Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Ман алламанӣ ҳарфан фақад сайяранӣ абдан

Аз wikishia
Ман алламанӣ ҳарфан фақад сайяранӣ абдан
Ҳадиси "Ман алламанӣ" ба хатти Муҳаммади Таърифӣ
Ҳадиси "Ман алламанӣ" ба хатти Муҳаммади Таърифӣ
МавзуъАхлоқӣ ва тарбиявӣ
Содиршуда азИмом Алӣ (а)
Эътибори санадБесанад
Сарчашмаи шиаҶомеъ-ус-саодот
Таъйиди ривоӣРивояте аз Пайғамбари акрам (с) дар китоби Аволи-ул-лаолӣ
Ҳадисҳои машҳур
Ҳадиси Силсилат-уз-заҳаб ● Ҳадиси Сақалайн ● Ҳадиси Кисо ● Мақбулаи Умар ибни Ҳанзала ● Ҳадиси Қурби навофил ● Ҳадиси Меъроҷ ● Ҳадиси Вилоят ● Ҳадиси Висоят ● Ҳадиси Ҷунуди ақлу ҷаҳл ● Ҳадиси Шаҷара


Ман алламанӣ ҳарфан фақад сайяранӣ абдан (арабӣ: مَن عَلَّمَني حَرفاً فَقَد صَیَّرَني عَبداً) сухане мансуб ба Имом Алӣ (а) аст бо маънои "Ҳар кас як ҳарф ба ман биёмузад, маро бандаи худ кардааст". Ин сухан ба аҳамияти мақоми муаллим ва илмомӯзӣ ишора дорад ва таъбири бандагии шогирд дар баробари устод дар он, киноя аст.

Ин ибора дар манбаъҳое чун «Расоили форсии Адҳами Халхолӣ» ва «Ҷомеъ-ус-саодот» бидуни санад зикр шуда ва баъзе муҳаққиқон дар мансубияти он ба Имом Алӣ (а) тардид доранд, вале муҳтавои онро таъйид мекунанд.

Монанди ин мазмун дар ривояте аз Пайғамбар (с) низ дар сарчашмаҳое чун Аволи-ул-лаоли ва Биҳор-ул-анвор омадааст. Ин ибора, дар фарҳанги умумӣ, адабиёт ва санъатҳои гуногун чун хушнависӣ ва шеър низ инъикос ёфтааст.

Ҷойгоҳ ва аҳаммият

«Ман алламанӣ ҳарфан фақад сайяранӣ абдан», сухане мансуб ба Имом Алӣ (а) аст, ки онро дар бораи ҷойгоҳи муаллим ва арзиши илмомӯзӣ медонанд.[1] Дар Эрон аз ин ибора дар сурудҳо ба муносибати бузургдошти мақоми муаллим,[2] тасвири рӯи китобҳои дарсӣ,[3] санъати хушнависӣ[4] ва шеър[5] истифода шудааст.

"Ман алламанӣ" омада дар гуфтаи Мавло,
Дар манзилату рутбати волои муаллим.
Ин умри гаронмоя зи каф меравад арзон,
Нашносӣ агар мартабату ҷои муаллим.[6]


Мазмуни ин сухан ба шаклҳои дигаре ҳамчун «Ана абду ман алламанӣ ҳарфан; (Ман бандаи касе ҳастам, ки ҳарфе ба ман омӯхт.)»[7] ва «Ман алламанӣ ҳарфан кунту лаҳу абдан; (Ҳар кас ки як ҳарф ба ман биомӯзад, ман бандаи ӯ ҳастам)», низ ба Имом Алӣ (а) нисбат дода шудааст.[8]

Муҳтаво

Ибораи «Ман алламанӣ ҳарфан фақад сайяранӣ абдан» бо маънои «Ҳар кас як ҳарф ба ман биёмузад, маро бандаи худ кардааст»[9], аз ҷониби Муҳаммадтақӣ Мисбоҳи Яздӣ (ваф.1399ҳ.ш.) аз андешмандон шиа, ҳамчун ишора ба таъсири муаллим дар шаклгирии шахсияти илмии шогирд тафсир мешавад, на ба маънои убудияти ҳақиқӣ.[10] Қабончӣ, муҳаққиқи шиа, бо таъкид ба ҷанбаи маҷозӣ ин убудиятро нишонае аз азамати мақоми илм медонад.[11] Нароқӣ дар китоби Ҷомеъ-ус-саодот бо истинод ба ин ривоят, Пайғамбар (с) ва имомон (а)-ро ҳамчун муаллимони ҳақиқӣ муаррифӣ мекунад, ки лоиқи баландтарин дараҷаҳои маҳаббат пас аз Худо ҳастанд.[12] Имом Алӣ (а) низ дар ҳадиси «Ана абдун мин абиди Муҳаммад» ба ҳамин мантиқ, худро бандаи Пайғамбар (с) ҳамчун муаллимаш муаррифӣ мекунад.[13]

Манбаъҳо ва эътибори санад

Дар китоби «Таърихномаи Ҳирот» (қарни 7-8 ҳиҷрӣ), ин ибора бидуни калимаи «Қад» ба Ҳазрати Алӣ (а) нисбат дода шудааст.[14] Ҳамчунин Адҳам Узлатии Халхолӣ (ваф.1052ҳ.қ.) дар «Расоили форсии Адҳами Халхолӣ»[15] ва Мулло Муҳаммадмаҳдии Нароқӣ (ваф.1209ҳ.қ.) дар Ҷомеъ-ус-саодот,[16] онро бидуни санад ба Имом Алӣ (а) нисбат додаанд.[17] Абусаид Ходимии Ҳанафӣ (ваф.1156ҳ.қ.)[18] ва Қабончӣ дар «Шарҳи Рисолат-ул-ҳуқуқ ли-л-Имом Зайнулобидин (а)»[19] низ мазмуни ин ибораро ба Имом Алӣ (а) нисбат додаанд.

Албатта Абдулқодир Оли Ғозӣ (ваф.1398ҳ.қ.), аз уламои аҳли суннат, ин ибораро ба шахсе ба номи Шуъба[20] ва Аҷлунӣ (ваф.1162ҳ.қ.), аз уламои аҳли суннат, онро ба каломи машҳур нисбат додаанд.[21]

Нақшаи рӯи китоби арабӣ соли якуми омӯзиши мутавассита (синфи 7), даҳаи шасти ҳиҷрӣ дар Эрон, соли 1368ҳ.ш./1989

Албатта Носир Макорими Шерозӣ аз мароҷеи тақлиди шиа ва баъзе муҳаққиқон, дар нисбати ин ҳадис ба Имом Алӣ (а) тардид кардаанд.[22] Бо ин ҳол Оятуллоҳ Хоманаӣ, аз мароҷеи тақлиди шиа, мазмуни онро дуруст донистааст.[23]

Ибораҳои монанд

  • «مَن عَلَّمَنی حَرفاً مَلَّکَنی عَبداً (Ман алламанӣ ҳарфан маллаканӣ абдан); Ҳар кас як ҳарф ба ман биёмузад, маро ба унвони абд, молик шуд» Сайид Муҳаммадсодиқ Баҳрулъулум ҳамчун зарбулмасал.[25]
  • «أَنَا عَبْدُ مَنْ تَعَلَّمْتُ مِنْهُ (Ана абду ман таъалламту минҳу); Ман бандаи касе ҳастам, ки аз ӯ омӯхтам», Шаҳиди Сонӣ дар Мунят-ул-мурид ба шахси номаълум нисбат додааст.[26]
  • «أَنَا عَبْدُ مَنْ تَعَلَّمْتُ مِنْهُ حَرْفًا (Ана абду ман таъалламту минҳу ҳарфан); Ман бандаи касе ҳастам, ки аз ӯ як ҳарф омӯхтам» Фахри Розӣ ҳамчун зарбулмасал.[27]

Эзоҳ

  1. ↑ Аллома Таботабоӣ, Таолими Ислом, 1387ҳ.ш., саҳ.209; Мисбоҳи Яздӣ, Нигоҳе гузаро ба ҳуқуқи башар аз дидгоҳи Ислом, тадвин: Абдулҳакими Салимӣ, саҳ.139; Мутаҳҳарӣ, Инсони комил, 1402ҳ.ш., саҳ.216-217; Макорими Шерозӣ, Ахлоқи исломӣ дар Наҳҷ-ул-балоға, 1385ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.157
  2. ↑ Ниг.: «سرود من علمنی حرفا قد صیرنی عبدا به مناسبت روز معلم», сомонаи Апарат
  3. ↑ «عربی سال اول آموزش متوسطه دهه شصت سال ۱۳۶۸», сомонаи Кӯшон-Бук
  4. ↑ Ниг.: «اثر ۴۸۰ بخط محمد تعریفی خشتی: حدیث خوشنویسی شده من علمنی حرفا فقد صیرنی عبدا», сомонаи Шамими сулс; «اثر حسن مختاری در هنر خوشنویسی : محفل خوشنویسی», сомонаи 100 ҳунар
  5. ↑ Ниг.: «من علمنی حرفا فقد صیرنی عبدا», пойгоҳи иттилоърасонии Ҳавза
  6. ↑ «من علمنی حرفا فقد صیرنی عبدا», Пойгоҳи иттилоърасонии Ҳавза
  7. ↑ ал-Ходимӣ, Бариқатун маҳмудия, 1348ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.3
  8. ↑ Қабончӣ, Шарҳу Рисолат-ул-ҳуқуқ Имом Зайнулобидин (а), 1422ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.306
  9. ↑ Нароқӣ, Тарҷумаи матни комили Ҷомеъ-ус-саодот, 1388ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.438
  10. ↑ Мисбоҳи Яздӣ, Нигоҳе гузаро ба ҳуқуқи башар аз дидгоҳи Ислом, тадвин: Абдулҳакими Салимӣ, саҳ.139
  11. ↑ Қабончӣ, Шарҳи Рисолат-ул-ҳуқуқ Имом Зайнулобидин (а), 1422ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.306
  12. ↑ Нароқӣ, Ҷомеъ-ус-саодот, Аъламӣ, ҷ.3, саҳ.142
  13. ↑ Макорими Шерозӣ, Ахлоқи исломӣ дар Наҳҷ-ул-балоға, 1385ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.157
  14. ↑ Сайфии Ҳиравӣ, Таърихномаи Ҳирот, 1383ҳ.ш., саҳ.476
  15. ↑ Узлатии Халхолӣ, Расоили форсии Адҳами Халхолӣ, 1381ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.644-645
  16. ↑ Нароқӣ, Ҷомеъ-ус-саодот, Аъламӣ, ҷ.3, саҳ.142
  17. ↑ Нароқӣ, Ҷомеъ-ус-саодот, Аъламӣ, ҷ.3, саҳ.142
  18. ↑ ал-Ходимӣ, Бариқатун маҳмудия, 1348ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.3
  19. ↑ Қабончӣ, Шарҳи Рисолат-ул-ҳуқуқ Имом Зайнулобидин (а), 1422ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.306
  20. ↑ Оли Ғозӣ, Баён-ул-маонӣ, 1382ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.190
  21. ↑ Аҷлунӣ, Кашф-ул-хафо, 1351ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.265
  22. ↑ Макорими Шерозӣ, Ахлоқи исломӣ дар Наҳҷ-ул-балоға, 1385ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.157; Сулаймонии Оштиёнӣ ва Дироятӣ, Маҷмуаи расоил дар шарҳи аҳодисе аз Кофӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.321
  23. ↑ Хоманаӣ, «بیانات در دیدار معلمان استان فارس», сомонаи Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ
  24. ↑ Ибни Абиҷумҳур, Аволи-ул-лаоли, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.292; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.77, саҳ.166-167
  25. ↑ Баҳрулъулум, "Муқаддима", ал-Фавоид-ур-риҷолия, 1363ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.38
  26. ↑ Шаҳиди Сонӣ, Мунят-ул-мурид, 1431ҳ.қ., саҳ.85
  27. ↑ Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.429 ва ҷ.21, саҳ.483

Сарчашма

  • Аллома Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Таолими Ислом, Гирдоварии Сайид Ҳодии Хусравшоҳӣ, Қум, Бустони китоби Қум, 1387ҳ.ш.
  • Ал-Ходимӣ, Муҳаммад, Бариқатун маҳмудия фи шарҳи тариқати муҳаммадия ва шариати набавия фи сирати аҳмадия, бемакон, Матбаат-ул-Ҳалабӣ, 1348ҳ.қ.
  • Аҷлунӣ, Исмоил ибни Муҳаммад, Кашф-ул-хaфо ва музил-ул-илбос аммо иштаҳара мина-л-аҳодис ало алсинат-ин-нос, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1351ҳ.қ.
  • Баҳрулъулум, Сайид Муҳаммадсодиқ, «Муқаддима», ал-Фавоид-ур-риҷолия, Таълифи Сайид Муҳаммадмаҳдӣ Баҳрулъулум, Теҳрон, Мактабат-ус-Содиқ (а), 1363ҳ.ш.
  • Ибни Абиҷумҳур, Муҳаммад ибни Зайнуддин, Аволи-ул-лаол-ил-азизия фи-л-аҳодис-ид-диния, таҳқиқ: Муҷтабо Ироқӣ, Қум, Муассиса Сайидушшуҳадо (а), 1403ҳ.қ./1983м.
  • Қабончӣ, Ҳасан, Шарҳу Рисолат-ил-ҳуқуқ Имом Зайнулъобидин (а), Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуот, 1422ҳ.қ./2002м.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Ахлоқи исломӣ дар Наҳҷ-ул-балоға, Қум, Насли ҷавон, Чопи аввал, 1385ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳорул анвор, бемакон, Муассисат-ул-вафо, Чопи дуюм, 1403ҳ.қ.
  • Мисбоҳи Яздӣ, Муҳаммадтақӣ, Нигоҳе гузаро ба ҳуқуқи башар аз дидгоҳи Ислом, Тадвини Абдулҳакими Салимӣ, бемакон, беном, бетаърих.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Инсони комил, Теҳрон, Садро, 1402ҳ.ш./1445ҳ.қ.
  • Нароқӣ, Муҳаммадмаҳдӣ, Тарҷумаи матни комили Ҷомеъ-ус-саодот, Ба тарҷумаи Карим Файзӣ, Қум, Қоими Оли Муҳаммад (а), 1388ҳ.ш.
  • Нароқӣ, Муҳаммадмаҳдӣ, Ҷомеъ-ус-саодот, Бейрут, Аъламӣ, Чопи чорум, бетаърих.
  • Оли Ғозӣ, Абдулқодир, Баён-ул-маонӣ ало ҳасаби тартиб-ин-нузул, Димишқ, Матбаъат-ут-тараққӣ, 1382ҳ.қ./1962м.
  • Сайфии Ҳиравӣ, Сайф ибни Муҳаммад, Таърихномаи Ҳирот, Теҳрон, Асотир, 1383ҳ.ш.
  • Сулаймонии Оштиёнӣ, Маҳдӣ, ва Муҳаммадҳусайни Дироятӣ, Маҷмуаи расоил дар шарҳи аҳодисе аз Кофӣ, Қум, Дор-ул-ҳадис, Чопи аввал, 1387ҳ.ш.
  • Узлатии Халхолӣ, Адҳам, Расоили форсии Адҳами Халхолӣ, Ба тасҳеҳи Абдуллоҳи Нуронӣ, Теҳрон, Анҷумани осор ва мафохири фарҳангӣ, 1381ҳ.ш.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, ат-Тафсир-ул-кабир (Мафотиҳ-ул-ғайб), Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1420ҳ.қ./1991м.
  • Хоманаӣ, Сайид Алӣ, «بیانات در دیدار معلمان استان فارس», Сомонаи Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи боздид: 2 исфанди 1403ҳ.ш.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайнуддин ибни Алӣ, Мунят-ул-мурид, Бейрут, Муассисат-ут-таърих-ил-арабӣ, 1431ҳ.қ./2010м.
  • «من علمنی حرفا فقد صیرنی عبدا», Пойгоҳи иттилоърасонии Ҳавза, санаи нашр: 14 обони 1388ҳ.ш., санаи боздид: 2 исфанди 1403ҳ.ш.
  • «عربی سال اول آموزش متوسطه دهه شصت سال ۱۳۶۸», Сомонаи Кӯшон-Бук, санаи боздид: 13 исфанди 1403ҳ.ш.
  • «اثر ۴۸۰ بخط محمد تعریفی خشتی: حدیث خوشنویسی شده من علمنی حرفا فقد صیرنی عبدا», Сомонаи Шамими сулс, санаи боздид: 5 исфанди 1403ҳ.ш.
  • «اثر حسن مختاری در هنر خوشنویسی : محفل خوشنویسی», Сомонаи 100 ҳунар, санаи боздид: 5 исфанди 1403ҳ.ш.
  • «سرود من علمنی حرفا قد صیرنی عبدا به مناسبت روز معلم», Сомонаи Апарат, санаи нашр: 18 хурдоди 1402ҳ.ш., санаи боздид: 2 исфанди 1403ҳ.ш.