Jump to content

Таваллӣ

Аз wikishia

Таваллӣ (арабӣ: التّولّي) яке аз фурӯи дин аст ва ба маънои дӯстӣ бо Худо, пешвоёни дин ва имомон (а) ва пазируфтани вилояти онҳо мебошад. Таваллӣ муқобили табаррӣ аст, ки ба маънои безорӣ ҷустан аз душманони Аҳли Байт (а) мебошад. Дар ривоятҳои шиа, бар аҳамияти таваллӣ таъкиди фаровон шудааст. Дар як ҳадис, таваллӣ ва дӯст доштан барои Худо, мустаҳкамтарин ва боэътимодтарин дастгираи имон шумурда шудааст.

Дар баъзе ҳадисҳои дигар, дӯстӣ бо Аҳли Байт (а) ва пазируфтани вилояташон, дар канори душманӣ ва безорӣ аз душманони онҳо, камоли дин муаррифӣ шудааст. Ҳамчунин муҳаббат ва пазируфтани вилоят аз неъматҳое шумурда шудааст, ки дар охират баъд аз тавҳид ва нубувват, аз он пурсиш мешавад.

Гуфта мешавад, таваллӣ дар мазҳаби шиа ва ҳатто дар миёни баъзе аҳли суннат, аз воҷиботи динӣ ба шумор меравад. Бисёре аз муфассирон ва уламо, бо истинод ба ояти Маваддат, дӯстӣ ва муҳаббат нисбат ба аҳли байти Пайғамбар (с)-ро воҷиб донистаанд.

Барои таваллӣ маротибе дар назар гирифтаанд ва гуфта мешавад, аввалин ё поинтарин мартабаи он муҳаббат ва дӯст доштан аст, ки танҳо як амри қалбӣ мебошад. Ва вақте ки ин муҳаббат бо вилоятпазирӣ ё эътиқод ба сарпарастии маҳбуб ҳамроҳ шавад, болотарин мартабаи таваллӣ, ки вилоят аст, шакл мегирад.

Таъриф

Бар асоси манобеи шиа, таваллӣ ба маънои дӯстӣ бо Худованд ва авлиёи Ӯ, ба вижа Аҳли Байт (а), ва пазируфтани вилоят ва имомати онҳо мебошад.[1] Вожаи «таваллӣ» аз решаи «валӣ» ва ба маънои дӯстӣ аст.[2] Ин вожа бо калимаи «вилоят» ба маънои «ёрӣ кардан» ва «сарпарастӣ кардан» ҳамхонавода аст.[3]

Ҷойгоҳи таваллӣ дар фарҳанги шиа

«Таваллӣ» яке аз таълимот ва эътиқодоти мазҳаби шиа аст[4] ва дар канори табаррӣ, аз фурӯи дин шумурда мешавад.[5] Дар ривоятҳои шиа, бар аҳамияти таваллӣ таъкиди фаровон шудааст.[6] Кулайнӣ дар китоби ал-Кофӣ фаслеро бо унвони «Боб-ул-ҳубби фи-л-Лоҳ ва-л-буззи фи-л-Лоҳ» ба ҳадисҳои марбут ба таваллӣ ва табаррӣ ихтисос дода, ва дар маҷмуъ шонздаҳ ҳадис дар он гирд овардааст.[7]

Дар ҳадисе аз Пайғамбар (с) нақл шудааст, ки таваллӣ ва дӯст доштан барои Худо, мустаҳкамтарин ва боэътимодтарин дастгираи имон шумурда мешавад.[8] Ҳамчунин дар ҳадисҳо, муҳаббат ба Аҳли Байт (а) ва пазируфтани вилояташон, дар канори душманӣ ва безорӣ аз душманони онҳо, камоли дин муаррифӣ шудааст.[9] Дар ҳадисе аз Имом Ризо (а) муҳаббат ва пазируфтани вилояти Аҳли Байт (а) аз неъматҳое шумурда шудааст, ки дар охират, баъд аз тавҳид ва нубувват, аз он пурсиш мешавад.[10]

Воҷиб будани таваллӣ

Дар мазҳаби шиа ва низ дар миёни аҳли суннат, таваллӣ аз воҷиботи динӣ шумурда мешавад.[11] Бисёре аз муфассирон ва уламо, бо истинод ба Ояти Маваддат, муҳаббат ба аҳли байти Пайғамбар (с)-ро воҷиб донистаанд.[12] Ҳурри Омилӣ, муҳаддиси шиа, дар китоби Васоил-уш-шиа, дар фасле бо унвони «Воҷиб будани муҳаббати муъмин ва безорӣ аз кофир», ривоятҳоеро гирд оварда ва аз онҳо воҷиб будани таваллиро истинбот кардааст.[13]

Ба гуфтаи Фазл ибни Рӯзбеҳон, аз уламони аҳли суннат дар қарнҳои 9 ва 10 ҳиҷрии қамарӣ, аҳли суннат низ бар ин боваранд, ки таваллӣ ба Паёмбар ва оли ӯ ва табаррӣ аз душманони ӯ, бар ҳар муъмин воҷиб аст. Касе ки эшонро волӣ ва мудири умури худ надонад ё аз душманони онҳо табаррӣ наҷӯяд, муъмин нест.[14] Ӯ бар ин назар аст, ки имон бе муҳаббати Пайғамбар (с) ва душманӣ бо душманони ӯ комил нест ва аз он ҷо ки имомони дувоздаҳгонаи шиа низ маҳбуби Пайғамбар (с) буданд, муҳаббат ба имомон ва безорӣ аз душманони онҳо низ ҷузъи имон аст.[15]

Маротиби таваллӣ

Гуфта мешавад, аввалин мартабаи таваллӣ муҳаббат ва дӯст доштан аст, ки танҳо як амри қалбӣ мебошад. Ва вақте ки ин муҳаббат бо вилоятпазирӣ ё эътиқод ба сарпарастии маҳбуб ҳамроҳ шавад, болотарин мартабаи таваллӣ, ки вилоят аст, шакл мегирад.[16]

Таваллӣ ва табаррӣ дар дуоҳо ва зиёратномаҳо

Баъзе аз дуоҳо ва зиёратномаҳо, ки аз ҷониби имомони маъсум (а) ривоят шудаанд, дорои мазмунҳое мебошанд, ки бар таваллӣ ва табаррӣ далолат доранд.[17] Зиёрати Ошӯро намунаи барҷастае аз баёни таваллӣ ва табаррӣ дар ақоиди шиа шумурда мешавад.[18] Дар ин зиёрат, фарозҳое дар пазируфтани вилоят ва дӯстӣ бо Аҳли Байт ва низ фарозҳое дар бароат ва безорӣ аз душманони онҳо зикр шудааст.[19]

Дар баъзе фарозҳои ин зиёрат, касоне ки асоси зулмро нисбат ба Аҳли Байт (а) гузошта ва ҷойгоҳи онҳоро ғасб кардаанд, мавриди лаънат ва нафрин қарор гирифтаанд.[20] Ҳамчунин аз афроде, ки нисбат ба Имом Ҳусайн (а) зулм кардаанд, қотилони ӯ ва ҳамаи касоне, ки дар Карбало бар зидди ӯ ҷангиданд, безорӣ эълон шудааст ва онҳо лаънат ва нафрин шудаанд.[21]

Дар зиёратҳое монанди Зиёрати Ҷомеаи кабира[22] ва Зиёрати Оли Ёсин[23] низ мазмунҳое вуҷуд доранд, ки бар табаррӣ ва безорӣ аз душманони Аҳли Байт (а), ва таваллӣ ва дӯстӣ нисбат ба онҳо таъкид мекунанд.

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Барои намуна ниг.: Табрезӣ, «Сирот-ун-наҷот», 1416ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.452; Ҷамъе аз нависандагон, «Фарҳанги фиқҳи форсӣ», 1387ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.667
  2. Роғиби Исфаҳонӣ, «Муфрадот», зери вожаи «валӣ»
  3. Роғиби Исфаҳонӣ, «Муфрадот», зери вожаи «валӣ»
  4. Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор, 1390ҳ.ш., ҷ.26, саҳ.133
  5. Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор, 1390ҳ.ш., ҷ.26, саҳ.133; Алавӣ, Ақоид-ул-муъминин, 1437ҳ.қ., саҳ.214
  6. Ҷамъе аз нависандагон, Фарҳанги фиқҳи форсӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.337
  7. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.124–127
  8. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.125; Аллома Маҷлисӣ, Миръот-ул-уқул, 1404ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.260
  9. Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.27, саҳ.58
  10. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1416ҳ.қ., ҷ.24, саҳ.298–299
  11. Барои намуна ниг.: Алавӣ, Ақоид-ул-муъминин, 1437ҳ.қ., саҳ.217
  12. Барои намуна ниг.: Замахшарӣ, ал-Кашшоф, ҷ.4, саҳ.219; Фахр Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.27, саҳ.595; Алавӣ, Ақоид-ул-муъминин, 1437ҳ.қ., саҳ.214–216
  13. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1416ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.176
  14. Фазлуллоҳ ибни Рӯзбеҳон, Василат-ул-ходим ила-л-махдум, 1375ҳ.ш., саҳ.300
  15. Фазлуллоҳ ибни Рӯзбеҳон, Василат-ул-ходим ила-л-махдум, 1375ҳ.ш., саҳ.300
  16. Муртазавии Лангрӯдӣ, Таваллӣ ва табаррӣ, 1394ҳ.ш., саҳ.27
  17. Барои намуна ниг.: Ҳусайнии Занҷонӣ, Шарҳи зиёрати Ошӯро, 1388ҳ.ш., саҳ.139; Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Шарҳи зиёрати Ҷомеаи кабира, 1390ҳ.ш., саҳ.590–595
  18. Барои намуна ниг.: Ҳусайнии Занҷонӣ, Шарҳи зиёрати Ошӯро, 1388ҳ.ш., саҳ.139
  19. Барои намуна ниг.: Ҳусайнии Занҷонӣ, Шарҳи зиёрати Ошӯро, 1388ҳ.ш., саҳ.80–82
  20. Барои намуна ниг.: Ҳусайнии Занҷонӣ, Шарҳи зиёрати Ошӯро, 1388ҳ.ш., саҳ.73
  21. Барои намуна ниг.: Ҳусайнии Занҷонӣ, Шарҳи зиёрати Ошӯро, 1388ҳ.ш., саҳ.80–82 ва 139
  22. Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Шарҳи зиёрати Ҷомеаи кабира, 1390ҳ.ш., саҳ.590–595
  23. Хайёти Занҷонӣ, Гуфторе дар шарҳи ҳикмии Зиёрати Оли Ёсин, 1397ҳ.ш., саҳ.72

Сарчашма

  • Баҳронӣ, Юсуф ибни Аҳмад, «аш-Шиҳобу-с-соқиб фи баёни маъна-н-носиб», таҳқиқ: Сайид Маҳдӣ Раҷоӣ, Қум, 1377ҳ.ш.
  • Барқӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Холид, «ал-Маҳосин», таҳқиқ: Ҷалолуддини Муҳаддис, Қум, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1371ҳ.қ.
  • Табрезӣ, Мирзоҷавод, «Сирот-ун-наҷот», Қум, Нашри Салмони Форсӣ, 1416ҳ.қ.
  • Ҳусайнии Занҷонӣ, Иззуддин, «Шарҳи зиёрати Ошӯро», Машҳад, Нашри Уруҷи Андеша, 1388ҳ.ш.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, «Васоил-уш-шиа», таҳқиқ: Сайид Муҳаммадризо Ҳусайнӣ Ҷалолӣ, Қум, Муассисаи Оли Байт (а), 1416ҳ.қ.
  • Ҷамъе аз нависандагон, «Фарҳанги фиқҳи форсӣ», Қум, Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, 1387ҳ.ш.
  • Хайёти Занҷонӣ, Муҳаммад, «Гуфторе дар шарҳи ҳикмии Зиёрати Оли Ёсин», Кирмоншоҳ, Нашри Бунёни Марсус, 1397ҳ.ш.
  • Аллома Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, «Биҳор-ул-анвор», Бейрут, Муассисат-ул-Вафо, 1403ҳ.қ.
  • Аллома Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, «Миръот-ул-уқул фи шарҳи ахбори Оли-р-Расул», Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1404ҳ.қ.
  • Алавӣ, Сайид Одил, «Ақоид-ул-муъминин», Қум, Муассисаи исломии таблиғ ва иршод, 1437ҳ.қ.
  • Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Ҳусайн, «Камол-уд-дин ва тамом-ун-ниъма», таҳқиқ: Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, Нашри Исломия, чопи 2, 1395ҳ.қ.
  • Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Ҳусайн, «ал-Хисол», таҳқиқ: Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, Нашри Ҷомеаи мударрисин, чопи 1, 1362ҳ.ш.
  • Роғиби Исфаҳонӣ, Ҳусайн ибни Муҳаммад, «ал-Муфрадот фи ғариб-ил-Қуръон», Бейрут, Дор-ул-қалам, 1412ҳ.қ.
  • Замахшарӣ, «ал-Кашшоф ъан ҳақоиқи ғавомиз-ит-танзил».
  • Фахр Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, «ат-Тафсир-ул-кабир», Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1420ҳ.қ.
  • Фазлуллоҳ ибни Рӯзбеҳон, «Василат-ул-ходим ила-л-махдум: дар шарҳи салавоти чаҳордаҳ маъсум (а)», таҳқиқ: Расули Ҷаъфарён, Қум, Ансорӣён, чопи 1, 1375ҳ.ш.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, «ал-Кофӣ», таҳқиқ: Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммад Охундӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1407ҳ.қ.
  • Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Муҳаммад, «Ал-Маҳабба фӣ-л-китоб ва-с-сунна», Бейрут, Муассисаи илмӣ-фарҳангии Дор-ул-ҳадис, чопи 1, 1421ҳ.қ.
  • Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Муҳаммад, «Шарҳи зиёрати Ҷомеаи кабира», Қум, Муассисаи илмӣ-фарҳангии Дор-ул-ҳадис, 1390ҳ.ш.
  • Муртазавии Лангрӯдӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, «Таваллӣ ва табаррӣ», Теҳрон, Равоқи Андеша, 1394ҳ.ш.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, «Маҷмӯаи осор», Теҳрон, Нашри Садро, 1390ҳ.ш.