Ло фато илло Алӣ

Аз wikishia
Ҳаккокии иборати "Ло фато илло Алӣ" ба хатти сулс бар рӯи филиз, марбут ба даврони Сафавӣ

Ло фато илло Алӣ (арбӣ: لا فَتَى إلاّ عَلي) надое осмонӣ ки яке аз фариштагон дар фазилати Имом Алӣ (а) баён кардааст.[1] Бар асоси ривоятҳои мутаъаддиде ки шиа ва суннӣ нақл кардаанд, ҳангоме ки Имом Алӣ (а) дар ҷанги Уҳуд аз Пайғамбар (с) дифо мекард, садое аз осмон шунида шуд ки «Ло сайфа илло зулфиқор ва ло фато илло Алӣ; шамшере ба ҷуз зулфиқор ва ҷавонмарде ба ҷуз Алӣ вуҷуд надорад».[2] Дар бархе ривоёт, гӯяндаи ин нидои осмонӣ Ҷабраил,[3] дар баъзе аҳодис, фириштае ба номи Ризвон[4] ва дар бархе дигари номи гӯянда зикр нашудааст.[5] Дар баъзе гузоришҳо низ ин воқеа марбут ба ҷанги Бадр[6] ё Хайбар дониста шудааст.[7] Аллома Аминӣ (ваф.1390ҳ.қ.) - муаллифи китоби ал-Ғадир, бо истинод ба аҳодиси зиёд дар ин замина, муътақид аст ин ҷараён чандин бор рух додааст.[8] Бар асоси бархе ривоятҳо ҳазрати Алӣ (а) дар баёни фазоили худ ба ин ҷумла истинод кардааст.[9]

Қитъаи хушнивисӣ аз иборати «Ло фато илло Алӣ ло сайфа илло зулфиқор», асари фарде ба номи Фаридуддин

Ба гуфтаи Аллома Аминӣ - донишмандони илми ҳадис, бар нақли ин ҳадис иттифоқ назар доранд.[10] Дар китоби Кифоят-ут-толиби фи маноқиби Алӣ ибни Абитолиб аз осори аҳли суннат (таълиф: қарни 7ҳ.қ.) боби мустақилле дар нақлҳои мухталифи ин ҳадис эҷод шуда ва гуфта шудааст аҳли ҳадис бар нақли ин гузориш иттифоқ назар доранд.[11] Бо ин ҳол ба бовари бархе аз нависандагони аҳли суннат, ҳадисе ки ин воқеаро гузориш карда, аз аҳодиси сохтагӣ аст;[12] ҳамчунин гуфтаанд Ибни Таймия ин гузоришро кизб донистааст.[13]

Иборати Ло сайфа илло зулфиқор ва Ло фато илло Алӣ, рӯй теғаи бисёре аз шамшерҳо навишта шудааст.[14] Шоироне ҳамчун Саъдӣ,[15] Хоҷуи Кирмонӣ[16] ва Аттори Нишобурӣ[17] ашъор ва таркибҳои гуногунеро бо таъбири Ло фато илло Алӣ сохтаанд. Ба гуфтаи Аллома Аминӣ Ҳассон ибни Собит низ бо иҷозаи Пайғамбар (с), шеъре дар ин бора сурудааст.[18]

Аттори Нишобурӣ:
Ло фато илло Алӣ дар ҷони ман,
Зулфиқору сайфи ӯ имони ман.[19]
Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ:
Нафаси хайрулмурсалин асту валийи Кирдигор,
Ло фато илло Алӣ ло сайфа илло зулфиқор.[20]
Муҳташами Кошонӣ:
Ло фато илло Алӣ гӯянд аҳли рӯзгор,
Сокинони осмон ло сайфа илло зулфиқор.[21]
Шаҳриёр:
На Худо тавонамаш хонд, на башар тавонамаш гуфт,
Мутаҳайирам чи номам шаҳи мулки ло фаторо.[22]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.110
  2. Ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.110; Шайхи Садуқ, Амолӣ, 1376ҳ.ш., саҳ.200; Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.87; Шайхи Тӯсӣ, Амолӣ, 1414ҳ.қ., саҳ.143; Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дор-ул-маърифа, ҷ.2, саҳ.100; Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.514
  3. Шайхи Садуқ, Уюуну ахбор-ир-ризо (а), 1378ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.85
  4. Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.87; Фатоли Нишобурӣ, Равзат-ул-воизин, 1375ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.128
  5. Шайхи Садуқ, Илал-уш-шароеъ, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.7
  6. Хоразмӣ, ал-Маноқиб, 1411ҳ.қ., саҳ.167, ҳадиси 200
  7. Сибт ибни Ҷавзӣ, Тазкират-ул-хавос, 1418ҳ.қ., саҳ.26
  8. Аминӣ, ал-Ғадир, 1416ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.104
  9. Шайхи Садуқ, ал-Хисол, 1362ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.550; Ибни Асокир, Таъриху мадинату Димишқ, 1995м, ҷ.39, саҳ.201
  10. Аминӣ, ал-Ғадир, 1416ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.104
  11. Ганҷӣ, Кифоят-ут-толиб, Дору эҳё-ит-тароси Аҳли Байт (а), саҳ.277 - 280
  12. Ибни Ҷавзӣ, ал-Мавзуот, 1386ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.381 - 382
  13. Ҳалабӣ, ас-Сират-ул-ҳалабия, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, ҷ.2, саҳ.321
  14. Зарвонӣ, «Зулфиқор», саҳ.849
  15. Саъдӣ, Куллиёти Саъдӣ, 1365ҳ.ш., қасидаи 1
  16. Хоҷуи Кирмонӣ, Девони ашъор, 1369ҳ.ш., саҳ.133
  17. Аттори Нишобурӣ, Мусибатнома, 1376ҳ.ш., саҳ.34
  18. Аминӣ, ал-Ғадир, 1416ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.105
  19. Аттор, Мазҳар-ул-аҷоиб, 1376ҳ.ш., саҳ.69
  20. Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ, Девони комили ҳазрати Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ, 1380ҳ.ш., саҳ.826
  21. Муҳташами Кошонӣ, Девони Муҳташами Кошонӣ, 1387ҳ.ш., саҳ.25
  22. Шаҳриёр, Девони Шаҳриёр, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.69

Сарчашма

  • Аминӣ, Абдулҳусайн, ал-Ғадиру фи-л-китоби ва-с-суннати ва-л-адаб, Қум, Марказ-ул-ғадири ли-д-иросот-ил-исломийя, 1416ҳ.қ.
  • Аттори Нишобурӣ, Муҳаммад, Мусибатнома, тасҳеҳи Нуронӣ Висол, Теҳрон, Зуввор, 1356ҳ.ш.
  • Аттори Нишобурӣ, Муҳаммад,Мазҳар-ул-аҷоиби ва мазҳар-ул-асрор, Теҳрон, Саноӣ, 1376ҳ.ш.
  • Ганҷӣ, Муҳаммад ибни Юсуф, Кифоят-ут-толиби фи маноқиби Алӣ ибни абии толиб, Теҳрон, Дору эҳё-ит-тароси Аҳли Байт (а), 1404ҳ.қ.
  • Зарвонӣ, Муҷтабо, «Зулфиқор», дар ҷилди 18-уми Донишномаи ҷаҳони Ислом, Теҳрон, Бунёди Доират-ул-маорифи исломӣ, 1392ҳ.ш.
  • Ибни Асокир, Алӣ ибни Ҳасан, Таъриху мадинати Димишқ, таҳқиқи Умар ибни Ғарома Умарӣ, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1995.
  • Ибни Ҳишом, Абдулмалик, ас-Сират-ун-набавийя, Бейрут, Дор-ул-маърифа, бе то.
  • Ибни Ҷавзӣ, Абдурраҳмон ибни Алӣ, ал-Мавзуот, Мадина, ал-Мактабат-ус-салафия, 1386ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи чорум, 1407ҳ.қ.
  • Муҳташами Кошонӣ, Алӣ ибни Аҳмад, Девони Муҳташами Кошонӣ, Теҳрон, Нигоҳ, 1387ҳ.ш.
  • Саъдӣ, Муслиҳуддин, Куллиёти Саъдӣ, ба иҳтимоми Муҳаммадалии фурӯғӣ, Теҳрон, Амиркабир, 1365ҳ.ш.
  • Сибт ибни Ҷавзӣ, Тазкират-ул-хавос, Қум, 1418ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни ҷрир, Таърих-ут-Табарӣ (Таърих-ур-русули ва-л-мулук), таҳқиқи Муҳаммад Абулфазли Иброҳим, Бейрут, Дор-ут-турос, 1387ҳ.қ.
  • Фатоли Нишобурӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Равзат-ул-воизини ва басират-ил-муттаизин, Қум, интишороти Разӣ, 1375ҳ.ш.
  • Хоразмӣ, Муваффақ ибни Аҳмад, ал-Маноқиб, Қум, Ҷомеъаи мударрисин, 1411ҳ.қ.
  • Хоҷуи Кирмонӣ, Маҳмуд, Девони ашъор, тасҳеҳи Аҳмади Суҳайлии Хонсорӣ, Теҳрон, Пожанг, 1369ҳ.ш.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршоду фи маърифати ҳуҷуҷ-ил-лоҳи ала-л-ибод, Қум, Конгресси Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Илал-уш-шароеъ, Қум, Китобфурӯшии Доварӣ, 1385ҳ.ш.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Уюну ахбор-ир-ризо (а), Теҳрон, Нашри ҷаҳон, 1378ҳ.ш.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Амолӣ, Теҳрон, Китобчи, 1376ҳ.ш.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Хисол, Қум, Дафтари нашри исломӣ, 1362ҳ.ш.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Амолӣ, Қум, Дор-ус-сақофа, 1414ҳ.қ.
  • Шаҳриёр, Муҳаммадҳусайн, Девони Шаҳриёр, Теҳрон, Нигоҳ, 1385ҳ.ш.
  • Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ, Девони комили ҳазрати Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ, Кирмон, интишороти Хадамоти фарҳангии Кирмон, 1380ҳ.ш.
  • Ҳалабӣ, Алӣ ибни Иброҳим, ас-Сират-ул-ҳалабия, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1427ҳ.қ.