Китоби Алӣ (а)

Аз wikishia

Китоби Алӣ (ба арабӣ): کِتابُ علی ё ал-Ҷомеъа الجامِعَه китоби ҳадисие аст, ки ба имлои Пайғамбар (с) ва ба қалами Имом Алӣ (а) навишта шудааст. Ин китоб аз вадоеъи имомат аст, ки бар имом будани соҳиби он далолат дорад. Бар асоси аҳодис, дар «ал-Ҷомеъа» тамомии аҳкоми шаръӣ, ҳатто ҷузъитарини онҳо, баён шудааст. Ахлоқ, ақоид, қасаси анбиё ва ривоёти ботинӣ аз дигар мабоҳиси ин китоб дониста шудааст.

Дар ривоёт омадааст, ки ин китобро касоне ғайр аз Аҳли Байт ҳам дидаанд; аз ҷумла: Муҳаммад ибни Муслим, Зурора ибни Аъян, Мансури Аббосӣ. Маҳдии Маҳризӣ китобе ба номи «Китоби Алӣ» бо мавзӯи ал-Ҷомеъа навиштааст.

Муаррифӣ ва аҳамият

Бар асоси аҳодиси шиа, китоби ал-Ҷомеъа, китобе аст, ки ба имлои Пайғамбар (с) ва ба дасти Имом Алӣ (а) навишта шудааст.[1]

Дар ривоёт, унвонҳои дигаре монанди «Саҳифа»[2] ва «Китоби Алӣ»[3] ба кор рафтааст, ки бархе пажӯҳишгарон мӯътақиданд ҳамааш марбут ба як китобанд; чароки дар ин ривоятҳо, вижагиҳои яксоне барои ин ановин зикр шудааст.[4] Дар муқобил, Оқобузурги Теҳронӣ (1293 - 1389ҳ.қ.) мӯътақид аст, китоби Алӣ бо ал-Ҷомеъа тафовут дорад.[5]

Ал-Ҷомеъа, нишонаи имом

Бар пояи бархе ривоёт, ал-Ҷомеъа аз ҷумлаи вадоеъи имомат аст, ки бар имом будани дорандаи он далолат дорад.[6] Оқобузурги Теҳронӣ бар ин бовар аст, ки китоби Алӣ (а) ҳамчун дигари вадоеъи имомат, назди имомони шиа даст ба даст мегашта ва акнун назди Имом Маҳдӣ (аҷ) аст.[7]

Муҳтавои китоб

Бар асоси ривоёти мутааддид, тамомии аҳкоми марбут ба ҳалолҳову ҳаромҳо, ҳатто умури ҷузъие монанди дия ва харош, дар китоби Ҷомеъа зикр шудааст.[8] Бархе аз муҳаққиқон эҳтимол додаанд, ки ин китоб ба далели фарогирии тамоми аҳком, «ал-Ҷомеъа» номида шудааст.[9] Сайидҳусайн Мударрисии Таботабоӣ, аз муҳаққиқони шиа дар қарни понздаҳум, бо истинод ба ривоятҳои мутааддид, муҳтавои китоби Алиро шомили мабоҳиси зер донистааст: аҳкоми фурӯи дин (шомили намоз, ҳаҷ, ҷиҳод, никоҳу талоқ, қазо ва шҳаодот, ҳудуд ва диёт) ахлоқ, ақоид ва фазоил, қасаси анбиё ва ривоёти ботинӣ.[10]

Вижагиҳо

Дар ривоятҳое, андозаи китоби Алӣ (а) ба ин шакл баён шудааст, ки тӯли он ҳафтод зироъ (тақрибан 35 метр)[11] ва арзи он ба захомати рони шутур аст,[12] ки аз густардагӣ ва ҳаҷми зиёди он ҳикоят дорад,[13] аммо дар баъзе аз ривоятҳо омадааст, ки ин китоб кучак буда ва дар ғилофи шамшер ҷой мегирифтааст.[14] Бархе аз муҳаққиқон бо истинод ба ривоятҳои дигар, ин китоби кучакро, на ҳамаи китоб, ки бахше аз китоб донистаанд.[15] Сайидмуҳаммадкозими Таботабоӣ (таваллуди 1344ҳ.ш.), мӯътақид аст, ин китоби кучак, китоби дигаре ғайр аз китоби Алӣ (а) будааст.[16]

Гузоришкунандагон

Бар асоси таҳқиқи Маҷиди Маориф (зодаи 1332ҳ.ш.), беш аз чиҳил нафар, асли вуҷуди китоби Ҷомеъаро ривоят кардаанд.[17] Бар асоси бархе ривоятҳо, шуморе аз асҳоби аимма, монанди Муҳаммад ибни Муслим,[18] Зурора ибни Аъян,[19] Абубасири Муродӣ,[20] Абдулмалик ибни Аъян[21] ва Муаттаб[22] ва бархе аз душманони онҳо монанди Мансури Аббосӣ китоби Ҷомеъаро дидаанд.[23] Ба гуфтаи Сайидмуҳаммадкозими Таботабоӣ, дар китоби Васоил-уш-шиъа ҳаштод ривоят, аз китоби Алӣ (а) нақл шудааст.[24]

Дидгоҳи аҳли суннат

Ба гуфтаи бархе муҳаққиқон, бар хилофи гузоришҳои шиъӣ, ки байни китоби Ҷафр ва Ҷомеъа ва муҳтавои он ду тафкик кардаанд, дар гузоришҳои аҳли суннат чунин тафкике вуҷуд надорад. Дар мавориде аз гузоришҳои аҳли суннат ҳам ки ин ду китоб ба таври ҷудогона зикр шудаанд, муҳтавои он ду, як чиз муаррифӣ шудааст.[25] Сайидмиршарифи Ҷурҷонӣ, аз олимони ҳанафимазҳаби қарни ҳаштум, мӯътақид аст, китоби Ҷомеъа, ба сурати рамзӣ, ба равиши илми ҳуруф навишта шудааст.[26] Ҳоҷихалифа, Ҷафрро илм ба лавҳи қазо, ва Ҷомеъаро илм ба лавҳи қадар муаррифӣ карда аст.[27]

Такнигориҳо

Маҳдии Маҳризӣ китобе бо унвони «Китоби Алӣ» дар мавзӯи китоби Алӣ (а) навишта ки интишороти саҳифаи хирад онро дар соли 1390ҳ.ш., дар 220 саҳифа мунташир кардааст.[28]

Ҷусторҳои вобаста

Мусҳафи Имом Алӣ (а)

Мусҳафи Фотима (с)

Эзоҳ

  1. Саффор, Басоир-уд-дараҷот, 1404ҳ.қ., саҳ.142 - 146; Кулайнӣ, Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.239.
  2. Саффор, Басоир-уд-дараҷот, 1404ҳ.қ., саҳ.153 - 155.
  3. Аҳвозӣ, аз-Зуҳд, 1402ҳ.қ., саҳ.39; Ашъарӣ, ан-Наводир, 1408ҳ.қ., саҳ.79; Барқӣ, Маҳосин, 1371ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.107 ва 273.
  4. Баҳордӯст, “Ҷафр ва Ҷомеъа”, саҳ.476.
  5. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.305 - 306.
  6. Шайхи Садуқ, Маъонӣ-л-ахбор, 1403ҳ.қ., саҳ.102 - 103; Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.418 - 419.
  7. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.305.
  8. Саффор, Басоир-уд-дараҷот, 1404ҳ.қ., саҳ.142 - 146; Кулайнӣ, Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.239.
  9. Баҳордӯст, “Ҷафр ва Ҷомеъа”, саҳ.477.
  10. Мударрисии Таботабоӣ, Мероси мактуби шиа, 1386ҳ.ш., саҳ.32 - 36.
  11. Кулайнӣ, Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.239; Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.419.
  12. Шайхи Тӯсӣ, ат-Таҳзиб, 1407ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.271.
  13. Баҳордӯст, “Ҷафр ва Ҷомеъа”, саҳ.477.
  14. Барқӣ, ал-Маҳосин, 1371ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.17 - 18; нсоӣӣ, ас-Сунан-ул-кубро, 1421ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.56.
  15. Баҳордӯст, “Ҷафр ва Ҷомеъа”, саҳ.477.
  16. Таботабоӣ, Таърихи ҳадиси шиа, ҷ.1, саҳ.65 - 66.
  17. Маориф, Пажӯҳише дар таърихи ҳадиси шиа, 1374ҳ.ш., саҳ.43 - 45.
  18. Шайхи Тӯсӣ, ат-Таҳзиб, 1407ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.271.
  19. Кулайнӣ, Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.94.
  20. Саффор, Басоир-уд-дараҷот, 1404ҳ.қ., саҳ.143.
  21. Саффор, Басоир-уд-дараҷот, 1404ҳ.қ., саҳ.153.
  22. Саффор, Басоир-уд-дараҷот, 1404ҳ.қ., саҳ.145.
  23. Ал-Ҷундӣ, ал-Имом Ҷаъфар-ус-Содиқ, 1397ҳ.қ., саҳ.200.
  24. Таботабоӣ, Таърихи ҳадиси шиа, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.69.
  25. Баҳордӯст, “Ҷафр ва Ҷомеъа”, саҳ.477.
  26. Ҷурҷонӣ, шарҳ ал-Мавоқиф, 1325ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.22.
  27. Ҳоҷӣ Халифа, Кашф-уз-зунун, 1941м, ҷ.1, сутуни 591.
  28. Маҳризӣ, Китоби Алӣ, 1390ҳ.ш.

Сарчашма

  • Оқобузурги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, аз-Зариъа ило тасониф-иш-шиъа, Қум, Исмоилиён, 1408ҳ.қ.
  • Ашъарӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Исо, ан-Наводир, Қум, мадрасаи Имом Маҳдӣ (аҷ) 1408ҳ.қ.
  • Ал-Ҷундӣ, Абдулҳалим, ал-Имом Ҷаъфар-ус-Содиқ, Қоҳира, алмаҷлисул-аъло лишшуъунил-исломия, 1397ҳ.қ.
  • Аҳвозӣ, Ҳусайн ибни Саид, аз-Зуҳд, Қум, алматбаъатул-илмия, 1402ҳ.қ.
  • Барқӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, ал-Маҳосин, Қум, Дорулкутубилъилмия, 1371ҳ.қ.
  • Баҳордӯст, Алиризо, “Ҷафр ва Ҷомеъа”, дар донишномаи ҷаҳони Ислом, Теҳрон, бунёди доиратулмаорифи исломӣ, 1385ҳ.ш.
  • Ҷурҷонӣ, Мирсайидшариф, шарҳ ал-Мавоқиф, Қум, алшариф ар-Разӣ, 1325ҳ.қ.
  • Ҳоҷӣ Халифа, Мустафо ибни Абдуллоҳ, Кашф-уз-зунун ан асомӣ ва-л-кутуби ва-л-фунун, Бағдод, мактабат алмусанно, 1941м.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Маъонӣ-л-ахбор, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1403ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1413ҳ.қ.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Таҳзиб, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, 1407ҳ.қ.
  • Саффор, Муҳаммад ибни Ҳасан, Басоир-уд-дараҷот, Қум, китобхонаи оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, 1404ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Сайидмуҳаммадкозим, Таърихи ҳадиси шиа, Теҳрон, самт, 1388ҳ.ш.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, 1407ҳ.қ.
  • Мударрисии Таботабоӣ, Ҳусайн, Мероси мактуби шиа, Қум, нашри муаррих, 1386ҳ.ш.
  • Маориф, Маҷид, Пажӯҳише дар таърихи ҳадиси шиа, Теҳрон, муассисаи фарҳангӣ ва ҳунарии зариҳ, 1374ҳ.ш.
  • Меҳризӣ, Маҳдӣ, Китоби Алӣ, Қум, саҳифаи хирад, 1390ҳ.ш.
  • Насоӣ, Аҳмад ибни Шуайб, ас-Сунан-ул-кубро, Бейрут, муассисат аррисолат, 1421ҳ.қ.