Салмону минно аҳл-ал-байт
Ҳадиси «Салмону минно аҳл-ал-байт» бо хатти сулс - коре аз Муҳаммад Таърифӣ | |
| Мавзуъ | Фазоили Салмон |
|---|---|
| Содиршуда аз | Ҳазрати Муҳаммад (с) |
| Эътибори санад | Саҳеҳ ва мутавотир |
| Сарчашмаи шиа | Уюну ахбор-ир-Ризо • Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид • Муҷмаъ-ул-баён • Ихтисос |
| Сарчашмаи суннӣ | ат-Табоқот-ул-кубро • Сирати набавӣ |
Салмону минно аҳл-ал-байт (арабӣ: سلمان منّا أهلالبیت) ба маънои «Салмон аз мо - аҳли байт, аст» хадисе машҳур, мутавотир ва саҳеҳуссанад аст аз Паёмбари Ислом (с) дар бораи фазоил ва мақоми Салмони Форсӣ. Бархе аз имомони шиа чун Имом Алӣ (а), Имом Суҷҷод (а), ва Имом Боқир (а) низ ин хадисро ба таври мустақим ё ба нақл аз Расулуллоҳ (с) баён кардаанд.
Ривояти ҳодисаи кандан хандақ дар ҷанги аҳзоб ва сухани Умари ибни Хаттоб дар мавриди араб набудани Салмон, аз ҷумла сабабҳои зикршудаи садури ин ҳадис аз тарафи Расулуллоҳ (с) ҳастанд.
Шайхи Садуқ, Шайхи Тӯсӣ ва Шайхи Муфид аз уламои шиа ва Ибни Саъд ва Ибни Ҳишом аз уламои аҳли суннат — ҳамаи ин ашхос ин ҳадисро дар китобҳояшон нақл кардаанд.
Бархе гуфтаанд мақсуди Расулуллоҳ (с) аз ин ҳадис ин аст, ки Салмон бар дини мост. Дигарон ин ҳадисро ба маънии ҷойгоҳи баланди Салмон дар наздикии ақида, ахлоқ ва амал бо Паёмбар (с) маънидод кардаанд.
Муҳаммад Алӣ Асбар дар соли 1413ҳ.қ., китобе бо унвони «Салмону минно аҳл-ал-байт» дар Бейрут нашр кард, ки дар он зиндагии Салмони Форсӣ ва аҳволи ӯро, ҳамчунин матни ин ҳадисро, баррасӣ намудааст.
Муаррифӣ ва ҷойгоҳ
«Салмону минно аҳл-ал-байт; (Салмон аз мо аҳли байт аст») ҳадисест, ки ба гуфтаи муҳаққиқони шиа, аввалин бор аз ҷониби Паёмбари Ислом (с) содир шудааст.[1] Бар асоси манобеи ҳадисӣ, бархе имомони шиа низ онро ба таври мустақим ё ба нақл аз Паёмбар (с) баён кардаанд.[2] Масалан, Имом Алӣ (а), дар посух ба саволе дар бораи Салмон, ӯро аз аҳли байт (а) зикр кардааст.[3] Дар китоби Кофӣ навиштаи Кулайнӣ (ваф.329ҳ.қ.) низ ҳадисе аз Имом Суҷҷод бо тафсирҳои гуногун нақл шудааст, ки дар он Салмон аз аҳли байт дониста шудааст.[4] Ҳамчунин, бар асоси ҳадисе аз китоби Равзат-ул-ваъизин навиштаи Фаттоли Нишобурӣ, назди Имом Боқир (а) аз Салмони Форсӣ ёдоварӣ шуд. Имом онҳоро ба хомӯшӣ даъват кард ва гуфт ӯро «Салмони Муҳаммадӣ» бихонанд, чунки ӯ аз аҳли байт (а) аст.[5] Дар Риҷоли Кашшӣ низ аз Имом Содиқ (а) ривояте дар мавриди «Салмону минно аҳл-ал-байт» нақл шудааст.[6]
Маншаи судури ҳадис
Дар бораи ҳодисае, ки боис ба содир шудани ин ҳадис шудааст, дар манобеъ ихтилоф вуҷуд дорад.[7] Табарсӣ - муфассири шиа ва Ибни Саъд? сиранависи суннимазҳаб гузориш додаанд, ки Паёмбар (с) барои кандани хандақ дар ҷанги аҳзоб минтақае барои мусулмонон таъин кард. Муҳоҷирон ва ансор дар бораи Салмон, ки марди қавие буд, баҳс карданд ва ҳар ду гурӯҳ мехостанд ӯро аз худ донанд. Паёмбари Акрам бо ин ҷумлаи «Салмону минно аҳл-ал-байт» ӯро аз Аҳли Байт (а) хонд.[8]
Шайхи Муфид дар гузориши дигар навиштааст, вақте Паёмбар (с) сухани Умар ибни Хаттоб дар бораи араб набудани Салмонро шунид, бар минбар рафт ва хутбае хонд дар бораи он ки инсонҳо бо зоти худ ва ранги пӯсташон бар якдигар бартарӣ надоранд, магар бо тақво. Салмонро уқёнуси беинтиҳо ва ганҷи поённопазир номид ва ӯро аз Аҳли Байт хонд.[9] Дар Китоби Сулайм ибни Қайс низ ривояте омадааст, ки Паёмбар (с) аз ҳамаи ғайр аз Аҳли Байт хост, маҷлисро тарк кунанд. Салмон дар ҳоли рафтан буд, аммо Паёмбар (с) аз ӯ хост бимонад, зеро ӯ аз Аҳли Байт аст.[10]
Эътибори ҳадис ва манобеи он
Ҳадиси «Салмону минно аҳл-ал-байт» аз ҳадисҳои машҳур, муътабар[11] ва мутавотир аст.[12] Бархе муҳаққиқон ин ҳадиси саҳеҳуссанад ва устуворро на як ҳадис, балки бахши муштараки чанд ҳадис[13] аз Паёмбари Ислом (с) ва имомон (а) донистаанд.[14]
Шайх Садуқ дар китоби Уюну ахбор-ир-Ризо,[15] Шайх Тӯсӣ дар Тафсири Тибён ва Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид,[16] Шайх Муфид дар Ихтисос,[17] Ибни Шаҳрошӯб дар Маноқиби Оли Абутолиб,[18] Аҳмад ибни Алии Табарсӣ дар Иҳтиҷоҷ,[19] ва ҳамчунин Сулайм ибни Қайс[20] аз уламои шиаанд, ки ин ҳадисро нақл кардаанд. Ибни Саъд дар ат-Табоқот-ул-кубро[21] ва Ибни Ҳишом дар ас-Сират-ун-набавия[22] аз уламои аҳли суннатанд, ки ин ҳадисро ривоят кардаанд.
Тафсирҳои гуногун аз ҳадис
Олимони мусалмон тафсирҳои мухталифе аз ҳадиси «Салмону минно аҳл-ал-байт» пешниҳод кардаанд:
Фазл ибни Ҳасани Табарсӣ ва Шайх Тӯсӣ гуфтаанд, ки мақсуди Расулуллоҳ ин буд, ки Салмон бар дини мост.[23] Бархеи дигар навиштаанд, ки ҳадис мақоми Салмонро баён мекунад, ки аз ҷиҳати ақида, ахлоқ ва амал ба Паёмбари Ислом (с) наздик шуда буд.[24]

Ибни Арабӣ, аз орифони мусалмон, ин ҷумлаи Паёмбарро шаҳодат бар дараҷаи таҳорату покӣ, ҳифзи Илоҳӣ ва исмати Салмон донистааст. Ӯ мегӯяд, ки дар ояти татҳир, Худованд Паёмбар ва аҳлибайташро ба хотири ин ки бандаи маҳзи Ӯ буданд аз «риҷс» (палидӣ) пок кардааст ва ҳар касе, ки ба онҳо шабоҳат дорад, низ ба Паёмбар ва аҳлибайташ мулҳақ мешавад. Аз ин рӯ, ин оят Салмонро низ дар бар мегирад.[25] Аммо Мулло Муҳсин Файзи Кошонӣ иддаои Ибни Арабиро ва сирояти ояти татҳир ба Салмон ва дигарон ғайр аз Аҳли Байтро рад карда, ҳатто зикри онро ҷоиз намедонад.[26]
Гурӯҳе аз пажӯҳишгарон, дониши Салмон ба ҷойгоҳи ҳақиқии аҳлилбайт (а)[27] ва бархеи дигар сифатҳо ва вижагиҳои хоси Салмонро[28] аз асрори расидани Салмон ба мақоме донистаанд, ки Паёмбари Ислом (с) ва Аимма (а) ӯро аз худ донистаанд.
Такнигорӣ
Муҳаммадалӣ Асбар дар соли 1413ҳ.қ. китобе бо унвони «Салмону минно аҳл-ал-байт» ба забони арабӣ навиштааст, ки онро нашриёти Дор-ул-исломия дар Бейрут дар 354 саҳифа мунташир кардааст. Ин китоб дар бораи зиндагии Салмони Форсӣ, аҳволи ӯ ва ҳадиси «Салмону минно аҳл-ал-байт» аст.[29]
Эзоҳ
- ↑ Ҳусайнӣ Амин ва Мусавӣ, «Баррасии вижагиҳои “минно” будани Салмони Форсӣ бар асоси таҳлили ривоёти “лайса минно”», саҳ.50
- ↑ Ҳусайнӣ Амин ва Мусавӣ, «Баррасии вижагиҳои “минно” будани Салмони Форсӣ бар асоси таҳлили ривоёти “лайса минно”», саҳ.50
- ↑ Табарсӣ, ал-Иҳтиҷоҷ, 1403ҳ.қ., ҷ. 1, саҳ.260
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1363ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.401
- ↑ Фаттоли Нишобурӣ, Равзат-ул-ваъизин, 1375ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.283
- ↑ Кашшӣ, Риҷоли Кашшӣ, 1348, саҳ.12 бо нақл аз: Ҳусайнӣ Амин ва Мусавӣ, «Баррасии вижагиҳои “минно” будани Салмони Форсӣ бар асоси таҳлили ривоятҳои “лайса минно”», саҳ.49
- ↑ Шайх Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), Ҷаҳон, ҷ.2, саҳ.64; Шайх Тӯсӣ, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, 1411ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.817
- ↑ Табарсӣ, Муҷмаъ-ул-баён, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.726 ва ҷ.8, саҳ.533; Ибни Саъд, ат-Табоқот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.62
- ↑ Шайх Муфид, ал-Ихтисос, 1413ҳ.қ., саҳ.341
- ↑ Ҳусайнӣ Амин ва Мусавӣ, «Баррасии вижагиҳои “минно” будани Салмони Форсӣ бар асоси таҳлили ривоёти “лайса минно”», саҳ.49
- ↑ Ҷӯё, «Ахбори машкук дар мероси маъсури ахлоқӣ», саҳ.102
- ↑ Ҳусайнӣ Амин ва Мусавӣ, «Баррасии вижагиҳои “минно” будани Салмони Форсӣ бар асоси таҳлили ривоёти “лайса минно”», саҳ.65; Басирӣ ва Шафеӣ, «Баррасии таҳлилии ҳадиси “Салмону минно аҳл-ал-байт”», саҳ.163 ва 169
- ↑ Басирӣ ва Шафеӣ, «Баррасии таҳлилии ҳадиси “Салмону минно аҳл-ал-байт”», саҳ.163 ва 169
- ↑ Ҳусайнӣ Амин ва Мусавӣ, «Баррасии вижагиҳои “минно” будани Салмони Форсӣ бар асоси таҳлили ривоёти “лайса минно”», саҳ.50
- ↑ Шайх Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), Ҷаҳон, ҷ.2, саҳ.64
- ↑ Шайх Тӯсӣ, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, 1411ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.817
- ↑ Шайх Муфид, ал-Ихтисос, 1413ҳ.қ., саҳ.341
- ↑ Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.85
- ↑ Табарсӣ, ал-Иҳтиҷоҷ, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.260
- ↑ Сулайм ибни Қайс, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.965 ба нақл аз: Ҳусайнӣ Амин ва Мусавӣ, «Баррасии вижагиҳои “минно” будани Салмони Форсӣ бар асоси таҳлили ривоёти “лайса минно”», саҳ.49
- ↑ Ибни Саъд, ат-Табоқот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.62
- ↑ Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавия, Дор-ул-маърифа, ҷ.1, саҳ.70
- ↑ Табарсӣ, Муҷмаъ-ул-баён, 1408ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.253; Шайх Тӯсӣ, ат-Тибён, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.5, саҳ.494
- ↑ «حدیث «سلمان منّا اهل البیت» با انحصار «اهل البیت» در پنج تن آل عبا در آیه تطهیر چگونه قابل جمع است؟», сомонаи Муассисаи таҳқиқотии Ҳазрати Валиаср (аҷ); Расулӣ ва дигарон, «Тарҷума», дар Муҷмаъ-ул-баён, ҷ.26, саҳ.174
- ↑ Ибни Арабӣ, ал-Футуҳот-ул-маккия, Дору содир, ҷ.1, саҳ.195–196
- ↑ Мулло Муҳсин Файзи Кошонӣ, Башорат-уш-шиа, саҳ.152, ба нақл аз: Ҳусайнии Теҳронӣ, Рӯҳи муҷаррад, 1425ҳ.қ., саҳ.446
- ↑ «سرّی که سلمان را جزو اهلبیت ساخته، چیست؟», сомонаи Хабар Онлайн; «دکتر بابک عالیخانی عنوان کرد: سلمان در آیینه فتوحات», сомонаи Муассисаи пажӯҳишии Ҳикмат ва фалсафаи Эрон
- ↑ Ҳусайнӣ Амин ва Мусавӣ, «Баррасии вижагиҳои “минно” будани Салмони Форсӣ бар асоси таҳлили ривоёти “лайса минно”», саҳ.52–53
- ↑ Ниг.: «سلمان منا اهل البیت», сомонаи Китобхонаи тахассусии Амирулмуъминин Алӣ (а); ниг.: Асбар, Салмону минно аҳл-ал-байт, 1413ҳ.қ., саҳ.4
Сарчашма
- Ибни Саъд, Муҳаммад, ат-Табоқот-ул-кубро, таҳқиқи Муҳаммад Абдулқодир Ато, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1410ҳ.қ.
- Ибни Шаҳрошӯб, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқибу Оли Абитолиб, таҳқиқ ва тасҳеҳи Муҳаммадҳусайн Оштиёнӣ ва Ҳошим Расулӣ, Қум, Олима, нашри аввал, 1379ҳ.қ.
- Ибни Арабӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Футуҳот-ул-маккия, Бейрут, Дору содир, бетаърих.
- Ибни Ҳишом, Абдулмалик, ас-Сират-ун-набавия, таҳқиқ ва тасҳеҳи Иброҳим Обиёрӣ, Мустафо Сақо ва Абдулҳафиз Шибли, Бейрут, Дор-ул-маърифа, бетаърих.
- Асбар, Муҳаммад Алӣ, Салмону минно аҳл-ал-байт, Бейрут, Дор-ул-исломия, 1413ҳ.қ.
- Басирӣ, Ҳамидризо ва Сайид Рӯҳуллоҳ Шафеӣ, «Таҳлили ҳадиси “Салмону минно аҳл-ал-байт”», маҷаллаи Ҳадиспажӯҳӣ, №7, баҳор ва тобистони 1391ҳ.ш.
- Ҷӯё, Ҷаҳонбахш, «Ахбори машкук дар мероси маъсури ахлоқӣ», маҷаллаи Омӯзиши ахлоқи амалӣ, №8, шаҳривари 1386ҳ.ш.
- «حدیث «سلمان منّا اهل البیت» با انحصار «اهل البیت» در پنج تن آل عبا در آیه تطهیر چگونه قابل جمع است؟», сомонаи Муассисаи таҳқиқотии Ҳазрати Валиаср (аҷ), санаи боздид: 21 хурдоди 1403ҳ.ш.
- Ҳусайнӣ Амин, Сайид Муртазо ва Сайид Маҳсин Мусавӣ, «Баррасии вижагиҳои “минно” будани Салмони Форсӣ бар асоси таҳлили ривоёти “лайса минно”», маҷаллаи Ҳадис ва андеша, №26, пойиз ва зимистони 1397ҳ.ш.
- Ҳусайнӣ, Сайид Муртазо, «بررسی ویژگیهای «منّا» بودن سلمان فارسی بر اساس تحلیل روایات «لیس منّا».», маҷаллаи Ҳадис ва андеша, пойиз ва зимистони 1397, №26.
- Ҳусайнии Теҳронӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Рӯҳи муҷаррад, Машҳад, нашриёти Олима Табатабоӣ, нашри 8, 1425ҳ.қ.
- «دکتر بابک عالیخانی عنوان کرد: سلمان در آیینه فتوحات», сомонаи Муассисаи пажӯҳишии Ҳикмат ва фалсафаи Эрон, санаи нашр: 22 озари 1402ҳ.ш., санаи боздид: 20 хурдоди 1403ҳ.ш.
- Расулӣ, Ҳошим ва дигарон, «Тарҷума», дар тафсири Муҷмаъ-ул-баён, таълифи Фазл ибни Ҳасани Табарсӣ, Теҳрон, Фараҳонӣ, бето.
- «سرّی که سلمان را جزو اهلبیت ساخته، چیست؟», сомонаи Хабар Онлайн, санаи нашр: 14 исфанди 1402ҳ.ш., санаи боздид: 20 хурдоди 1403ҳ.ш.
- «سلمان منا اهل البیت», сомонаи Китобхонаи тахассусии Амирулмуъминин Алӣ (а), санаи боздид: 22 хурдоди 1403ҳ.ш.
- Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), тасҳеҳи Маҳдӣ Лоҷвардӣ, Теҳрон, Ҷаҳон, бетаърих.
- Шайх Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибёну фи тафсир-ил-Қуръон, тасҳеҳи Аҳмад Ҳабиб Омилӣ, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бето.
- Шайх Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, тасҳеҳи Алиасғари Маворид ва Абӯзар Бидор, Бейрут, Муассисаи Фиқҳи шиа, 1411ҳ.қ.
- Шайх Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Ихтисос, таҳқиқ ва тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ ва Маҳмуд Маҳрамии Зарандӣ, Қум, Муътамари ҷаҳонии ҳазораи Шайх Муфид, нашри аввал, 1413ҳ.қ.
- Табарсӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Иҳтиҷоҷ, тасҳеҳи Муҳаммадбоқир Мусавии Хурсонӣ, Машҳад, Нашри Муртазо, 1403ҳ.қ.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Муҷмаъ-ул-баён, тарҷума ва тасҳеҳи Ҳошим Расулӣ ва дигарон, Бейрут, Дор-ул-маърифа, 1408ҳ.қ.
- Фаттоли Нишобурӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Равзат-ул-ваъизин ва басират-ул-муттаизин, Қум, нашриёти Разӣ, нашри аввал, 1375ҳ.ш.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммад Охундӣ, Теҳрон, Дор-ул-қутуб-ил-исломия, 1363ҳ.ш.