барои намуна, дар баъзе ашъори мансуб ба забони ҳоли Алиасғар (а) омадааст:
Ҳамчунин дар баъзе матнҳои адабӣ, забони ҳоли занҷире, ки бар гардани Имом Саҷҷод (а) баста шуда, ба таври шеър баён шудааст:
Дар баъзе матнҳои тафсирӣ, оёте аз Қуръон ки аз тасбеҳи мавҷудот сухан мегӯянд,[8] ба унвони намунае аз баён ба забони ҳол тафсир шудаанд.[9] Ҳамчунин дар баъзе ривоёти исломӣ, забони ҳол гӯётару расотар аз забони қол муаррифӣ шудааст.[10] Дар адабиёти форсӣ низ ин шева берун аз ҳавзаи оинӣ низ корбурд доштааст; аз ҷумла Носири Хусрав дар баёни ҳолоти ҳайвонот аз он истифода кардааст.[11]
Эзоҳ
- ↑ Сулаймонӣ, Забони ҳол ва коркарди он дар адабиёти ошӯроӣ, саҳ.55-57.
- ↑ Нароқӣ, Расоил ва масоил, ҷ.1, саҳ.246; Гулпойгонӣ, Маҷмаъ-ул-масоил, ҷ.1, саҳ.266.
- ↑ Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осори шаҳид Мутаҳҳарӣ, ҷ.17, саҳ.613.
- ↑ Қумӣ, Мунтаҳа-л-омол, ҷ.1, саҳ.571.
- ↑ Ибни Товӯс, ал-Луҳуф, ҷ.1, саҳ.118.
- ↑ Сулаймонӣ, Забони ҳол ва коркарди он дар адабиёти ошӯроӣ, саҳ.258.
- ↑ Сулаймонӣ, Забони ҳол ва коркарди он дар адабиёти ошӯроӣ, саҳ.220.
- ↑ Сураи Исро, ояти 44; сураи Нур, ояти 41; сураи Ҳашр, ояти 24; сураи Ҷумъа, ояти 1; сураи Тағобун, ояти 1.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.12, саҳ.135.
- ↑ Лайсии Восити, Уюн-ул-ҳикам ва-л-мавоиз, саҳ.420.
- ↑ Носири Хусрав, Девони ашъор, саҳ.524.
Сарчашма
- Қуръони карим
- Гулпойгонӣ, Сайид Муҳаммадризо, Маҷмаъ-ул-масоил, Қум, Дор-ул-Қуръон-ил-карим, 1409ҳ.қ.
- Ибни Товӯс, Али ибни Мусо, ал-Луҳуф ала қатла-т-туфуф, Қум, Анвор-ул-Ҳудо, бетаърих.
- Қумӣ, Шайх Аббос, Мунтаҳа-л-омол, Теҳрон, Ҷовидон, 1362ҳ.ш.
- Лайсии Восити, Алӣ ибни Муҳаммад, Уюн-ул-ҳикам ва-л-мавоиз, муҳаққиқ Ҳусайн Ҳасании Бирҷандӣ, Қум, Муассисаи илмӣ-фарҳангии Дор-ул-ҳадис. Созмони чоп ва нашр, 1376ҳ.ш.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1374ҳ.ш.
- Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Маҷмуаи осори шаҳид Мутаҳҳарӣ, Теҳрон, 1420ҳ.қ.
- Нароқӣ, Аҳмад, Расоил ва масоил, ба кӯшиши Ризо Устодӣ, Қум, Конгресси бузургдошти Мулло Маҳдӣ ва Мулло Аҳмади Нароқӣ, 1380ҳ.ш./1422ҳ.қ.
- Носири Хусрав, Девони ашъор, тасҳеҳи Муҷтабо Минавӣ ва Маҳдии Муҳаққиқ, Теҳрон, интишороти Донишгоҳи Теҳрон, 1353ҳ.ш.
- Сулаймонӣ, Муртазо, Забони ҳол ва корбурди он дар адабиёти ошӯроӣ, Теҳрон, Ороми дил, 1395ҳ.ш.