Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Абуссибтайн

Аз wikishia
Донишгоҳе дар Карбало ба номи Сибтайн

Абуcсибтайн (форсӣ: ابوالسبطین) аз куняҳои Пайғамбар (с)[1] ва Имом Алӣ (а)[2] аст.

Абуcсибтайн ба маънои падари ду сибт (набера) аст. Бар асоси ривоёт, мақсуд аз сибтайн, Ҳасанайн (а) (Имом Ҳасан ва Имом Ҳусайн) аст;[3] аз ин рӯ дар фарҳанги исломӣ аз Имом Ҳасан (а) ба сибти акбар ва аз Имом Ҳусайн (а) ба сибти асғари Пайғамбар ёд мешавад.[4] Марказҳое аз шиаён низ ба сибтайн номгузорӣ шудаанд монанди: Ҳусайнияи Сибтайнобод дар Лакҳнави Ҳинд ва Муассисаи ҷаҳонии Сибтайн дар Қум. Бо ин ҳол, Фахруддини Турайҳӣ, луғатшиноси шиа, дар қарни даҳуми қамарӣ, сибтро ба маънои тоифа ва уммат тафсир карда ва эҳтимол дода ки ин куня ба иншиоби наслu Пайғамбар (с) аз Ҳасанайн ишора дорад.[5]

Таъбири «Уммуссибтайн» барои ҳазрати Фотима низ дар баъзе аз мутуни динӣ ба кор рафтааст.[6]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. ↑ Ибни Шаҳрошуб, Маноқиб Оли Абитолиб, ҷ.1, саҳ.154.
  2. ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, ҷ.10, саҳ.19; Байюмӣ Меҳрон, ал-Имома ва аҳл-ул-байт, ҷ.2, саҳ.9.
  3. ↑ Ибни Шозон, ал-Фазоил, саҳ.83.
  4. ↑ Муҳаддисӣ, Фарҳанги Ошуро, саҳ.220.
  5. ↑ Турайҳӣ, Маҷмаъ-ул-баҳрайн, ҷ.4, саҳ.251.
  6. ↑ Ибни Қулавайҳи Қумӣ, Комил-уз-зиёрот, ҷ.1, саҳ.325.

Сарчашма

  • Байюмӣ Меҳрон, Муҳаммад, ал-Имома ва аҳл-ул-байт (а), Қоҳира, Дор-ун-наҳзат-ил-арабия, 1995.
  • Ибни Қулавайҳ, Ҷаъфар ибни Муҳаммад, Комил-уз-зиёрот, тасҳеҳ: Абдулҳусайн Аминӣ, Наҷаф, Дор-ул-муртазавия, 1356ҳ.ш.
  • Ибни ШаҳрОшуб, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқиб Оли Абитолиб (а), Қум, Аллома, 1379ҳ.қ.
  • Ибни Шозон, Шозон ибни Ҷаброил, ал-Фазоил, Қум, Разӣ, 1363ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1403ҳ.қ.
  • Муҳаддисӣ, Ҷавод, Фарҳанги Ошуро, нашри Маъруф, Қум, 1417ҳ.қ./1376ҳ.ш.
  • Турайҳӣ, Фахруддин ибни Муҳаммад, Маҷмаъ-ул-баҳрайн, таҳқиқ ва тасҳеҳ: Аҳмад Ҳусайнӣ Ашкурӣ, Теҳрон, Муртазавӣ, 1375ҳ.ш.