Вадоеъи имомат

Аз wikishia

Вадоеъ (ҷамъи вадиъа ба маънои амонатҳо)-и имомат, чизҳое аз пайғамбарон, Имом Алӣ (а) ва ҳазрати Заҳро (с), ки назди имомони шиа буда аст ва аз меъёрҳои шинохти имом шуморида мешудааст. Шамшер ва ангуштари Пайғамбар (с), Асои Мӯсо, ангуштари Сулаймон ва китобҳои Мусҳафи Фотима (с), Ҷафр ва ҷомеъа аз он ҷумлаанд.

Имомони шиа дар мувоҷиҳа бо муддаиёни имомат ва тардиди шиаён дар шинохти имом, ба вуҷуди вадоеъи имомат назди худ истинод мекарданд.

Мафҳум ва ҷойгоҳ

Манзур аз вадоеъ, чизҳое хос, монанди шамшер, китоб ва ангуштар аст, ки аз имоме ба имоми дигар ба амонат супорида мешавад ва нишонаи имомати ӯст. Вадоеъи имомат, дар канори васияти имоми қаблӣ, аз меъёрҳои муҳим барои ташхиси имоми баъдӣ будааст;[1] ба хусус онки исботи имомат ба василаи васият, дар шароити тақия, номумкин будааст.[2] Аз ин рӯ, бар вадоеъи имомат таъкид мешуда, то шакку шубҳае дар ташхиси мисдоқи имом боқӣ намонад.[3]

Мисдоқҳо

Дар ривоёти нақлшуда дар манобеи шиа, мавориде ҷузви вадоеъи имомат шуморида шудааст. Имомон бо таъбирҳо «عندنا/индано» (назди мо) ё «عندی/индӣ» (назди ман), ба вуҷуди ин маворид дар назди худ ишора мекарданд:

Вадоеъи имомат тавзеҳот

Вадоеъи имомат Тавзеҳот
Шамшери Пайғамбар (с)[4] Дар ривояте аз Имом Содиқ (а) пас аз ташбеҳи шамшери Пайғамбар ба Тобути Банӣ Исроил, омадааст: шамшери Пайғамбар (с) назди ҳар як аз мо бошад, имомат ба ӯ дода шудааст.[5] Бино бар бархе ривоёт, ин шамшер ҳамон Зулфиқор аст.[6]
Ҷафр[7] Китобе аст, ки дар он ҳаводиси оянда то рӯзи қиёмат зикр шудааст.[8]
Ҷомеъа Китобе ба имлои Пайғамбар (с) ва ба хати Имом Алӣ (а)аст ва ҳамаи аҳкоми ҳалолу ҳаром дар он ҳаст.[9]
Китоби Алӣ (а)[10] Бархе Ҷомеъа ва китоби Алиро як китоб, бо ду ном донистаанд;[11] вале Оқобузурги Теҳронӣ аз ин китоб, бо унвони Амолии Расулуллоҳ ном бурда ва онро ғайр аз ҶаФру Ҷомеъа донистааст.[12]
Мусҳафи Фотима (с) китобе, ки фариштаи илоҳӣ барои ҳазрати Фотима (а) баён кардааст ва Имом Алӣ (а) онро навиштааст.[13]
Саҳифаи фароиз дар бораи ирс ба хати Имом Алӣ (а)[14]
Ангуштари Пайғамбар (с)[15]
Зиреҳи Пайғамбар (с)[16] Дар ривоёт омадааст, аз нишонаҳои имом он аст, ки зиреҳи Пайғамбар (с) ба қомати ӯ муносиб бошад.[17]
Ҷафри сурхи анбоне, ки дар он силоҳи Пайғамбар (с) қарор дорад.[18]
ҶаФри сафед анбоне, ки дар он Таврот, Инҷил, Забур ва дигар китобҳои осмонӣ қарор дорад.[19]
Девони шиаён ки номи шиаён дар он мавҷуд аст. Дар бархе ривоёт, аз он ба «Номус» ёд шудааст.[20]
Мероси дигар пайғамбарон ҳамчун Алвоҳ, Ташт, Тобут ва асои Мусо (а) ва ангуштари Сулаймон (а)[21]

Эҳтиҷоҷи имомон бо вадоеъи имомат

Имомони шиа дар баробари муддаиёни имомат ё дар бархӯрд бо тардиди шиаён, ба вуҷуди вадоеъи имомат назди худ, истинод мекардаанд. Барои мисол, Имом Алӣ (а) дар шӯрои шашнафара гуфт: «шуморо ба Худо савганд, оё байни шумо касе ғайр аз ман ҳаст, ки силоҳ, парчам ва ангуштари Расули Аллоҳ назди ӯ бошад?».[22]

Имом Содиқ (а) ки аз як тараф бо ҷараёни Ҳасаниён мувоҷеҳ буд, ки маҳдавияти Муҳаммад ибни Абдуллоҳи Маҳзро таблиғ мекарданд[23] ва аз тарафе бо ду ҷараёни Кайсония ва Зайдия рӯ ба рӯ буд, аз вуҷуди силоҳи Пайғамбар назди худ ба унвони абзоре барои эҳтиҷоҷ бо онҳо истифода мекард.[24] Нақл шудааст ба Имом Содиқ (а) гуфтанд: иддае гумон мекунанд, шамшери Расули Худо назд Абдуллоҳ ибни Ҳасан аст. Ӯ посух дод:

«Ба Худо қасам, Абдуллоҳ ибни Ҳасан ҳаргиз онро надидааст. Шамшер ва парчами Расули Худо назди ман аст. Силоҳи Расули Аллоҳ монанди Тобут дар Банӣ Исроил аст. Ҳаркуҷо Тобут ёфт мешуд, набувват ҳамонҷо буд. Силоҳи Расули Аллоҳ ҳам, назди ҳаркасе бошад, ӯ имом аст!».[25]

Интиқоли вадоеъ аз як имоме ба имоми баъд

Бино бар ривоёти шиа, вадоеъи имомат аз ҳар имоме ба имоми дигаре супорида мешудааст; хоҳ ба таври мустақим ё бо восита. Аз Имом Содиқ (а) нақл шудааст: китобҳо назди Алӣ (а) буд. Вақте ба сӯи Ироқ рафт, он китобҳоро назди Уммусалама ба амонат гузошт. Пас аз ӯ, он китобҳо назди Ҳасан (а) буд ва пас аз ӯ, назди Ҳусайн (а) ва пас аз ӯ, назди Алӣ ибни Ҳусайн (а) ва пас аз ӯ, назди падарам.[26]

Низ нақл шудааст, вақте Имом Ҳусайн (а) ба сӯи Ироқ ҳаракат кард, китобҳо ва васиятро назди Уммусалама ҳамсари Пайғамбар (с) амонат гузошт. Вақте Алӣ ибни Ҳусайн (а) бозгашт, Уммусалама онҳоро ба ӯ дод.[27]

Аз Имом Боқир (а) ҳам нақл шудааст: вақте замони вафоти Алӣ ибни Ҳусайн (а) расид, сандуқе оварду ба ман гуфт: «Эй Муҳаммад, ин сандуқро бибар!». Дар он сандуқ, шамшери Расули Худо ва китобҳои ӯ буд.[28]

Маҳали вадоеъ дар замони Ғайбат

Тибқи гузорише аз Аллома Маҷлисӣ, вадоеъи имомат дар давраи Ғайбати суғро назди ноибони хосси Имоми Замон (аҷ) будааст. Дар гузориши ӯ омадааст, вақте ноиби дувум, Муҳаммад ибни Усмон даргузашт, ходимаш сандуқчаеро, ки вадоеъи имомат дар он буд, ба ноиби сеюм, Ҳусайн ибни Рӯҳи Навбахтӣ таҳвил дод.[29]

Ба гуфтаи Оқобузурги Теҳронӣ, бар пояи ривоёти шиа, ҳамакнун вадоеъи имомат назди имоми дувоздаҳум аст.[30]

Эзоҳ

  1. Шайхи Тӯсӣ, ал-Иқтисод, 1430ҳ.қ., саҳ.375.
  2. Таботабоӣ, “Ҷусторе дар осебшиносии чолишҳои оғози имомати Имом Козим”, саҳ.104.
  3. Таботабоӣ, “Ҷусторе дар осебшиносии чолишҳои оғози имомати Имом Козим”, саҳ.79.
  4. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.1, 1362ҳ.ш., саҳ.305.
  5. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1362ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.238.
  6. Ибни Шаҳрошӯб, ал-Маноқиб, 1379ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.135 ва 253.
  7. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1362ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.239; Саффор, Басоир-уд-дараҷот, 1404ҳ.қ., саҳ.152.
  8. Шайхи Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.353.
  9. Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.186.
  10. Саффор, Басоир-уд-дараҷот, 1404ҳ.қ., саҳ.147.
  11. Аскарӣ, Маъолим-ул-мадрасатайн, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.335 - 338.
  12. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.306 - 307.
  13. Саффор, Басоир-уд-дараҷот, 1404ҳ.қ., саҳ.152 - 153.
  14. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.162.
  15. Саффор, Басоир-уд-дараҷот, 1404ҳ.қ., саҳ.156.
  16. Саффор, Басоир-уд-дараҷот, 1404ҳ.қ., саҳ.156.
  17. Ибни Шаҳрошӯб, ал-Маноқиб, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.253; Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.217.
  18. Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.186.
  19. Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.186.
  20. Саффор, Басоир-уд-дараҷот, 1404ҳ.қ., саҳ.173.
  21. Саффор, Басоир-уд-дараҷот, 1404ҳ.қ., саҳ.175.
  22. Саффор, Басоир-уд-дараҷот, 1404ҳ.қ., саҳ.182.
  23. Наҷафёни Разавӣ, “Баррасии чигунагии муносиботи Ҳасаниён ва имомони шиа, мутолиоти таърихи Ислом”, 1392ҳ.ш.
  24. Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.187 - 188.
  25. Саффор, Басоир-уд-дараҷот, 1404ҳ.қ., саҳ.175.
  26. Саффор, Басоир-уд-дараҷот, 1404ҳ.қ., саҳ.162.
  27. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1362ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.304; Ибни Шаҳрошӯб, ал-Маноқиб, 1379ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.172.
  28. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1362ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.305.
  29. Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.85, саҳ.211.
  30. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1408ҳ.қ., ҷ.21, саҳ.126.

Сарчашма

  • Оқобузурги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, аз-Зариъа ило тасониф-иш-шиъа, Қум, Исмоилиён, 1408ҳ.қ.
  • Ибни Шаҳрошӯб, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Маноқиб, Қум, нашри Аллома, 1379ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Камол-уд-дин ва тамом-ун-неъмат, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, Исломия, чопи дувум, 1395ҳ.қ.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Иқтисод фимо яҷибу ала-л-ибод, таҳқиқи Сайидкозими Мӯсавӣ, Қум, Далели мо, чопи аввал, 1430ҳ.қ.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршод фи маърифати ҳуҷаҷиллоҳи ала-л-ибод, Қум, конгресси Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Саффор, Муҳаммад ибни Ҳасан, Басоир-уд-дараҷот фи фазоили Оли Муҳаммад, Қум, китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, чопи дувум, 1404ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Муҳаммадкозим, “Ҷусторе дар осебшиносии чолишҳои оғози имомати Имом Козим”, маҷаллаи Имоматпажӯҳӣ, шумораи 8, соли дувум, зимистони 1391ҳ.ш.
  • Аскарӣ, Сайид Муртазо, Маъолим-ул-мадрасатайн, Бейрут, муассисаи Нуъмон, 1410ҳ.қ.
  • Аллома Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор-ил-ҷомеъа лидурари ахбор-ил-аиммат-ил-атҳор, Бейрут, муассисаи Вафо, 1403ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Исломия, чопи дувум, 1362ҳ.ш.
  • Наҷафёни Разавӣ, Лайло, «Баррасии чигунагии муносиботи Ҳасаниён ва имомони шиа то соли 145 ҳиҷрии қамарӣ», мутолиоти таърихи Ислом, шумораи панҷум, 1392ҳ.ш.