Имом Мусои Козим алайҳиссалом

Аз wikishia
Мусо ибни Ҷаъфар
ҳафтумин имоми шиаён
Ҳарами Имом Козим (а) ва Имом Ҷавод (а)
НақшИмоми ҳафтуми шиаён
Куния
  • Абулҳасани аввал
  • Абуиброҳим
  • Абуалӣ
Зодрӯз20 зилҳиҷҷаи 127ҳ.қ. ё 7 сафари соли 128ҳ.қ.
Муддати имомат35 сол (148-183ҳ.қ.)
Шаҳодат25 раҷаби соли 183ҳ.қ.
Мадфаншаҳри Козимайн
Маҳалли зиндагӣМадина
Лақабҳо
хешу табор
ПадарИмом Содиқ (а)
МодарҲамидаи Барбария
ҲамсаронНаҷма
Фарзандон
Тӯли умр55 сал
Имомони шиа
‌‌Имом Алӣ . Имом Ҳасани Муҷтабо . Имом Ҳусайн . Имом Саҷҷод . Имом Боқир . Имом Содиқ . Имом Козим . Имом Ризо . Имом Ҷавод . Имом Ҳодӣ . Имом Ҳасани Аскарӣ алайҳиссалом . Имом Маҳдӣ


Мусо ибни Ҷаъфар (127 ё 128183ҳ.қ.) маъруф ба Имом Мусои Козим (форсӣ: امام موسي كاظم) ва мулаққаб ба Козим ва Бобулҳавоиҷ ҳафтумин имоми шиаёни дувоздаҳ имомӣ аст. Ӯ дар соли 128 қамарӣ, ҳамзамон бо шуруи қиёми Абумуслими Хуросонӣ, доъии Банӣ Аббос алайҳи умавиён ба дунё омад ва дар соли 148 ҳиҷрии қамарӣ,пас аз шаҳодати падараш, Имом Содиқ (а), ба имомат расид. Даврони 35-солаи имомати ӯ бо хилофати Мансур, Ҳодӣ, Маҳдӣ ва Ҳоруни Аббосӣ ҳамзамон буд. Эшон чандин бор тавассути Маҳдӣ ва Ҳоруни Аббосӣ зиндонӣ шуд ва дар 183 ҳиҷрии қамарӣ, дар зиндони Синдӣ ибни Шоҳик ба шаҳодат расид. Пас аз ӯ, имомат ба фарзандаш Алӣ ибни Мусо (а) мунтақил шуд.

Давраи имомати Имом Козим (а) бо авҷи қудрати хилофати аббосӣ ҳамзамон буд ва ӯ дар баробари ҳукумати вақт, тақия мекард ва шиаёнро низ ба ин кор супориш менамуд; аз ин рӯ, мавзеъгирии сареҳе аз имоми ҳафтуми шиаён дар баробари хулафои аббосӣ ва қиёмҳои алавӣ монанди қиёми шаҳиди Фах гузориш нашудааст. Бо вуҷуди ин, ӯ дар мунозира ва гуфтугӯ бо хулафои аббосӣ ва дигарон талош мекард аз хилофати аббосиён машруиятзудоӣ кунад.

Мунозирот ва гуфтугӯҳое аз Мусо ибни Ҷаъфар бо бархе олимони яҳудӣ ва масеҳӣ дар манобеи таърихӣ ва ҳадисӣ нақл шуда, ки дар посух ба пурсишҳои онон будааст. Дар китоби Муснади ал-Имом-ул-Козим беш аз се ҳазор ҳадис аз ӯ гирдоварӣ шуда, ки шуморе аз онҳоро бархе аз асҳоби иҷмоъ ривоят кардаанд.

Имом Козим (а) барои иртибот бо шиаён, созмони ваколатро густариш дод ва дар манотиқи мухталиф, афродеро ба унвони вакил таъйин кард. Аз сӯи дигар, ҳаёти Имом Козим (а) ҳамзамон бо пайдоиши фирқаҳо дар шиа буд ва фирқаҳои исмоъилия, фатаҳия ва новусия бо оғози имомати ӯ ва фирқаи воқифия пас аз шаҳодати ӯ шакл гирифт.

Манобеи шиа ва суннӣ, илм, ибодат, бурдборӣ ва бахшандагии ӯро сутуда ва ӯро Козим ва абди солеҳ лақаб додаанд. Бузургони аҳли суннат ба имоми ҳафтуми шиаён ба унвони як олими динӣ эҳтиром мегузошта ва ҳамчун шиаён ба зиёрати қабри ӯ мерафтаанд. Ҳарами Имом Козим (а) ва ҳарами наберааш Имом Ҷавод (а) дар минтақаи Козимайн, шимоли Бағдод, ба ҳарами Козимайн шуҳрат дорад ва зиёратгоҳи мусулмонон ба хусус шиаён аст.

Зиндагинома

Мусо ибни Ҷаъфар дар моҳи зилҳиҷҷаи соли 127 ҳиҷрии қамарӣ,[1] ё 7 сафари 128ҳ.қ.,[2] ҳангоме, ки Имом Содиқ (а) ва ҳамсараш Ҳумайда аз ҳаҷ бозмегаштанд, дар минтақаи Абвоъ ба дунё омад.[3] Вилодати ӯро дар соли 129 қамарӣ ва дар Мадина низ гуфтаанд.[4] Дар тақвими Ҷумҳурии исломии Эрон, вилодати имоми ҳафтум дар 20 зилҳиҷҷа сабт шудааст.[5] Бархе манобеъ аз алоқаи фаровони Имом Содиқ (а) ба ӯ хабар додаанд.[6] Бино бар ривояти Аҳмади Барқӣ, Имом Содиқ (а) пас аз вилодати фарзандаш Мусо, се рӯз мардумро итъом кард.[7]

Навиштори аслӣ: Феҳристи кунияҳо ва лақабҳои Имом Козим (а)

Насаби Мусо ибни Ҷаъфар ибни Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳусайн ибни Алӣ ибни Абутолиб бо чаҳор восита ба Имом Алӣ (а) мерасад. Падари ӯ Имом Содиқ (а), шашумин имоми шиаён ва модараш Ҳумайда Барбарийя аст.[8] Кунияи ӯро Абуиброҳим, Абулҳасани аввал, Абулҳасани мозӣ ва Абуалӣ гуфтаанд. Ӯро ба хотири кантроли хашми худ дар баробари бадрафтории дигарон, Козим[9] ва ба сабаби ибодати бисёр, Абди Солеҳ лақаб додаанд.[10] Бобул-ҳавоиҷ низ аз алқоби ӯст[11] ва мардуми Мадина ӯро Зайн-ул-муҷтаҳидин (зинати талошгарон) меномиданд.[12]

Мусо ибни Ҷаъфар (а) дар даврони интиқоли қудрат аз умавиён ба аббосиён ба дунё омад. Дар чорсолагии ӯ, аввалин халифаи аббосӣ ба ҳукумат расид. Аз зиндагии Имом Козим (а) то пеш аз имоматаш, иттилооти чандоне дар даст нест, ҷуз чанд гуфтугӯи илмӣ дар замони кӯдакӣ аз ҷумла гуфтугӯ бо Абӯҳанифа[13] ва олимони адёни дигар,[14] ки дар Мадина рух додааст.

Бар асоси ривояте, ки дар Маноқиб омада, ӯ ба сурати ношинос вориди яке аз рӯстоҳои Шом шуда ва дар он ҷо бо роҳибе гуфтугӯ кардааст, ки ба мусулмон шудани ӯ ва ҳамроҳонаш анҷомида.[15] Ҳамчунин гузоришҳое аз сафарҳои Имом ба Макка барои ҳаҷ ё умра вуҷуд дорад.[16] Чанд бор низ Имом аз тарафи хулафои аббосӣ ба Бағдод эҳзор шудааст. Ҷузи ин маворид, Имом бештари умри худро дар Мадина гузарондааст.

Ҳамсар ва фарзандон

Ҳамчунин бубинед: Феҳристи фарзандони Имом Козим (а)

Теъдоди ҳамсарони Имом Козим (а) равшан нест. Нахустини онҳо, Наҷма модари Имом Ризо аст.[17] Аз теъдоди фарзандони ӯ низ дар манобеи таърихӣ гузоришҳои гуногуне омадааст. Ба гузориши Шайхи Муфид, ӯ 37 фарзанд (18 писар ва 19 духтар) доштааст. Имом Ризо (а), Иброҳим, Шоҳчароғ, Ҳамза, Исҳоқ аз ҷумлаи писарон ва Фотимаи Маъсума ва Ҳакима аз ҷумлаи духтарони ӯ ҳастанд.[18] Наводагони Имом Козим (а) ба содоти Мусавӣ шуҳрат доранд.[19]

Даврони имомат

Хилофат дар давраи Имом Козим (а)

Халифаҳои даврони пеш аз имомат
(128–148ҳ.қ.)

халифа


Марвон ибни Муҳаммад
Саффоҳ
Мансури Давониқӣ

сол


128–132ҳ.қ.
132–136ҳ.қ.
136–148ҳ.қ.

Халифаҳои давраи имомат
(148-183ҳ.қ.)

халифа


Мансури Давониқӣ
Маҳдии Аббосӣ
Ҳодии Аббосӣ
Ҳоруни Аббосӣ

сол


148158ҳ.қ.
158–169ҳ.қ.
169–170ҳ.қ.
170–183ҳ.қ.

Мусо ибни Ҷаъфар, пас аз шаҳодати Имом Содиқ (а) дар соли 118 қамарӣ, дар 20 солагӣ ба имомат расид.[20] Даврони имомати ӯ бо хилофати чаҳор тан аз хулафои Аббосӣ ҳамзамон буд.[21] Ҳудуди 10 сол аз имомати ӯ дар хилофати Мансур (ҳукумат 136158ҳ.қ.), 11 сол дар хилофати Маҳдии Аббосӣ (ҳукумат 158 – 169ҳ.қ), як сол дар хилофати Ҳодии Аббосӣ (ҳукумат 169 – 170ҳ.қ.) ва 13 сол дар хилофати Ҳорун (ҳукумат 170 – 193ҳ.қ.) сипарӣ шуд.[22] Муддати имомати Мусо ибни Ҷаъфар 35 сол буд ва бо шаҳодати ӯ дар соли 183 ҳиҷрии қамарӣ, имомат ба фарзандаш, Имом Ризо (а) расид.[23]

Нусуси имомат

Ҳамчунин бубинед: Имомати аиммаи исноъашар

Аз дидгоҳи шиа, имом аз ҷониби Худо таъйин мешавад ва аз роҳҳои шинохти ӯ, нас (тасреҳи Пайғамбар (с) ё имоми қаблӣ ба имомати имоми пас аз худ) аст.[24] Имом Содиқ (а) борҳо имомати Мусо ибни Ҷаъфарро ба асҳоби наздики худ эълом карда буд. Дар ҳар як аз китобҳои Кофӣ,[25] Иршод,[26] Эълом-ул-варо[27] ва Биҳор-ул-анвор,[28] бобе дар бораи нусуси имомати Мусо ибни Ҷаъфар (а) вуҷуд дорад, ки ба тартиб 16, 46, 12 ва 11 ривоятро дар ин бора нақл кардаанд[29] аз ҷумла:

  • Дар ривояте, Файз ибни Мухтор мегӯяд аз Имом Содиқ (а) пурсидам, имоми пас аз шумо кист? Дар ин ҳангом фарзандаш Мусо ворид шуд ва Имом Содиқ (а) ӯро имоми баъдӣ муаррифӣ намуд.[30]
  • Алӣ ибни Ҷаъфар ривоят карда, ки Имом Содиқ (а) дар бораи Мусо ибни Ҷаъфар фармуд: “فَإِنَّهُ أَفْضَلُ وُلْدِی وَ مَنْ أُخَلِّفُ مِنْ بَعْدِی وَ هُوَ الْقَائِمُ مَقَامِی وَ الْحُجَّةُ لِلَه تَعَالَی عَلَی كَافَّةِ خَلْقِهِ مِنْ بَعْدِی”[31]Ӯ бартарин фарзандон ва бозмондагони ман аст ва ӯ аст, ки пас аз ман, дар ҷойгоҳи ман қарор мегирад ва пас аз ман, ҳуҷҷати Худо бар ҳамаи махлуқот аст!”.

Ҳамчунин дар Уюну ахбор-ир-Ризо омадааст, ки Ҳорунаррашид хитоб ба фарзандаш, Мусо ибни Ҷаъфарро имоми барҳақ ва сазовортарин фард ба ҷонишинии Пайғамбар (с) хонда ва пешвоии худро зоҳирӣ ва бо зӯр тавсиф кардааст.[32]

Васияти Имом Содиқ (а) ва саргардонии баъзе шиаён

Дар манобеъ омадааст Имом Содиқ (а) бо тавваҷуҳ ба сахтгириҳои аббосиён ва барои ҳифзи ҷони Имом Козим (а), панҷ нафар аз ҷумла халифаи аббосиро ба унвони васийи худ муаррифӣ кард.[33] Ҳар чанд Имом Содиқ (а), борҳо имоми пас аз худро ба асҳоби хоссаш муаррифӣ карда буд, аммо ин иқдом то ҳадде вазъро барои шиаён ибҳомолуд кард. Дар ин давра, бархе аз асҳоби барҷастаи Имом Содиқ (а) монанди Муъмини Тоқ ва Ҳишом ибни Солим низ дучори тардид шуда буданд. Онон ибтидо ба суроғи Абдуллоҳи Афтаҳ, ки иддаои имомат карда буд, рафтанд ва аз ӯ дар бораи закот пурсиданд. Аммо посухҳои Абдуллоҳ онҳоро қонеъ накард. Он ду сипас бо Мусо ибни Ҷаъфар (а) мулоқот карданд ва бо посухҳои он ҳазрат қонеъ шуда, имомати ӯро қабул карданд.[34]

Пайдоиши равияҳо дар шиа

Дар давраи имомати Мусо ибни Ҷаъфар (а), фирқаҳои исмоилия, фатаҳия ва новусия шакл гирифт. Ҳарчанд дар замони ҳаёти Имом Содиқ (а), заминаи пайдоиши равияҳо дар шиа фароҳам шуда буд, аммо ба равияҳо тақсим шудан байни онон рух надод. Вале бо шаҳодати Имом Содиқ (а) ва оғози имомати Мусо ибни Ҷаъфар, шиаён ба фирқаҳои мухтилифе тақсим шуданд; гурӯҳе аз онон, марги Исмоил писари Имом Содиқ (а)-ро инкор карда, ӯро имом медонистанд. Шуморе аз ин гуруҳ, ки аз ҳаёти Исмоил маъюс шуданд, писари ӯ Муҳаммадро имом донистанд. Ин гуруҳ ба исмоилия шуҳрат ёфтанд. Бархеи дигар Абдуллоҳи Афтаҳро имом дониста ба Фатаҳия машҳур шуданд, вале пас аз марги ӯ ки ҳудуди 70 рӯз баъд аз шаҳодати Имом Содиқ (а) рух дод, ба имомати Мусо ибни Ҷаъфар муътақид шуданд. Шуморе низ ба пайравӣ аз шахсе ба номи Новус дар имомати ҳазрати Содиқ (а) таваққуф карданд ва иддае ба имомати Муҳаммади Дибоҷ муътақид шуданд.[35]

Фаъолияти ғолиён

Дар давраи Имом Козим (а), ғолиён низ фаъол буданд. Дар ин давра фирқаи баширийя шакл гирифт, ки мансуб ба Муҳаммад ибни Башир аз асҳоби Мусо ибни Ҷаъфар буд. Ӯ дар замони ҳаёти Имом, дурӯғҳое ба он ҳазрат мебаст.[36] Муҳаммад ибни Башир мегуфт он касе ки мардум ба унвони Мусо ибни Ҷаъфар мешиносанд, он Мусо ибни Ҷаъфаре нест, ки имом ва ҳуҷҷати Худованд аст[37] ва муддаӣ буд Мусо ибни Ҷаъфари ҳақиқӣ назд ӯ аст ва метавонад имомро ба онҳо нишон диҳад.[38] Ӯ дар шуъбадабозӣ маҳорат дошт ва чеҳрае монанди чеҳраи Имом Козим (а) сохта буд ва онро ба унвони Имом Козим (а) ба мардум нишон медод ва бархе низ фиреби ӯро хӯрда буданд.[39] Муҳаммад ибни Башир ва пайравонаш қабл аз шаҳодати Имом Козим (а) дар ҷомеъа овоза карда буданд, ки Имом Козим (а) зиндон нарафта, зинда аст ва намемирад.[40] Имом Козим Муҳаммад ибни Баширро наҷас мешуморид, лаън мекард ва рехтани хуни ӯро мубоҳ донист.[41]

Фаъолияти илмӣ

Аз Имом Козим (а) фаолиятҳои илмии мутафовите гузориш шудааст; матни ин фаъолиятҳо дар қолаби ривоёт, мунозира ва гуфтугӯи илмӣ дар китобҳои ҳадисии шиа омадааст.[42]

Ривоёт

Имом Козим (а):

Ҳар ки днёдӯст шавад, тарси охират аз қалбаш рахт барбандад. Агар ба бандае, илме ато шуд ва ӯ муҳаббаташ ба дунё афзун гашт, аз Худо дуртар мешавад ва хашми Илоҳӣ бар ӯ бештар хоҳад шуд.

Аҳодиси фаровоне аз Имом Козим (а), дар манобеи ҳадисии шиа ривоят шудааст. Ин ривоёт бештар дар мавзуъҳои каломие чун тавҳид[43], бадоъ,[44] имон[45] ва низ мавзуъоти ахлоқӣ аст.[46] Ҳамчунин муноҷотҳое аз ҷумла дуои Ҷавшани сағир аз ӯ нақл шудааст. Дар асноди ин ривоёт аз ӯ бо таъбирҳое чун Козим, Абулҳасан, Абулҳасан ал-аввал, Абулҳасан ал-Мозӣ, ал-Олим[47] ва ал-Абд-ус-солеҳ ёд шудааст. Азизуллоҳ Аторудӣ 3134 ҳадис аз ӯ дар Муснад-ул-Имом-ил-Козим гирд овардааст.[48] Абуимрон Марвазии Бағдодӣ (ваф. 299ҳ.қ.) аз олимони аҳли суннат низ шуморе аз аҳодиси Имоми ҳафтуми шиаёнро дар Муснад-ул-Имом Мусо ибни Ҷаъфар овардааст.[49]

Аз Мусо ибни Ҷаъфар, осори дигаре низ ривоят шудааст:

  • Алӣ ибни Ҷаъфар - бародари Имом Козим (а), китобе бо унвони ал-Масоил дошт, ки дар он масъалаҳоеро ки аз Имом Козим (а) пурсида ва ҷавоби онҳоро дарёфт карда буд, сабт карда буд.[50] Мавзуи ин китоб масоили фиқҳӣ аст.[51] Ин китоб бо унвони Масоилу Алӣ ибни Ҷаъфар ва мустадракотуҳо, тавассути Муассисаи ол-ил-Байт мунташир шудааст.
  • Рисолае дар бораи ақл, ки хитоб ба Ҳишом ибни Ҳакам навишта шудааст.[52]
  • Рисолае дар бораи тавҳид, ки дар посух ба суолоти Фатҳ ибни Абдуллоҳ аст.[53]
  • Алӣ ибни Яқтин низ масоилеро ки аз Мусо ибни Ҷаъфар фаро гирифта буд, дар китобе бо унвони Масоилу ан Абилҳасан Мусо ибн Ҷаъфар, ҷамъоварӣ кардааст.[54]

Мунозираҳо ва гуфтугӯҳо

Навиштори аслӣ: Мунозироти Имом Козим (а)

Мунозирот ва гуфтугӯҳое аз Имом Козим (а) бо бархе аз хулафои Аббосӣ,[55] донишмандони яҳудӣ[56] ва масеҳӣ,[57] Абуҳанифа[58] ва дигарон гузориш шудааст. Боқиршарифи Қарашӣ ҳашт гуфтугӯ аз Имом Козим (а), таҳти унвони Мунозироти он ҳазрат гирд овардааст.[59] Имом Козим (а) бо Маҳдии Аббосӣ мунозираҳое дар бораи Фадак ва низ ҳаром будани хамр дар Қуръон анҷом додааст.[60] Бо Ҳоруни Аббосӣ низ мунозироте доштааст. Аз он ҷо ки Ҳорун мехост хешовандии Пайғамбар (с) бо худро наздиктар аз нисбати ӯ бо Мусо ибни Ҷаъфар нишон диҳад, Имом Козим (а) дар ҳузури Ҳорун ба наздиктар будани интисоби хеш ба Пайғамбар тасреҳ кард.[61] Гуфтугӯҳои Мусо ибни Ҷаъфар бо олимони адёни дигар низ маъмулан дар посух ба пурсишҳои онон сурат гирифта, ки дар поён ба гаравидани онон ба Ислом анҷомидааст.[62]

Сира

Сираи ибодӣ

Бар асоси манобеи шиа ва суннӣ, Имом Козим (а) бисёр аҳли ибодат буд; ба ҳамин далел, барои ӯ аз лақаби Абди Солеҳ истифода мешавад.[63] Бинобар баъзе гузоришҳо Имом Козим (а) он қадар ибодат мекард, ки зиндонбонони ӯ низ таҳти таъсир қарор мегирифтанд.[64] Шайхи Муфид, Мусо ибни Ҷаъфарро обидтарини мардуми замони худ дониста ва гузориш кардааст, ки он ҳазрат чунон аз тарси Худо гиря мекард, ки ришҳояш аз ашк тар мешуд. Ӯ дуои “عَظُمَ الذَّنْبُ مِنْ عَبْدِكَ فَلْيَحْسُنِ الْعَفْوُ مِنْ عِنْدِكَ” («Гуноҳ аз бандаат бузург шуд, пас афв аз пешгоҳат, некӯ ва зебо хоҳад гардид»)-ро такрор мекард ва дуои “اللَّهُمَّ إِنِّي أَسْأَلُكَ الرَّاحَةَ عِنْدَ الْمَوْتِ وَ الْعَفْوَ عِنْدَ الْحِسَابِ” («Бор Илоҳо, аз Ту роҳатии ҳангоми марг ва гузашт ҳангоми муҳосибаи аъмолро, масъалат мекунам»)-ро дар саҷда мехонд.[65] Ҳатто ҳангоме, ки ба дастури Ҳорун ба зиндон бурда шуд, Худоро сипос мегуфт, ки фурсате барои ибодат ёфтааст: “Худоё, ҳамвора аз Ту фароғате барои ибодатат талаб мекардам ва Ту онро бароям фароҳам кардӣ, пас Туро сипос мегӯям!”.[66]

Нақши ангуштарии Имом Козим (а) “حَسْبِيَ اللهُ حَافِظِي” (Худованд барои ҳифозат аз ман кифоятам мекунад)[67] ва “الْمُلْكُ لِله وَحْدَهُ” (Мулку фармонравоӣ танҳо аз они Худои ягона аст!)[68] будааст.

Сираи ахлоқӣ

Дар манобеи шиа ва суннӣ, гузоришҳои мухтлифе дар бораи бурдборӣ[69] ва саховати Имом Козим (а) вуҷуд дорад.[70] Шайхи Муфид ӯро бахшандатарини мардуми замони худаш дониста, ки шабҳо барои фақирони Мадина хӯрок мебурд.[71] Ибни Инаба дар бораи саховати Мусо ибни Ҷаъфар гуфтааст: ӯ шабҳо аз хона берун мерафт ва кисаҳое аз дирҳам ҳамроҳ дошт, ба ҳар кас мерасид ё ба касоне ки ба эҳсони ӯ чашм доштанд, мебахшид, то ҳадде ки кисаҳои пули ӯ зарбулмасал шуда буд.[72] Ҳамчунин гуфта шуда Мусо ибни Ҷаъфар ба касоне ки ба ӯ озор мерасонданд низ бахшиш мекард ва вақте ба ӯ хабар медоданд фарде дар садади азияти ӯ буда, барояш ҳадя мефиристод.[73] Ҳамчунин Шайхи Муфид, Имом Козим (а)-ро кӯшотарин фард дар силаи раҳим бо хонавода ва дигар хешовандону бастагон донистааст.[74]

Далели мулаққаб шудани имоми ҳафтуми шиаён ба лақаби Козим, ин буд ки хашми худро миҳор мекард.[75] Гузоришҳои мухталифе дар манобеъ омада, ки Имом Козим (а) хашми худро дар баробари душманон ва касоне ки ба ӯ бадӣ мекарданд, фурӯ мебурд.[76]

Барои иттилооти бештар, ин мақоларо ҳам бубинед: Козим (лақаб)

Бушри Ҳофӣ низ, ки баъдҳо аз машоихи сӯфия гардид, таҳти таъсири суханон ва ахлоқи Имом Козим (а) тавба кард.[77]

Сираи сиёсӣ

Бархе манобеъ гуфтаанд, Имом Козим ба шеваҳои мухталифе аз ҷумла мунозира ва ҳамкорӣ накардан, бар номашруъ будани хулафои Аббосӣ таъкид мекард ва мекӯшид эътимоди мардумро нисбат ба онон суст кунад.[78] Мавориди зерро метавон аз намунаҳои талоши ӯ барои беэътибор кардани аббосиён баршумурд:

  • Ӯ дар мавориде, ки хулафои Аббосӣ бо интисоби худ ба Пайғамбар (с) дар садади машруиятбахшӣ ба ҳукумати худ буданд, насаби худро матраҳ мекард ва нишон медод, ки ӯ аз Аббосиён ба Пайғамбар (с) наздиктар аст, аз ҷумла дар гуфтугӯе, ки байни ӯ ва Ҳоруни Аббосӣ рух дод, Имом Козим (а) бо такя бар оёте аз Қуръон аз ҷумла ояти Мубоҳала, интисоби худ ба Пайғамбарро аз тариқи модараш ҳазрати Заҳро (с) исбот кард.[79]
  • Ҳангоме, ки Маҳдии Аббосӣ радди мазолим мекард, Имом Козим (а) Фадакро аз ӯ мутолиба кард.[80] Маҳдӣ аз ӯ хост то ҳудуди Фадакро мушаххас кунад, Имом марзҳоеро таъйин кард, ки бо қаламрави ҳукумати Аббосиён баробарӣ мекард.[81]
  • Имоми ҳафтуми шиаён асҳоби худро аз ҳамкорӣ бо Аббосиён манъ мекард, аз ҷумла Сафвони Ҷаммолро аз кироя додани шутурони худ ба Ҳорун манъ кард.[82] Дар айни ҳол аз Алӣ ибни Яқтин, ки дар ҳукумати Ҳорунаррашид, ӯҳдадори вазорат буд, хост то дар дарбор бимонад ва ба шиаён хизмат кунад.[83] Имом Козим (а) ҳамчунон аз ӯ хоста буд, ки замонат диҳад, ки дӯстони Аҳли Байт (а)-ро такрим кунад, Имом ҳам мутақобилан ба ӯ замонат дода буд, ки гирифтори қатл, сахтӣ ва зиндон нашавад.[84]

Бо вуҷуди ин, аз Мусо ибни Ҷаъфар (а) мухолифати ошкоре дар баробари ҳукумати вақт гузориш нашудааст. Ӯ аҳли тақия буд ва шиаёнро низ ба риояти он супориш мекард. Ба унвони мисол, дар номае ба Хайзарон, модари Ҳодии Аббосӣ, марги ӯро таслият гуфт.[85] Бинобар ривояте, ҳангоме, ки Ҳорун ӯро эҳзор кард, фармуд: «Чун тақия дар баробари ҳоким воҷиб аст, пеши Ҳорун меравам!» Ӯ ҳамчунин ҳадяҳои Ҳорунро, барои издивоҷи Оли Абитолиб ва ҷилавгирӣ аз қатъи насли онон мепазируфт.[86] Ҳатто Имом Козим (а) дар номае аз Алӣ ибни Яқтин хост муддате ба шеваи аҳли суннат таҳорат кунад, то хатаре ӯро таҳдид накунад.[87]

Имом Козим (а) ва қиёмҳои Алавиён

Даврони зиндагонии Мусо ибни Ҷаъфар бо даврони қудрат гирифтани Аббосиён ва қиёмҳое аз сӯи Алавиён алайҳи онон ҳамзамон буд. Аббосиён бо шиори тарафдорӣ ва ҳимоят аз Аҳли Байт ба қудрат расиданд, вале тӯле накашид ба сахттарин душмани Алавиён табдил шуданд ва бисёре аз ононро куштанд, ё ба зиндон андохтанд.[88] Сахтгирии ҳокимони Аббосӣ бар Алавиён сабаб шуд, то шуморе аз Алавиёни саршинос даст ба қиём бизананд. Қиёми шаҳиди Фах, қиёми Яҳё ибни Абдуллоҳ ва ташкили ҳукумати Идрисиён аз он ҷумла буд. Қиёми Фах дар соли 169ҳ.қ., дар давраи имомати Мусо ибни Ҷаъфар ва хилофати Ҳодии Аббосӣ ба вуқуъ пайваст.[89] Имом дар ин қиёмҳо ширкат накард ва мавзеи сареҳе аз ӯ дар таъйид ё радди онҳо гузориш нашудааст; ҳатто Яҳё ибни Абдуллоҳ пас аз қиём дар Табаристон, дар номае аз ҳамроҳӣ накардани ӯ гилоя кард.[90]

Ба гуфтаи Аҳмад ибни Иброҳими Ҳасанӣ ва Аҳмад ибни Саҳл ду тан аз таърихнигорони зайдимазҳаб дар қарни чоруми ҳиҷрӣ, Имом Козим (а) ҳангоми воқеаи Фах, барои анҷоми ҳаҷ дар Макка будааст.[91] Ба гузориши ин ду, Мӯсо ибни Исо, яке аз авомили дастгоҳи хилофати аббосӣ, ҳангоми ҷанг Имомро эҳзор кард ва Имом ба он ҷо рафт ва то поёни корзор ҳамроҳи вай монад.[92] Бар асоси ин гузориш, пас аз корзор ҳангоме ки Имом ба сарзамин Мино рафт, сарҳои буридаро назд ӯ овараданд.[93] Мутобиқи нақли Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Имом Козим бо дидани сари Соҳиби Фах, ояти истирҷоъро хонд ва бо зикри хубиҳояш, ӯро фарде дурусткор муаррифӣ кард.[94] Мутобиқи гузориши Байҳақӣ дар китоби Лубоб-ул-ансоб, пас аз даргузашти Соҳиби Фах, Имом Козим бар пайкараш намоз хонд.[95]

Мутобиқи он чи Сайид ибни Товус - аз олимони шиа дар қарни ҳафтуми ҳиҷрӣ, нақл карда, Ҳодии Аббосӣ қиёми соҳиби Фахро мустанад ба дастури Имом Козим донистааст.[96] Аммо бар асоси ривояте, ки Кулайнӣ дар китоби Кофӣ нақл кардааст, ҳангоме ки Соҳиби Фах қиём кард, Имом Козимро ба байъат фаро хонд, аммо Имом бо радди байъат, аз ӯ хост вайро ба байъат водор накунад ва ӯ низ чунон кард.[97] Абдуллоҳи Момақонӣ муътақид аст дархости байъати Соҳиби Фах аз Имом Козим сурӣ будааст, то дар сурати муваффақият, амри хилофатро ба ӯ вогузор кунад; аз ин рӯ Имом аз рӯи тақия, вайро аз қиём манъ кард, вале дар ботин аз иқдоми ӯ розӣ буд, ҳамчунон ки пас аз шаҳодаташ барои ӯ талаби раҳмат кард.[98] Дар муқобили ин назар бархе пажӯҳишгарон бар ин боваранд, ки агарчи ривоятҳое дар таъйиди шахсияти Соҳиби Фах вуҷуд дорад, аммо онҳо далеле бар таъйиди қиёми ӯ аз сӯи имомони шиа нест.[99] Расули Ҷаъфариён - таърихпажӯҳ қарни 15 ҳиҷрӣ, низ агарчи қиёми Фахро дар радифи солимтарин қиёмҳои Алавиён бар зидди Аббосиён дониста, аммо муътақид аст чунин яқине вуҷуд надорад, ки ин қиём ба дастури Имом Козим (а) анҷом гирифта бошад; балки метавон гуфт шиаёни имомӣ бо ин қиёмҳо мувофиқате надоштанд, чаро ки дар ин масаъла бо алавиҳо даргир буданду миёни онон ихтилофоте падид омад.[100]

Зиндон

Имом Козим (а), дар тӯли даврони имоматаш чандин бор аз тарафи хулафои Аббосӣ эҳзор ва зиндонӣ шуд. Нахустин бор дар замони хилофати Маҳдии Аббосӣ, Имомро ба дастури халифа аз Мадина ба Бағдод оварданд.[101] Ҳорун низ ду бор Имомро зиндонӣ кард. Замони дастгирӣ ва зиндони аввал дар манобеъ зикр нашудааст, вале дуюмин бор дар 20-уми шавволи соли 179 ҳиҷрии қамарӣ, дар Мадина дастгир[102] ва дар 7-уми зилҳиҷҷа дар Басра дар хонаи Исо ибни Ҷаъфар зиндонӣ шуд.[103] Бино ба гузориши Шайхи Муфид, Ҳорун дар соли 180 ҳиҷрии қамарӣ, дар номае ба Исо ибни Ҷаъфар, аз ӯ хост Имомро ба қатл бирасонад, вале ӯ напазируфт.[104] Имомро пас аз муддате, ба зиндони Фазл ибни Рабиъ дар Бағдод интиқол доданд. Имом Козим (а) солҳои поёнии умри худро дар зиндонҳои Фазл ибни Яҳё ва Синдӣ ибни Шоҳик гузаронд.[105] Дар зиёратномаи Имом Козим (а) бо иборати “الْمُعَذَّبِ فِي قَعْرِ السُّجُون” яъне касе ки дар сиёҳчолҳо шиканҷа мешуд ба ӯ салом дода шудааст.[106] Дар зиёратномаи Имом аз зиндони ӯ ба “ظُلَم‌المطامیر” зулам-ул-матомир низ ёд шуда. Матмура зиндонеро намегӯянд, ки монанди чоҳ ба гунае бошад, ки ҷои по дароз кардану хобидан дар он мумкин набошад. Ва низ ба хотири ин ки Бағдод дар муҷовирати руди Даҷла аст табиатан зиндонҳои зеризаминии мартубу намнок (матмура) будааст.[107]

Дар бораи далели дастгир шудани имоми ҳафтуми шиаён тавассути хулафои Аббосӣ ва интиқоли он ҳазрат ба зиндон, гузоришҳои гуногуне дар манобеъ омадааст. Бинобар баъзе гузоришҳо далели дастгирии Мусо ибни Ҷаъфар ба дастури Ҳорун, ҳасодати Яҳёи Бармакӣ ва бадгӯии Алӣ ибни Исмоил ибни Ҷаъфар - бародарзодааш, назди Ҳорун будааст.[108] Гуфта шуда Ҳорун ба иртиботи шиаён бо Имом Козим ҳассос буд ва аз ин бим дошт, ки эътиқоди шиаён ба имомати он ҳазрат боиси тазъифи ҳукуматаш шавад.[109] Ҳамчунин бар пояи бархе гузоришҳо далели зиндонӣ шудани Имом Козим (а) ин буд, ки бархе аз шиаён ҳамчун Ҳишом ибни Ҳакам, бо вуҷуди ин ки Имом дастур ба тақия дода буд, хости Имомро риоят намекарданд.[110] Ин гузоришҳо мунозираҳои Ҳишом ибни Ҳакамро аз ҷумлаи асбоби зиндонӣ шудани Имом баршумурдаанд.[111]

Шаҳодат

Маросими шаҳодати Имом Козим(а) дар Ҳарами Козимайн

Рӯзҳои охири умри Имом Козим (а) дар зиндони Синдӣ ибни Шоҳик сипарӣ шуд. Шайх Муфид гуфтааст Синдӣ, ба дастури Ҳорунаррашид, Имомро масмум кард ва Имом се рӯз баъд аз он ба шаҳодат расид.[112] Бинобар қавли машҳур,[113] шаҳодати ӯ рӯзи ҷумъа, 25-уми раҷаби соли 183 қамарӣ дар Бағдод рух додааст.[114] Бино ба гуфтаи Шайхи Муфид, шаҳодати Имом дар 24-уми раҷаб будааст.[115] Дар бораи замон ва макони шаҳодати Имом Козим (а) назароти дигаре ҳам вуҷуд дорад, аз ҷумла, соли 181 ва 186ҳ.қ.[116] Маноқиб ба нақл аз китоби Ахбор-ул-хулафои Суютӣ гузориш кардааст ки чун Имом Козим (а) ба дархости Ҳорунаррашид ҳудуди Фадакро мушаххас кард вале ба гунае ҳудудашро таъйин кард ки тамоми марзҳои ҷаҳони исломи он рӯзгорро фаро гирифт ва боиси хашми Ҳорун шуд то ба он ҳад, ки ба Имом гуфт чизе барои мо боқӣ нагузоштӣ ва аз ҳамин ҷо тасмим бар куштани Имом гирифт.[117]

Расми диҷитолӣ аз ташйии ҳазрати Мусо ибни Ҷаъфар (а), асари Ҳасани Рӯҳуламин, 1400ҳ.ш.

Пас аз он ки Мусо ибни Ҷаъфар (а) ба шаҳодат расид, Синдӣ ибни Шоҳик барои ин ки нишон диҳад, ки Имом ба марги табиъӣ аз дунё рафтааст, иддае аз фақиҳон ва саршиносони Бағдодро ҳозир кард ва пайкари Имомро ба онҳо нишон дод, то бубинанд дар бадани Имом ҷароҳате вуҷуд надорад. Ҳамчунин ба дастури ӯ пайкари Имомро рӯи пули Бағдод қарор доданд ва эълом карданд, ки Мусо ибни Ҷаъфар ба марги табиъӣ аз дунё рафтааст.[118] Дар бораи чигунагии шаҳодати Имом гузоришҳои мутафовите вуҷуд дорад; бештари таърихнависон бар ин боваранд, ки Яҳё ибни Холид ва Синдӣ ибни Шоҳик ӯро заҳролуд кардаанд.[119] Дар гузорише низ гуфта шуда, ӯро бо печидан дар қолин, ба шаҳодат расондаанд.[120]

Барои қарор додани бадани Имом Козим (а) дар маърази диди умум ду далел гуфта шудааст: яке исботи ин ки ӯ ба марги табиъӣ аз дунё рафта ва дигар, ботил кардани бовари касоне ки ба маҳдавияти ӯ эътиқод доштаанд.[121]

Тасвири қадимии Ҳарами Козимайн

Пайкари Мусо ибни Ҷаъфар (а)-ро дар мақбараи хонаводагии Мансури Давониқӣ, ки ба мақобири Қурайш шуҳрат дошт, дафн карданд.[122] Мадфани ӯ ба ҳарами Козимайн машҳур аст. Гуфта шуда далели Аббосиён барои дафни бадани Имом дар ин мақбара, тарс аз он буд, ки мабодо макони дафни ӯ маҳалли таҷаммуъ ва ҳузури шиаён шавад.[123]

Оромгоҳ

Навиштори аслӣ: Ҳарами Козимайн

Оромгоҳи Имом Козим (а) ва Имом Ҷавод (а), дар минтақаи Козимайни Бағдод ба Ҳарами Козимайн машҳур ва зиёратгоҳи мусулмонон ба хусус шиаён аст. Бинобар ривоёте аз Имом Ризо (а), савоби зиёрати қабри Имом Козим (а), бо зиёрати қабри Пайғамбари акрам (с), ҳазрати Алӣ (а) ва Имом Ҳусайн (а) баробарӣ мекунад.[124]

Асҳоб ва вукало

Навиштори аслӣ: Феҳристи асҳоби Имом Козим (а)

Дар бораи асҳоби Имом Козим (а) иттилооти дақиқе дар даст нест ва дар бораи теъдоди онҳо ихтилоф вуҷуд дорад. Шайхи Тӯсӣ теъдоди ононро 272 нафар[125] ва Барқӣ онҳоро 160 нафар шуморидааст.[126] Боқиршарифи Қарашӣ, соҳиби китоби Ҳаёт-ул-Имом Мусо ибни Ҷаъфар, сухани Барқӣ, ки адади ононро 160 тан зикр карда, мардуд дониста ва худ аз 321 тан ба унвони асҳоби Имом ном бурдааст.[127] Алӣ ибни Яқтин, Ҳишом ибни Ҳакам, Ҳишом ибни Солим, Муҳаммад ибни Абиумайр, Ҳаммод ибни Исо, Юнус ибни Абдурраҳмон, Сафвон ибни Яҳё ва Сафвони Ҷамол аз асҳоби Имом Козим буданд, ки бархе аз онон дар шумори асҳоби иҷмоъ зикр шудаанд.[128] Пас аз шаҳодати Имом Козим, шуморе аз асҳоби ӯ аз ҷумла, Алӣ ибни Абуҳамзаи Батоинӣ, Зиёд ибни Марвон ва Усмон ибни Исо имомати Алӣ ибни Мусо-р-Ризо (а)-ро напазируфтанд ва дар имомати Мусо ибни Ҷаъфар таваққуф карданд.[129] Ин гурӯҳ, бо унвони воқифия машҳур шуданд. Албатта баъдҳо бархе аз онон имомати ҳазрати Ризо (а)-ро пазируфтанд.[130]

Созмони ваколат

Навиштори аслӣ: Созмони ваколат

Имом Козим (а) барои иртибот бо шиаён ва тақвияти тавони иқтисодии онон, созмони ваколатро, ки дар замони Имом Содиқ (а) поягузорӣ шуда буд, густариш дод. Ӯ бархе аз асҳоби худро ба унвони вакил, ба манотиқи мухталиф мефиристод. Гуфта шуда дар манобеъ ба номи 13 нафар аз вукалои ӯ ишора шудааст.[131] Бинобар бархе манобеъ, Алӣ ибни Яқтин ва Муфаззал ибни Умар дар Кӯфа, Абдурраҳмон ибни Ҳаҷҷоҷ дар Бағдод, Зиёд ибни Марвон дар Қандаҳор, Усмон ибни Исо дар Миср, Иброҳим ибни Салом дар Нишопур ва Абдуллоҳ ибни Ҷундаб дар Аҳвоз ваколати ӯро бар ӯҳда доштанд.[132]

Гузоришҳои мухтлифе дар манобеъ омадааст, ки шиаён хумси худро ба Имом Козим ё намояндагони ӯ мерасонданд. Шайхи Тӯсӣ низ далели пайвастани бархе аз вукалои он ҳазрат ба воқифияро, фирефта шудан ба амволе медонад, ки назди онон ҷамъ шуда буд.[133] Дар гузориши Алӣ ибни Исмоил ибни Ҷаъфар ба Ҳорун, ки мунҷар ба зиндонӣ шудани Имом Козим шуд, омадааст: «молҳои фаровоне аз шарқу ғарб барои ӯ фиристода мешавад ва дорои байтулмол ва хазонае аст, ки сиккаҳои мухталиф ба ҳаҷми бисёр дар он ёфт мешавад!».[134]

Номанигорӣ, шеваи дигари иртиботи ӯ бо шиаён буд, ки дар мавриди масоили фиқҳӣ, эътиқодӣ, ваъзу дуо ва масоили марбут ба вукало анҷом мегирифт, ҳатто нақл шудааст, ки ӯ аз дохили зиндон барои асҳоби худ нома менавишт[135] ва ба масоили онон посух медод.[136]

Ҷойгоҳ назди аҳли суннат

Номи Имом Козим(а) дар Масҷид-ун-Набӣ

Аҳли суннат ба имоми ҳафтуми шиаён, ба унвони як олими динӣ эҳтиром мегузоранд. Бархе аз бузургони онон илм ва ахлоқи Имом Козимро сутуда[137] ва аз бурдборӣ, саховат, фаровонии ибодат ва дигари вижагиҳои ахлоқии ӯ сухан гуфтаанд.[138] Мавориде аз бурдборӣ ва ибодати Имом Козим (а) дар манобеи аҳли суннат гузориш шудааст.[139] Бархе аз олимони аҳли суннат монанди Самъонӣ, таърихнигор, муҳаддис ва фақеҳи шофеъии қарни шашуми ҳиҷрӣ, ба зиёрати қабри Имом Козим мерафта[140] ва ба ӯ мутавассил мешудаанд. Абуалӣ Хилол, аз уламои аҳли суннати қарни сеюми ҳиҷрӣ гуфтааст, ҳар гоҳ, бароям мушкиле пеш меомад, ба зиёрати қабри Мусо ибни Ҷаъфар рафта, ба ӯ мутавассил мешудам, мушкилам бартараф мешуд.[141] Аз имом Шофеӣ, аз фуқаҳои чоргонаи аҳли суннат, низ нақл шуда, ки қабри ӯро «доруи шифобахш» тавсиф кардааст.[142]

Китобшиносӣ

Ҳамчунин бубинед: Феҳристи китобҳо дар бораи Имом Козим

Осори зиёде дар бораи Имом Козим дар қолаби китоб, поённома ва мақола ба забонҳои мухталиф навишта шудааст, ки теъдоди онҳо то 770 асар шумориш шудааст.[143] Китобҳои Китобномаи Имом Козими алайҳиссалом,[144] Китобшиносии Козимайн[145] ва мақолаи Китобшиносии Имом Козими алайҳиссалом[146] ба муаррифии ин осор пардохтаанд. Мавзӯи бештари ин осор абъоди зиндагӣ ва шахсияти Имоми ҳафтуми шиаён аст. Ҳамчунин ҳамоише бо унвони «Сира ва замонаи Имом Козим (а)» дар баҳманмоҳи 1392 ҳиҷрии шамсӣ дар Эрон баргузор шуд, ки мақолоти он бо унвони Маҷмуъаи мақолоти ҳамоиши Сираи Имом Козим (а) нашр ёфтааст.[147]

Муснад-ул-Имом-ил-Козим, асари Азизуллоҳ Уторидӣ, Боб-ул-ҳавоиҷ ал-Имом Мусо-л-Козим, навиштаи Ҳусайни Ҳоҷиҳасан, Ҳаёат-ул-Имом Мусо ибни Ҷаъфар, асари Муҳаммадбоқир Шарифи Қарашӣ, Имом-ул-Козим (а) инда аҳл-ис-сунна, асари Форис Ҳассун ва Сират-ул-Имом Мусо-л-Козим (а) асари Абдуллоҳ Аҳмад Юсуф, аз ҷумлаи осоре ҳастанд, ки дар бора Имом Козим навишта шудаанд.

Эзоҳ

  1. Табарӣ, Далоил-ул-имомат, саҳ.303.
  2. Табарсӣ, Эълом-ул-варо, ҷ.2, саҳ.6.
  3. Масъудӣ, Исбот-ул-васият, саҳ.357 - 356.
  4. Бағдодӣ, Таърихи Бағдод, ҷ.13, саҳ.29.
  5. Шурои тақвими муассисаи геофизики донишгоҳи Теҳрон, тақвими расмии кишвар соли 1398 ҳиҷрии шамсӣ, саҳ.8.
  6. Шабровӣ, ал-Иттиҳоф биҳубб-ил-ашроф, саҳ.295.
  7. Амин, Сираи маъсумон, ҷ.6, саҳ.113.
  8. Муфид, ал-Иршод, ҷ.2, саҳ.215.
  9. Ибни Асир, ал-Комил, ҷ.6, саҳ.164; Ибни Ҷавзӣ, Тазкират-ул-хавос, саҳ.312.
  10. Бағдодӣ, Таърихи Бағдод, ҷ.13, саҳ.29.
  11. Муфид, ал-Иршод, ҷ.2, саҳ.236, 227; Табарсӣ, Эълом-ул-варо, ҷ.2, саҳ.6; Ибни Шаҳрошӯб, ал-Маноқиб, ҷ.4, саҳ.323; Қумӣ, ал-Анвор-ул-баҳийя, саҳ.177.
  12. Муфид, ал-Иршод, ҷ.2, саҳ.235.
  13. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.3, саҳ.297; Ибни Шуъбаи Ҳарронӣ, Туҳаф-ул-уқул, саҳ.411 – 412; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, ҷ.10, саҳ.247.
  14. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.1, саҳ.227; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, ҷ.10, саҳ.244 - 245.
  15. Ибни Шаҳрошӯб, ал-Маноқиб, ҷ.4, саҳ.311 - 312.
  16. Ибни Шаҳрошӯб, ал-Маноқиб, ҷ.4, саҳ.312 - 313.
  17. Шуштарӣ, Рисолатун фи таворих-ин-Набийи ва-л-Ол, саҳ.75.
  18. Муфид, ал-Иршод, ҷ.2, саҳ.244.
  19. Самъонӣ, ал-Ансоб, ҷ.12, саҳ.478.
  20. Ҷаъфариён, Ҳаёти фикрӣ ва сиёсии имомони шиа, саҳ.385.
  21. Табарсӣ, Эълом-ул-варо, ҷ.2, саҳ.6.
  22. Пешвоӣ, Сираи пешвоён, саҳ.413.
  23. Ҷаъфариён, Ҳаёти фикрӣ ва сиёсии имомони шиа, саҳ.379 - 384.
  24. Фозили Миқдод, Иршод-ут-толибин, 1405ҳ.қ., саҳ.337.
  25. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.1, саҳ.307 - 311.
  26. Муфид, ал-Иршод, ҷ.2, саҳ.216 - 222.
  27. Табарсӣ, Эълом-ул-варо, ҷ.2, саҳ.7 - 16.
  28. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, ҷ.48, саҳ.12 - 29.
  29. Ҷамъе аз нависандагон, Маҷмуаи мақолоти сира ва замонаи Имом Козим, ҷ.2, саҳ.79, 81.
  30. Табарсӣ, Эълом-ул-варо, ҷ.2, саҳ.10.
  31. Муфид, ал-Иршод, ҷ.2, саҳ.220.
  32. Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, ҷ.1, саҳ.91; Аторудӣ, Муснад-ул-Имом-ил-Козим, ҷ.1, саҳ.75.
  33. Пешвоӣ, Сираи пешвоён, саҳ.414.
  34. Кашшӣ, Риҷол, саҳ.282 - 283.
  35. Навбахтӣ, Фирақ-уш-шиа, саҳ.66 - 79.
  36. Омилӣ, ат-Таҳрир-ут-Товусӣ, 1411ҳ.қ., саҳ.524.
  37. Тӯсӣ, Ихтиёру маърифат-ир-риҷол, 1409ҳ.қ., саҳ.482.
  38. Тӯсӣ, Ихтиёру маърифат-ир-риҷол, 1409ҳ.қ., саҳ.480.
  39. Тӯсӣ, Ихтиёру маърифат-ир-риҷол, 1409ҳ.қ., саҳ.480.
  40. Ниг.: Ҳоҷизода, «Ҷараёни ғулув дар асри Имом Козим (а)», саҳ.112.
  41. Кашшӣ, Риҷол, саҳ.482.
  42. Табарсӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, ҷ.2, саҳ.385 – 396; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, ҷ.10, саҳ.234 - 249.
  43. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.1, саҳ.141.
  44. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.1, саҳ.148 - 149.
  45. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.2, саҳ.38 - 39.
  46. Қарашӣ, Ҳаёт-ул-Имом Мусо ибни Ҷаъфар, ҷ.2, саҳ.190 - 278, 297 - 307.
  47. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.1, саҳ.149.
  48. Уторидӣ, Муснаду Имом-ил-Козим, ҷ.1, муқаддима.
  49. Марвазӣ, Муснад-ул-Имом Мусо ибни Ҷаъфар алайҳиссалом, саҳ.187 - 232.
  50. Шайхи Тӯсӣ, Феҳрист, 1420ҳ.қ., саҳ.264.
  51. Наҷҷошӣ, Риҷоли Наҷҷошӣ, 1365ҳ.ш., саҳ.252.
  52. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.1, саҳ.13 – 20; Аҳмадии Миёнаҷӣ, Макотиб-ул-аимма, ҷ.4, саҳ.483 - 501.
  53. Аҳмадии Миёнаҷӣ, Макотиб-ул-аимма, ҷ.4, саҳ.357 – 359; Қурашӣ, Ҳаёт-ул-Имом Мусо ибни Ҷаъфар, ҷ.2, саҳ.238.
  54. Тӯсӣ, ал-Феҳрист, саҳ.271.
  55. Ибни Шаҳрошӯб, ал-Маноқиб, ҷ.4, саҳ.312 – 313; Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, ҷ.1, саҳ.84 – 85; Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.6, саҳ.406.
  56. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, ҷ.10, саҳ.244 - 245.
  57. Ибни Шаҳрошӯб, ал-Маноқиб, ҷ.4, саҳ.311 - 312.
  58. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.3, саҳ.297.
  59. Қарашӣ, Ҳаёт-ул-Имом Мусо ибни Ҷаъфар, ҷ.1, саҳ.278 - 294.
  60. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.6, саҳ.406; Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, ҷ.25, саҳ.301.
  61. Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, ҷ.1, саҳ.84 – 85; Шабровӣ, ал-Иттиҳоф биҳубб-ил-ашроф, саҳ.295; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, ҷ.10, саҳ.241 - 242.
  62. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, ҷ.10, саҳ.244 – 245; Ибни Шаҳрошӯб, ал-Маноқиб, ҷ.4, саҳ.311 – 312; Садуқ, Тавҳид, саҳ.270 - 275.
  63. Бағдодӣ, Таърихи Бағдод, ҷ.13, саҳ.29; Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, ҷ.2, саҳ.414
  64. Бағдодӣ, Таърихи Бағдод, ҷ.13, саҳ.33 - 32.
  65. Муфид, ал-Иршод, ҷ.2, саҳ.232 - 231.
  66. Муфид, ал-Иршод, ҷ.2, саҳ.240.
  67. Табарсӣ, Макорим-ул-ахлоқ, 91.
  68. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, ҷ.48, саҳ.11.
  69. Ибни Асир, ал-Комил, ҷ.6, саҳ.164; Ибни Ҷавзӣ, Тазкират-ул-хавос, саҳ.312
  70. Бағдодӣ, Таърихи Бағдод, ҷ.13, саҳ.30 - 33; Қарашӣ, Ҳаёт-ул-Имом Мусо ибни Ҷаъфар, ҷ.2, саҳ.154 - 167
  71. Муфид, ал-Иршод, ҷ.2, саҳ.232 - 231.
  72. Ибни Инаба, Умдат-ут-толиб, саҳ.177.
  73. Бағдодӣ, Таърихи Бағдод, ҷ.13, саҳ.29.
  74. Муфид, ал-Иршод, ҷ.2, саҳ.232.
  75. Ибни Асир, ал-Комил, ҷ.6, саҳ.164; Ибни Ҷавзӣ, Тазкират-ул-хавос, саҳ.312
  76. Муфид, ал-Иршод, ҷ.2, саҳ.233; Бағдодӣ, Таърихи Бағдод, ҷ.13, саҳ.30; Қарашӣ, Ҳаёт-ул-Имом Мусо ибни Ҷаъфар, ҷ.2, саҳ.162 - 160
  77. Ҳоҷиҳасан, Боб-ул-ҳавоиҷ, саҳ.281; Ҳиллӣ, Минҳоҷ-ул-каромат, саҳ.59
  78. Ҷаъфариён, Ҳаёти сиёсӣ ва фикрии имомони шиа, саҳ.406.
  79. Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, ҷ.1, саҳ.84 - 85; Шабровӣ, ал-Иттиҳоф биҳубб-ил-ашроф, саҳ.295
  80. Тӯсӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, ҷ.4, саҳ.149.
  81. Қарашӣ, Ҳаёт-ул-Имом Мусо ибни Ҷаъфар, саҳ.472.
  82. Кашшӣ, Риҷол, саҳ.441.
  83. Кашшӣ, Риҷол, саҳ.433.
  84. Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.75, саҳ.350.
  85. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, ҷ.48, саҳ.134.
  86. Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, ҷ.1, саҳ.77.
  87. Муфид, ал-Иршод, ҷ.2, саҳ.227 - 228.
  88. Аллоҳакбарӣ, Робита Алавиён ва Аббосиён, саҳ.22 - 23.
  89. Ҷаъфариён, Ҳаёти фикрӣ ва сиёсии имомони шиа, саҳ.385 - 384.
  90. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.1, саҳ.367.
  91. Розӣ, Ахбори Фах, таҳқиқи Моҳири Ҷаррор, 1995, саҳ.298; Ҳасанӣ, ал-Масобиҳ, 1423ҳ.қ., саҳ.482
  92. Розӣ, Ахбори Фах, таҳқиқи Моҳири Ҷаррор, 1995, саҳ.298; Ҳасанӣ, ал-Масобиҳ, 1423ҳ.қ., саҳ.482
  93. Розӣ, Ахбори Фах, таҳқиқи Моҳири Ҷаррор, 1995, саҳ.298; Ҳасанӣ, ал-Масобиҳ, 1423ҳ.қ., саҳ.482
  94. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибин, 1419ҳ.қ., саҳ.380
  95. Байҳақӣ, Лубоб-ул-ансоб, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.412
  96. Сайиди ибни Товус, Муҳаҷ-уд-даавот, 1411ҳ.қ., саҳ.218
  97. Кулайнӣ, Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.366
  98. Момақонӣ, Танқиҳ-ул-мақоли фи илм-ир-риҷол, 1423ҳ.қ., ҷ.22, саҳ.285 - 287
  99. Шарифӣ, «Аимма ва қиёмҳои шиъӣ», саҳ.89 - 90
  100. Ҷаъфариён, Ҳаёти фикрӣ ва сиёсии имомони шиа, 1387ҳ.ш., саҳ.389
  101. Ибни Ҷавзӣ, Тазкират-ул-хавос, саҳ.313.
  102. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.1, саҳ.476.
  103. Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), ҷ.1, саҳ.86.
  104. Муфид, ал-Иршод, ҷ.2, саҳ.239.
  105. Қумӣ, ал-Анвор-ул-баҳийя, саҳ.192–196.
  106. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, ҷ99, саҳ.17.
  107. Зиндагонии Имом Мусои Козим алайҳиссалом, Муассисаи фарҳангии Ҳидоят
  108. Муфид, ал-Иршод, ҷ.2, саҳ.237 - 238; Ирбилӣ, Кашф-ул-ғумма, ҷ.2, саҳ.760; Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибин, саҳ.415 - 414.
  109. Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, ҷ.1, саҳ.101.
  110. Садуқ, Камол-уд-дин, ҷ.2, саҳ.361 - 363; Ҷаъфариён, Ҳаёти фикрӣ ва сиёсии имомони шиъа, саҳ.398 - 400.
  111. Кашшӣ, саҳ.270- 271; Момақонӣ, Танқиҳ-ул-мақол, ҷ.3, саҳ.298.
  112. Муфид, ал-Иршод, ҷ.2, саҳ.242.
  113. Қарашӣ, Ҳаёт-ул-Имом Мусо ибни Ҷаъфар, ҷ.2, саҳ.516.
  114. Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, ҷ.1, саҳ.99 ва105.
  115. Муфид, ал-Иршод, ҷ.2, саҳ.215.
  116. Қурашӣ, Ҳаёт-ул-Имом Мусо ибни Ҷаъфар, ҷ.2, саҳ.516 - 517; Ҷаъфариён, Ҳаёти фикрӣ ва сиёсии имомони шиъа, саҳ.404
  117. Ибни Шаҳрошуб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1375ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.435
  118. Муфид, ал-Иршод, ҷ.2, саҳ.242 - 243.
  119. Муфид, ал-Иршод, ҷ.2, саҳ.242; Қурашӣ, Ҳаёт-ул-Имом Мусо ибни Ҷаъфар, ҷ.2, саҳ.508 - 510
  120. Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибин, саҳ.417.
  121. Ирбилӣ, Кашф-ул-ғумма, ҷ.2, саҳ.763.
  122. Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, ҷ.1, саҳ.99 ва 105.
  123. Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибин, саҳ.417.
  124. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.4, саҳ.583.
  125. Тӯсӣ, Риҷол, саҳ.329 - 347.
  126. Қурашӣ, Ҳаёт-ул-Имом Мусо ибни Ҷаъфар, ҷ.2, саҳ.231.
  127. Қурашӣ, Ҳаёт-ул-Имом Мусо ибни Ҷаъфар, ҷ.2, саҳ.231.
  128. Қарашӣ, Ҳаёт-ул-Имом Мусо ибни Ҷаъфар, ҷ.2, 231 - 373.
  129. Тӯсӣ, ал-Ғайбат, саҳ.65 - 64.
  130. Ниг.: Сафарии Фурушонӣ ва Бахтиёрӣ, Имом Ризо (а) ва фирқаи воқифия, Пажӯҳишҳои таърихӣ (илмӣ-пажӯҳишӣ), тобистони 1391ҳ.ш., саҳ.98 - 79 .
  131. Ҷабборӣ, Имом Козим ва созмони ваколат, саҳ.16.
  132. Ҷабборӣ, Созмони ваколат, саҳ.423 - 599.
  133. Тӯсӣ, ал-Ғайбат, саҳ.65 - 64.
  134. Қурашӣ, Ҳаёт-ул-Имом Мусо ибни Ҷаъфар, ҷ.2, саҳ.455.
  135. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.1, саҳ.313.
  136. Амин, Аъён-уш-шиъа, ҷ.1, саҳ.100; Ҷабборӣ, Имом Козим ва созмони ваколат, саҳ.16.
  137. Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, ҷ.15, саҳ.273.
  138. Ибни Инаба, Умдат-ут-толиб, 177; Шомӣ, ад-Дурр-ун-назим, саҳ.651 - 653; Ибни Асир, ал-Комил, ҷ.6, саҳ.164; Ибни Ҷавзӣ, Тазкират-ул-хавос, саҳ.312; Бағдодӣ, Таърихи Бағдод, ҷ.13, саҳ.29.
  139. Бағдодӣ, Таърихи Бағдод, ҷ.13, саҳ.29 - 33.
  140. Самъонӣ, ал-Ансоб, ҷ.12, саҳ.479.
  141. Бағдодӣ, Таърихи Бағдод, ҷ.1, саҳ.133.
  142. Каъбӣ, ал-Имом Мусо ибн ал-Козим алайҳиссалом сиратун ва таърих, саҳ.216.
  143. Абозарӣ, Китобшиносии Козимайн, саҳ.14.
  144. Ансории Қумӣ, Китобномаи Имом Козим.
  145. Абозарӣ, Китобшиносии Козимайн.
  146. Ҷамъе аз нависандагон ва маҷмуъаи мақолоти ҳамоиши замона ва сираи Имом Козим, 1392ҳ.ш.
  147. Ҷамъе аз нависандагон, Маҷмуъаи мақолоти ҳамоиши сира ва замонаи Имом Козим, ҷ.1, саҳ.30 - 31.

Сарчашма

  • Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Мақотил-ут-толибин, Бейрут, чопи сеюм, 1419ҳ.қ.
  • Аллоҳакбарӣ, Муҳаммад, «Робитаи Алавиён ва Аббосиён», Таърих дар оинаи пажӯҳиш (пешшумораи аввал) (Қум, муассисаи омӯзишӣ ва пажӯҳишии имом Хумайнӣ), 1381ҳ.ш., бозбинишуда дар 12 баҳмани 1395.
  • Амин, Сайидмуҳсин, Аъён-уш-шиъа, Бейрут, Дор-ут-таъоруф, 1403ҳ.қ.
  • Амин, Сайидмуҳсин, Сираи маъсумон, тарҷумаи Алӣ Ҳуҷҷатии Кирмонӣ, Теҳрон, Суруш, 1376ҳ.ш.
  • Ансории Қумӣ, Носириддин, Китобномаи Имом Козим алайҳис-салом, Конгресси ҷаҳонии ҳазрати Ризо алайҳис-салом, 1370ҳ.ш.
  • Аҳмадии Миёнаҷӣ, Алӣ, Макотиб-ул-аимма алайҳим-ус-салом, Қум, Дор-ул-ҳадис, 1426ҳ.қ.
  • Бағдодӣ, Хатиб, Таърихи Бағдод, ҷ. 13, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмийя, 1417ҳ.қ.
  • Байҳақӣ, Алӣ ибни Зайд, Лубоб-ул-ансоби ва-л-алқоби ва-л-аъқоб, Қум, 1428ҳ.қ.
  • Ибни Абилҳадид, Абдулҳамид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, Қум: китобхонаи умумии ҳазрати оятуллоҳилъузмо Маръашии Наҷафӣ, бе то.
  • Ибни Асир, ал-Комилу фи-т-торих, Бейрут, Дор-ус-содир, 1385ҳ.қ.
  • Ибни Инаба Ҳасанӣ, Умдат-ут-толиб фи ансоби оли Абитолиб, Қум, Ансориён, 1417ҳ.қ‏.
  • Ибни Ҷавзӣ, Сибт, Тазкират-ул-хавос, Қум, маншуроти Шариф ар-Разӣ, 1418ҳ.қ‏.
  • Ибни Шаҳрошӯб, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқибу оли Абитолиб, Қум, Аллома, 1379ҳ.қ.
  • Ибни Шуъбаи Ҳарронӣ, Ҳасан ибни Алӣ, Туҳаф-ул-уқул, Қум, Ҷомеъаи мударрисин, 1404ҳ.қ.
  • Ирбилӣ, Алӣ ибни Исо, Кашф-ул-ғумма фи маърифат-ил-аимма, Қум, Разӣ, 1421ҳ.қ.
  • Исфаҳонӣ, Абулфараҷ, Мақотил-ут-толибин, Бейрут, Дор-ул-маърифат, бе то.
  • Кашшӣ, Муҳаммад ибни Умар, Риҷол, Машҳад, муассисаи нашри донишгоҳи Машҳад, 1409ҳ.қ.
  • Каъбӣ, Алӣ Мусо, ал-Имом Мусо ибн ал-Козим алайҳ-ис-салом сиратун ва таърих, Муассисат-ур-рисолат, 1430ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломийя, 1407ҳ.қ.
  • Қарашӣ, Боқиршариф, Ҳаёт-ул-Имом Мусо ибни Ҷаъфар алайҳим-ус-салом, Меҳри дилдор, 1429ҳ.қ.
  • Қумӣ, Аббос, ал-Анвор-ул-баҳийя, Қум,Ҷомеъаи мударрисин, 1417ҳ.қ.
  • Марвазӣ, Мусо ибни Иброҳим, «Муснад-ул-Имом Мусо ибни Ҷаъфар», илми ҳадис (шумораи 15), (Қум, донишгоҳи Қуръон ва ҳадис), 1425ҳ.қ., бозбинишуда дар 12 баҳмани 1395.
  • Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Исбот-ул-васият, ҷ.2, тарҷумаи Муҳаммадҷаводи Наҷафӣ, Теҳрон, исломийя, 1362ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1403ҳ.қ.
  • Момақонӣ, Абдуллоҳ, Танқиҳ-ул-мақол фи илм-ир-риҷол, Қум, муассисаи Ол-ул-байт лиэҳё-ит-турос, бе то.
  • Муқаддасӣ, Ядуллоҳ, Таърихи вилодат ва шаҳодати маъсумон, Қум, Дафтари таблиғоти ҳавзаи илмияи Қум, 1391ҳ.ш.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Нуъмон, ал-Иршод фи маърифати ҳуҷаҷиллоҳи ала-л-ибод, Қум, конгресси Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Навбахтӣ, Ҳасан ибни Мусо, Фирақ-уш-шиъа, Бейрут, Дор-ул-азвоъ, 1404ҳ.қ., бозбинишуда дар 12 баҳмани 1395.
  • Насри Исфаҳонӣ, Абозар, Китобшиносии Козимайн, Теҳрон, машъар, 1393ҳ.ш.
  • Наҷҷошӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Риҷоли Наҷҷошӣ, Қум, Ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1365ҳ.ш.
  • Омилӣ, Ҳасан ибни Зайниддин, ат-Таҳрир-ут-Товусӣ, Қум, китобхонаи оятуллоҳ Маръашӣ, 1411ҳ.қ.
  • Пешвоӣ, Меҳдӣ, Сираи пешвоён, Қум, муассисаи Имом Содиқ, 1372ҳ.ш.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ат-Тавҳид, Қум, Ҷомеъаи мударрисин, 1398ҳ.қ.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Камол-уд-дин ва тамом-ун-неъмат, Теҳрон, исломийя, 1395ҳ.қ.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Уюну ахбор-ир-Ризо алайҳ-ис-салом, Теҳрон, нашри Ҷаҳон, 1378ҳ.қ.
  • Самъонӣ, Абдукарим ибни Муҳаммад, Ал-Ансоб, Ҳайдаробод, Маҷлису доират-ул-маъориф-ил-усмонийя, 1382ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир ибни Рустам, Далоил-ул-имомат, Қум, Беъсат, 1403ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, ал-Эҳтиҷоҷ ала аҳл-ил-лаҷоҷ, Машҳад, нашри Муртазо, 1403ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Эълом-ул-варо биаълом-ил-ҳудо, Машҳад, Ол-ул-байт, 1417ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Ҳасан ибни Фазл, Макорим-ул-ахлоқ, Қум, аш-Шариф ар-Разӣ, 1412ҳ.қ.
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Ғайбат, Қум, Дор-ул-маъориф-ил-исломийя, 1411ҳ.қ.
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Ихтиёру маърифат-ир-риҷол, муассисаи Ол-ул-байт лиэҳё-ит-турос, бе то.
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Риҷоли Тӯсӣ, Қум, Ҷомеъаи мударрисин, 1415ҳ.қ.
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Таҳзиб-ул-аҳком, Қум, Дор-ул-кутуб-ил-исломийя, 1407ҳ.қ.
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Феҳристу кутуб-иш-шиъа ва усулуҳум ва асмоъ-ил-мусаннифин ва асҳоб-ил-усул, Қум, мактабат-ул-муҳаққиқ ат-Таботабоӣ, 1420ҳ.қ.
  • Уторидӣ, Азизуллоҳ, Муснад-ул-Имом-ил-Козим, Абилҳасан Мусо ибни Ҷаъфар алайҳим-ус-салом, Машҳад, остони қудси Разавӣ, 1409ҳ.қ.
  • Фозили Миқдод, Миқдод ибни Абдуллоҳ, Иршод-ут-толибин ило наҳҷ-ил-мустаршидин, Қум, китобхонаи умумии ҳазрати оятуллоҳилъузмо Маръашии Наҷафӣ, 1405ҳ.қ.
  • Хуӣ, Сайид Абулқосим, Муъҷами риҷол-ил-ҳадис ва тафсилу табақот-ир-рувот, Қум, маркази нашри осор-уш-шиъа, 1410ҳ.қ.
  • Ҳасанӣ, Аҳмад ибни Иброҳим, ал-Масобиҳ, Санъо, 1423ҳ.қ.
  • Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Минҳоҷ-ул-каромат фи маърифат-ил-имомат, Машҳад, муассисаи Ошӯро, 1379ҳ.ш.
  • Ҳимярӣ, Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар, Қурб-ул-аснод, Теҳрон, мактабату Найнаво-л-ҳадиса, бе то.
  • Ҳоҷизода, Ядуллоҳ, «Ҷараёни ғулув дар асри Имом Козим (а) бо такя бар ақоиди ғолиёнаи Муҳаммад ибни Башир», дар фаслномаи Таърихи Ислом, соли чаҳорум, шумораи 53, баҳори 1392ҳ.ш.
  • ҲоҷиҲасан, Ҳусайн, Боб-ул-ҳавоиҷ ал-Имом Мусо-л-Козим алайҳис-салом, Бейрут, Дор-ул-Муртазо, 1420ҳ.қ.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиъа, Қум, муассисаи Ол-ул-байт лиэҳё-ит-турос, 1409ҳ.қ.
  • Ҷабборӣ, Муҳаммадризо, «Имом Козим алайҳис-салом ва созмони ваколат», Таърихи Ислом (№53), (Қум, Донишгоҳи Боқирулъулум), 1392ҳ.ш., бозбинишуда дар 12 баҳмани 1395.
  • Ҷабборӣ, Муҳаммадризо, Созмони ваколат, Қум, Муассисаи Имом Хумайнӣ, 1382ҳ.ш.
  • Ҷамъе аз нависандагон, анҷумани таърихпажӯҳони ҳавзаи илмияи Қум, Маҷмуъаи мақолоти ҳамоиши сира ва замонаи Имом Козим алайҳис-салом, Қум, маркази мудирияти ҳавзаҳои илмия, 1392ҳ.ш.
  • Ҷаъфариён, Расул, Ҳаёти фикрӣ ва сиёсии имомони шиъа, Қум, Ансориён, 1381ҳ.ш.
  • Шабровӣ, Ҷамолиддин, ал-Иттиҳоф биҳубб-ил-ашроф, Қум, Дор-ул-китоб, 1423ҳ.қ.
  • Шомӣ, Юсуф ибни Ҳотам, ад-Дурр-ун-назим фи маноқиб-ил-аиммат-ил-ҳомим, Қум, Ҷомеъаи мударрисин, 1420ҳ.қ.
  • Шӯрои тақвими муассисаи геофизики донишгоҳи Теҳрон, тақвими расмии кишвар соли 1398 ҳиҷрии шамсӣ, Теҳрон, 1397ҳ.ш.
  • Шуштарӣ, Муҳаммадтақӣ, Рисолатун фи таворих-ин-Набийи ва-л-Ол, Қум, Ҷомеъаи мударрисин, 1423ҳ.қ.
  • Яъқубӣ, Аҳмад ибни Абияъқуб, Таърих-ул-Яъқубӣ, Бейрут, Дорусодир, бе то.