Қисос
Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи мафҳуми фиқҳӣ буда, наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба дигар сарчашмаҳо муроҷиат кунед.
Қисос (форсӣ: قِصاص) ба маънои муқобила ба мисл дар ҷиноятҳои амдӣ аст. Қисос ба ду қисм тақсим мешавад: 1- қисоси нафс, 2- қисоси узв.
Ҳукми қисос яке аз аҳкоми мусаллами дини Ислом дониста шудааст, ки ба он оятҳои Қуръон, ривоятҳои мутавотир ва иҷмоъ бар он далолат мекунад.
Баробарӣ дар озод будуну ғулом будан, як будани дин, булуғ ва ақл аз шартҳои амалӣ шудани қисос аст. Эътироф кардани муҷрим, гувоҳӣ додани ду марди одил ва қасома яке аз роҳҳои исботи қисос бар шахси ҷинояткор аст. Қисос, дар канори дия, ад ва таъзир яке аз чаҳор ҷазоҳои аслии кодекси ҷиноии исломӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.
Пешгириӣ аз рафторҳои интиқомҷӯёнаи бидуни маҳдудият, таъмини адолати ҷиноӣ ва таъмини амнияти иҷтимоӣ аз ҳикмат ва далелҳои қонунгузории ҳукми қисос мебошанд. Барои шахсе, ки ҳаққи қасосро дорад, қасос гирифтан воҷиб нест, балки ӯ метавонад ҷинояткорро бибахшад ё дар ивази чизе аз ҳаққи худ даст кашад.
Қисос, муқобила ба мисл
Муқобила ба мисл дар ҷиноёти амдиро қисос мегӯянд.[1] Агар касеро ки қатлие муртакиб шуда ё ҷароҳате ба шахсе ворид кардааст, бикушанд ё ҳамон ҷароҳатро ба ӯ ворид кунанд, ӯро қисос кардаанд.[2] Дар китобҳои фиқҳӣ, ба шахсе, ки ҷиноятро анҷом додааст, ҷонӣ мегӯянд ва касеро ки мавриди ҷиноят қарор гирифтааст, муҷанно алайҳ (مَجْنیٌّعلیه) меноманд.[3]
Гузаштан аз ҳаққи қисос
Қисос кардан, ҷазои илзомӣ нест; яъне касе ки ҳаққи қисос дорад, метавонад аз ҳаққаш бигузарад ё бо касе ки қисос бояд бар ӯ анҷом шавад, мусолиҳа кунад.[4] Ба гуфтаи Аллома Таботабоӣ, дар ояти Қисос, зимни баёни ҳукми қисос, гузаштан аз ҳаққи қисос, ташвиқ ҳам шудааст.[5]
Амиралмуъминин (а) дар яке аз васиятҳояш баъд аз шамшер хӯрдан фармудааст: агар зинда мондам худам соҳиби хуни хешам ва агар бимирам марги миод ва қароргоҳи ман аст. Ва дар идома афв (дар бораи Ибни Мулҷам)-ро мояи тақарруби худаш ба Худо ва ҳасана (некӣ) барои фарзандонаш донистааст. Ҳамчунин мухотабонашро бо ҷумлаи «фаъфу/فَاعْفُوا» ба афв тавсия карда ва ба фарозе аз ояти 22 сураи Нур истишҳод кардааст. "أَلَا تُحِبُّونَ أَنْ يَغْفِرَ اللهُ لَكُمْ" магар намехоҳед, ки Худо бар шумо бибахшояд?[6]
Далелҳои динии қисос
Фақеҳон қисосро аз аҳкоми мусаллами фиқҳи исломие медонанд, ки оёти бисёр ва ривоёти мутавотире онро тасдиқ мекунад ва бар он иҷмоъ вуҷуд дорад.[7] Бархе аз далеилҳои қуръонии қисос ба нақл аз китоби Ҷавоҳир-ул-калом, навиштаи Муҳаммадҳасани Наҷафӣ ба шарҳи зер аст:[8]
- وَ لَكُمْ فِي الْقِصاصِ حَياةٌ يا أُولِي الْأَلْبابِ[9] (эй хирадмандон, шуморо дар қисос ҳаёт аст).[10]
- كُتِبَ عَلَيْكُمُ الْقِصاصُ فِي الْقَتْلى الْحُرُّ بِالْحُرِّ وَ الْعَبْدُ بِالْعَبْدِ وَ الْأُنْثى بِالْأُنْثى [11] (ҳукми қисос дар мавриди куштагон, бар шумо навишта шудааст: озод дар ивази озод, ва барда дар ивази барда ва зан дар муқобили зан).[12]
- وَ كَتَبْنا عَلَيْهِمْ فيها أَنَّ النَّفْسَ بِالنَّفْسِ وَ الْعَيْنَ بِالْعَيْنِ وَ الْأَنْفَ بِالْأَنْفِ وَ الْأُذُنَ بِالْأُذُنِ وَ السِّنَّ بِالسِّنِّ وَ الْجُرُوحَ قِصاصٌ فَمَنْ تَصَدَّقَ بِهِ فَهُوَ كَفَّارَةٌ لَهُ[13] (ва дар [Таврот] бар онон (Банӣ Исроил) муқарар кардем, ки ҷон дар муқобили ҷон ва чашм дар муқобили чашм ва бинӣ дар ивази бинӣ ва гӯш дар баробари гӯш ва дандон дар муқобили дандон мебошад ва захмҳо [низ ба ҳамон тартиб] қисосе доранд. Ва ҳаркас аз он [қисос] даргузарад, пас он, каффораи [гуноҳони] ӯ хоҳад буд).[14]
- والْحُرُماتُ قِصاصٌ فَمَنِ اعْتَدى عَلَيْكُمْ فَاعْتَدُوا عَلَيْهِ بِمِثْلِ مَا اعْتَدى عَلَيْكُمْ[15] (ва [шикастани] ҳурматҳо қисос дорад. Пас ҳар кас бар шумо таъаддӣ кард, ҳамонгуна ки бар шумо таъаддӣ карда, бар ӯ таъаддӣ кунед).[16]
Қисоси нафс ва қисоси узв
Қисос ба ду қисми қисоси нафс ва қисоси узв (қисоси тараф) тақсим мешавад:
- Қисоси нафс, куштани касе аст, ки дигареро аз қасд куштааст.[17]
- Қисоси узв ё тараф дар хусуси осебҳои амдӣ (ғайр аз қатл) монанди қатъи узв матраҳ мешавад.[18]
Шароити амалӣ шудани ҳукми қисос
Амалӣ шудани ҳукми қисос мубтанӣ бар вуҷуди шароите аст, ки иборатанд аз:
- Баробарӣ дар озод будан ва банда будан;[19] яъне инсони озод дар сурате, ки ҷиноятеро бар бардае анҷом диҳад, қисос намешавад,[20] балки дия мепардозад.[21]
- Як будани дин; ба ин маъно, ки агар мусулмоне бар ғайримусулмон ҷиноят муртакиб шавад, ҷазояш қисос нест,[22] балки таъзир мешавад ва дия мепардозад.[23]
- Падари муҷанно алайҳ набудани ҷонӣ; яъне агар ҷонӣ бар фарзанди худ ҷинояте муртакиб шавад, қисос надорад. Падарбузург ва низ падари падарбузург ва низ занҷираи ниёкони падарӣ ҳамин ҳукмро доранд.[24] Ва дар ин сурат ҷазо ва каффора ва дия ва таъзир аст.[25]
- Булуғ ва ақл; касе ки ба сини булуғ нарасида ё девона аст, қисос намешавад.[26] Ҳамчунин инсони болиғ ва оқиле, ки бар шахси девона ҷиноят анҷом додааст, қисос надорад, аммо бояд дия бипардозад.[27]
- Маҳдурул-дам набудани муҷанно алайҳ; яъне агар касе инсонеро бикушад, ки ба илатҳое чун иртидоди хунаш мубоҳ аст, қисос намешавад.[28]
Аҳкоми ихтисосии қисоси узв
Қисоси узв илова бар шароити қисоси нафс, шароити дигаре ҳам дорад; аз ҷумла:
- Мумосилат ё ҳамсонӣ дар саломат; яъне агар ҷонӣ барои мисол дасти маъюби шахсеро қатъ кунад, дар сурате қисос мешавад, ки дасти худаш маъюб бошад; дар ғайри ин сурат бояд дия бипардозад.[29]
- Мумосилат ё ҳамсонӣ дар узв; ба ин маъно, ки агар ҷонӣ дасти рости касеро қатъ кардааст, бояд дасти росташ қисос шавад, магар онки дасти рост надошта бошад, ки дар ин фарз тибқи дидгоҳи машҳур, дасти чапаш қисос мешавад.[30]
- Мутазаррир нашудани ҷонӣ; яъне қисос ба марги ҷонӣ ё садама дидани дигар аъзои ӯ мунҷар нашавад. Бар асоси ин шарт, қисос дар сурате хатарофарин будан, соқит ва дия ё араш [Ёддошт 1] ҷойгузини он мешавад.[31]
Шароити исбот
Бар пояи манобеи фиқҳӣ аз се роҳ метавон ҷиноятро исбот кард ва ба дунболи он ба қисос ҳукм дод: якум онки шахсе ки ҷиноятро анҷом додааст, худ ба ин кор эътироф кунад.[32] Дар ин сурат лозим аст шахс оқил ва болиғ бошад ва бо ихтиёр - ва на ба иҷбор - эътироф кунад. Дувум онки ду марди одил ба ҷинояти ӯ шаҳодат диҳанд.[33] Ва сеюм онки барзидди ҷонӣ қисома иқома шавад; яъне панҷоҳ нафар аз авлиёъи дам қасам бихӯранд, ки шахси муттаҳам ба анҷоми ҷиноят, ҷиноятро муртакиб шудааст.[34] Танҳо дар замоне метавон барзидди касе қисома иқома кард, ки далеле ба наҳви ғайриқатъӣ яъне ба сурати гумон далолат мекунад, ки вай ҷиноятро муртакиб шудааст.[35]
Қисос дар кодекси ҷиноии Эрон: қонуни ҷазои исломӣ
Дар қонуни муҷозоти исломии Ҷумҳурии исломии Эрон, қисос дар канори дия, ҳад ва таъзир ҷузви чаҳор муҷозоти аслӣ аст.[36] Тибқи модаи шонздаҳи ин қонун, қисос, муҷозоти аслии ҷинояти амдӣ бар нафс, аъзо ва манофеъ аст.[37] Дар китоби сеюм қонуни муҷозоти исломӣ, дар маводи 289 то 447 ба тафсил қавонини қисос баён шудаанд.[38]
Фалсафаи қисос
Аз мавориде чун таъмини адолати ҷазоӣ, ҳифзи амнияти иҷтимоӣ ва пешгирӣ аз интиқоми шахсӣ ба унвони далоили ҷоиз будани қисос дар Ислом ёд шудааст.[39] Ба бовари бархе, қонуни қисос бо эҷоди таносуб байни ҷурм ва муҷозот адолати ҷазоиро таҳаққуқ мебахшад.[40] Ҳамчунин вуҷуди чунин муҷозоте боиси боздорандагӣ аз ҷурм дар хусуси касоне мешавад, ки қасди ҷиноят доранд ва ба ин хотир амнияти иҷтимоиро мӯҷиб мешавад.[41] Фоидаи сеюми он низ ин аст, ки бо эътои ҳаққи қисос ба шахсе ки ҷинояте бар ӯ анҷом шудааст ё хонаводаи ӯ, аз рафторҳои интиқомҷӯёнаи онон ҷилавгирӣ мекунад.[42] Аллома Таботабоӣ дар ал-Мизон тасреҳ дорад бар ин ки ҳар чанд ба ҷои қисос дия ва афв ҳам ҳаст ва дар афв меҳрубонӣ, гузашт ва исор ҷилвагар аст, вале он чӣ таъминкунандаи маслиҳати умумӣ ва ҷомеъа аст ва ҳаёти иҷтимоиро тасбит мекунад ҳамон қисос аст на, афву дия ва чизе ғайр аз ин ду.[43] [Ёддошт 2]
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ, 1395ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.597.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.42, саҳ.7.
- ↑ Нигоҳ кунед ба: муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ, 1395ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.601.
- ↑ Хисравшоҳӣ, Фалсафаи қисос аз дидгоҳи Ислом, 1380.
- ↑ Нигоҳ кунед ба Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.432 - 433.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Наҳҷулбалоға бо тарҷумаи форсии равон, 1384ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.591.
- ↑ Нигоҳ кунед ба: Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.42, саҳ.7.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.42, саҳ.7 - 9.
- ↑ Сураи Бақара, ояти 179.
- ↑ Тарҷумаи Фулодванд.
- ↑ Сураи Бақара, ояти 178.
- ↑ Тарҷумаи Фулодванд.
- ↑ Сураи Моида, ояти 45.
- ↑ Тарҷумаи Фулодванд.
- ↑ Сураи Бақара, ояти 194.
- ↑ Тарҷумаи Фулодванд.
- ↑ Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ, 1395ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.605.
- ↑ Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ, 1395ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.599.
- ↑ Мишкинӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ ва истилоҳот-ул-усул, 1431ҳ.қ., саҳ.428; Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароиъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.189.
- ↑ Мишкинӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ ва истилоҳот-ул-усул, 1431ҳ.қ., саҳ.428; Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароиъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.190.
- ↑ Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароиъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.190.
- ↑ Мишкинӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ ва истилоҳот-ул-усул, 1431ҳ.қ., саҳ.428; Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароиъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.196.
- ↑ Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароиъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.196.
- ↑ Мишкинӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ ва истилоҳот-ул-усул, 1431ҳ.қ., саҳ.428; Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароиъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.199.
- ↑ Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароиъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.199.
- ↑ Мишкинӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ ва истилоҳот-ул-усул, 1431ҳ.қ., саҳ.428; Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароиъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.200.
- ↑ Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароиъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.200 ва 201.
- ↑ Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароиъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.201.
- ↑ Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ, 1392ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.599.
- ↑ Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ, 1392ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.600.
- ↑ Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ, 1392ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.600.
- ↑ Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароиъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.203.
- ↑ Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароиъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.203.
- ↑ Мишкинӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ ва истилоҳот-ул-усул, 1431ҳ.қ., саҳ.423.
- ↑ Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароиъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.207.
- ↑ Нигоҳ кунед ба вебгоҳи маркази пажӯҳишҳои маҷлиси шӯрои исломӣ, «қонуни муҷозоти исломӣ».
- ↑ Нигоҳ кунед ба вебгоҳи маркази пажӯҳишҳои маҷлиси шӯрои исломӣ, «қонуни муҷозоти исломӣ».
- ↑ Нигоҳ кунед ба вебгоҳи маркази пажӯҳишҳои маҷлиси шӯрои исломӣ, «қонуни муҷозоти исломӣ».
- ↑ Нигоҳ кунед ба Хисравшоҳӣ, Фалсафаи қисос, 1380ҳ.ш.
- ↑ Нигоҳ кунед ба Хисравшоҳӣ, Фалсафаи қисос, 1380ҳ.ш.
- ↑ Нигоҳ кунед ба Хисравшоҳӣ, Фалсафаи қисос, 1380ҳ.ш.
- ↑ Нигоҳ кунед ба Хисравшоҳӣ, Фалсафаи қисос, 1380ҳ.ш.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.1, саҳ.432.
Ёддошт
Сарчашма
- Вебгоҳи маркази пажӯҳишҳои маҷлиси шӯрои исломӣ, «қонуни муҷозоти исломӣ».
- Қуръони Карим, тарҷумаи Муҳаммадмаҳдии Фулодванд.
- Мишкинӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ ва истилоҳот-ул-усул, Бейрут, маншуротир-Ризо, чопи аввал, 1431ҳ.қ.
- Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳи мутобиқ бо мазҳаби Аҳли Байт алайҳимуссалом, чопи аввал, 1392ҳ.ш.
- Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, Шароиъ-ул-Ислом фи масоил-ил-ҳалоли ва-л-ҳаром, таҳқиқ ва тасҳеҳи Абдулҳусайн Муҳаммадалии Баққол, Қум, Исмоилиён, чопи дувум, 1408ҳ.қ.
- Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароиъ-ил-Ислом, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, чопи ҳафтум, 1404ҳ.қ.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, дафтари интишороти исломӣ, чопи панҷум, 1417ҳ.қ.
- Хисравшоҳӣ, Қудратуллоҳ, Фалсафаи қисос аз дидгоҳи Ислом, Қум, Бустони китоб, 1380ҳ.ш., дар вебгоҳи пажӯҳишкадаи амр ба маъруф ва наҳй аз мункар, таърихи боздид: 13 дейи 1399.
Хатои ёдкард: <ref>
tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/>
tag was found