Ибни Таймияи Ҳарронӣ
Аҳмад ибни Абдулҳалим (ба арабӣ: احمَد بن عَبدُالحَلیم) маъруф ба Ибни Таймияи Ҳарронӣ ба (арабӣ: ابنتَیْمِیّه حَرّانی) (661 - 728ҳ.қ.) олими ҳанбалимазҳаб ва андешманди таъсиргузори салафӣ буд. Ибни Таймия назди афроде ҳамчун Маҷд Ибни Асокир таҳсил кард. Ҳамчунин Ибни Касир ва Ибни Қайиими Ҷавзия аз шогирдони ӯ буданд. Таълифоти Ибни Таймияро беш аз 300 асар зикр кардаанд. Вай дар ҳавзаҳои мухталифи улуми исломие монанди калом, тафсир, фиқҳ ва ҳадис дидгоҳҳои хоссе дорад.
Ибни Таймия дар ҳудуди шаст масъала бар хилофи иҷмоъ назар додааст, ки бархе аз онҳо марбут ба усули дин ва бархе марбут ба фурӯъи дин аст; ба ҳамин далел уламои мазоҳиби чаҳоргонаи аҳли суннат ва шиа нақдҳо ва раддияҳои бисёре бар осори ӯ навиштаанд.
Бархе аз дидгоҳҳои ваҳҳобият дар андешаҳои Ибни Таймия реша дорад. Ибни Таймия, шиаёнро маншаи ҳамаи фитнаҳо дар ҷаҳони Ислом муаррифӣ мекард ва мӯътақид буд, ҷанг бо онҳо аз ҷанги бо хавориҷу муғулон муҳимтар аст. Ӯ ба далели ин эътиқод, ҳамроҳ бо муғулон, довталаби ҷанг бо шиаёни дарузӣ дар минтақаи Кисравон шуд.
Назароти олимони динӣ ва нависандагон, дар бораи Ибни Таймия бисёр мутафовит аст; бархе ӯро сутуда ва бархе то ҳадди куфр мазамматаш кардаанд.
Зиндагинома
Аҳмад ибни Абдулҳалим машҳур ба Ибни Таймия ва мулаққаб ба шайхул-Ислом дар соли 661 қамарӣ, дар минтақаи Ҳаррон (ҷое байни Мавсил ва Шом) дар хонаводае аз машоихи ҳанобала таваллуд шуд.[1] Вай дар шашсолагӣ ҳамроҳи хонаводаи худ барои гурез аз ҳамлаи муғулон ба Дамишқ муҳоҷират кард ва дар онҷо таҳсилоташро зери назари Ибни Асокир ва дигарон такмил кард ва дар 17 солагӣ аз уламои ҳанбалӣ гувоҳии иҷтиҳод дарёфт кард.[2]
Ибни Таймия дар улуми мутадовили замонаи худ монанди фиқҳ, усул, ҳадис, калом, тафсир, фалсафа ва риёзиёт таҳсил кард ва иттилооте дар бораи дигар адён ба вижа яҳудият дошт.[3]
Шуҳрати Ибни Таймия ба далели қудрати баён, хушунат дар баҳс бо мухолифон,[4] мухолифат бо уламои замонаи худ, бепарвоӣ дар муқобили ҳокимон, ҳузур дар корҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҷангҳо ва сахтгирӣ дар масъалаи амри ба маъруф ва наҳйи аз мункир будааст.[5]
Ибни Таймия баъд аз тасаддии мансаби шайхулҳанобилаи Дамишқ бо тадвини осоре аз ҷумлаи китоби ал-Ақидат-ул-ҳамавият-ул-кубро, эътирозҳоеро дар миёни уламо ва мардум барангехт.[6] Даргириҳо ва мунозироти ӯ бо фирқаҳои мухталиф идома дошт, то онки дар соли 705 қамарӣ, ба Миср фарохонда шуд ва ба далели ончи инҳирофоти ақидатӣ хонда мешуд, ба зиндон афтод. Вай баъд аз озодӣ дар Миср монд ва дидгоҳҳояшро мунташир кард ва ба ҳамин далел чандин бор ба зиндон афтод.[7]
Ибни Таймия дар соли 713 қамарӣ, ҳамроҳ бо Малик Носир, ки барои муқобила бо ҳамлаи муғулони раҳсипори Шом буд ба Дамишқ бозгашт ва дубора ба таблиғу тадрис машғул шуд. Дар солҳои ҳузур дар Дамишқ ба далели ихтилоф, ки бо фуқаҳои дигар мазоҳиб, чандин бори дигар ба зиндон афтод, то дар соли 728 қамарӣ, дар зиндони Қалъаи Дамишқ вафот ёфт.[8]
Устодон ва шогирдон
Ибни Таймия ҳангоми ҳузур дар Дамишқ назди Маҷд ибни Асокир, Ибни Абдуддоим, Қосим Ирбилӣ, Шарафуддин Аҳмад ибни Наъма Мақдисӣ ва ғ. ба таҳсил машғул шуд[9] ва аз устодаш Шарафуддин гувоҳии иҷтиҳод дарёфт кард.[10]
Ибни Касир, нависандаи китоби ал-Бидоя ва-н-ниҳоя,[11] Абулҳаҷҷоҷ Маззий нависандаи китоби Таҳзиб-ул-камол,[12] ва Ибни Қайими Ҷавзия[13] аз шогирдони ӯ буданд.
Таълифот
Ибни Таймия осори мутааддиде дар ҳавзаҳои мухталифи улуми динӣ навиштааст. Ибни Шокир дар китоби Фавот-ул-вафаёт, китобҳо ва рисолаҳои ӯро ба тафкики мавзӯъ дар тафсир, калом, фиқҳ, усул ва фатово шумориш кардааст.[14] Ҳамчунин маҷмуаи китобҳои ӯ дар китоби «Асмоу муаллифоти шайх-ил-Ислом, Ибни Таймия» асари Ибни Қайими Ҷавзия ба тафкики мавзӯъ гирдоварӣ кардааст.[15] Бархе аз осори муҳими ӯ ба шарҳи зер аст:
- Китоби Минҳоҷ-ус-суннат-ин-набавия фи нақзи калом-иш-шиъати ва-л-қадария дар соли 705 қамарӣ, дар нақди китоби Минҳоҷ-ул-каромат, таълифи Аллома Ҳиллӣ навишта шуда[16] ва осори бисёре дар нақд ва радди он ё дар мувофиқат бо он чоп ва мунташир шудааст.[17] Олимоне аз аҳли суннат ва ҳатто салафиҳо, шиаёни имомӣ ва зайдӣ дар мухолифат бо Минҳоҷ-ус-суннат китоб навиштаанд.[18] Ибни Таймия бо иттико ба ончӣ дар ин китоб баён карда, муттаҳам ба носибӣ будан шудааст.[19]
- Ал-Ақидат-ул-ҳамавият-ул-кубро; ин китоб дар посух ба суолоти каломӣ дар бораи Худо ва сифоти Ӯ навишта шуд ва эътирозоти зиёде байни уламои мазоҳиб барангехт.[20] Вай бо илми калом мухолифат карда, мӯътақид буд, илми калом ҳам монанди фалсафаи Арасту, ба инҳирофу зиндиқа меанҷомад.[21] Ибни Таймия ҳамчунин дар ин китоб бисёре аз ақоиди ашоираро нақд карда ва онро заъифу суст донистааст.[22]
- Ал-Ҳасаба фи-л-Ислом, ҳовии бархе афкори иқтисодии Ибни Таймия.
- Ал-Сиёсат-уш-шаръия ли ислоҳ-ир-роъӣ ва-р-раъия, навишташуда дар Миср дар бораи вилоят, имомат ва ҳукумат.
- Ал-Ақидат-ул-восития, ҳовии масоили усули эътиқодот. Ин китоб ҳам ҷидолҳои назарии фаровоне байни уламо ва мардум барангехт ва боиси зиндонӣ шудани Ибни Таймия гардид.
- Ал-Нусус ала-л-фусус, дар радди афкори Ибни Арабӣ дар китоби Фусус-ул-ҳикам.[23]
Маҷмӯае аз осори Ибни Таймия дар китоби Маҷмӯъат-ул-фатовои Ибни Таймия дар 37 ҷилд тавассути Абдурраҳмон ибни Қосим дар соли 1374 қамарӣ, мунташир шудааст. Албатта ин китоб ҳамаи осори Ибни Таймияро дарбар надорад. [Ниёзманди манбаъ]
Андешаҳо ва назарот
Ибни Таймия дар ҳудуди 60 масъала бар хилофи иҷмоъ назар додааст, ки бархе аз онҳо марбут ба усули дин ва бархе марбут ба фурӯъи дин аст.[24]
Дидгоҳҳои каломӣ ва эътиқодӣ
Ибни Таймия мӯътақид аст, Пайғамбари Ислом (с) тамоми усули динро мушаххас карда, аммо мутакаллимон бо далоили ақлӣ, мардумро аз таълимоти набавӣ дур мекунанд.[25] Ибни Таймия бо вуҷуди мухолифат бо илми калом, бархе масоили каломиро таҳти унвони дидгоҳҳои эътиқодӣ ироа додааст, ки мавриди мухолифати бисёре аз уламои мазоҳиби исломӣ қарор гирифт; аз ҷумла:
- Ҳамли сифоти хабарии Худованд бар маъонии зоҳирӣ: Ибни Таймия дар рисолаи ал-Ақидат-ул-ҳамавия, ба табаъият аз аҳли ҳадис, сифоти хабарии монанди қарор доштани Худо бар арш ё дасту рӯй доштани вайро бар маъонии луғавӣ ва зоҳирии он ҳамл карда ва ҳар гуна таъвил, таътил, табдил, ташбиҳ ва тамсилеро ҷоиз намедонад ва аз муавваила, (касоне ки қоил ба таъвил дар сифоти Худоянд), интиқод кардааст.[26] Вай бо ин ҳол, ин сифотро маҷҳул медонад. Бархе аз муҳаққиқон мӯътақиданд, назари Ибни Таймия дар бораи маҷҳул будани сифоти хабарии Худованд, барои фирор аз иттиҳоми ташбиҳу таҷсим (ҷисмонӣ донистани Худо) будааст.[27] Уламои мазоҳиби исломӣ, сифоти мазкурро тафсир ва таъвил кардаанд.[28]
- Тавассул: Ибни Таймия барои тавассул се маъно зикр мекунад: 1 - тавассул ба итоати Пайғамбар (с), ки онро комилкунандаи имон медонад. 2 - тавассул ба дуо ва шафоати Пайғамбари Ислом (с), ки дар замони ҳаёти ӯ ва дар рӯзи қиёмат имконпазир аст. 3 - тавассул ба маънои қасам додани Худованд ва ё чизе хостан аз Худо ба воситаи зоти Пайғамбар (с). Ибни Таймия навъи сеюми тавассулро ҷоиз намедонад ва мӯътақид аст дар сираи саҳоба чунин чизе вуҷуд надоштааст.[29]
- Такфир: Ибни Таймия бо ин ақида, ки куфр бо инкори яке аз заруриёти дин ё инкори аҳкоми мутавотир ва ё аҳкоме, ки иҷмоъ бар он аст, ҳодис мешавад,[30] Афрод, гурӯҳҳо ва мазоҳиби бисёреро такфир карда ва аз дин хориҷ медонад. Фалосифа, ҷаҳмия, ботиния, исмоилия, шиъаи исноъашарӣ ва қадария аз гурӯҳҳое ҳастанд, ки Ибни Таймия онҳоро такфир кардааст.[31] Ҳамчунин касе ки байни худ ва Худо восита қарор дода ва Ӯро бихонад, касе ки яке аз аркони Ислом, монанди намозро тарк кунад, мухолифи мутавотиру иҷмоъ, муташаббиҳ ба куффор, касе ки яҳуду насороро такфир накунад ва истиғосакунанда ба авлиёъро низ такфир кардааст.[32]
- Зиёрати қубур ва машоҳид: Ибни Таймия зиёрати қубур, машоҳид ва амокини муқаддас ва бинои иморат бар онро ба истиноди аҳодисе[33] бидъат мешуморад. Вай дар Минҳоҷ-ус-суннат шиаёнро ба далели сохтани марқад бар қубури Аимма (а) мазаммат кардааст.[34]
Дидгоҳҳои фиқҳӣ
Ибни Таймия дар фиқҳ тобеъи мазҳаби Ҳанбалӣ буд, вале ба далели мутолиоте, ки дар дигар мазоҳиб дошт, орои мустақилле аз ҳамаи мазоҳиби исломӣ иттихоз мекард.[35] Вай ба судури фатвоҳои шоззу нодир машҳур буд ва ҳамин вижагии ӯ боиси бурузи эътирозоти зиёде байни уламо ва фуқаҳои замонаи ӯ шуда буд ва борҳо боиси ба зиндон афтоданаш шуд.[36] Бархе аз фатвоҳои шоззи ӯ ба шарҳи зер аст:
- Дар шикаста хондани намоз фарқе байни сафари кӯтоҳу баланд намегузорад ва онро мустанад ба итлоқи ояти 43 сураи Нисоъ ва суннати Расули Худо (с) мекард.[37]
- Дар талоқ бар хилофи дигар уламои аҳли суннат мӯътақид аст, талоқ додан бо лафзи салос фақат як талоқ маҳсуб мешавад ва қасам ба талоқ мӯҷиби вуқуъи талоқ намегардад. Вай ҳамчунин таҳлил дар талоқро ба қасди инки зан ба шавҳари аввали худ ҳалол шавадро муҷоз намедонад ва онро ҳилаи шаръӣ қаламдод мекард.[38]
- Оби қалил бо мулоқоти наҷас, наҷас намешавад, магар дар сурате, ки рангу бӯи он тағйир кунад.
- Агар касе дар моҳи Рамазон ба гумони расидани замони ифтор, рӯзаи худро ифтор кунад ва баъд хилофи он собит шавад, қазои рӯза бар ӯ воҷиб нест.
- Тавофи ҳоиз саҳеҳ аст.
- Сафар барои зиёрат маъсият аст.[39]
Рӯйкарди ҳадисӣ
Рӯйкарди Ибни Таймия ба ҳадис, тобеъе аз равиши омми ӯ мабнӣ бар асолат додан ба нақл ва муқаддам доштани он бар ақл аст. Ӯ эътибори зиёде барои аҳодис қоил буд ва фақат муҳаддисонро аҳли назар медонист ва дар муқобил ақлгароёнро мавриди интиқод қарор медод.[40] Ибни Таймия дар робитаи байни ақлу нақл, ақлеро мӯътабар медонист, ки бо нас созгор бошад; бинобарин ақволи ҳукамо ва мутакаллимонро, ки бо мутуни шаръӣ дар таъоруз бошад, тард мекунад. Ақл дар назари ӯ бидуни иттико ба нақл ҳеҷ арзишу эътиборе надорад.[41]
Ибни Таймия бо вуҷуди таъкиди фаровон бар эътибори аҳодис, баъзе мавоқеъ агар ривояте бар хилофи майлаш буд, онро ноқис нақл мекард ё дар он дахлу тасарруф анҷом медод.[42]
Рӯйкарди тафсирӣ
Иттико ба завоҳири Қуръон ва тафсири ривоӣ равиши Ибни Таймия барои тафсири Қуръон аст. Ӯ тафсири бидуни руҷӯъ ба аҳодисро ҳаром медонист. Ибни Таймия равиши худ дар тафсирро дар китоби «Муқаддиматун фи усул-ит-тафсир» ироа додааст. Бар тибқи назари ӯ Пайғамбари Ислом (с) тамоми Қуръонро барои саҳоба тафсир карда ва бо нақли саҳоба, тобеин он тафсирҳоро ҷамъоварӣ кардаанд. Бар асоси равиши Ибни Таймия ибтидо Қуръон ба Қуръон тафсир мешавад ва дар марҳалаи баъд бояд ба суннати набавӣ ва дар набуди суннати набавӣ ба ақволи саҳоба ва дар ниҳоят ба тафосири тобеин руҷӯъ шавад.[43]
Нақди фалосифа
Ибни Таймия фалосифаро ба се гурӯҳ тақсим мекунад.
- Даҳрийюн: касоне ки оламро азалӣ медонанд ва сонеъи мудаббире барои он мутасаввир нестанд.
- Табиъийюн: касоне ки бештари тамаркузи худро бар олами табиат гузошта ва маодро мункиранд.
- Илоҳийюн: фалосифаи мутақаддим монанди Афлотун, Арастӯ, Форобӣ ва Ибни Сино, ки ақида ба қадим будани олам доранд.[44]
Ибни Таймия фалосифаро ба чанд далел такфир кардааст:
- Фалосифа муддаии адами имкони шинохти Худованд ба далели инкори сифот ва асмои Худо ё таътили сифот ҳастанд.
- Фалосифа бо азалӣ донистани уқули ашара муртакиби ширк дар рубубият шудаанд.
- Эътиқод ба исқоти таколифи Илоҳия
- Эътиқод ба таътили набувват
- Инкори маъоди ҷисмонӣ[45]
Рӯйкарди сиёсӣ
Рӯйкарди сиёсии Ибни Таймия тобеъе аз назароти ӯ дар бораи ақибмондагӣ ва заъфи ҷаҳони Ислом ва фурӯпошии хилофати аббосӣ дар асари ҳамлаи муғулону салибиён, ки ҳар кадом қисмате аз сарзамини исломиро ишғол карда буданд, аст. Ибни Таймия мушкилоти ҷаҳони Исломро ба далели вуҷуди фирқагароӣ медонад ва роҳи бурунрафт аз вазъияти ақибмондагии мусулмононро дар канор гузоштани фирқагароӣ ва ҷиҳод мебинад. Ба назари ӯ ҷиҳод аз ҳамаи ибодот ва аҳкоми исломӣ аз ҷумла намоз, рӯза ва ҳаҷ бартар аст ва вижагии воқеии як инсони мусулмон на дар риёзат ва тақвои фардӣ, балки дар ҷиҳод буруз мекунад. Ба назари Ибни Таймия касоне, ки дар ҷиҳод ширкат мекунанд, агарчӣ шаҳид шаванд, пирӯзи майдон ҳастанд ва агар мусулмонон дар ҷиҳод ширкат накунанд, кофир хоҳанд шуд.[46]
Назарот
Бархе аз назароти Ибни Таймия иборатанд аз:
Дар бораи Аҳли Байт
Ибни Таймия, муҳаббат ба Аҳли Байтро воҷиб ва имоматро барои онҳо медонад ва саббу лаъни онҳоро аз масодиқи зулм қаламдод мекунад.[47] Вай Имом Алӣ (а)-ро бартарин мусулмонони баъд аз хулафои сегона муаррифӣ мекунад ва мӯътақид аст, олимтарин ва афзали Аҳли Байт баъд аз Пайғамбари Ислом (с) Алӣ ибни Абутолиб аст. Ӯ барои Имом Алӣ (а) сифоти ҳасанаи фаровоне аз ҷумла адолат, зуҳд ва сидқ бармешуморад[48] ва бар ин эътиқод аст, ки ӯ шаҳид шуд ва дар биҳишт сокин мешавад.[49] Бо ин ҳол порае аз аҳодис ва ахбореро, ки дар фазилати Аҳли Байт (а) ворид шудааст, махдуш ва маҷъул донистааст; бар ин асос Ибни Таймия мӯътақид аст, Имом Алӣ (а) дар 17 маврид, хилофи насси Қуръон амал кардааст ва ҷангҳои ӯ на ба хотири динхоҳӣ, балки ба хотири дунёталабӣ ва раёсатталабӣ будааст.[50]
Ибни Таймия мӯътақид аст, ки гарчи Имом Ҳусайн (а) мазлумона ба шаҳодат расид, аммо қиёми вай фоқиди маслиҳати дунявӣ ва ухравӣ будааст. Ӯ қиёми Ошӯроро омили эҷоди фитнаҳои зиёде дар уммати Ислом ва хилофи сираи Пайғамбари Ислом (с) муаррифӣ мекунад. Вай дар муқобил, Язидро аз омирияти шаҳодати Имом Ҳусайн (а) мубарро мекарду мӯътақид буд, сари Имом барои Язид бурда нашуд, балки ба сӯи Ибни Зиёд ҳамл шуд.[51]
Адолати саҳоба
Ибни Таймия худро пайрави саҳобаи салаф, тобеъин ва муҳаддисони бузург медонад. Ба ақидаи ӯ салаф ба ин далел, ки наздиктарини ашхос ба Расули Ислом (с) будаанд ва Қуръону суннат ба забон ва фаҳми онон нозил шудааст, матнҳои диниро беҳтар аз олимон ва мутакаллимони мутааххир дарк кардаанд.[52] Ӯ ҳамчунин адолати саҳобаро аз мусалламоти динӣ, ва мункири онро кофир медонад. Тибқи мабнои Ибни Таймия, милоки саҳобӣ шудан, ҳамнишинӣ бо Пайғамбар (с) аст ва ҳеҷ фарқе байни кам ё зиёдии ин ҳамнишинӣ вуҷуд надорад.[53]
Ибни Таймия бо вуҷуди эътиқод ба адолати саҳоба, дар мавориде ҳатто бар хулафои рошидин хурда гирифтааст. Ӯ бо ин ҳол дар китоби ал-Ақидат-ул-восития бо ишора ба иқдоми Талҳаву Зубайр дар мухолифат бо Имом Алӣ (а), касонеро, ки бар хилофати хулафои рошидин ишкол ворид кунанд, бадтар аз ҳимор донистааст.[54] Ба бовари Ибни Таймия, халифаи аввалу дувум аз суханони Пайғамбар тахаттӣ карда ва иҷтиҳоди ба нас кардаанд ва халифаи сеюм инсони молдӯст будааст.[55]
Дар бораи шиаён
Ибни Таймия, шиаёнро маншаи ҳамаи фитнаҳо дар ҷаҳони Ислом муаррифӣ мекард ва ҷанг бо онҳоро аз ҷанги бо хавориҷу муғулон муҳимтар медонист. Ӯ ба далели ин эътиқод, ҳамроҳ бо муғулони довталаби ҷанг бо шиаёни дарузӣ дар минтақа Кисравон шуд.[56] Ӯ шиаёнро ба се даста тақсим мекунад:
- Ғолиён: гурӯҳҳое монанди насирия, исмоилия, қаромита ва дарузиён, ба бовари Ибни Таймия инҳо кофиранд ва ҷанг бо онҳо воҷиб аст.[57]
- Исноъашария: Ибни Таймия шиаёни исноъашариро ба далели эътиқод ба мавориде аз ҷумла нақси Қуръон ва иртидоди саҳоба баъд аз вафоти Пайғамбар (с), кофир медонист.[58]
- Зайдия: Ибни Таймия, зайдияро наздиктарин синфи шиа ба аҳли суннат муаррифӣ мекунад.[59]
Ибни Таймия дар муқоисае байни шиаёну яҳудиён, чанд шабоҳати байни ононро баршумурдааст; аз ҷумла: инҳироф аз қибла, адами бовар ба идда барои зане, ки талоқ бигирад ё шавҳараш бимирад, бовар ба инки Худованд панҷоҳ намозро воҷиб кардааст, гуфтани «ассом алайкум/ السام علیکم» ва душманӣ бо Ҷабраил.[60]
Таъсир бар гурӯҳҳои салафии такфирӣ
Ибни Таймияро пешво[61] ва бунёнгузори салафия медонанд[62] ва фатоваяшро заминасози ҷумбишҳои бунёдгаро ва нерӯҳои ҷиҳодгарои салафии[63] навзуҳур дар ҷомеъаи исломӣ донистаанд;[64] ба гунае ки вай, падари маънавии ифротгароии исломии суннӣ муаррифӣ шуда[65] ва дар миёни салафиён ба шайхулмуҷоҳидин шинохта мешавад.[66]
Ваҳҳобият, ихвонулмуслимин ва салафияи ҷиҳодӣ аз ҷумлаи гурӯҳҳое ҳастанд, ки аз фиқҳи салафия дар баробари дигар мазоҳиби чаҳоргонаи аҳли суннат, пайравӣ мекунанд.[67] Ҳамчунин бозтавлиди андешаҳои бунёдгароии Ибни Таймия, дар қолаби гурӯҳҳое чун Толибон, Алқоъида ва ДИИШ зоҳир гашта[68] ва бо такфири бахши густардае аз мусулмонон, ба салафиҳои такфирӣ маъруф шудаанд.[69]
Ифротгароӣ ва салафигарӣ ба лиҳози фикрӣ аз омӯзаҳои Ибни Таймия ва шогирдони мактаби ӯ чун Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб, Абулъоло Мавдудӣ ва Сайиди Қутб баҳра бурда[70] ва дар замони ба даст гирифтани қудрат бо такя бар омӯзаҳои Ибни Таймия даст ба куштори мусулмонон[71] ва тахриби боргоҳи Аҳли Байт (а) ва саҳобаи Пайғамбар (с) заданд.[72]
Бунёдгароии динӣ дар мувоҷиҳа бо буҳронҳои дунёи ҷадид, бо такя бар фатвоҳои Ибни Таймия ва бо бардоштҳои хоссе аз матнҳои динӣ мусулмононро ба сӯи ифротигарӣ фаро мехонанд.[73]
Заминаҳои шаклгирии афкор
Бархе аз муҳаққиқон мӯътақиданд, ки хостгоҳи Ибни Таймия дар шаклгирии андешаҳои инҳирофии ӯ муассир будааст; чунонки ҳаводиси гуногун ва мушкилоти иҷтимоӣ ва сиёсӣ, аз ҷумла заъиф шудани мусулмонон дар ҷангҳои салибӣ, ҳамлаи муғул ва барчида шудани хилофати аббосиён ба унвони намунаи ормонии ҳукумат барои аҳли суннат ва шаклгирии ҷараёнҳои мунҳариф, заминаро барои муқобила ва бурузи андешаҳои Ибни Таймия фароҳам кард.[74]
Дар нигоҳи дигарон
Бисёре аз уламо ва нависандагони аҳли суннат дар бораи Ибни Таймия сухан гуфтаанд ва назароти мутафовите дар бораи ӯ доранд. Бархе ӯро бар имомони мазоҳиби чаҳоргонаи аҳли суннат бартарӣ дода, алқобе монанди шайхул-Ислом, ягонаи даврон, аллома, фақиҳ, муфассир[75], огоҳтарин шахси замони хеш ба улуми дин[76] ва бузургтарини уламо[77] ба Ибни Таймия додаанд. [Ёддошти 1 ]
Ибни Касири Дамишқӣ ки аз шогирдони Ибни Таймия аст, ӯро аз бузургтарини уламо донистааст. Ӯ дар ал-Бидоя ва-н-ниҳоя аз соли вилодат то вафоти Ибни Таймия дар ибтидо баёни вақоеъи ҳар сол, корҳои Ибни Таймияро тавзеҳ медиҳад. «Бен Боз» низ дар бораи ӯ гуяд: ва ба ҷиҳати ончи гуфта шуд, бузургони он замон бил-иттифоқ ӯро шайхул-Ислом номиданд ва бо алқобе монанди «баҳрулъулум» ва «тарҷумонул-Қуръон» ва «ягонаи муҷтаҳидин» ӯро сутуданд.[78]
Дар муқобил, иддаи зиёде аз фуқаҳо ва қузоти мазоҳиби чаҳоргонаи аҳли суннат ба ҷиҳати ақоид, фатвоҳои шоз ва афкори Ибни Таймия, сареҳан нисбати куфр, залолат ва бидъат ба ӯ додаанд; аз ҷумла 18 нафар аз қузоти аҳли суннат ҳукм кардаанд, ки чун Ибни Таймия танқиси анбиё намуда, кофир шудааст.[79] Шавконӣ дар «ал-Бадр-ут-толеъ» гӯяд: Муҳаммади Бухорӣ (даргузаштаи 841) аз уламои ҳанафӣ илова бар ҳукм ба такфири Ибни Таймия, эътиқод дошт, ҳар касе Ибни Таймияро шайхул-Ислом бидонад низ кофир аст.[80] Бархе аз уламои аҳли суннат низ ӯро фарде камъақлу ҳавасрон номидаанд.[81]
Нависандагон тундхуӣ, хушунат, тавҳин намудан ба мухотабон, риоят нанамудани адаби баҳсу мунозира ва нисбати хато додан ба пешинён тавассути Ибни Таймияро дар ин довариҳо бетаъсир надониста ва онро мӯҷиби танаффури уламои дигар мазоҳиб аз андешаҳо ва шахсияти Ибни Таймия донистаанд;[82] омиле, ки боиси ҳукм ба зиндонӣ кардани ӯ тавассути қузоти мазоҳиби арбаъа шуд ва ӯро аз додани фатво боздоштанд.[83]
Кутуби нақди Ибни Таймия
Ибни Таймия ба далели судури фатвоҳо ва орои шоззу нодир мавриди интиқоди бисёре аз уламои мазоҳиби арбаъа ва уламои шиа гардид ва китобҳое дар нақди ӯ тадвин шуд. Бархе аз муҳимтарин китобҳои нақди афкори ӯ иборатанд аз:
- Ад-Дуррат-ул-музиъа фи-р-радди ала Ибни Таймия навиштаи Тақиюддин Алӣ ибни Абдулкофии Сабкӣ мутаваффои 756ҳ.қ.
- Шифо-ул-асқом фи зиёрати хайри-л-аном, навиштаи Тақиюддин Алӣ ибни Абдулкофии Сабкӣ мутаваффои 756ҳ.қ.
- Нақд-ул-иҷтимоъи ва-л-ифтироқ фи масоил-ил-имони ва-т-талоқ, навиштаи Тақиюддин Алӣ ибни Абдулкофии Сабкӣ мутаваффои 756ҳ.қ.
- Ан-Назар-ул-муҳаққиқ фи-л-ҳалафи би-т-талоқ-ил-муъаллақ, навиштаи Тақиюддин Алӣ ибни Абдулкофии Сабкӣ мутаваффои 756ҳ.қ.
- Ал-Эътибор бибақо-ил-ҷаннати ва-н-нор, навиштаи Тақиюддин Алӣ ибни Абдулкофии Сабкӣ мутаваффои 756ҳ.қ.
- Минҳоҷ-уш-шариъат фи-р-рад ала Ибни Таймия, аз Муҳаммадмаҳдии Козимии Қазвинӣ.
- Эътирозот ала Ибни Таймия фи илм-ил-калом, Қозиюлқузоти Миср Аҳмад ибни Иброҳими Ҳанафӣ.
- Рисолатун фи-р-радд ала Ибни Таймия фи масъалати-т-талоқ, Муҳаммад ибни Алии Мозании Дамишқӣ, мутаваффои 721ҳ.қ.
- Рисолатун фи-р-радд ала Ибни Таймия фи масъалати-з-зиёрат, Муҳаммад ибни Алии Мозанӣ.
- Насиҳат-уз-Заҳабӣ ило Ибни Таймия, Муҳаммад ибни Заҳабӣ.
- Ат-Туҳфат-ул-мухтора фи-р-радди ала мункир-из-зиёрат, Умар ибни-л-Ямин Моликӣ, мутаваффои 734ҳ.қ.
- Ал-Абҳос-ул-ҷалила фи-р-радди ала Ибни Таймия, Аҳмад ибни Усмон Туркамонии Ҳанафӣ, мутаваффои 744ҳ.қ.
- Ар-Радд ала Ибни Таймия фи-л-этиқодот, Муҳаммад ибни Аҳмади Фарғонии Дамишқии Ҳанафӣ, мутаваффои 867ҳ.қ.
- Ал-Ҷавҳар-ул-муназзам фи зиёрат-ил-қабр-ил-муъаззам, Ибни Ҳаҷари Ҳайсамӣ, мутаваффои 974ҳ.қ.
- Назратун фи китоби Минҳоҷ-ис-суннат-ин-набавия, ин китоб се ҷилд аз китоби ал-Ғадири Аллома Аминӣ аст, ки ба шубаҳоти Ибни Таймия дар китоби Минҳоҷ-ус-суннат пардохта ва ба сурати мустақил бо ин унвон чоп шудааст.
Конгрессҳо ва нишастҳои илмӣ
Дар соли 1408 қамарӣ, дар донишгоҳи салафии Банориси Ҳиндӯстон конгрессе дар бузургдошти Ибни Таймия баргузор гардид, ки дар он ҳудуди 50 мақола дар муаррифӣ ва тамҷид аз Ибни Таймия ироа ва дар маҷмӯъае ба номи «Буҳус-ун-нудват-ил-олия ан шайхил-Ислом Ибни Таймия ва аъмолуҳу-л-холида» чоп шуд. Дар радди назароти мухталифи Ибни Таймия низ нишастҳо[84] ва курсиҳои илмии[85] гуногуне баргузор шудааст.
Эзоҳ
- ↑ Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.241.
- ↑ Абдулҳамид, Ибни Таймия ҳаётуҳу ва ақоидуҳ, 1426ҳ.қ., саҳ.56.
- ↑ Зарёб, Ибни Таймия, дар доиратулмаорифи бузурги исломӣ, 1369ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.172.
- ↑ Давхӣ, Манҳаҷу Ибни Таймия фи-т-тавҳид, 1390ҳ.ш., саҳ.29.
- ↑ Зарёб, Ибни Таймия, дар доиратулмаорифи бузурги исломӣ, 1369ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.173, 177.
- ↑ Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.343; ҷ.14, саҳ.4.
- ↑ Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.343; ҷ.14, саҳ.38.
- ↑ Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.343; ҷ.14, саҳ.135.
- ↑ Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.137 - 138; Ибни Шокир, Фавот-ул-вафаёт, Дорусодир, ҷ.1, саҳ.74.
- ↑ Бадруддин ал-Айнӣ, Ақд-ул-ҷамон, 2015м., ҷ.1, саҳ.288.
- ↑ Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.2.
- ↑ Маззӣ, Таҳзиб-ул-камол, 1400ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.18.
- ↑ Абузайд, Ибни Қайим ал-Ҷавзия, Ҳаётуҳу ва осоруҳ, 1423ҳ.қ., саҳ.178.
- ↑ Ибни Шокир, Фавот-ул-вафаёт, Бейрут, ҷ.1, саҳ.75 - 80.
- ↑ Ибни Қайими Ҷавзӣ, Асмоу муаллифоти шайх-ил-Ислом, Ибни Таймия, 1403ҳ.қ.
- ↑ Баҳромӣ, Бунёни такфир, 1396ҳ.ш., саҳ.41.
- ↑ Нигоҳ кунед ба: Табасӣ, “Гунашиносии мавозиъи осори мактуби исломӣ роҷеъ ба мавозиъи Ибни Таймия...”.
- ↑ Табасӣ, “Гунашиносии мавозиъи осори мактуби исломӣ роҷеъ ба мавозиъи Ибни Таймия...”, саҳ.9.
- ↑ Табасӣ, “Гунашиносии мавозиъи осори мактуби исломӣ роҷеъ ба мавозиъи Ибни Таймия...”, саҳ.7 ва 8.
- ↑ Ибни Шокир, Фавот-ул-вафаёт, Дорусодир, ҷ.1, саҳ.76.
- ↑ Ровандӣ, Таърихи иҷтимои Эрон, 1386ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.202.
- ↑ Маҷмӯаи мақолоти ҳамандешии зиёрат, Қум, Машъар, 1378ҳ.ш., саҳ.342.
- ↑ Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.37.
- ↑ Насиҳат-уз-Заҳабӣ ило Ибни Таймия, муқаддимаи мусаҳҳеҳ, саҳ.6.
- ↑ Ибни Таймия, Маҷмӯъат-ул-фатово, 1418ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.160.
- ↑ Ибни Таймия, Маҷмӯъат-ул-фатово, 1418ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.45; Абулашбол, Шарҳу усули эътиқоди аҳли-с-суннат ли-л-Алкоӣ, алмактабатуш-шомила, саҳ.1; Субҳонӣ, Фарҳанги ақоид ва мазоҳиби исломӣ, 1378ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.21 - 22.
- ↑ Зарёб, Ибни Таймия, дар доиратулмаорифи бузурги исломӣ, 1369ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.179.
- ↑ Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1413ҳ.қ., саҳ.296 - 297; Ризвонӣ, Шиашиносӣ ва посух ба шубаҳот, 1384ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.217.
- ↑ Ибни Таймия, Маҷмӯъат-ул-фатово, 1418ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.148 - 149.
- ↑ Ибни Таймия, Маҷмӯъат-ул-фатово, 1418ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.106.
- ↑ Ал-Мушъабӣ, Манҳаҷу Ибни Таймия фи масъалат-ит-такфир, 1418ҳ.қ., саҳ.351 - 463.
- ↑ Ризвонӣ, Ваҳҳобиёни такфирӣ, 1390ҳ.ш., саҳ.114 - 122.
- ↑ Бухорӣ, Саҳеҳ ал-Бухорӣ, ал-Ҷаноиз - мо юкраҳу мин иттихозил масоҷади алалқубур (الجنائز - ما یکره من إتخاذ المساجد علی القبور), ҳадиси 1244.
- ↑ Ибни Таймия, Минҳоҷ-ус-суннаҳ, 1406ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.131.
- ↑ Зарёб, Ибни Таймия, дар доиратулмаорифи бузурги исломӣ, 1369ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.172.
- ↑ Зарёб, Ибни Таймия, дар доиратулмаорифи бузурги исломӣ, 1369ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.192.
- ↑ Ибни Таймия, Маҷмӯъат-ур-расоили ва-л-масоил, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.243.
- ↑ Ибни Таймия, Маҷмӯъат-ул-фатово, 1418ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.79 - 80.
- ↑ Ибни Таймия, Маҷмӯъат-ул-фатово, 1400ҳ.қ.; Ибни Таймия, Маҷмӯъат-ур-расоили ва-л-масоил, 1403ҳ.қ.
- ↑ Зарёб, «Ибни Таймия», саҳ.178.
- ↑ Абузуҳра, Ибни Таймия ҳаётуҳу ва асруҳ, 1952м., саҳ.183 - 185.
- ↑ Абдулҳамид, Ибни Таймия фи суратиҳи-л-ҳақиқия, 1415ҳ.қ., саҳ.13, 67- 72.
- ↑ Халил Бирка, Ибни Таймия ва ҷуҳудуҳу фи-т-тафсир, 1405ҳ.қ., саҳ.127 - 140.
- ↑ Ал-Мушъабӣ, Манҳаҷу Ибни Таймия фи масъалат-ит-такфир, 1418ҳ.қ., саҳ.351 - 352.
- ↑ Ал-Мушъабӣ, Манҳаҷу Ибни Таймия фи масъалат-ит-такфир, 1418ҳ.қ., саҳ.353 - 363.
- ↑ Бахшӣ, “Ҷиҳод; аз Ибни Таймия то Бен Лодан”, саҳ.172 - 172.
- ↑ Ибни Таймия, Минҳоҷ-ус-суннаҳ, 1406ҳ.қ., ҷ4, саҳ.56.
- ↑ Ибни Таймия, Минҳоҷ-ус-суннаҳ, 1406ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.330; ҷ.7, саҳ.88, 489.
- ↑ Ибни Таймия, Маҷмӯъат-ул-фатово, 1418ҳ.қ., 4, саҳ.431.
- ↑ Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, ад-Дурар-ул-комина, 1414ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.181.
- ↑ Ибни Таймия, Минҳоҷ-ус-суннаҳ, 1406ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.530.
- ↑ Ибни Таймия, «ал-Ақидат-ул-ҳамавият-ул-кубро», ҷ.1, саҳ.427 - 429.
- ↑ Ибни Таймия, ас-Сорим-ул-маслул, 1403ҳ.қ., саҳ.107.
- ↑ Ибни Таймия, ал-Ақидат-ул-восития, 1420ҳ.қ., саҳ.118.
- ↑ Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, ад-Дурар-ул-комина, 1414ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.179 - 181; Ибни Таймия, Маҷмӯъат-ул-фатово, 1418ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.251.
- ↑ Ибни Таймия, Маҷмӯъат-ул-фатово, 1418ҳ.қ., ҷ.28, саҳ.468 - 489.
- ↑ Ибни Таймия, Маҷмӯъат-ул-фатово, 1418ҳ.қ., ҷ.28, саҳ.468.
- ↑ Ибни Таймия, ас-Сорим-ул-маслул ала шотим-ир-Расул, 1403ҳ.қ., саҳ.586.
- ↑ Ибни Таймия, Минҳоҷ-ус-суннаҳ, 1406ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.35.
- ↑ Ибни Таймия, Минҳоҷ-ус-суннат-ин-набавия, 1406ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.25.
- ↑ Лутфӣ, Баррасии таъсироти андешаи Ибни Таймия бар амалкарди салафияи ҷиҳодӣ.
- ↑ Барои иттилооти бештар нигоҳ кунед ба: “Муҳитӣ, Фиқҳи салафия “фиқҳи Ибни Таймия” мазҳабии ҷадид дар фиқҳи аҳли суннат».
- ↑ Алипур, “Таъсири андешаҳои Ибни Таймия бар хутути фикрӣ ва хати машйи гурӯҳҳои салафӣ - такфирӣ”.
- ↑ Лутфӣ, «Баррасии таъсироти андешаи Ибни Таймия бар амалкарди салафияи ҷиҳодӣ».
- ↑ Алипур, “Таъсири андешаҳои Ибни Таймия бар хутути фикрӣ ва хати машйи гурӯҳҳои салафӣ - такфирӣ”, саҳ.43.
- ↑ Лутфӣ, «Баррасии таъсироти андешаи Ибни Таймия бар амалкарди салафияи ҷиҳодӣ».
- ↑ Барои иттилооти бештар нигоҳ кунед ба: Муҳитӣ, “Фиқҳи салафия “фиқҳи Ибни Таймия” мазҳабе ҷадид дар фиқҳи аҳли суннат”.
- ↑ Алипур, “Таъсири андешаҳои Ибни Таймия бар хутути фикрӣ ва хати машйи гурӯҳҳои салафӣ - такфирӣ”, саҳ.43.
- ↑ Пурҳасан, “Тақобули навсалафиҳо бо шиаён ва паёмадҳои он бар иттиҳоди ҷаҳони Ислом”, саҳ.17 - 18.
- ↑ Маҳдии Бахшӣ, “Ҷиҳод аз Ибни Таймия то Бен Ладен”, саҳ.172 - 174.
- ↑ Субҳонӣ, Буҳусун фи-л-милали ва-н-ниҳал, 1427ҳ.қ., саҳ.587.
- ↑ Амин, Кашф-ул-иртиёб, Қум, саҳ.52.
- ↑ Алипур, “Таъсири андешаҳои Ибни Таймия бар хутути фикрӣ ва хати машйи гурӯҳҳои салафӣ - такфирӣ”, саҳ.43.
- ↑ Ализода Мусавӣ, Шахсиятпажӯҳии Ибни Таймия, пойгоҳи тахассусии Ваҳҳобиятпажӯҳӣ.
- ↑ Ибни Шокир, Фавот-ул-вафаёт, Дорусодир, ҷ.1, саҳ.74.
- ↑ Ҳаҷвӣ, ал-Фикр-ус-сомӣ фи таърих-ил-фиқҳ-ил-исломӣ, 1416ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.362.
- ↑ Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.147, саҳ.156.
- ↑ Буҳус-ун-надват-ил-оламия ан шайхил-Ислом Ибни Таймия ва аъмолуҳу-л-холида, саҳ.51.
- ↑ Бағдодӣ, аз-Зайл ала табақот-ил-ҳанобила, 1417ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.401.
- ↑ Шавконӣ, ал-Бадр-ут-толеъ, Дорулмаърифат, ҷ.2, саҳ.262.
- ↑ Насиҳат-уз-Заҳабӣ ило Ибни Таймия, саҳ.7.
- ↑ Ҳаҷвӣ, ал-Фикр-ус-сомӣ фи таърих-ил-фиқҳ-ил-исломӣ, 1416ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.363 - 364.
- ↑ Ибни Абияъло, Табақот-ул-ҳанобила, Бейрут, ҷ.4, саҳ.394, 401.
- ↑ Нишасти нақд ва баррасӣ “Назарияи хилофат дар осори Ибни Таймия” баргузор мешавад, хабаргузории Меҳр.
- ↑ Барои намуна нигоҳ кунед ба: Курсии илмии тарвиҷӣ бо унвони «Нақд ва баррасии дидгоҳи Ибни Таймия перомуни шафоат», донишгоҳи шаҳид Боҳунари Кирмон.