Ман лам яшкур-ил-махлуқ лам яшкур-ил-холиқ
«Ман лам яшкур-ил-махлуқ лам яшкур-ил-холиқ» (арабӣ: مَن لم يَشكُرِ المَخلوقَ لَم يَشكُرِ الخالِقَ) ба маънои «Касе ки шукргузори махлуқ набошад, шукргузори Холиқ низ нахоҳад буд», ибораест, ки ба унвони ривоят шуҳрат ёфтааст; аммо ба гуфтаи ҳадиспажӯҳон дар манобеи ривоии шиа ёфт намешавад. Бо вуҷуди ин, аҳодисе бо мазмуни мушобеҳ дар манобеи исломӣ вуҷуд дорад.
Пажӯҳишгарон бо истинод ба ин ибора, миёни шукр аз махлуқ ва шукр аз Холиқ, робитаи мустақим қоил шудаанд. Ба назари онон, чун махлуқот воситаи файзи Илоҳӣ ҳастанд, шукргузорӣ аз онҳо дар воқеъ шукргузорӣ аз Худо ба унвони маншаи аслии неъматҳо маҳсуб мешавад.
Ин нигоҳ дар адабиёти форсу тоҷик низ инъикос ёфтааст, чунонки орифоне монанди Ҷомӣ онро дар қолаби шеър баён кардаанд.
Иборати баргирифта аз аҳодиси мушобеҳ
Ба гуфтаи Носир Макорими Шерозӣ, агарчи ибораи «Ман лам яшкур-ил-махлуқ лам яшкур-ил-холиқ» дар миёни ривоёти шиа вуҷуд надорад,[1] аммо дар манобеи ҳадисии шиа ривоёт бо мазмуни мушобеҳ вуҷуд дорад, аз ҷумла:
- «Ман лам яшкур-ин-нос лам яшкур-ил-лоҳ; (Касе ки шукри эҳсони мардумро надошта бошад, Худоро шукр намекунад.)»[2] аз Пайғамбар (с).[3] [Ёддошт 1]
- «...Ашкарукум ли-л-лоҳ ашкарукум ли-н-нос...; (Шукргузортарини шумо ба Худованд, шукргузортарини шумо ба мардум аст.)»[4] аз Имом Саҷҷод (а).[5] [Ёддошт 2]
- «Ман лам яшкур-ил-мунъима мин-ал-махлуқин лам яшкур-ил-лоҳа азза ва ҷалл; (Ҳар кас дар баробари хубии мардум ташаккур накунад, аз Худованд низ ташаккур накардааст.)»[6] аз Имом Ризо (а).[7] [Ёддошт 3]
- «...Фаман лам яшкур волидайҳи лам яшкур-ил-лоҳа таъоло...; (Касе ки аз падару модари худ сипосгузорӣ накунад, аз Худованд низ сипосгузорӣ накардааст.)»[8] аз Имом Ризо (а).[9] [Ёддошт 4]
Робитаи шукри махлуқ бо шукри Холиқ
Пажӯҳишгарони динӣ бо истинод ба ривоёт дар бораи сипосгузорӣ аз дигарон, қоил ба вуҷуди робитаи зарурӣ миёни шукр аз бандагони Худо бо шукр аз Холиқ (Худо) ҳастанд; чунонки Муртазо Мутаҳҳарӣ, мутафаккир ва нависандаи шиа бар ин аст, ки инсон наметавонад ба далели он ки аз Худо сипосгузорӣ кардааст, аз касоне монанди падар, модар, муаллим ва дигарон, ки ба ӯ некӣ кардаанд, ташаккур накунад.[10] Ба гуфтаи Носир Макорими Шерозӣ, робитаи зарурӣ миёни шукри махлуқ ва шукри Холиқро метавон ба ду гуна тафсир кард:
- Тарки шукргузории махлуқ, нишонаи зоти носипоси шахс аст; дар ин сурат дар баробари Холиқ низ шукргузор нахоҳад буд, ба вижа он ки неъматҳои Худованд ба далели густардагии онҳо мумкин аст ба чашми шахс наояд.
- Махлуқ, воситае барои интиқоли неъмати Худо ба бандагон аст ва шукргузорӣ накардан аз воситаи неъмат, сабаби ношукрӣ аз Холиқ хоҳад шуд.[11]
Абдуллоҳ Ҷаводии Омулӣ низ шукргузорӣ аз махлуқотро нишонаи адаб ва вазифаи инсонӣ медонад.[12] Албатта Сайид Муҳаммадалӣ Аёзӣ - қуръонпажӯҳи шиа, ин корро машрут бар он медонад, ки боиси ғафлат аз Худованд нашавад.[13]
Дар муқобил, Муҳаммадҷаводи Муғния - аз мофассирони шиа, бар ин аст, ки агарчи шукри махлуқ кори шоиста ва некӯ аст; вале ибораи «Ман лам яшкур-ил-махлуқ лам яшкур-ил-холиқ» танҳо як дастури ахлоқӣ аст ва наметавон бо истинод ба он қоил ба мулозима миёни шукри махлуқ бо шукри Холиқ шуд ва ҳукм ба вуҷуби шукри махлуқ дод.[14]
Дар адабиёти форсу тоҷик
Сипосгузорӣ аз дигарон дар баробари некиҳое, ки ба инсон мекунанд, дар адабиёти форсӣ низ бозтоб ёфтааст; чунонки Абдураҳмони Ҷомӣ зайли ҳадиси «Ман лам яшкур-ин-нос лам яшкур-ил-лоҳ» чунин сурудааст:
Эзоҳ
- ↑ Макорими Шерозӣ, Ахлоқ дар Қуръон, 1377ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.93
- ↑ Ғаффорӣ, Тарҷумаи Ман ло яҳзуруҳ-ул-фақиҳ, 1367ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.318
- ↑ Садуқ, Ман ло яҳзуруҳ-ул-фақиҳ, 1404ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.380
- ↑ Макорими Шерозӣ, Гуфтори маъсумин (а), 1387ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.200
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.99
- ↑ Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Мизон-ул-ҳикма, 1389ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.24
- ↑ Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), 1378ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.24
- ↑ Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Мизон-ул-ҳикма, 1389ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.24
- ↑ Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.258
- ↑ Мутаҳҳарӣ, Ошноӣ бо Қуръон, ҷ.2, 1376ҳ.ш., саҳ.23–24
- ↑ Макорими Шерозӣ, Ахлоқ дар Қуръон, 1385ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.463–464
- ↑ Ҷаводӣ Омулӣ, تفسیر سوره طور، جلسه ۸, Сомонаи Исро
- ↑ Аёзӣ, Тафсири Қуръони маҷид баргирифта аз осори Имом Хумайнӣ, 1386ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.229
- ↑ Муғния, ат-Тафсир-ул-кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.239
- ↑ Ҷомӣ, (۶) مَنْ لَمْ یَشْکُرِ النَّاسَ لَمْ یَشْکُرِ اللهَ. (جامع الترمذی), сомонаи Ганҷур; Ҷомӣ - Рисолаи Арбаин - (6) Ман лам яшкур-ин-нос лам яшкур-ил-лоҳ. (Ҷомеъ ат-Тирмизӣ )
Ёддошт
Сарчашма
- Аёзӣ, Муҳаммадалӣ, Тафсири Қуръони маҷид баргирифта аз осори Имом Хумайнӣ, Теҳрон, Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ (р), 1386ҳ.ш.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ Алӣ Акбар Ғаффорӣ ва Муҳаммад Охундӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1407ҳ.қ.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Ахлоқ дар Қуръон, Қум, Мадрасаи Имом Алӣ ибни Абутолиб, 1377ҳ.ш.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Гуфтори маъсумин (а), таҳия ва танзими Сайид Муҳаммад Абдуллоҳзода, Қум, Мадрасаи Имом Алӣ ибни Абутолиб, 1387ҳ.ш.
- Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Ошноӣ бо Қуръон (2), Теҳрон, Интишороти Садро, 1376ҳ.ш.
- Муғния, Муҳаммадҷавод, ат-Тафсир-ул-кошиф, Эрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1424ҳ.қ.
- Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Муҳаммад, Мизон-ул-ҳикма, Қум, Созмони чоп ва интишори Дор-ул-ҳадис, 1389ҳ.ш.
- Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳ-ул-фақиҳ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1404ҳ.қ.
- Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ Маҳдӣ Лоҷвардӣ, Теҳрон, Нашри Ҷаҳон, 1378ҳ.қ.
- Ғаффорӣ, Алиакбар ва Муҳаммадҷаводи Ғаффорӣ ва Садруддини Балоғӣ, Тарҷумаи Ман ло яҳзуруҳ-ул-фақиҳ, Теҳрон, Нашри Садуқ, 1367ҳ.ш.
- Ҷаводӣ Омулӣ, Абдуллоҳ, تفسیر سوره طور، جلسه ۸, Сомонаи Исро, санаи дарҷ: 25 баҳмани 1395ҳ.ш., санаи боздид: 17 фарвардини 1404ҳ.ш.
- Ҷомӣ, Абдураҳмон, (۶) مَنْ لَمْ یَشْکُرِ النَّاسَ لَمْ یَشْکُرِ اللهَ. (جامع الترمذی) дар рисолаи Арбаин, сомонаи Ганҷур.
- Ҷомӣ - Рисолаи Арбаин - (6) Ман лам яшкур-ин-нос лам яшкур-ил-лоҳ. (Ҷомеъ ат-Тирмизӣ ), Сайти Ганҷур.