Ал-Ҷор сумм-ад-дор
Расме бо номи «ал-Ҷор сумм-ад-дор» - асари Алии Баҳрайнӣ | |
| Мавзуъ | Ҳамсоядорӣ |
|---|---|
| Содиршуда аз | Ҳазрати Фотима (с) |
| Ровии аслӣ | Имом Ҳасан (а) |
| Сарчашмаи шиа | Илал-уш-шароеъ, Васоил-уш-шиа |
ал-Ҷор сумм-ад-дор (арабӣ: اَلْجارَ ثُمَّ الدّار) ба маънои «Аввал ҳамсоя, баъд хона» ҷумлаест, ки аз матни як ҳадиси маъруф[1] аз Ҳазрати Фотима (с) гирифта шудааст.[2] Аз Имом Ҳасан (а) ривоят шудааст, ки модарам дар шаби ҷумъа то субҳ дар меҳробаш ба ибодат машғул буд ва барои мардону занони муъмин бо зикри номашон бисёр дуо мекард, аммо барои худ дуо намекард. Гуфтам: Модар! Чаро он гуна ки барои дигарон дуо мекунӣ, барои худат дуо намекунӣ? Гуфт: Писарам! Аввал ҳамсоя, баъд хона.[3]
Шайх Садуқ дар боби 145 аз китоби Илал-уш-шароеъ ду ҳадис бо ду санади мухталиф нақл кардааст, ки ибораи «ал-Ҷор сумм-ад-дор» дар онҳо зикр шудааст. Ривояти аввал аз Имом Ҳасан (а) ва дувумӣ аз Имом Козим (а) ба нақл аз падаронаш аст, ки фарқи мазмунии чандоне надоранд.[4] Шайх Ҳурри Омилӣ дуо барои муъминон пеш аз дуо барои худро мустаҳаб дониста ва дар китоби Васоил-уш-шиа барои он бобе ихтисос додааст. Ӯ ин ду ҳадисро дар шумори далелҳои назари худ меоварад.[5]
Сайид Алихони Маданӣ дар китоби луғати худ ҳамин ҷумларо бо мазмуне дигар дар шумори зарбулмасалҳое бо мавзуи ҳамсоя овардааст. Ба гуфтаи ӯ, ин масал ба аҳамияти шинохти ҳамсоя пеш аз иқомат дар хонае ё харидани он ишора мекунад.[6] Дар китобҳои ҳадисӣ монанди ал-Кофӣ ва Туҳаф-ул-уқул ҷумлае аз Имом Алӣ (а) дар бораи аҳамияти ҳамсоя пеш аз интихоби хона вуҷуд дорад, ки калимоташ ба ибораи Ҳазрати Фотима (с) шабоҳат дорад.[7] Маҳдии Маҳризӣ, пажӯҳишгари улуми ҳадис, таваҷҷӯҳ ба фазои садури ҳадисро дар фаҳми маънии чунин ҳадисҳое, ки алфози муштарак доранд, зарурӣ донистааст.[8] Гуфта шудааст, ки ин ҷумла ва ҳар ду мазмуни он дар урф ва адабиёти форсӣ низ ба кор меравад.[9] Муаллифи китоби ал-Ихтисос аз Авзоӣ - олими аҳли суннат, пандҳое аз Луқмони Ҳаким ба фарзандаш нақл кардааст, ки ибораи «الجار ثم الدار ал-Ҷор сумм-ад-дор» низ аз ҷумлаи онҳост.[10]
Хок аз ҳамсоягии ҷисми пок,
Чун мушарраф омаду иқболнок.
Пас ту ҳам ал-Ҷор сумм-ад-дор гӯ,
Гар диле дорӣ, бирав дилдор ҷӯ.[11]
Гуфта шудааст, ки орифон ва шоироне монанди Аттори Нишопурӣ ва Ғазолӣ, ҷумлаи «ал-Ҷор сумм-ад-дор»-ро ба Робиаи Адавия, аз занони зоҳид дар қарни дуюми қамарӣ, нисбат додаанд.[12] Баъзе пажӯҳишгарон бо истинод ба манобеи ҳадисӣ ва баёни Ҳазрати Фотима (с) ин иддаоро рад кардаанд.[13] Орифон мазмуни ин ибораро тарҷеҳи Худо бар биҳишт ва ихлос дар ибодат донистаанд.[14]
Эзоҳ
- ↑ Ҷамшедӣ, «Қавоиди фаҳми ҳадис», саҳ.60
- ↑ Шайх Садуқ, Илал-уш-шароеъ, 1385ҳ.ш./1966 м., ҷ.1, саҳ.182
- ↑ Шайх Садуқ, Илал-уш-шароеъ, 1385ҳ.ш./1966 м., ҷ.1, саҳ.182
- ↑ Шайх Садуқ, Илал-уш-шароеъ, 1385ҳ.ш./1966 м., ҷ.1, саҳ.182
- ↑ Шайх Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1409 ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.113
- ↑ Мадании Шерозӣ, ат-Тароз, 1384ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.230
- ↑ Кулайнӣ, Кофӣ, 1407 ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.24; Ибни Шуъбаи Ҳарронӣ, Туҳаф-ул-уқул, 1404 ҳ.қ./1363ҳ.ш., саҳ.86; Наҳҷ-ул-балоға, таҳқиқи Субҳӣ Солеҳ, нома 31, саҳ.405
- ↑ Маҳризӣ, Ҳадиспажӯҳӣ, 1390ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.179
- ↑ «تأثیر زبانی و محتوایی روایات شیعی بر ادبیات فارسی», сомонаи Оини раҳмат
- ↑ Шайх Муфид, ал-Ихтисос, 1413 ҳ.қ., саҳ.337
- ↑ Мавлавӣ, Маснавии маънавӣ, саҳ.929
- ↑ Паноҳӣ, «ал-Ҷор сумм-ад-дор ва баррасии маъхаз ва омӯзаҳҳои ахлоқӣ ва ирфонии он», саҳ.32–34
- ↑ Паноҳӣ, «ал-Ҷор сумм-ад-дор ва баррасии маъхаз ва омӯзаҳҳои ахлоқӣ ва ирфонии он», саҳ.34–36
- ↑ Муллосадро, Тафсири Қуръони карим, 1366ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.414; ҷ.7, саҳ.399; Паноҳӣ, «ал-Ҷор сумм-ад-дор ва баррасии маъхаз ва омӯзаҳҳои ахлоқӣ ва ирфонии он», саҳ.33
Сарчашма
- Ибни Шуъбаи Ҳарронӣ, Ҳасан ибни Алӣ, Туҳаф-ул-уқул, таҳқиқи Алиакбар Ғаффорӣ, Қум, Ҷомеаи мударрисин, чопи дуюм, 1404 ҳ.қ./1363ҳ.ш.
- Паноҳӣ, Маҳин, «ал-Ҷор сумм-ад-дор ва баррасии маъхаз ва омӯзаҳои ахлоқӣ ва ирфонии он», дар маҷаллаи Пажӯҳишҳои исломӣ, №7, тобистони 1390ҳ.ш.
- «تأثیر زبانی و محتوایی روایات شیعی بر ادبیات فارسی», сомонаи Оини раҳмат, санаи боздид: 5 хурдоди 1403ҳ.ш.
- Ҷамшедӣ, Асадуллоҳ, «Қавоиди фаҳми ҳадис», дар маҷаллаи Маърифат, №83, обони 1383ҳ.ш.
- Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Илал аш-шароӣ, Қум, китобфурӯшии Доварӣ, чопи аввал, 1385ҳ.ш./1966 м.
- Шайх Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Ихтисос, Қум, конфронси ҷаҳонии ҳазораи Шайх Муфид, чопи аввал, 1413 ҳ.қ.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммад Охундӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи чорум, 1407 ҳ.қ.
- Мадании Шерозӣ, Алихон ибни Аҳмад, ат-Тароз-ул-аввал ва-л-каноз лимо алайҳи мин луғат-ил-араби ва-л-муъаввал, Машҳад, Муассисаи Олу-л-байт (а) лиэҳё-ит-турос, чопи аввал, 1384ҳ.ш.
- Муллосадро, Муҳаммад, Тафсири Қуръони Карим, таҳқиқи Муҳаммад Хоҷавӣ, Қум, интишороти Бидор, чопи дуюм, 1366ҳ.ш.
- Мавлавӣ, Ҷалолуддин Муҳаммад, Маснавии маънавӣ, ба кӯшиши Тавфиқ Ҳошимпури Субҳонӣ, Теҳрон, Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, чопи аввал, 1373ҳ.ш.
- Маҳризӣ, Маҳдӣ, Ҳадиспажӯҳӣ, Қум, Дор-ул-ҳадис, чопи дуюм, 1390ҳ.ш.
- Наҳҷ-ул-балоға, таҳқиқи Субҳӣ Солеҳ, Қум, Муассисаи Дор-ул-ҳиҷра, 1414 ҳ.қ.