Мавлуди Каъба

Аз wikishia
Таблуи мавлуди Каъба, асари Фаршчиён

Мавлуди Каъба ба маънои зодашуда дар Каъба, ба моҷарои таваллуди Имом Алӣ (а) дар Каъба ишора дорад, ки аз фазоили ихтисосии ӯ ба шумор меравад. Дар бархе аз манобеи аҳли суннат ривоятҳое бо ангезаи инкори фазоили Имом Алӣ (а) ҷаъл шуда аст, ки ин фазилатро ба дигарон ҳам нисбат медиҳад.

Ҳаддиақал шонздаҳ манбаи аҳли суннат ва панҷоҳ манбаи шиа нақл карда аст, ки Имом Алӣ (а) дар Каъба таваллуд шудааст. Манобеи мухталифи шиа ва суннӣ гузориши таваллуди Имом Алӣ (а) дар Каъбаро мутавотир донистаанд. Албатта дар бораи ҷузъиёти он ихтилофоте вуҷуд дорад. Дар бораи таваллуди Имом Алӣ (а) дар Каъба, китобҳои мутааддиде навишта шуда аст. Аз ҷумлаи онҳо китоби «Алӣ валид-ул-Каъба», навиштаи Мирзо Муҳаммадалии Урдубодӣ (1312 – 1380ҳ.қ.) аст, ки тарҷумаи форсии он, «Ягона мавлуди Каъба» ном дорад.

Гузориш дар манобеъ

Манзур аз «мавлуди Каъба», Имом Алӣ (а) нахустин имоми шиаён аст ва ба таваллуди ӯ дар Каъба ишора дорад.[1] Аллома Аминӣ аз шонздаҳ манбаи аҳли суннат ва панҷоҳ манбаи шиа нақл кардааст, ки Имом Алӣ дар Каъба таваллуд шуда аст.[2] Ӯ аз 41 шоири қарни дувум то қарни чаҳордаҳуми қамарӣ низ ном бурда аст, ки дар ашъори худ ба таваллуди Имом Алӣ дар Каъба ишора кардаанд.[3]

Дар шарҳе, ки бар Эҳқоқ-ул-ҳақ навишта шуда, вилодати Имом Алӣ дар Каъба аз ҳабдаҳ манбаи аҳли суннат нақл шудааст.[4] Сибт ибни Ҷавзӣ,[5] Ибни Саббоғи Моликӣ,[6] ва Алӣ ибни Бурҳониддини Ҳалабӣ,[7] аз уламои аҳли суннат ҳастанд, ки аз таваллуди Имом Алӣ дар Каъба сухан гуфтаанд. Дар ал-Мустдараку ала-с-саҳеҳайн[8] ва Кифоят-ут-толиб[9] бар таваллуди Имом Алӣ дар Каъба, иддаои тавотур шуда аст.

Моҷаро

Моҷарои таваллуди Имом Алӣ дар Каъба дар манобеъ ба се гуна зикр шуда аст:

  • Дар китоби Маноқиби Ибни Мағозилӣ (даргузаштаи 483ҳ.қ.) аз Имом Саҷҷод (а) нақл шуда аст, Пайғамбар, Абутолибро ғамгин дид ва аз иллати он пурсид. Абутолиб гуфт, ки ҳамсараш Фотима бинти Асад дарди зоймон гирифтааст. Он ду ҳамроҳи Пайғамбар ба Каъба омаданд, Абутолиб, Фотима бинти Асадро дар Каъба нишонд. Пас аз онки Алӣ ба дунё омад, Пайғамбар ӯро то манзилашон бурд.[10]
  • Шайхи Садуқ дар китобҳои ҳадисии худ, Илал-уш-шароеъ[11], Маъонӣ-л-ахбор[12] ва Амолӣ[13] ва пас аз ӯ бархе дигар аз муҳаддисон[14] ба нақл аз Язид ибни Қаънаб овардаанд, ки Фотима бинти Асад дар канори Каъба буд, ки ӯро дарди зоймон гирифт. Ӯ аз Худо хост, ки зоймон барояш осон шавад. Дар ин ҳангом Каъба аз пушт шикофта шуд ва Фотима ба даруни он рафт. Сипас шикофи девор баста шуд. Ӯ ҳамчунин аз Язид ибни Қаънаб нақл карда аст: мо ҳарчӣ кардем натавонистем дари Каъбаро кушоем. Аз ин рӯ, фаҳмидем, ки ин кор аз ҷониби Худо анҷом шудааст. Фотима бинти Асад баъд аз чаҳор рӯз дар ҳоле ки Алиро дар даст дошт, аз Каъба берун баромад.
  • Ба гуфтаи Ҳасан ибни Алии Табарӣ (зинда дар 701ҳ.қ.) дар китоби Туҳфат-ул-аброр, Фотима бинти Асад, модари ҳазрати Алӣ (а), дар ҳоли тавофи Каъба буд, ки ӯро дарди зоймон гирифту тоқати баргашт ба манзил надошт. Аз ин рӯ, ба Каъба рӯй овард, дари Каъба кушода шуда ӯ ба даруни Каъба даромад, дар баста шуд ва ӯ фарзандашро дар Каъба ба дунё овард. Ӯ се рӯз дар Каъба буд.[15]
Асари муъаррақ, сохташуда бар асоси наққошии мавлуди Каъба, асари Фаршчиён

Моҷарои Ҳаким ибни Ҳизом

Шайхи Муфид вилодати Имом Алӣ (а) дар Каъбаро аз фазоили ихтисосии ӯ дониста аст, ки қабл аз он барои ҳечкас иттифоқ наафтода ва пас аз он ҳам иттифоқ нахоҳад афтод.[16] Бо ин ҳол дар бархе аз манобеи аҳли суннат омада аст, ки яке аз асҳоби Пайғамбар (с) ба номи Ҳаким ибни Ҳизом [ёддошти 1][17] ҳам дар Каъба ба дунё омадааст.[18] Албатта бархе муътақиданд, ин ривоят бо ангезаи инкори фазоили Имом Алӣ (а) аз сӯи хонадони Зубайр аз асҳоби Пайғамбар, ба далели дӯстии амузодаи худ, ин матлабро ҷаъл карда бошанд; чароки насаби Ҳаким ибни Ҳизом ибни Хувайлид ибни Асад ибни Абдулъуззо ва хонадони Зубайр дар Асад ибни Абдулъуззо муштарак аст.[19]

Ишколоте ҳам ба он ворид шудааст; аз ҷумла:

  1. Мусъаб ибни Усмон маҷҳул аст ва дар китобҳои риҷолӣ номе аз ӯ бурда нашуда аст.
  2. Ривоят мурсал аст; чароки Мусъаб ибни Усмон ровии ин моҷаро, солҳо пас аз ин моҷаро ба дунё омада аст. Бинобар ин, наметавониста бевосита ин моҷароро нақл кунад.[20]

Дар адабиёт ва ашъор

Дар тӯли таърихи пас аз вилодати Имом Алӣ (а) моҷарои вилодати ҳазрат дар Каъба, дар адабиёт ва низ ашъори шоирон ва донишмандони шиа ва суннӣ ба ин моҷаро ишора шудааст. Сайид Ҳимярӣ, (вафоти 179ҳ.қ.) мегӯяд: «ولدته فی حرم الاله و امنه »» «والبیت حیث فناؤه و المسجد» модараш ӯро дар ҳарами Худо ва хонаи амни Ӯ ба дунё овард, ки онҷо остона ва саҷдагоҳи ӯст.[21] Ибни Абилҳадиди муътазилӣ, (вафоти 656ҳ.қ.) дар зимни қасидаи маъруфаш мегӯяд:

هوالذی بیت الله مولده/

فطهر البیت من ارجاس و اوثان

(тарҷума: ӯ ҳамон шахсияти воломақоме аст, ки хонаи Худо зодгоҳи ӯ буд, ва хонаи Худоро аз палидии бутҳо поку покиза намуд.[22] Дар мобайни шеърҳои форсӣ низ шеъри Шамси Истаҳбонотӣ аст, ки дар қолаби мусаммат [ёддошти 2] суруда аст:

Ин хонаро бояд Худо дар арш меъморӣ кунад

Одам баннояш бар ниҳад Ҷабраил ҳам ёрӣ кунад

Ояд Халилуллоҳ дар ӯ як чанд ҳаҷҷорӣ кунад

Ӯро улулъазме дигар манқушу гачкорӣ кунад

Ин-сон Худо аз хонааш чанде парасторӣ кунад

То соате аз дӯсте як меҳмондорӣ кунад

Ваз меҳмондорӣ дигар амри қавӣ ҷорӣ кунад

Пас нақшҳои мосалаф буд баҳри ин зебои халаф [ниёзманди манбаъ]

Ҳоҷимирзои Исмоили Шерозӣ (1258 – 1305ҳ.қ.) [ёддошти 3] низ дар байтҳое аз қасидаи мавлудийяаш гуфта аст:

إِنْ یَکُنْ یُفرَضُ لِلهِ البَنُونَ فَتَعَالَى اللهُ عَمَّا یَصِفُونَ

فَوَلیدُ الْبَیْتِ أَحْرَى أَنْ یَکُونَ لِوَلیِّ الْبَیْتِ حَقّاً وَلَداً[23]

тарҷума: «агар Худоро писароне фарз шавад, ва албатта Худо аз ончӣ тавсиф мекунанд бартару волотар ва муназзаҳ аст (ва ҳеҷ фарзанде надорад) зодаи хона (Каъба) сазовортар аст ба инки барои соҳибхона фарзанд бошад. [ёддошти 4]

Такнигориҳо

Осоре дар бораи моҷарои таваллуди Имом Алӣ (а) дар Каъба навишта шудааст, ки бархе аз онҳо иборатанд аз:

  • «Алӣ валид-ул-Каъба», навиштаи Муҳаммадалии Урдубодӣ: ин китоб ҳам ба сурати мустақил ва ҳам дар зимни Мавсуъат-ул-алломат-ил-Урдубодӣ мунташир шудааст. Тарҷумаи форсии он «Ягона мавлуди Каъба» ном дорад.
  • «Валид-ул-Каъба», асари Сайидмуҳаммадризо Ҳусайнии Ҷалолӣ: ин китоб чандин рисола ва мақола дар бораи таваллуди Имом Алӣ (а) дар Каъбаро дарбар дорад ва дар соли 1383ҳ.ш., мунташир шудааст.
  • «Ал-Мавлуд фи байтиллоҳ-ил-ҳаром Алӣ ибни Абитолиб ам Ҳаким ибни Ҳизом», асари Сайиднабил Ҳасанӣ: нависанда дар ин китоб талош карда, исбот кунад, ки мавлуди Каъба аз фазоили ихтисосии Имом Алӣ (а) аст. Ва онро Зубайр ибни Бакор ва амӯяш Мусъаб ибни Абдуллоҳ ба хотири душманӣ бо Имом Алӣ (а) барои Ҳаким ибни Ҳизом ҷаъл кардаанд.[24]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.349/ Муфид, ал-Иршод, 1414ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.5.
  2. Аминӣ, ал-Ғадир, 1416ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.37 - 43.
  3. Аминӣ, ал-Ғадир, 1416ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.44 - 51.
  4. Маръашии Наҷафӣ, Шарҳи Эҳқоқ-ул-ҳақ, Мактабату оятуллоҳ Маръашӣ, ҷ.7, саҳ.486 - 491
  5. Сибт ибни Ҷавзӣ, Тазкират-ул-хавос, 1401ҳ.қ., саҳ.20.
  6. Ибни Саббоғ, ал-Фусул-ул-муҳимма, 1422ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.171.
  7. Ҳалабӣ, ас-Сират-ул-ҳалабийя, 1400ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.226.
  8. Ҳокими Нишопурӣ, ал-Мустадрак ала-с-саҳеҳайн, 1422ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.483.
  9. Ганҷии Шофеӣ, Кифоят-ут-толиб, 1404ҳ.қ., саҳ.707.
  10. Ибни Мағозалӣ, Маноқиб-ул-имом Алӣ ибни Абитолиб, 1424ҳ.қ., саҳ.58 – 59/ Ибни Ҳотами Шомӣ, ад-Дурр-ун-назим, 1420ҳ.қ., саҳ.225.
  11. Шайхи Садуқ, Илал-уш-шароеъ, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.135.
  12. Шайхи Садуқ, Маъонӣ-л-ахбор, 1403ҳ.қ., саҳ.62.
  13. Шайхи Садуқ, ал-Амолӣ, 1376ҳ.ш., саҳ.132.
  14. Ник: Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Донишномаи Амирулмуъминин (а) бар пояи Қуръон, ҳадис ва таърих, 1389ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.78.
  15. Табарӣ, Туҳфат-ул-аброр, 1376ҳ.ш., саҳ.165 - 164.
  16. Муфид, ал-Иршод, 1414ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.5.
  17. Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб фи маърифат-ил-асҳоб, ҷ.1, саҳ.362.
  18. Қурашии Асадӣ, Ҷамҳарату насаби Қурайш ва ахборуҳо, 1381ҳ.қ., саҳ.353.
  19. Шуштарӣ, Қомус-ур-риҷол, 1410ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.387/ Муртазо Омилӣ, ас-Саҳеҳ мин сират-ин-Набӣ, 1426ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.160.
  20. Шуштарӣ, Қомус-ур-риҷол, 1410ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.387/ Муртазо Омилӣ, ас-Саҳеҳ мин сират-ин-Набӣ, 1426ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.160.
  21. Ибни Шаҳрошуб, Маноқибу оли Абитолиб, Табъ-ул-мактабат-ил-ҳайдарийя, ҷ.2, саҳ.24.
  22. Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға
  23. Аминӣ, Муҳаммадҳусайн, ал-Ғадир, ҷ.6, саҳ.29.
  24. Ҳасанӣ, ал-Мавлуд фи байтиллоҳ-ил-ҳаром Алӣ ибни Абитолиб, ам Ҳаким ибни Ҳизом, 1433ҳ.қ., саҳ.99 - 104.

Сарчашма

  • Ибни Саббоғи Моликӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, ал-Фусул-ул-муҳимма фи маърифат-ил-аимма, Қум, Дор-ул-ҳадис, 1422ҳ.қ.
  • Ибни Мағозалӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, Маноқиб-ул-имом Алӣ ибни Абитолиб, Бейрут, Дор-ул-азвоъ, 1424ҳ.қ.
  • Аминӣ, Абдулҳусайн, ал-Ғадир фи-л-китоби ва-с-суннати ва-л-адаб, Қум, маркази ал-Ғадир, 1416ҳ.қ.
  • Ҳокими Нишопурӣ, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, ал-Мустадрак ала-с-саҳеҳайн, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1422ҳ.қ.
  • Ҳасанӣ, Сайиднабил, ал-Мавлуд фи байтиллоҳ-ил-ҳаром Алӣ ибни Абитолиб, ам Ҳаким ибни Ҳизом, Карбало, ал-Атабат-ул-Ҳусайнийя ал-муқаддаса қисм-уш-шуъун-ил-фикрийт-ис-сақофийя, 1433ҳ.қ./2012м.
  • Ҳалабӣ, Алӣ ибни Бурҳониддин, ас-Сират-ул-ҳалабийя фи сират-ил-амин-ил-маъмун, Бейрут, Дор-ул-маърифат, 1400ҳ.қ.
  • Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Муҳаммад, Донишномаи Амирулмуъмнин алайҳис-салом бар пояи Қуръон, ҳадис ва таърих, Қум, муассисаи илмии фарҳангии Дор-ул-ҳадис, созмони чоп ва нашр, 1389ҳ.ш.
  • Сибт ибни Ҷавзӣ, Юсуф ибни Фарғалӣ ибни Абдуллоҳ ал-Бағдодӣ, Тазкират-ул-хавос, Бейрут, Муассисату Аҳл-ил-Байт, 1401ҳ.қ.
  • Шомӣ, Юсуф ибни Ҳотам, ад-Дурр-ун-назим фи маноқиби аиммат-ил-ҳомим, Қум, Момеаи мударрисин, 1420ҳ.қ.
  • Шуштарӣ, Муҳаммадтақӣ, Қомус-ур-риҷол, Қум, муассисаи ан-Нашр-ул-исломӣ, 1410ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Амолӣ, Теҳрон, интишороти Китобчӣ, 1376ҳ.ш.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Маъонӣ-ил-ахбор, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1403ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Илал-уш-шароеъ, Қум, китобфурӯшии Доварӣ, 1385ҳ.ш.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршод фи маърифати ҳуҷаҷиллоҳи ала-л-ибод, Қум, муассисаи Ол-ул-байт алайҳимус-салом, 1414ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Алӣ ибни Рустами Табарӣ, Башшорат-ул-Муртазо лишиъат-ил-Муртазо, таҳқиқи Ҷавод Қаюмии Исфаҳонӣ, муассисат ан-Нашр-ул-ислоӣ-т-тобеати лиҷамоъат-ил-мударрисин би Қум-ил-мушаррафа, 1420ҳ.қ.
  • Табарӣ, Имодиддин Ҳасан ибни Алӣ, Туҳфат-ул-аброр, Теҳрон, Мероси мактуб, 1376ҳ.қ.
  • Қурашии Асадии Маккӣ, Зубайр ибни Бакор, Ҷамҳарату насаби Қурайш ва ахборуҳо, таҳқиқ: Маҳмуд Муҳаммад аш-Шокир, Матбаат-ул-маднӣ, 1381ҳ.қ.
  • Ганҷӣ аш-Шофеъӣ, Муҳаммад ибни Юсуф, Кифоят-ут-толиб фи маноқиби Алӣ ибни Абитолиб, Теҳрон, Дору эҳёи туроси Аҳл-ил-Байт (а) 1404ҳ.қ.
  • Муртазо Омилӣ, Сайидҷаъфар, ас-Саҳеҳ мин сират-ин-Набий-ил-аъзам (с), Қум, Дор-ул-ҳадис, 1426ҳ.қ.
  • Маръашии Наҷафӣ, Сайидшаҳобиддин, Шарҳи Эҳқоқ-ул-ҳақ, Қум, Мактабату оятуллоҳ Маръашӣ, бе то.
  • Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Муруҷ-уз-заҳаб ва маодин-ул-ҷавҳар, таҳқиқи Асъад Доғир, Қум, Дор-ул-ҳиҷрат, 1409ҳ.қ.