Ҳадиси Эътило

Аз wikishia
Ҳадиси Эътило

Ҳадиси Эътило ривояте нақлшуда аз Пайғамбари Ислом (с) аст, ки ба бартарии дини Ислом бар динҳои дигар ва тасаллут надоштани кофир бар мусулмон ишора дорад. Касоне ҳамчун Сайидҳасан Буҷнурдӣ (ваф.1395ҳ.қ.) заъфи санадии ҳадиси Эътилоро бо вуҷуди шуҳрати амалӣ ва итминон ба судур, қобили ҷуброн дида, онро мавриди истинод қарор додаанд.

Иддае аз ҳадиспажуҳон, иртиботи ҳадиси Эътило бо нафйи тасаллути кофир бар мусулмонро рад карда, муътақиданд, ин ривоят мухтас ба эътилои дини Ислом бар динҳои дигар аст, вале бо тавваҷуҳ ба ташкил шудани дини Ислом аз маҷмӯаи аҳкому қонунҳо, ҳаргоҳ гуфта шавад Ислом волоияту бартарӣ дорад манзур он аст, ки Худо аҳкомро ба гунае ташреъ кардааст, ки дар тамомии онҳо, кофир ҳеҷгуна тасаллуте бар мусулмон надорад. Барои таъйиди мазмуни ҳадис ба ояти Нафйи сабил истинод шудааст.

Муаррифии иҷмолӣ ва ҷойгоҳ

Ҳадиси Эътило, ривояти набавие аст, ки дар китоби Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ[1] яке аз кутуби арбаъаи шиа ва китоби Сунан-ул-Доруқутнӣ[2] яке аз манобеи ривоии аҳли суннат нақл шудааст ва мавриди тавваҷуҳи касоне ҳамчун Шайхи Муфид ва Сайиди Муртазо қарор гирифтааст.[3] Ба гуфтаи Муртазо Мутаҳҳарӣ (ваф. 1358ҳ.ш.), ин ҳадис аз суханони муташобиҳи Пайғамбар (с) аст, ки ҳар гуруҳе аз уламо бо нигоҳе хос аз он истинбот кардаанд.[4]

Дар ҳадиси Эътило ба нақли Шайхи Садуқ чунин омадааст: «اَلأِسلامُ يَعْلُو وَ لا يُعلي عَليْهِ وَ الْكُفّارُ بِمَنْزِلَةِ الْمَوْتي لا يَحْجُبونَ وَ لا يَرِثُونَ; Ислом ҳамеша (нисбат ба динҳои дигар) бартарӣ дорад ва ҳеҷ чизе бар он бартарӣ надорад ва кофирон ба манзалаи мурдаҳое ҳастанд, ки на монеъи ирс мешаванд ва на, ирс мебаранд!».[5]

Ин ҳадис ба унвони мадраке барои исботи қоидаи нафйи сабил мавриди тавваҷуҳи фақеҳон қарор гирифта шудааст.[6] Ба гуфтаи Мусавии Буҷнурдӣ, дар ин ҳадис, илова бар адами тасаллути кофир бар мусулмон, ба бартарии дини Ислом бар динҳои дигар низ ишора шудааст.[7]

Ҳадиси Эътилоро баёнкунандаи аҳком ва қонунҳое медонанд,[8] ки ба мӯҷиби он ҳаргуна тасаллуте аз кофир бар мусулмон дар тамомии шуъун, ҳамчун уқуд, иқоъот, вилоёт, муъоҳидот ва издивоҷ нафй шудааст.[9] Ин ривоят дарбардорандаи ду ҷумлаи исботӣ ва салбӣ аст, ки ҳар кадом баёнгари адами тасаллути кофир бар мусулмон аст:[10]

  1. Мазмуни ҷумлаи исботӣ (علو و لایعلی علیه) дар иртибот бо аҳком ва қонунҳое аст, ки дар Ислом ҷаъл шуда ва дар он волоияту бартарии мусулмон дар тамомии шуъун мавриди тавваҷуҳ қарор гирифтааст.[11]
  2. Мазмуни ҷумлаи салбӣ (لا يَحْجُبونَ وَ لا يَرِثُونَ) ба нафйи тасаллути кофир бар мусулмон дар аҳкому қонунҳои вазъшуда дар Ислом ишора дорад.[12]

Эътибори санад ва далолат

Мегӯянд, дар силсилаи ровиёни ҳадиси Эътило ибҳомоте вуҷуд дорад, ки боис шудааст бархе санади онро заъиф бидонанд.[13] Албатта дар муқобил барои эътибор бахшидан ба ривоят ва ҷуброни заъфи санад, ба шуҳрати амалӣ ва итминон ба судури он истинод шудааст.[14] Ҳамчунин ба нақли он тавассути Шайхи Садуқ дар китоби Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ аз кутуби арбаъаи шиа.[15] Абдулаъло Сабзаворӣ (ваф.1372ҳ.ш.) дар тафсири Мавоҳиб-ур-Раҳмон бо истинод ба ояти Нафйи сабил, ҳадиси Эътилоро муътабар донистааст.[16]

Бархе, ҳадиси Эътилоро дар мақоми баёни муаррифии дини Ислом ба унвони бартарин оини тавҳидӣ муаррифӣ кардаанду гуфтаанд: ин ривоят иртиботе бо нафйи тасаллути кофир бар мусулмон надорад.[17] Дар ҷавоб гуфта шудааст: дини Ислом, маҷмӯае аз аҳкому қавонин аст ва вақте ки гуфта мешавад, Ислом волоияту бартарӣ дорад, яъне аз сӯи Худованд аҳком ба гунае қонунгузорӣ шудааст, ки дар тамомии онҳо кофир наметавонад тасаллуту бартарие бар мусулмон дошта бошад.[18]

Корбурдҳои ҳадис

Ба гуфтаи Муртазо Мутаҳҳарӣ, ҳадиси Эътило дар фиқҳ, калом ва иҷтимоъ корбурд дорад, аз ҷумла:

  • Корбурди фиқҳӣ: қонуне, ки натиҷаи он бартарии ғайримусулмон бар мусулмон бошад, вуҷуд надорад.
  • Корбурди каломӣ: дар арсаи эҳтиҷоҷу истидлол, мантиқи Ислом бар ҳар мантиқе бартарӣ ва ғалаба дорад.
  • Корбурди иҷтимоӣ: қонуни Ислом аз ҳар қонуни дигаре бо ниёзҳои башар мунтабиқтар аст.[19]

Иртибот бо ояти Нафйи сабил

Мақолаи аслӣ: Ояти Нафйи сабил

Мазмуни ҳар як аз ояти Нафйи сабил ва ҳадиси Эътило адами тасаллути кофир аст;[20] бо ин тавзеҳ, ки як иртиботи мантиқие байни он ду барқарор буда[21] ба гунае, ки мазмуни ривоят баёнгари адами тасаллути кофир бар мусулмон аст ва оят ишора ба адами тасаллути кофир бар муъмин дорад ва тибқи баёни қуръонӣ ки маънои муъмин ахас аз мусулмон дониста шудааст;[22] маъно ва мафҳуми ояти Нафйи сабил низ ахас аз ривоят аст.[23]

Эзоҳ

  1. Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.334.
  2. Доруқутнӣ, Сунан-ул-Доруқутнӣ, 1424ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.370.
  3. Мусавии Буҷнурдӣ, Қавоид фиқҳийя, 1379ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.352-353.
  4. Мутаҳҳарӣ, Ҳамосаи Ҳусайнӣ, 1379ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.326.
  5. Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.334.
  6. Мусавии Буҷнурдӣ, Қавоид фиқҳийя, 1379ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.349-358.
  7. Мусавии Буҷнурдӣ, Қавоид фиқҳийя, 1379ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.349-358.
  8. Фозили Ланкаронӣ, ал-Қавоид-ул-фиқҳийя, 1383ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.238.
  9. Фозили Ланкаронӣ, ал-Қавоид-ул-фиқҳийя, 1383ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.238.
  10. Мусавии Буҷнурдӣ, ал-Қавоид-ул-фиқҳийя, 1377ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.190.
  11. Мусавии Буҷнурдӣ, ал-Қавоид-ул-фиқҳийя, 1377ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.190.
  12. Мусавии Буҷнурдӣ, ал-Қавоид-ул-фиқҳийя, 1377ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.190.
  13. Мусавии Буҷнурдӣ, Қавоид фиқҳийя, 1379ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.352-353.
  14. Мусавии Буҷнурдӣ, Қавоид фиқҳийя, 1379ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.352-353.
  15. Мусавии Буҷнурдӣ, Қавоид фиқҳийя, 1379ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.352-353.
  16. Мусавии Сабзаворӣ, Мавоҳиб-ур-Раҳмон, 1409ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.43.
  17. Мусавии Буҷнурдӣ, Қавоид фиқҳийя, 1383ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.355.
  18. Мусавии Буҷнурдӣ, Қавоид фиқҳийя, 1383ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.355.
  19. Мутаҳҳарӣ, Ҳамосаи Ҳусайнӣ, 1379ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.326.
  20. Ҳоҷӣ Алӣ, “Тааммуле бар ояти Нафйи сабил бо таъкид бар мафҳуми вожаи сабил”, саҳ.151.
  21. Ҳоҷӣ Алӣ, “Тааммуле бар ояти Нафйи сабил бо таъкид бар мафҳуми вожаи сабил”, саҳ.151.
  22. Сураи Ҳуҷурот, ояти 14.
  23. Ҳоҷӣ Алӣ, “Тааммуле бар ояти Нафйи сабил бо таъкид бар мафҳуми вожаи сабил”, саҳ.151.

Сарчашма

  • Доруқутнӣ, Алӣ ибни Умар, Сунан-ул-Доруқутнӣ, Бейрут, муассисатур-рисолат, 1424ҳ.қ.
  • Маркази фарҳанг ва маорифи Қуръон, доиратулмаорифи Қуръони Карим, Қум, Бустони китоб, 1382ҳ.ш.
  • Мусавии Буҷнурдӣ, Муҳаммад, Қавоид фиқҳийя, Теҳрон, муассисаи танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ, 1379ҳ.ш.
  • Мусавии Буҷнурдӣ, Ҳасан, ал-Қавоид-ул-фиқҳийя, Қум, нашри Алҳодӣ, 1377ҳ.ш.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Ҳамосаи Ҳусайнӣ, Теҳрон, Садро, 1379ҳ.ш.
  • Сабзаворӣ, Абдулаъло, Мавоҳиб-ур-Раҳмон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, муассисаи Аҳли Байт (а), 1409ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ лил-матбуъот, 1390ҳ.қ.
  • Фозили Ланкаронӣ, Муҳаммадҷавод, ал-Қавоъид-ул-фиқҳийя, Қум, маркази фиқҳии Аиммаи атҳор алайҳимус-салом, 1383ҳ.ш.
  • Ҳоҷӣ Алӣ, Фарибо, “Тааммуле бар ояти Нафйи сабил бо таъкид бар мафҳуми вожаи сабил”, мундараҷ дар нашрияи Таҳқиқоти улуми Қуръону ҳадис, № 2, 1386ҳ.ш.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, Қум, интишороти исломии вобаста ба ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1413ҳ.қ.