Сурма кашидан

Аз wikishia
Рисолаи амалия

Ин мақола мақолаи тавсифӣ дар бораи мафҳуми фиқҳӣ буда, наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба дигар сарчашмаҳо муроҷиат кунед.

Сурма кашидан (форсӣ: سُرمِه کشیدن) ё иктиҳол аз аъмоли мустаҳаб ва суннатҳои Пайғамбари Ислом (с) ва имомони шиа аст, ки дигаронро ба ин тавсия мекарданд. Дар ривоёт барои сурма кашидан фоидаҳои моддию маънавӣ, аз қабили пешгирӣ ва табобати баъзе бемориҳои чашм ва кумак дар ибодату шабзиндадорӣ зикр шудааст.

Дар фиқҳ барои сурмакашӣ аҳкоме зикр шудааст. Бархе аз фақеҳон онро аз зиннатҳои мамнуъаи занҳо назди номаҳрам надонистаанд. Сурмакашӣ барои рӯзадор, агар бӯй ё мазаи он ба гулӯ расад, макруҳ аст. Ҳамчунин бархе онро монеаи расидани оби таҳорат ба бадан медонанд. Фақеҳон сурмакаширо яке аз муҳаррамоти эҳром донистаанд.

Мафҳумшиносӣ ва ҷойгоҳ

Сурмадони сангии мутааллиқ ба қарни 4 то 6 қамарӣ ва марбут ба Эрон ва Осиёи миёна.

Сурма кашидани чашм, ки ба он дар фиқҳ “иктиҳол” гуфта мешавад,[1] аз равишҳои зинат[2] ва аз аъмоли мустаҳаббие аст, ки мардон ва занон ба анҷоми он супориш шудаанд.[3]

Дар манобеи исломӣ аз сурма кашидан ба унвони яке аз суннатҳо дар сираи набавӣ ёд шудааст[4] ва имомон (а) низ бар он супориш карда[5] онро аз нишонаҳои имон дониста,[6] ёрони худро ба сурмакашӣ ташвиқ мекардаанд.[7] Бархе аз кутуби ривоӣ, фаслеро ба ривоёти муртабит бо сурмакашӣ бахшидаанд.[8]

Иктиҳол дар луғат ба маънои қарор додани чизе бар рӯи чашм аст[9] ва ё ҳар чизи фоиданоке, ки барои муолиҷа бар рӯи чашм гузошта мешавад.[10]

Аҳкоми фиқҳии сурма

Аз сурмакашӣ дар абвоби мухталифи фиқҳӣ сухан ба миён омадааст:

Дар аҳкоми пӯшиш

Иддае аз фуқаҳо сурма кашиданро ҷузви зинатҳои мамнуа барои занон дар баробари номаҳрам намедонанд.[11] Ҳамчунин бархе аз муҳаққиқон сурмакаширо аз мисдоқ «إِلّا ما ظَهَرَ مِنْها» (зинатҳое, ки пӯшонданашон бар занон дар баробари номаҳрам фарз нест) дар ояти «وَ لا یبْدِینَ زِینَتَهُنَّ إِلّا ما ظَهَرَ مِنْها»[12] донистаанд.[13] Дар тафсири ояти мазкур ривояте аз Имом Содиқ (а)[14] ва Имом Боқир (а) нақл шудааст,[15] ки сурмаи чашм аз зинатҳои зоҳирии мубоҳ барои занон, муаррифӣ шудааст.

Дар эҳром

Дар ҳаром ё макруҳ будани истифода аз сурмаи сиёҳ дар ҳоли эҳром ихтилофи назар вуҷуд дорад.[16] Иддае аз фуқаҳо кашидани сурмаи сиёҳ дар ҳоли эҳромро барои мардону занон[17] ҳаром донистаанд,[18] ҳатто агар ба қасди зинат набошад.[19] Бо ин ҳол агар касе маҷбур ба истифода аз сурма дар эҳром бошад, ҳаром нахоҳад буд.[20]

Иддае барои ҳаром будани сурмакашӣ дар ҳоли эҳром иддаои шуҳрат ва иҷмоъ кардаанд,[21] ҳар чанд Шайхи Тусӣ онро аз макруҳоти эҳром донистааст.[22] Дар бархе аз китобҳои ривоие ҳамчун Васоил-уш-шиа[23] ва Мустадрак-ул-васоил[24] фасле ба ривоёти ҳаром будани иктиҳол дар эҳром ихтисос ёфтааст.

Баъзе аз фуқаҳо муътақиданд, ки сурма кашидан дар ҳоли эҳром каффора надорад, аммо агар бӯи хуше дошта бошад, бино бар ақво каффора хоҳад дошт.[25]

Дар намозу рӯза

Иддае сурма кашидан дар ҳоли рӯзаро ҷоиз ва иддаи дигаре онро аз мубтилоти рӯза донистаанд,[26] аммо шуморе аз фуқаҳо муътақиданд, ки сурмакашии рӯзадор дар сурате, ки маза ё бӯи он ба ҳалқ бирасад, макруҳ аст.[27]

Сурма аз мавонеъи расидани оби таҳорат ба бадан дониста шудааст.[28]

Фоидаҳо

Дар ривоёти исломӣ ба фоидаҳои сурма барои чашм ишора[29] ва дар порае аз ривоёт барои пешгирӣ[30] ва дармони бархе аз бемориҳои чашм супориш шудааст.[31] Бар пояи ривояте, ки аз Имом Содиқ (а) нақл шудааст, сурмакашӣ дар шаб барои бадан муфид ва дар рӯз зинат аст.[32] Рушди миҷаҳо, тезбинии чашм,[33] хориҷ шудани гарду хок аз чашм,[34] кумак ба шабзиндадорӣ,[35] саҷдаҳои тӯлонӣ[36] ва нуронияти симои инсон[37] аз фоидаҳои дигари сурмакашӣ аст.

Дар бархе аз ривоёт ба ҷинси сурма,[38] [Ёддошт 1] миқдори масраф[39] ва замони сурмакашӣ[40] тавваҷуҳ шуда ва ба дуои хосс ҳам дар вақти сурмакашӣ ишора кардаанд.[41]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Виҷдонӣ Фахр, ал-Ҷавоҳир-ул-фахрия, 1426ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.255.
  2. Омилӣ, Маъолим-уд-дин, 1418ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.906; ҷамъе аз муаллифон, маҷаллаи фиқҳи Аҳли Байт (а), Қум, ҷ.22, саҳ.69.
  3. Нурӣ, Мустадрак-ул-васоил, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.396.
  4. Нурӣ, Мустадрак-ул-васоил, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.396.
  5. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.493.
  6. Ҳурри Омилӣ, Ҳидоят-ул-уммат, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.150; Табарсӣ, Макорим-ул-ахлоқ, 1412ҳ.қ., саҳ.46.
  7. Ҳурри Омилӣ, Ҳидоят-ул-уммат, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.149.
  8. Барои намуна ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.493.
  9. Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, 1414ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.584; Маҳмуд, Муъҷам-ул-мусталаҳот, ҷ.1, саҳ.270.
  10. Аздӣ, Китоб-ул-моъ, 1387ҳ.ш., ҷ.‏3, саҳ.1102; Зубайдӣ, Тоҷ-ул-арус, 1414ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.649.
  11. Барои намуна нигоҳ кунед ба: имом Хумайнӣ, Тавзеҳулмасоил (Муҳашшо), 1424ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.928 - 929.
  12. Сураи Нур, ояти 31.
  13. Ҷамъе аз муаллифон, маҷаллаи фиқҳи Аҳли Байт (а), Қум, ҷ.54, саҳ.155.
  14. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.521; Файзи Кошонӣ, тафсири ас-Софӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.430; Қурашӣ, Қомуси Қуръон, 1412ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.197.
  15. Қумӣ, тафсири Қумӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.101; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.101, саҳ.33.
  16. Ҷамъе аз пажӯҳишгарон, Мавсуъат-ул-фиқҳ-ил-исломӣ, 1423, ҷ.6, саҳ.613.
  17. Ҷамъе аз пажӯҳишгарон, Мавсуъат-ул-фиқҳ-ил-исломӣ, 1423ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.613; имом Хумайнӣ, Маносики ҳаҷ, бе то, саҳ.101; Хоманаӣ, Маносики ҳаҷ, бе то, саҳ.26.
  18. Виҷдонӣ Фахр, ал-Ҷавоҳир-ул-фахрия, 1426ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.255; Шайхи Ансорӣ, Маносики ҳаҷи муҳашшо, 1425ҳ.қ., саҳ.36; имом Хумайнӣ, Таҳрирулвасила, Қум, ҷ.1, саҳ.422; Хоманаӣ, Маносики ҳаҷ, бе то, саҳ.26; Ваҳиди Хуросонӣ, Маносики ҳаҷ, 1428ҳ.қ., саҳ.124; Маҳмудӣ, Маносики умраи муфрадаи Муҳашшо, 1429ҳ.қ., саҳ.65 - 66.
  19. Ҷамъе аз пажӯҳишгарон, Мавсуъат-ул-фиқҳ-ил-исломӣ, 1423ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.613; имом Хумайнӣ, Маносики ҳаҷ, бе то, саҳ.101; Хоманаӣ, Маносики ҳаҷ, бе то, саҳ.26.
  20. Имом Хумайнӣ, Таҳрирулвасила, Қум, ҷ.1, саҳ.422; Маҳмудӣ, Маносики умраи муфрадаи Муҳашшо, 1429ҳ.қ., саҳ.65 - 66.
  21. Ҷамъе аз пажӯҳишгарон, Мавсуъат-ул-фиқҳ-ил-исломӣ, 1423ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.613.
  22. Тусӣ, ал-Ҷумал ва-л-уқуд, 1387ҳ.қ., саҳ.136.
  23. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1409ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.468.
  24. Нурӣ, Мустадрак-ул-васоил, 1408ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.217.
  25. Виҷдонӣ Фахр, ал-Ҷавоҳир-ул-фахрия, 1426ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.255; имом Хумайнӣ, Таҳрирулвасила, Қум, ҷ.1, саҳ.422; Маҳмудӣ, Маносики умраи муфрадаи Муҳашшо, 1429ҳ.қ., саҳ.65 - 66.
  26. Лорӣ, Маҷмӯаи мақолот, 1418ҳ.қ., саҳ.591.
  27. Ҷамъе аз пажӯҳишгарон, Фарҳанги фиқҳ, 1426ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.178; имом Хумайнӣ, Тавзеҳулмасоил, 1426ҳ.қ., саҳ.345.
  28. Файёз, Рисолаи Тавзеҳулмасоил, 1426ҳ.қ., саҳ.40.
  29. Барои намуна ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.492; Шайхи Садуқ, Савоб-ул-аъмол, 1406ҳ.қ., саҳ.22.
  30. Шайхи Садуқ, Савоб-ул-аъмол, 1406ҳ.қ., саҳ.22.
  31. Ибни Бастом, Тибб-ул-аимма, 1411ҳ.қ., саҳ.83; Табарсӣ, Макорим-ул-ахлоқ, 1412ҳ.қ., саҳ.46.
  32. Омилӣ, Маъолим-уд-дин, 1418ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.906; Маҷлисӣ, Лавомиъи Соҳибқиронӣ, 1414ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.461.
  33. Табарсӣ, Макорим-ул-ахлоқ, 1412ҳ.қ., саҳ.45.
  34. Ибни Ҳайюн, Даъоим-ул-Ислом, 1385ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.146.
  35. Табарсӣ, Макорим-ул-ахлоқ, 1412ҳ.қ., саҳ.45.
  36. Маҷлисӣ, Лавомиъи Соҳибқиронӣ, 1414ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.461.
  37. Шайхи Садуқ, ал-Хисол, 1362ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.237.
  38. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.493.
  39. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.59, саҳ.287.
  40. Барои намуна нигоҳ кунед ба: Табарсӣ, Макорим-ул-ахлоқ, 1412ҳ.қ., саҳ.46.
  41. Табарсӣ, Макорим-ул-ахлоқ, 1412ҳ.қ., саҳ.47.

Ёддошт


Сарчашма

  • Абно Бастом, Абдуллоҳ ва Ҳусайн, Тибб-ул-аимма (а), Қум, Дорул-Шарифир-Разӣ, чопи дувум, 1411ҳ.қ.
  • Аздӣ, Абдуллоҳ ибни Муҳаммад, Китоб-ул-моъ, Теҳрон, муассисаи мутолиъоти таърихи пизишкӣ, тибби исломӣ ва мукаммил - донишгоҳи улуми пизишкии Эрон, 1387ҳ.ш.
  • Ваҳиди Хуросонӣ, Ҳусайн, Маносики ҳаҷ, Қум, мадрасатул-Имом Боқирулъулум (а), чопи чаҳорум, 1428ҳ.қ.
  • Виҷдонӣ Фахр, Қудратуллоҳ, ал-Ҷавоҳир-ул-фахрия фи шарҳ-ир-равзат-ил-баҳия, Қум, интишороти Симои қалам, чопи дувум, 1426ҳ.қ.
  • Зубайдӣ, Муҳаммад Муртазо, Тоҷ-ул-арус мин ҷавоҳир-ил-қомус, Бейрут, Дорулфикр, 1414ҳ.қ.
  • Ибни Манзур, Муҳаммад ибни Мукаррам, Лисон-ул-араб, Бейрут, Дорулфикр литтабоъати ваннашри ваттавзиъ, 1414ҳ.қ.
  • Ибни Ҳайюн, Нуъмон ибни Муҳаммади Мағрибӣ, Даъоим-ул-Ислом ва зикр-ул-ҳалоли ва-л-ҳаром ва-л-қазоё ва-л-аҳком, Қум, муассисаи Олулбайт (а), чопи дувум, 1385ҳ.қ.
  • Имом Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ Мусавӣ, Маносики ҳаҷ, беҷо, бе то.
  • Имом Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ Мусавӣ, Тавзеҳулмасоил, беҷо, 1426ҳ.қ.
  • Имом Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ Мусавӣ, Таҳрирулвасила, Қум, муассисаи матбуоти дорулъилм, бе то.
  • Имом Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳи Мусавӣ, Тавзеҳулмасоил (муҳашшо - имом Хумайнӣ ), Қум, дафтари интишороти исломӣ, чопи ҳаштум, 1424ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, 1407ҳ.қ.
  • Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, тафсири Қумӣ, таҳқиқи Тайиб Мусавии Ҷазоирӣ, Қум, Дорулкитоб, 1404ҳ.қ.
  • Қурашӣ, Сайид Алиакбар, Қомуси Қуръон, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, чопи шашум, 1412ҳ.қ.
  • Лорӣ, Сайид Абдулҳусайн, Маҷмӯаи мақолот, Қум, муассисаи алмаъорифул-исломия, 1418ҳ.қ.
  • Маҳмуд, Абдурраҳмон, Муъҷам-ул-мусталаҳот ва-л-алфоз-ул-фиқҳия, беҷо, бе то.
  • Маҳмудӣ, Муҳаммадризо, Маносики умраи муфрада (Муҳашшо), Қум, нашри Машъар, 1429ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор-ил-ҷомеъа лидурари ахбор-ил-аиммат-ил-атҳор, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
  • Маҷлисии Аввал, Муҳаммадтақӣ, Лавомиъи Соҳибқиронӣ, Қум, муассисаи Исмоилиён, чопи дувум, 1414ҳ.қ.
  • Нурӣ, Мирзоҳусайн, Мустадрак-ул-васоил ва мустанбат-ул-масоил, Бейрут, муассисаи Олулбайт (а), 1408ҳ.қ.
  • Омилӣ, Ҳасан ибни Зайниддин, Маъолим-уд-дин ва малоз-ул-муҷтаҳиддин (қисмул-фиқҳ), Қум, муассисаи алфиқҳ лилтабоъати ваннашр, 1418ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Ҳасан ибни Фазл, Макорим-ул-ахлоқ, 1412ҳ.қ., Қум, ал-Шарифил-Разӣ, чопи чаҳорум, 1412ҳ.қ.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Ҷумал ва-л-уқуд фи-л-ибодот, Машҳад, муассисаи нашри донишгоҳи Фирдавсӣ, 1387ҳ.қ.
  • Файёз, Муҳаммадисҳоқ, Рисолаи Тавзеҳулмасоил, Қум, интишороти Маҷлисӣ, 1426ҳ.қ.
  • Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Шоҳ Муртазо, тафсири ас-Софӣ, таҳқиқи Ҳусайн Аъламӣ, Теҳрон, мактабатул-Садр, 1415ҳ.қ.
  • Хоманаӣ, Сайидалӣ, Маносики ҳаҷ, беҷо, бе то.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиъа, Қум, муассисаи Олулбайт (а), 1409ҳ.қ.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Ҳидоят-ул-уммат ило аҳком-ил-аимма – мунтахабул-масоил, Машҳад, маҷмаъулбуҳусил-исломия, 1412ҳ.қ.
  • Ҷамъе аз муаллифон, маҷаллаи фиқҳи Аҳли Байт (а), форсӣ, муассисаи доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ бар мазҳаби Аҳли Байт (а), бе то.
  • Ҷамъе аз пажӯҳишгарон зери назари Шоҳрудӣ, Сайид Маҳмуд Ҳошимӣ, Мавсуъатул-фиқҳил-исломӣ тибқан лимазҳаби Аҳли-л-Байт (а), Қум, муассисаи доиратулмаъорифи фиқҳи исломӣ бар мазҳаби Аҳли Байт (а), 1423ҳ.қ.
  • Ҷамъе аз пажӯҳишгарон зери назари Шоҳрудӣ, Сайид Маҳмуд Ҳошимӣ, Фарҳанги фиқҳи мутобиқи мазҳаби Аҳли Байт (а), Қум, муассисаи доиратулмаъорифи фиқҳи исломӣ бар мазҳаби Аҳли Байт (а), 1426ҳ.қ.
  • Шайхи Ансорӣ, Муртазо, Маносики ҳаҷ (Муҳашшо), Қум, маҷмаъулфикрил-исломӣ, 1425ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Хисол, Қум, ҷомеъаи мударрисин, 1362ҳ.ш.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Савоб-ул-аъмол ва иқоб-ул-аъмол, Қум, Дорул-Шарифир-Разӣ линнашр, чопи дувум, 1406ҳ.қ.


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found