Ҳадиси Ман мот
| Мавзуъ | Шинохти имом |
|---|---|
| Содиршуда аз | Пайғамбари Ислом (с) |
| Эътибори санад | Иддаои тавотур дар манобеи шиа ва аҳли суннат |
| Сарчашмаи шиа | Кофӣ, Камол-уд-дини ва тамом-ун-неъма, Кифоят-ул-асар фи-н-насси ала-л-аиммат-ил-исно ашар |
| Сарчашмаи суннӣ | Саҳеҳи Муслим, Муснади Аҳмади ибни Ҳанбал, Муснади Абудовуди Тиёлисӣ, Муснад-уш-шомийин |
Ҳадиси «Ман мот» (форсӣ: حدیث مَنْ ماتَ) як ҳадисест аз Пайғамбари Ислом (с), ки бар асоси он ҳар кас бимирад ва имоми замонашро нашиносад, ба марги ҷоҳилӣ мурдааст. Ин ҳадис бо лафзҳои гуногун дар манобеи шиа ва аҳли суннат нақл шудааст ва онро мавриди иттифоқи шиа ва суннӣ медонанд.
Бо ин ҳол, миёни шиа ва аҳли суннат дар бораи маънои он назарҳои гуногун вуҷуд дорад:
- Шиаён ин ҳадисро марбут ба масъалаи имомат медонанд ва зарурати шинохт ва итоат аз имомро аз он бармекашанд.
- Аммо аҳли суннат бар инанд, ки ривоят ба масъалаи иртиботи мардум бо ҳокими исломӣ ва зарурати байъат бо ӯ ишора дорад.
Ҷойгоҳи ҳадиси «Ман мот»
Дар сарчашмаҳои исломӣ, ривоятҳое бо ибораи «Ман мот» нақл шудаанд;[1] Аммо мақсуд аз таъбири ҳадиси «Ман мот» ин каломи машҳури Паёмбар (с) аст: «مَنْ ماتَ وَ لَمْ یعْرِفْ إمامَ زَمانِهِ مَاتَ مِیتَةً جَاهِلِیة [ман мота ва лам яъриф имома замониҳи мота митатан ҷоҳилия]; Ҳар шахсе бимирад, дар ҳолате ки имоми замони худро нашиносад, ба марги ҷоҳилият мурдааст», ки дар манбаъҳои ҳадисии шиа ва суннӣ омадааст.[2]
مَنْ ماتَ وَ لَمْ يَعْرِفْ إمامَ زَمانِهِ فَقَدْ مَاتَ مِيتَةً جَاهِلِيَّة Ҳар кас бимирад ва имоми замонашро нашиносад, бидуни тардид ба марги ҷоҳилӣ мурдааст.[3]
Ин ҳадис бо ибораҳое ҳам нақл шудааст, ки тафовути андаке бо он доранд. Барои мисол, дар китоби Кофӣ, ин ҳадис аз Имоми Содиқ (а) чунин нақл шудааст, ки Паёмбар гуфт: «مَنْ مَاتَ وَ لَیسَ لَهُ إِمَامٌ فَمِیتَتُهُ مِیتَةٌ جَاهِلِیةٌ [ман мота ва лайса лаҳу имом фамитатуҳу митатун ҷоҳилия]; Ҳар шахсе бимирад, дар ҳолате ки имоме надошта бошад, маргаш марги ҷоҳилият аст.»[4] Ҳамчунин дар баъзе аз манбаъҳои аҳли суннат аз Паёмбари Ислом (с) нақл шудааст: «مَنْ مَاتَ بِغَیرِ إِمَامٍ مَاتَ مِیتَةً جَاهِلِیةً [ман мота биғайри имомин мота митатан ҷоҳилия]; Касе ки бе имом бимирад, ба марги ҷоҳилият мурдааст.»[5]
Аллома Маҷлисӣ ин ривоятро назди шиа ва аҳли суннат мутавотир донистааст.[6] Шайх Баҳоӣ ҳам гуфтааст, ки ин ҳадис мавриди иттифоқи шиа ва аҳли суннат аст.[7]
Мақсуд аз марги ҷоҳилият
مَنْ مَاتَ بِغَیرِ إِمَامٍ مَاتَ مِیتَةً جَاهِلِیةً Касе ки бе имом бимирад, ба марги ҷоҳилият мурдааст.[8]
Дар нақли Кулайнӣ аз ҳадиси «Ман мот», Имом Содиқ (а) маънои «марги ҷоҳилият»-ро низ баён кардааст. Матни комили ривоят чунин аст:
Ибни Абияъфур нақл мекунад: Аз Имоми Содиқ (а) дар бораи сухани Пайғамбари Ислом, ки «Ҳар шахсе бимирад, дар ҳолате ки имоме надошта бошад, маргаш марги ҷоҳилият аст» пурсидам: «Оё мақсуд мурдан дар ҳолати куфр аст?» Имом Содиқ (а) посух дод: «Мурдан дар ҳолати гумроҳӣ аст.» Гуфтам: «Оё ҳар касе ки дар ин замон ҳам бимирад ва барои ӯ пешвое набошад, маргаш марги ҷоҳилият аст?» Гуфт: «Бале».[9]
Манбаъҳои ҳадис
Баъзе аз манбаъҳои шиа ва аҳли суннат, ки ривояти «Ман мот»-ро нақл кардаанд, чунинанд:
Манбаъҳои шиа
- Кофӣ, асари Кулайнӣ[10]
- Камол-уд-дини ва тамом-ун-неъма, навиштаи Шайх Садуқ[11]
- Кифоят-ул-асар фи-н-насси ала-л-аиммат-ил-исно ашар, аз Хаззози Розӣ[12]
Манбаъҳои аҳли суннат
- Муснади Аҳмад ибни Ҳанбал[13]
- Муснади Абудовуд Сулаймон ибни Довуд Тиёлисӣ[14]
- Муснад-уш-шомийин, Абулқосим Табаронӣ[15]
Маънои ҳадис дар назари уламои шиа ва аҳли суннат
Уламои шиа ва суннӣ, ҳар кадом, бар асоси ақидаҳои каломии худ, бардоштҳои гуногун аз ҳадиси «Ман мота» кардаанд:
Шиа
Шиаён аз ҳадиси «Ман мот» дар масъалаи имомат истифода карда, онро далеле бар зарурати вуҷуди имом дар тамоми давру замонҳо[16] ва зарурати шинохти имом ва итоат аз ӯ донистаанд.[17] Бар асоси эътиқоди шиа, мурод аз имом дар ин ривоят Аҳли Байт ва имомони маъсум мебошанд ва дар даврони ҳозир, бояд ба Имом Маҳдӣ ҳамчун имоми замон имон дошт.[18]
Аҳли суннат
Аҳли суннат тафсир ва маънои дигаре аз ин ривоят пешниҳод кардаанд. Онҳо мақсуд аз «имом»-ро дар ин ривоят ҳокими ҷомеаи исломӣ медонанд, ки барои ҳифзи ҷомеа бояд аз ӯ итоат кард ва дар байъаташ боқӣ монд.[19] Зарурати итоат аз ҳокими исломӣ тамоми ҳокимони мусалмонро дар бар мегирад ва золим ё гунаҳкор будани онҳо халале дар ин зарурат эҷод намекунад. Ибни Таймия дар тафсири ин ҳадис, зарурати итоат ва байъати Саҳобаи Паёмбар ва тобеин бо Язид ибни Муовияро истинбот кардааст.[20]
Албатта, баъзе аз манбаъҳои аҳли суннат «имом»-ро дар ин ривоят ба Пайғамбари Ислом (с) таъбир кардаанд ва бар ин боваранд, ки бояд ба Пайғамбар имон дошт; зеро ӯ имоми аҳли замин дар ин дунё аст.[21]
Эзоҳ
- ↑ Барои намуна ниг.: Барқӣ, ал-Маҳосин, 1371ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.88
- ↑ Сайид ибни Тавус, ал-Иқбол бил-аъмолил-ҳасана, 1415ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.252; Шайх Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.410; Тафтазонӣ, Шарҳи мақосид, 1409ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.239; Қандӯзӣ, Янабиъул-маводда, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.456
- ↑ Маноқиби Ибни Шаҳрошуб, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.246
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.376
- ↑ Аҳмад ибни Ҳанбал, Муснади Аҳмад, 1421ҳ.қ., ҷ.28, саҳ.88; Абудовуд, Муснади Абудовуд, 1419ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.425; Табаронӣ, Муснад-уш-шомийин, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.437
- ↑ Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.368
- ↑ Шайх Баҳоӣ, ал-Арбаун ҳадисан, 1431ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.431
- ↑ Аҳмад ибни Ҳанбал, Муснади Аҳмад, 1421ҳ.қ., ҷ.28, саҳ.88
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.376
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.376
- ↑ Шайх Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.409
- ↑ Хаззози Розӣ, Кифоят-ул-асар, 1401ҳ.қ., саҳ.296
- ↑ Ибни Ҳанбал, Муснади Аҳмад, 1421ҳ.қ., ҷ.28, саҳ.88
- ↑ Абудовуд, Муснади Абудовуд, 1419ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.425
- ↑ Табаронӣ, Муснад-уш-шомийин, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.437
- ↑ Абулфутуҳ Розӣ, Равз-ул-ҷинон, ҷ.4, саҳ.173
- ↑ Муллосадро, Шарҳи усули Кофӣ, 1383ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.474
- ↑ Аллома Маҷлисӣ, Миръот-ул-уқул, 1404ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.27; Шайх Баҳоӣ, ал-Арбаун ҳадисан, 1431ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.431
- ↑ Суҳайб Абдулҷаббор, ал-Ҷомеъ-ус-саҳеҳ, 2014 м., ҷ.4, саҳ.234, поварақӣ
- ↑ Ибни Таймия, Мухтасари Минҳоҷ-ус-сунна, 1426ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.49
- ↑ Ибни Ҳиббон, Саҳеҳи Ибни Ҳиббон, 1414ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.434
Сарчашма
- Ибни Таймия, Тақийуддин, Мухтасари Минҳоҷ-ус-сунна, таҳқиқи Абдуллоҳ ибни Муҳаммад Ғунаймон, Санъо, Дор-ус-сиддиқ, нашри дувум, 1426ҳ.қ.
- Абулфутуҳ Розӣ, Ҳусайн ибни Алӣ, Равз-ул-ҷинон ва рӯҳ-ул-ҷанон фи тафсир-ил-Қуръон, таҳқиқи доктор Муҳаммад Ҷаъфар Ёҳақӣ ва доктор Муҳаммад Маҳдӣ Носеҳ, Машҳад, Бунёди пажӯҳишҳои исломии Остани Қудси Разавӣ, 1408ҳ.қ.
- Шайх Баҳоӣ, ал-Арбаун ҳадисан, Қум, нашри Ҷомеаи Мударрисин, нашри сеюм, 1431ҳ.қ.
- Тафтазонӣ, Саъдулдин, таҳқиқи Абдурраҳмон Умейра, нашри Шарифи Разӣ, нашри аввал, 1409ҳ.қ.
- Табаронӣ, Сулаймон ибни Аҳмад, Муснад-уш-шомийин, Бейрут, Муассисаи ар-Рисола, нашри аввал, 1405ҳ.қ.
- Аҳмад ибни Ҳанбал, Абӯабдуллоҳ, Муснади Аҳмад, таҳқиқи Шуайб ал-Арнаут, Бейрут, Муассисаи ар-Рисола, 1421ҳ.қ.
- Барқӣ, Абӯҷаъфар Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Холид, ал-Маҳосин, таҳқиқ ва тасҳеҳи Ҷалолуддин Муҳаддис, Қум, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, нашри дувум, 1371ҳ.қ.
- Хаззози Розӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, Кифоят-ул-асар фи-н-насси ала-л-аиммат-ил-исно ашар, Қум, нашри Бидор, 1401ҳ.қ.
- Сайид ибни Тавус, Разийуддин Алӣ, ал-Иқбол би-л-аъмол-ил-ҳасана, таҳқиқ ва тасҳеҳи Ҷавод Қаюмии Исфаҳонӣ, Қум, интишороти Дафтари таблиғоти исломӣ, нашри аввал, 1415ҳ.қ.
- Шайх Садуқ, Камол-уд-дини ва тамом-ун-неъма, таҳқиқ ва тасҳеҳи Алиакбар Ғаффорӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, нашри дувум, 1395ҳ.қ.
- Абудовуд Тиёлисӣ, Сулаймон ибни Довуд, Муснади Абудовуд Тиёлисӣ, таҳқиқи Муҳаммад ибни Абдулмуҳсин Туркӣ, Миср, Дор Ҳуҷр, нашри аввал, 1419ҳ.қ.
- Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ Қушайрии Нишопурӣ, Саҳеҳи Муслим, таҳқиқи Муҳаммад Фуод Абдулбоқӣ, Бейрут, Дор-ул-эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бидуни таърих.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, таҳқиқ ва тасҳеҳи Алиакбар Ғаффорӣ ва Муҳаммад Охундӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, нашри чаҳорум, 1407ҳ.қ.
- Аллома Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дор-ул-эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, нашри дувум, 1403ҳ.қ.
- Аллома Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Миръот-ул-уқул фи шарҳи ахбори Оли-р-Расул, таҳқиқ ва тасҳеҳи Сайид Ҳошим Расулӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, нашри дувум, 1403ҳ.қ.
- Қандӯзӣ, Янобиъ-ул-маваддати ли зави-л-қурбо, нашри Усва, 1413ҳ.қ.
- Муҳаммад ибни Ҳиббон ибни Аҳмад, Саҳеҳи Ибни Ҳиббон, таҳқиқи Шуайб ал-Арнаут, Бейрут, Муассисаи ар-Рисола, нашри дувум, 1414ҳ.қ.
- Муллосадро, Садруддин Шерозӣ Муҳаммад ибни Иброҳим, Шарҳи усули Кофӣ, таҳқиқ ва тасҳеҳи Муҳаммад Хоҷавӣ, Теҳрон, Муассисаи мутолеот ва таҳқиқоти фарҳангӣ, нашри аввал, 1383ҳ.ш.