Ҳадиси Асҳобӣ каннуҷум
Ҳадиси «Асҳобӣ каннуҷум», бахше аз хатти Ҳошим ал-Бағдодӣ дар соли 1382ҳ.қ. | |
| Номҳои дигар | Ҳадиси Иқтидо ва эҳтидо |
|---|---|
| Мавзуъ | Мақоми саҳоба дар ҳидоят |
| Содиршуда аз | Мансуб ба Пайғамбари Ислом (с) |
| Эътибори санад | Заиф |
| Сарчашмаи шиа | Басоир-уд-дараҷот, Уюну ахбор-ир-Ризо (а) |
| Сарчашмаи суннӣ | Мунтахаб-ул-муснад, ал-Ибонат-ул-кубро, ал-Мадхал ила-с-сунан, Муснад-уш-шиҳоб |
Ҳадиси Асҳобӣ каннуҷум (форсӣ: حدیث اَصحابی کَالنُجوم) ё Ҳадиси Иқтидо ва эҳтидо (форсӣ: حدیث اِقتِدا و اِهتِدا) ривоятест, ки ба Пайғамбари Ислом (с) нисбат дода мешавад ва уламои аҳли суннат аз он зарурати пайравии бечунучаро аз cаҳоба ва адолати ҳамаи онҳоро бардошт мекунанд.
Уламои шиа ва бархе аз уламои аҳли суннат ин ривоятро заиф ва сохтакорӣ медонанд. Ба эътиқоди шиа, саҳеҳ донистани ин ривоят ба маънои исмати ҳамаи саҳоба аст, ки бо таваҷҷуҳ ба ихтилофоти амиқи миёни онҳо қобили қабул нест. Ҳамчунин, ин ривоят бо оятҳо ва ривоятҳое, ки дар онҳо амалкарди бархе саҳоба мазаммат шудааст, созгорӣ надорад. Дар интиқоди ин ривоят осоре аз ҷониби уламои шиа ва суннӣ навишта шудааст.
Ба бовари уламои шиа, ин ривоят дар сурати саҳеҳ будан танҳо метавонад дар бораи бархе аз саҳоба, ки пас аз Пайғамбар (с) аз роҳи ӯ бероҳа нашуданд, саҳеҳ бошад. Ду нақл барои ин ҳадис дар манобеи шиа вуҷуд дорад, ки Аҳли Байт (а)-ро мисдоки саҳобаҳое, ки мояи ҳидоятанд, муаррифӣ кардаанд.
Санаде барои исботи адолати саҳоба
Ҳадиси Асҳобӣ каннуҷум ё ҳадиси Иқтидо ва эҳтидо, ривоятест, ки аз Пайғамбари Ислом (с) нақл шудааст ва ба мақоми саҳоба дар ҳидояти мардум ишора мекунад.[1] Нахустин нақлкунандаи ин ҳадис аз аҳли суннат Ибни Ҳумайд[2] (ваф.290ҳ.қ.) дониста шудааст.[3]
Гуфта шудааст, ки ин ривоят асоси бархе аз боварҳои аҳли суннат аст, монанди исботи саҳеҳ будани пайравии бечунучаро аз саҳоба,[4] марҷият ва намуна будани ҳамаи саҳоба,[5] пок будани ҳамаи саҳоба,[6] мадҳшуда будани ҳамаи саҳоба,[7] бартарии саҳаба бар дигар мардум[8] ва адолати ҳамаи саҳаба.[9] Албатта, бархе гуфтаанд, ки мақсуди ин ривоят саҳеҳ будани иқтидо ба саҳаба дар нақл ва пазируфтани чизест, ки онҳо нақл мекунанд, на иқтидо дар фатво.[10]
Рӯйкарди уламои шиа
Уламои шиа ин ривоятро ба сабаби заъфи санадӣ, мухолифат бо таърих ва далелҳои қатъии ақлӣ ва нақлӣ, сохта донистаанд.[11] Ба назари онҳо, агар ин ҳадис саҳеҳ ҳам бошад, маънои он наметавонад шомили ҳамаи саҳоба бошад, балки маҳдуд ба афроди хоссе аст, ки иборатанд аз Имом Алӣ (а), Имом Ҳасан ва Имом Ҳусайн.[12]
Тафовути матни ривоят дар манобеи шиа ва суннӣ
Ҳадиси Иқтидо ва эҳтидо бо ибораҳои гуногун дар манобеи аҳли суннат нақл шудааст:
- إنّما اصحابی کالنجوم بأَیهم اقتَدَیتُم اهتَدَیتم «Иннама асҳобӣ каннуҷум, би аййиҳим иқтадайтум иҳтадайтум»[13] (Ҳамоно асҳоби ман монанди ситорагонанд; ба ҳар кадом иқтидо кунед, ҳидоят хоҳед ёфт.)
- إنَّ أصحابی بِمَنزِلَةِ النُجومِ فِی السماء، فَأَیما أَخَذتُم بِه اِهْتَدَیتُم «Инна асҳобӣ биманзилат-ин-нуҷум фи-с-само, фа аййумо ахазтум биҳ иҳтадайтум»[14] (Ҳамоно асҳоби ман дар ҷойгоҳи ситорагон дар осмонанд, ки бо тамассук ба онҳо ҳидоят хоҳед ёфт.)
- مَثَلُ أَصحابی مَثَلُ النُجوم، مَن اقْتَدی بِشَیءٍ مِنها اِهتَدی «Масалу асҳобӣ масал-ун-нуҷум, ман иқтадо бишайъин минҳо иҳтадо»[15] (Мисоли асҳоби ман мисоли ситорагон аст; ҳар кас ба яке аз онҳо иқтидо кунад, ҳидоят хоҳад ёфт.)
Гуфта шудааст, ки нақли охир машҳуртарин нақли ин ривоят аст;[16] гарчи ин ихтилофоти андаки таъбирӣ, тағйире дар мафҳуми он эҷод намекунад.[17]
Таъини Аҳли Байт ҳамчун мисдоқи саҳоба дар нақлҳои шиа
Ин ривоят бо мазмуни мутафовит дар манобеи шиа низ нақл шудааст:
- Муҳаммад ибни Ҳасани Саффор (ваф.290ҳ.қ.), дар китоби Басоир-уд-дараҷот: Дар ин нақл, Пайғамбари Ислом пас аз тавсия ба амал ба Қуръон ва суннати худ, дар марҳилаи баъдӣ сухани асҳобашро меъёри амал муаррифӣ мекунад ва баён мекунад, ки асҳоби ман монанди ситорагон василаи ҳидоятанд. Вақте аз он ҳазрат пурсида мешавад, ки ин асҳоб кистанд, мефармоянд: «Аҳли Байтам».[18]
- Шайх Садуқ (ваф.381ҳ.қ.), дар китоби Уюну ахбор-ир-Ризо (а): Дар ин нақл, саҳеҳ будани ин ҳадис аз Имом Ризо (а) мавриди пурсиш қарор мегирад ва эшон мурод аз асҳобро касоне медонанд, ки пас аз Пайғамбар (с) дар онҳо тағйир ва табдил сурат нагирифт.[19]
Гуфта шудааст, ки бар асоси ин ривоятҳо, танҳо Аҳли Байт (а) метавонанд масдоқи асҳоб дар ин ривоят бошанд ва ривоятҳое монанди ҳадиси Сафина, ҳадиси Сақалайн ва ҳадиси Кисо тасдиқкунандаи ин амр мебошанд.[20] Дар бархе манобеи аҳли суннат низ ба ҷойи «асҳобӣ каннуҷум», ибораи «аҳли байтӣ каннуҷум, би аййиҳим иқтадайтум иҳтадайтум» омадааст.[21]
Эшколоти муҳтавои ривоят
Уламои шиа дар радди бардоште, ки аз ривояти «Асҳобӣ каннуҷум» шудааст, истидлолҳое баён кардаанд, ки метавон онҳоро ба се гурӯҳи куллӣ тақсим кард:
- Қабули муҳтавои ривоят ва лозимаҳои он, мисли исмат, адолат ва ҳидоятгарии ҳамаи саҳоба, ба далели ихтилоф ва таноқузҳои рафторӣ миёни саҳоба, ки ҳатто ба шакли ҷанг ва хунрезии якдигар низ будааст, мумкин нест.[22]
- Муҳтавои ин ривоят бо оятҳое аз Қуръони карим монанди оятҳои 15 ва 16 сураи Анфол, оятҳои 16, 23, 24, 25, 38, 86, 87 ва 107 сураи Тавба ва оят 11 сураи Ҷумъа ки ба мазаммати саҳоба мепардозанд ва аз вуҷуди мунофиқон миёни онҳо сухан мегӯянд, қобили ҷамъ нест.[23]
- Ин ҳадис бо ривоятҳое, ки аз Расули Худо (с) дар манъ аз иқтидо ба саҳоба[Ёддошт 1], иртидоди бархе аз саҳоба[Ёддошт 2], ривоятҳое ки шомили эътирофи саҳоба ба ҷаҳли худ дар аҳкоми дин,[24] адами пойбандии онҳо ба дин[25] ва бидъатгузор будани онҳо[26] нақл шудааст, таоруз дорад.[27]
Сохтагӣ ва заиф будани ривоят аз назари уламои аҳли суннат
Бархе аз уламои аҳли суннат монанди Ибни Ҳазм (ваф.456ҳ.қ.),[28] Ибни Абдулбарри Қуртубӣ (ваф.463ҳ.қ.),[29] Ибни Қудома (ваф.620ҳ.қ.),[30] Абуҳайён Андалусӣ (ваф.745ҳ.қ.),[31] Ибни Қаййим Ҷавзия (ваф.751ҳ.қ.),[32] Ибни Абилъиззи Ҳанафӣ (ваф.792ҳ.қ.)[33] ва Муҳаммад Носируддин Албонӣ (ваф.1429ҳ.қ.)[34] ривояти «Асҳобӣ каннуҷум»-ро сохта, ғайримуътабар, ботил ва дурӯғ донистаанд.
Бархеи дигар монанди Байҳақӣ (ваф.458ҳ.қ.),[35] Ибни Таймия (ваф.728ҳ.қ.),[36] Ибни Мулаққан (ваф.804ҳ.қ.),[37] Саховӣ (ваф.902ҳ.қ.)[38] ва Муборакфурӣ (муҳаддис, фақеҳ ва олими қарни сенздаҳуми ҳиҷрӣ дар нимҷазираи Ҳинд, ваф.1353ҳ.қ.),[39] ривоятро дорои заъфи ҷиддӣ ва нақлшуда дар китобҳои ғайримуътабар медонанд.
Ҳамчунин гуфта шудааст, ки риҷолиёни аҳли суннат бархе аз ровиёни ин ривоятро заиф ва сохтакор шумурдаанд.[40]
Такнигорӣ

Уламои шиа китобҳои мустақиллеро дар нақди Ҳадиси Иқтидо ва эҳтидо навиштаанд:[41]
- Аҳмад ибни Алии Наҷошӣ китоберо бо унвони «Масъала фи қавл-ин-набӣ Асҳобӣ каннуҷум» ба Шайх Муфид нисбат додааст.[42] Гуфта шудааст, ки ин китоб имрӯз дастрас нест, аммо бар асоси унвони он, ҳадс зада мешавад, ки Шайх Муфид ин ҳадисро сохта намедонистааст.[43]
- Оқобузурги Теҳронӣ аз китобе бо унвони «Шарҳи ҳадиси Асҳобӣ каннуҷум би аййиҳим иқтадайтум иҳтадайтум» ёд мекунад, ки нависандаи он ношинос аст.[44] Ба гузориши ӯ, дар ин китоб ба сохтагӣ ва ботил будани ин ҳадис истидлол шудааст.[45]
- Сайид Алии Милонӣ, каломпажӯҳи шиа низ китоберо бо унвони «Асҳобӣ каннуҷум» навиштааст. Ӯ дар ин китоб дар баробари баррасии санадӣ ва муҳтавои ин ҳадис, ба нақди он пардохтааст.[46]
- Китоби «Назаратун фи ҳадиси Асҳобӣ каннуҷум» низ асари Солеҳ ибни Саид ибни Ҳалабӣ, аз нависандагони аҳли суннат аст. Нависанда дар ин китоб шаш ривоят бо ин муҳтаво нақл карда ва ба нақди санадии онҳо ва исботи сохтагии онҳо бар асоси назари уламои аҳли суннат пардохтааст.[47]
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Субҳонӣ, Илоҳиёт, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.443; Туркошванд, «Нақд ва баррасии санадӣ ва далолии ҳадиси Асҳобӣ каннуҷум», саҳ.132
- ↑ Ибни Ҳумайд, Мунтахаб-ул-муснад, 1408ҳ.қ., саҳ.215
- ↑ Бустонӣ, «Воковии рӯйкарди шиа ба ҳадиси «Асҳобӣ каннуҷум»», саҳ.160
- ↑ Замахшарӣ, ал-Кашшоф, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.628
- ↑ Ибни Асокир, Табйину кизб-ил-муфтарӣ, 1404ҳ.қ., саҳ.420
- ↑ Ғазолӣ, ал-Иқтисод фи-л-эътиқод, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.131–132
- ↑ Рафеӣ Ҳусайнӣ, ал-Бурҳон, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.23
- ↑ Ҳайсамӣ, Маҷмаъ-уз-завоид, 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.615
- ↑ Сафоринӣ, Лавомеъ-ул-анвор, 1402ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.53
- ↑ Айнӣ, Умдат-ул-қорӣ, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.10, саҳ.202; Ибни Абдулбарр, ал-Истизкор, 1421ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.7
- ↑ Ибни Шозон, ал-Изоҳ, 1363ҳ.ш., саҳ.521; Шайх Муфид, ал-Ифсоҳ, 1414ҳ.қ., саҳ.49; Абуссалоҳ Ҳалабӣ, Тақриб-ул-маориф, 1404ҳ.қ., саҳ.393–397; Кароҷакӣ, ат-Тааҷҷуб, 1421ҳ.қ., саҳ.94
- ↑ Шайх Тӯсӣ, Талхис-уш-шофӣ, 1383ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.249; Ибни Товус, ат-Тароиф, 1400ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.523; Қумии Шерозӣ, ал-Арбаин, 1418ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.305; Шуштарӣ, ас-Саворим-ул-муҳриқа, 1367ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.5
- ↑ Ибни Батта Укбарӣ, ал-Ибонат-ул-кубро, 1426ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.210
- ↑ Байҳақӣ, ал-Мадхал ила-с-сунан, 1437ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.580
- ↑ Қазоӣ, Муснад-уш-шиҳоб, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.275
- ↑ Туркошванд, «Нақд ва баррасии санадӣ ва далолии ҳадиси «Асҳобӣ каннуҷум», саҳ.132
- ↑ Туркошванд, «Нақд ва баррасии санадӣ ва далолии ҳадиси «Асҳобӣ каннуҷум», саҳ.132
- ↑ Саффор, Басоир-уд-дараҷот, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.11
- ↑ Шайх Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.87
- ↑ Туркошванд, «Нақд ва баррасии санадӣ ва далолии ҳадиси «Асҳобӣ каннуҷум», саҳ.140
- ↑ Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Лисон-ул-мизон, 2002 м., ҷ.1, саҳ.404; Заҳабӣ, Муъҷам-уш-шуюх-ил-кабир, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.43
- ↑ Ибни Ҳайюн, Даоим-ул-Ислом, 1385ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.87; Абуссалоҳ Ҳалабӣ, Тақриб-ул-маориф, 1404ҳ.қ., саҳ.393 ва 396–397; Кароҷакӣ, ат-Тааҷҷуб мин ағлот-ил-омма, 1421ҳ.қ., саҳ.95; Ибни Товус, ат-Тароиф, 1400ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.523; Омилӣ Наботӣ, ас-Сирот-ул-мустақим, 1384ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.146; Шуштарӣ, ас-Саворим-ул-муҳриқа, 1367ҳ.қ., саҳ.5
- ↑ Шайх Муфид, ал-Ифсоҳ фи-л-имома, 1413ҳ.қ., саҳ.54–63; Абуссалоҳ Ҳалабӣ, Тақриб-ул-маориф, 1404ҳ.қ., саҳ.393–394
- ↑ Ниг.: Тафтозонӣ, Шарҳ-ул-мақосид, 1401ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.294; Ҳанафӣ, Фалак-ун-наҷот, 1418ҳ.қ., саҳ.149
- ↑ Доримӣ, Сунан, 1349ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.51; Табаронӣ, ал-Муъҷам-ул-кабир, 1405ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.359
- ↑ Сархасӣ, ал-Мабсут, Дор-ул-маърифа, ҷ.24, саҳ.7
- ↑ Шайх Муфид, ал-Ифсоҳ фи-л-имома, 1413ҳ.қ., саҳ.49 ва 54; Абуссалоҳ Ҳалабӣ, Тақриб-ул-маориф, 1404ҳ.қ., саҳ.394–396; Музаффар, Далоил-ус-сидқ, 1422ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.433–434
- ↑ Ибни Ҳазм, ал-Иҳком фи усул-ил-аҳком, 1404ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.61
- ↑ Ибни Абдулбарри Қуртубӣ, Ҷомеу баён-ил-илми ва фазлиҳ, 1398ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.90–91
- ↑ Ибни Қудома, ал-Мунтахаб мин илал-ил-хилол, Дор-ур-роя, ҷ.1, саҳ.143
- ↑ Абуҳайён, ал-Баҳр-ул-муҳит, 1420ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.582
- ↑ Ибни Қаййим, Эълом-ул-муваққиин, 1411ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.171
- ↑ Ибни Абилъизз, Шарҳ-ут-таҳовия, 1418ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.132
- ↑ Албонӣ, Сифату салот-ун-набӣ (с), Мактабат-ул-маориф, саҳ.49
- ↑ Байҳақӣ, ал-Мадхал ило илм-ис-сунан, 1437ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.581
- ↑ Ибни Таймия, Минҳоҷ-ус-сунна, 1406ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.364
- ↑ Ибни Мулаққан, ал-Бадр-ул-мунир, 1426ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.584
- ↑ Саховӣ, ал-Мақосид-ул-ҳасана, 1375ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.27
- ↑ Муборакфурӣ, Туҳфат-ул-аҳвазӣ, 1410ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.155
- ↑ Туркошванд, «Нақд ва баррасии санадӣ ва далолии ҳадиси «Асҳобӣ каннуҷум», саҳ.135–136
- ↑ Бустонӣ, «Воковии рӯйкарди шиа ба ҳадиси «Асҳобӣ каннуҷум»», саҳ.161
- ↑ Наҷошӣ, ар-Риҷол, 1416ҳ.қ., саҳ.402
- ↑ Бустонӣ, «Воковии рӯйкарди шиа ба ҳадиси «Асҳобӣ каннуҷум»», саҳ.161
- ↑ Оқобузург Теҳронӣ, аз-Зариа, 1408ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.188
- ↑ Теҳронӣ, аз-Зариа, 1408ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.188
- ↑ Ҳусайнии Милонӣ, Асҳобӣ каннуҷум, 1429ҳ.қ., саҳ.11–13
- ↑ Ҳалабӣ, Назаротун фи ҳадиси Асҳобӣ каннуҷум, 1390ҳ.қ., саҳ.134–142
Ёддошт
- ↑ Ривоятҳое монанди: تَکونُ بَینَ أصحابی فِتنةٌ یغفِر اللهُ لهم لسابِقَتهم، اِنْ اقْتَدی بِهم قومٌ مِن بَعدِهم کَبَّهُم الله تعالی فی نار جهنم «Такуну байна асҳобӣ фитнатун, яғфираллоҳу лаҳум собиқатаҳум, ин иқтадо биҳим қавмун мин баъдиҳим каббахумуллоҳу таоло фи нори ҷаҳаннам»; Миёни асҳоби ман фитнае хоҳад буд, аммо Худованд ба хотири собиқа[-и имонашон] онҳоро мебахшад. Аммо ҳар қавме пас аз онҳо ба эшон иқтидо кунад, Худованд он қавмро ба оташ меафканад (Муттақии Ҳиндӣ, Канз-ул-уммол, 1998м., ҷ.11, саҳ.87).
- ↑ Ривоятҳое монанди: ривояти «Зот-уш-шимол» ки дар он Пайғамбари Ислом (с) аз бозгашт ва иртидоди бархе аз саҳоба пас аз вафоти худ ва қарор гирифтани онҳо дар зумраи асҳоби шимол хабар медиҳад (Тирмизӣ, Сунан, 1403ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.4; Ҳокими Нишопурӣ, ал-Мустадрак, 1411ҳ.қ., ҷ.34, саҳ.8).
Сарчашма
- Абуссалоҳ Ҳалабӣ, Тақӣ ибни Наҷм, Тақриб-ул-маориф, бидуни ҷой, Матбаат-ул-ҳодӣ, 1417ҳ.қ.
- Абуҳайён, Муҳаммад ибни Юсуф, ал-Баҳр-ул-муҳит фи-т-тафсир, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1420ҳ.қ.
- Айнӣ, Бадруддин, Умдат-ул-қорӣ шарҳу Саҳиҳ-ил-Бухорӣ, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бидуни таърих.
- Албонӣ, Муҳаммад, Сифату салот-ун-набӣ (с), Риёз, Мактабат-ул-маориф, бидуни таърих.
- Байҳақӣ, Аҳмад ибни Ҳусайн, ал-Мадхал ила-с-сунан-ил-кубро, Қоҳира, Дор-ул-юсри ли-т-тавзиъ ва-н-нашр, 1437ҳ.қ.
- Бустонӣ, Қосим, «واکاوی رویکرد شیعه به حدیث «أصحابی کالنجوم»», дар маҷаллаи Омӯзаҳои ҳадисӣ, №11, баҳор ва тобистони 1401ҳ.ш.
- Доримӣ, Абдуллоҳ ибни Раҳмон, Сунан, Димишқ, Матбаат-ул-эътидол, 1349ҳ.қ.
- Замахшарӣ, Маҳмуд ибни Умар, ал-Кашшоф ан ҳақоиқи ғавомиз-ит-танзил ва уюн-ил-ақовил фи вуҷуҳ-ит-таъвил, Қоҳира, Дор-ур-райён, 1407ҳ.қ.
- Заркашӣ, Муҳаммад ибни Баҳодур, ал-Бурҳон фи улум-ил-Қуръон, Бейрут, Дор-ул-маърифа, 1391ҳ.қ.
- Заҳабӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Муъҷам-уш-шуюх-ил-кабир, Тоиф, Мактабат-ус-сиддиқ, 1408ҳ.қ.
- Заҳабӣ, Муҳаммад Ҳусайн, ат-Тафсир ва-л-муфассирун, Қоҳира, Мактабат-ул-ваҳба, 1421ҳ.қ.
- Ибни Абдулбар ан-Намирӣ ал-Қуртубӣ, Юсуф, ал-Истизкор, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1421ҳ.қ.
- Ибни Абдулбар, Юсуф, Ҷомеу баён-ил-илми ва фазлиҳ, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1398ҳ.қ.
- Ибни Абилъизз ал-Ҳанафӣ, Алӣ ибни Алӣ, Шарҳ-ут-таҳовия фи-л-ақидат-ис-салафия, Арабистон, Вазорати умури исломӣ, 1418ҳ.қ.
- Ибни Асокир, Табйину кизб-ил-муфтарӣ: фимо насаба ило ал-Имом ал-Ашъарӣ, Бейрут, Дор-ул-китоб-ил-арабӣ, 1404ҳ.қ.
- Ибни Батта Укбарӣ, Убайдуллоҳ ибни Муҳаммад, ал-Ибонат-ул-кубро, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1426ҳ.қ.
- Ибни Мулаққан, Умар ибни Алӣ, ал-Бадр-ул-мунир фи тахриҷ-ил-аҳодис ва-л-осор-ил-воқиати фи-ш-шарҳ-ил-кабир, Риёз, Дор-ул-ҳиҷра, 1426ҳ.қ.
- Ибни Таймия, Аҳмад ибни Абдулҳалим, Минҳоҷ-ус-суннат-ин-набавия, таҳқиқи Муҳаммад Рашод Солеҳ, бидуни ҷой, Донишгоҳи Имом Муҳаммад ибни Сауд, 1406ҳ.қ.
- Ибни Товус, Алӣ ибни Мӯсо, ат-Тароиф фи маърифати мазоҳиб-ит-тавоиф, Қум, Хайём, 1400ҳ.қ.
- Ибни Шозон, Фазл, ал-Изоҳ, Теҳрон, Нашри Донишгоҳи Теҳрон, 1363ҳ.ш.
- Ибни Қаййим, Муҳаммад ибни Абибакр, Эълом-ул-муваққиин ан Рабб-ил-оламин, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1411ҳ.қ.
- Ибни Қудома, Абдуллоҳ ибни Аҳмад, ал-Мунтахаб мин илал-ил-хилол, Урдун, Дор-ур-роя, бидуни таърих.
- Ибни Ҳазм, Алӣ ибни Аҳмад, ал-Иҳком фи усул-ил-аҳком, Қоҳира, Дор-ул-ҳадис, 1404ҳ.қ.
- Ибни Ҳайюн, Нуъмон ибни Муҳаммад, Даоим-ул-Ислом, Қум, Оли Байт (а), 1385ҳ.қ.
- Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Лисон-ул-мизон, Бейрут, Дор-ул-башоир-ил-исломия, 2002 м.
- Ибни Ҳумайд, Абд, Мунтахаб-ул-муснад, бидуни ҷой, Мактабат-ун-наҳзат-ил-арабия, 1408ҳ.қ.
- Кароҷакӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, ат-Тааҷҷуб мин ағлот-ил-омма фи масъалат-ил-имома, Қум, Дор-ул-ғадир, 1421ҳ.қ.
- Муборакфурӣ, Туҳфат-ул-аҳвазӣ бишарҳи ҷомеъ-ит-Тирмизӣ, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1410ҳ.қ.
- Музаффар, Муҳаммадҳасан, Далоил-ус-сидқ ли Наҳҷи ал-Ҳақ, Қум, Оли Байт (а), 1422ҳ.қ.
- Муттақии Ҳиндӣ, Алӣ ибни Ҳусомуддин, Канз-ул-уммол фи сунан-ил-ақвол ва-л-афъол, Бейрут, Муассисаи ар-Рисола, 1998 м.
- Наҷошӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ар-Риҷол, Қум, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, 1416ҳ.қ.
- Омилӣ Наботӣ, Алӣ ибни Муҳаммад ибни Алӣ, ас-Сирот-ул-мустақим ило мустаҳаққ-ит-тақдим, Наҷаф, Мактабат-ул-ҳайдария, 1384ҳ.қ.
- Оқобузург Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, аз-Зариа ило тасониф-иш-шиа, Қум, Исмоилиён, 1408ҳ.қ.
- Рафаъӣ Ҳусайнӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Бурҳон-ул-муайяд ли соҳиб-ил-маволид, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ин-нафис, 1408ҳ.қ.
- Сархасӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, ал-Мабсут, Бейрут, Дор-ул-маърифа, бидуни таърих.
- Сафоринӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Лавомеъ-ул-анвор-ил-баҳия ва савотиъ-ул-асрор-ил-асария, Димишқ, Муассисат-ул-хофиқайн, 1402ҳ.қ.
- Саховӣ, Муҳаммад ибни Абдурраҳмон, ал-Мақосид-ул-ҳасана фи баёни касири мин-ал-аҳодис-ил-машҳура ала-л-алсина, Миср, Мактабат-ул-хонҷӣ, 1375ҳ.қ.
- Субҳонӣ, Ҷаъфар, ал-Илоҳиёт ало ҳуда-л-китоб ва-с-суннати ва-л-ақл, Қум, Маркази ҷаҳонии омӯзишҳои исломӣ, 1412ҳ.қ.
- Табараний, Сулаймон ибни Аҳмад, ал-Муъҷам-ул-кабир, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1405ҳ.қ.
- Тафтозонӣ, Саъдулдин, Шарҳ-ул-мақосид, Покистон, Дор-ул-Маъориф ан-Нуъмония, 1401ҳ.қ.
- Тирмизӣ, Муҳаммад ибни Исо, Сунан, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1403ҳ.қ.
- Туркошванд, Ҳасан, «نقد و بررسی سندی و دلالی حدیث صحابی کالنجوم», фаслномаи Каломи исломӣ, №97, баҳори 1395ҳ.ш.
- Шайх Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Ифсоҳ фи-л-имома, Бейрут, Дор-ул-Муфид, 1414ҳ.қ.
- Шайх Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Ифсоҳ фи-л-имома, Қум, Конгресси Шайх Муфид, 1413ҳ.қ.
- Шайх Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Талхис-уш-шофӣ, Наҷаф, Матбаат-ул-одоб, 1383ҳ.қ.
- Шуштарӣ, Нуруллоҳ ибни Шарифиддин, ас-Саворим-ул-муҳриқа фи нақд-ис-савоиқ-ил-муҳриқа, Теҳрон, Матбаат-ун-наҳза, 1367ҳ.қ.
- Ғазолӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иқтисод фи-л-эътиқод, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1424ҳ.қ.
- Қазоӣ, Муҳаммад ибни Салама, Муснад-уш-шиҳоб, Бейрут, Муассисаи ар-Рисола, 1407ҳ.қ.
- Қумии Шерозӣ, Муҳаммад Тоҳир, ал-Арбаин фи имомат-ил-аиммат-ит-тоҳирин, таҳқиқи Сайид Маҳдӣ Раҷоӣ, бидуни ҷой, бидуни нашр, 1418ҳ.қ.
- Ҳайсамӣ, Алӣ ибни Абибакр, Маҷмаъ-уз-завоид ва манбаъ-ул-фавоид, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1412ҳ.қ.
- Ҳалабӣ, Солеҳ ибни Саид, Назаротун фи ҳадиси Асҳобӣ каннуҷум, Мадина, Донишгоҳи Исломӣ, 1390ҳ.қ.
- Ҳанафӣ, Алӣ Муҳаммад, Фалак-ун-наҷот фи-л-имомати ва-с-салот, бидуни ҷой, Муассисаи Дор-ус-салом, 1418ҳ.қ.
- Ҳокими Нишопурӣ, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, ал-Мустадрак ала-с-саҳиҳайн, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1411ҳ.қ.
- Ҳусайнӣ Милонӣ, Сайид Алӣ, Асҳобӣ каннуҷум, Қум, Нашр-ул-ҳақоиқ, 1429ҳ.қ.