Илтимоси дуо
Илтимоси дуо, аз дигарон дуои хайр талаб кардан аст.[1] Илтимоси дуо маъмулан аз касе ки ба маконҳои зиёратӣ меравад ё ибодате анҷом медиҳад, хоста мешавад.[2]
Фақеҳони шиа бар асоси ривояте,[3] илтимоси дуо кардани аёдаткунанда аз беморро мустаҳаб донистаанд.[4] Ҳамчунин супориш шудааст, ки баъд аз ёрдам ба камбизоат, аз ӯ дуои хайр талаб карда шавад; зеро дуои камбизоат дар ҳаққи касе ки ба ӯ ёрдам кунад, мустаҷоб аст.[5]
Баъзе фақеҳони шиа, дархости дуои хайр аз муъминонро низ мустаҳаб донистаанд.[6] Тибқи бархе ривоёт, Худо ба Мусо (а) супориш кард бо забоне, ки гуноҳ накардааст Ӯро бихонад ва баъд аз пурсиши Мусо дар бораи чигунагии он, ба ӯ гуфта шуд, бо забони ғайри худаш дуо кунад.[7] Иҷобати дархости касе ки илтимоси дуо гуфтааст, воҷиб нест.[8]
Иддае аз фақеҳон бар асоси ояти 97 сураи Юсуф, илтимоси дуоро шомили талаби мағфират аз Худо низ донистаанд;[9] тибқи ин оят, бародарони Юсуф (а) баъд аз пушаймонӣ аз партофтани Юсуф дар чоҳ, аз падарашон Яъқуб (а) дархост карданд барояшон мағфират талаб кунад.[10]
Талаб кардани дуо аз мурдагон
Шиаён дар илтимоси дуо фарқе байни мурдаю зинда нагузошта ва дархости дуо аз мурдагонро ҳам ҷоиз донистаанд.[11] Дар муқобил, ваҳҳобиён, талаби дуо аз мурдагон ҳатто аз Пайғамбар (с)-ро ғайриҷоиз ва бидъат шуморидаанд.[12] Истидлоли онҳо ин аст, ки мурдагон фардкунандагонро намешунаванд (симоъи мавто/ سماع موتی)[13] ва инки ягон саҳоба ин корро анҷом надодаанд.[14] Олимони шиа муътақиданд, мурдагон овози зиндагонро ба изни Худо мешунаванд[15] ва саҳоба баъд аз реҳлати Пайғамбар (с) аз ӯ талаби дуои хайр мекарданд.[16]
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Деҳхудо, Луғатнома, зайли калимаи илтимоси дуо доштан.
- ↑ Анварӣ, Фарҳанги бузурги сухан, 1390ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.528 ва 529.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.316.
- ↑ Барои намуна нигоҳ кунед ба Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.5; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.5; Алавии Гургонӣ, ал-Манозир-ун-нозира, 1395ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.64.
- ↑ Ҳурри Омилӣ, Ҳидоят-ул-уммат, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.123.
- ↑ Кошифулғито, Ҳудо-л-муттақин, 1423ҳ.қ., саҳ.85; Сададӣ, Маҷмуъ-ур-расоил-ил-фиқҳийя, 1434ҳ.қ., саҳ.595.
- ↑ Ибни Фаҳди Ҳиллӣ, Иддат-уд-доъӣ, 1407ҳ.қ., саҳ.131.
- ↑ Барои намуна нигоҳ кунед ба Сададӣ, Маҷмуъ-ур-расоил-ил-фиқҳийя, 1434ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.595.
- ↑ Сададӣ, Маҷмуъ-ур-расоил-ил-фиқҳийя, 1434ҳ.қ., саҳ.595.
- ↑ Сураи Юсуф, ояти 97.
- ↑ Барои намуна нигоҳ кунед ба Кошифулғито, Манҳаҷ-ур-рашод, 1379ҳ.ш., саҳ.46.
- ↑ Барои намуна нигоҳ кунед ба Ибни Усаймин, Фиқҳ-ул-ибодот ли-л-Усаймин, 1431ҳ.қ., саҳ.90; Абобатин, ар-Радду ала-л-барда, Дорул-осор, саҳ.48.
- ↑ Барои намуна нигоҳ кунед ба Ибни Усаймин, Фиқҳ-ул-ибодот ли-л-Усаймин, 1431ҳ.қ., саҳ.90; Абобатин, ар-Радду ала-л-барда, Дорул-осор, саҳ.48.
- ↑ Барои намуна нигоҳ кунед ба Ибни Усаймин, Маҷмуи фатово ва расоили Муҳаммад ибни Солеҳ ал-Усаймин, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.339; Зину, Маҷмуъат расоил-ит-тавҷиҳот-ил-исломийя, 1417ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.75.
- ↑ Барои намуна нигоҳ кунед ба Субҳонӣ, ал-Ваҳҳобийя, 1426ҳ.қ., саҳ.305–307; Кошифулғито, Манҳаҷ-ур-рашод, 1379ҳ.ш., саҳ.46 ва саҳ.55.
- ↑ Барои намуна нигоҳ кунед ба Субҳонӣ, ал-Ваҳҳобийя, 1426ҳ.қ., саҳ.305–307.
Сарчашма
- Абобатин, Абдуллоҳ ибни Абдурраҳмон, ар-Радду ала-л-барда, таҳқиқи Абуабдулаъло Холид Муҳаммад, беҷо, Дорул-осор, чопи аввал, бе то.
- Алавии Гургонӣ, Муҳаммадалӣ, ал-Манозир-ун-нозира фи аҳком-ил-итрат-ит-тоҳира (ал-таҳорат), Қум, Фиқҳи Аҳли Байт (а), 1395ҳ.ш.
- Анварӣ, Ҳасан, Фарҳанги бузурги сухан, Теҳрон, интишороти Сухан, 1390ҳ.ш.
- Деҳхудо, Алиакбар, Луғатнома, беҷо, донишгоҳи Теҳрон, муассисаи интишорот ва чоп, 1390ҳ.ш.
- Зину, Муҳаммад ибни Ҷамил, Маҷмуъат расоил-ит-тавҷиҳот-ил-исломийя ли ислоҳ-ил-фарди ва-л-муҷтамъ, Риёз, Дорул-самиъӣ лин-нашри ват-тавзиъ, 1417ҳ.қ.
- Ибни Усаймин, Муҳаммад ибни Солеҳ, Маҷмуи фатово ва расоили Муҳаммад ибни Солеҳ ал-Усаймин, гирдоварии Фаҳд ибни Носир ас-Сулайимон, Дорул-ватан, Дорул-сурайё, 1413ҳ.қ.
- Ибни Усаймин, Муҳаммад ибни Солеҳ, Фиқҳ-ул-ибодот, ал-Луҷнатул-илмийяту фи муассисатиш-Шайх Муҳаммад ибни Солеҳ ал-Усаймин-ал-хайрийя, таърихи интишор дар шомила: 8 зулҳиҷҷаи 1431ҳ.қ.
- Ибни Фаҳди Ҳиллӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, Иддат-уд-доъӣ ва наҷоҳ-ус-соъӣ, ба таҳқиқ ва тасҳеҳи Аҳмад Муваҳҳидии Қумӣ, Дорул-кутубил-исломӣ, 1407ҳ.қ.
- Кошифулғито, Ҳодӣ, Ҳудо-л-муттақин ила шариъати Сайид-ил-мурсалин, Наҷаф, муассисаи Кошифулғито, 1423ҳ.қ.
- Кошифулғито, Ҷаъфар, Манҳаҷ-ур-рашод лиман арода-с-садоди насс-ур-рисолат-ил-ҷавобийятиллатӣ баъаса биҳо аш-шайх Ҷаъфар Кошифулғито ила-л-амир Абдулазиз ибни Саъуд, Қум, Марказул-Ғадир лид-диросотил-исломийя, 1379ҳ.ш.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, ба кӯшиши Муҳаммадҳусайн Дироятӣ, Қум, Дорул-ҳадис, 1387ҳ.ш.
- Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароиъ-ил-Ислом, таҳқиқи Аббоси Қучонӣ, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1362ҳ.ш.
- Сададӣ, Алӣ Фозил, Маҷмуъ-ур-расоил-ил-фиқҳийя, Қум, туллобул-Баҳрайн фи-л-ҳавзатил-илмийя би мадинати Қум-ил-Муқаддаса, 1434ҳ.қ.
- Субҳонӣ, Ҷаъфар, ал-Ваҳҳобийя байна-л-мабонӣ-л-фикрийяти ва-н-натоиҷ-ил-амалийя, Қум, муассисаи Имом Содиқ (а), 1426ҳ.қ.
- Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Ҳидоят-ул-уммат ило аҳком-ил-аимма (а), таҳқиқи қисмул-ҳадис фи маҷмаъил-буҳусил-исломийя, Машҳад, Остони Қудси Разавӣ, 1412ҳ.қ.