Салуни қабла ан тафқидуни

Аз wikishia
Салуни қабла ан тафқидуни
Содиршуда азИмом Алӣ (а)
РовиёнОмир ибни Восила, Абдуллоҳ ибни Аббос, Сулайм ибни Қайси Ҳилолӣ, Асбағ ибни Нубота
Сарчашмаи шиаНаҳҷулбалоға, Китоби Сулайм ибни Қайси Ҳилолӣ, ал-Амолӣ, Басоир-уд-дараҷот, ал-Иршоди Муфид
Сарчашмаи суннӣал-Мустадрак, ал-Маноқиби Хоразмӣ, Фароид-ус-симтайн, Таърихи Димишқ,


Салуни қабла ан тафқидуни (арабӣ: سَلُونِي قَبْلَ‏ أَنْ‏ تَفْقِدُونِي) (Аз ман бипурсед, пеш аз он ки маро аз даст бидиҳед) иборате аст аз Имом Алӣ (а) ки ба густардагии илми ӯ ишора дорад. Бино ба нақли манобеи шиа ва суннӣ, Имом Алӣ (а) ин ҷумларо борҳо бар забон ҷорӣ кардааст. Аз ҷумла дар зимни хутбае буд, ки бо вокуниши Саъд ибни Абиваққос мувоҷеҳ шуд ва аз Алӣ (а) пурсид, ки теъдоди мӯҳои сару ришаш чӣ қадар аст. Имом Алӣ дар посухи ӯ гуфт дар сари ту мӯе нест, ҷузи ин ки дар бехи он шайтоне сокин аст. Ҳамчунин аз шаҳодати Имом Ҳусайн (а) ба дасти Умар ибни Саъд фарзанди вай хабар дод.

Салуни қабла ан тафқидуниро аз фазилатҳои махусуси Имом Алӣ (а) дониста ва онро далеле бар бартарии ӯ нисбат ба дигар асҳоби Пайғамбар (с) донистаанд.

Муаррифии иҷмолӣ

«Салуни қабла ан тафқидуни», (ба маънои: «Аз ман бипурсед, пеш аз он ки маро аз даст бидиҳед») ҷумлае аз Имом Алӣ (а) аст.[1] Бар пояи ривояте, ки дар Янобиъ-ул-мавадда нақл шуда, Алӣ ибни Абитолиб ин ҷумларо борҳо бар забон ҷорӣ кардааст.[2] Аз ҷумла пас аз он ки мардум бо ӯ ба унвони халифа байъат карданд, дар хутбае хитоб ба мардуми Кӯфа[3] ва низ дар фосилаи ҷанги Сиффин ва Наҳравон дар ҷамъи гурӯҳе аз асҳобаш.[4]

Мазмуни ин ҷумла бо иборатҳои «Фасъалуни қабла ан тафқидуни» («فَاسْأَلُونی قَبْلَ أَنْ تَفْقِدُونِی»),[5] «Салуни аммо шиътум» («سَلُونِی عَمَّا شِئْتُمْ» Аз ман бипурсед дар маврид ҳар он чи мехоҳед),[6] «Салуни қабла ан ло тасъалунӣ» («سَلُونِی قَبْلَ أَنْ لَا تَسْأَلُونِی»)[7] ва «Салуни» (Аз ман бипурсед)[8] низ нақл шудааст.

Далолати ҳадис бар фаровонии илми Имом Алӣ (а)

Дар бархе аз шарҳҳои Наҳҷулбалоға омадааст ки ҷумлаи «Салуни қабла ан тафқидуни» далолат дорад бар ин ки Имом Алӣ (а) ба ҳамаи чиз олим будааст.[9] Ҳамчунин ба гуфтаи Муллосолеҳи Мозандаронӣ олими шиа (ваф.1081ҳ.қ.), бархе аз олимони аҳли суннат ин иборатро шоҳиде бар фаровонии илми Имом Алӣ (а) донистаанд.[10]

Аз Имом Боқир (а) дар маънои «Салуни қабла ан тафқидуни» нақл шуда «Ҳеҷ кас илме надорад, магар он ки аз Алӣ (а) гирифтааст. Мардум ҳар ҷо мехоҳанд бираванд. Ба Худо савганд, ки илми ҳаққу дуруст, ҷуз ин ҷо нест.» Дар идомаи ривояти нақл шудааст ки Имом Боқир (а) бо даст ба хонаи худ ишора кардааст.[11] Ба гуфтаи Аллома Маҷлисӣ, манзури Имом Боқир (а) аз хонаи худ, хонаи ваҳй ва набувват будааст.[12]

Ҳамчунин дар идомаи «Салуни қабла ан тафқидуни» иборатҳои мухталифе омадааст, ки аз густардагии илми Имом Алӣ (а) ҳикоят дорад. Аз ҷумла:

  • «Ба ростӣ илми аввалину охирин назди ман аст. Ман барои аҳли Таврот, бар тибқи Таврот, барои аҳли Инҷил бар тибқи Инҷил ва барои аҳли Қуръон бар тибқи Қуръон фатво медиҳам.»[13]
  • «Чаро аз касе ки илми маноёву балоё ва насабҳо назди ӯст, савол намекунед?»[14]
  • «Ман роҳҳои осмон(маорифи Илоҳӣ)-ро беҳтар аз роҳҳои замин мешиносам».[15]
  • «Ба Худои савганд аз ҳар он чи савол кунед, посух медиҳам. Аз китоби Худо бипурсед, ки ба Худо қасам ман ба тамоми оёти Қуръон огоҳам ки дар шаб нозил шуданд ё рӯз; дар замини ҳамвор нозил шуда ё дар кӯҳ.»[16]
  • «Ба Худо қасам посухи ҳар саволи шуморо дар бораи гузашта, ҳол ва оянда медиҳам.»[17]

Фазилати махсуси Имом Алӣ (а)

Ба гуфтаи Ибни Мардавайҳи Исфаҳонӣ, муҳаддиси аҳли суннат қарни чоруму панҷум, иборати «Салуни қабла ан тафқидуни» далеле бар олимтар будани Имом Алӣ (а) нисбат ба дигар саҳоба аст.[18] Ҳамчунин Иброҳим ибни Муҳаммади Ҷувайнии Шофеӣ, олими аҳли суннат (ваф.730ҳ.қ.), дар китоби Фароид-ус-симтайн ин иборатро аз фазилатҳои махсуси Имом Алӣ (а) донистааст, ки душманону мухолифон чорае ҷуз эътироф ба он надоранд.[19] Аз дидгоҳи Сайид ибни Товус низ аз он ҷо ки Имом Алӣ (а) ин ҷумларо дар ҳузури мардум ва душманонаш гуфтааст, навъе таҳаддӣ дар илм ба шумор меравад.[20] Бо ин ҳол Шамсиддини Заҳабӣ[21] ва Ибни Таймия[22] аз уламои салафия, дар радди ин фазилат гуфтаанд, ки Алӣ (а) чунин ҷумлаеро хитоб ба аҳли Кӯфа ки мардуме ҷоҳил буданд, ба забон овардааст.

Бар асоси бархе ривоёт, Имом Боқир (а)[23] ва Имом Содиқ (а)[24] низ дар мавориде ҷумлаи «Салуни қабла ан тафқидуни»-ро гуфтаанд. Ҳамчунин иборати «Салуни аммо шиътум» аз Паёмбари Ислом (с) низ нақл шудааст.[25] Бо ин ҳол иддае аз уламои аҳли суннат нақл кардаанд, ки ҷуз Имом Алӣ (а) касе ин ҷумларо нагуфтааст.[26] Албатта дар бархе манобеи аҳли суннат гуфта шуда касе аз саҳоба ҷуз Алӣ (а) чунин сухане нагуфтааст.[27]

Ҳамчунин бубинед: Фазилатҳои Имом Алӣ (а)

Муддаиёни дуруғин

Уламои мусулмон гузориш кардаанд, ки касоне иддаои «Салуни қабла ан тафқидуни»-ро кардаанд, ки дар посух ба саволоте, ки аз онон пурсидаанд, нотавон мондаанд. Аз ҷумлаи онҳо Қитода ибни Диъома аз тобеъон ва фуқаҳоии Басра[28] ва Ибни Ҷавзӣ - фақиҳи Ҳанбалии қарн шашум, будааст.[29]

Ҳамчунин Аллома Аминӣ дар китоби ал-Ғадир панҷ мавриди дигарро ном бурда ки иддаои «Салуни» кардаанд ва расво шуданд.[30] Ба гуфтаи Аллома Маҷлисӣ ва Муллосолеҳи Мозандаронӣ ҳар касе ғайр аз Имом Алӣ (а) чунин иддаое карда, расво шудааст.[31]

Ровиёни ҳадис ва эътибори он

«Салуни қабла ан тафқидуни» аз ровиёни мутаъаддиде нақл шудааст; аз ҷумла Омир ибни Восила,[32] Абдуллоҳ ибни Аббос,[33] Сулайм ибни Қайси Ҳилолӣ,[34] Асбағ ибни Нубота[35] ва Абоя ибни Рибъӣ.[36] Ҳокими Нишобурӣ, санади ривоят ба нақл аз Абутуфайли Омир ибни Восиларо саҳеҳ шумурдааст.[37]

Вокуниши Саъд ибни Абиваққос

Ба гузориши бархе манобеъ, пас аз ин ки Имом Алӣ (а) ин ҷумларо дар хутбае бар забон оварад, Саъд ибни Абиваққос аз ӯ савол кард: чанд тори мӯ дар сару риши ман аст? Имом Алӣ (а) дар посухи ӯ, савганд ёд кард, ки Расули Худо (с) ба ӯ хабар дода буд, ки ту чунин саволе аз ман хоҳӣ кард. Дар сару риши ту тори мӯе нест, магар он ки дар бехи он, шайтоне сокин аст. Ҳамчунин дар хонаи ту бузғолаест (ишора ба Умар ибни Саъд) ки фарзандам Ҳусайн (а)-ро ба қатл мерасонад.[38] Бархе ин моҷароро дар бораи Анас, падари Санон ибни Анас аз қотилони Имом Ҳусайн (а) нақл кардаанд.[39]

Эзоҳ

  1. Ниг.: Саффор, Басоир-уд-дараҷот, 1404ҳ.қ., саҳ.266 - 268, 296 - 299; Ибни Қулавайҳ, Комил-уз-зиёрот, 1356ҳ.ш., саҳ.74; Садуқ, ал-Амолӣ, 1376ҳ.ш., саҳ.133 ва 341 - 344; Наҳҷулбалоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, хутбаи 189, саҳ.280; Ҳокими Нишобурӣ, ал-Мустадрак, 1411ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.383; Хоразмӣ, ал-Маноқиб, Муассисаи нашри исломӣ, саҳ.91; Ҷувайнӣ, Фароид-ус-симтайн, 1400ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.340 ва 341; Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷулбалоға, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.286, ҷ.6, саҳ.136, ҷ.7, саҳ.57, ҷ.10, саҳ.14, ҷ.13, саҳ.101
  2. Қундӯзӣ, Янобиъ-ул-мавадда, Дор-ул-усва, ҷ.1, саҳ.222
  3. Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.34-35 ва 330
  4. Ниг.: Ҳилолӣ, Китоби Сулайм ибни Қайси Ҳилолӣ, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.802 ва 941
  5. Наҳҷулбалоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, хутбаи 93, саҳ.137
  6. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.399, ҳадиси 2; Саффор, Басоир-уд-дараҷот, 1404ҳ.қ., саҳ.12
  7. Ҳокими Нишобурӣ, ал-Мустадрак, 1411ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.506
  8. Ниг.: Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.1107; Табарӣ, Захоир-ул-уқбо, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.399 ва 400; Ибни Асокир, Таърихи Димишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.27, саҳ.100 ва ҷ.42, саҳ.398 ва ҷ.44, саҳ.335 ва 397; Хоразмӣ, ал-Маноқиб, Муассисаи нашри исломӣ, саҳ.94; Ҳасконӣ, Шавоҳид-ут-танзил, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.40 - 42 ва 45
  9. Мозандаронӣ, Шарҳи ал-Кофӣ, 1382ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.192; Ҳошимии Хӯӣ, Минҳоҷ-ул-бароъа, 1400ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.402 ва ҷ.11, саҳ.172
  10. Мозандаронӣ, Шарҳи ал-Кофӣ, 1382ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.192
  11. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.399, ҳадиси 2; Саффор, Басоир-уд-дараҷот, 1404ҳ.қ., саҳ.12, ҳадиси 1
  12. Маҷлисӣ, Миръот-ул-уқул, 1404ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.308
  13. Садуқ, ал-Амолӣ, 1376ҳ.ш., саҳ.341
  14. Саффор, Басоир-уд-дараҷот, 1404ҳ.қ., саҳ.266 - 268
  15. Наҳҷулбалоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, хутбаи 189, саҳ.280
  16. Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.1107; Ҳасконӣ, Шавоҳид-ут-танзил, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.42; Табарӣ, Захоир-ул-уқбо, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.399-400; Ибни Асокир, Таърихи Димишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.27, саҳ.100 ва ҷ.42, саҳ.398
  17. Ибни Қулавайҳ, Комил-уз-зиёрот, 1356ҳ.ш., саҳ.74; Садуқ, ал-Амолӣ, 1376ҳ.ш., саҳ.133 - 134; Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.330 - 331
  18. Ибни Мардавайҳи Исфаҳонӣ, Маноқиби Алӣ ибни Абитолиб, 1424ҳ.қ., саҳ.86 - 87
  19. Ҷувайнӣ, Фароид-ус-симтайн, 1400ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.340
  20. Сайид ибни Товус, ат-Тароиф, 1400ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.510
  21. Заҳабӣ, ал-Мунтақо мин минҳоҷ-ил-эътидол, саҳ.342
  22. Ибни Таймия, Минҳоҷ-ус-суннат-ин-набавия, 1406ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.56 - 57
  23. Ибни Ҳайюн, Шарҳ-ул-ахбор, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.292
  24. Ибни Абизайнаб, ал-Ғайбату ли-н-Нуъмонӣ, 1397ҳ.қ., саҳ.87; Заҳабӣ, Таърих-ул-Ислом, 2003м, ҷ.3, саҳ.828; Қундӯзӣ, Янобиъ-ул-мавадда, Дор-ул-усва, ҷ.1, саҳ.222
  25. Барои намуна ниг.: Нишобурӣ, Саҳеҳи Муслим, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.4, саҳ.1834
  26. Ибни Асир, Усуд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.597; Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.1103; Ибни Асокир, Таърихи Димишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.42, саҳ.399; Ҳасконӣ, Шавоҳид-ут-танзил, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.50; Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷулбалоға, 1404ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.46
  27. Ибни Ҳанбал, Фазоил-ус-саҳоба, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.646; Заҳабӣ, Таърих-ул-Ислом, 2003м, ҷ.2, саҳ.361; Ибни Асокир, Таърихи Димишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.42, саҳ.399; Хоразмӣ, ал-Маноқиб, Муассисаи нашри исломӣ, саҳ.90 - 91
  28. Замахшарӣ, ал-Кашшоф, 1407ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.355 - 356; Мозандаронӣ, Шарҳи ал-Кофӣ, 1382ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.192
  29. Нуботӣ Омилӣ, ас-Сирот-ул-мустақим, 1384ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.218
  30. Ниг.: Аминӣ, ал-Ғадир, 1416ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.275 - 276
  31. Маҷлисӣ, Миръот-ул-уқул, 1404ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.308; Мозандаронӣ, Шарҳи ал-Кофӣ, 1382ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.192 ва ҷ.6, саҳ.400
  32. Ҳокими Нишобурӣ, ал-Мустадрак, 1411ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.383; Ибни Асокир, Таърихи Димишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.335; Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.1107; Табарӣ, Захоир-ул-уқбо, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.399 ва 400
  33. Қундӯзӣ, Янобиъ-ул-мавадда, Дор-ул-усва, ҷ.1, саҳ.224
  34. Ҳилолӣ, Китоби Сулайм ибни Қайси Ҳилолӣ, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.802 ва 941
  35. Садуқ, ал-Амолӣ, 1376ҳ.ш., саҳ.133 ва 341
  36. Саффор, Басоир-уд-дараҷот, 1404ҳ.қ., саҳ.266; Қундӯзӣ, Янобиъ-ул-мавадда, Дор-ул-усва, ҷ.1, саҳ.222
  37. Ҳокими Нишобурӣ, ал-Мустадрак, 1411ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.383 ва 506
  38. Ибни Қулавайҳ, Комил-уз-зиёрот, 1356ҳ.ш., саҳ.74; Садуқ, ал-Амолӣ, 1376ҳ.ш., саҳ.133 - 134; Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.330 - 331
  39. Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷулбалоға, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.286; Мозандаронӣ, Шарҳи ал-Кофӣ, 1382ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.400

Сарчашма

  • Аминӣ, Абдулҳусайн, ал-Ғадир, Қум, Марказ-ул-Ғадир, чопи аввал, 1416ҳ.қ.
  • Замахшарӣ, Маҳмуд ибни Умар, ал-Кашшофу ан ҳақоиқи ғавомиз-ит-танзили ва уюн-ил-ақовили фи вуҷуҳ-ит-таъвил, тасҳеҳи Мустафо Ҳусайн Аҳмад, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-арабӣ, чопи сеюм, 1407ҳ.қ.
  • Заҳабӣ, Шамсиддин, Таърих-ул-Исломи ва вафаёт-ил-машоҳири ва-л-аълом, таҳқиқи Башшор Аввод Маъруф, Дор-ул-ғарб-ил-исломӣ, чопи аввал, 2003м.
  • Заҳабӣ, Шамсиддин, ал-Мунтақо мин минҳоҷ-ил-эътидоли фи нақзи каломи аҳл-ир-рафзи ва-л-эътизол, таҳқиқи Муҳиббуддин Хатиб, бе но, бе то.
  • Ибни Абдулбарр, Юсуф ибни Абдуллоҳ, ал-Истиъоби фи маърифат-ил-асҳоб, таҳқиқи Алӣ Муҳаммад ал-Баҷовӣ, Бейрут, Дор-ул-ҷил, чопи аввал, 1412ҳ.қ.
  • Ибни Абизайнаб, Муҳаммад ибни Иброҳим, ал-Ғайбату ли-н-Нуъмонӣ, таҳқиқу тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, нашри Садуқ, чопи аввал, 1397ҳ.қ.
  • Ибни Абилҳадид, Абдулҳамид ибни Ҳибатуллоҳ, Шарҳи Наҳҷулбалоға, таҳқиқи Муҳаммади Абулфазли Иброҳим, Қум, Мактабату Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, чопи аввал, 1404ҳ.қ.
  • Ибни Асир, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Усуд-ул-ғоба, Бейрут, Дор-ул-фикр 1409ҳ.қ. - 1989м.
  • Ибни Асокир, Алӣ ибни Ҳасан, Таърихи Димишқ, таҳқиқи Амр ибни Ғарома Амравӣ, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1415ҳ.қ. - 1995м.
  • Ибни Мардавайҳи Исфаҳонӣ, Аҳмад ибни Мӯсо, Маноқибу Алӣ ибни Абитолиби ва мо назала мин-ал-Қуръони фи Алӣ, таҳқиқи Абдурразоқ Муҳаммад Ҳирзуддин, Қум, Дор-ул-ҳадис, чопи дувум, 1424ҳ.қ.
  • Ибни Таймия, Минҳоҷ-ус-суннат-ин-набавияи фи нақзи калом-иш-шиат-ил-қадария, таҳқиқи Муҳаммад Рашод Солим, Ҷомеъату ал-имом Муҳаммад ибни Сауди ал-Исломия, чопи аввал, 1406ҳ.қ.
  • Ибни Қулавайҳ, Ҷаъфар ибни Муҳаммад, Комил-уз-зиёрот, таҳқиқу тасҳеҳи Абдулҳусайни Аминӣ, Наҷаф, Дор-ул-муртазавия, чопи аввал, 1356ҳ.ш.
  • Ибни Ҳайюн, Нуъмон ибни Муҳаммад Мағрибӣ, Шарҳ-ул-ахбори фи фазоъили ал-аиммат-ил-атҳор (а), таҳқиқу тасҳеҳи Муҳаммадҳусайн Ҳусайнӣ Ҷалолӣ, Қум, Ҷомеъаи мударрисин, чопи аввал, 1409ҳ.қ.
  • Ибни Ҳанбал, Аҳмад ибни Ҳанбал, Фазоил-ус-саҳоба, таҳқиқи Васиюллоҳ Муҳаммад Аббос, Бейрут, Муассисат-ур-рисола, чопи аввал, 1403ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, таҳқиқу тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи чорум, 1407ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Миръот-ул-уқули фи шарҳи ахбори оли-р-Расул, таҳқиқу тасҳеҳи Сайид Ҳошим Расулӣ Маҳаллотӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи дувум, 1404ҳ.қ.
  • Мозандаронӣ, Муҳаммадсолҳ ибни Аҳмад, Шарҳи ал-Кофӣ (Усул ва равза), таҳқиқу тасҳеҳи Абулҳасани Шаъронӣ, Теҳрон, Мактабат-ул-исломия, чопи аввал, 1382ҳ.қ.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршоди фи маърифати ҳуҷаҷ-ил-лоҳи ала-л-ибод, Қум, Конгресси Шайхи Муфид, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
  • Нишобурӣ, Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ, Саҳеҳи Муслим, таҳқиқи Муҳаммад Фуод Абдулбоқӣ, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бе то.
  • Нуботӣ Омилӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, ас-Сирот-ул-мустақими ило мустаҳаққа-т-тақдим, тасҳеҳи Муҳаммадбоқири Беҳбудӣ, Теҳрон, ал-Мактабат-ул-муртазавия, 1384ҳ.ш.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ ибни Бобавайҳ, ал-Амолӣ, Теҳрон, Китобчи, чопи шашум, 1376ҳ.ш.
  • Саффор, Муҳаммад ибни Ҳасан, Басоир-уд-дараҷоти фи фазоъили оли Муҳаммад (с), Қум, Мактабату Оятуллоҳ Маръашӣ Наҷафӣ, чопи дувум, 1404ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳиббуддин, Захоир-ул-уқбо фи маноқиби зави-л-қурбо, Қум, Дор-ул-кутуб-ил-исломӣ, чопи аввал, 1428ҳ.қ.
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Риҷол-ут-Тӯсӣ, таҳқиқи Ҷавод Қаюмии Исфаҳонӣ, Қум, Муассисаи нашри исломӣ, чопи сеюм, 1373ҳ.ш.
  • Хоразмӣ, Муваффақ ибни Аҳмад, Маноқиб, Қум, Муассисаи нашри исломӣ, бе то.
  • Шарифи Разӣ, Муҳаммад ибни Ҳусайн, Наҳҷулбалоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, Қум, Ҳиҷрат, чопи аввал, 1404ҳ.қ.
  • Қундӯзӣ, Сулаймон ибни Иброҳим, Янобиъ-ул-маваддати лизави-л-қурбо, Қум, Дор-ул-усва, бе то.
  • Ҳасконӣ, Убайдуллоҳ ибни Абдуллоҳ, Шавоҳид-ут-танзили лиқавоъид-ит-тафзил, таҳқиқу тасҳеҳи Муҳаммадбоқир Маҳмудӣ, Теҳрон, Вазорати фарҳангу иршоди исломӣ, чопи аввал, 1411ҳ.қ.
  • Ҳилолӣ, Сулайм ибни Қайс, Китоби Сулайм ибни Қайси Ҳилолӣ, таҳқиқу тасҳеҳи Муҳаммад Ансорӣ Занҷонии Хуинӣ, Қум, ал-Ҳодӣ, чопи аввал, 1405ҳ.қ.
  • Ҳокими Нишобурӣ, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, ал-Мустадраку ала-с-саҳиҳайн, таҳқиқи Мустафо Абдулқодир Ато, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1411ҳ.қ. - 1990м.
  • Ҷувайнӣ, Иброҳим ибни Муҳаммад, Фароид-ус-симтайн, таҳқиқи Муҳаммадбоқири Маҳмудӣ, Бейрут, муассисаи Маҳмудӣ, 1400ҳ.қ.