Ҷафр

Аз wikishia

Ҷафр (ба арабӣ: جَفْر) унвони китоби ҳадисие аст, ки ба имлои Пайғамбари Акрам (с) ва хатти ҳазрати Алӣ (а) бар пӯсти бузғола навишта шуд. Китоби Ҷафр аз вадоеъи имомат ва аз манобеи илми Имом ба шумор меояд, ки мутобиқи бархе аз ривоёт, танҳо Пайғамбар (с) ва авсиёи ӯ метавонанд ба он нигоҳ кунанд.

Бархе муҳаққиқон муътақиданд, китоби Ҷафр ба сурати рамзӣ навишта шуда ва илми маноёву балоё дар он сабт шудааст. Пӯсида нашудани Ҷафр ва аз байн нарафтани ранги ҷавҳари он, аз дигар вижагиҳои зикршуда дар аҳодис, барои ин китоб аст. Бархе аз муҳаққиқон бо истинод ба аҳодис бар ин боваранд, ки ин китоб акнун назди Имоми Замон (аҷ) аст.

Бар асоси бархе ривоёт Имомон (а), илова бар китоби Ҷафр, Ҷафрҳои дигаре доранд, ки онҳо китоб набуда ва танҳо анборе барои нигаҳдории ашёъи маънавии дигар, монанди Таврот, Инҷил ва Мусҳафи Фотима (с) ҳастанд. Китобҳое дар мавзуи Ҷафр навишта шудааст, ки «Ҳақиқат-ул-Ҷафр инда-ш-шиа» навиштаи Акрам Баракот Омилӣ (зодаи 1968м.) аз ҷумлаи онҳост.

Муаррифӣ ва ҷойгоҳ

Бар асоси аҳодиси шиа, Ҷафр китобе аст, ки ба имлои Пайғамбар (с) ва китобати Имом Алӣ (а) навишта шудааст.[1] Ҷафр дар луғат ба маънои барра ё бузғола омадааст[2], аз ин рӯ, дар истилоҳи ривоёт, ба китоби хоссе гуфта мешавад, ки бо имлои Пайғамбар (с) ва китобати Алӣ (а) бар пӯсти бузғола навишта шудааст.[3]

Мутобиқи ривояте аз Имом Козим (а) Худованд дар рӯзҳои поёнии умри Пайғамбар (с) ба ӯ дастур дод, то ҳамроҳи Алӣ ибни Абитолиб (а) ба кӯҳи Уҳуд раваду бузғолаеро, ки дар он ҷо ёфт, забҳ кунад. Онҳо пас аз анҷоми ин дастур, пӯсти ҳайвонро даббоғишуда ёфтанд. Ҷабраил бо гурӯҳе аз фариштагон нозил шуданд, қалам ва давоте ба ранги сабз овараданд ва Алӣ (а) бо он қаламу давот бар он пӯсти даббоғишуда китобро навиштанд.[4]

Мутобиқи бархе аз ривоёт, Ҷафр аз ҷумлаи вадоеъи имомат аст, ки бар имом будани соҳиби он далолат дорад.[5] Ба гуфтаи Оқобузурги Теҳронӣ, муаллифи китоби аз-Зариъа, китоби Ҷафр ҳамчун дигар вадоеъи имомат, назди имомони шиа даст ба даст мегашта ва акнун назди Имом Маҳдӣ (аҷ) аст.[6] Бархе аз нависандагон, илми Ҷафрро ба Имом Алӣ (а) нисбат додаанд,[7] дар муқобил муҳаққиқоне ин нисбатро бидуни далел донистаанд.[8]

Ҷафрҳои дигар

Дар баъзе ривоятҳо аз ҷафрҳои дигаре чун Ҷафри абяз (сафед) ва Ҷафри аҳмар (сурх) сухан ба миён омадааст.[9] Акрам Баракот, нависандаи лубнонӣ (тав. 1968) муътақид аст, ҷафрҳои дигар, ғайр аз китоби Ҷафр ва анбони чарме барои нигаҳдории ашёъи маънавӣ аст.[10] Бар пояи бархе аз ривоёт, китобҳое чун Суҳуфи Иброҳим (а)[11], Таврот, Инҷил, Забур ва Мусҳафи Фотима (с) дар Ҷафри абяз[12] ва шамшери Пайғамбар (с) дар Ҷафри аҳмар нигаҳдорӣ мешавад.[13]

Муҳтаво ва вижагиҳо

Бар асоси ривояте аз Имом Содиқ (а) илми маноё ва балоё ва ахбори тамомии ҳаводис аз ибтидо то ҳангоми барпоии қиёмат, дар китоби Ҷафр сабт шудааст.[14] Мутобиқи ривояти Имом Содиқ (а), алоими зуҳур, хабари дӯстон ва душмони Имом Алӣ (а) ки то қиёмат зода хоҳанд шуд ва тафсири он чи ки танҳо Худо ва росихуни дар илм ба он огоҳанд, аз мавзуоти ҷузъии зикршуда дар Ҷафр аст.[15]

Ба бовари бархе муҳаққиқон, китоби Ҷафр ба сурати рамзӣ навишта шудааст.[16] Ҳаҷми андаки Ҷафр (пӯсти бузғола) ва матолиби бисёр густардаи он (сабт шудани тамомии ҳаводиси олам) муҳаққиқонро бар он доштааст, то дар садади ҳалли ин носозгорӣ бароянд.[17] Сайид Миршарифи Ҷурҷонӣ (740–816ҳ.қ.), аз олимони ҳанафимазҳаби қарни ҳаштум, дар ҳалли ин ишкол муътақид аст, китоби Ҷафр ба равиши илми ҳуруф навишта шудааст.[18] Аммо Акрам Баракот бо пазириши рамзӣ будани ин китоб, сухани Ҷурҷониро, иддаое бидуни далел хонда, муътақид аст, дар аҳодис ҳеҷ тавзеҳе дар ин бора вуҷуд надорад.[19]

Пӯсида нашудани пӯсти бузғола ва аз байн нарафтани ранги он, аз вижагиҳои зикршуда барои китоби Ҷафр, дар ривоёт аст.[20] Дар ривояте аз Имом Козим (а) нигоҳ кардан ба Ҷафр аз имтиёзоти Пайғамбар (с) ва ҷонишинони ӯст ва танҳо онҳо метавонанд дар Ҷафр нигоҳ кунанд.[21]

Намунаҳое аз истиноди имомон (а) ба китоби Ҷафр

Дар баъзе аз ривоёт, аз муроҷиаи имомон (а) ба китоби Ҷафр ва хабар додани эшон аз умури ғайбӣ сухан ба миён омадааст; аз ҷумлаи ин ривоятҳо хабари Имом Содиқ (а) аз замони вилодати Имоми Замон, тӯли умри ӯ ва ҳаводиси ғайбат[22] ва низ хабар додани Имом Ризо (а) аз ба саранҷом нарасидани вилоятъаҳдии Имом Ризо (а) аст.[23]

Дидгоҳи аҳли суннат

Бештари аҳли суннат китоби Ҷафрро ба Имом Содиқ (а) нисбат додаанд.[24] Ба бовари Ибни Халдун, таърихнигори қарни ҳаштум, китоби Ҷафр навиштаи Ҳорун ибни Саиди Аҷалӣ аз бузургони Зайдия аст, ки ривоятҳоеро аз Имом Содиқ (а) дар бораи вақоеъи оянда нақл мекунад.[25]

Ибни Таймия, пешвои салафӣ, вуҷуди китоби Ҷафр ва ҳар гуна китобе аз имомон (а) дар мавзуи ахбори ояндагонро напазируфтааст.[26] Ба гуфтаи бархе аз нависандагони аҳли суннат, махсуси Худо ва баъзе аз пайғамбарон будани илми ғайб, далели инкори Ҷафр аз сӯи Ибни Таймия будааст.[27]

Такнигориҳо

Дар мавзуи Ҷафр китобҳое навишта шудааст, ки бархе аз онҳо иборатанд аз:

  • “Ҳақиқат-ул-Ҷафри инда-ш-шиа” навиштаи Акрам Баракот ал-Омилӣ; ин китобро интишороти Дор-ус-сафвати Лубнон барои нахустин бор дар соли 1416 қамарӣ, дар 285 саҳифа чоп кард.[28]
  • “Нигоҳе нав ба Ҷафри Алӣ (а)” ба қалами Сайид Ҳусайн Мусавии Занҷонӣ; ин асар дар 64 саҳифа, барои нахустин бор дар соли 1384ҳ.ш. ба кӯшиши интишороти Салсабил мунташир шуд.[29]
  • “Баҳсун ҳавла-л-Ҷафр ва илм-ил-маъсум (а) мин хилол-ил-осор” навиштаи Сайид Аммор Садриддини Мусавии Омилӣ; чопи аввали ин китоб дар соли 1419 қамарӣ, ва чопи дуввуми он дар соли 1429 қамарӣ, ба кӯшиши Дор-ул-муҳаҷҷат-ул-байзои Бейрут анҷом гирифтааст.[30]

Ҷусторҳои вобаста

Китоби Алӣ (а)

Мусҳафи Имом Алӣ (а)

Мусҳафи Фотима (с)

Эзоҳ

  1. Саффор, Басоир-уд-дараҷот, 1404ҳ.қ., саҳ.159 ва 506 - 507; Айёшӣ, Тафсир-ул-Айёшӣ, 1380ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.28
  2. Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, зайли вожаи Ҷафр; Фиюмӣ, ал-Мисбоҳ-ул-мунир, зайли вожаи Ҷафр
  3. Баракот, Ҳақиқат-ул-Ҷафр инда-ш-шиъа, 1430ҳ.қ., саҳ.28 - 30
  4. Саффор, Басоир-уд-дараҷот, 1404ҳ.қ., саҳ.506 - 507
  5. Саффор, Басоир-уд-дараҷот, 1404ҳ.қ., саҳ.158; Шайхи Садуқ, Маъонӣ-л-ахбор, 1403ҳ.қ., саҳ.102 - 103; Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.418 - 419
  6. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.119
  7. Кошифӣ, Ҳирз-ул-амон, чопи сангӣ, саҳ.8
  8. Баҳордӯст, “Ҷафр ва Ҷомеъа”, саҳ.478
  9. Саффор, Басоир-уд-дараҷот, 1404ҳ.қ., саҳ.153; Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.240
  10. Баракот, Ҳақиқат-ул-Ҷафр инда-ш-шиъа, 1430ҳ.қ., саҳ.43
  11. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.240
  12. Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.186
  13. Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.186; Фатоли Нишобурӣ, Равзат-ул-воъизин, 1375ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.211
  14. Шайхи Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.353
  15. Саффор, Басоир-уд-дараҷот, 1404ҳ.қ., саҳ.507
  16. Баракот, Ҳақиқат-ул-Ҷафри инда-ш-шиа, 1430ҳ.қ., саҳ.69
  17. Баракот, Ҳақиқат-ул-Ҷафри инда-ш-шиа, 1430ҳ.қ., саҳ.69
  18. Ҷурҷонӣ, Шарҳ-ул-мавоқиф, 1325ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.22
  19. Баракот, Ҳақиқат-ул-Ҷафр инда-ш-шиъа, 1430ҳ.қ., саҳ.70
  20. Саффор, Басоир-уд-дараҷот, 1404ҳ.қ., саҳ.506 - 507
  21. Саффор, Басоир-уд-дараҷот, 1404ҳ.қ., саҳ.158 - 159; Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.312
  22. Шайхи Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.353
  23. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу Оли Абитолиб (а), 1379ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.365
  24. Баҳордӯст, “Ҷафр ва Ҷомеъа”, саҳ.477
  25. Ибни Халдун, Таърих Ибни Халдун, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.415 - 416
  26. Ибни Таймия, Минҳоҷ-ус-суннат-ин-набавия, 1406ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.136
  27. Абулазоим, ал-Ҷафр, 1432ҳ.қ., саҳ.18
  28. Баракот, Ҳақиқат-ул-Ҷафри инда-ш-шиа, 1416ҳ.қ
  29. Мусавии Занҷонӣ, Нигоҳе нав ба Ҷафри Алӣ (а), 1384ҳ.ш
  30. Мусавии Омилӣ, Баҳсун ҳавла-л-Ҷафр ва илм-ил-маъсум (а), 1429ҳ.қ

Сарчашма

  • Абулазоим, Муҳаммадмозӣ, ал-Ҷафр, Қоҳира, Дор-ул-китоб-ис-суфӣ, 1432ҳ.қ.
  • Айёшӣ, Муҳаммад ибни Масъуд, Тафсир-ул-Айёшӣ, Теҳрон, алматбаъат-ул-ъилмия, 1380ҳ.қ.
  • Баракот, Акрам, Ҳақиқат-ул-Ҷафри инда-ш-шиа, Бейрут, Дор-ус-сафва, 1430ҳ.қ.
  • Баҳордӯст, Алиризо, “Ҷафр ва Ҷомеъа”, дар донишномаи ҷаҳони Ислом, Теҳрон, бунёди доиратулмаорифи исломӣ, 1393ҳ.ш.
  • Ибни Манзур, Муҳаммад ибни Мукаррам, Лисон-ул-араб, Бейрут, Дорулсодир, 1414ҳ.қ.
  • Ибни Таймия, Аҳмад ибни Абдулҳалим, Минҳоҷ-ус-суннат-ин-набавия фи нақзи калом-иш-шиъа ва-л-қадария, Риёз, ҷомеъат-ул-имом Муҳаммад ибни Саъуд ал-исломия, 1406ҳ.қ.
  • Ибни Халдун, Абдурраҳмон ибни Муҳаммад, Таърих Ибни Халдун, Бейрут, Дорулфикр, 1408ҳ.қ.
  • Ибни Шаҳрошӯб, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқибу Оли Абитолиб (а), Қум, Аллома, 1379ҳ.қ.
  • Кошифӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Ҳирз-ул-амон мин фитан-из-замон, чопи сангӣ, беҷо, бено, бе то.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, 1407ҳ.қ.
  • Мусавии Занҷонӣ, Сайидҳусайн, Нигоҳе нав ба Ҷафри Алӣ (а), Қум, салсабил, 1384ҳ.ш.
  • Мусавии Омилӣ, Сайидаммор Садриддин, Баҳсун ҳавла-л-Ҷафр ва илм-ил-маъсум (а) мин хилол-ил-осор, Бейрут, Дор-ул-муҳаҷҷат-ул-байзоъ, 1429ҳ.қ.
  • Оқобузурги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, аз-Зариъати ило тасониф-иш-шиа, Бейрут, Дор-ул-азвоъ, 1403ҳ.қ.
  • Саффор, Муҳаммад ибни Ҳасан, Басоир-уд-дараҷот фи фазоили Муҳаммад (с), Қум, китобхонаи Оятуллоҳ Маръашӣ, 1404ҳ.қ.
  • Фатоли Нишобурӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Равзат-ул-воъизин ва басират-ул-муттаъизин, Қум, интишороти Разӣ, 1375ҳ.ш.
  • Фиюмӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, ал-Мисбоҳ-ул-мунир, Бейрут, ал-мактабат-ул-ъасрия, 1428ҳ.қ.
  • Ҷурҷонӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, Шарҳ-ул-мавоқиф, Қум, аш-Шариф ар-Разӣ, 1325ҳ.қ.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Нуъмон, ал-Иршод фи маърифати ҳуҷаҷиллоҳ ала-л-ибод, Қум, конгресси Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Камол-уд-дин ва тамом-ун-неъмат, Теҳрон, исломия, 1395ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, Қум, дафтари интишороти исломӣ, 1413.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Маъонӣ-л-ахбор, Қум, дафтари интишороти исломӣ, 1403ҳ.қ.