Ҳадиси Базъат
- Ҳадиси Силсилатуззаҳаб. Ҳадиси Сақалайн. Ҳадиси Кисо. Мақбулаи Умар ибни Ҳанзала. Ҳадиси Қурби навофил. Ҳадиси Меъроҷ. Ҳадиси Вилоят. Ҳадиси Висоят. Ҳадиси Ҷунуди ақлу ҷаҳл. Ҳадиси Шаҷара
Ҳадиси Бизъат (арабӣ: حدیث بَِضْعَةٌ) аз аҳодиси набавӣ дар бораи ҳазрати Фотима (с) ки Пайғамбар (с) дар он Фотимаро «пораи тани худ» муаррифӣ карда, хушҳолии ӯро хушҳолии худ ва озурдани ӯро озурдани худ дониста аст. Ин ҳадис дар манобеи шиа ва суннӣ нақл шудааст. Ба ҳадиси Бизъат барои исботи мабоҳисе ҳамчун исмати ҳазрати Фотима (с), ҳаққонияти ӯ дар моҷарои Фадак ва вуҷуби бузургдошти Аҳли Байт (а) истинод мешавад.
Бино ба бархе гузоришҳо дар манобеи аҳли суннат ин ҳадис дар бораи моҷарои хостгории ҳазрати Алӣ (а) аз духтари Абуҷаҳл тавассути Пайғамбар (с) содир шудааст. Аммо аз назари олимони шиа ин гузоришҳо сохтагӣ буда ва ровиёни онҳо муттаҳам ба ҷаъли ҳадис ва душманӣ бо Аҳли Байт (а) ҳастанд.
Матн ва ҷойгоҳ
فَاطِمَةُ بَضْعَةٌ مِنِّی فَمَنْ آذَاهَا فَقَدْ آذَانِی و مَنْ سَرّها فَقد سَرّنی
Шайхи Садуқ, ал-Амолӣ, 1417ҳ.қ., саҳ.165.
Дар ҳадиси базъат аз Пайғамбар (с) дар бораи духтараш ҳазрати Фотима (с) омада аст: «Фотима пораи тани ман аст, ҳар касе ӯро биозорад, маро озурда ва ҳар касе ӯро хушҳол кунад, маро хушҳол карда аст!».[1] Мазмуни ин ҳадис дар манобеи мухталифи шиаву суннӣ нақл шудааст.[2] Ҳазрати Алӣ (а),[3] Ибни Аббос,[4] Абӯзари Ғифорӣ[5] ва худи ҳазрати Заҳро (с),[6] аз ровиёни ин ҳадисанд. Ҷалолиддини Суютӣ муффасири аҳли суннат онро мавриди иттифоқи шиаву суннӣ дониста аст[7] ва Фахри Розӣ муффасири аҳли суннат дар тафсири бархе аз оёти Қуръон аз он истифода карда аст.[8]
Бизъат ё базъат ба маънои тиккае аз бадан аст.[9] Аз ин рӯ, вақте ки гуфта мешавад «фулонӣ бизъати ман аст/ فُلان بَضْعَةٌ مِنِّی» ба хотири наздикии зиёди он шахс бо гӯянда аст, гуё он шахс ҷузъе аз бадани ӯст.[10] Ҷумлаи «бизъатун миннӣ/ بَضْعَةٌ مِنِّی» дар суханони Пайғамбари Ислом (с) дар бораи ҳазрати Алӣ (а)[11] ва Имом Ризо (а)[12] низ ба кор рафтааст.
Корбурдҳои каломӣ ва фиқҳӣ
Аз ҳадиси бизъат барои исботи бархе аз мабоҳиси каломӣ истифода шуда аст:
- Исмати ҳазрати Фотима (с): мутакаллимон барои исботи исмати ҳазрати Фотима (с) ба ин ҳадис истинод кардаанд.[13] Ба гуфтаи оятуллоҳи Субҳонӣ аз мароҷеъи тақлиди шиа (таваллуди 1308ҳ.ш) дар ривоёти бизъат, хушнудӣ ва нохушнудии ҳазрати Фотима (с) милоки хушнудӣ ва нохушнудии Худо ва Расулаш шуморида шуда аст. Аз онҷо ки Худованд ҷуз ба аъмоли солеҳ хушнуд намешавад ва ба гуноҳу нофармонӣ аз дастуроташ ризоят намедиҳад, агар ҳазрати Заҳро (с) гуноҳе муртакиб мешуд, дар ин сурат ба чизе хушнуд шуда буд, ки Худо аз он нохушнуд аст; дар ҳоле ки ҳадиси Бизъат, ризояти илоҳиро бо хушнудии Фотима (с) пайванд додааст.[14]
- Бартарии ҳазрати Фотима (с) бар занони олам: Шаҳобиддини Олусӣ муффасири аҳли суннат (даргузаштаи 1270ҳ.қ.), бо истифода аз ин ҳадис дар зайли ояти «وَإِذْ قَالَتِ الْمَلَائِكَةُ يَا مَرْيَمُ إِنَّ اللَهَ اصْطَفَاكِ وَطَهَّرَكِ وَاصْطَفَاكِ عَلَىٰ نِسَاءِ الْعَالَمِينَ»[15] ба бартарии ҳазрати Фотима (с) бар занони олам аз ҷумла ҳазрати Марям (а) истинод карда аст.[16]
- Исботи ҳаққонияти ҳазрати Фотима дар моҷарои Фадак[17] пас аз риҳлати Пайғамбар (с), ҳазрати Заҳро (с) дар бистари беморӣ, дар эҳтиҷоҷ бо Шайхайн (Абубакру Умар) ба ин ривоят истинод кард.[18]
Ҳамчунин барои вуҷуби бузургдошти Аҳли Байт (а)[19] адами пазириши шаҳодати фарзанд барои падар ё билъакс,[20] ҳаром будани издивоҷ бо модарону духтарон,[21] лузуми икроми волидайн[22] ва ҷоиз будани зиёрати қубур тавассути занон[23] ба ин ривоят истинод шуда аст.
Истифода аз ҳадиси Бизъат алайҳи ҳазрати Алӣ (а)
Бино бар бархе гузоришҳо, ҳадиси Бизъат дар бораи моҷарои хостгории Имом Алӣ (а) аз духтари Абуҷаҳл содир шуда аст. Бар асоси нақлИбни Ҳанбал (даргузаштаи 241ҳ.қ.) аз Абдуллоҳ ибни Зубайр, замоне, ки Алӣ (а) аз издивоҷ бо духтари Абуҷаҳл сухан ба миён овард ва хабари он ба Пайғамбар (с) расид, он ҳазрат фармуд: «اِنّما فَاطِمَةُ بَضْعَةٌ مِنِّی یُوذینی ما آذَاها».[24] Ин моҷаро бо иборатҳои мухталифе дар манобеи дигар низ омада аст.[25]
Сайиди Муртазо мутакаллими шиа (355 – 436ҳ.қ.) ин гузоришҳоро сохтагӣ дониста аст.[26] Бар асоси ривояте аз Имом Содиқ (а) низ ин моҷаро ҷаълӣ аст.[27] Абуҳурайра аз ровиёни ин гузориш муттаҳам ба ҷаъли ҳадис аст,[28] ҳамчунин Ҳусайн Каробисӣ ва Мисвар ибни Махрамаи Зуҳрӣ аз дигар ровиёни ин гузориш дар илми риҷол заиф ва ғайриқобилии эътимод муаррифӣ шудаанд. Аз ин рӯ, ривоёти онҳо мавриди қабул қарор нагирифта аст.[29] Сайиди Муртазо, Каробисиро аз навосиб донистааст, ки бо Аҳли Байт (а) душманӣ мекард.[30] Ба гуфтаи ӯ агар ин қазия дуруст буд, чаро душманони ҳазрати Алӣ (а) аз Банӣ Умая ва тарафдорони онҳо онро дастовезе барои тахриби чеҳраи ӯ ва расидан ба аҳдофи худ қарор надоданд.[31]
Ҷаъфар Муртазо Омилӣ (даргузаштаи 1441ҳ.қ.) аз пажӯҳишгарони таърихи Ислом, зимни мутаноқиз донистани гузоришҳо дар бораи хостгории ҳазрати Алӣ (а) аз духтари Абуҷаҳл, дар радди ин моҷаро сездаҳ далел зикр карда аст.[32]
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Шайхи Садуқ, ал-Амолӣ, 1417ҳ.қ., саҳ.165.
- ↑ Барои намуна нигоҳ кунед ба Шайхи Садуқ, ал-Эътиқодот, 1414ҳ.қ., саҳ.105/ Шайхи Муфид, ал-Амолӣ, 1414ҳ.қ., саҳ.260/ Шайхи Тӯсӣ, ал-Амолӣ, 1414ҳ.қ., саҳ.24/ Ибни Мағозелӣ, Маноқибу Алӣ Ибни Абитолиб, 1426ҳ.қ., саҳ.289/ Ибни Ҷабраил, ар-Равзату фи фазоили Амирилмуъминин, 1423ҳ.қ., саҳ.167/ Бухорӣ, Саҳеҳ ал-Бухорӣ, 1401ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.210 ва 219.
- ↑ Шайхи Садуқ, ал-Хисол, 1403ҳ.қ., саҳ.573/ Фатоли Нишопурӣ, Равзат-ул-воъизин, маншуроти аш-Шариф-ир-Разӣ, саҳ.149.
- ↑ Шайхи Садуқ, ал-Амолӣ, 1417ҳ.қ., саҳ.175 ва 575.
- ↑ Хазози қумӣ, Кифоят-ул-асар, 1401ҳ.қ., саҳ.37.
- ↑ Хазози Қумӣ, Кифоят-ул-асар, 1401ҳ.қ., саҳ.64. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.36, саҳ.308.
- ↑ Суютӣ, ас-Суғур-ул-босима, 1431ҳ.қ., саҳ.67.
- ↑ Нигоҳ кунед ба Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, чопи сеюм, ҷ.9, саҳ.160, зайли ояти 189 сураи Аъроф, ҷ.27, саҳ.200, зайли ояти 15 сураи Зухруф, ҷ.30, саҳ.126, зайли ояти 19 сураи Меъроҷ.
- ↑ Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, 1405ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.12/ Ибни Асир, ан-Ниҳоя, 1364ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.133.
- ↑ Роғиби Исфаҳонӣ, Муфрадот, 1427ҳ.қ., саҳ.129.
- ↑ Баҳронӣ, ал-Бурҳон, муассисаи ал-Беъсат, ҷ.1, саҳ.261.
- ↑ Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, муассисаи ан-Нашр-ул-исломӣ, ҷ.2, саҳ.583 ва 588/ Фатоли Нишопурӣ, Равзат-ул-воъизин, маншуроти аш-Шариф-ир-Разӣ, саҳ.233.
- ↑ Барои намуна нигоҳ кунед ба Сайиди Муртазо, аш-Шофӣ фи-л-имомат, 1410ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.95/ Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, муассисаи Исмоилиён, ҷ.16, саҳ.273/ Иҷӣ, ал-Мавоқиф, 1417ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.597.
- ↑ Субҳонӣ, Пажӯҳише дар шинохт ва исмати имом, 1389ҳ.ш., саҳ.27.
- ↑ Сураи Оли Имрон, ояти 42.
- ↑ Олусӣ, Рӯҳ-ул-маъонӣ, бе то, ҷ.3, саҳ.155.
- ↑ Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, муассисаи Исмоилиён, ҷ.16, саҳ.278/ Иҷӣ, ал-Мавоқиф, 1417ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.597 ва 607.
- ↑ Хазози Қумӣ, Кифоят-ул-асар, 1401ҳ.қ., саҳ.65.
- ↑ Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, чопи сеюм, ҷ.27, саҳ.166.
- ↑ Ибни Арабӣ, Аҳком-ул-Қуръон, Дорулфикр, ҷ.1, саҳ.638/ нигоҳ кунед ба Ибни Қудома, ал-Муғнӣ, Дорулкитобилъарабӣ, ҷ.12, саҳ.66.
- ↑ Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, чопи сеюм, ҷ.10, саҳ.26.
- ↑ Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, чопи сеюм, ҷ.20, саҳ.185.
- ↑ Шаҳиди Аввал, Зикро-ш-шиъа, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.63.
- ↑ Ибни Ҳанбал, Муснади Аҳмад, Дорусодир, ҷ.4, саҳ.5.
- ↑ Барои намуна нигоҳ кунед ба Нишобурӣ, Саҳеҳ Муслим, Дорулфикр, ҷ.7, саҳ.141/ Бухорӣ, Саҳеҳ ал-Бухорӣ, 1401ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.158/ Ибни Моҷа, Сунани Ибни Моҷа, Дорулфикр, ҷ.1, саҳ.644/ Сиҷистонӣ, Сунани Абидовуд, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.460/ Нуъмони Мағрибӣ, Шарҳ-ул-ахбор, муассисаи ан-Нашр-ул-исломӣ, ҷ.3, саҳ.61/ Ибни Битриқ, Умдату уюни сиҳоҳ-ил-ахбор, 1407ҳ.қ., саҳ.385.
- ↑ Сайиди Муртазо, Танзиҳ-ул-анбиё, 1250ҳ.қ., саҳ.167.
- ↑ Шайхи Садуқ, ал-Амолӣ, 1417ҳ.қ., саҳ.165.
- ↑ Ибни Шозон, ал-Изоҳ, 1363ҳ.ш., саҳ.541/ Тастарӣ, Қомус-ур-риҷол, 1419ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.111.
- ↑ Фазлӣ, Усул-ул-ҳадис, 1421ҳ.қ., саҳ.139.
- ↑ Сайиди Муртазо, Танзиҳ-ул-анбиё, 1250ҳ.қ., саҳ.167 - 168.
- ↑ Сайиди Муртазо, Танзиҳ-ул-анбиё, 1250ҳ.қ., саҳ.169.
- ↑ Ҷаъфари Муртазо, ас-Саҳеҳ мин сират-ил-Имом Алӣ, 1430ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.61 - 74.
Сарчашма
- Ибни Абилҳадид, Абдулҳамид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, таҳқиқи Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, бе ҷо, Дору эҳёилкутубилъарабия, бе то.
- Ибни Асир, Маҷдуддин, ан-Ниҳоя фи ғариб-ил-ҳадиси вал-асар, таҳқиқи Маҳмуд Муҳаммад Танноҳӣ, Қум, Исмоилиён, чопи чаҳорум, 1364ҳ.ш.
- Ибни Битриқ, Яҳё, Умдату уюни сиҳоҳ-ил-ахбор фи маноқиби имом-ил-аброр, Қум, ан-Нашр-ул-исломӣ, 1407ҳ.қ.
- Ибни Ҳанбал, Аҳмад, Муснади Аҳмад, Бейрут, Дорусодир, бе то.
- Ибни Сиҷистонӣ, Салмон, Сунани Абидовуд, Бейрут, Дорулфикр, 1410ҳ.қ.
- Ибни Шозон, Фазл, ал-Изоҳ, таҳқиқи Ҷалолиддини Ҳусайнӣ, Теҳрон, муассисаи Интишорот, 1351ҳ.ш.
- Ибни Шоҳин, Умар, Фазоилу саййидат-ин-нисо, таҳқиқи Абуисҳоқ, ал-Қоҳира, мактабат-ут-тарбият-ил-исломия, 1411ҳ.қ.
- Ибни Арабӣ, Муҳаммад, Аҳком-ул-Қуръон, Бейрут, Дорулфикр, бе то.
- Ибни Қудома, Абдуллоҳ ибни Аҳмад, ал-Муғнӣ, Бейрут, Дорулкитобилъарабӣ, бе то.
- Ибни Моҷа, Муҳаммад, Сунани Ибни Моҷа, таҳқиқи Муҳаммад Фуод, бе ҷо, Дорулфикр, бе то.
- Ибни Мағозелӣ, Алӣ, Маноқибу Алӣ Ибни Абитолиб, бе ҷо, интишороти Сибтуннабӣ, 1426ҳ.қ.
- Ибни Манзур, МуҳаМмад ибни Мукаррам, Лисон-ул-араб, Бейрут, Дорусодир, бе то.
- Иҷӣ, Абдураҳмон ибни Аҳмад, ал-Мавоқиф, таҳқиқи Абдурраҳмон Умайра, Бейрут, Дорулҷалил, 1417ҳ.қ.
- Бухорӣ, Муҳаммад ибни Исмоил, Саҳеҳ ал-Бухорӣ, Бейрут, Дорулфикр, 1401ҳ.қ.
- Тастарӣ, Муҳаммадтақӣ, Қомус-ур-риҷол, таҳқиқи муассисаи ан-Нашр-ул-исломӣ, Қум: ан-Нашр-ул-исломӣ, 1428ҳ.қ.
- Хазози Қумӣ, Алӣ, Кифоят-ул-асар фи-н-нас ала-л-аиммат-ил-исноъашар, таҳқиқи Абдуллатиф Ҳусайнӣ, Қум, Бедор, 1401ҳ.қ.
- Роғиби Исфаҳонӣ, Ҳусайн ибни Муҳаммад, Муфрадоту алфоз-ил-Қуръон, таҳқиқи Сафвон Аднон Довудӣ, бе ҷо, талиъат-ун-нур, 1426ҳ.қ.
- Субҳонӣ, Ҷаъфар, Пажӯҳише дар шинохт ва исмати имом, Машҳад, бунёди пажӯҳишҳои исломӣ, 1389ҳ.ш.
- Сайиди Муртазо, Алӣ ибни Ҳусайн, аш-Шофӣ фи-л-имомат, Теҳрон, муассисат-ус-Содиқ (а), чопи дувум, 1410ҳ.қ.
- Сайиди Муртазо, Алӣ ибни Ҳусайн, Танзиҳ-ул-анбиё, Қум, аш-Шариф-ир-Разӣ, 1250ҳ.қ.
- Суютӣ, Ҷалолиддин, ас-Суғур-ул-босима фи маноқиб ас-Сайида Фотима, ҷамъиятул-оли ва-л-асҳоб, чопи аввал, 1431ҳ.қ.
- Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Маккӣ, Зикро-ш-шиъа фи аҳком-иш-шариъат, таҳқиқи муассисаи Олулбайт, Қум, муассисаи Олулбайт, 1419ҳ.қ.
- Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Эътиқодот, таҳқиқи Исом Абдуссайид, Бейрут, Дорулмуфид, чопи дувум, 1414ҳ.қ.
- Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Амолӣ, Қум, муассисат-ул-беъсат, 1417ҳ.қ.
- Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Хисол, таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ, бе ҷо, Ҷамоъат-ул-мударрисин фи-л-ҳавзат-ил-илмия, бе то.
- Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, ҷомеаи мударрисин, аттабъат-ус-сонӣ, 1404ҳ.қ.
- Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Амолӣ, Қум, Доруссақофа, 1414ҳ.қ.
- Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Амолӣ, Бейрут, Дорулмуфид, 1414ҳ.қ.
- Фатоли Нишопурӣ, Муҳаммад, Равзат-ул-воъизин, Қум, маншуроти ар-Разӣ, бе то.
- Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, ат-Тафсир-ул-кабир, Теҳрон, Дорулкутубилъилмия, бе то.
- Фазлӣ, Абдуллҳодӣ, Усул-ул-ҳадис, Бейрут, муассиса Уммулқуро ли-т-таҳқиқи ва-н-нашр, чопи сеюм, 1421ҳ.қ.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, муассисаи ал-Вафо, 1403ҳ.қ.
- Муртазо Омилӣ, Ҷаъфар, ас-Саҳеҳ мин сират-ил-имом Алӣ, Қум, вилоъ-ул-Муртазо, 1430ҳ.қ.
- Мағрибӣ, Нуъмон ибни Муҳаммад, Шарҳ-ул-ахбор фи фазоил-ил-аиммат-ил-атҳор, таҳқиқи Муҳаммад Ҳусайнии Ҷалолӣ, Қум, муассисаи ан-Нашр-ул-исломӣ, бе то.
- Нишобурӣ, Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ, Саҳеҳ Муслим, Бейрут, Дорулфикр, бе то.
- Баҳронӣ, Ҳошим, ал-Бурҳон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, муассисаи ал-Беъсат, бе то.
- Ибни Шаҳрошуб, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқибу оли Абитолиб (а), Қум, Аллома, чопи аввал, 1379ҳ.қ.