Илми ғайб
Илми ғайб (форсӣ: علم غیب) огоҳӣ нисбат ба умури пинҳон ва чизҳое, ки бо роҳҳои одии иброк қобил дарк нестанд. Мутакаллимони шиъа бо тавваҷуҳ ба оёти Қуръон ба ду навъ илми ғайби қоил шудаанд: яке илми ғайби зотӣ ва мустақил аст, ки манзур аз он навъе огоҳӣ аз ғайб аст, ки аз каси дигар гирифта намешавад. Ин навъ илми ғайб махсуси Худост. Дигар илми ғайби мустафод ё вобаста, ки аз сӯи Худо ба бархе бандагони баргузидааш дода шудааст. Олимони имомия бар ин боваранд, ки огоҳии паёмбарони Илоҳӣ ва имомони маъсум (а) аз ғайб ҳамин навъи илми ғайби мустафод ва вобаста аст, ки ба изну таълими Худованд онро ба даст меоваранд.
Иддае аз олимони ваҳҳобӣ, бо истинод ба оёте аз Қуръон, муътақиданд илми ғайб танҳо аз они Худост ва нисбат додани илми ғайб ба ғайри Худовандро муҷиби гумроҳӣ ва куфр донистаанд. Онон шиаёнро ба далели эътиқод ба илми ғайб доштани паёмбарону имомони маъсум, ба ғулув муттаҳам мекунанд. Дар муқобил, олимони имомия бо истинод ба оёте дигар гуфтаанд, ки Худованд ба бархе паёмбарону бандагони баргузидааш, илми ғайб ато мекунад.
Ба бовари имомия, илми ғайби имомон (а) ҳамонанди илми Паёмбар (с), аз ҷониби Худованд аст. Онон муътақиданд илми Илоҳӣ гоҳе аз тариқи Паёмбар ба имомон мунтақил шудааст ва гоҳе аз роҳи таҳдис ба воситаи фариштагон ё илҳом, ба ғайб огоҳӣ меёбанд. Дар бораи илми ғайби имомон, ду назари ҳаддиақалӣ ва ҳаддиаксарӣ ироа шудааст; теъдоде аз мутакаллимони имомия илми ғайби имомро ба мавориди хоссе маҳдуд донистаанд ва дар муқобил иддае дигар бо истинод ба дастае аз ривоёт, бар ин назаранд, ки илми онон шомили ҳама умуре мешавад, ки рӯй дода ё дар оянда рух хоҳад дод.
Мафҳумшиносӣ ва ҷойгоҳ
Илми ғайб огоҳӣ ба умури пинҳон ва чизҳое аст, ки бо ҳисси зоҳирӣ қобили дарк нестанд.[1] Ғайб дар луғат ба маънои чизест ки аз ҳисси зоҳирӣ пӯшида аст; дар муқобили шуҳуд, ки ба маънои чизе аст, ки бо ҳис қобили дарк аст.[2] Ғайб дар истилоҳ, чизе аст, ки шинохти он ба кумаки асбоби одӣ таҳаққуқ намепазирад.[3]
Имомия бо истинод ба бархе оёт ва ривоёт муътақиданд, ки на танҳо Пайғамбар (с), балки имомони маъсум (а) ва ҳамчунин бархе паёмбарони илоҳӣ, ба изну анояти Худованд, илми ғайб доранд.[4] Доштани чунин боварӣ сабаб шудааст, то бархе ваҳҳобиён ба шиа нисбати ғулув бидиҳанд.[5] Масаълаи илми ғайб, ақсом, маҳдуда ва кайфияти он аз ҷумла масоилест, ки мутакаллимони гузашта дар илми калом дар бораи он баҳс кардаанд[6] ва имрӯза (дар қарни понздаҳуми қамарӣ) низ дар посух ба бархе тӯҳматҳои нораво аз сӯи ваҳҳобиён ва дарки дуруст надоштани онон нисбат ба ин масаъла, мавриди мутолиаву баррасии мутакаллимони имомия қарор гирифтааст.[7]
Ақсоми илми ғайб
Илми ғайбро аз ҷиҳати тааллуқаш ба касе ки онро дорад, ба ду навъ тақсим кардаанд:
- Илми ғайби зотӣ ё мустақил:[8] манзур аз он навъе огоҳӣ аз ғайб аст, ки аз каси дигар омӯхта намешавад.[9] Ин навъи илми ғайб номаҳдуд аст ва танҳо Худованд онро дорад ва гуфта мешавад каси дигаре бо ӯ дар ин илм шарик нест.[10] Шайхи Муфид дар Авоил-ул-мақолот гуфта бархе ғолиён ва муфаввиза ин навъи огоҳӣ аз ғайбро ба имомони маъсум нисбат додаанд.[11] Ӯ ин дидгоҳро ботил донистааст.[12]
- Илми ғайби мустафод ё вобаста:[13] навъе огоҳӣ аз ғайб аст ки аз сӯи Худованд ба бархе бандагонаш дода шудааст.[14] Ҳамаи олимони имомия бар ин боваранд, ки огоҳии паёмбарони Илоҳӣ ва имомони маъсум (а) аз ғайб, аз ҳамин навъ аст, ки ба изну таълими Худованд аст ва онон ин наҳваи илми ғайбро аз Худованд дарёфт мекунанд.[15]
Эродҳо ба илми ғайби Пайғамбар (с) ва посухи шиаён
Бархе ваҳҳобиён илми ғайбро фақат аз они Худо дониста ва илми ғайби паёмбарони Илоҳӣ ва ҳатто Пайғамбар (с)-ро инкор кардаанд.[16] Абдулазиз Бинбоз, муфтии ваҳобии аҳли Арабистон, нисбат додани илми ғайб ба ғайрихудовандро мӯҷиби гумроҳӣ ва куфр ба Худованд донистааст.[17] Онон барои ин дидгоҳ ба ду даста аз оёти Қуръон дар бораи илми ғайб истинод кардаанд:
- Оёте, ки дар он Пайғамбар (с) огоҳӣ ба ғайбро аз худаш нафй кардааст;[18] монанди ояти «قُلْ لَا أَقُولُ لَکُمْ عِنْدِی خَزَائِنُ اللَّهِ وَ لَا أَعْلَمُ الْغَیْبَ; Бигӯ: ман намегӯям хазоини Худо назди ман аст ва ман аз ғайб огоҳ нестам».[19]
- Оёте, ки дар онҳо огоҳӣ ба ғайбро фақат ба Худованд нисбат додааст;[20] монанди ояти «وَ عِنْدَهُ مَفَاتِحُ الْغَیْبِ لَا یَعْلَمُهَا إِلَّا هُوَ; Ва калидҳои ғайб танҳо назди Ӯст. Ҷуз Ӯ касе онро намедонад».[21]
Барои радди ин дидгоҳ, ба оёте ҳамчун оёти 44, 179 сураи Оли Имрон ва оёти 26, 27 сураи Ҷин истинод шудааст, ки бар асоси онҳо, Худованд ба бархе аз паёмбарон ва бандагони баргузидааш илми ғайб ато кардааст.[22] Ҳамчунин гуфтаанд бо назар ба оёти Қуръон фаҳмида мешавад, ки Қуръон дар бораи ду навъ илми ғайб, яъне илми ғайби зотию мустақил ва илми ғайби мустафоду вобаста сухан ба миён овардааст. Оёте, ки илми ғайбро махсуси Худованд дониста, манзурашон ҳамон илми зотӣ ва мустақил аст, ки танҳо аз они Худост ва оёте, ки бар вуҷуди илми ғайб дар ғайри Худованд ишора мекунанд, ҳамон оётест, ки ба илми ғайби вобаставу мустафод далолат доранд; яъне ҳамон илме, ки аз сӯи Худованд ва ба изни Ӯ ба Пайғамбар (с) ва бархе дигар аз бандагони баргузидааш ато шудааст.[23]
Муртазо Мутаҳҳарӣ, рӯҳонӣ ва файласуфи шиа, барои ҷамъи байни ду даста оёт гуфтааст илми ғайб дар истилоҳи Қуръон яъне ин ки касе аз зоти худ ва бидуни омӯхтан ғайб бидонад ва лизо фақат Худо олим ба ғайб асту Пайғамбар (с) ва дигар бандагони баргузида, омӯзандаи ғайб ҳастанд, ки илми ғайбро аз Худованд дарёфт мекунанд.[24]
Илми ғайби имомон (а)
- Мақолаи аслӣ: Илми имом
Бино ба бовари имомия, илми ғайби имомон (а) ҳамонанди илми Пайғамбар (с), аз ҷониби Худованд аст.[25] Онон бар ин боваранд, ки илми Илоҳӣ гоҳе аз тариқи паёмбар ба имомон мунтақил шудааст; бад-ин сурат ки Пайғамбар (с) ин илмро аз Худованд дарёфт карда ва ба Имом Алӣ (а) таълим дода ва Имом Алӣ (а) ба Имом Ҳасан (а) таълим дода ва ба ҳамин тартиб ҳар имоме ба имом баъдӣ то охирин имом, яъне Имом Маҳдӣ (а) интиқол ёфтааст.[26] Гоҳе низ илми Илоҳӣ аз роҳҳои дигаре ба имом (а) мерасад.[27] Барои намуна бар асоси бархе ривоёте, ки дар манобеи ривоии шиа омада, Ҷабраил ахбори рӯйдодҳои ояндаро ба ҳазрати Фотима (с) гуфт ва ӯ дар Мусҳафи Фотима навишт.[28] Ҳамчунин бо тавваҷуҳ ба бархе ривоёт, имом (а) метавонад аз роҳи таҳдис ба воситаи фариштагон[29] ё илҳом, ба ғайб огоҳӣ ёбанд.[30]
Бар асоси бархе ривоёт, имом вориси илми паёмбарон[31] ва хазинадори илми Илоҳӣ[32] аст. Шиъён ба бархе ривоёт аз ҷумла ҳадиси Мадинатулъилм истинод мекунанд, ки дар он Пайғамбар (с), худашро шаҳри илм ва Имом Алӣ (а)-ро боби он муаррифӣ кардааст.[33]
Дар бораи миқдори илми ғайби имом (а) низ бархе аз мутакаллимони шиа муътақиданд, ки илми онон, маҳдуд ба мавориди хоссест.[34] Шайхи Муфид илми ғайби имомро аз авсофи зарурӣ ва шарти имомати онон надониста ва гуфтааст имомон (а) ба замири бархе инсонҳо огоҳанд ва ба бархе умуре ки ҳануз воқеъ нашуда низ илм доранд.[35] Бархе дигар бо истинод ба дастае аз ривоёт,[36] бар ин боваранд, ки илми имомон шомили тамом умурест, ки дар олам рӯй дода ё хоҳад дод.[37]
Илми ғайби дигар пайғамбарони Илоҳӣ
Бар асоси оёти 26 ва 27 сураи Ҷин, Худованд ба ҳаряк аз паёмбаронаш ки бихоҳад, илми ғайб медиҳад.[38] Ҳамчунин бар асоси дастае аз оёти Қуръон, бархе паёмбарони Илоҳӣ дар мавориде аз ғайб огоҳ буда ва ба он хабар додаанд:
Бар асоси ояти 81 сураи Ҳуд, ҳазрати Лут пеш аз он ки қавмаш ба азоби Илоҳӣ дучор шаванд, тавассути бархе фариштагони Илоҳӣ аз замони азоб бохабар гашт[39] ва ин яке аз намунаҳои ғайбдонӣ ё илми ба ғайб аст.[40]
Бар асоси ояти «وَ أُنَبِّئُکُمْ بِمَا تَأْکُلُونَ وَ مَا تَدَّخِرُونَ فِی بُیُوتِکُمْ; ва ба шумо хабар медаҳам, ки дар хонаҳоятон чӣ мехӯред ва чӣ захира мекунед»,[41] тавоноӣ бар хабар додан аз асрори ниҳонии мардум аз сӯи ҳазрати Исо ва огоҳ будани вай ба асрори ғайбӣ яке аз муъҷизаҳову нишонаҳои ҳаққонияти вай барои қавми худаш будааст.[42]
Мутобиқи ояти 45 сураи Оли Имрон, Худованд аз тариқи фириштае, ҳазрати Марямро ба таваллуди фарзандаш ҳазрати Исо башорат дод ва ӯро аз он огоҳ сохт.[43]
Бар асоси ояти «تِلْکَ مِنْ أَنْبَاءِ الْغَیْبِ نُوحِیهَا إِلَیْکَ; ин аз ахбори ғайб аст, ки ба ту ваҳй мекунем»,[44] вақте Худованд дар Қуръон саргузашти қавми Нӯҳро ба паёмбари Ислом (с) ваҳй мекунад ва ӯву қавми вайро бар аҳволи онон бохабар мегардонад, мегӯяд ин аз ахбори ғайбест, ки бар ӯ ваҳй кардааст.[45]
Ҷусторҳои вобастаи
Эзоҳ
- ↑ Аминӣ, ал-Ғадир, 1416ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.52
- ↑ Турайҳӣ, Маҷмаъ-ул-баҳрайн, 1375ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.134 - 135; Роғиб, ал-Муфрадот, 1412ҳ.қ., саҳ.616
- ↑ Муғния, ат-Тафсир-ул-кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.44; Субҳонӣ, Мафоҳим-ул-Қуръон, 1420ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.402 - 407
- ↑ Аллома Маҷлисӣ, Миръот-ул-уқул, 1404ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.115; Аминӣ, ал-Ғадир, 1416ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.53
- ↑ Барои намуна ниг.: Илоҳӣ Заҳир, аш-Шиъату ва-с-сунна, 1396ҳ.қ., саҳ.68 - 70; Ғунаймон, Илм-ул-ғайби фи-ш-шариъат-ил-исломия, 1425ҳ.қ., саҳ.10
- ↑ Барои намуна ниг.: Шайхи Муфид, Авоил-ул-мақолот, 1413ҳ.қ., саҳ.313
- ↑ Аминӣ, ал-Ғадир, 1416ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.52; Раббонии Гулпойгонӣ, Даромаде ба шиашиносӣ, 1385ҳ.ш., саҳ.317
- ↑ Шайхи Муфид, Авоил-ул-мақолот, 1413ҳ.қ., саҳ.67 ва 313
- ↑ Субҳонӣ, Ҷидоли аҳсан, 1390ҳ.ш., саҳ.98 - 99
- ↑ Шайхи Муфид, Авоил-ул-мақолот, саҳ.67; Субҳонӣ, Ҷидоли аҳсан, 1390ҳ.ш., саҳ.98 - 99
- ↑ Шайхи Муфид, Авоил-ул-мақолот, 1413ҳ.қ., саҳ.67
- ↑ Шайхи Муфид, Авоил-ул-мақолот, 1413ҳ.қ., саҳ.67
- ↑ Шайхи Муфид, Авоил-ул-мақолот, 1413ҳ.қ., саҳ.67 ва 313
- ↑ Субҳонӣ, Ҷидоли аҳсан, 1390ҳ.ш., саҳ.100
- ↑ Шайхи Муфид, Авоил-ул-мақолот, 1413ҳ.қ., саҳ.67; Субҳонӣ, Илми ғайб (огоҳии сеюм), 1375ҳ.ш., саҳ.63 - 64
- ↑ Барои намуна ниг.: Бенбоз, Маҷмуи фатовои Бенбоз, 2008м, ҷ.3, саҳ.97; Заҳири Илоҳӣ, аш-Шиъату ва-с-сунна, 1396ҳ.қ., саҳ.68
- ↑ Бенбоз, Маҷмуи фатовои Бенбоз, 2008м, ҷ.3, саҳ.97
- ↑ Бенбоз, Маҷмуи фатовои Бенбоз, 2008м, ҷ.3, саҳ.97; Заҳири Илоҳӣ, аш-Шиъату ва-с-сунна, 1396ҳ.қ., саҳ.68
- ↑ сураи Анъом, ояти 50; Бенбоз, Маҷмуи фатовои Бенбоз, 2008м, ҷ.3, саҳ.97; Заҳири Илоҳӣ, аш-Шиъату ва-с-сунна, 1396ҳ.қ., саҳ.68
- ↑ Бенбоз, Маҷмуи фатовои Бенбоз, 2008м, ҷ.3, саҳ.97; Заҳири Илоҳӣ, аш-Шиъату ва-с-сунна, 1396ҳ.қ., саҳ.68
- ↑ Бенбоз, Маҷмуи фатовои Бенбоз, 2008м, ҷ.3, саҳ.97; Заҳири Илоҳӣ, аш-Шиъату ва-с-сунна, 1396ҳ.қ., саҳ.68
- ↑ Намозии Шоҳрӯдӣ, Илми ғайб, 1393ҳ.ш., саҳ.31 - 34; Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор, 1390ҳ.ш., ҷ.27, саҳ.828
- ↑ Барои намуна ниг.: алломаи Аминӣ, ал-Ғадир, 1416ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.57 - 58; Субҳонӣ, Ҷидоли аҳсан, 1390ҳ.ш., саҳ.98 - 100; Субҳонӣ, Илми ғайб (огоҳии сеюм), 1375ҳ.ш., саҳ.63 - 64
- ↑ Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор, 1390ҳ.ш., ҷ.27, саҳ.828
- ↑ Харрозӣ, Бидоят-ул-маориф, 1429ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.46
- ↑ Харрозӣ, Бидоят-ул-маориф, 1429ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.46
- ↑ Харрозӣ, Бидоят-ул-маориф, 1429ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.47
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.239 - 240
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.239 - 270
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.264
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.470
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.192
- ↑ Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1416ҳ.қ., ҷ.27, саҳ.34
- ↑ Ҳиллӣ, Аҷвибат-ул-масоил, саҳ.148
- ↑ Шайхи Муфид, Авоил-ул-мақолот, 1413ҳ.қ., саҳ.67
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.258 - 262
- ↑ Музаффар, Илм-ул-имом, Мактабат-ул-ҳайдария, саҳ.23
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1363ҳ.ш., ҷ.20, саҳ.53
- ↑ сураи Ҳуд, ояти 81
- ↑ Нодим, Илми ғайб аз нигоҳи ақлу ваҳй, 1395ҳ.ш., саҳ.130
- ↑ сураи Оли Имрон, ояти 49
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.556
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.547
- ↑ сураи Ҳуд, ояти 49
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1363ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.190
Сарчашма
- Аллома Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Миръот-ул-уқул, Қум, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1404ҳ.қ.
- Аминӣ, Абдулҳусайн, ал-Ғадир, Қум, Марказу ал-Ғадири ли-д-диросот-ил-исломия, 1416ҳ.қ.
- Бенбоз, Абдулъазиз ибни Абдуллоҳ, Маҷмуи фатовои Бенбоз, беҷо, Дор-ул-қосими ли-н-нашр, 2008.
- Илоҳии Заҳир, Эҳсон, аш-Шиъату ва-с-сунна, Лоҳур, 1396ҳ.қ.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳи Алиакбари ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1407ҳ.қ.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1374ҳ.ш.
- Музаффар, Муҳаммадҳусайн, Илм-ул-имом, Наҷаф, Мактабат-ул-ҳайдария, бе то.
- Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Маҷмуаи осор, Қум, интишороти Садро, 1390ҳ.ш.
- Муғния, Муҳаммадҷавод, ат-Тафсир-ул-кошиф, Қум, Дор-ул-китоб-ил-исломӣ, 1424ҳ.қ.
- Намозии Шоҳрӯдӣ, Алӣ, Илми ғайб, Машҳад, нашри Вилоят, 1393ҳ.ш.
- Нодим, Муҳаммадҳасан, Илми ғайб аз нигоҳи ақлу ваҳй, Қум, Донишгоҳи адёну мазоҳиб, 1395ҳ.ш.
- Раббонии Гулпойгонӣ, Алӣ, Даромаде ба шиашиносӣ, Қум, Маркази ҷаҳонии улуми исломӣ, 1385ҳ.ш.
- Роғиби Исфаҳонӣ, Ҳусайн ибни Муҳаммад, ал-Муфрадоти фи ғариб-ил-Қуръон, таҳқиқи Сафавон Аданони Довӯдӣ, Димишқ ва Бейрут, ид-Дор-уш-шомияти ва Дор-ул-илм, 1412ҳ.қ.
- Субҳонӣ, Ҷаъфар, Илми ғайб (огоҳии сеюм), Қум, Муассисаи Имом Содиқ (а), 1386ҳ.ш.
- Субҳонӣ, Ҷаъфар, Мафоҳим-ул-Қуръон, Қум, муассисаи Имом Содиқ (а), 1420ҳ.қ.
- Субҳонӣ, Ҷаъфар, Ҷидоли аҳсан, Теҳрон, Нашри машъар, 1390ҳ.ш.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизони фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, интишороти Исмоилиён, 1363ҳ.ш.
- Турайҳӣ, фахриддин, Маҷмаъ-ул-баҳрайн, таҳқиқи Сайид Аҳмади Ҳусайнӣ, Теҳрон, Китобфурӯшии Муртазавӣ, чопи сеюм, 1375ҳ.ш.
- Харрозӣ, Муҳсин, Бидоят-ул-маориф-ил-илоҳияти фи шарҳи ақоид-ил-имомияти ли-л-Музаффар, Қум, Нашри исломӣ, 1420ҳ.қ.
- Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Авоил-ул-мақолот, Қум, 1413ҳ.қ.
- Ғунаймон, Аҳмад ибни Абдуллоҳ, Илм-ул-ғайби фи-ш-шариъат-ил-исломия, Мадина, ал-Ҷомеъат-ул-исломия, 1425ҳ.қ.
- Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Аҷвибат-ул-масоили ал-муҳанноия, Муқаддама: Муҳйиддини Момақонӣ, Қум, Хайём, 1401ҳ.қ.
- Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиъа, тасҳеҳи Сайид Муҳаммадризо Ҳусайнии Ҷалолӣ, Қум, интишороти муассисаи Оли-л-Байт (а), 1416ҳ.қ.