Тиловати Қуръон

Аз wikishia

Тиловати Қуръон (форсӣ: تِلاوَت قرآن) ё қироати Қуръон (форсӣ: قرائَت قرآن) хондани оёти Қуръон аз рӯи мусҳаф аст, ки Худованд Пайғамбар (с) ва дигаронро ба он супориш кардааст. Дар ҳадис низ барои он савоби зиёде баён шудааст.

Хондани Қуръон расму қоидаҳое дорад. Аз назари фақеҳон, хондани сураҳои Азоим ё фақат оятҳои саҷдадори он сураҳо бар ҷунуб ва ҳоиз ҳаром аст ва ба ҳангоми хондани ин оёт, саҷдаро воҷиб медонанд. Фуқаҳо дар бораи ғино дар қироати Қуръон, назароти мухталифе доранд, бархе онро аз ҳаром будани ҳукми ғино истисно кардаанд.

Ҳамчунин бо таҳорат будан, рӯ ба қибла будан, хушбӯ будан ва тадаббур дар оёт аз мустаҳаботи тиловат шуморида шудааст. Хондани Қуръон дар баъзе замонҳою маконҳо монанди моҳи Рамазон ва Макка супориши бештаре шудааст.

Оромиши дил, дурӣ аз тарсу ваҳшат, басирату огоҳӣ, тақвияти ҳофиза, тақарруб ба Худо ва зиёд шудани имон ва ғайра, аз осори тиловати Қуръон баён шудааст.

Таҳқиқ, тадвир ва таҳдир аз шеваҳои тиловати Қуръон ба шумор меравад.

Мафҳум ва ҷойгоҳи тиловат

Ҷилди китоби Омӯзиши Қуръон дар мактабҳои ибтидоии Эрон

Тиловати Қуръон ба маънои хондани Қуръон аз рӯи Қуръон аст.[1] Ба гуфтаи Абдулбоқӣ дар Муъҷам-ул-муфаҳрас вожаи «тиловат» танҳо як бор дар Қуръон ба кор рафтааст, аммо муштақоти он беш аз 50 бор дар Қуръон истеъмол шудааст.[2] Барои хондани Қуръон, осоре дар ривоёт ва оёт баён шудааст; аз ҷумла: итминони дил, дурӣ аз ваҳшат, басират, тақвияти ҳофиза, тақарруб ба Худо ва афзоиши имон.[3] Ҳамчунин дар ҳадисе омадааст: тиловати Қуръон аз рӯи мусҳаф, сабаби сабук шудани гуноҳони волидайн мешавад, ҳарчанд ки онҳо кофир бошанд.[4]

Дар бархе аз кишварҳои исломӣ, барномаҳо ва ҷаласоти расмие бо қироати Қуръон тавассути қорӣ оғоз мешавад. Қабл аз азон, садои қироати Қуръон аз баландгӯи масҷидҳо пахш мешавад. Ҳамчунин ҷаласоти қироати Қуръон ба сурати хонагӣ баргузор мешавад.[5] Бино ба гуфтаи раиси созмони Дорул-Қуръони Эрон дар соли 2020, дар он замон 10 ҳазор ҷаласаи хонагии қироати Қуръон дар Эрон фаъол будааст.[6] Ҳамчунин омӯзишу парвариши Эрон, омӯзиши Қуръонро дар кутуби дарсии давраҳои мухталифи таҳсилӣ гунҷонда[7] ва марокизе дар ин кишвар барои омӯзиши равхонхонии Қуръон таъсис шудааст.[8]

Фарқи қироату тиловат

Дар Қуръон барои хондани Қуръон калимоти қироат ва тиловат дар Қуръон ба кор рафтаанд.[9] Бархе аз луғатшиносон, вожаҳои қироат ва тиловатро мутародиф медонанд.[10] Бархеи дигар бар ин боваранд, ки вожаи тиловат ахас аз қироат аст; ба ин маъно, ки ҳар тиловате қатъан қироат аст, аммо ҳар қироате лузуман тиловат нест. Аз назари онҳо, фақат қироате тиловат аст, ки бо илм ва амали қорӣ ҳамроҳ бошад.[11] Аз ин рӯ, ба гуфта бархе аз нависандагон, дар Қуръон ҳаргоҳ сирфи хондани лафзҳои Қуръон манзур бошад, аз «қироат» ва ҳар гоҳ илова бар хондани лафзҳои Қуръон, хондани он барои мардум, тадаббур дар оёт ё таблиғ ва нашри Қуръон ва ғайра манзур бошад, аз «тиловат» истифода шудааст.[12] Дар ғайри ин сурат қироат бо қайде ҳамроҳ хоҳад буд, монанди ояти «وَقُرْآنًا فَرَقْنَاهُ لِتَقْرَأَهُ عَلَى النَّاسِ عَلَىٰ مُكْثٍ وَنَزَّلْنَاهُ تَنْزِيلًا» ва Қуръонро нозил кардем қитъа-қитъа нозил кардем, ки онро бар мардум бо оҳистагӣ ва таъаннӣ ва диранг бихонӣ.[13]

Ҳамчунин ба гуфтаи Роғиби Исфаҳонӣ, қироат маъно ом дорад, аммо тиловат фақат барои хондани китобҳои осмонӣ ба кор меравад.[14] Албатта Ибни Манзур гуфтааст, ки бархе корбурди тиловатро низ ом медонанд.[15]

Маънои ҳаққи тиловат дар ояти 121 Бақара

Мутобиқи ояти 121-и сураи Бақара Худованд, тиловати Қуръонро дорои маротибе муаррифӣ кардааст, ки болотарини он «ҳаққи тиловат» аст.[16] Албатта дар маънои «ҳаққи тиловат» назароти мухталифе вуҷуд дорад:[17] иддае онро хондани ҳамроҳ бо хузуъу хушуъ ва парҳез аз тағйир ва таҳрифи оятҳо медонанд.[18] Иддае дигар ҳаққи тиловатро диранг кардан ҳангоми хондани оёти биҳиштию ҷаҳаннамӣ ба хотири талаби биҳишт аз Худо ва паноҳ бурдан ба Ӯ аз шарри ҷаҳаннам баён кардаанд. Баъзе низ ҳаққи тиловатро хондани Қуръон бо тартил, яъне риояти лафзи Қуръон ва фаҳму тадаббур дар маънои он ва амал ба он донистаанд.[19] «Тартил» ишора ба навъе аз хондани Қуръон аст, ки ҳамроҳ бо тааннӣ ва тадаббур ва иҷрои қоидаҳои таҷвидӣ, вақф ва ибтидо аст ва бо иҷрои он, тиловати ҳақиқии Қуръон муҳаққақ мешавад.[20]

Фазилати тиловати Қуръон

Пайғамбар (с)

Хонаҳои худро бо тиловати Қуръон равшан кунед ва онҳоро гӯристон накунед, чунончи яҳуду насоро карданд, дар калисоҳо ва ибодатгоҳҳои худ намоз кунанд, вале хонаҳои хешро муаттал гузордаанд; зеро ки ҳаргоҳ дар хонае бисёр тиловати Қуръон шавад, хайру баракаташ зиёд мешавад ва аҳли он ба вусъат расанд, ва он хона барои аҳли осмон дурахшандагӣ дорад, чунончи ситорагони осмон барои аҳли замин медурахшанд.

Қуръон Пайғамбар (с) ва мухотабонашро ба хондани Қуръон супориш кардааст.[22] Аз Имом Содиқ (а) дар ин бора нақл шудааст: касе ки ҳатто бо нигоҳ, оёти каломи Илоҳиро бихонад, Худованд муодили ҳар ҳарфе, ки мехонд барои ӯ ҳасанае менависад ва гуноҳеро аз ӯ пок кунад ва дараҷаашро боло барад ва касе ки ояте аз Қуръонро дар намоз бихонад, Худо ба андозаи ҳар ҳарфи он, 100 ҳасана ба ӯ диҳад ва 100 гуноҳ аз ӯ пок кунад ва 100 дараҷа мақомашро боло барад.[23] Дар ҳадисҳои дигар барои касе ки Қуръонро хатм кунад, як дуои мустаҷоб қарор дода шудааст.[24] Ҳамчунин барои тиловати баъзе аз сураҳо ва оятҳо хосият ва фазилатҳои хоссе ривоят шудааст.[25] Ҳазрати Содиқ (а) аз Имом Алӣ (а) нақл кардааст: хонае ки дар он Қуръон хонда мешавад, баракати он зиёд шуда ва малоика дар он ҳозир ва шайтонҳо аз он дур мешаванд.[26] Кулайнӣ аҳодиси марбут ба фазилати тиловати Қуръонро дар боби ҷудогонае гирдоварӣ кардааст.[27]

Супориш ба тиловати Қуръон дар замонҳо ва маконҳои хос

Маросими қироати Қуръон дар ҳарами Имом Ҳусайн (Рамазони 1443ҳ.қ.)[28]

Бар асоси ривоёти маъсумон (а) тиловати Қуръон дар замонҳо ва маконҳои хоссе савоби вижае дорад. Имом Саҷҷод (а) ба тиловат дар ибтидои рӯз супориш кардааст.[29] Ҳамчунин бар асоси ҳадисе, тиловат як ояти Қуръон дар моҳи Рамазон бо тиловати ҳамаи Қуръон дар моҳҳои дигар баробарӣ мекунад.[30] Аз Имом Содиқ нақл шудааст, ки ҳар касе Қуръонро дар Макка хатм кунад, намемирад, магар он ки Расули Худо (с) ва ҷойгоҳаш дар биҳиштро бубинад.[31]

Ҳукми фиқҳии тиловати Қуръон

Оё тиловати рӯзонаи Қуръон воҷиб аст?

Дар мавриди ҳукми тиловати Қуръон дар намоз ва ғайри он назароти мухталифе ироа шудааст:

  • Баръзеҳо аз иборати «فأقروا ما تیسّر منه» дар ояти 20 сураи Муззаммил, вуҷуби қироати Қуръонро бардошт кардаанд.[32] Аммо дар ин ки ин вуҷуб бо чӣ миқдор қироати рӯзона муҳаққақ мешавад, назароти мухталифе вуҷуд дорад.[33] Баъзеҳо тиловати рӯзона, 50 оят(ғайр аз он чи дар намоз хонда мешавад)-ро воҷиб медонанд.[34] Албатта ба гуфтаи Фозили Миқдод, аз назари иддае, ин вуҷуб аз қабили воҷиботи кифоӣ аст.[35]
  • Иддае қироати Қуръонро танҳо дар намозҳо воҷиб медонанд. Онҳо дар ҷавоб ба ин ишкол, ки чӣ тавр мумкин аст намози мустаҳабӣ шомили ҷузъи воҷиб (қироати Қуръон) бошад, гуфтаанд, ин баён аз қабили муомилае аст, ки инсон дар анҷоми он соҳибихтиёр аст, аммо ба маҳзи анҷоми он, пайравӣ аз мафоди муомила барои ӯ воҷиб мешавад.[36] Фуқаҳое ҳамчун Хуӣ,[37] Фозили Миқдод[38] ва Аллома Ҳиллӣ[39] бар ин боваранд, бар асоси оёту ривоёт танҳо қироати Қуръон дар намозҳои рӯзона воҷиб аст. Аммо Муҳаммадҳасани Наҷафӣ - нависандаи китоби Ҷавоҳир-ул-калом, муътақид аст, вуҷуби қироати Қуръон дар намоз аз суннату ривоёт истинбот мешавад, на ин оят.[40] Аҳодиси марбут ба миқдори тиловати Қуръонро дар бобе бо унвони «Бобун фи кам юқраъу-л-Қуръону ва юхтам»-и ал-Кофӣ гирдоварӣ шудааст.[41]

Воҷиб будани саҷдаи тиловат

Мақолаи аслӣ: Азоим

Аз назари фақеҳони шиа, бархе оёти Қуръон, саҷдаи воҷиб доранд; яъне бо тиловати онҳо бояд саҷда ба ҷо овард. Ин оёт иборатанд аз: ояти 15 сураи Саҷда, 37 сураи Фуссилат, 62 сураи Наҷм ва 19 сураи Алақ.[42] Ҳамчунин ба гуфтаи Соҳиби Ҷавоҳир, 11 ояти дигар, саҷдаи мустаҳаб доранд.[43]

Ҳаром будани қироати азоим бар ҷунуб ва ҳоиз

Аз назари фақеҳони шиа, хондани сураҳои азоим, бар ҷунуб[44] ва ҳоиз[45] ҳаром аст. Фақеҳон дар бораи ин ки оё фақат хондани оятҳои саҷдадор ҳаром аст ё хондани тамоми сура чунин ҳукме дорад, ихтилофи назар доранд.[46] Ба гуфтаи Аллома Ҳиллӣ, ҳатто хондани як ҳарф аз ин сураҳо бар ӯ ҳаром аст.[47]

Вуҷуби ҳифзи ҳурмати Қуръон

Ба назари фақеҳон, ҳифзи ҳурмати Қуръон воҷиб ва шикастани ҳурмати он ҳаром аст. Корҳое монанди: хондани он ба гӯнае ки муносиби шаъни Қуръон набошад ё хондани он ҳамроҳ бо мусиқӣ аз масодиқи ҳатки ҳурмати Қуръон шуморида шудааст.[48] Ҳамчунин дар сарчашмаҳои динӣ аз хондани Қуръон дар маконҳое ҳамчун: ҳаммом ва мустароҳ наҳй шудааст.[49]

Ҳукми тағаннӣ дар тиловат

Фақеҳони шиа дар бораи ҳукми хондани Қуръон бо ғино ихтилофи назар доранд.[50] Гуфта шудааст, бештари онон, ғиноро савти лаҳвӣ ва ба таври куллӣ ҳаром медонанд ва тиловати Қуръонро ҳам аз ин ҳукм истисно намекунанд. Ин назарро ба фақеҳоне ҳамчун Ибни Идрис, Фахрулмуҳаққиқин, Аҳмад ибни Муҳаммади Ардабилӣ, Сайид Ҷавод Омилӣ, Муллоаҳмади Нароқӣ ва Шайхи Ансорӣ нисбат медиҳанд.[51] Ҳамчунин ҷавози тиловати Қуръон бо ғиноро ба фуқаҳое ҳамчун Кулайнӣ, Шайхи Тусӣ, Сайид Абдулаъло Сабзаворӣ, Муллоаҳмади Нароқӣ дар Мустанад-уш-шиъа ва Муҳаммадҳодии Теҳронӣ нисбат додаанд, ки ғиноро ба сурати куллӣ ҳаром намедонанд ва онро дар сурате ҳаром медонанд, ки мулозим бо ҳароме бошад.[52] Яке аз мустанадоти касоне ки тағаннӣ дар тиловатро ҷоиз медонанд, ривояти «مَن لَم یَتَغَنَّ بالقُرآن فلیسَ مِنّا; ҳар касе Қуръонро бо ғино нахонад, аз мо нест!» аст.[53] Албатта мухолифони тағаннӣ, онро ба сурати «من لم یستغن بالقرآن فلیس منا; ҳар касе худро аз Қуръон бениёз бидонад, аз мо нест!» маъно кардаанд.[54]

Одоби тиловати Қуръон

Бар асоси оёти Қуръон ва ривоёти маъсумон (а), хондани Қуръон одобе дорад. Таҳорат доштан, рӯ ба қибла будан, тафаккур ва тадаббур дар оёти Илоҳӣ,[55] хомӯш шудан ва гӯш додан ба оёте ки қории Қуръон мехонад,[56] аъузу биллоҳ гуфтан,[57] гуфтани баъзе аз зикрҳо ҳангоми тиловати бархе аз оёти Қуръон ва хондани дуои шурӯъ ва хатми Қуръон аз мустаҳаботи тиловати Қуръон аст.[58] Ҳамчунин ихлос, дурӣ аз риё, хушуъ[59] ва амал ба мазмуни оёте ки хонда мешавад[60] аз одобе аст, ки дар ривоёт ба онҳо супориш шудааст.[61]

Ба супориши Пайғамбар (с) Қуръон бояд бо ҳузну андуҳ хонда шавад, то таъсири бештаре бар қалбу рӯҳи инсон бигузорад.[62] Ҳамчунин супориш шудааст лаҳнҳое, ки дар хондани Қуръон мавриди истифода қарор мегирад, аз лаҳнҳои араб бошад ва аз алҳони ғайри араб барои хондани Қуръон истифода нашавад.[63]

Шеваи қироати Пайғамбар (с)

Аз Имом Боқир (а) нақл шудааст, ки Пайғамбар (с) зеботарин овозро дар тиловати Қуръон дошт,[64] ӯ Қуръонро бо тааннӣ тиловат мекард ба гунае ки Уммисалама гуфтааст, Пайғамбар (с) ба сурати возеҳ ва ҳарф ба ҳарф ва оят ба оят Қуръон мехонд ба гунае ки имкони шумориши ҳарфҳои оёт вуҷуд дошт.[65] Имом Алӣ (а) шеваи тиловати Пайғамбар (с)-ро бидуни тарҷеъ, ҳамроҳ бо кашидани ҳарфҳо ва тартил муаррифӣ кардааст.[66]

Хондани Қуръон аз рӯи Мусҳаф беҳтар аст ё аз зеҳн?

Мутобиқи бархе ривоёт, хондани Қуръон аз рӯи мусҳаф нисбат ба хондани оёт аз зеҳн, фазилати бештаер дорад; Имом Содиқ (а) сабаби ин баёнро баҳраи бурдани чашмон аз нигоҳ кардан ба матни Қуръон баён кардааст.[67] Заркашӣ - муфассири аҳли суннат, бо нақд ва баррасии ривоёти марбута, муътақид аст, милок дар ин бора тадаббур ва баҳраи бештари шахс ва ҳузури қалби ӯ ҳангоми тиловат аст; пас, агар инсон ҳангоми ҳифз баҳраи бештаре барад, хондани ӯ аз зеҳн дорои фазилати бештаре аст ва илло хонданаш аз рӯи мусҳаф беҳтар аст.[68]

Шеваҳои тиловати Қуръон

Уламои улуми Қуръон дар китобҳои худ шеваҳои гуногуни тиловати Қуръонро баён кардаанд, ки ин тақсимот бештар ба суръат ва ритми қироати қорӣ ҳангоми тиловати оятҳо иртибот дорад, ки иборатанд аз:

  1. Таҳдир: ба сареъ хондани Қуръон ва сабук кардани қоидаҳои он монанди ба кӯтоҳ хондани мадҳо ва сокин кардани ҳарфҳои мутаҳаррик, ба гунае ки аз ҳади тартил хориҷ нашавад, гуфта мешавад.[69] Замоне ки қории Қуръон қасди хатми Қуръон дар вақти кам ва тиловати бештари оётро дорад аз ин навъ қироат истифода мекунад.[70]
  2. Тадвир: хондани оёт, бо тааннӣ, ба тавре, ки ҳамроҳ бо тадаббур дар маъонии оёт ва риояти тамомии қавоиди таҷвидӣ бошад, анҷом мепазирад.[71] Ин навъ аз хондан аз ҷиҳати суръат, байни шеваи таҳқиқу ҳадр, қарор дорад дар ин навъ қироат, касоне ки қоил ба мадди мунфасил ҳастанд, онро мад медиҳанд, аммо онро ба ҳадди тӯл (ду то панҷ ҳаракат) намерасонанд. Ин навъ аз қироати Қуръон байни оммаи мардум ба «тартил» машҳур аст.[72] Ба гуфтаи Алломӣ дар китоби Пажуҳише дар илми таҷвид, ин навъи хондан, шеваи бисёре аз пешвоёни қироат будааст.[73]
  3. Таҳқиқ: баҷо овардани ҳаққи ҳар ҳарфе аз ишбоъи мадҳо, таҳқиқи ҳамзаҳо, тамому камол овардани ҳаракот, изҳори комили ҳарфҳо, ғуннаҳо, ва ғайра аст. Ин тиловат аз ҷиҳати суръат, кунадтарин навъи хондани Қуръон аст. Ба мурури замон, ин навъ аз хондан ба «тиловати маҷлисӣ» машҳур шудааст.[74] Дар ин тиловат, ки ба тиловати танғимӣ низ шинохта мешавад, аз нағамот ва лаҳҳони мусиқӣ ба ҷиҳати илқои мафоҳими оёт ва таъсири бештари он бар мухотаб истифода низ мешавад.[75]

Эзоҳ

  1. Байҳақӣ, Тоҷ-ул-масодир, зайли вожаи тиловат.
  2. Абдулбоқӣ, Муъҷам-ул-муфаҳрас, зайли вожаи тиловат.
  3. Родмард, “Маротиб ва осори унс бо Қуръон дар оёту ривоёт”, саҳ.35-38.
  4. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.613.
  5. Ниг.: «درباره ما», ҷаласоти хонагии Қуръони Карим.
  6. «۱۰ هزار جلسه قرآن خانگی در سطح کشور فعال است», хабаргузории ИРНА.
  7. Барои намуна ниг.: «دوره اول آموزش متوسطه پایه هفتم», Пойгоҳи Китобҳои дарсӣ.
  8. Барои намуна ниг.: «معرفی مرکز آموزش قرآن کریم», маркази омӯзиши Қуръони остони муқаддаси Абдулазим алайҳис-салом.
  9. Барои намуна нигоҳ кунед ба: сураи Муззаммил, ояти 20, сураи Анкабут, ояти 45, сураи Аъроф, ояти 204.
  10. Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, зайли вожаи ал-тиловат ва тало ятлу.
  11. Роғиби Исфаҳонӣ, Муфрадоти алфози Қуръони Карим, зайли вожаи тиловат.
  12. Кӯҳигармӣ ва Беҳзод, “Вуҷӯҳи иштирок ва ифтироқи қироат, тиловат ва тартил аз назари адабӣ ва равияи илмии қурроъ”, саҳ.78 ва 79.
  13. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1374ҳ.ш., ҷ.20, саҳ.574.
  14. Кӯҳигармӣ ва Беҳзод, “Вуҷӯҳи иштирок ва ифтироқи қироат, тиловат ва тартил аз назари адабӣ ва равияи илмии қурроъ”, саҳ.79.
  15. Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, зайли вожаи тало ятлу.
  16. Наҳҷ-ул-балоға, хутбаи 110; Саҳифаи Саҷҷодия, дуои 47.
  17. Ниг.: Давлатӣ, “Тиловати Қуръон”, саҳ.78.
  18. Кошонӣ, Тафсири Манҳаҷ-ус-содиқин, 1336ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.271.
  19. Кошонӣ, Тафсири Манҳаҷ-ус-содиқин, 1336ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.271; Давлатӣ, “Тиловати Қуръон”, саҳ.78.
  20. Кӯҳигармӣ ва Беҳзод, “Вуҷӯҳи иштирок ва ифтироқи қироат, тиловат ва тартил аз назари адабӣ ва равияи илмии қурроъ”, саҳ.78 ва 79.
  21. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.610.
  22. Барои намуна нигоҳ кунед ба: сураи Муззаммил, ояти 3, сураи Исро, 106, Каҳф, ояти 27.
  23. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.613.
  24. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.613.
  25. Барои намуна нигоҳ кунед ба: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.620-626.
  26. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.613.
  27. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.613.
  28. «تصاویر/ مراسم جزءخوانی قرآن کریم در حرم امام حسین(ع)», хабаргузории Ҳавза.
  29. Дайламӣ, Иршод-ул-қулуб, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.83.
  30. Шайхи Садуқ, ал-Амолӣ, 1376ҳ.ш., саҳ.93.
  31. Шайхи Тусӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1365ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.468.
  32. Қутбиддини Ровандӣ, Фиқҳ-ул-Қуръон, 1405ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.106 ва 107 ва 127 ва 130; Фокир Мибадӣ, “Фароянди истинботи вуҷуби қироати Қуръон аз ояти фақраъу мо тайссара минал-Қуръон”, саҳ.81.
  33. Ваҳидиён ва дигарон, “Мурод аз қироати Қуръон дар ояи охири сураи Муззаммил ва ҳукми шаръии он”, саҳ.314.
  34. Фокир Мибадӣ, “Фароянди истинботи вуҷуби қироати Қуръон аз ояти фақраъу мо тайссара минал-Қуръон”, саҳ.81.
  35. Фозили Миқдод, Канз-ул-ирфон, маншуроти ал-Мактабатул-Муртазавийя ли эҳёил-осорил-Ҷаъфарийя, ҷ.1, саҳ.118.
  36. Ваҳидиён ва дигарон, “Мурод аз қироати Қуръон дар ояи охири сураи Муззаммил ва ҳукми шаръии он”, саҳ.316.
  37. Хуӣ, Мавсуъат-ул-имом-ил-Хуӣ, 1418ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.262.
  38. Фозили Миқдод, Канз-ул-ирфон, 1373ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.118.
  39. Аллома Ҳиллӣ, Тазкират-ул-фуқаҳо, 1414ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.128.
  40. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.284 ва 285.
  41. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.617.
  42. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.577.
  43. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.217.
  44. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.510.
  45. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.603.
  46. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, ҷ.1, саҳ.510 ва саҳ.603; Баниҳошимӣ, Тавзеҳул-масоили мароҷеъ, 1378ҳ.ш., масъалаи 355, ҷ.1, саҳ.225 - 227; масъалаи 450, ҷ.1, саҳ.276.
  47. Аллома Ҳиллӣ, Мухталаф-уш-шиъа, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.333.
  48. «حرمت قطعی تلاوت قرآن همراه با موسیقی», вебгоҳи Фиқҳи ҳукуматии Васоил; «مهندسی تلاوت قرآن کریم / آهنگ قرائت قرآن و ترجیع در قرائت», Пойгоҳи байналмилалии ҳамкориҳои шиа (Шафақно)
  49. Шайхи Садуқ, ал-Хисол, 1362ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.358.
  50. Исмоилӣ, “Баррасии дидгоҳи андешмандони исломӣ дар бораи тағаннӣ дар қироати Қуръон”, саҳ.1.
  51. Исмоилӣ, “Баррасии дидгоҳи андешмандони исломӣ дар бораи тағаннӣ дар қироати Қуръон”, саҳ.1.
  52. Исмоилӣ, “Баррасии дидгоҳи андешмандони исломӣ дар бораи тағаннӣ дар қироати Қуръон”, саҳ.16 - 17
  53. Ибни Асир, ан-Ниҳоя фи ғариб-ил-ҳадиси ва-л-асар, 1399ҳ.қ., ҷ. 3, 391.
  54. Исмоилӣ, “Баррасии дидгоҳи андешмандони исломӣ дар бораи тағаннӣ дар қироати Қуръон”, саҳ.1–3.
  55. Сабзаворӣ, Муҳаззаб-ул-аҳком, Дорул-тафсир, ҷ.7, саҳ.128.
  56. Сураи Аъроф, ояти 24.
  57. Сураи Наҳл, ояти 98.
  58. Давлатӣ, “Тиловати Қуръон”, саҳ.78.
  59. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.89, саҳ.184 ва 210
  60. Наҳҷ-ул-балоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, хутбаи 110; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.89, саҳ.185.
  61. Давлатӣ, “Тиловати Қуръон”, саҳ.78.
  62. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.614.
  63. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.614.
  64. Таботабоӣ, Сунан-ун-набӣ, 1387ҳ.ш., саҳ.311.
  65. «ویژگی‌های قرائت پیامبر چیست؟ پیامبر و مسلمانان صدر اسلام چگونه قرآن را تلاوت می‌کردند؟», вебгоҳи муассисаи қуръонии Мишкот.
  66. Саховӣ, Ҷамол-ул-қурроъ ва камол-ул-иқроъ, китобхонаи Оятуллоҳ Маръашӣ, ҷ.2, саҳ.525.
  67. Хуӣ, ал-Баён, Дорул-Заҳро, саҳ.26.
  68. Заркашӣ, ал-Бурҳон, 1376ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.461.
  69. Алломӣ, Пажуҳише дар илми таҷвид, 1381ҳ.ш., саҳ.50.
  70. Алломӣ, Пажуҳише дар илми таҷвид, 1381ҳ.ш., саҳ.50.
  71. Алломӣ, Пажуҳише дар илми таҷвид, 1381ҳ.ш., саҳ.51.
  72. Мусавӣ Балда, Ҳилят-ул-Қуръон, сатҳи 2, 1382ҳ.ш., саҳ.19.
  73. Алломӣ, Пажуҳише дар илми таҷвид, 1381ҳ.ш., саҳ.51.
  74. Алломӣ, Пажуҳише дар илми таҷвид, 1381ҳ.ш., саҳ.50.
  75. Содиқии Мазидӣ ва Фараҳнок Бушеҳрӣ, “Нигарише бар моҳияти тағаннӣ дар тиловати Қуръон”, саҳ.197.

Сарчашма

  • «۱۰ هزار جلسه قرآن خانگی در سطح کشور فعال است», хабаргузории ИРНА, дарҷи матлаб: 23 дейи 1399ҳ.ш., боздид: 20 обони 1402ҳ.ш.
  • Абдулбоқӣ, Муҳаммадфуод, Муъҷам-ул-муфаҳрас ли алфоз-ил-Қуръон-ил-Карим, Бейрут, Дорул-фикр лил-табоъати вал-нашри ват-тавзиъ, 1417ҳ.қ.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Мухталаф-уш-шиъа фи аҳком-иш-шариъат, Қум, Дафтари интишороти исломии вобаста ба ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1413ҳ.қ.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Тазкират-ул-фуқаҳо, , Қум, муассисаи Олулбайт алайҳимус-салом ли эҳёил-турос, 1414ҳ.қ.
  • Алломӣ, Абулфазл, Пажуҳише дар илми таҷвид, Қум, интишороти Ёқут, 1381ҳ.ш.
  • Байҳақӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Тоҷ-ул-масодир, Теҳрон, Ҳодии Олимзода, 1375ҳ.ш.
  • Баниҳошимии Хумайнӣ, Сайид Муҳаммадҳасан, Тавзеҳул-масоили мароҷеъ, Қум, Дафтари нашри исломӣ, 1378ҳ.ш.
  • Ваҳидиёни Ардакон, Ҳамид ва Нақизода, Ҳасан ва Рустамӣ, Муҳаммадҳасан, “Мурод аз қироати Қуръон дар ояи охири сураи Муззаммил ва ҳукми шаръии он”, дар нашрияи илмии Омӯзаҳои қуръонӣ, № 34, зимистони 1400ҳ.ш.
  • «ویژگی‌های قرائت پیامبر چیست؟ پیامبر و مسلمانان صدر اسلام چگونه قرآن را تلاوت می‌کردند؟», вебгоҳи муассисаи қуръонии Мишкот, дарҷи матлаб: 16 обони 1401ҳ.ш., боздид: 18 меҳри 1402ҳ.ш.
  • Давлатӣ, Карим, “Тиловати Қуръон”, дар Донишномаи ҷаҳони Ислом, Теҳрон, Бунёди доиратулмаорифи исломӣ, 1383ҳ.ш.
  • «دوره اول آموزش متوسطه پایه هفتم», пойгоҳи китобҳои дарсӣ, дарҷи матлаб: 19 хурдоди 1397ҳ.ш., боздид: 20 обони 1402ҳ.ш.
  • Дайламӣ, Ҳасан ибни Муҳаммад, Иршод-ул-қулуб ило-с-савоб, Қум, ал-Шариф ал-Разӣ, 1412ҳ.қ.
  • «درباره ما», ҷаласоти хонагии Қуръони Карим, боздид: 20 обони 1402ҳ.ш.
  • Заркашӣ, Абуабдулло, ал-Бурҳон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дору эҳёил-кутубил-арабия, Исо ал-Бобӣ ал-Ҳалабӣ ва шуракоуҳ, 1376ҳ.қ.
  • Ибни Асир, Муборак ибни Муҳаммад, ан-Ниҳоя фи ғариб-ил-ҳадиси ва-л-асар, Бейрут, ал-Мактабатул-илмийя, 1399ҳ.қ./1979м.
  • Ибни Манзур, Муҳаммад ибни Мукаррам, Лисон-ул-араб, Бейрут, Дорул-фикр лил-табоъати вал-нашри ват-тавзиъ, бе то.
  • Исмоилӣ, Сайид Муҳаммад, Баррасии дидгоҳи андешмандони исломӣ дар бораи тағаннӣ дар қироати Қуръон, дар ду фаслномаи Мутолиъоти Қуръон ва ҳадис, № 1, 1397ҳ.ш.
  • Кошонӣ, Муллофатҳуллоҳ, Тафсири Манҳаҷ-ус-содиқин фи илзом-ил-мухолифин, Теҳрон, Китобфурӯшии Муҳаммадҳасани Илмӣ, 1336ҳ.ш.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, 1407ҳ.қ.
  • Кӯҳигармӣ ва Беҳзод, “Вуҷуҳи иштирок ва ифтироқи қироат, тиловат ва тартил аз назари адабӣ ва равияи илмии қурроъ”, дар маҷаллаи Мутолиъоти улуми исломии инсонӣ, № 26, 1400ҳ.ш.
  • Қуръони Карим.
  • Қутбиддини Ровандӣ, Саид ибни Ҳибатуллоҳ, Фиқҳ-ул-Қуръон фи шарҳи оёт-ил-аҳком, Қум, китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, 1405ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Қум, Дору эҳёил-турос, 1403ҳ.қ.
  • «معرفی مرکز آموزش قرآن کریم», маркази омӯзиши Қуръони остони муқаддаси Абдулазим алайҳиссалом, боздид: 20 обони 1402ҳ.ш.
  • Мусавии Балда, Муҳсин, Ҳилят-ул-Қуръони сатҳи 2, Теҳрон, Эҳёи китоб, 1382ҳ.ш.
  • «مهندسی تلاوت قرآن کریم / آهنگ قرائت قرآن و ترجیع در قرائت», пойгоҳи байналмилалии ҳамкориҳои шиа (Шафақно), дарҷи матлаб: 4 хурдоди 1400ҳ.ш., боздид: 18 меҳри 1402ҳ.ш.
  • Наҳҷ-ул-балоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, Қум, Марказул-буҳусил-исломийя, 1374ҳ.ш.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан ибни Боқир, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароиъ-ил-Ислом, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1404ҳ.қ.
  • Роғиби Исфаҳонӣ, Ҳусайн ибни Муҳаммад, Муфрадоти алфози Қуръони Карим, Бейрут, ад-Дорул-шомия, 1416ҳ.қ.
  • Родмард, Муҳаммад, “Маротиб ва осори унс бо Қуръон дар оёту ривоёт”, дар маҷаллаи Сухани ҷомеъа, № 4, 1399ҳ.ш.
  • Сабзаворӣ, Сайид Абдулалӣ, Муҳаззаб-ул-аҳком фи баёни ҳалоли ва-л-ҳаром, Қум, Дорул-тафсир, бе то.
  • Саховӣ, Илмиддин ибни Муҳаммад, Ҷамол-ул-қурроъ ва камол-ул-иқроъ, Қум, китобхонаи Оятуллоҳ Маръашӣ, бе то.
  • Содиқии Мазидӣ, Маҷид ва Фараҳнок Бушеҳрӣ, Ҳамид, «Нигарише бар моҳияти тағаннӣ дар тиловати Қуръон, дар ду фаслномаи Мутолиъоти қироати Қуръон», № 12, 1398ҳ.ш.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён, Бейрут, Дорул-маърифат, 1408ҳ.қ.
  • Таботабоии Яздӣ, Сайидмуҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, 1419ҳ.қ.
  • «تصاویر/ مراسم جزءخوانی قرآن کریم در حرم امام حسین(ع)», хабаргузории Ҳавза, 18 фарвардини 1401ҳ.ш., боздид: 20 обони 1402ҳ.ш.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, бе то.
  • Фозили Миқдод, Миқдод ибни Абдуллоҳ, Канз-ул-ирфон фи фиқҳ-ил-Қуръон, Теҳрон, маншуроти ал-Мактабатул-Муртазавийя ли эҳёил-осорил-Ҷаъфарийя, бе то.
  • Фокир Мибадӣ, Муҳаммад, Фароянди истинботи вуҷуби қироати Қуръон аз ояти «фақраъу мо таяссара минал-Қуръон», дар ду фаслномаи Омӯзаҳои фиқҳи ибодӣ, № 1, 1399ҳ.ш.
  • Хуӣ, Сайид Абулқосим, Мавсуъат-ул-имом-ил-Хуӣ, Қум, муассисаи эҳёу осорил-имомил-Хуӣ, 1418ҳ.қ.
  • «حرمت قطعی تلاوت قرآن همراه با موسیقی», вебгоҳи Фиқҳи ҳукуматии Васоил, дарҷи матлаб: 13 урдибиҳишти 1396ҳ.ш., дарҷи боздид: 18 меҳри 1402ҳ.ш.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Амолӣ, Теҳрон, Китобчӣ, 1376ҳ.ш.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Хисол, Қум, Ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1362ҳ.ш.
  • Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Таҳзиб-ул-ҳком, Теҳрон, Дорул-кутубил-илмийя, 1365ҳ.ш.