Jump to content

Олиматун ғайру муаллама

Аз wikishia

Олиматун ғайру муаллама (арабӣ: عالِمَةٌ غیرُ مُعَلَّمَة - зане олим, ки аз касе таълим нагирифтааст) аз лақабҳои Ҳазрати Зайнаб (с) аст, ки Имом Саҷҷод (а) ба ӯ додааст.[1]

Ҳангоме ки асирони Карбало вориди шаҳри Кӯфа шуданд, Ҳазрати Зайнаб (с) хутбае хитоб ба мардум хонд. Дар поёни он, Имом Саҷҷод (а) ба ӯ гуфт: «Анти биҳамди-л-лоҳ олиматун ғайру муаллама; ту ба шукри Худо бонуи олимае ҳастӣ, ки омӯзгор надоштаӣ».[2] Ба эътибори ин тавсиф, Ҳазрати Зайнаб (с) ба лақаби «Олиматун ғайру муаллама» машҳур шудааст.[3] Оятуллоҳ Ҷаводӣ Омулӣ, файласуф ва фақеҳи шиа, ин тавсифи Имом Саҷҷод (а)-ро навъе шаҳодат ба исмат ва вилояти Ҳазрати Зайнаб донистааст.[4] Ҳамчунин гуфтаанд, ки ин таъбири Имом Саҷҷод дар бораи аммааш, далеле бар огоҳии Зайнаб (с) аз улуми ладунӣ аст.[5] Сайид Алии Хоманаӣ, муҳаққиқ ва пажӯҳишгари таърихи Ислом, таъбири Имом Саҷҷод (а) дар бораи Зайнаби Кубро (с)-ро дар ҳадди таъбири як имоми маъсум аз хонадони Паёмбар баршумурдааст.[6]

Дар бораи муроди Имом Саҷҷод (а) аз ин тавсиф дар бораи Ҳазрати Зайнаб, чанд эҳтимол додаанд:

  • Зайнаб (с) аз тариқи фитрати пок ва ақлу тадаббур, бе ниёз ба омӯзгор, олим ба Худованд ва оёти зоҳирии Ӯ шуда буд, ки тавонист сабр пеша кунад ва розӣ ба қазои Илоҳӣ гардад.[7]
  • Зайнаб (с), бар асари таҳзиби нафс, ба мақоме расид, ки аз тариқи илҳомоти Илоҳӣ олим шуд.[8]
  • Муаллимони ҳақиқии ӯ панҷ тани Оли Або (а) буданд, на дигарон.[9]

Эзоҳ

  1. Табарсӣ, ал-Иҳтиҷоҷ, 1386ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.31
  2. Табарсӣ, ал-Иҳтиҷоҷ, 1386ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.29–31
  3. Барои намуна ниг.: Баҳронӣ, Аволим-ул-улум, 1413ҳ.қ., ҷ.11, қисм.2, саҳ.948; Музаффарӣ ва Ҷамшедӣ, Асирон ва ҷонбозони Карбало, 1383ҳ.ш., саҳ.89
  4. «ضرورت بازشناسی شخصیت حضرت زینب کبری(س)», Бунёди байналмилалии улуми ваҳёнии Исро
  5. Шафиии Мазандаронӣ, Ошӯро ҳамосаи ҷовидон, 1381ҳ.ш., саҳ.215
  6. فرستادگان حسین علیه‌‌السلام, Сомонаи khamenei.ir
  7. Омилӣ, ас-Саҳеҳ мин сирати ал-Имом Алӣ (а), 1430ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.315
  8. Омалӣ, ас-Саҳеҳ мин сирати ал-Имом Алӣ (а), 1430ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.316
  9. Фазлуллоҳ, Ли-л-инсон ва-л-ҳаёт, 1421ҳ.қ., саҳ.272

Сарчашма

  • Баҳронӣ, Абдуллоҳ, «Аволим-ул-улум ва маъориф ва аҳвол аз оёт ва ахбор ва ақвол» (Мустафз аз Сайидаи Нисо то Имом Ҷавод), таҳқиқ: Муҳаммадбоқир Муҳид Абтӯҳии Исфаҳонӣ, Қум, Муассисаи Имом Маҳдӣ (а), нашри аввал, 1413ҳ.қ.
  • Музаффарӣ, Муҳаммад ва Саид Ҷамшедӣ, «Асирон ва ҷонбозони Карбало», Қум, Фарози Андеша, нашри аввал, 1383ҳ.ш.
  • Омалӣ, Сайид Ҷаъфар Муртазо, «ас-Саҳеҳ мин сирати ал-Имом Алӣ (а)», Валоъи Мунтазир (а), нашри аввал, 1430ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Аҳмад ибни Алӣ, «ал-Иҳтиҷоҷ», таҳқиқ: Сайид Муҳаммадбоқир Хурсон, Наҷаф, Доруннуъмон, 1386ҳ.қ.
  • Фазлуллоҳ, Муҳаммадҳусайн, «Ли-л-инсон ва-л-ҳаёт», Бейрут, Дорулмалак, нашри сеюм, 1421ҳ.қ.
  • Шафиии Мазандаронӣ, Муҳаммад, «Ошӯро — ҳамосаи ҷовидон», Теҳрон, Нашри Машъар, 1381ҳ.ш.
  • «ضرورت بازشناسی شخصیت حضرت زینب کبری(س)», Бунёди байналмилалии улуми ваҳёнии Исро, санаи нашр: 7 баҳмани 1402ҳ.ш., санаи боздид: 17 мурдоди 1403ҳ.ш.